Заҳролудшавӣ ё қатли омми навбатии зиндониҳо

Ислоҳ нет

 

     Кушта шудани 14 зиндонӣ дар роҳи интиқол аз Хуҷанд ба Душанбе таваҷҷӯҳи маҷомеи байналмилалӣ ва расонаҳоро бори дигар ба сӯи Тоҷикистон –кишваре, ки 27 сол аст зери юғи як диктотур ранҷ мебарад,ба худ ҷалб кардааст. Зеро ин ҳодисаи саввум дар як соли ахир аст,ки зиндониҳои Тоҷикистон ба таври дастаҷамъӣ ва шеваҳои ваҳшатноку фоҷиаомез кушта мешаванд.  Тибқи маълумоти расмӣ дар ин се ҳодиса,ки дар зиндонҳои шаҳри Хуҷанд,шаҳри Ваҳдат ва ҳамакнун дар дохили мошинҳои ба истилоҳ “конвой”-и зиндонҳо рух дода бо эътирофи ҳукумат,дасти кам 75 нафар зиндонӣ кушта шудаанд.

 

   Вазорати адлияи Тоҷикистон бо нашри як баёния сабаби куштори оммавии маҳбусони дар ҳоли “этап”-яъне аз як муассисаи ислоҳӣ ба муассисаи дигари ислоҳӣ интиқол доданро натиҷаи заҳролудшавӣ аз истеъмоли“хлебҳо”-е донистааст, ки як маҳкумшуда ба 16 нафари дигар тақсим кардааст.Шояд,ҳамин тавр ҳам бошад. Аммо ин масъулият ва ҷавобгариро барои куштори дастаҷамъии маҳбусон аз рӯи шонаҳои генерали пешини Кумитаи амният Мансур Умаров, раиси Идораи зиндонҳои Тоҷикистон, ки баъди омадани ӯ ба ин мансаб ин дуввумин ҳодисаи ваҳшатноке,ки боиси қатли даҳҳо нафар гардидааст,холӣ намекунад.

 

Ҷудо аз баҳс ва масъалаи масъулияти генерал Умаров, ин ҳодиса ҳам машкук ва ҳам пур аз суолу пурсишҳое аст, ки “аллиби” ва дурустиву ҳақиқати баёнияи вазорати адлияро таҳти занну тардид қарор медиҳад.

 

Таҳлили ин ҳодисаи нангин дар чор нуқта ва чанд фарзия

 

Аввва: Нахустин шубҳае,ки фарзияи матраҳкардаи вазорати адлияро таҳти суол қарор медиҳад ин аст ки чаро дар ин навбати “этап” ба ин шумораи зиёд маҳбусон интиқол дода мешаванд? Чаро 128 зиндонӣ,ки бояд ба ҷойи анҷоми ҷазо-яъне ба зиндонҳо интиқол меёфтанд то ба имрӯз дар СИЗО-и 2-и Хуҷанд ва 5-и Истаравшан нигоҳ дошта шудаанд. Маъмулан дар ҳар як навбати ба истилоҳ “этап” 25-30-40 нафар интиқол дода мешаванд.Аммо ин навбат то 128 кас нашудааст, “этап” накардаанд.

 

  Дуввум: Маҳбусон дар даруни мошини боркаш, ки асосан КаМаз мебошад ва давродаври он бо панҷараи оҳанӣ маҳкам карда шудааст бо дастони завлоназада менишинанд. Тамоми ҳаракати онҳо,нишасту бархосташон бидуни иҷозаи нафари нозир  ва ё посбон,ки мусаллаҳ аст ғайриимкон аст, иҷоза надоранд. Пас, чи гуна як маҳбус аз ҷо баланд мешавад ва се дона хлебро мегирад ва ба 16 маҳкумшудаи дигар тақсим мекунад? Дар ҳоле,ки тахминан дар ҳар як мошин 40 нафар бештар нишаста бошанд,ӯ чаро маҳз ба 1 нафар хлеб тақсим кардааст. Чаро барои бақия надодааст?

