ВОРУХ чи ҳол дорад?
Дар ин шабурӯзҳое, ки аз марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон, аз ҷумла марзи Ворух хабарҳои маргу мир, хонасӯзӣ, одамкушӣ, хулоса садои ваҳшатноки ҷанг ба гӯш мерасад, лозим донистем ин матлабро, ки чанд рӯзе пештар ба дастамон расида буд ба чоп расонем. Ҳоло инак ин матлаб дар борви Ворух
Вой бар ҳоли мардум ва махсусан ҷавонони Ворух. Раисашон Меҳринисо Раҳматова духтари Файзиллаҳати носфурӯш! Ин духтар ба раисӣ расиду аз гузаштаи худ фаромӯш кард. Нафари дигар Тураев Зинур Амонович, замисози ҷамоат аст. Ин ду тан ба тақсимоти замини ҷамоат шахсони масъул ба ҳисоб мераванд. Онҳо аз рӯйи мақоли «худам шоҳу табъам вазир» амал намуда бо суистифода аз мансаб ва гирифтани пул аз мардум ду каса «аз як гиребон» сар бароварда ба тақсимоти замин машғуланд. Тураев Зинур бо супориши Меҳринисо асноди шахсони пул додаро омода намуда барои баровардани қарори ҷамоат ба раиса медод. Ба аксари онҳо заминро Зинур бурида, тахминӣ нишон додааст, ки ана ҳамин ҷои манзили туст. Вале бо баҳонаи ҷанги қиргизу тоҷик мардуми пул дода то ҳол соҳиби замин нашудааст. Имрӯз бошад Меҳринисо Зинурро ба Русия гурезонда худро мавизи бедумча ҳисоб менамояд. Дар ҳоле ки қарорҳоро худи Раҳматова Меҳринисо ба сару рӯйяш пудраву упои ғафс молида бо чашмонаш айнак монда баровардааст.
“Аз нигоҳи қонун гунаҳкори калон Меҳринисо Раҳматова аст. М.Раҳматова пулҳои аз Русия ҷамъ намударо бо киҳо додааст бояд ҷавоб гуяд. Шояд қисми кам ё зиёдашро ба ҳимоятгараш ба муҳтарам Сиҷоиддин Саломзода додааст. Ин ду нафар фиребгар бояд якҷоя ба ҳабс раванд. Оқилова Бунафша корманди САҲШ- аз ҳамааш мегузаронад. Касе аз мақомот пишаки уро пишт гуяду дар Ворух рӯз барад. Тамоми маълумотномаҳо ва кори САҲШ пулакии ғайриқонунӣ аст.”
Муйсафеди руҳонӣ Абдуғаффор Ғоибов тамоми умрашонро барои ободии Ворух бахшидаанд. Дар тамоми соҳа кору фаъолият кардаанд, чи будану чи шудани Ворухро аз аввал то ба охир медонистанд. Муйсафеди оқилу доно, тамоми васиқаҳои Ворух дар дасти ана ҳамин шахсият буд. 29.12.1939 ба дунё омада дар санаи 3.04.2014 ҷонро ба ҷонофарин супоридаанд. Ҳолати маргашон бо марги Қувват Султон як хел. Ворухиёни азиз, вориди интернет шавед, чи тавр кушта шудани Қувват Султонро тамошо кунед, худатон хулосабарорӣ мекунед.
” Моҳи феврали соли 2014 баъди яке аз муноқишаҳо бо қирғизҳо якчанд косалесон дар Исфара яъне дар санаторияи Зумрад оши оштӣ ташкил мекунанд бо иштироки Шералӣ Хайруллоев, собиқ вазири дифои Тоҷикистон.”
