Сухангуи вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд, ки чанд навореро роҷеъ ба қатлҳои занҷираии ахир дар Конибодом нишон дод, гуфт, ки ин ҳодисаҳоро душманони миллат таври дигар шарҳу тавзеҳ карда иғвову дасисаву фитна эҷод карданианд.
Ҳодисаи қатлҳои занҷираӣ ва мармузи оилаҳо дар чанд моҳи ахир дар Конибодом,-ноҳияи комилан орому босубот ҳамоно сокинони ин қисмати кишварро дар рубъу ваҳшат нигоҳ доштааст. Аммо шарҳу тафсири шубҳаангезтари ин ҳаводиси хунин ва бори души мардуми худи ин ноҳия ва ҳатто пайвандони кушташудаҳо кардани онҳо аз тарафи мақомот сокинонро бештар дар изтиробу тарс даровардааст.
Пойгоҳи «Ислоҳ», ҳануз аз аввалин ҳодисаи ин қатлҳо мавод ба чоп расонида ҷомеаи кишварро аз тамоми ин ҷараёнот огоҳ карда буд. Ва гуфта будем, ки минбаъд низ тавассути муаллифони худ ва аъзои тими «Ислоҳ» дар Конибодом раванди ин қазияҳоро пайгирӣ хоҳем кард. Ва ҳоло боз як матлаби марбут ба ин ҳодисаҳоро пешкашатон мекунем.
*****************
Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу тими «Ислоҳ», мардуми шарифи Тоҷикистон ва бародари азиз домуллои муборизи роҳи ҳақ Муҳаммадиқболи Садриддин!
Ҳар он чизе, ки дар моҳҳои май ва июн дар Конибодом руй дод ҳамроҳи шумо пешкаши мардуми Тоҷикистон менамоем. Бо хости Худо нақшаҳои шуму палиду касифи амният ва мақомоти Раҳмонови одамкушро ифшо хоҳем кард.
Чаро ман Раҳмоновро одамкуш гуфта истодаам, ҳангоми навиштани нома бо факту далел исбот менамоям.
Ҳамон шаби 28 -уми май, ки ин ҳодисаи ду куштор руй дод ин ҳама милисаҳои зиёд куҷоро нигоҳ мекарданд, ба чи кор машғул буданд? Шумораи онҳо танҳо дар як деҳаи Санҷидзор, ки дар ҳудуди Тоҷикистон ҷойгир ва аз марзи Қирғизистон 25 – 30 километр дуртар аст, кам нест. Дар 8 мошин нишаста буданд. Дар ин деҳа ҳудуди 100 оила зиндагӣ дорад, яъне аҳолии кам дорад. Барои ҳамин киллерҳои Эмомалӣ ин маълумотҳоро хуб фаҳмида онҷоро интихоб мекунанд. Ин ҳам дар ҳоле аст ки дар ҳудуди Санҷидзор як штаби калони милисаҳо ҷойгир аст. Ин штаб баъди ҷанги тоҷику қирғиз ташкил шуда буд. Ин ягона тасодуфе нест дар ин қазия!
Милисаҳо дар ихтиёрашон план яъне нақшаи ҷойгиршавии хонаҳоро доранд. Чи гуна хонаҳо сохта шудагӣ, чанд метр девор доранд, дар куҷо меҳмонхона, айвон ва ҳоҷатхона воқеъ аст. Инҳо мехоҳанд чизеро пинҳон карда «амалиётҳо»-и дар моҳи Рамазон шударо бар дӯши дигарон бор кунанд.
Шояд инҷо Сорбон (ҳамон қотили снайперисти СС.Ятимов) даст дошта бошад. Аммо агар ин кори СС Ятимов бошад ва ё агар ин кори Шоҳрух бошад бояд дигар ниҳодро ҳам дид.
Ҳамон шаб, баъди куштор дар деҳаи Санҷидзор, прокурори ноҳия, сардори навтаъиншудаи милисаи вилоят Маҳмадсафар Пирзода, одами Шоҳрух бо кличкаи “хари сиёҳ” ва раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода, мулаққаб ба Қофлонбой, генерал Ҷалилов Эминҷон, собиқ сардори РВКД дар вилояти Суғд Абдуллоҳ Навҷувонови Буратино омада буданд.