 

  Саввум: ин пурсиш пеш меояд,ки чаро маҳз ҳамон маҳбус хлеб доштааст ва он ҳам дақиқан се дона?

 Зеро тибқи қоида ва қонуни “этап” 10 ва ё 15 дақиқа қабл аз он нозири зиндон ба камераи маҳбус даромада ному фамили нафари мавриди назарашро садо зада эълом мекунад, ки “с вещами”.  Аз ҳамин эълон ва бахусус аз он ки гуфт “с вещами” маълум мешавад,ки “этап” аст. Ин маҳбус филвафр ба ҷамъу гир кардани сару либосаш мепардозад.Он вақт ӯ дар фикри бо худ гирифтани туша ва махсусан хурок намешавад.Хуб, билфарзе ҳамкамераҳояш  кумак мекунад ва барояш як миқдор тушаи роҳ ҳам медиҳанд. Аммо ҳамаи ин кор  чуноне гуфтем дар як фосилаи хеле кутоҳ сурат мегирад ва дар ҳузури боқии ҳамкамераҳо. Он маҳбус ва ё ҳамкамерааш, ки барои ӯ тушаи сафар, яъне ҳамон се хлебро дод, амалан наметавонад, ҷуръат намекунад, нонҳоро дар пеши чашми боқии ҳамкамераҳо заҳролуд созад.  

 

Чорум : Заҳр дар камера аз куҷо пайдо мешавад ва ё ҳатто дар “барак”-и зиндони № 3,зиндони низомаш сахт, ки моҳи ноябри соли гузашат ошӯбе онро ангуштнамо карда буд? Чун ҳар ҳафта як ё ду маротиба “шимон” ва ё  “ҷустуҷу ва кофтукоб”-и утоқи хоб сурат мегирад. Ва. Заҳр чи гуна вориди зиндон мешавад?  Чун ҳама “дачка” ва дигар ашёи барои маҳкумшудаҳо  аз муоинаи ҷиддӣ мегузарад. Бар болои ин ҳама, ин се хлеб,дақиқан, ки моли худи ҳамон муассисае аст ки он маҳбус баъди чошти нимарӯзӣ бо худ гирифта аст, чун ҳам дар боздоштгоҳ ва ҳам дар зиндон нонво амал мекунад. Аз инҷо агар хлеб заҳролуд бошад, на он маҳбус, балки зиндон ва ё боздоштгоҳ муқассир аст. Аммо боз як нуктаи дигар ҳам ҳаст.Дар танури нонпазӣ се хлеб пухта намешавад, камаш 40-50 хлеб аз як хамир пухта мешавад. Агар заҳролуд буд, имруз бояд ё дар боздоштгоҳ ва ё дар зиндон ҳам масмумшудаҳо бояд бошанд.

 

  Ғизои “этап”-мешудаҳоро худи муассиса омода мекунад. Об, чойи сарди дар боклашкаҳо гирифта ва хлеб. Ва агар бошад консерва. Аммо барои консерва, ки корд лозим мешавад,маъмулан бо хлеб ва об ва чой қаноат мекунанд. Зикри ибораи “ҳамчун дастовези муқаррарӣ” дар матни баёнияи расмии вазорати адлия комилан дуруст нест? Ин ҷо дар воқеъ кадом асрореро пинҳон кардан мехоҳанд?

 

Маҳбуси этапшаванда, аз муоина ва назорати нозирон гузаронида мешавад. Ӯ иҷоза надорад, ки бо худ  маводди ғизоӣ ҳамл кунад. Чун маводди ғизоӣ дар ҷаъбаи хос ва дар дасти нозир ва ё ҳамон посбоне аст, ки ӯро тамоми роҳ ҳамроҳӣ мекунад ва ӯ танҳо бо дастури сардори “конвой”,ки ӯ ҳам ҳамроҳашон аст онро ба маҳбусон медиҳад. Ба ҳамин ваҷҳу далоил фарзияи заҳролудшавӣ хеле ҳам сабук ва ғайри қобили боварӣ аст.

