ЗИНАТИ ЗАН ЧӢ ГӮНА БОЯД БОШАД?
Асалому алайкум устод Муҳаммадиқбол мехоҳам аз шумо дар мавриди зинат ва ороишҳоеки барои занҳо ҷоиз аст дар шариъати ислом.Инчунин он ороиш ва зинатеки дар шариъати исломӣ ҷоиз ё раво нест мисли ранг кардани муйи сар,чидани абрувон,ҳино кардан,хол мондан,пластическы аперация,зебо сохтани дандонҳо маълумот медодед.Албатта ин ороишро барои шавҳарҳои худ дар назар дорем на барои берун ва мардони бегона.Ҳоло чуннонеки мебинаму мушоҳида мекунам занҳои мо навиштаҳои шуморо хело мехонанд ва ончӣ менависед хоссатан занҳои маҳалле,ки мо зиндагони мекунем ба навиштаҳои шумо аҳамияти хоссе медиҳанд.Қитобҳои шуморо доранд ва то моҳи август дар одноклассники ҳар рӯз мунтазири навиштаҳои шумо будем.Як чанд моҳ аз одноклассники нопадид шудед ҳарчӣ меҷустем пайдоятон намекардем.Пас огоҳи пайдо кардем,ки онҷо нестед ва дар фейсбук ҳастед(сабабашро аз фейсбук аз саҳифаатон хондем) Аллоҳ хор кунад ин блок кунҳоро хело кори баде карданд моро аз навиштаҳои шумо чанд моҳ маҳрум карданд.Алҳамдулиллоҳ чанд рӯз аст ончӣ навиштаед бо шавқ онҳоро аз саҳифаатон хондемҲоло бештар инҷо ҳастем ва шумороҳам пайдо намудем.Агар имкон медоштед дар ин масала равшани меандохтед кори хуб ва савобе мешуд.З.А аз шаҳри душанбе бо гурӯҳе аз занҳо.
Ва Алайкум Ассалом ва Раҳматуллоҳи ва Баракотуҳу хоҳарон ва модарони гиромӣ.Аллоҳ ҳама занон ва хоҳарону бонувони миллати моро афифа ва покдоман бигардонад.Хело изҳори сипос менамоям аз бовариеки нисбати банда доред дар масоили шаръӣ,то посӯхи онро аз ман шунавед.Озурда набошед нисбати саҳифабандон,коре карданд ба судашон нест.Агарчӣ дар оғоз хело ғамгин будам, аз ин кори ноҷавонмардонаашон.Вале розиям ба ҳама ончӣ ризои Аллоҳам дар он бошад.
Худо гар ба ҳикмат бубандад даре,
Зи раҳмат кушояд дари дигаре.
Кушиш мекунам ба ин савол муфассалтар посӯх гӯям ва боз дарозҳам нашавад,то малоли хотири баъзе хонандагонҳам нагардад.
Занҳо ба таври фитрӣ мехоҳанд, ки худро барои шаҳварони худ ва ё ба чашми занҳои дигар ороиш диҳанд ва кори раво буда ва барои занҳо иҷозат аст. Вале чун ин зинат ва ороиш дар назди занҳо гоҳе аз ҳадди лозим ва маъмул таҷовуз намуда ва ё тавре аз он истифода мешавад, ки василае барои фаҳш ва корҳои зишт ва исроф қарор мегардад. Ислом бо дар назардошти ҳамаи ҷонибҳо ба шакли мўътадили он, аҳкоми зинатро барои зани мусалмон ба таври комил баён намудааст ва зинат нисбат ба зан ба се навъ тақсим мегардад.
АВВАЛ – ЗИНАТҲОИ МАСНУНА (СУННАТӢ)
Мурод аз зинати маснуна зинате аст, ки истифодаи он савоб дошта ва тарки он сабаби маломате аст ва ин навъ зинат иборат аст аз:
1. Пок кардани дандонҳо
Пок кардани дандонҳо ҳам тозагӣ аст ва ҳам зинат ва беҳтар аст, ки ин амал баъд аз ҳар бор таъом хўрдан ва ҳангоми хоб шудан ва дар вақти бедор шудан аз хоб анҷом пазирад ва мешавад, ки ин амал аз тариқи мисвок ва ё данданшўй ва хамираи дандон ба амал ояд.
