Қиссаҳои як зани маҳбуси туҳматшуда

Ислоҳ нет

(бахши дуввум)

   Ин зан, ки ному насаб, маҳалли зист ва навори сӯҳбатҳояш пеши мо маҳфуз аст як зиндагии ғайриодӣ ва мутафовитеро аз сар гузаронидааст. Шоҳиди ҳолатҳое шудааст, ки барои мову шумо ноошнову номафҳум аст. Аммо, худаш мегӯяд, ки ин ҳама  на танҳо ҷузъи рӯзгору зиндагии ӯст, балки аксарияти занҳои маҳбус ҳамин вазъу ҳолро доранд, гуё ин ҳама табиӣ аст, аммо табиӣ нест ва набояд ҳам бошад. Вай мегӯяд, ки мо зиндагии инсонворро фаромуш кардаем.

Инҷо аз лаҳзаҳову мавридҳое огаҳӣ меёбед, ки гумон намекунед, дурусту воқеъӣ бошанд. Аммо, ин ҳолатҳо дар зиндонҳои Тоҷикистон то имрӯзҳо ҳам ҷараён доранд. Дар инҷо дар баробари манзараҳое аз ҳаёти пушти панҷара, аз рӯзгори дар озодӣ ҳам ҳикоят мешавад. Инҷо мебинед, ки як зан, як зани бевамондаи тоҷик бо чӣ гирудору бо чи ҳавлу ҳолу авзоъ рӯдаррӯ мешавад.

Дар назари аввал менамояд, ки ин қисса пораву пароканда ва номафҳум аст. Вале, то ба охир мутолиа кунед, ҳамаро мефаҳмед.

Ин ҳикоят хеле тӯлонӣ буд ва ҳанӯз моҳи апрелу май буд, ки навори сӯҳбатҳо бо ӯ дастамон қарор доранд. Мо, он қисмат аз ин сӯҳбатҳоро қаламӣ кардем, ки ғайриодӣ набошанд ҳам тафовут доранд. Ин ҳикоят ранги як достоне аст, ки дар баъзе аз қисматҳояш ханда мекунед, вале бештари онҳо ниҳоят риққатбору ҳузноваранд. Шумо мебинед, ки як инсон ва он ҳам зан барои зиндагӣ чи талошҳое мекунад ва дар ин роҳ бо чӣ инсонҳо ва бо чӣ ҳаводисе сарбасар мешавад. Дар ҳар ҳолат, ин ҳама нақлу ҳикоят бофтаву тахайюл нест, достон ва ё қиссаи воқеъӣ аст. Беш аз ин шарҳу тафсил намекунем. Фақат ёдовар мешавем, ки ин ҳикояти зани дар гузашта маҳбусро ба ду қисмат ё бахш ҷудо намудем қисмати аввалашро пешкашатон карда будем. Инак, бахши дуввуми он:

Чигӯна ба «Колония-поселение» ва озод шудам

  Як нафар Аваз ном дошт, шофёр буд, аз Қурбоншаҳиди Восеъ, ба зиндон продукта мебурду меовард. Ба посредникии ҳамин Аваз, хостанд, ки маро аз Ғаравутӣ рафтан  нигоҳ доранду Ёвон фиристанд. Шароити ҳабси ман тағйир карда ба КП-ба низоми маҳбаси сукунатӣ  гузашта будам. Духтур ҳам аз Қурбоншаҳиди Восеъ буд. Ҳамин Аваз ба духтур мегуяд, ки «изо намекашӣ, ғаравутӣ роиш мекунӣ, мон Душанбе брава, кудакош да сағирахонаи Душанбе. Ёвонуш рои кунанд, Ёвон ба Душанбе наздиктар, ҳиҷчи не кудакоша бина мега, ҳами беҳиҷчи шиштагия мега».

Ва ҳамин тариқ Аваз посредник шуд. Чунки вай продукт мебурду меовард, албатта дар боло ягон шинос дошт, намедонам. Чи хеле кард, ки гирифтанду Ёвон тоб доданд, Ёвон рафтам.

  Ёвон рафтам Тоштемиров Рустам, аз роҳбарони маҳбас фарёдам кард.

Гуфт маро шинохтӣ? Гуфтам валлоҳӣ намешиносам. Гуфтам «акам зинда шава намешинсум, тра, аз куҷо?

