Ин навбати барнома аз номаҳо омада аз Ашт, Бадахшони Афғонистон, Кулоб ва Турсунзода таҳия шудааст.
Муаллифи мо аз Кулоб аз вазъу ҳоли аскарбачаҳои яке аз қисмҳои низомии вазорати мудофиа дар ин шаҳр навиштааст. Ба гуфтаи вай инҷо сарбозҳо ҳатто шабушк задаанд.
Матлаби омада аз Турсунзода хеле аз масоилро матраҳ кардааст. Муаллиф бо киноя ба Раҳмонов гуфтааст, ки як бор бойгониро бардору бубин, ки колхози Дӯстии пешина чиҳо дошту чи қадар маҳсулот истеҳсол мекард вале бо пою қадами ту ҳоло ба чи рӯз афтодааст.
Номаи фиристодаи сокини Бадахшони Афғонистон хеле ҷолиб аст, ки шарҳу тафсир намедиҳам. Онро бояд худатон мутолиа фармоед.
Ашт
Ассалому алейкум устоди гиромӣ. Ман як сокини ноҳияи Ашт мебошам. Мехоҳам чанд хабарро ба шумо фиристам:
1)Светкушӣ аз сентябр сар шуд. Дар як шабонарӯз 6 ва гоҳо 8 соат ба мо свет медиҳанду халос. Аммо тамоми ҳукуматиҳои ноҳия, масалан амният, корҳои дохилӣ, ГАИ, суд, прокуратура бо свет 100%таъмин мебошанд. Гуё, ки мардуми одӣ дуюм сорт бошанд. Мо мардуми деҳот зимистонро бо шамъу алов паси сар менамоем. Агар дар зимистон камбуди барқ бошад дар баҳору тобистон набудани об мардумро азият медиҳад.
2) Камбуди об: Ноҳияи Ашт бо зардолуи худ натанҳо дар ҷумҳурӣ, балки дар Осиёи Марказӣ ва Русия маъруф аст. Зардолу яке аз сердаромадтарин ҳосили меҳнати деҳқон дар Ашт мебошад. Аксар хонаводаҳои ноҳия ба он машғуланд. Аммо баъди раиси ноҳия таъин шудани Шӯҳрат Муҳаммадзода дар соли 2023 об барои боғдорӣ тамоман бо танқисӣ дастрас мешавад. Аз таги Шайдон сар карда то болои Булоқ кишоварзон бо норасоии об мувоҷеҳ шудаанд. Пештар об аз моҳи март ба халқ дода мешуд, аммо рафта- рафта ба охирҳои моҳи апрел рост меомадагӣ шуд. Ҳосили дарахт дар болояш аз беоби хушк шуда мерезад. Аксари боғдорон аз баҳри меҳнатӣ 10-20 солаи худ баромаданд. Ҳар як боғдор сари 1 гектар қариб 1000 сомонӣ молиёт медиҳад. Пулро дар моҳҳои январ феврал ҷамъ менамоянд. Вале ҳеҷ насоси вайронаи онҳо дуруст ва ё нав шуданӣ надорад. Мардуми бечора сахт дар азоб аст вале даҳони худро намекушояд.
Имсол гапи камбудӣ об баромад ва шунидем, ки ҳамон раиси ноҳия Шӯҳрат замини пахта доштааст. Обро ба онҳо медодааст. Мардум инро дониста вале хап кардаанд, метарсанд. Ва боз шунидем, ки миробҳои каналҳо хеле шурӣ- мурӣ доранд.
3)Масъалаи дигар ба ГАИ-БДА ё ГАИ аст: Гаишникҳои ноҳияи Ашт хеле аз худ рафтагианд. 50 сомонаро назарашон намегирад. Як гаишник аз тарафи ҷануб буд. Мошини як рафиқамро манъ кард. Ин ҷураам 50 сомониро аз кисааш бароварда нишон дод. Ин ГАИшник ошкоро гуфт «а бача шухӣ кадести» ва то 100 сомониашро нагирифт, ҷавобаш надод. ГАИшникҳо ҳар куҷое, ки хоҳанд радарҳо дар даст меистанд. Камтар риш дошта бошиву гап гардонӣ мурдӣ, рафтем ба одел мегуяд. Беҳад наглий шудагиянд. Туф ба рӯи чунин порахурон.