Онҷо ба милисаҳо дастур дода шуд, ки аз деҳаҳои ҳамсоя,аз деҳаҳои Ҷаҳонзеб ва деҳоти Лоҳутии150 – 200- тои мардҳоро ҳамчун шоҳиди зинда биёранд.
Барои чӣ ва барои кӣ ин қадар саҳнача ва худнамоишӣ ташкил карда шуд?
Қотилон ё аз сагҳои амнияти СС. Ятимови оқи падар ё аз сагҳои дигар ниҳоде мебошанд, ки онҳо байни худ бо Ятимов ҳоло дар ҷанг қарор доранд.
Қотилон пеш аз ба хона даромадан аввал аз кӯча барқи хонаро хомӯш мекунанд, чунки ҳоло дар Тоҷикистон тибқи яке аз қонунҳои бачаи Марями гурсухта, счётчикҳои барқҳои хонаҳои одамон бояд дар кӯча ҷойгир шавад, баъди хомуш кардани барқ онҳо хона медароянд.
Киллерҳо тарзе рафтор мекунанд, ки гӯё ин кушторҳоро барои пули аз Русия интиқол шуда карда бошанд. Ҳатто бо сигарет руйҳои бачаҳоро месузонад, аммо на дар ҳамаи кушторҳо пулу тиловориро қотилон бо худ бурда буданд.
Ногуфта намонад, ки зани Баҳодур як коре карда аз дасти қотилон раҳо ёфта ба роҳи мошин баромада аз се – чор мошин ёрдам мепурсад. Пеши роҳро мегирад, хеле саҳнаи душвортасаввур аст бародар Муҳаммадиқбол, аммо касе намеистад.
Ҷасадҳои ин хонаводаро Раҳмонов ва мақомоти бесаводи вай ду бор ба хок супориданд ва боз аз хок гирифтанд, чун онҳо вазифаҳоро харидагианд. Экспертизаро ду бора мегиранд, чунки ба хулосаи амали худашон шак доранд Дуввумин бор кадрҳо ва мутахассисони аз Душанбе экспертиза мекунанд? Ба хотири чӣ? Номаълум. Экспертизияи аввалинаш аз вилоятӣ буд.
Ҳоло аз ҳамон шаби куштор каме пештар меравем.
Баъди куштор содир шудан аввалин гумонбарон- офицерҳо аз мақомоти милиса буданд ва аз онҳо днк- тест гирифтанд. Аммо баъд чизе ва гапе набаромад, чун гуё онҳо онҷо қуш набуданд, аммо ман намедонам онҳо то ба ҳол дар ҳабсанд ё не.
Баъди ҳабси офицерҳо ба деҳаи ҳамсоя- ба Ҷаҳонзеб, ба мактаби миёнаи ба номи Садриддин Айни №29 Раҳмонов милисаҳоро аз Мастчоҳ, Ашт, Кӯлоб ва Истаравшан оварда дар масҷиди деҳа-ҳамон масҷиди дар назди қасри Ҷалиловҳо ҷойгир карданд.
Баъдан шурӯъ карданд аз аввали ноҳияи Конибодом – аз деҳаи Санҷидзор, ки онҷо максимум 50 – 70 оила зиндагӣ мекард, то охирин деҳаи ноҳия ва ҷамоатҳо аз мардуми сини 18 то 55 сола отпечатка палтсий гирифтанд.
Штаби дигари онҳо дар Хистеварз ҷойгир аст. Отпечаткаро аз ҳама сокинон, ки зиндагӣ мекунанд, узбеку тоҷику қирғиз гирифтанд. Ин кори он дуруст ба мисли саҳначае аз «Хандинкамон»-барномаи ҳаҷвии телевизионӣ гуем ҳам мешавад, аммо «масштабный» ва серхарҷ.
Бародар Муҳаммадиқбол! Бахудо манбаъи шумо аз ноҳияи мо маълумотҳоро дуруст ба шумо мерасонд. Манзурам он аст ки худи ҳодисаҳоро дуруст навиштааст, аммо ӯ пушти воқеъиятҳоро надониста ба Навҷувонов рабт медод.