Он ҷо ҳама шахсиятҳои оқилу доно ҳам аз тарафи Қирғизистон ва ҳам аз тарафи Тоҷикистон ҷамъ омада буданд. Маҷлисро бо як руҳияи баланд муҳтарам Ғоибов Абдуғаффор мекушоянду ба ҷои худ мешинанд. Хатоии ин пири кор дар чи буд? Ба Шералӣ Хайруллоев бовар карда тамоми документҳои асосиро нишон медиҳанд ва исбот мекунанд, ки Ворух анклав набуд ва қирғизҳо ин ҷо замин надоранд. Аз доноии муйсафед Шералӣ Хайруллоев дар ҳайрат мемонад ва як савол медиҳад: Ин гуфтаҳои шуморо фарзандонатон медонанд? Муйсафеди доно фаҳмиданд, ки кор ранги дигар мегирад, гапро тоб медиҳанду мегуянд, ки не. Аммо Шералӣ Хайруллоеви аз хуг таввалудшуда бо дигар ният омада буд, хулоса ҳамонҷо дар Зумрад ба хурокаи Ғоибов Абдуғаффор як намуд доруи дер таъсиркунанда медиҳанд. Тахмин баъди 15-рӯзи ҳамин ҳодиса ба мисли Қувват Султон шуд. Ворухиҳо оё ин дуруғ аст? Рӯзи дафн бо сардории сардори амният Ҷамшед то муйсафедро ба хок насупориданд дар сари қабр рост истоданд. Ин чи мано дошт? Барои чи ҳамаи Ворух мурад ягон коргари давлатӣ нест, маҳз ба маросими хок супоридани Ғоибов Абдуғаффор онҳо иштирок карданд?
“Баъди чанд рӯзи дафн ба хонаи Абдуғаффор Ғоибов амниятиҳо меоянд ва папкаи кории муйсафедро мегиранд. Тамоми документҳои лозимиро мегиранд ва яке аз онҳо ба наздикони муйсафед мегуяд, ки инҷо як документи асосӣ буд нест, дар асл бошад вай ягон маротиба ин папкаи кориро надида буд. Бо ҳамин кори Ғоибов Абдуғаффор нотамом монд. Тарафи Тоҷикистон кори худро ҳарчи мехостанд ба анҷом расониданду васиқаҳои Ворухро ҳам фурухта хурданд.”
Баъди хурдани оши оштӣ дар Ворух маҷлиси кушод эълон мекунанд. Ҳамаи ҷавонҳо -зиёда аз 1000-нафар ҷавонҳои бо орияту бо номуси Ворух сарҷамъ шуда буданд. Интизор буданд, ки Шералӣ Хайруллоев бо ягон навигарӣ бо фоидаи халқи Ворух меояд. Вазъият ранги дигар гирифт. Дар баромадаш гуфт, ки ҳамин куҳҳо барои шумо чи лозим? Баъди ин сухан ҳама ба пичир -пичир сар карда норозигӣ мекарданд. Ягон нафар ҷуръат намекард, ки зиди Шералӣ Хайруллоев сухан кунад. Чунки гирдогирд пур аз милисаву амният буд. Як нафар марди солхурда Домуло Анорбой (ҳақиқатан домуллои маҳалаашон буданд) ҷуръат карда гуфтанд:-Раис ин тавр нагуед, ризқи мо ворухиён дар ҳамин куҳҳост. Падару бобоёнамон ризқи фарзандонро аз ҳамин куҳҳо меоварданду 10-12фарзандро ба воя мерасонданд. Бо ҳамин маҷлис тамом шуд. Тахмин баъди як ҳафта бо воситаи як сокини Ворух ба оғили домулло Анорбой як автомат ва тирҳои автомат партофта дар натиҷаи кофтуков ин марди нурониро ба муҳлати 12-сол ҳамчун терорист зиндонӣ карданд. Ин буд як намуди зулми давлатдорӣ бо иштироки зоғони бадмури ворухӣ. Ҳамин корро ба анҷом расонидагӣ-буз, номат ба мо маълум. Ин ҷо номатро намегирем. Иншо аллоҳ рӯзаш биёяд- интизор бош тамом. Бо ҳамин ҳама ҷавонҳо дилсард шуданд. Ягон кас намехоҳад дар Ворух монад. Ҳама баъди ин суханҳо байни якдигар мегуянд: Ворух оянда надорад Ворухро кайҳо фурӯхтаанд. Оё ин гапҳо дуруғ аст?