 

Гузашта аз ин ҳама чаро исми маҳбусе, ки нонро тақсим кард, гуфта намешавад? Оё маҳбуси нонро тақсимкарда  зинда аст ё ӯ ҳам мурд? Ва,агар мурд, пас ӯ чи тавр дидаву дониста даст ба худкушӣ зад? Ва, агарки қасди худкушӣ дошт, чаро онро дар роҳ анҷом дод ва чаро ҷони чандин нафари дигарро ҳам гирифт? Барои ӯ чӣ зарурат дошт, ки ин ҳама нафаронро бикушад? Ва,агар ӯ зинда аст, пас ҳамроҳ ва ё ҳамроҳон ва ё дастурдиҳанда дорад, ки бояд тафтишот ошкор кунад.Агар ӯ дар ҳақиқат зиндаву саломат аст пас, бармеояд,ки ӯ дастурро иҷро кардааст ва низ касоне аз кормандони худи маҳбас ба ӯ мусоидат кардаанд.Зеро чи тавре гуфтем дар дасти ӯ банд-завлона зада шудааст. Ӯ се нонро аз борхалтааш чи тавр гирифт ва чи тавр назди ҳар кадоме аз ин 16 нафар рафта тақсим кард? Магар нозире, ки бо онҳо буд ин иҷозаро ба ӯ чаро дод? Ҳоло ки ба 16 нафар тақсим кард, дигарҳоро чаро надод? Чун риояти мақоли мардумии “як мавизу чил қаландар” дар маҳбас на инки сидқ мекунад, балки ҳатмӣ ва шарту зарур аст.

 

 Ва боз чанд нуктаҳое дигар ҳам ҳастанд,ки фарзияи “заҳролудшавӣ” шубҳаҳоро ба бор меоварад.

 

Дар баёния аз чӣ бошад,ки замони ба роҳбароӣ12.45 дақиқа ва соати расидан ба муассисаи тафтишотии Душанбе 18у 20 дақиқа таъкид шудаст, аммо соати таваққуф дар Майхура нишон дода нашудааст. Яъне замони вуқуи ҳодиса. Чаро таъкид ва ишора шудааст, ки баъди ним соати тановули хлебҳо ҳоли маҳбусин ба ҳам мехурад аммо дақиқан гуфта намешад, ки ин ҳодиса дақиқан дар кадом соат рух дод? Ва, ним соат гуфта аз кадом соатро дар назар доранд? Тавонистанд бигӯянд,ки баъди ним соат. Аммо пинҳон доштанд,ки соати чанд дар Майхура таваққуф карданд.Зеро дар сурати зикри соат ин пурсишҳо ҳам матраҳ мешавад,ки аз Майхура то Душанбе 80 километр аст ва дар ин васат чандин бемористону шифохонаҳо ва мошинҳои ёрии таъҷилӣ амал мекунад,чаро вақте дидед,маҳбусон истифроқ(қай) мекунанд, беҳуш мешаванд, ба марг наздик мешаванд ба онҳо муроҷиат накардед?Шояд ҳозимаашонро мешустанд, онҳо зинда мемонданд?Албатта, ман мутмаинам, ки посбоҳо-яъне “конвой” лаҳза ба лаҳза ба Сарраёсат хабар дод ва Мансур Умаров бохабар ҳам шуд. Аммо иҷоза надоданд,ки кумаки аввалияро дар роҳ бигиранд. Яъне…ин чӣ аст? Яъне ҳама чиз “под контрол” ва тибқи нақша пеш мерафт? Вақте шумо  хабар додед, метавонист милисаи Варзоб дастбакор бишавад, духтурҳо даст ба кор мешуданд.Аммо намонданд,иҷоза надоданд,ки инсонҳо наҷот дода шаванд.Чаро? Шумо дар пеши чашматон дидед, ки чандин нафар мурда истодаанд кӯмак накардед. Ҳатто мешуд, ки мошинҳои ёрии таъҷилӣ биёянду дар роҳ кумак кунанд.