2. Кўтоҳ кардани нохунҳо
Нохун, ки баланд шуд, сабаби он мешавад, ки чиркиниҳо дар зери он ҷамъ гардида ва сабаби бадбўӣ ва ҷамъ шудани микробҳо гардад.Аз ин сабаб Ислом тавсия намудааст, ки шахси мусалмон бояд дар ҳар чанд рўз як бор нохунҳои худро кўтоҳ намояд ва беҳтар аст, ки ин амал дар ҳар ҳафта як бор ва дар рўзи ҷумъа сурат пазирад.Занҳоеки ба гузоштани нохунҳои дароз одат доранд аз ин амал дури намоянд.Нохуни дароз ҳаргиз занро зебо намекунад ва ҳеҷ хайре дар он,ки дар тақлид аз занони ғайри мусалмон аст намебошад.
3. Гирифтани мўйи зери бағал
Бояд мўйи зери бағал дар ҳар чанд ҳафта як бор гирифта шавад ва беҳтар аст, ки дар ҳар се ҳафта як бор ва ё чаҳор ҳафта як бор анҷом пазирад ва нигоҳ доштани он беш аз ҷиҳил рўз макрўҳ аст ва мешавад, ки ин амал аз тариқи кандан ва ё тарошидан ва ё ба воситаи пудраи мўй ё тариқаи дигаре, ки дар пўст зарар надошта ва сабаби азоб нагардад, анҷом пазирад.Дар умум ҳеҷ шарте нест,ки ҳатман муй зери бағал канда шавад.Чунонеки гуфтам муҳим гирифтани он аст,то аз бӯйи бад дӯр бошед ва ба суннат амал кунед.
4. Гирифтани мўйи зери ноф
Баъд аз ин, ки инсон болиғ шуд, мўйҳои нарм ва борике аз ин макон мерўяд ва чун ин мўйҳо дароз шавад, сабаби бадбўӣ ва ҷамъ шудани чиркиниҳо мегардад. Бинобар ин, бояд ин мўйҳоро аз байн бурд ва мешавад, ки ин амалро монанди мўйи зери бағал, тавассути кандан, тарошидан ва ё пудраи мўйбар анҷом дод.Инҷоҳам муҳим дур кардан аст шарте дар он нест,ки ҳатман канда шавад.
Чанд тазаккур:
а) Ҳамчуноне, ки аз байн бурдани мўйи қисмати пеши рўй суннат аст, аз байн бурдани мўйи зери ноф ва тарафи дигар низ суннат аст.
б) Мўйи зери ноф монанди мўйи зери бағал, бояд дар ҳар се ҳафта як бор гирифта шавад ва нигаҳ доштани он беш аз чиҳил рўз хилофи суннат аст.
5. Пўшидани либосҳои пок ва тоза
Бояд зан кўшиш кунад , ки либосҳои пок ва тозаву зебо бипўшад, то сабаби ҷалби таваҷҷўҳи шавҳараш гардад. Паёмбари Худо (с) мефармояд: «Беҳтарини занҳо, зане аст, ки чун ба тарафаш назар кунӣ, хушат биёяд».
6. Ба тартиб овардан ва шона задани мўйи сар
Беҳтарин зинати табиъии зан, мўйи сари зан аст. Аз ин ҷиҳат бояд кушиш кунад ҳамеша мўйи худро шона зада ба тартиб дарорад. Вале набояд дар ин кор зиёдаравӣ намуда ва бештари вақтҳо худро дар истодан назди ойина ва шона задани мўйи сар талаф намояд.
7. Ранг кардани мўй
Баъзе аз занҳо ба таври ирсӣ ва иддаи дигаре ба сабаби гузашти умр мўяшон сафед мегарданд. Барои чунин занҳое мустаҳаб аст, ки мўйи худро бо ҳино ва ё бо ранги мўй ранг намояд ва хусусан агар шавҳари зан чунин хоҳишеро аз ҳамсари худ бинамояд.
8. Ҳино бастани дасту пой
Ҳино бастани дасту пой барои зан зинат аст. Бинобар ин, беҳтар аст, то зан гоҳ-гоҳе дасту пои худро, ба ҳар шакле, ки мехоҳад, ҳино намояд, вале агар шавҳари зан аз ин кор хушаш наояд ва ё ин кор хилофи одати муҳите бошад, ки зан дар он зиндагӣ менамояд ва ё худи зан ҳино кардан рағбат надошта бошад, метавонад аз ин кор худдорӣ намояд.
