Зиндагиномаи Имом Муҳаммад ибни Алии Шавконӣ
Бахши дуввум
Имом Шавконӣ қозии кулли Яман интихоб гардид
Ӯ сурати дурахшоне барои қабули қазо аз худ гузошт, ки худи ӯ мутобиқ гашта буд. Аз он ҷумла:
– Ӯ барои мансаб саъйи накарда буд.
– Ӯ аз касе кўмак наталабида буд, то ин масабро гирад.
– Ӯ лоиқу сазовори ин мансаб буд.
– Ӯ муҷтаҳид буд.
– Ӯ аз роҳи мансаб молу ҷоҳу шуҳрат намехост.
-Ӯ дар таърих ягона қозии Аҳли Суннат дар ҳукумати Зайдиҳо интихоб гардида буд
-Ӯ ин вазифаро барои ислоҳи он сарзамин ва даъват намуданашон ба исломи воқеъӣ пазируфт.
-Ӯ таҳавуллотеро дар кишвар рӯй даст гирифт,ки таърих монандашро дар худ надошта буд.
-Ӯ ҳокими давлатро машварат медод ва ҳоким бо машвараташ амал мекард.
-Ӯ дар ин мансаб ҳатто дар асос гузоштани давлати Саъудӣ саҳим буд.Барои маҳви ширку хурофот муслиҳини ҷадиди сари кор омада бо ҳидоёти ӯ сарзамини ҳиҷозро аз ҳама ширку хурофот тоза намуданд.
-Ӯ дар ин мансаб тарҳҳоеро таҳдобрезӣ намуд,ки уммат,то ба ҳол аз он тарҳҳо касби файз менамоянд.
-Ӯ як қозии ҳирфаӣ, олими шариъати асил ва сиёсатмадорӣ асри худ буд,ки исломи сиёсиро барои наслҳои баъдӣ ба армуғон гузошт.
-Чаро онҳоеки худро пайрави салафи солеҳ меноманд аз ӯ дарси ибрат намегиранд?
-Чаро дар ин асри имрӯз онҳоеки ба ин мансаби волои шаръи мерасанд баҷои хидмат ба ин дин хиёнат мекунанд?
Муддати тулоние дар ин мансаб боқӣ монд ва намунаи олие барои дигарон дар мансаби қазо гардид.
Муаллифоти Имом Шавконӣ
Муаллифоти Имом Шавконӣ ба ду қисм ҷудо мешавад:
1- Муаллафоти табъшуда;
2- Муаллафонти Махтута.
Аввалан: Муаллафоти матбуъа ё чоп шуда
- Итофут-акобир би-иснодид-дафотир (т-1214 ҳиҷрӣ).
- Иршодус-сиқот ило итқониш-шароиъи алат-тавҳиди вал-миъоди ван-нубувва (дар соли 1231 чун радд ба хабис Мусо ибни Маймуни андалусии яҳудии зиндиқ таълиф шудааст).
- «Иршодул-фуҳул-ило таҳқиқи-ҳақ мин илмил-усул» (т-1231).
- «Ал-бадрут-толеъ бимаҳосини ман баъдал- қарнис-собиъ» (т-1213).
- «Ат-туҳфа фил-иршод ило мазҳабис-салаф:» Ин ҷавоби суолест аз уламои Макка ба ӯ дар бораи ақидаи салаф ворид шудааст.
- «Туҳфатуз-Закирин биъуддатил-ҳиснил-ҳасан мин каломи Сайидил-мурсалин».
- «Танбиҳул-Афозил ало мо вурида фи зиёдатил-умури ва нуқсониҳи минад-далоил».
- «Танбиҳул-аълом ало тафсирил-муштабиҳоти байнал-ҳалоли вал-ҳаром».
- «Аддуррун-Назид фи ихлоси калиматит-тавҳид».
- «Ад-дурарул-Баҳийя фил- масоилил-фиқҳия».
- «Ад-дарориюл-музиа шарҳи Ад-Дурарул-Баҳия».
- «Ад-давоул-оҷил фи дафъил-Адувис-Соил».
- «Рафъур-рйбати аммо яҷузу ва мо ло яҷузу минал-ғйбати».
- «Ас-сайлул-ҷаррорул-мутадаффиқ ало ҳадииқул-азҳор».
- «Шарҳус-судури битаҳрими рафъил-қубур».
- «Ал-иқдус-самин фи исботи висояти амирул-мўъминин».
