14.08.2018 Хабарҳо: Аз ҳар гӯша як хӯша

Ислоҳ нет

 

Беҳтарин ва бадтарин шаҳрҳои дунё дар соли 2018

 

Шаҳри Мелбурни Австралия баъд аз ҳафт соли садрнишинӣ ба унвони беҳтарин шаҳр барои зиндагӣ, имсол ба радаи дувум суқут кардааст.

 

Дар ин феҳрист, шаҳри Вена, пойтахти Утриш (Австрия) бо 99/1 дарсад имтиёз, унвони беҳтарин шаҳри ҷаҳон барои зиндагӣ дар сол 2018-ро азони худ кард. Вена соли гузашта дар ҷойгоҳи дувум қарор дошт.

 

Дар ин таҳқиқ, ки ҳарсола тавассути пойгоҳи таҳқиқииThe Economist Group анҷом мешавад, аз миёни 140 шаҳр бо дар назар гирифтани 30 шохис мавриди баррасӣ қарор мегирад ва аз миёни онҳо беҳтарин шаҳрҳо барои зиндагӣ, интихоб мешаванд.

 

Коҳиши ҳамлаҳои террористӣ дар ғарби Аврупо ва омори поини ҷиноят боис шуд, ки имсол шаҳри Вена ба садри ҷадвал биравад.

 

Вена ва Мелбурн болотарин имтиёзҳоро дар бахши саломатӣ, омӯзиш ва зерсохтҳо доштанд. Мелбурн дар бахши фарҳанг ва муҳити зист болотарин имтиёзро касб кард, аммо суботи шаҳри Вена дар бархе шохисҳои дигар ин шаҳрро ба садр овард.

 

Дар интиҳои ҷадвал, Димишқ ба унвони бадтарин шаҳр барои зиндагӣ интихоб шуд. Дакка пойтахти Бангладеш як рутба беҳтар аз Димишқро дорад ва қабл аз Дакка ҳам шаҳри Логуси Нигерия қарор гирифтааст. Дар ин таҳқиқ пойтахтҳои бузург ва пурхатар монанди Кобул ё Бағдод мавриди баррасӣ қарор нагирифтаанд.

 

Дар таҳқиқи The Economist Group  авомиле чун субот, бимаҳои беҳдоштӣ ва дармонӣ, фарҳанг, муҳити зист, омӯзиш ва зерсохтҳо дар ҳар як аз 140 шаҳр мавриди баррасӣ шудааст.

 

Беҳтарин шаҳрҳои дунё барои зиндагӣ дар сол 2018:

 

1.Вена, Утриш

 

2.Мелбурн, Австралия

 

3.Осака, Япония

 

4. Калгарӣ, Канада

 

5.Сидней, Австралия

 

6.Ванкювер, Канада

 

7.Токио, Япония

 

8. Торонто, Канада

 

9. Копенгаген, Дания

 

10.Аделаида, Австралия

 

Бадтарин шаҳрҳои дунё барои зиндагӣ дар соли 2018:

 

1.Димишқ, Сурия

 

2.Дакка, Бангладеш

 

3.Лагос, Нигерия

 

4.Карочи, Покистон

 

5.Порт Морсби, Папуа, Гвинеяи Нав

 

6.Хараре, Зимбабве

 

7.Триполӣ, Либия

 

8.Дуала, Камерун

 

9.Алҷазира, Алҷазоир

 

10.Дакар, Сенегал

 

***

 

Натонёҳу ва Сисӣ  қазияи Ғаззаро маҳрамона баррасӣ кардаанд

 

Вазири дороии Исроил имрӯз сешанбе хабари сафари Бинёмин Натонёҳу ба Миср барои гуфтугӯ бо Абдулфаттоҳ Сисӣ дар бораи бӯҳрони  Ғаззаро таъйид кард.

 

Тавре Евронюз менависад, ин дидори маҳрамона дар 22 майи соли ҷорӣ анҷом ёфтааст, аммо хабари он аввалин бор рӯзи гузашта, тавассути «шабакаи 10», ки як шабакаи телевизиони хусусии Исроилӣ аст, ифшо шуд.

 

Ин шабакаи телевизионӣ ба нақл аз манобеи Амрикоӣ эълом кард, ки ҳадаф аз ин дидор, ки соатҳо тӯл кашида, гуфтугӯ дар бораи чигунагии барқарори оташбаси дарозмуддат дар навори Ғазза будааст ва мулоқоти ду раҳбари сиёсӣ дар замоне анҷом шуда, ки хушунатҳо миёни Исроилиҳо ва Фаластиниҳо дар навори Ғазза ба таври қобили таваҷҷӯҳ афзоиш ёфтааст.