4) Чорум масъала ин масъалаи пурҷамъкунӣ аз мардум аст. Ҳозир садик пулакӣ, мактаб пулакӣ ва боз барои ремонт алоҳида пул мегиранд. 50 сомони сари ҳар хонанда. Либоси мактабиро бошад маҷбурӣ оварда қапонданд. Эътироз кардӣ, мурдӣ. Безор аз ин хел ҳукуматдорӣ шудем. Ҳамаи шароити зиндагӣ: роҳ, мактаб масҷид балнитса, об, трансформатор ва ғайраҳоро худамон таъмин кунем чи лозим ба мо инхел давлату давлатдорӣ
Устод дар Ашт мардум шуморо гуш мекунанд ва дар ҳаққатон дуъо мекунанд. Дуъо мекунанд, ки Аллоҳ шуморо ҳифзу ҳимоят кунад ва ба орзу ва мақсудатон бирасонад.
Боқӣ саломат бошед. Ин суханҳо хос барои озодии мардум ва ватан ва розигии Аллоҳи мутаъол буд.
Бадахшон (Афғонистон)
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Ман аз Афғонистон ва тоҷик ҳастам. Айни замон дар як кишвари урупоӣ ба ҳайси паноҳанда кору зиндагонӣ мекунам.
Чанд вақт аст, ки гаҳ-гоҳе барномаи ютубии шуморо тамошо мекунам. Бахусус барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо»-и шуморо дар шабакаи Ислоҳ.ТВ мебинам.
Ахиран як барномаи дигари шуморо дар бораи Эмомалӣ Раҳмонов тамошо кардам. Ҳоло мехоҳам дар бораи раиси ҷумҳурии худкомаи шумо, ки чанд рӯзи пеш зодрӯз дошт, фикру ақидаамро баён намоям.
Ман ба унвони як ҷавони тоҷики Бадахшони Афғонистон, таърих ва ҳувияти оқои Эмомалӣ Раҳмонро мавриди таҳқиқ қарор додам. Оқои Эмомалӣ Раҳмон, дар асл аз нигоҳи қавмӣ, аз қабилае бо номи лақай ҳаст. Қабилаи лақай як ақаллияти хурд аст ки решааш ба туркони муғул бармегардад.
Ин қабила имрӯз дар чанд кишвар зиндагӣ дорад:
як қисми онҳо дар Тоҷикистон, қисми дигар дар Ӯзбекистон, гурӯҳе дар Русия, ва қисми дигар дар Қазоқистон. Аммо ин қабилаи Лақай асосан дар кишварҳои туркзабон сукунат доранд, зеро фарҳанг ва решаҳои генетикии онҳо яксон аст.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ, бисёре аз онҳо намегӯянд, ки аз қабилаи лақай ҳастанд. Дар Ӯзбекистон худро ӯзбек, дар Қазоқистон худро қазоқ ва дар Русия ва Тоҷикистон худро тоҷик муаррифӣ мекунанд. Ин нишон медиҳад, ки онҳо яке аз қабилаҳои туркони муғуланд, ки бо гузашти вақт тоҷикшуда шудаанд.
Ҳоло оқои Эмомалӣ Раҳмон, ки дар кишвари тоҷикон зиндагӣ дорад, аз имтиёзҳои тоҷикон истифода мебарад ва бар сари сарзамини тоҷикон ҳукм меронад. Ӯ наметавонад бигӯяд, ки «ман тоҷик нестам», зеро барои истифода аз ин имтиёзҳо маҷбур аст худро тоҷик нишон диҳад.
Аммо тоҷикони асил, ки дар Бадахшон зиндагӣ мекунанд, ҳаққи табиӣ ва мусаллам доранд ва бояд идораи кишвари Тоҷикистон дар дасти онҳо бошад, зеро маҳз ҳамин тоҷикони аслии Бадахшон буданд, ки Тоҷикистони имрӯзаро аз дасти муғулҳо озод карданд.