- «Ал-фавоидул-маҷмуъа фил-аҳодисил-мавзуъа».
- «Ал-қавлул-муфид фи адиллатин-иҷтиҳоди ват-тақлид».
- «Адабут-талаби ва мунтаҳал-араб».
- «Уманоуш-шариъа».
- «Иршодус- соил ило далоилил-масоил».
- «Ал-мискул-фоиҳ фи ҳаттил-ҳавоиҷ».
- «Ибтолу даъвал-иҷмиоъ фи таҳрим мутлақис-самоъ».
- «Ишколус-соли ило тафсири: вал-қамара қаддарноҳу манозил».
- «Ал-иҷоҳу лимаънат тавбати вал-ислоҳ».
- «Ал- иълом бил-машоихил-аълом ват-таломизатил-киром».
- «Фатҳул-қадир ал-ҷомиъу байна фаннир-ривояти вад-дирояти мин илмит-тафсир».
- «Қатрул-вали ало ҳадисил-вали».
- «Ҷавобу суолин ан нуктатит-такрор фи қавлиҳи таъоло: {قل إني أمرت أن أعبد الله}.11-12:».
- «Ҷавобун ан суолин: Кайфа аннал фоа фи қавлиҳи таъоло: (فانظر إلى طعامك .)».
- «Ҷавобу суолин анис- сабри вал-ҳилми ҳалҳумо муталозимони ам ло».
- «Уқудуз забарҷади фи ҷайиди масоили аломати заммад».
- «Нузулу-ман иттақо бикашфи аҳволил-мунтақо».(бо чунин исм чанд муаллифи дигарҳам китоб доранд)
- «Ҷавобу суолин ятаалақу бимоварада фил-ҳиҷр».
- «Баҳсун фи анна иҷобатад-дуъои ло юнофи сабқал-қазо».
- «Баҳсун фил- истидлоли ало кароматил-авлиё».
- «Баҳсун фи вуҷуби муҳиб-батиллоҳ».
- Ин муаллифотест, ки дар Яман ва Ҳайдарободи Ҳинд батабъ расидааст. Бештари ин муаллафот дар Миср ба табъ расидаанд.Агарчӣ таълифоти Имом Шавконӣ марзҳоро намешиносанд ва ҳеҷ китобхонаи илмие нест дар олам,ки аз кутуби ӯ дар он набошад.
Дуввум: Мусаннафоти мактуъа
Ба 240-адад расидааст ва маҷол барои махтутоти дигар кушодааст. Худованд Шавкониро ҷазои нек диҳад.
Устодони Имом Шавконӣ ва илмҳоеки, ки назди онҳо хондааст
Имом Шавконӣ дар шаҳри Санъо пойтахти Яман сукунат дошт. Аз қадим Санъо ба илму уламо шуҳрат дошту ҳамеша дар сабқат буду кушиш менамуд дар ин ҷода аз дигар марокизи арабӣ сабқат ҷўяд. Ҳалқаҳои илмии дар маконҳои гардиҳамоии мардум доир мегашт мисли масҷидҳо ва мадрасаҳо. Тадрисро дар ин ҳалқаҳо устодони мутахассис дар улуми мухталиф ба душ мегирифтанд. Ҳамаи ин дар доираи мазҳаби давлати, мазҳаби Зайдия буд.
Аз саъодати Шавконӣ буд, ки дар хурдсоли падари донишманде ёфт. Илмомузиро назди ў оғоз намуда баъд аз он барои идомаи таҳсил ўро назди дигар уламо фиристод, ки эшон мутахассиси соҳаҳои гуногуни илм буданд. Адади устодону машоихи ў ба ҳабдаҳ расид:
Чунонеки дар тарҷумаи ҳолаш хондам Имом Шавконӣ,то сини 30 солагӣ ва вафоти падараш мулозимати ӯро мекарданд.Дар наздашон таҳсили илмро фаро гирифтааанд.Агарчӣ назди уламои замонаш таҳсил менамуданд аммо то соли 1211 ҳ.қ падарашонро мулозимат мекардаанд.Пас аз инки дар ин сол падарашон аз дунё гузаштанд ба ҳалқаҳои илмии дигар устодон бештар ташриф мебурданд.
- Олим Аҳмад ибни Омири Ҳадоси: назди ў китоби «Азҳор»(الأزهار) ва шарҳи онро ду маротиба хонд ва «Фароизро» низ ду маротиба хонд.