 

Имкони бозгардонии мудирияти навори Ғазза ба Маҳмуд Аббос, раиси ташкилоти худгардони Фаластин, хосатан аз шиддати муҳосираи Ғазза тавассути Исроил ва бозсозии зерсохтҳои ҳаётии ин минтақа аз дигар мавзӯъоти мавриди баҳс миёни Бинёмин Натонёҳу ва Абдулфаттоҳ Сисӣ будааст.

 

Агарчи мақомоти Исроил дар ибтидо ҳеҷ вокунише ба ифшои ин иттилоот нишон надоданд, аммо дар ниҳоят хабари он аз сӯи вазири дороии Исроил таъйид шуд.

 

Муша Коҳилун, вазири иқтисоди “Исроил”, ки рӯзи сешанбе дар як барномаи радиоӣ ширкат карда буд, дар посух ба муҷрии барнома, ки пурсид “Оё аз ин дидори маҳрамона иттилоъ доштааст” гуфт: «Бале, ҳар чизе, ки дар Ғазза рӯй диҳад бо миёнҷигарӣ ва мушорикати Миср анҷом хоҳад шуд».

 

Муҳосираи навори Ғаззаи Фаластин тавассути Исроил дар моҳи июни соли 2007 мелодӣ оғоз шуд. Беш аз ду миллион Фаластинӣ дар ин минтақа зиндагӣ мекунанд ва ба далели ин муҳосира дар тангнои шадиди иқтисодӣ қарор доранд. Ба далели нигарониҳои амнияти Исроил ва Миср дар манотиқи марзии муштаракашон бо Ғазза, маҳдудиятҳои шадиде барои муҳосирашудагон вазъ шуда, ки ин масъала низ дар фурӯпошии иқтисоди Ғазза нақши қобили таваҷҷӯҳе доштааст.

 

“Исроил” мегӯяд, муҳосираи Ғазза бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз расидани силоҳ ба нерӯҳои Хамос ва дигар шабҳинизомиёни фаъол дар ин минтақа анҷом мешавад. Бонки ҷаҳонӣ вазъияти эҷодшуда дар Ғаззаро, яъне камбудии об, дору ва барқро, як бӯҳрони бузурги инсонӣ тавсиф кардааст.

 

Дар моҳҳои гузашта афзоиши танишҳо миёни “Исроил” ва гурӯҳҳои Фаластинӣ дар Ғазза, боиси партоби садҳо мушак аз ҷониби Исроил ба самти Фаластин шуд. Фаластин низ ба ҷониби Исроил мушакҳои ҷавобӣ партоб кард.

 

Илова бар ҳамалоти ҳавоии дуҷонибаи Ҳамос ва Исроил, аз 30 марти соли ҷорӣ роҳпаймоии ҷадиде аз сӯи Фаластиниҳои мӯътариз ба самти марзҳои Ғазза ва Исроил оғоз шудааст. Ҳазорон Фаластинии хашмгин бо ҳадафи ҳимоят аз ҳаққи бозгашти фаластиниёне, ки аз сарзаминҳояшон ронда шудаанд ё дар ҷараёни ҷангҳои солҳои чиҳилуми асри гузашта, ки мунҷар ба ташкили кишвари Исроил шуд, фирор кардаанд, ба самти ин марзҳо ҳаракат мекунанд.

 

Ин эътирозҳо вокуниши шадиди сарбозони Исроилиро дар пай дошт ва то кунун мунҷар ба кушта шудани наздик ба 200 Фаластинӣ дар баробари 1 сарбози Исроилӣ шудааст.

 

***

СММ: Ҷанг дар Ғазнӣ фоҷиаи бузург аст

Идораи кумакҳои башарии Созмони Милали Муттаҳид дар Кобул мегӯяд, ки дар ҷангҳои Ғазнӣ  то 150 фарди мулкӣ кушта ва захмӣ шудаанд.

 

Толибони мусаллаҳ шаби ҷумъаи гузашта, ба шаҳри Ғазнии Афғонистон  ҳамалоти гурӯҳӣ анҷом доданд ва аксарияти манотиқи шаҳрро забт намуданд.

 

Дирӯз вазирони дифоъ ва умури дохилаи Афғонистон, тайи нишасти муштарак эълом карданд, ки ҷанг дар шаҳри Ғазнӣ зери контрол аст ва мухолифини мусаллаҳ, аз бархе соҳоти шаҳр берун ронда шудаанд.

