Хонандае аз ман савол намуданд
Хатлони Хатлонӣ Шарифзода: Асли вокеаи карбало чи буд? Оё ошуро ба имом Х, Р, ягон рабте дорад.?
Посух ба ин савол: Асли воқеъаи Ошуро ба Имом Ҳусайн (р) ҳеҷ иртиботе надоред. Танҳо ин ҳодиса дар ин рӯз иттифоқ афтодааст. Вагарна Ошуро пеш аз Ислом буд дар он рӯз чандин воқеъаҳо рух додааст.Ин шарҳи кутоҳе аз Рузи Ошуро аст бародари гиромӣ:
Аз Ибни Аббос (р) ривоят аст, ки мегўяд: Паёмбари Худо (с) ба Мадинаи мунаввара омаданд ва диданд, ки яҳудиён рўзи Ошуроро рўза медоранд.
Паёмбари Худо (с) пурсид: Ин рўза гирифтан барои чист?
Гуфтанд: ин рўзи неке аст, рўзе аст, ки Худованд Бани Исроилро аз душманашон (Фиръавн) наҷот дод. Бинобар ин Мусо (а) он рўзро рўза гирифт.
Паёмбари Худо (с) фармуданд: «Ман ба Мусо (а) нисбат ба шумо мустаҳиқтарам» ва ҳамон буд, ки ин рўзро рўза гирифтанд ва ба рўза гирифтани он дустур доданд[i].
Бо он, ки ин рўз (яъне рўзи Ошуро) рўзи наҷот ёфтани Мусо ва қавмаш аз Фиръавн аст афзун бар ин донишмандон дигар фазилатҳои ин рўзро аз ин ҷиҳат медонанд, ки Худованд дар ин рўз чанд тане аз паёмбарони Худро мавриди раҳмати Худ қарор додааст, ки иборатанд аз:
Дар ин рўз тавбаи Одам (а) пазируфта шуд
Дар ин рўз Идрис (а) ба осмон бурда шуд.
Дар ин рўз киштии Нуҳ (а) бар куҳи Ҷуддӣ фаромад
Дар ин рўз Иброҳим (а) таваллуд шудааст.
Дар ин рўз Яъқуб (а) боз дубора чашмонаш бино шуданд.
Дар ин рўз Юсуф (а) аз чоҳ наҷот ёфта буд.
Дар ин рўз Аюб (а) аз бемории дарозмудаташ шифо ёфта буд.
Дар ин рўз Юнус (а) аз шиками ҳут(моҳи) наҷот ёфта буд.
Дар ин рўз Мусо (а) ва қавмаш аз шиканҷаи Фиръван наҷот ёфта буд.
Дар ин рўз тавбаи Довуд (а) қабул шуда буд.
Дар ин рўз Сулаймон (а) ба подшоҳӣ расида буд.
Дар ин рўз Исо (а) таваллуд шуда буд.
Дар ин рўз гуноҳони гузашта ва онядаи Паёмбари Худо Муҳаммад (с) бахшида шуда буд.
Мавриди ёдоварист, ки воқеаи даҳшатвор ва пуртаассуфи қатли Имом Ҳусайн (р) низ дар ин рўз иттифоқ афтодааст, ки донишмандон рўза гирифтани рўзи Ошуроро бо ин воқеаи андуҳгин ҳаргиз алоқаманд намедонанд.