Эълони соли густариши Ислом ва таҳкими оила дар Қазоқистон
Маркази исломии ҷумҳурии Қазоқистон соли 2018 -ро соли “густариши Ислом ва таҳкими оила эълон карда, бо ин ибтикор дар таълими исломи муътадил ва таҳкими оила саҳми босазоеро гузошта истодааст.
Дар аксари масоҷиди Қазоқистон таълими улуми ибтидоии исломӣ барои наврасону ҷавонон ва ҳатто пиронсолон ба роҳ монда шудааст, ки хоҳишмандон аз фанҳои омӯзиши Қуръони карим, Худошиносӣ, фиқҳ, ҳадиси набавӣ, таърихи ислом ва ғайра дарс мегиранд.
Илова бар ин, дар назди масҷидҳои ҷомеъи марказӣ дар саросари Қазоқистон семинар ва нишастҳои илмӣ дар бораи оиладорӣ, таъмини некӯаҳволии оила, эҳтироми мутақобил байни ҳамсарон, роҳҳои пешгирии аз ҳампошии оилаҳо, усулҳои муосири таълими фарзандон, тарзи муносибати оилавӣ, силаи раҳм бо хешовандон ва ғайра баргузор шуда истодаанд.
Ҷолдас Коспакулӣ, Имоми ваколатдори Маркази исломии ҷумҳурии Қазоқистон ва имом-хатиби масҷиди ҷомеъи “Машҳур Ҷусип”-и вилояти Павлодар ба расонаҳои қазоқӣ гуфтааст, ки ҳеҷ як ниҳоде дар кишвар мисли масҷид наметавонад, барои пешгирии азҳампошии оилаҳо кор барад.
“Уламои ислом барои пешгирии аз ҳампошии оилаҳо рисолаҳои илмии зиёде навиштаанд ва дар ягон ҷои олам мисли уламои ислом пайдо намекунед, ки ин масъаларо ҷиддӣ гирифта, дар ин бора, бо такя ба Қуръону суннат роҳнамоҳое навишта бошанд. Ислом ғанитарин махзани тарбияи аҳли башар аст. Ҳар ҷомеъае, ки ин ғановатро истифода намекунад ва нисбати ин хазинаи илмиву тарбиявӣ беэътиноӣ мекунад, ба бӯҳронҳои маънавӣ ва ахлоқиву иҷтимоъӣ гирифтор мешавад” – таъкид кардааст Ҷолдас Коспакулӣ
***
Дар Норвегия риояи талаботи динӣ муаллимро аз ҷои кор маҳрум кард
Дар Ослои Норвегия, як муаллими мӯсалмон баъд аз рад кардани даст додан ҳангоми саломалейк бо мураббияи мактаб,ҷои кори худро аз даст дод.
Бино ба иттилои Бентфел Алфхен, директори мактаби Екеберги Осло, ки дар он муаллимони мусулмон низ кор мекунанд, кормандони муассисаи таълимӣ «аз бо даст салом надодани ин муаллими мусалмон нохӯш шудаанд».
Абдуллоҳ, муаллими мактаби ибтидоии Екеберг дар шарҳи ин қазия гуфтааст, ки сабаби бо даст салом накарданаш бо ҳамкорони ҷинси латиф, ба хотири беэҳтиромӣ нисбати онҳо набуда, балки аз рӯи эътиқод ба дин ва риояи шариати исломӣ аст.
Бояд қайд кард, ки аз паи ин қазия даҳҳо созмонҳои дифои ҳуқуқи башар бо ҳимоят аз Абдуллоҳ вокунишҳои ҷиддӣ нишон додаанд, Вакилони дифоъи ҳуқуқи инсон бо муроҷиат ба мақомоти зидахл талаб намудаанд, масъалаи аз кор ронда шудани ин муаллими мусалмон боздид ва ҳуқуқи бозгашт ба ҷои кораш таъмин карда шавад.
Роҳбари Ташкилоти ҷамъиятӣ оид ба табъизи иҷтимоӣ Аахенат Оддвар де Леон, қайд кардааст, ки дар ҳоле ба хотири эътиқоди динӣ аз кор рондан раво аст, ки агар амалҳои динӣ ба раванди фаолияти кории коргар халал ворид кунад. Аммо даст надодани ин муаллим бо занон ҳангоми салом, ба ҳеҷ як уҳдадорияш нуқс ворид накардааст.
***
Дар Чин масҷидҳо тахриб мешаванд
Дар вилояти Ниншии Чин мақомоти ин кишвар тасмим гирифтааст, масҷидеро тахриб кунад. Ин тасмим аҳолии мусулмони маҳаллиро ба шур овардааст.
Тавре ки хабаргузории Reuters иттилоъ додааст, фаъолони ҳуқуқи башар тасмими ҳукумати Чинро ҳамчун кӯшиши дигар барои нақзи озодии дин арзёбӣ кардаанд.