 Табассум карду гуфт: «ту сағира сағираи крутой будӣ, чида турма шудӣ? Гуфт мо туро бисёр диққат медодем.

 Гуфтам чи хел?»

 Гуфт: «ту пирожкифурӯши Садбарг нестӣ? Дар Садбарг пирожки мефурухтӣ, дар зали поездҳо мефурухтӣ, медидемат»

  Лекин ин гапаш рост аст. Ман рӯз дар Садбарг, вале агар рейси поезд бошад, дар хонаам пирожки мепухтам мебурдам шабона дар вокзал мефрухтам.

Ин гапи Тоштемиров рост аст.

Тоштемиров гуфт «худут хушру будӣ. Паъат вақте қапиданут ягонташа таҳаша тов надодӣ бброранут».

Гуфтам не.

Гуфт чаро отаи Аъзамовро нагирифтӣ?

Гуфтум ту аз куҷо медонӣ?
Гуфт ман медонам. Ту ҳамон отаи Аъзамовро мегирифтӣ зиндон намешудӣ.

Вақте маро қапиданд «ай друни зал бровардан, я мардак омадай номша намедонам, фамилияаш Аъзамов буд, баъд суни ман нигоҳ кард, фамилия, имя отчествама нигоҳ кард. Баъд итарае э,и паъат отчествааш ранги фамилияи ма будаст, биё гуфт, я кор кнем. Ту муҳтоҷи ҳиҷкиям нестӣ, ҳиҷчиям нестӣ гуфт. Ман туя никоҳ мекунам отамда метам гуфт. Ту мерай Кангурт, делат ҳамиқатӣ мемрад. Гуфт се моҳ пас ҳамаш гум мешавад.

 Баъд ман гуфтум, ки «тра неву отаи тра бигирум?»

Гуфт:- ҳо

Гуфтам: «рут сия пирхар. Худат итарӣ отат, чи хелӣ бошад? Худут ранги маймунӣ отат чи хелӣ бошад?»

 Аъзамов гуфт: «бгирен ф…..кунен». Ман гуфтам, ки «дер каден г..дана. Баҳазур г… ан шумо дигар г…дан наметоне. Баъд, ки ман сифилис шавам г…д». Бо ин гап худро аз таҷовуз шудан ҳимоят кардам. Инро гуфу сахт ҳолаш тағйир кард…

Баъд Тоштемиров гуфт ту отаи Аъзамовро мегирифтӣ турма намешудӣ.  

27 сентябр рафам даҳ рӯз истодам ҷавобам доданд: «Ду ҳафта пас бояд «брай- биёӣ, ман моҳда як бор  мерафтум. Ду бор рафтум дафаи се 11 январ буд. Тоштемиров спетсчаса фарёд кне гуфт, омад ту ай суд гузаштагӣ, рӯзи суд набудӣ, ина қоғазот, бра ба суди Ёвона имзо мекнан, бра дига наё гуфт».

Омодам имзо карданд, дигар наомадам. Лекин дар Норак зиёд ғам доданд, дар Ленинобод он қадар кордорам набуданд, кулобиҳои худум ғам доданд.

Баъд дар кп-посиленка фаҳмидам, ки Назокат Абдуллоева худаш статяи мошенникӣ дорад. Ҳамроҳам дар сари як дастархон шишта нон мехурд, ҳамон поставитам карда будааст. Аз Муминобод буд, саг суроғуш намекард: «дачкаҳои мара, ки амакбачаҳом через як ҳамхизмташон мерасониданд ҳамин оварда медод. Онҳо дар МВД буданд.

Пештар гуфтам ку, ки мара бо наркотик подставит карданд вале статяи дуздӣ заданд. Намедонам барои чи? Бо як занакро овардан- шоҳид. Мега ҳамин плаши танаш ай ман буд дуздид. Ман дар 102 вай да 33 зиндагӣ мекунад. Ман гуё хонаи вай дромада плашашро дуздидаам». Милисаҳои мо ҳатто туҳмати хуб ҳам кардан наметавонанд, чун бесаводанд.

   Он зан Сафоева Мосафар Лоиқовна ном дорад ва дар Академияи милиса кор мекунад. Дар ҳамон давраи зиндон шудани ман аз ГАИ он тараф ба кор гузашта будааст.