Вай Рустами достони Ворух буд ва ҳамаи ҷавонҳо гирди ӯ ҷамъ омада буданд. Ҳама аз як гиребон сар бароварда аз як даҳон сухан мегуфтанд. Ягон ҷои баҳс набуд. Чандин маротиба маҳз бо дастгирии ин Паҳлавони ворухӣ корҳои қирғизиҳо боздошта шуданд. Ин гуна ҷавонони ба нангу номус ягон вақт аз тарафи мақомот дастгирӣ намешуданд. Маҳз ана ҳамин гуна қаҳрамониҳои ин шери нари Ворух сабаб шуд соли 2014 ба фармони Шералӣ Хайруллоев ва чанде аз косалесони ворухӣ коргарони амният ба хонаи Абдухалоқ Мерганов меоянду 24-соат вақт медиҳанд то ки бо аҳли оилааш Ворухро тарк кунад. Дар ҳолати иҷро накардан, дигар хел чора дида мешавад. Ҳамин тавр ҳам шуд. Аз соли 2014 то имрӯз Мерганов Абдухалоқ дар яке аз шаҳрҳои Русия дар муҳоҷират ба Ворух рафтан наметавонанд. Дар бораи ин ҷавонмард соатҳо гап занем ҳам тамом намешавад.
“Аз ҳама ҷинояти вазнине, ки Шералӣ Хайруллоев дар Ворух ба анҷом расонид ин тамоми роҳҳо, ки дар баланси Тоҷикистон буду то ҳол ҳаст ба Қирғизистон фурӯхт. Баъди рафтани ӯ Ворухро анклав эълон карданд. Халқи бечора ба чанд шахсияти боломақом муроҷиат карданд. Ягон кас ҷавоби аниқ намедод, ҳама хомӯш. Фақат мегуфтанд, ки мо дигар ягон ваҷаб заминамонро ба ҳеҷ кас намедиҳем. Дар асл бошад дигар ягон ҷой ё замин намонда буд. Ин ҷо саволе ба миён меояд: боз ягон ҷой ё замини ба қирғиз медодагӣ мондааст? Ҳамин тавр миссияи Шералӣ Хайруллоев ба охир расиду аз Ворух рафт. Лаънаткардаи худо, ту ҳам таёр шуда ист Ворухиён туро ягон вақт намебахшанд.”
Ғафур Ҷураев аз асли кор, аз планҳои контрабандаи Тоҷикистон бехабар, аз планҳои рубоҳи маккор СС.Ятимов бехабар, бо як руҳияи ватандӯстӣ аз сарзамини худ бо тамоми ҳастияш дифоъ мекунад. Марди солхурда. Каму беши зиндагиро дидаасту чашидааст. Дар рӯйхати сиёҳи Қирғизистон дар ҷои аввал меистад. Дар муҳоҷират ҳамроҳи фарзандон бизнеси хуб дорад, аз ягон ҷиҳат камбудӣ надорад. Кор то ба он ҷо расид, ки ба Русия сафар кардан наметавонад. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда аз тарафи амнияти Ворух чунон фишор ба сараш овардан, ки ҳоло латапорае қадраш аз ӯ зиёд аст, дигар чи кор карданашро намедонад. Сари кафида зери тоқӣ, даруни дил гиря мекунад. Он чи ҳақиқате, ки ӯ медонад ошкоро гуфта наметавонад. Гуяд паси панҷара меравад. Бисёр ҷиноятҳои содиркардаи қушунҳои сарҳадӣ ва милисаву амниятро медонад. Ба ту бародар Ғафурҷон сабурӣ мехоҳем. Дигар ба ҳаромхурҳо гусфанд кушта надеҳ, худатро мекушанд. Гап бисёр, инсоне, ки дарк мекунад ҳаминаш басанда аст.