- Исмоил ибни Ҳасан ибни Аҳмад ибни Имом Қосим ибни Муҳаммад. Назди ў «Мулҳатул-иъроб» ва шарҳи онро дар илми сарфу маъони ва баён хондааст.
- Олим Абдулқодир ибни Аҳмади Кавкабонӣ. Назди ў усули фиқҳ, усули дин ва баъзе китобҳои фиқҳии дигарро хонд. Бисёре аз китобҳоро аз ин устодаш шунидааст: монанди Саҳеҳи Муслим, Сунани Тирмизӣ, баъзе аз Муваттаи Имом Молик (раҳ), Саҳеҳи Бухорӣ ва дигар китобҳоро фаро гирифтааст.
- Қозӣ Абдурраҳмон ибни Ҳасани Акваъ. Назди ў аввалҳои «Шифо»-и амир Ҳусайнро хондааст.
- Аллома Ҳасан ибни Исмоили Мағрибӣ. Баъзе аз рисолаи шамси, Ҳошия ўро ба шариф ва ҳошияи Саъд ва ғайраро назди ў хондааст. Назди ў шарҳи Булуғул-Маромро хондааст. Гуфтаанд: Шавконӣ ба ин олим дар тақвияи ҳаёти рўҳияш хеле мутаассир шудааст. Инчунин дар рӯй овардан ба пайрави аз салаф ў ва хостан дар таълим ва тааллум хеле зери таъсири ў рафтааст. Шавконӣ дар бораи ў гуфтааст: «ў аз зумраи уламоест, ки чун эшонро бини Худовандро ба ёд ори».
- Аллома Алӣ ибни Иброҳим ибни Аҳмад ибни Омир. Назди ў саҳиҳи Бухориро аз аввал, то охир шунидааст.
- Аллома Қосим ибни Яҳёи Хавлони. Назди ў Кофия ва шарҳи онро (наҳв) ва дигар китобҳоро дар мантиқ хонда аст.
- Назди падараш шарҳи Азҳор ва дигар китобҳоро хонда аст. Падарашон аз ҷумлаи донишмандони бузург будааст. Шавконӣ дар васфи ў гуфтааст. Дар ҳақиқат ў аз авлиёҳои Худост, хело марди мушфиқ ва нармдилу парҳезкоре буд, кўмакҳояшро ба Шавконӣ дар талаби илм зикр намудааст.
- Аллома Абдурраҳмон ибни Қосими Мадоинӣ. Назди ў шарҳи Азҳорро хондааст.
- Аллома Абдуллоҳ ибни Исмоил Наҳвӣ. Чанд китоб дар илми наҳв ва сарф назди ў хондааст.
- Олиму Ориф ибни Муҳаммади Ҳавши. Илми фароиз ва васият ва мисоҳа ва тариқаи ибни Ҳойимро дар муносаха назди ў хондааст.
- Аллома Аҳмад ибни Ҳарози. Баёни ибни Музаффар ва шарҳи назири ва ҳавошии онро назди ин олим хондааст. Шавконӣ назди ин донишманд муддати сездаҳ сол таълим гирифта дар масоили фиқҳ хеле аз ў истифода намудааст.
- Аллома Алӣ ибни Ҳоди,назди ў баъзе аз шарҳи талхиси Тафтазони ва дигар китобҳоро хонда дар васфи ў ва маконати иҷтимоъияш гуфтааст: «ў ғайри муқаллид аст ва дар ҳар он чи аз масоил ибодат ва ғайра эҳтиёҷ пайдо мекунад иҷтиҳод мекунад». Имом мансур биллоҳ ўро дар минтақаи Равза ба мансаби қазо таъйин кард. Баъд аз он ки Шавконӣ ба мансаби қозигии диёри Яман нишаст устоди худро ба мансаби қазо ва тадрис дар Кавкон таъйин намуд.
- Аллома Ҳоди ибни Ҳусайни қори. Шарҳи Ал-Ҷазария(الجزرية китоби Аллома Абулхайр Алҷазарӣ(раҳ) ро назди ў хондаас.
- Аллома Юсуф ибни Муҳаммад ибни Ало ал-музҷоҷӣ. Соли 1207 ҳиҷрӣ ба Санъо омад, аз Шавконӣ аҳодисро шунид ва ў Шавкониро барои ривояти ҳадис иҷозат дод.
- Аллома Аҳмад ибни Муҳммад ибни Аҳмад ибни Мазҳар Алқобил. Шавконӣ назди ин олим сездаҳ сол истода китобҳои зиёдеро хонд.