Писарамаки марҳум шавҳарам маро барои хонаҳоям подстава кард

Заказчики ин корҳо-зиндонӣ шавии ман бачаи амакии худораҳматии шавҳарам будааст. Вай як вақт омаду гуфт биё ҳамин хонаҳоятро муваққатан ба номи ман кун. Гуфтам барои чӣ? Гуфт муҳрабизнес мекунем. Гуфтам ту девонаӣ?

Гуфтам 200 доллар бидеҳ нархе худам харидам документҳои якхона ва сесад доллар документи дигар хонаро медиҳам, чи коре мекунӣ бикун. ППСник буд. Амирхон Саидҷаъфаров ном дорад:- 66 ё 64 таваллудаш.

Занҳои бо туҳмат зиндонӣ шуда

Онҷо як зан ҳамроҳам шиштагӣ буд, хоҳари военкоми Масковский- Обидова Оламбӣ. Шавҳари аввалааш ленинободӣ буд. Баъд чанд шуи дигар кард. Бо шавҳари якумаш ЗАГС дошт, аммо ҷудо шуда буд, аммо дар фамилия шавҳараш монда буд. Аз тюрма баромад Ашурова шуд.

Ҳамин зан гуфт, ки «мара акаҳом хабаргирӣ намеоянд, лекин чи хел кнем, ту амакбачаҳот майдачайда роҳӣ мекнан, манда роҳӣ кнан чем арусои қанчиқ қатӣ шиштанда, биё, мо қати шин, моям гузаштаҳомон муминободӣ, ман хоҳари Нурикум.

Пурсидам, ки ту ҷияни апаи Саломатӣ, апаи Саломат ҳамсояи мо аст.

Гуфт, ки ана ҳамон апаи Саломат холаам аст, биё қатӣ мо бишин, мерасонем як бало карда. Ту ҳар ҳафта мегирӣ, у беваро ягон кас дидан намеояд. Лекин ман медонам, ки дар миёнаи ҳамаи бадбахтиҳои ту ҳамон бева истодагӣ.

Яктои дигар Ситора буд бо машеникӣ шиштагӣ буд, статяи247. Ситора дар ООН мошеникӣ карда буд, фиреб кардагӣ буд.

Як зани дигар ҳамроҳам буд бе чора бо туҳмат зиндонӣ шуда буд, ду кудак дошт. Мегуфт вақте хона нону об тамом мешуд хуштоману хоҳарарусҳо мегуфтанд: «бхе, бачаҳота бигир хонаи отат бра, як чанд рӯз онҷо ист. Мерафтам агар акаҳом намебуданд, метарсидам дромада. Баъд кудакома гирифта парки Ленин мебурдам, ису ису мегаштам, ки я мардак меояд пирожки мехарад, ҷоҳои нимпаз ва сахташро мепартояд, лави пирожки, хамирои қоқ, ҳамунҷа мемонад. Кудаком гушна. Ҳамун хамирора меорам метам, хай я майдаяк сари дилшона бгирад сер шаванд. Ду соат пас акаҳом дар хона мешан, мерам хона».

Мегӯяд, ки ҳанӯз «кудаком қурт кардан накардан у лавои пирожкиҳои қоқа, ки беваи пирожкифурӯш милиса файрод мекнад, пирожки дуздидас гуфта. 7 сол турмаш мекнанд ин зани бе гуноҳро. Шавҳар дошт дар Нагорний, зиндагӣ мекард. Бо се кудак шишт. Сеюмашро да СИЗО зоидагӣ.32- 33 сола буд».

Ноболиғе мехост қотили падараш Э.Раҳмоновро кушад

Як духтари дигар дар малолеткаҳо ё ноболиғҳо шиштагӣ буд. Вақте мо аз Норак Ленинобод рафтем ҳоло ҳам малолетка буд. Маҳина Абдуллоева ном дошт. 