9. Сурма кашидан ба чашм
Сурма кашидан ба чашм, илова бар он, ки сабаби дилрабоӣ ва зебоии зан мегардад, фоидаҳои дигаре низ дорад, ки муҳимтарини онҳо пешгирӣ аз резиши мижгон, тақвияти мўйи сар ва пешгирӣ аз сўзиши чашм ва ҳифзи нӯри чашм мегардад.
Тазаккур:
Сурмае вучуд дорад, ки ба номи «Асмад» ёд мешавад. Ин сурма дорои ранги гулобӣ аст ва аз сурмаи сиёҳ қадре дуруштар аст. Фоидаи ин навъ сурма бисёр зиёд аст. Ҳазрати Паёмбари Худо(с) аз ин сурма истифода карда ва дигаронро ба истифодаи он тавсия менамуданд. Бинобар ин, истифода кардан аз ин сурма, хусусан барои мардҳо ва занҳо, ки намехоҳанд сиёҳии чашмонашон намоён шавад хеле муносиб аст.
Хушбўӣ ҳангоме ки зан аз одати моҳонагӣ ва ё бемории таваллуд кардан пок гардида ва ғусл намуд, суннат аст, ки ба қасди аз байн бурдани осори палидӣ аз атр ва мушк ва дигар навъҳои хушбўиҳо истифода намояд.
10. Хушбўйи баъд аз ҳайз ва нифос
Баъд аз он ки зан аз одати моҳонагӣ ва ё бемории валодати тифл пок гардида ва ғусл намуд, суннат аст, ки барои аз байн бурдани осори нопокӣ аз атр ва мушк ва дигар навъҳои хушбўиҳо истифода намояд.
11. Хушбўӣ ҷиҳати аз байн бурдани бўйи бадан
Баъзе аз занҳо арақашон бўйдор буда ва ё зери бағал ва ё дигар ҷойҳои баданашон бўй мекунад. Барои чунин занҳо лозим аст, то ҷиҳати аз байн бурдани бўйи бадани худ, аз атр ва хушбўй истифода намояд, то мабодо бўйи бад, сабаби танаффур ва дилбадии шавҳарҳояшон гардад.Ҳоло навъҳои зиёди атриёти зери бағал вуҷуд дорад,ки истифодаи он хело осон ва дӯр кунандаи бӯй мебошад аз он истифода намоед.
ДУВВУМ – ЗИНАТҲОИ МУБОҲ
Зинатҳое, ки истифодаи онҳо раво мебошад ва тарки онҳо гуноҳе нест ва ин зинатҳо иборатанд аз:
1.Зеварҳои тилло ва нуқра
2.Барои занҳо раво аст, ки аз зеварҳои тилло ва нуққра, монанди дастбанд, гарданбанд, ангуштарин, гўшвор ва ғайра истифода намоянд. Чунончи, истеъмоли марворид, ёқут, зумрад забарҷад ва дигар сангҳои қиматбаҳо, то вақте ки дар ҳадди мўътадил буда ва дар исроф дохил нашуда бошад, раво аст.
Чанд тазаккур:
1.Истифода аз зевароти тиллоӣ бояд дар ҳадди маъмул ва маъқул бошад. Бинобар ин, исроф дар истифода кардан аз онҳо ҳаром аст ва аз ҷумла зеварҳое имрўзҳо байни занон ривоҷ ёфтааст, истифодаи миёнбандҳои калони тиллоӣ, сарандозҳои тиллоӣ ва мисли ин чизҳо ва ин дар ҳоле аст, ки мардуми дигаре аз вобастагон, ҳамсоягон ва ҳатто хешу табори онҳо ба луқмаи ноне мўҳтоҷ буда ва тифлҳояшон пироҳане, ки онҳоро аз гармӣ ва сардӣ муҳофизат намояд, дарбар надоранд ва ҳатто агар чунин афроди мўҳтоҷе ҳам вуҷуд надошта бошад, боз ҳам пўшидани либосҳои тиллоӣ бо чунон қимат ва арзиши баланд дар исроф дохил гардида ва ҳаром аст;
2.Зан набояд зинати худро дар тамошои мардони бегона қарор диҳад, магар чизе, ки пинҳон кардани он, сабаби машаққат мегардад, монанди ангуштар ва албатта, ин амр ба асоси ҳамон назаре аст, ки рўй ва дасти занро аврат намедонад;
3.Пўшидани либоси абрешимин барои занҳо раво аст, вале набояд, тавре ки дар мавриди пўшидани тилло ва нуқра гуфтем, пўшидани либоси абрешимин ба ҳадди исроф расида ва ё сабаби бартариҷўӣ бар дигар занони атроф ва ҳамсояҳо шавад;
4.Барои зан раво аст, ки аз навъҳои зинатҳои ороишӣ, монанди лабсурхкун, ранги нохун, пудра ва равғани рўй ва мисли инҳо истифода намояд, вале бояд се нуктаро ҳатман дар назар дошта бошад:
Аввал: он, ки истифодаи ин чизҳо ба сарҳадди исроф нарасад.