 

Идораи кумакҳои башари Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, ки ба сабаби ҷангҳо дар шаҳри Ғазнӣ, фоҷиаи инсонӣ ба вуқӯъ пайвастааст.

 

Манбаъ илова кардааст, ки мардум дар онҷо бо камбуди об ва маводи хурока мувоҷеҳанд; Зеро барқ нест, фаъолияти шабакаҳои мухобиротӣ қатъ шуда, идороти зиёде корношоям гардидааст.

 

Идораи кумакҳои башари Созмони Милали Муттаҳид гуфтааст, ки Толибон, шоҳроҳҳоро масдуд ва зери назорати худ гирифтаанд, ки аз ин ҷиҳат мардум наметавонанд ба манотиқи амн, паноҳ бубаранд.

 

Бинобар асоси маълумоти ин  идора, то кунун аз асари ҷангҳо дар Ғазнӣ аз 110- 150 фарди мулкӣ кушта ва захмӣ шудаанд.

Манбаъ илова намудааст, ки тадовии аввалияи бархе маҷрӯҳин дар ҳамон ҷо сурат гирифта, аммо 20 танашон, ки захмҳои амиқ доштаанд, тавассути як муассиса ба Кобул интиқол дода шудаанд.

 

Дирӯз вазорати дифоъи миллӣ гуфт, ки дар ҷанги Ғазнӣ, то 30 фарди мулкӣ кушта шудааст.

“Дар ин ҷангҳо, ҳудуди 200 толиби мусаллаҳ кушта шуда ва 140 тани дигаршон маҷрӯҳ гардидаанд. Аз кушта шудани 100 сарбози амниятӣ низ иттилоъ дода шудааст. Вазъияти шифохонаҳо низ қаноатбахш нест, шумори зиёди ҷасадҳо ва маҷрӯҳини ба он интиқолёфта бо мушкилот мувоҷеҳанд”.  – омадаст дар гузориши дафтари матбуотии Вазорати дифоъи миллии Афғонистон.

***

 

 

Эрдуғон: Колоҳои электроникии тавлиди Амрикоро таҳрим мекунем

 

Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия тайи суханронияш зимни як вохӯрӣ эълом кард: Колоҳое, ки бо нақд ворид мекунем, дар дохили кишвар тавлид ва содир хоҳем кард. Колоҳои электроникии тавлиди Амрикоро таҳрим хоҳем кард.

 

Эрдуғон дар бораи уфти босуръати қурби лираи туркӣ дар баробари  доллари амрикоӣ шарҳ дода гуфт, ки Туркия дар ҷаҳон аз ҷиҳати тавлиди нохолиси дохилӣ дар ҷои 17-ум қарор дорад  ва аз ҷиҳати қудратмандӣ дар хариду фурӯши коло дар ҷои 13-ум аст. Ин далеле барои нигариши ҳасудонаву хасмона нисбат ба Анқара шудааст.

 

“Вақте диданд, ки аз ҷониби мо сархамӣ ба миён наомад, дарҳол фишори иқтисодиро пеша карданд. Дуруст аст, ки мо ба онҳо ҳамчун шарик ва дӯсти қадим бовар карда будем ва ин интизориро надоштем.  Ҳоло маълум мешавад, ки Туркияро нашинохтаанд. Агар дилхоҳ коршиносони ватанӣ ё хориҷӣ суръати тараққиёти иқтисодии Туркия ва суръати кунунии асъори миллиро таҳлил кунанд, дарҳол дарк мекунанд, ки хезиши қурби доллар бо ҳеҷ ақл ва мантиқ созгор нест ва мавҷудияти ихтилофотро эътироф мекунад”- таъкид кард Раҷаб Таййиб Эрдуғон.

 

Раисҷумҳури Туркия таҳрими Амрико алайҳи Туркияро зимни ин суханронияш нотавонбинии Кохи сафед унвон кард.  Ӯ гуфт:

 

 

Замоне, ки аз роҳи гуфтушуниди дипломосӣ моро қонеъ карда наметавонанду қодир ба таҳмили хостаҳои худ ба мо намешаванд,  нерӯи низомӣ ва фишангҳои иқтисодиро истифода мекунанд. Амалҳои пиёдакунандаи бесуботии иҷтимоӣ ва сиёсиро ба иҷро мерасонанд. Бояд бигӯям, абарқудрате, ки наметавонад бо роҳи дипломосӣ ва гуфтушунид муносибатҳоро бо таври ҳасана ба роҳ монад, нишонгари онаст, ки дигар иқтидори сиёсиро аз даст додааст ва мо инро кайҳо омӯхтаем”.