Мутаассифона, имрӯз ҳамон тоҷикони аслии Бадахшон ба дасти оқои Эмомалӣ Раҳмон ба ҳошия ронда шудаанд. Ӯ қабилаи муғулии худро зери номи «тоҷик» дар кишвар густариш медиҳад, вале тоҷикони аслиро кам мекунад ва аз саҳна дур месозад.
Ин масъулияти тоҷикони ҳақиқии Бадахшон аст, ки аз ҳуввият, кишвари аҷдодӣ, ва мероси падаронашонро дифоъ кунанд.
Тоҷикони асили Бадахшон танҳо ду роҳ доранд:
- Ё аз ҳуввият ва кишвари аҷдодии худ дифоъ кунанд;
- Ё қабул намоянд, ки муҳоҷири кишварҳои бегона шаванд ва ё ғулом ва зери дасти дигарон гарданд.
Агар тоҷикони аслии Бадахшон аз ҳувият ва кишвари худ дифоъ накунанд, рӯзе мерасад, ки қисме аз онҳо дар як кишвар муҳоҷир мешаванд, қисми дигар дар кишвари дигар ва гурӯҳи дигар дар сарзаминҳои туркони муғул ғулом хоҳанд шуд ва ин миллат пурра нобуд мегардад.
Зеро ҷаҳон имрӯз ҷаҳони ишғолгарон аст. Агар дар чунин ҷаҳон ту ҳувият ва силоҳ надошта бошӣ, ё нобуд мешавӣ ё ғуломи ишғолгарон мегардӣ.
Ҳуввият ягона арзише аст, ки миллатро зинда медорад, таърихи ӯро равшан мекунад ва қавми ӯро муттаҳид месозад.
Силоҳ бошад, воситаи нигаҳдории сарзамин, номус ва арзишҳои ниёгон аст.
Кулоб
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Ҳозир шабрӯз дар бораи даъвати аскарӣ дар телевизионҳо барнома карда истодаанд. Гуё бачаҳо бо хоҳиши худашон ба хизмати аскарӣ рафта истода бошанд. Вале, бовар кунед, ки аз нисф зиёди онҳо ба воситаи облава ва бо зӯрӣ бурда мешаванд. Сезони облава чандин сол аст ки як бизнеси калон барои ҷамоату мақомоти ноҳияҳо шудааст. Барои мисол як деҳа бояд 15 даъватшавандаро дар ҳамин сезони тирамоҳ ба хизмат гусел кунад. Аммо аз ҳамаи 400-500 ҷавони сини даъвати ин деҳа, яъне аз падару модаронашон пули калон мегиранд, то 20.000 сомонӣ. Ин дар куҷо дуруст мегирад?
Дар шаҳри Кулоб солҳои пеш части 13-483 – и полки русҳо буд. Ҳозир ин минтақа бо тамоми биноҳояш дар ихтиёри вазорати мудофиаи Тоҷикистон гузаштааст. Лекин шароитҳояш хеле бад шудааст. Сарбозону афсарони инҷо ҳоли зоре доранд. На оби саршӯияшон хуб аст ва на ҳаммому ҳоҷатхонаи соз доранд. Бо кипятилник сарҳояшонро мешӯянд, бо оби хунук сарашонро мешӯянд, мандалашон задагӣ аст, яъне шупушк задаанд. Бо як станок 10 сарбоз сару риш метарошад. Аскарҳо хуроки хуб надоранд. Мегӯӣ, ки дар конслагери Раҳмонованд. Касалиҳои сироятӣ хеле зиёд аст, дар бадани солдатҳо хоришак баромадааст ва касалиҳои безеби дигари гузаранда омадааст.
Шароити сарбозҳо беҳад безеб аст. Ин шо Аллоҳ, ин аскарҳо аз Раҳмонов ҳимоят намекунанд. Ҳамаашон душмани ин оилаанд. Ягона роҳ ин инқилоб аст. Ман тайёрам устод.