Дуввум: он, ки агар баъзе аз ин ороишҳо рангдор буда ва сабаби нарасидани об ба пўст мегардид ё набояд чунин ороишеро истифода намояд ва ё агар истифода мекунад, ҳангоми таҳорат сохтан ва ғусл намудан, онро комилан пок намудан ва аз байн бибарад, вагарна таҳорат ва ғуслаш сиҳат пайдо намекунад.Хоссатан лакҳои нохунеки мекунанд ҳатман бояд дар таҳорат ва ғусл онҳоро шӯянд.Баъзе фуқаҳои муъосир лаки нохунро барои занҳо танҳо ҳангоми ҳайз ва нифос,ки аз таҳорат ё намоз муъофанд иҷозат додаанд дар вақтҳои одди на.Вале агар таҳорат кунанд ва истифода намоянд ва донанд,ки ҳангоми таҳорат ва ё ғусл онро пок менамоянд ҷойз аст,дар ғйри ин ҷоиз нест.
Саввум: дар баъзе навъҳои атрҳо, ба миқдори кам ва ё зиёде спирт вуҷуд дорад. Чун спирт яке аз ҷузъҳои асосии шароб аст, бинобар ин наҷис мебошад. Пас бояд аз истифодаи чунин атрҳо худдорӣ намоянд. Бояд гуфт, ки дар бештари мавридҳо рўи шишаҳои атр миқдори фоизи спирти он навишта шудааст. Пас бояд ба ин амр таваҷҷўҳ намуда ва аз ин навъ атр истифода нанамоянд.Аммо фуқаҳои муъосир атрҳоеки дорои спирт ҳастанд истифодаи онро ҷоиз мешуморанд.Зеро маҳз худи спирт шароб нест мегӯянд,ҳангомеки ба спирт об махлут шуд онгоҳ шароб мегардад ва ҳаром мешавад.Аммо агар шароб ба либоси касе рехт либосаш нопок мегардад ҳатман онро бояд бишӯяд чунки ҳаром аст.
САВВУМ – ЗИНАТҲОИ ҲАРОМ
Зинатҳои ҳаром иборат аз чизҳое аст, ки истифодаи онҳо барои зан раво нест ва бояд аз истифода ва анҷом додани онҳо худдорӣ намояд ва ин зинатҳо иборатанд аз:
1.Тарошидани мўи сар
Аз беҳтарин ҷамоли зан мўйи сари вай аст. Аз ин ҷиҳат, шариъати Ислом тарошидани онро манъ намудааст. Ҳатто дар вақти анҷом додани ҳаҷ ва умра, зан фақат ба андозаи як сари ангушт аз сари мўйҳои худро кўтоҳ менамояд. Ин, ки тарошидани мўйи сарро зинат номидем, асосаш назари он гурўҳ аз занҳое, аст, ки ин корро аз рўй пайравӣ ба дигарон зинат медонанд, вагарна ин кор дар ҳақиқат ва сабаби бадшаклӣ ва безебии зан мунҷар мешавад.