- Абдуллоҳ ибни Ҳасан ибни Алӣ ибни Ҳасан: Шавконӣ шарҳи Ҷомиро пурра назди ў омухтааст.
Шогирдони Имом Шавконӣ
Адади шогирдони Имом ба садҳо мерасад. Ҳамаи он ба мансабҳои олии қазову ифто ва тадрис расидаанд. Бо зикри баъзе аз эшон иктифо мекунем.
1.) Аҳмад ибни Ҳусайн Ал-Ваззонӣ Ас-Санъони: Дар ҳалқаҳои Имом Шавконӣ дар ҷомеъи кабири Санъо талаби илм намуда дар илми ҳадис хеле маҳорат пайдо намуда буд.
2.) Аҳмад ибни Зайд Ал-Кабси Ас-Санъонӣ: Тамоми улуми диниро назди Имом хонда дар илмҳое, ки ба фаҳми дақиқи тафсиру ҳадис мерасонад хеле маҳорат ёфта буд.
3.) Қозӣ Аллома Ҳусайн ибни Қосими Муҷоҳид: Илми ҳадис ва усул ва қиратро назди Имом хондааст.
4.) Ҳасан ибни Аҳмад ибни Юсуф Ар-Рубоъӣ Ас-Санъонӣ: Шавконӣ дар бораи ў гуфтааст: «ў аз зумраи аъён ва аз аҳли ирфон ва аз хомилони илм аст».
5.) Қозӣ Аллома Ҳусайн ибни Муҳаммад ибни Абдуллоҳи Ансӣ Санъони Кавкабонӣ: Соли 1235 ҳиҷрӣ ҳокими минтақаи Зобид таъин гардид.
6.) Аллома Исмоил ибни Иброҳим ибни Ҳасан ибни Юсуф ибни имом Маҳди Муҳаммад ибни Ҳасан ибни Имом Қосим. Зиёда аз чиҳил сол мулозими Имом Шавконӣ буд. Имом мегуяд: дар ин муддати чиҳил сол ҳеҷ амале ки мухолифи ахлоқи ҳасана бошад аз ў надидам.
7.) Аллома Алӣ Абдуллоҳи Ҳаймӣ. Ҳокими минтақаи «Луҳия» таъин гардида баъди зуҳури фитна ба Санъо баргашта талаби илмро идома дод.
8.) Имом Аббос ибни Абдурраҳмони Ал-Шаҳорӣ: Уламо ба Имомати ӯ дар санъо байъат намуданд.Дар 24 раҷаби соли 1226 ва соли 1298 аз олам мегузарад.
Ба зикри ин ҳашт шогирдаш иктифо менамоем,субҳоналлоҳ ҳангомеки листи шогирдони Имом Шавконӣ (раҳ)ро мехондам аксаран қозӣ,муфтӣ ва уламои боризе тарбият намудааст.Аллоҳ аз имом розӣ ва хушнуд бод хело заҳматҳое кашида аст дар таълим ва омӯзиш дар асри худаш.
Санои уламо ба Имом Шавконӣ
Қабл аз инки ба санои уламо бипардозам барои хонанда ҳаминро мегӯям.Онҳоеки толибилманд ва забони арабиро медонанд китобҳои Имом Шавкониро мутолеъа намоед ва аз онҳо истифода намоед.Ончунон дар таълиф маҳорат доштаанд,ки шахсе китобашро ба хондан шурӯъ намояд,то онро ба охир нарасонад намегузорад.То имрӯз нӯҳ китобашро хондаам, як ҷаҳони маънӣ аз онҳо бардошт намудаам.
Имом Шавконӣ бидуни шак муҳаддиси асри 13-ҳиҷрӣ ба ҳисоб меравад. Хусусан китоби ў «Найлул-Автор» ки шомили фиқҳи ҳадис ва улуми он аст шоҳиди гуфтаҳои болост.
– Каҳҳола дар муъҷамул-муаллифин дар бораи Имом Шавконӣ гуфтааст: «ӯ яъне Шавконӣ муфассир, муҳаддис, фақеҳ, усулӣ, муаррих, адиб, наҳвӣ, мантиқӣ ва ҳоким ва ғайра аст. Таснифоти ӯ дар ҳоли дар қайди ҳаёт буданаш интишор ёфтанд ва баъд аз вафоташ мардум аз онҳо истифода бурда ва то ба ҳол бурда истодаанд. Тафсири ў «Фатҳул-Қадир» ва «Найлул-Автор» дар фиқҳ аз беҳтарин китобҳои ў мебошанд».