Отаи ура мекушанд. Кадоме мегуяд, ки отаи туро Эмомалӣ куштагӣ. Хонаашон дар Гипрозем будаасту кадом части урусо онҷо қарор доштааст, доим мерафтааст. Офитсерҳо хурокаш медодаанд. Очааш касалӣ будааст. Гоҳо бо додараш мерафтааст. Русҳо шиками ҳардуяшро сер мекардаанд. Маҳина чи хеле мекунад, ки аз дасти урусо як автомат мегирад. Пеши идораи президент меравад ва ба тарафи мошини президент мепаронад. Ҳамин кудаки парондагӣ 13 -14 сола буд. Баъде Норак омадем, очааш рӯзи таваллудаш як торт ба дасти кадоме роҳӣ кард. Ӯро диданӣ намеомаданд, тортро диду ончунон гиря кард, ки тамоми занҳо, ки онҷо буданд ҳамроҳаш гиристанд, мегӯӣ азохона шуда буд зиндон.

        Генпрокурори собиқ Б.Бобохонов ва АФВ

  Бобоҷон Бобохонов, собиқ Прокурори генералии Тоҷикистон дар Фархор таваллуд шудааст. Аммо аслаш-бобову бибиҳояш муминободианд. Дуғобиҳои олучахур мегуяндашон.

Аз Муминобод як зан буд номаш Муяссар. Аз якум шавҳараш ҷудо шуда буд. Мегуфт, ки шавҳараш вазири ҷангал буд. Ин зан хуштомани аввалаи сароянда Фируза Ҳафизова будааст.

Аз шавҳараш ҷудо шуда ба Пистамазор меояд. Хешу табораш маслиҳаташ медиҳанд, ки бираву бихон: «Як бор шӯ кардӣ, баромадӣ, акнун бирав бихон». Меравад Душанбе ва ба факултаи агрономӣ месупорад ва дар онҷо бо марди ғармӣ шинос мешавад.

Ин ғармиро занаш мурдаву дар тарбияташ панҷ кӯдак доштааст. Муяссар ҳам бо панҷ кӯдак аз шавҳараш ҷудо шуда буд. Ин даҳ кудак ва Муяссар боз дуи дигар аз ин мезояд ва боз сетои дигар аз сағирхона гирифта, дар умум понздаҳ кудакро калон мекунанд. Мавзеъи хушманзараи Чашмаҷонро ҳамин шавҳари апаи Муяссар обод карда будааст.

Маро бо шофёри Бобоҷон Бобохонов, ки Акрам ном дорад ҳамин Муяссар шинос карда буд. Гуфта буд, ки ягон корат ғалтид ба ҳамон занг бизан. Ин Акрам началник охраннаи хонаи Бобохонов ҳам буд. Гуфт корат дар прокуратура афтад ҳал карда метавонад.

 Вақте дубора маро дело карданд Акрам даромад пеши Бобохонов, ки «хешу таборамон аст, нону намак хурдаем, ҳамсинфем» ва ба ҳамин васила маро ҷавоб доданд, дар подвал маҳкам накарданд, метавонистанд, ки то суд маро ҳабси пешакӣ гиранд, ки нагирифтанд. Ва ман баромадам. Акрам гуфт, ки зуд дафъ шав аз инҷо. Ва сад сомонӣ дар дастам дод, гуфт, ки кудакҳоятро бигиру рав аз инҷо. Номерҳои телефонамро медонӣ, гуфт, симкартаатро иваз кун. Ҳар вақт ягон навигарӣ шавад, зангам зан, баъд ман туро мегӯям, ки чи кор мекунӣ.

Баъд фармони амнистия баромад. Ҳукумат 2005 амнистия дод, боз дар соли 2006 такроран амнистия дод.   

 Соли 2005 вақте амнистия доданд, ман ба Файзалӣ занг задам. Вай гуфт, ки биё. Омадам. Фарёдам карданд, рафтам омадам, рафтам омадам. Баъд дар зали суд боз 6 сол срокам дода маҳкам карданд. 5-10 рӯз дар СИЗО истодам. Гирифтанду Норак бурданд. Вақте соли 2006 амнистияи калон доданд, ба ҷуз аз ҷиноятҳои вазнин содиркардаҳо дигарҳо баромаданд. Фақат одамкушҳо монд.

Дуввум маротиба барои он маҳкум шудам, ки ман «шумо маро туҳмат кардед гуфта» шоҳидро қапидам ва задам. Дуюм бор 6 моҳ шиштам. Дуввумбора барои хулиганство-авбошӣ маҳкамам карданд.