2.Пўшидани мўйи худсоз
Баъзе аз занҳо мўйҳояшон сиёҳ аст ва ҳавас мекунад, ки мўйҳои зард дошта бошанд ва ё мўйҳояшон зард аст ва мехоҳанд мўйҳои сиёҳ ва ё ҳар ранги дигаре дошта бошанд ва ё мўйҳояшон заъиф ва кам аст ва мехоҳад мўйҳои қавӣ ва бисёртар дошта бошанд, аз ин ҷиҳат аз мўйҳои худсохт истифода менамоянд. Сабаби истифодаи мўйи худсохт ҳарчи, ки бошад, бино ба каломи равшани ҳадиси набавӣ пўшидани он ҳаром аст. Вале агар зане мўйи сараш рафта бошад, барои он, ки мавриди масхараи дигар занҳо қарор нагирад, аз рўи зарурат метавонад аз мўйи худсохт истифода намояд.
3. Кандани хол ё хол куби(татуйровка)
Баъзе аз мардум одат доранд, ки бар рўй ва ё дасти духтар дар ҳангоми кўдакиаш хол мемонанд, то ба гумони худ сабаби зебоии ин духтар гарданд. Дар ҳоле, ки чунин холҳои сунъӣ на танҳо сабаби зебоии зан намегарданд, балки зебоии он тифлро низ аз байн мебаранд. Паёмбари Худо (с) аз холкўбӣ манъ фармуда ва касонеро, ки ба чунин амале даст мезананд, лаънат кардаанд.Ҳоло баъзе аз духтарон ба татуировка дар баданҳояшон мисли занони ғарби ва ё руси тақлид мекунанд,ки ин ҳамон холкуби аст ва ин гурӯҳ аз занҳо зери лаънат қарор мегиранд.Рӯзи қиёмат он татуйировкаро бо анбурҳои оташин мекананд тибқи гуфти ҳадис,аз ин амал шадидан худдори намоед.
4. Тарошидани дандонҳо
Баъзе аз занҳо бе зарурат фақат ба хотири «мўд» ва талаби зебоӣ дандонҳои худро тарошида ва борик менамоянд. Чунин амале дар шариъат раво набуда ва ҳаром аст. Вале агар дандон аз ҳадди маъмулӣ калонтар буда ва ё каҷ ва бадшакл бошад ва ё кирм хўрда ва сиёҳ бошад, дар ин сурат тарошидан ва ё пур кардани он ҷиҳати муъолиҷа раво буда ва боке надорад, инчунин гузоштани дандонҳои тиллоӣ дар ҳолатҳои зарурӣ, ки эҳтиёҷ дошта бошад, равост, вале дандонҳои солими худро иваз ба тилло намояд, барои зебоӣ он низ ҳаром аст.
5. Чиндани мўйи рўй (абрў)
Чиндани мўйе, ки ба шакли оддӣ дар рўи зан вуҷуд дорад, раво нест, вале агар мўйи ғайриоддӣ бар рўй зан рўйда бошад, масалан монанди риш ва ё мўйлаби мардон чиданаш лозим аст ва Паёмбари Худо (с) занҳоеро, ки мўйро аз рўи худ (чидани абрў) ва ё дигарон мекананд, лаънат кардаанд. Вале баъзе аз уламо ҳадисҳоеро, ки аз чидани мўй манъ мекунад, таъвил намуда ва дар натиҷа кандани мўйро бо шартҳое ҷоиз медонад.
Аз он ҷумла Абулфараҷи Ҷавзӣ (р) дар китоби худ «Аҳкомуннисо» (саҳ:249-255) ҳадисҳоеро, ки далолат бар ҳаром будани чиндани мўй дорад, зикр намуда ва дар охир мегўяд:
«Зоҳиран ин ҳадисҳо далолат бар ҳаром будани ин чизҳо: кандани мўй аз рўй, истифода аз мўи худсоз ва холкўбӣ дорад ва ин ҳамон назаре аст, ки аз Ибни Масъуд (р) ривоят намуда аст, вале эҳтимол дорад, ки маънои ин ҳадисҳо яке аз ин се чиз бошад:
а) Ин, ки ин корҳо шиъори занҳои фоҳиша буда ва мақсуд аз ин ҳадисҳо ҳамон занҳо бошанд;
б) Ин, ки ин корҳо ба ҷиҳати фиреб додани мард анҷом пазирад, ки дар ин ҳолат ҷоиз нест;
в) Ин, ки ҳаром будани ин корҳо ба сабаби тағйири офариниши Худо бошад, монанди холкўбӣ, ки сабаби азият ва дард барои даст мегардад».