Ба назари мо бошад инҷо чизе ҳаст байни СС Ятимов ва Маҳмадсафар Пирзодаи одами Шоҳрух Саидзода. Ва ин мавзуъро дар давоми нома боз дубора хоҳем бардошт. Чунки аз чанд вақт пештар гапгап буд, ки Пирзода сардори милисаи вилоят мешавад, аммо гуё СС.Ятимов розӣ набудааст.
Подполковник Акбар Шарифӣ, сухангуи РВКД дар вилояти Суғд, ки бар душаш масъулияти барандагӣ ва допроскунии муйсафеду кампирҳои солхурда вогузор шудааст, дар барномаҳои Ахбори ВКД ва «Пайки СУҒД» ҳамеша намёку «пичинг» карда мегӯяд, ки «Ба васвасаҳои гурӯҳҳои тундрав ва душманони миллат эътибор надиҳед, кормандони мақомот бисёр ҳам заҳмат кашида истодаанд, ба иғвогарҳо ва гапи онҳо бовар накунед. Онҳо ин ҳодисаҳои дар Конибодом шударо ба манфиати худашон шарҳ дода истодаанд».
Акбар Шарифӣ 4 сол пеш рутбаи капитан дошт.
Дар давоми ин сол досрочно рутбаи полковникро чи гуна тавонист гирад? Магар барои ҳабс кардани кампиру муйсафедҳои 70,80 сола? Агар ӯ мард бошад, дар барномаи навбатияш ба мардум «кӣ будани» худашро пешкаш намояд ё ақалан ба мардуми тарс ва ваҳшатзадаи ноҳия аз ягон пешравӣ дар тафтишоти ин қазияҳо гуяд?! Албатта намегуяд!
Аммо ин намёкҳои подполковник Акбар Шарифӣ аз дигар чиз далолат мекунад. Яъне исбот мекунад, ки Акбар Шарифӣ мо шо Аллоҳ пайгирии доимӣ аз «Номаҳо…»и Ислоҳ мекунад ва ӯ инро аз барномаи Ахбори ВКД ба мардум ба тарзе ва ба гунае воруна ва бар акс мерасонад. Дар асл корро «Ислоҳ» кардагӣ, барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо»
Бар мегардем ба саҳари куштор. Ҳамон шаб ва саҳар акс ва расмҳои оилаи кушташударо мақомот дар интернет пахш кард. Бо кадом мақсад ва чаро?!
Баъдан дар «Азия Плюс», ки канали Ютуби аз они диктаторҳои СНГ ба ҳисоб меравад, нашр шуд.
Чаро?! Се сол пеш вақте Раҳмонов хост «внимания»-и мардумро аз Бадахшон ба Исфара ва Конибодом ҷалб намояд ана ҳамин расонаи кисагӣ аз танку тубҳои ду давлат ва задухӯрдҳои онҳо барномаҳо пахш мекард. Ҳатто бо забонҳои арабӣ, турки ва англисӣ блогерони кисагии режим тарзе барнома нашр карданд, ки ҳама диққати мардум ба самти Ворух ҷалб карда шавад.
Чаро ҳоло мақомоти харида ва фурӯхта мешудаи Русия ва хусусан ниҳоди «ФМС» хусусан ба шаҳрвандони вилояти Суғд дар шаҳрҳои мухталифи Русия гуфта истодааст,ки «На север Таджикистана зашла оппозиция и убивает всех»…
Оё касе аз ҳукуматиҳо метавонад ин суханҳои русҳоро шарҳ диҳад?! Оё ягон «рӯй сурхак»-е пайдо мешуда бошад?!
Ё ҳодисаи Асадулло ба ҳама чоплусакон дарси ибрат шудааст?!
Мегузарем ба кадри Шоҳрух бо тахаллуси «Хари Сиёҳ», ба собиқ сардори милисаи ноҳияи Конибодом, ки дар вақти фаъолияти ӯ чандин кушторҳо ба вуқӯъ пайваст: номаш Полковник Маҳмадсафар Пирзода Қузратулло, зодаи шаҳри Кӯлоб аст. Дар ноҳия баня дошт. Онҷо рӯзҳои истироҳат нафаронеро ба монанди Тахминаи Клеопатра ҷалб мекард. Дар ҳоле ки худаш 4 зан дорад дар Душанбе.