Ворухиҳо хуб бо диққат таваҷҷуҳ кунед. Хулоса бароред. Ин ҷавон мумкин камбағалтарини Ворух шояд бошад. Қариб,ки нобино яъне маъюб мебошад. Номашро пайдо кардан натавонистем. Дар бозори чоршанбе ба майдафурушӣ машғул аст. Ӯро ҳамаи ворухиён мешиносанд. Як ё ду сомоние, ки бо меҳнати ҳалол ба даст меорад ,зиндагиашро пеш мебарад, дигар манбаи даромад надорад, албатта, агар аз ҳисоби инвалидияш нафақа нагирад. Хулоса бо сардории сардори амният бо ҳарфҳои калон САМАНДАР ана ҳамин фақири инвалидро ба сараш туҳмат бор карда 50ҳазор сомониашро мегиранд. Гуё вай симкортҳои қирғизӣ мефурӯхтааст. Дар асл бошад дар ягон ҷои қонун навишта нашудааст, ки фурӯши симкорҳои қирғизӣ манъ аст. Самандар худат бо қирғиз алоқаи зич дорӣ. Худат нағз медонӣ, ҳамаи ҷиноятҳое, ки нисбати миллат мекунӣ бо маслиҳати қирғиз анҷом дода истодаӣ. Пилтаро аз гушат каш. Ворух туро ягон вақт намебахшад. Рӯзе фаро мерасад агар замин дароӣ аз гушат, осмон бароӣ аз поят медоранд. Ба ин хотир ба ҳамаи коргаронат Фарҳод, Файзиддин ва чанде дигарон фаҳмон. Шиканҷа ва пули ҳаром хурданро бас кунанд. Охир ин пулҳои бе дарди миёнро ба оилаатон хароҷот мекунед, аз худо наметарсед? Фарзанде, ки аз шумо ба дунё меояд, аз нохуни по то ба сар ҳаромӣ аст, инро мефаҳмед? Дар болои ҳамаи ин ҷиноятҳо боз ҳамаатон рӯзи ҷумъа ба масҷиди марказӣ ба намози ҷумъа меравед. Гуё як ҳафтаина гуноҳатонро худо мебахшад. Фаромӯш накунед, ин хиёнат ва ҷиноятҳои шумо хело сангину мудҳишанд, бас кунед.
“Боз чандин мисол овардан мумкин аст. Ана ҳамин рӯзҳои наздик сокини маҳаллаи Сари қурум Абдуғанӣ бо лақаби Ғании сиёҳро ба идораатон ҷеғ задед, соат 18-у 15 буд, соати 19-20 ҷавоб додед, соати 20-00 бозгашта омад. Маълум буд, ки барои чи зуд баргашта омад. Соати 20-15 ба хонааш баргашт. Мо аниқ кардем ба шумо пул оварда дод. Барои онки фарзанди призивник дорад. Як мисоли дигар. Сокини маҳаллаи Тидон Ҳилолиддин Сайриддинов одами содда рост аст. Фақат аз паси зиндагӣ. Солҳои зиёд бо аҳли оилааш дар муҳоҷират. Ба он хотир, ки имсол ҳосили зардолу дар Ворух фаровон буд ба Ворух барои ҷамъоварии боғи зардолу меоянд. Бузҳо хабар медиҳанд. Ҳамин тариқа Ҳилолиддин Сайриддинов ба идораи амният даъват мешавад. Хулоса 200ҳазр рубли ӯро гирифтед. Хонаатон намесузад? Шумо ҳам интизори он рӯзи бузург шавед. То зинда будани Ҷаноби олӣ Тоҷикистон ба пеш Зинда бод амният, Зинда бод Ҷаноб гуфта гаштан гиред вале вақту рӯзаш ин шо Аллоҳ мерасад.”