Мақомоти Чин дар шарҳи сабаби тахриби Масҷиди “Вейҷжою” гуфтаанд, ки усули сохт ва манораву гунбадҳои масҷид созгор ба фарҳанги чинӣ нестанд.
Новобаста аз фишори сангини мақомоти Чин алайҳи диндорон мардум ба саҳни ин масҷид гирд омада, тазоҳурот барпо кардаанд.
Мақомот пешниҳод карданд, ки тазоҳургарон ҳарчи зудтар саҳни бинои масҷидро тарк кунанд. Аммо таҷаммӯъи мардум соатҳо пароканда нашуда, аз мақомот талаб намудааст, ки ба ҷои тахриби масҷид иқдоми дигари созанда ва мусолиҳатомезро пеша кунад.
Дар натиҷа, намояндаи мақомоти Чин пешниҳод кардааст, ки гумбаду манораҳои масҷидро аз нав ба таври меъмори чинӣ бисозанд.
Аҳли масҷид ба хабарнигорон гуфтаанд, ки пеш аз ин чандин бор мақомот аз ҷойгир будани ин масҷид бо шукуҳу шаҳомати ба худ хос дар маркази шаҳр изҳори нигаронӣ кардаанд. Гуфтаанд, ки бо чунин шакл дар маркази шаҳр ҷойгир будани масҷид як намуди бегонапарастӣ мебошад ва бояд ин масҷидро тахриб кард ва ба ҷои он бо шакли дигаре ягон макони ҷамъиятӣ сохта шавад.
Шоҳидони ҳол мегӯянд, ин ягона масҷид нест, ки мақомоти Чин бо ҳар баҳонае тахриб мекунад. То ба ҳол даҳҳо масҷид дар мавзеҳои гуногун бо баҳонаҳои мухталиф аз ҷониби мақомот тахриб карда шудаанд.
***
Фаластиниён: Созмонҳои дифоъи ҳукуқи башар аз сухан ба амал гузаранд
Вазорати беҳдошти Фаластин имрӯз, шанбе 11.08.2018 эълом кард, ки аз оғози “роҳпаймоиҳои бозгашт” дар марзи Навори Ғазза то кунун 167 фаластинӣ ба шаҳодат расидаанд.
Бар асоси гузориши вебгоҳи «Алқудс», омори мунташиршуда аз вазорати беҳдошт нишон медиҳад, ки ин роҳпаймоиҳо 18 ҳазор маҷрӯҳ доштааст, ки вазъияти бархе аз онҳо вахим гузориш шудааст.
Дар тазоҳуроти дирӯзи ҷумъа се фаластинӣ ба шаҳодат расиданд ва беш аз 300 нафари дигар захм бардоштанд.
Ашраф Кудра, сухангӯи вазорати беҳдошти Фаластин эълом кард, ки навъи маҷрӯҳияти захмиҳое, ки ба бемористон мунтақил шудаанд, нишон медиҳад, тирандозони режими саҳюнистӣ амдан нуқоти ҳаётии бадани Фаластиниҳоро ба мисли дилу ҷигар ва косаи сар ҳадаф қарор медиҳанд.
“Низомиёни режими саҳюнистӣ ҳангоми ҳуҷум ба тазоҳургарон бештар нукоти нозуки бадани онҳоро нишон мегиранд ва бераҳмона тир шилик мекунанд. Илова бар ин ба гурӯҳи тиббии имдодгар ба маҷруҳон низ ҳангоми ёрии пизишкӣ тир мекушоянд ва намемонанд, ки ба шахсони маҷрӯҳ ёрии тиббӣ расонида шавад”. – гуфтааст Ашраф Кудра.
Вай дар поён аз ҷомеаи байналмилалӣ ва созмонҳои ҳуқуқи башар дархост кардааст, ки барои таваққуфи зулмҳои мустаъмари режими саҳюнистӣ алайҳи миллати Фаластин, вокунишҳои хушку холиро яксу гузошта, вориди амал шаванд.
Роҳпаймоиҳои бозгашт санаи 30 марти 2018 дар эътироз ба муҳосираи Ғазза ва таъкид бар ҳаққи бозгашт ба заминҳои ғасбшуда аз ҷониби режими саҳюнистӣ оғоз шуда, 134 рӯз мешавад, ки идома дорад. Мардуми Фаластин эълом кардаанд, ки ин тазоҳуротҳо то таҳаққуқи аҳдоф идома хоҳад кард.
***
Санаи сафари Эмомалӣ ба Ӯзбекистон маълум шуд
Сафари давлатии раисҷумҳури Тоҷикистон ба Тошканд рӯзҳои 17-18 -уми августи соли 2018 сурат хоҳад гирифт.
Дар ин бораи нашрияи давлатии Ӯзбекистон “Халқ сӯзӣ” иттилоъ додааст.
Ин сафари ҷавобии Эмомалӣ Рамҳон ба Ӯзбекистон ба даъвати раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев мебошад. Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон моҳи марти имсол , бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон омада буд.
Маврид ба зикр аст, ки ин аввалин сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон дар ҳабдаҳ соли охир хоҳад буд.