Баъди нашри барнормаи «Номаҳо…» аз ҷониби «Ислоҳ», роҷеъ ба ҳодисаи кушторҳо дар Конибодом, ки он вақт ҳануз Полковник Маҳмадсафар Пирзода Қузратуллои «хари сиёҳ» ба ҷои Абдулло Навҷучонов таъин нашуда буд ва фақат гапу калоча дар бораи таъиноти вай ба ҷойи Навҷувонов мерафт ӯ бо мардум суҳбат гузаронд. Ин суҳбати вай як ҳафта баъди ҳодисаи куштори охирон сурат гирифт. Полковник Маҳмадсафар Пирзода Қузратулло ва милисаҳои вай ба ҷамоат омада, «активу фаъолонро» зери офтоби 38° ҷамъ карда мегӯяд:
«Охи чиба уқа дшманои миллат қатӣ гап мезанен? охи камтар ба «Ислоҳ» нома нависен, маълумот равон мекаден, уно фаҳмидан, ки шмо хонаҳои холӣ, мардҳои да Русия буда дорен, одамоша равон кадан, омада инҷо оилаҳоро куштестан, бген брасонен ҳамада уқа хоино қатӣ гап назана набоша ай ирам зиёдтар уно одамои тайёр кадашона рои мекнантон».
Савол ин аст ки чаро нафаре, ки мансабдоре, ки масъулияти муҳофизати тартиботу суботу оромии як ноҳияи калонро бар уҳда дорад ба мардум ин гуна суханҳоро гуфт? Чаро роҷеъ ба кушторҳо чизе нагуфт ва хомушона ин вазъиятро бе ягон шарҳ ва гузориш рост ва тоза ба «Озодӣ» ва «Азия Плюс» равон карданд?!
Чунки инҷо байни амнияти СС Ятимов ва Шоҳрух ҷанги дохилӣ ҳаст ва ин ҷанг дар сари вақти шурӯъ шавияш аст. Аммо мардум дар байни ҷангҳои инҳо то ба кай қурбон мешаванд ?! Охир дар ин замона бачаро то ба сини 15 – 17 солагӣ калон кардан кори осон аст магар?!
Чаро СС Ятимов санаи 26- 27 май, то ҳодисаи куштори охирӣ ва боз баъдан санаҳои 5 – 7 июн баъди куштор ба Конибодом мисли дуздҳо хомушу пинҳон омада рафту аммо бо мардум суҳбате нагузаронд ва мардумро итминони хотир надод, ки амнияти онҳо таъмин карда мешавад? СС.Ятимов масъули амнияти Конибодом ҳам ҳаст ё не? Конибодом ҳам ба Тоҷикистон медарояд ё не? Оё касе метавонад ба саволи ман ҷавоб дода?!
Охир дугоникҳо: СС.Ятимов ва Рамазон Раҳимзодаи Ҷеки Чан ҳам бача доранд ва онҳоро мардум зери чашм кардагиянд. Имрӯз мо, фардо Худо метавонад тарзе кунад, ки бачаҳою занҳои дугоникҳо дар ҷои оилаи Баҳодури мотамзада бошанд.
Бародар Муҳаммадиқбол баъди куштор ҳатто падари ҳамон хонавода-Баҳодурро, Раҳмонов ва мақомоти вай бо иттиҳоми тамошои «Ислоҳ» ба ҳабс гирифтанд.
Дар ҳоле, ки подполковник Акбар Шарифӣ барандаи ахбори вазорати дохилӣ дар вилояти Суғд ва касе, ки зидди пиронсолон муборизаи беамон мебарад, худаш яке аз хонандагони ашадии «Номаҳо…»-и пойгоҳи «Ислоҳ» мебошад. Пас Акбарро ҳам зиндонӣ кунед!
Ҳоло бошад барқро бегоҳӣ хомӯш мекунанд, чунки аз деҳаҳои мо махсус мошинҳои военнийи боркаш дар сопровождении милиса мегузарад. Магар ин худнамоишии генералҳои частҳои назди марзӣ аст?! Ё барои мардумро бештар тарс додан?! Инҳо дигар роҳе ғайр аз бо танку тӯб тарсонидан наёфтанд, магар ин аст давлати соҳибистиқлол?
Як участковий дорем лақабаш «Барак Обама» мебошад. Кору бораш бар зидди кампирҳо мубориза бурдан аст.