Як ҷавон аз посёлкаи Тоҷикон номаш Аҳлиддин аз сабаби онки бо қирғиз наздик аст симкорти қирғиз истифода мебурдаст. Бе ягон огоҳӣ якбора се- чор нафар вориди хонааш мешаванду якбора хонаву даратро ҳам фурӯхта халос намешави гуфт паника мекунанд. Аҳлиддини аз мақсади асосӣ бехабар аз тарс аз ҳуш меравад. Вақте ки духтурро чеғ мезананду баъди якчанд муддат ба худ меояд, гап задан наметавонад, яъне гунг шуда мондааст. То ҳол гап задан наметавонад, бемор ҳаст. Бо нони мардикорӣ фарзандонашро ба воя мерасонд. Акнун ҳоли фарзандони ӯ чи мешуда бошад? Ба ин кӣ ҷавоб медода бошад? Самандар ту аз ин ҷиноятҳои ба анҷом расонда истодаи коргаронат хабар дорӣ? Пас, биё мард шав, ба ин гуна корҳои мелоч даст назан, бо ин корҳо ту амнияти Ворухро мустаҳкам намекунӣ, баракс ғазаби мардумро нисбати худат баланд мекунӣ. Мо гуфтему ту фаҳмидӣ, агар нафаҳмидӣ зинда бод бобои Раҳмонов гуфта гаштан гир. Фиръавн ҳам замоне мисли шумо зур буд, фаромӯш накунед….
Акнун дар бораи бузҳо ҳарф занем, тавба накарданд чуноне, ки дар урфият мегуянд: “Хар ҳамон хар ҳасту туқумаш дигар” -бадтар шуда истодаасту беҳтар не. Як бузи калони шохдор шохҳояш аз як метр дарозтар шуда рафтааст, пихҳои пояш мисли хуг (якақаванг) шуда рафтааст. Ин ҳам бошад аз маҳаллаи кучаи боло Фарҳад, бо кличкаи «депутат». Ҳамаи он корҳое, ки дар маҳалаашон мегузарад ё ягон призивник ҳаст бе чуну чаро нарезонидаву начаконида ба коргарони ҳифзи ҳуқуқ мерасонад. Ҳато аз хоҷагиҳои деҳқонӣ дарахтони деҳқони камбағалро бо роҳи зурӣ (маълум, ки бо восита ё дастгирии кӣ) бурида пулашро ҳамроҳ айшу ишрат мекунад. Фарҳад фурухтани мардуми худатро бас кун. Ҳоло ҳам сари вақт. Вагарна худат нағз медонӣ,ки бо як шахси наздикат ҳамхобаги мекунӣ, агар ислоҳ нашави як барномаи хубе оиди корҳои ифлосат омода хоҳад шуд. Ному насаби ҳамон шахси наздикат ҳам бо пурагӣ навишта мешавад. Баъд он вақт чи мешавад тасаввур кун.
“Ду нафар зан бо ҳарфҳои З ва Г бо амнияту милисаҳо рафту омаду пичир пичирро бас кунед. Ҳамаи маълумотҳои шумо бо пурагӣ дар дасти мо ҳаст. Ин ҷо номатонро намегирем то ки хонавайрон нашавед. Дуи шумо ҳамчун як хоҳар, ҳамчун як зани бо нангу бо ҳаё мисли дигарон рафтор кунед. Агар шумо низ ислоҳ нашавед ба барномаи депутат (Фарҳад) ҳамроҳ мешавед.”
