Зодрӯзи манфуртарин фарди торих

Ислоҳ нет

Арзи таслияти Муҳаммадиқболи Садриддин,сардабири пойгоҳи таҳлиливу сиёсии “Ислоҳ.нет” ба Президент ва мардуми шарифи Тоҷикистон бахшида ба рӯзи таваллуди Э.Раҳмонов

 

Бисмиллоҳир-раҳмони раҳим!

 

                                                                 Ҳамватанони азиз!

Имрӯз, 5 октябр рӯзи таваллуди Эмомалӣ Раҳмонов аст, ки чанд рӯзи пас, боз барои 7соли дигар дар сари ҳокимияти Тоҷикистон қарор мегирад. 69 сола мешавад. Ин мӯсафеди кайҳо пенсионер, ки 28 сол мешавад ҳокимият дар мамлакатро қабза кардааст, ният ва нақшаи бознишаста шудан, рафтан аз ҳокимият, сар ба саҷда ниҳодан, тавбаву надомат кардан, рӯ ба сӯи Худо оварданро тамоман надорад. На чашмаш сер мешавад ва на нафсаш ором мегирад.

Ҳамватанони азиз!

Имрӯз он нафаре, ки 28 соли қабл касе набуд, ҳамагӣ раиси як совхози ақибмондаи Данғара буд ва ёдатон ҳаст, ки дар ҳамон Иҷлосияи сарнавиштсӯзи миллат дар Хуҷанд мегуфт ба ҷуз аз як бародари тракторчӣ касе надорад ва дар авлодаш каси дипломдор нест, ҳоло ба чи ҷойгоҳу мақоме даст ёфтааст. Нафаре, ки ширу ҷурғотро якҷоя карда мехӯрд, тухми мурғро ба бухгалтер пора бурда буд, ки кораш гиранд, донишгоҳро дар сӣ солагиаш ва он ҳам ғоибона ва бо як азобу машаққат ва бар ивази пистаи Данғара ба анҷом расонида буд, имрӯз чӣ давру давроне дорад?

                                                      Ҳамватанони азиз!

Имрӯз, он нафаре,ки ба ҷуз аз тракторчӣ касе надошт, бубинед чи  қавму қабила кардааст. ”Размножат”-ки ин шудаастро ҳеҷ як олими биологу зоолог сарфаро намеравад: Аз Рустаму Озода бигӯем, аз Ҳасану Таҳмина бигӯем, аз Ҷамолиддину Муҳибби “номард бошаму зинда бошам” бигӯем, аз Бег Сабуру Зарина бигӯем”…..аз…..аз….тамом намешавад.  Яъҷуҷу маъҷуҷе,ки ке аз аломатҳои куброи қиёматро мо миллати Тоҷик қабл аз вуқуъи он дар ин аоила дида истодем.  Шумо дар ҳар куҷое аз навоҳии кишвар бошед, бубинед, ки сардори шӯъбаи милиса, ё прокурор ва ё КГБ ва ё Агентии мубориза бо коррупсия…. ҳамагӣ аз қавму маҳаллу қабилаӣ кист? Вазоратҳоро нигаред, кумитаҳоро, ноҳияҳо, шаҳрҳо, вилоёт ва ҳатто коллеҷу донишгоҳҳо….. инҷо ҳам беохир. Ҳеҷ касе аз олу уруқаш намондааст, ки вазифае мансабе надошта бошад. Бачаҳои худаш, бачаҳои акаи трактористаш, бачаҳои хоҳарҳояш, бачаҳои хусуру хусурбурдаю қайсингилу ҳевару… хуллас….қавми поличи сарбараҳна, ҳамагӣ дар мақому вазифаву мансаб қарор доранду саманди қудрат дар қабзаи ин оила мебошад.

Ҳамватанони азиз!