 

Аммо медонед чӣ?Ин чордаҳу бисту сиву чилу панҷоҳ барои Раҳмон ҳеҷ арзише надорад. Ҷони ин мардум чени ҷони як саг ва як гов ва барояш арзиш надорад. Чашме, ки дарёи хунро дидааст, дасте, ки худ дарёи хун равон кардааст ва аз болои ҳавзи хун гузашта дар қудрат шиштааст, кай парво дорад, кай дарди мову шуморо дард меҳисобад ? Ӯ бо хун хӯ гирифтааст. Нуктае дигар,ки шахсро дар ҳақиқат нигарон мекунад,балки ба даҳшат меафканад ин аст ки  ҳамин тавр одӣ ва саҳлу сода вазорати адлия менависад,ки “тибқи маъмул ба 16 нафар маҳбус тақсим кардааст”. Яънекадом тибқи маъмул ва чӣ тибқи маъмул? 3 хлеб ба 16 нафар тақсим шавад тибқи маъмул аст? Яъне дар ҳабсхона 16 кас ҳамагӣ 4 хлеб тановул мекунад ва ин одату маъмул аст? Ҳатто ҳамин як қироати сарсарии баёнияи вазорати адлия собит ва  рушан мекунад, ки инҷо таги коса нимкоса ҳаст. Балки дар ин маврид метавон гуфт, ки таги нимкоса коса аст, чун аз ҳар ҷо- ҳар ҷои ин матн ковокӣ, пукӣ,пучӣ ва бебунёдии “аллиби”-и вазорат рӯ зада истодааст.

 

Бубинед, дар ҳоле соати сарфи нонхурӣ дар Майхураро амдан тазаккур намедиҳанд, аммо мегуянд, ки соати 18,25 дақиқа пизишкон ба ёрӣ шитофтанд. Суол ин ҷост,ки чаро то инки мошинҳои ҳомили маҳкумшудаҳо ба ҷойи адои ҷазо бирасанд мошинҳои ёрии таъҷилӣ аз пеш омода набуданд. Чун дар изҳорот гуфта мешавад, ки соати 18-у 20 расидаанд аммо пизишкони ёрии фаврӣ баъд аз 5 дақиқа ҳозир шудаанд. Аз инҷо бармеояд, ки он 13 маҳбус ҳануз дар роҳ,норасида ба ҳасбхона фавтидаанд ва як нафараш дар бемористон.Ин марги оммавӣ ва ин марги маҷбурӣ агар аз қабл тарҳрезишуда ва тибқи барнома набуд дар пеши чашми кормандони маҳбас, дастаи посбонҳо ва роҳбаладони онҳо,ки онҳо ҳам  ҳамагӣ аз вазорати адлия мебошанд, рух дод. Ва такрор ҳам шавад аз Майхура то Душанбе наздики 80 километр роҳ аст ва дар роҳ чандин ҷо бемористонҳо амал мекунанд, агар ин куштор ҳадафмандона набуд, чаро дар бемористони Варзоб ба онҳо ёрии тиббии фаврӣ расонида нашуд?Мешуд,ки ин корро кард ва ҷони инсонҳоро наҷот дод. Чаро накарданд? Дар паси ин моҷаро боз чӣ нақшаеро нуҳуфта ва пинҳон дошта бошанд?

 

 

Ва, як нуктаи дигар.

 