Асосан маълумотро аз муйсафедҳо мегирад. Дар бозорҳову чойхонаҳо ва ҳатто дар ҳоҷатхонаҳо. Бо як ошхоначи арақ хурда-арақ хурда ба бовараш даромада подставаш мекунад. Ва он бечораро бо статяи Муҳаммадиқбол маҳкамаш мекунад. Хеле ба Худо крыса аст.
Ҳозир бошад зидди Эркин Ҷалилзода маълумотҳо ҷамъ карда истодааст, то ки дар оянда зидди ӯ «козер» дошта бошад, чун байнашон чизе шудааст. Онҳо душман шудагианд. Ин «Барак Обама» аз Истаравшан аст, ранги чашмаш кабуд. Аввалин гумонбар баъди офитсерҳо ҳамин одам буд. Як ёрдамчӣ дорад. Ҳамроҳи вай дар моҳи Рамазон мардумро ба дод оварда буд.
Ин Барак Обама ҳамроҳ бо дигар милисаҳо баъди суҳбатҳои Ҳоҷӣ Мирзо, ки «ҳиҷоб да Тоҷикистон мумкинай» дар бозорхо хеле лоф зада мегуяд: «мумкинай руймолу сатр, Ҷаноби олӣ гуфтагиян, садай ҳамма бпушен ягон кас чизе намега» .
Ҳамроҳ бо рафиқаш ҳоло ба дасташ туф карда қасам хурдаги аст то ки клани Ҷалиловҳоро сарнагун кунад. Ҳозир вай дар ҷустуҷӯи кампирҳои шамъмонак ҳаст. Аммо намедонад, ки ин гуна чизҳо дар мардум аз давраи Сосониён, аз ҳамон давраи «ориёӣ» боқӣ монда аст. Охир эй Эмомали Раҳмон ту «ориёӣ» ҳастӣ, пас чаро ин амниятиҳо ин корҳои аҳмақона ва хандаоварро зидди анъанаву оини таърихи 6000 солаат мекунанд? Ё магар Ҷаноби Олӣ «Ориёӣ» нест?
Мегузарем ба сохтакориҳои амният. Онҳо ду сохтакорӣ карданд: якумаш гӯё 11 нафар шаҳрванди ҳамсоя кишвар ин корро мекарданӣ шуданд. Ва расонаи «AZDA TV» ин ғалатро бовар карда нашр кард. Охир ноҳияи Конибодом ба монанди дигар ноҳияҳо комилан дар ҳудуди Тоҷикистон воқеъ аст ва аз марз 30 км дур ҷойгир шудааст.
Баъди ҳамаи ин воқеъаҳо ҳоло бошад Додситони кулли Тоҷикистон, талаб карда истодааст, ки қотилонро ҷустуҷӯ карда қапанд.
Вале аз ин магар сохтакории бузург дар ягон ҷо буда бошад?!
Магар барои талаб кардани барқ Раҳмонови модар бахаторафта ва мақомоти вай интиқомашро аз кӯдакон мегирифта бошад? Наход то ҳамин дараҷа мардум бе соҳиб бошад?!
Мардум ва бинандаи доимии «Ислоҳ», набояд фаромӯш кард, ки инҷо чи чизе ва чи гапе байни дугоникҳо ва хусусан СС. Ятимов ва дигар ниҳоди қудратӣ ва кадрҳои нав таъинкардаи Рустами наркоман ҳаст ва қурбонии ҷанги инҳо танҳо мардуми бегуноҳ хоҳад шуд. Ҳоло имкон дорад ин қатлҳои занҷираии Конибодомро ҳам ба парвандаи Саидҷаъфар Усмонзода зананд, чуноне боздоштҳои Язгулом ва язгуломиҳоро зада истодаанд.
Охир, бародар Муҳаммадиқбол нигоҳ кунед ба гардан ва китфҳои обутобёфтаи ҳамон сиёҳпуши дар камера сабт шуда. Вай одами деҳотӣ нест. Чаро мақомот ин гуна видеоҳоро ба мардум паҳн мекунанд аммо чизе намегуяд?!