Имрӯз он нафаре, ки 69 сола мешавад кишварро ба чи ҳоли табоҳе расонидааст  Фалокат, ки як кори ногаҳонӣ ва нохоста аст ва ҳамин тавр офат ва фоҷеа ва мусибат. Аммо ин ки ин фалокат 28 сол аст идома дорад боз идома ёфтанист. Дар ин махсусан як соли ахир ин қадар маводу матолибе аз дохили Идораҳои худи ин ҳокимияти диктотурӣ ва аз мардуми кишвар ба дасти “Ислоҳ.нет” расид ва шумо шоҳидед, ки онҳо нашр шуда ва аз мавориди коррупсия ва аъмоли ҷиноии мақомдорону масъулони сатҳи болову миёнаи кишвар ҳикоят мекарданд, ки сарнах ва ё сарришати он ҳатмани ҳатман мерафту мерасид ба яке аз инҳо: ё Рустам, ё Озода, ё Ҷамолиддин ё Таҳмина ва ё…ё…ё. ва ин ё ёҳо ҳам ҳоло беохир. Ҳатто ба Раҳматуллои хусурбачаи дар Чапаеви Ҷалолиддини Балхӣ (Колхозободи собиқ) ва ё Муроди телехи ӯ. Инҳо соҳибмансабону соҳибмақомоне ҳастанд, ки бар фарзи мисол масъули кумитаи замин дар Масчо, Исфара, Ашт, Рашт, Кулоб, Ҳисор, Шаҳринав…..хулоса тамоми навоҳиву шаҳри мамлакатро, ки ба фурӯши ғайриқонунии замин машғуланд, ”кришават” мекунанд. Маблағи калон мегиранду имконият ва шароити дуздиву ғорати мардумро барои онҳо мусоид месозанд. Ҳамин дирӯз матлаби моро дар бораи пулҳои барои мурдаи муҳоҷирон ҷудошуда ва мурдахӯрон ва инки дар пушти ӯ домоди Раҳмон меистад, хондед. Ин ду намуна аз ҳазорон намунаи саросарии кишвар аст. Кишварро дар бодлохи дуздиву фасоду ғорат мубаддал кард. Ҳоло суол ин аст ки ин чӣ давлатдорӣ ва ин чи раёсати ҷумҳурӣ ва ин чи ҳокимият аст? Ин чунин маъно дорад, ки Раҳмонов Эмомалӣ ва фарзандонашу домодҳояшу ҳаммаҳаллаҳояш, ки тамоми идораи кишварро дар даст гирифтаанл, худашон дуздҳову ғоратгарҳоро пуштибонӣ мекунад ва ин худашон ДУЗДҲОИ КАЛОН ҳастанд.

Ҳамватанони азиз!

Имрӯз рӯзи таваллуди Эмомалӣ Раҳмонов аст. Эмомалӣ Раҳмонов, ки гуфтам ҳоло боз ҳам талош дорад, ки дар қудрат бимонад. Нафаре, ки дари масоҷидро бубаст, хонаи худоро ба тарабхона ва ҷойи арақхӯрӣ ва зинокорӣ бадал кард, нафаре, ки муқобили дини мо баромадааст, нафаре,ки сатрро манъ, ришро манъ ва таълимоти диниро манъ кардааст, боз ҳам мехоҳад дар сари қудрат бимонад. Нафаре, ки аслан ва абадан бо ин миллат набуд, балки савори тонкҳои Узбакистон ва бо ёрдами наёмникҳои Русия муқобили миллат ва дини миллат ва рушанфикрони миллат ҷанг карда қудратро гирифта буд.

Ҳамватанони азиз!

Махсусан аҳли илму адаб ва зиёиёни кишвар! Ва, бахусус домуллову муллоҳо! Нафареро, ки қадам ба қадамаш барои нобудии ин миллат барои нобудии забону фарҳангу урфу русуми ин миллат саъйи ва талош дорад ситоиш накунед. Раҳмонов ва тоифаи ҳамроҳи вай ба ҷуз аз қаламрави ишками худ барои боқии кишвар коре надоранд.

 

Мефурӯшанду фурӯхтанд. Огоҳ бошед, ки Ватан ва мамлакати мову шуморо, давлат ва мардуми мову шуморо як тӯда ва як шайка ва як бонди мофиозӣ идора ва мудирият карда истодааст, ки дар раъси он ДУЗДИ ДУЗДОН Эмомалӣ Раҳмонов қарор дорад. Ин дузди дуздон, ки 28 сол қудратро қабза кардааст, имрӯз зодрӯз дорад. Вале зодрӯзи имсолаи он аз зодрӯзҳои солҳои гузаштааш фарқ дорад. Рӯзи таваллуди Эмомалӣ Раҳмонов ин бор дар арафаи интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон доир мешавад. Шумо, ба ин интихобот аслан наравед. Ин интихобот нест. Ин як масқара ва таҳқир ва тавҳин бар миллат аст. Дар шароите, ки коронавируси нав кишварро печонидааст, рафтани шумо баробар ба худкушӣ аст. Раҳмонов омодааст, ки миллат ва мардум қатли омм бишавад, вале вай дар қудрат бимонад.

Ҳамватанони азиз!