Боз бармегардем ба сиёсати ғалати раиси ҷамоат Меҳринисо Раҳматова. Ворухиёни азиз бо диққат ин гуфтаҳоро таҳлил кунеду хулоса бароред. Вақте ки бо “Ҷаноби олӣ” рӯ ба рӯ суҳбат мекард, ҳамаи шумо шоҳид, ки камбудӣ нест “Ҷаноби олӣ” гуфта суханварӣ кард. Ҳоло дар тамоми маҷлисҳо аз гиребони раиси маҳаллаҳо ва домуллоҳо медораду соатҳо дар бораи камбудиҳо сухан мекунад. Мутаваҷҷеҳ бишавед ба яке аз суханҳои бефаросатонааш. Асосан хитоб ба шумо муҳоҷирон чунин гуфт: «Ба наздикӣ, худо агар хоҳад он хонаҳое, ки қулф зада, аҳли оила ба муҳоҷират рафтаанд, мо гирифта ба солдатҳо, милисаҳо ё ба коргарони амният медиҳем. Ман ин қудратро дорам, фаҳмидед? “ Ин баромади ӯ барои чуноне, ки дар боло қайд кардем зоғони бадмури ба Ворух омада чи хел маъқул мешавад, фикр кунеду таҳлил кунед. Ворух роҳи мустақил надорад, фурӯхта хурданд. Дар боби ободии дохил ҳар рӯз мубориза давом дорад. Мақсади асосӣ аз муҳоҷирон ҳар чи бисёр маблағ ворид шавад. Миллионҳо рубле, ки ворид мешавад як қисми муайян ба кисаи чапи шахсиятҳои алоҳида меравад. Дар ҳамаи шаҳрҳои Русия аз ҳар маҳалла як ё ду нафари хушомадгуякҳо ҳастанд, ба таври худашон дилсузи халқи Воруханд. Бо раиси ҷамоат алоқаи зич доранд, бо ҳар баҳона аз муҳоҷирон пул ҷамъ карда мефиристанд. Ин фақат барои позитсияи худашонро нигоҳ доштан асту халос. Бародарҳои ворухӣ! Дигар ин тавр накунед. Руйхати ҳамин гуна косалесон бо пуррагӣ ҳаст. Шумо фикр накунед, ки он зери чодар мемонад, кай кадоме аз шумо бо амниятиҳо тамос мегиред, кай бо раиси ҷамоат суҳбати телефонӣ мекунед, дар Русия бо коргарони сафорат чи хел дустӣ доред, чи хел ба онҳо бо роҳи маҷбурӣ пул ҷамъ карда медиҳед, ҳамааш дар дасти мо ҳаст. Бо пуррагӣ медонем. Ислоҳ шавед хуб мешуд. Банда як гуфту шумо шунидед.
Акнун дар бораи муносибат бо ҳамсоя -қирғизҳо камтаре гуфтанием.
Бародарони ворухӣ хулосаи гапро фаҳмед. Муноқишаҳое, ки дар сарҳад мешавад ин ҳамааш бо нақша аст ба паника дода нашавед. Сӯҳбати Ғоибов Абдуғаффорро бо диққат гуш кунед. Қайд мекунанд, ки ба мо қувваи сеюм лозим не. Бародарҳо таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки қувваи якум, дуюм ва сеюм ҳамааш Тоҷикистон аст. Боақл шавед, агар нисфи Ворух дар муноқиша мурад ҳам ба парвои ҳеҷ кас намерасад. Муноқишаҳои охир нишон доданд, ки ин муноқишаҳо бо маслиҳат ба вуқуъ мепайвандад. Фарзандонатонро эҳтиёт кунед. Ҳар як муноқиша миллионҳо доллар ба кисаи шахсони алоҳида меравад. Инро фикр мекунед? Ҷандин кудак бе падар монд. Чи кор шуд раиси шаҳр? Аз кисаи як соҳибкор маблағи миёншикан мегираду ҳамроҳи Раҳматова Меҳриниссо ба хабаргирӣ мераванд Фикр намекунед, ки ин як димедрол-таблеткаи хоб барои халқи Ворух ҳаст. Агар ҳамин хел давом кардан гирад мо ворухиён шармандаи ду ҷаҳон бояд шавем, бе ватан мемонед, набераю абераҳоятон халқи тарсу ном мегиранд, боигарию пулҳои бисёратонро он вақт ба саратон занед.
Ps: “Ислоҳ” дар ин нома ҳеҷ тасарруфе, тағйире , тасҳиҳе анҷом надодааст. Ҳатто калимот ва лаҳҷаи гӯйши мардуми баруманди Ворухро гузоштем,то донанд,ки нома аз Ворух ба “Ислоҳ” аст.