Ҳозир мардуми ноҳия дар тарсу ваҳшат ғута задагӣ ва намедонанд, чи кор кунанд. Бо сагҳои амният ҳамкорӣ кунанд ё не, чунки ҳоло амният аз сабаби ноуҳдабароияш ва натиҷаи сифраш(0-нол резултат) ва худашро зарб заданаш, делоҳои 20 – 30 сол пеш содир шударо гӯё дида баромада истодааст. Аз чи сабаб бошад, ки ҳатто нафақахурҳои собиқадорро даъват карда истодаанд.
Магар аз ин саҳначаҳо сохтагиашон, ки ҷони одамҳоро гирифтанд, ноҳияро ба тарсу таҳлука андохтаанд дар ягон ноҳия вуқуъе пайваста аст? Дар ягон ноҳияи қисмати шимоли Тоҷикистон ин ҳолат руй надодааст.
Санаи 15 июн бошад масъули бозбинии ин дело бачаҳои мактабхонро маҷбур кардааст, ки дар замину саҳроҳои Санҷидзор гӯё телефони яке аз одамкушон дар ҷое ғалтида гум шуда бошад ва онҳо телефонро бояд бикобанд.
Аҳли ҳунармандони театри ҳаҷвии «Хандинкамон» дар назди ин амниятиҳо ҳеҷанд дар масъалаи саҳначасозӣ.
Магар ин чизҳоро подполковник Акбар Шарифӣ муборизи зидди пиронсолон аз минбараш мегуфта бошад ?!
Албатта не, чун дар ин режими одамкуш ва одамрабои Раҳмонов касе ва чизе ба сазои аъмолаш то ба ҳол нарасидааст.
Бо иҷозати шумо бародар Муҳаммадиқбол ман дуои мардуми ноҳияи Конибодомро ба номардтарин шахси аср, диктатори худкомаи давлат мерасонам.
“Раҳмонов, Илоҳо як рӯз ту ҳам бачаву набераҳои бешуморатро дар чунин ҳолат бубинӣ; Илоҳо як рӯз Фирузаро, Озодаро, Тахминаро, Рухшонаро, Сомонро, Фаридунро, Парвинаро, Рустами герчикро, Исмоили пингвинро ва Азизмора дар хонаат дар чунин ҳолу аҳвол бубинӣ!
Омин, омин, омин “.
Амниятиҳое, ки дар ин қазия ба тарзу ба гунае даст доранд, илоҳо як руз шумо зану модару падару бачаҳоятонро дар чунин ҳолат бубинед, ва он вақт фарқ надорад шумо дар Русия , Амрико Аврупо ё дар Хитоед, чун назари Худо дар ҳамаҷост.
Ин рӯзҳо мардуми ҷигарсухтаи Конибодом мотам дорад. Аз 5 хонаводаи кушташудаи дигар, кӣ ва кадом раиси ниҳод дар назди Худо ва дар назди қонуни Тоҷикистон ҷавоб медода бошад? Ё ин кор кори шахсан Эмомалӣ аст барои СС. Ятимовро баъди ин гап аз кор гирифтан? Охир кӣ барои ба қатл расида шудани ин қадар хонаводаҳо паси се моҳи ахир ҷавоб мегуфта бошад? Ятимов? Рамазон Раҳимзода? Ё Полковник Маҳмадсафар Пирзода Қузратуллои ноуҳдабарои вазифахарак, ки дар ҷойи Буратино-Абдулло Навҷувонов сардори милисаи вилоят шуд. Буратино рафту ба ҷояш Хари сиёҳ омад.
Бо кадом малакаи касбӣ Муҳамадсафр Пирзода Қузратулло, ки қатлҳои занҷираиро натавонист ошкор кунад бар замми ин ноуҳдабароияш ӯро мақоми болотаре додед?
Мардуми Хуҷанд эҳтиёт кунед, чун андак бадбахти зери дарвозаи Шумо рафт.
Худо кунад, ки ин бадбахти ва мотам назди оилаю хонаводаҳои яко-яки худи онҳо бар гардад.
Афроди дастдошта аз ҳукуматиҳо ва амниятиҳои золими одам куш, хуб бихонед ва гӯш кунед:
“Илоҳо қотилон ва киллерони Шумо як рӯз дару дарвозаҳои худатонро «тақ-тақ» кунад,
Омин!…
إِنَّا لِلّهِ وَإِنَّـا إِلَيْهِ رَاجِعونَ)