  Дар зиндони занонаи Норак фақат 73 зани одамкуш монд, дигарҳо озод шуданд. Ин занҳо кадомеаш кудаки худашро ё хушдоманашро ё кадоми дигарро куштааст, ҳаминҳо монданд.

Шиносоӣ бо муҳофизи Ҳасан Асадуллозода

Бо Раҳматулло случайно ман дар Қараболо шинос шудам. Ҳамроҳи мо як зани фолбин шиштагӣ буд. Он зан дар СИЗО касал шуд. Вай данғарагӣ буд, аз зали суд бароварданаш. Аз Пушинги Данғара буд. Он зан ба ман бисёр хубиҳо кардааст. Кудаконамро хабар гирифт, ба худам передача роҳӣ кард, уколу доруҳоямро харида дод. Ман чанд соат аз миён поён дар даруни барф истодаам, агар ҳамин зан ёрӣ намекард, имкон дошт аз тюрма туберклёз шуда мебаромадам.

Баъд ин зани меҳрубон касал шуду Қараболо фаромад. Як вақт зангам заду пурсид, ки хоҳар дар куҷоӣ? Гуфтам дар Садбарг.

Гуфт баъди корат ба Қараболо пеши ман биё, дар глазнойи Қараболо бистарӣ шуда буд. Рафтам. Документҳои хонаашро дод, ки ҳаминҳоро баҷо кун-хонаи дар Душанбе будаашро. Гуфт як одам меояд аз дастат мегирад. Ман дар маршрутка шиштам, ки занг зад ва гуфт баргарду пеши ман биё. Омадам, гуфт, ки он сумкаро ба ҳамин бидеҳ, додам гирифту рафт.

  Дуюмкарата, ки вақте ба озодӣ мебаромадам бо Раҳматулло тасодуф шинос шудам. Ин одам началники телехҳои Ҳасан Асадуллозодаи додарарӯси Раҳмонов мебошад. Онҷо, дар Қараболо занҳо байни худашон гапгап мекарданд (ба худам гуфтам, ки началник телехҳои Ҳасан бошаму биёям да Қараболо хоб равам).

 Гуфт: « чи телехо касал намешанд?

Гуфтам ту ба касалӣ монанд нестӣ.

 Гуфт дар чашмам оҳан зад.

 Гуфтам чи хел аст ки чашмонат аз светофор калон аст.

 Гуфт аз куҷоӣ?

 Гуфтам аз қавристон.

 Гуфт ту одами зӯр будаӣ номерҳои телефонатро деҳ.

Гуфтам ҳар вақте телефон харидӣ номерҳояшро медиҳам. Вале ту ба ман телефон нахаридаӣ.

 Гуфт номерҳоятро бидеҳ, мехарам медиҳам. Баъд чанд бори дигар дидамаш. Дар чорроҳаи Дружба ҳам дидамаш, ки мошинро ҳай карду гузашт. Яке маро диду ақиб ҳай карду омад ва гуфт, ки «э сағира ту ҳамон Қараболо будагӣ нестӣ»?

Гуфтам Қараболояш чи аст, чи хелӣ болнитсаи Қараболо (худамаро ба девонагӣ задам, ки хит накарду гузашт рафт).

Боз бори дигар дар бозор дидам. Гуфт ягон хизмат шуд ҳой гӯ.

Гуфтам не, аз хизматҳои шумо серам, «то таги қуртуқма серум».

Ман пеши худам фикр кардам, ки агар бо ин одамҳо шинос шавам, шояд бо ёрдамашон хонаамро бозпас мегирам. Вале ҳамон фолбини данғарагӣ гуфт, ки «ино хуни баданата мемаканду мегиранд. Аз онҳо дур- дур гард, ки хунатро мемаканд. Ҳолат аз ин дида бад мешаваду нек намешавад».

Номаҳои занони зиндонӣ

Вақте ман аз зиндон баромадам даруни куртаам пури хат буд, духта туморча кардагӣ буданд. Туморчаҳоро ман бояд бурда ба соҳибонашон мерасонидам. 41 хат буд. Як хелаш адресашро навиштаст, як хелаш нанавиштааст, намедонӣ ин хатро ба кӣ барӣ, ба кӣ бидиҳӣ, аз куҷо биёбӣ соҳиби ин хатро гуфтам. Кулоб, Душанбе, Норак, Данғара ва Қурған бурдаму кофтаму додам.