Имрӯз, он нафаре рӯзи таваллуд дораду 69 сола мешавад ва дар ин 28 соли раҳбариаш ӯро чи ному алқобе доданду ба чи дараҷаҳое бардоштанд вале зиндагии хонаводаии шумо кадом тағйире ёфт? Рустаму Озода ҳоло яке шахси дуввум ва дигари шахси саввум. Хонаводаи шумо, бачаи шумо, набераи шумо? Ҳамоно муҳоҷир. Солҳо пеш буд, ки ӯро ба Пётри Кабир шабоҳат доданд. Барои қавму қабилааш ҳамин корро кард. “Мужик”-ҳоро ба шаҳр овард. Шаҳрнишин кард. Ному ҷоҳу мақому мансаб дод. Барои онҳо вай Ҷаноби Олӣ ва Пешвову Асосгузор аст. Ва, ҳаминҳоянд, ки мехоҳанд, ки ҳама аз “Исмоили Сомонии сонӣ” бигӯяд ва ҳама аз он гӯяд, ки ин миллати меросбару меросхори Имом Абӯҳанифа,Имом Бухорӣ раҳматуллоҳи алайҳим ва Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, қофиласолори адабиёти порсӣ бо ин ҳама шавкату шаҳомату шукӯҳ дар симои як чупонбачаи маҷҳулуннасаби ба ҳама фаҳмо, Падари миллатро ёфтааст?  Ва, ин падари миллат ҳолоҳоло дорад Бобои миллат шуда истодааст. “Фарзанд”-и содиқи ватан буд, ба Падари миллат табдил ёфт ва имрӯз дигар Бобо шуд. Вале ҳеҷ не ки ин бобо ба нафақа барояд. Таҳмолу қурутобву тезоваву биринҷоба….Ғарм меравад дар пешаш помидору шалғаму бодиринг виставка мекунанд, Ашт меравад дар пешаш помидору шалғаму бодиринг виставка мекунанд, ҳатто хонаҳои одамҳо меравад дар пешаш ҳаминҳоро виставка мекунанд. Ба ҷуз ҳамин хӯрдану чаридан андешаи дигаре надорад. Фалсафаи зиндагиаш, роҳбариаш, раисиаш ҳамин: қурутов, каду шалғам, ҷигорӣ. Воқеан ҳам кас ба андеша меравад. Чаро ин қадар растаниҳоро дӯст медорад ва дӯст медорад, ки ҳамеша дар зери фукаш бошанд….

                                          Ҳамватанони азиз!

Ман Эмомалӣ Раҳмоновро табрик намегӯям, таъзия ва таслият арз мекунам, ба ӯ, ба худам ва ба шумо. Ин рӯз рӯзи мусибат аст, рӯзи накбат аст, рӯзи фоҷеа аст, рӯзи фалокат ва офат аст. Фалокати 28 сола, накбати 28 сола, фоҷеаи 28 сола….боз 7 соли дигар ин фалокатро таҳаммул ва тоқат кардан… даҳшат аст. Мо, албатта, кору пайкорамонро бо ҷиддият, бо риояти қонунҳои мавҷуда ба авну марҳамати Илоҳӣ  идома хоҳем дод. Аммо шумо ҳам дар канор  ҳамчун наззорагар ва фориғбол набошед. Ба хотири наҷоти миллат ва давлати ҷавони Тоҷик ва озодии мардумону қавму милятҳое дар он зиндагонӣ мекунанд бо мо талош намоед. Барои онки фалокат ва мусибат ва офат аз сари мо биравад, бояд бо ҳам бошем. Ҳеҷ касе ин ҳақро аз ману шумо нагирифтаст, ки барои рафъу маҳви офат ва мусибат ва фалокат дасти ба даст бидиҳем ва пайваста талош намоем. Мо, имрӯзро ба унвони Рӯзи мусибат мешиносем, байрақҳо пойин бишавад ва оҳанги мотам танинандоз гардад.

Дар ҳамин дақоиқи поёнии ин таъзиянома як маълумоте аз бародаронамон, ки дар Вазорати дохилӣ кор мекунанд маълумоте расид, ки Гурӯҳи Авангард бо КДАМ ва ВКД нақшае пеш аз интихоботӣ кашидаанд барои ризоият ва хушҳолии Пешвояшонро ба даст овардан ва тамаллуқу хушомад задан ба ӯ: Тамоми донишҷӯёнро маҷбур карда истодаанд, ки ҳам худ ва ҳам аҳли оилаашон ба Раҳмонов овоз диҳанд. Нақшаи асосӣ ва калонашон ин аст ки рӯзҳои наздик як тазоҳуроти сохтаеро ба роҳ андозанд ва ин ҷавон, одамҳои синну соли гуногун ба тазоҳурот пайваста, гирдиҳамоӣ кунанд ба берунҳо бароянд ва аксу тасовири роҳбарону шахсиятҳои матраҳи мухолифинро бисӯзонад ва онҳо хоини миллат садо зананд ва дар муқобил суратҳои Раҳмоновро бар сари даст баланд бардоранд. Ва, ин ҳамаро дар телевизионҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ нишон додан мехоҳанд, ки ана ОБСЕ ва ё кадом созмону ташкилоту давлатҳои дигар, ки Раҳмоновро диктотур мегӯед, бубинед, ки халқ бо кӣ аст ва киро тарафдорӣ мекунанд. Гӯё ҳама 99% ба Раҳмонов овоз медиҳанд.

99% ё 100% овоз месозед, дигар маъно нахоҳад дошт. Мӯсафед, дигар пир аст. Пириву хартозӣ мегӯянд ва ё пириву 1000 иллат.

Аллоҳ моро дар ин роҳи мепаймудаамон пирӯз гардонад ва ин миллатро ба рӯзҳое расонад, ки пешвои худсохта, диктаторони хашин дигар бар мо ҳукумат накунанду ин миллат осуда бошад.

Share This Article