Баъд аз он аз Шайхи худ Ибни Муборак Анмотӣ ривоят мекунад, ки гуфтааст: «Агар зан мўйи рўй худро барои шавҳараш баъд аз ин, ки ўро дида бошад, бигирад, боке надорад ва агар пеш аз диданаш бошад, раво нест, зеро ин кор сабаби фиреб хўрдани шавҳараш мегардад». Дар охир ҳадисҳоеро дар тақвияти ин назария (яъне ҷоиз будани чиндани мўй) зикр менамояд ва аз он ҷумла мегўяд:
«Аз Бикра – духтари Ақаба ривоят аст, ки назди Оиша (р) рафт ва аз вай нисбат ба ҳукми истифодаи ҳино пурсид. Оиша (р) дар ҷавобаш гуфт: ҳино аз дарахти поке аст, ки бо оби пок омехта шудааст. Баъд аз он аз вай дар бораи гирифтани мўй пурсид. Оиша (р) барояш гуфт: агар шавҳар доштӣ ва тавонистӣ, ки ду чашматро кашида ва ба ҷои онҳо ду чашми беҳтареро бигузорӣ, он корро бикун».
Гарчи аз маҷмўъи назари Имом Ҷавзӣ (р) ин тавр дониста мешавад, ки зан метавонад мўйи рўй ва абрўи худро бигирад, вале парҳез кардан аз он беҳтар ва ба эҳтиёт наздиктар аст, зеро ҳадисҳои манъ аз ин кор қавитар ва сареҳтаранд.Худи ман мухолифи чидани абрувони занон ҳастам зеро ҳадисе дар ин боб омадааст барои манъаш сареҳ ва ошкор аст.Агарчӣ баъзе фуқаҳои муъосир инро ҷоиз медонанд.Истидлолашон бароям писанд ва муътамад нест,худдори намудан аз чидани абрувон ҳатмист.
6. Ҷарроҳии ороишӣ
Ҷарроҳи ороишӣ (пластикӣ) иборат аз тағйири шакл ва ё аз байн бурдани печухамҳое аст, ки аз гузашти умр бар рўй инсон намоён мегардад. Чунин амале ҷоиз набуда ва шаръан ҳаром аст. Вале агар бар рўй ва ё ҳар ҷои дигаре аз ҷисми зан, гўшти зиёдатӣ ва ё каҷие вуҷуд дошта бошад, ҷарроҳӣ кардан ва аз байн бурдани он, на танҳо раво мебошад, балки мустаҳаб низ ҳаст.Аммо ин ҷарроҳии зебогиеки духтарону занони имрӯзи мехоҳанд анҷом диҳанд кандани қабурға барои зебо шудани андом,росту намедонам дигар кардани бинӣ,дигаргӯн сохтани сина ва амсоли инҳо комилан мамнуъ аст.Инҳо барои муъолиҷа набуда ҳам зарар бар ҷисми инсон ва ҳам тағйири халқуллоҳ аст.
7. Пароканда сохтани мўй
Тавре ки пештар гуфтем, зан бояд мўйи сари худро шона зада ва ба тартиб оварад, вале набояд мўйи худро ба василаи баъзе доруҳо ва дигар воситаҳо пароканда намуда ва ба шакли гунбад ва ё кўҳони шутур дароварда ва Паёмбари Худо (с) фармудаанд, ки чунин занҳо бўи ҷаннатро намеёбанд.
Чанд тазаккур:
а) Ҳар он коре, ки аз зинати ҳаром ҳисоб гардида ва анҷом додани он барои зан раво нест, барои касе, ки он амалро бар он зан анҷом медиҳад, низ раво нест ва ҳар ду тараф дар ин гуноҳ шарик мебошанд;
б) Агар шавҳар ҳамсарашро ба чунин корҳое амр мекунад, ба илова он, ки бар вай гуноҳ аст, бар ҳамсараш низ лозим нест, дар чунин корҳое аз вай итоъат намояд, зеро итоъат аз махлуқ дар коре, ки дар анҷоми он маъсияти холиқ аст, ҷоиз нест.
Хонумҳои гиромӣ аҳамият диҳед ончӣ гуфта шуд бисёр хулоса баён намудам умед аст нукоти муҳимашро барои худ гирифтед.