Подставаи Барно Каримҷонова бо 5 доллари ман

Чанд бор бе ҳиҷчи мебурданд ШИЗО мекарданд. Ҳамаашро ҳамин Қурбон Камолови хонасухта мекард.

Ҳамин Қурбон Камоловро гуфта будам, ки аз зиндон бароям поҳояшро арра мекунам. Як вақт дар Садбарг пирожкӣ мефурухтам, ки дидамаш. Ман ҳар вақт ки Душанбе бошам дар Садбарг пирожкӣ мефурӯшам. Қурған бошам дар ягонҷо хурок пухта мефурӯшам.

Як вақт дар Садбарг пирожкӣ фурӯхта истода будам, ки Қурбон Камолов бо формаи ГАИ пайдо шуд. Камолов тарафи ман омаду гуфт Барно Каримҷоноваро ту подстава кардӣ.

Гуфтам ман Барно Каримҷоноваро подстава накардам.

Боз гуфт ту подстава кардӣ.

Ман ҳам гуфтам, ки ман накардам.

Гуфт, ки ман шоҳид дорам, долларро ту додаӣ.

Ман гуфтам як панҷдоллара дар зери кошелёки ман  буд, Мавлуда гуфт маро деҳ, ман Мавлударо додам. Ман ба Барно Каримҷонова надодам. Мавлуда гирифт, худо раҳмат кунад, мурд Мавлуда, ки кличкааш Ҷавана буд. Як коғази калонро мегирифт, дар дарунаш ним кило махоркаро меандохт, ғафс мешуд, баъд ҳамонро дуд андохта мегашт. Барои ғафсии сигареташ Ҷаванааш мегуфтанд. Гавана неву Ҷавана. Худаш плотник буд. Бо оҳан ҳам сарукор дошт. Дар дохили як зиндони калон як Мавлуда плотник ва сваршик буд. Дигар ягон зани сваршик набуд. Статяи Мавлуда мошеникӣ буд. Аз Кулоб, аз нуҳум ё даҳум микрорайон буд. Ӯро ҳам дар Хуҷанд ҳамин Барно Каримҷонова бисёр ғам дода буд.

 Як вақт пул ҷамъ карда ба маҳбас ғизоӣ бурдем, ба чорсаду шаст нафар. Дар пакетҳо дутои нони нонвоӣ, дар пакети дигар собуну шампунҳои якмасрафаи 50 дирамӣ, як собуни саршӯӣ, як собуни либосшӯӣ, наски, зерпӯш, зубной паста, зубной шетка ва боз дар як пакети дигар пачкаи чойи хушк, қанд ё шакар, ягон пачка конфети дигар ба зиндон бурдем.

 Дар он вақт дар онҷо Барно Каримҷонова омад. Ҷавана тарафи ман гуфт, ки ман дар кашелокат доллар дида будам. Тез сураташро бигиру долларро ба ман деҳ. Ман сурати долларро гирифтаму долларро ба вай додам. Дар ин байн мебинам, ки Барно Каримҷонова ба тарафи ман омада истодааст. Маро Ҷавана кашид тез ин тараф овард, худаш бо телефон бо касе гап зада истодааст. Як чил минут давом кард. Намедонам ин коргарони коррупсия дар куҷо буданд, боз сурати ҳамонро бо СМС ба ҳамон коррупсия роҳӣ кардаст. Зампалит Барно Каримҷоноваро бари ҳамон 5 доллара дар панҷ сикунд қапиданд, панҷ сол срокаш доданд. 

 Камолов ҳаминро мегуфт ва гуфт, ки ту паданаълат, ту бисёр ноодамӣ.

Гуфтам туи паданаълат

Гуфт, ки ҳамингунаҳоро озод мекунанду берун мебаронад, хато мекунанд.

Ман гуфтам, ки очаи ту хато зоидагӣ

Гуфт апаи Барно чи гуноҳ дошт гирифтӣ подставааш кардӣ

Ман гуфтам ҳеҷ касро подставит накардам.

Гуфт ман шоҳид дорам, ки ту пулро бароварда ба Мавлуда -Ҷавана додӣ Ҷавана ура додагӣ аст.