Дар изҳороти вазорати адлия  гуфта мешавад,ки 14 нафар “талаф” ёфтанд. Аслан ин тарзи баёнро тоҷикӣ нест ва тоҷик ин тавр намегуяд. Инҷо на  аз марги ғайритабиӣ,на марги ҷабрӣ на аз куштор, на ҳатто аз фавт ҳарфе нест,балки талаф тафсир шудааст. Магар онҳо хасу хошок буданд? Магар онҳо бузу гусфанд буданд, ки талаф ёфтанд? Магар онҳоро офати табиӣ нобуд кард? Ин ҳамаро мехониву шубҳаат бештар мешавад,ки ин мазлумонро ҳам куштанд.Бубинед, чаро ин бор феҳристи маҳбусонро ,маҳалли таваллуди онҳоро, санаи зодрӯзашонро зикр карданд,аммо зикр накарданд,ки бо кадом модда ва бо кадом айбу иттиҳом маҳкум шудаанд.Чаро дар ҳодисаи қатли омми зиндони шумораи 3-и Хуҷанд ва “Кирпичний”-ро гурӯҳҳои мазҳабӣ ва ҳамчунин ҲНИТ-ро муқассир хонданд, ҳанӯз,ки тафтишот шурӯъ нашуда буд,дафъатан фардои ҳамон ҳодиса ва дар баёниву изҳоротҳои расмӣ, аммо ин бор ақалан иттиҳомоти маҳбусони кушташударо ишора накарданд. Чун ин бор ва зери ғубору туман ва дар парда пинҳон доштанҳо бо ин ҳадаф аст ки айбу иттиҳомро бояд  Прокуратураи генералӣ ва комиссияи махсус ташкил додашуда ва бафурҷа бо дар назар гирифтани ҳама нукоту ҷузъиёт ба ҷомеа ироа бидорад.

 

  Шояд сабаби эълон накардани иллати ин ҳодиса он аст ки роҳеро биҷӯянд, ки онро ҳам бори созмонҳои мазҳабӣ ва бахусус ҲНИТ бикунанд. Аммо ин навбат саросема набояд бишаванд,нишон бидиҳанд, ки чор моҳ-панҷ моҳ тафтиш давом кард ва инак собит шуд,ки ҳа, бале,ин ҳодисаро ҳам ҲНИТ кардааст. Чун дар мавориди қаблӣ хелеҳо,аз ҷумла созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқи башар ба иттиҳомоташон,ки дафъатан баён карданд, бовар накарданд. Ҳоло акнун мегуянд,ки тафтишот ва сирри тафтишотӣ аст. Бовар кунед,агар ки нафари хлеб тақсим карда бо ҷароиме марбут ба моддаҳои салафӣ, доиши,наҳзатӣ ва ба ин минвол, яъне террористӣ маҳкум шуда бошад,дигар кадом шакку шубҳае боқӣ нахоҳад монд,ки ин кори худи Раҳмон ва дору дастаи ӯст. Ва ҳадафаш ҳам интихобот ва нарафтан аз қудрат аст. Ва ба эҳтимоли зиёд тафтишотро кашол дода ба замони интихоботҳо наздик карда сипас аз натоиҷи он эълон хоҳанд кард.Аммо, фоидаашон нахоҳад кард. То он замон буду бисоти ин ҳодиса ва омилиони он шиносоӣ ва муаррифӣ мешаванд ва Раҳмон на тавассути ҲНИТ,балки тавассути ҳамон қудрат ва қуввае аз қудрат хоҳад рафт, ки ӯро дар соли 1992  бо мили силоҳ  боз ҳамон “Фронти халқӣ”-ҳо оварда шинонида буданд.

 

PS Ҳарфи  пупанак дар нон  комилан  дурӯғ  аст. Чун  ҳеҷ маҳбус  нони  мағорбастаро  тӯша  намегирад. Ва  тӯли  шаш соати  роҳ  нон  мағок  ҳам  намезанад. Ин  узри бадтар  аз  гуноҳи  мақомоти  тоҷик  аст, ки  ба  ҳеҷ  ваҷҳ  тавҷеҳпазир  нест. Бояд ҳақиқатро  он  тавре,ки  ҳаст баён  кард…аммо баъид  аст…

Дар охир ба хонаводаҳои ҳама ин ғурамаргони ин фоҷеъаи хашин таъзияи худамонро баён менамоем ва аз Аллоҳ барояшон сабри ҷамил ва собит буданро таманно менамоем.Аллоҳ фарзандон ва наздиконатонро ғариқи раҳмат ва ба омилони ин қатл сарнавишти сангинтаре арзонӣ дорад омин.

Агар имрӯз имкон даст диҳад навори ин таҳлил нашр мешавад.

  

 

 

 

Share This Article