– Лутф ибни Аҳмади Ҷиҳоф гуфтааст: «Шавконӣ моҳиртарин шахс дар ҳифзи матнҳои ҳадис ва донотарин шахс ба ҳолати аҳодис ва асноди он аст. Устодону ҳамсабақони ӯ инро эътироф мекунанд».
– Иброҳими Ҳарсӣ гуфтааст: «Шавконӣ зиъим ё роҳбари муфассирин аст. Ӯ шунидаҳои худро ҷамъ намуда тасниф намуд ва фатво дод ва фатвои ӯ дар сар то сари олами ислом нашр шуд. Ӯ дар илми ҳадису тафсир ва усулу фиқҳу таърих ва маърифати риҷол ва асонид ба раёсат расида буд».
– Дуктур Муҳаммад Ҳасани Ғаморӣ соҳиби китоби «Имом Шавконӣ муфассир» гуфтааст: «Шавконӣ нишонае аз нишонаҳои фикри исломист. Аз зумраи касонест, ки саҳми бузурге дар фикри исломӣ ва тавҷиҳи он, дар масири дуруст онро гузоштаанд. Инчунин аз ҷумлаи касонеаст, ки бо таълифоти бешумори худ дар усули мухталиф саҳми чашмрасу босазое гузоштааст».
Баъд аз он ба санои худ идома дода мегўяд: «Дар байни амвоҷи ин ҳаёт, ки саропои он илму фанни гуногун буд Имом Шавконӣ бо касби эҳтирому тақдири хосае аз тарафи табақаҳои гуногуни мардум дур аз рифоҳияту роҳат дар ҳаёт зиндагони намуда назди даргоҳи амире нарафт ва барои ҳоҷате аз ҳоҷатҳои дунё гардан наниҳод. Ў рағбати зиёде ба ҳамнишинии уламо дошт. Дар ғурури ҷавонияш ба мансаби қазо мубтало шуд. Чун лоиқу сазовори ин мансаб буд муддате, ки қазоро ба душ дошт аз вазифа сабукдуш нашуд, балки рўз то рўз собитқадам мешуд».
Имом Шавконӣ ҷойгоҳи бузурге касб намуда буд, ки донишмандони бузург онро барояш эътироф мекарданд ва ҳатто бузургсолон аз мушкилоти илмӣ ӯро мепурсиданд.
Вафоти Имом Шавконӣ
Имом Шавконӣ рисолати худро анҷом дод. Ў дар авҷи нишоти даъвату таблиғ ва тадрис буд ва тамоми нерўи худро барои он сарф мекард, локин аҷал фаро расид ва нидои ҳақ баланд шуд. Пас ҷавоби нидои ҳақ ҳатмист.
Имом Шавконӣ (р) дар шаҳри Санъо пойтахти Яман дар моҳи Ҷимодул-охири соли 1250-ҳиҷрӣ мутобиқ бо 1834 мелодӣ дар синни ҳафтоду шаш солагиву ҳафтмоҳагӣ дар шаби чаҳоршанбе вафот намуданд,дақиқан 189 сол қабл аз имсол. Ӯро дар мақбараи Хузайма дар Санъо ба хок супориданд. Намози ҷанозаи ўро дар масҷиди ҷомеъи Кабири Санъо гузориданд. Худованд ўро ғарқи раҳмат намояд.Умеддорам тавониста бошам бароятон ин шахсияти варзидаи асри 19-ро муаррифи намуда бошам.
Муҳаммадиқболи Садриддин
Сарчашмаҳои Истифода шуда:
1.) Имом Аш-Шавконӣ ҳаётуҳу ва фикруҳу. (Доктор.Абдулғанӣ Қосим Ғолиб Ал-Шарҷаӣ муассисат Алрисолат Бейрут,китоб санаи нашр надорад.)
2.) Фи тарбияти Ал-исломия (Доктор.Абдулғанӣ Алаббуд қоҳира 1977)
3.) Имом Муҳаммад бин Алӣ Ал-Шавконӣ адибан, шоиран (Аҳмад бин Ҳофиз Ал-Ҳакамӣ,матобиъ Алаҳлӣ Риёз 1979)
4.) Зуъамоъул Ислоҳ фи асрил Ҳадис.(Аҳмад Амин мактабат Ал-наҳзат Қоҳира 1979)