 Хуллас, вай дар СИЗОи Душанбе истод. 5 сол гирифт. То ҷое ман медонам ду сол ё се сол дар СИЗО истод

Вақте ман Норхолро дар Русия дидам (Норхол яке аз занҳо, ки бо мо шишта буд) аз вай дар бораи Барно Каримҷонова пурисдам.

Гуфт ту дигар турмаро «зиёрат нарафтӣ?

Гуфтам не.

Баъд хандиду гуфт ман як бори дигар рафтам, як се соли дигар партофтанам. Гуфт боз бо наркотик шиштам. Гуфт баромадам ва дигар тарки Тоҷикистон кардам.

Дар пеши метрои Домодедов туалет тоза мекунад. Туалети пулакӣ ва ҳамонҷо нос ҳам мефурушад.

«Вақте дар СИЗО будам вай ҳам дар СИЗО буд гуфт. Ман рафтам карантина гузаштам. Маро дар карантинка манъ накардан, барои онки ман уже стаж дорам. Гирифтанду зона гузарониданд. Баъд дар этапи дигари ӯ рафт гуфт. Лекин аз ҳамон карантина берун набаромад гуфт. Ман 6 моҳ шиштам баромадам гуфт». Барои он Барно Каримҷоноваро дар карантин қапиданд, ки дар зона ба ҷони вай ҳатман таҳдид буд, накушандаш гуфта зона набурданд. Карантин аз зона берун аст, дар промзона воқеъ мебошад. Дар промзона охранна бисёр аст. Рӯбарӯи администратсия аст. Вай тюремшикҳоро ғам медод.

Норхол гуфт, ки Барно ҳам ягон ҳафта пас аз қафои ман баромад. Колонна посиления рафт Хуҷанд

Як зани дигар буд бо номи Гулчеҳра Муллоҷонова. Ғаффор Седой подставааш карда буд бо 9 кило героин. Гулчеҳра Муллоҷонова дар тюрма рак шуд ва баъд мурд. Пас аз чор моҳи КП баромадани ман вай ҳам баромад. Ӯро Ёвон роҳӣ карданд, барои таййи марҳалаи КП. Ман рафтам санади освобожденияамро гирифтам.

Як вақт буд, ки Фируза Кассирова (ҳамроҳам шишта буд) ба ман занг зад. Сағира дар куҷоӣ гуфт

Гуфтам Садбарг.

Гуфт «бхе Ёвон бра гуфт. Ман пулта метим, я мошин меоя пулта метат, пулут метим Гулчеҳра Муллоҷонова онҷо аст, ҳамин пулро бар ба вай деҳ. Аз сари ҳамин пул ҳам ба худат ва ҳам ба Гулчеҳра Муллоҷонова сарулибос хар».

Боз як зани дигар Чиллаеви зани Исмат талаб комбати ГАИ  ё началники ГАИ буд.  Нигина Тиллоева, бо оружия қапиданаш.

Хонаашро меоянд мекобанд, пистолет меёбанд ва боз наркотик меёбанд.

Ба як гуфте пистолет аз бачааш будаасту бачааш аз якум шавҳараш будааст. Гуё бачаашро покриват мекунад.

Вақте Исмат Талаб мегӯяд, ки ин пистолетро ман надидам, ин аз ман нест, баъд апаи Нигина мегӯяд, ки пистолет аз ман аст. Инро ёфтам. Наркотик ҳам аз ман аст мегӯяд мефурушам мегуяд. Барои ҳамин шиштагӣ буд. Ин Исмат талабро духтараш ҳам дар тюрма буд. Духтараш баъд аз мо 9 сол шишт ва баромад…..

Ps:  Ин буд ҳикояти ин зани маҳбуси пешина. Барои шумо писанд омад ё на, намедонем. Вале хоҳиши мо тими Ислоҳ аз шумо ин аст ки агар ҳамин гуна ҳикоятҳои ҷолибе доред ва ё медонед, лутфан барои мо бифиристед, то пешкаши мардум созем. Чун воқиан ҳам ин гуна ҳикояҳо ҳатман пандомӯзанд ва мардум барои худ баҳрае, сабақе мегиранд. Инчунин хело аз амалҳои ҷиноӣ ошкор мегарданд.

Share This Article