 

 Раисҷумҳури Туркия афзуд: “Мо барои ташвиқ ва ҷалби сармоягузорӣ бештар кор мекунем,  бештар тавлид ва содирот хоҳем кард. Анбор кардани колоҳо ҳеҷ маъное надорад. Кишвари мо дорои яке аз қавитарин системаҳои бонкӣ дар ҷаҳон аст. Онҳое, ки мехоҳанд мо ба буҳрони моливу пулӣ дучор шавем ин амалашон беҷавоб нахоҳанд монд”.

***

12 созмони байналмилалии ҳуқуқӣ: Тоҷикистон бояд ба озодии ВАО эҳтиром гузорад.

 Freedom Now, Хюман Райтс Вотч, Ҳамкории байналмилалии дифоъи ҳуқуқи башар, Кумитаи норвежии Ҳелсинки, Freedom House, Кумитаи дифоъи ҳуқуқи журналистон, Article 19, Анҷумани ҳуқуқи башари Осиёи Марказӣ, Анҷумани милии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ), Гузоришгарони бидуни марз, Федератсияи байналмилалии дифоъи ҳуқуқи башар (FIDH), Созмони байналмилалии дифоъи ВАО, аз сафоратхонаҳои кишварҳо дар Тоҷикистон ва созмонҳои байналмилалӣ даъват кардаанд, ки дар мурофиаи Хайрулло Мирсаидов, ки санаи 15 август дар шаҳри Хуҷанд баргузор мегардад, пофишорӣ намоянд, то ки озодии  ӯ бидуни ҳеҷ шарте аз зиндон таъмин карда шавад.

 

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонони сиёсӣ низ, ба наздикӣ аз ҷониби мухолифони сиёсии кишвари Тоҷикистон дар хориҷ таъсис ёфт, мубориза барои озодии Хайрулло Мирсаидовро ба барномаи кории худ ворид кардааст ва дар назар аст, ки флешмобу пикетҳои  саросарӣ дар кишварҳои ҷаҳонро ба роҳ монад ва муроҷиъатномаҳо оғоз кунад.

 

Маврид ба зикр аст, ки пеш аз ин  намояндагони сафоратҳои Британияи Кабир, Олмон, Фаронса, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон айбдоркунии Мирсаидовро дар як изҳороти муштарак изҳор намуданд, ки ҳукми ӯ  “ба озодии матбуот дар Тоҷикистон таъсири бад хоҳад дошт ва метавонад ба муносибатҳои дуҷониба бо ҳукумати Тоҷикистон таъсир расонад”.

 

Тавре Радиои Озодӣ хабар дода буд, додгоҳи шаҳри Хуҷанд рӯзи 11 июл Хайрулло Мирсаидовро ба 12 соли зиндон маҳкум кард. Додраси парванда дар қарори худ гуфт, ки Мирсаидов дар маҷмӯъ аз рӯи се моддаи Кодекси Ҷиноии Тоҷикистон гунаҳгор эълон мешавад. Бо қарори додгоҳ, аз рӯи иттиҳоми “азонихудкунӣ ва исрофкории маблағҳои давлатӣ” “сохтакории ҳуҷҷатҳо”, “пахш кардани маълумоти бардурӯғ” дар бораи Олим Зоҳидзода, собиқ раиси бахши ҷавонони ҳукумати Суғд дар маҷмӯъ ба 12 соли зиндон маҳкум гардид.

Вакилони дифои ӯ ин ҳукмро “номунсифона” ва “хеле сангин” номиданд ва рӯзи 18 июл ба додгоҳ аризаи кассатсионӣ карда, бозбинии онро тақозо намуданд. Қабл аз он, 16 июл хонаводаи Хайрулло Мирсаидов ба ҳисоби давлат 124 ҳазор сомонӣ ҷуброни молиро интиқол доданд ва изҳори умед карданд, ки ба зудӣ озод шавад. Хонаводаи Мирсаидовҳо бо нашри як изҳорот гуфтанд, ки 124 ҳазор сомонӣ (беш аз 13,5 ҳазор доллар) маблағро, ки дар парвандаи ҷиноӣ ба унвони “зиёни молии давлат” зикр мешуд, супурданд.

 

Share This Article