Турсунзода
Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол Садриддин! Бародар, маълум аст ки ватани мо аксарияти заминаш куҳистону адиру талу теппаву дараву сойҳои хушки бе об аст. Солҳои мактабӣ мехондем, ки 97% куҳистону 7% ҳамворӣ дорем.
Ин мақомоти мо беҳад беғаму беақл ва бераҳм ҳастанд.
Ман фақат дар бораи ноҳияи Турсунзода гап мезанам. Мақомоти ноҳия заминҳои обии ҳосилдеҳро ба аҳолӣ бо пули калон фурӯхта истодаанд. Наход ин давлати мо ин қадар беинсоф бошад? Ин давлати мо ягон мақомоти тафтишотӣ ва ягон ҳисобу китоб надошта бошад? Тибқи қонун дар замини обӣ сохтани хона манъ аст, ҳоло чи расад ба додани участкаи наздиҳавлигӣ. Дар ҷойи зисти мо 1000ҳо гектар замини обии корами ҳосилхез буд, ки ҳамаро ба аҳолӣ фурӯхтанд. Мо дар ин заминҳо гандуму шолӣ ва ҷуворимака мекоридему ҳосили баланд мерӯёнидем. Ҳозир ин заминҳо нестанд. Мардум дар ин заминҳо участка гирифта хона сохтанду зиндагӣ доранд. Як худи ҳамин маҳаллаи мо дар як сол чандин 1000 тонна биринҷ ва гандум ба бозор мебаровард ва аз ин ҳисоб зиндагии мардум хело ободу осон буд. Аммо ҳозир ин тавр нест. Чунки замин нест ва табиист, ки ҷойи кор намешавад, вақте замин набошад. Дар натиҷа қиматӣ, гаронӣ, бебаракатӣ. Фикри мардум ба Русия. Дар онҷо азобу сарсониву саргардонӣ. Магар ин чи ҳолат аст? Магар ин зиндагӣ аст.
Бародар Муҳаммадиқбол бояд бифаҳмонд, ки инсон бояд чигуна зиндагӣ кунад. Ин вазъу ин ҳол дер давом намекунад. Бале, ин ҳама бо «баракат»-и Пешво аст. Ҳамаҷо бе соҳибӣ, фасоду ришва бошад дар ҷои аввал.
40 сола шудам. Вақте ман номи Раҳмоновро шунидам ва дар телевизион дидамаш 7 сола будам. Ҳозир фарзанди калониам 15 сола аст. То ҳанӯз ба Аллоҳ қасам як бор адолати Раҳмоновро надидам.
Ҳоло ба асли мақсад мегузарем. Ман худам дар ҷамоати Қаратоғ, маҳаллаи Зарнисор зиндагӣ мекунам. Ҷамоати Қаратоғ яке аз калонтарин ҷамоатҳои ноҳияи Турсунзода мебошад.
Савол ба Раҳмонов ин аст. Дар вақти ба қудрат расидани ту ин ҷо, ки колхози Дӯстӣ ном дошт, чи хел буду ҳоло ба чи ҳол афтодааст? Баъди ба қудрат омадани ту дар ин колхоз Сангинов Раҷабалӣ раиси ин колхоз шуд. Чунон бераҳмона ғорату тороҷ кард, ки то бас гуфтан.
Канӣ он заминҳо, канӣ он чандин фермаҳо, канӣ техникаҳо-траторҳо, комбайнҳо, Зилҳо, канӣ гаражу складҳо, чандин шипангу анборҳо.То замини назди идораи коллхозро фурухт, то бинои идораи колхозро фурӯхт. Фермаи аз 1000 гов зиёд куҷо шуд? Ҳазорҳо сар гуспандони колхоз канӣ?
Ин ҳама бо «баракат»-и ба қудрат омадани ту рух дод Пешво. Ин ҳама дуздиву талаву тороҷу ғорати моликияти давлату миллатро, кӣ ҷавоб медиҳад?
Баъд аз ин ки ин Сангинов Раҷабалиро дар соли1997 ё 1998 хуб дар ёд надорам, шабона бандитҳои онвақта омада дар пойҳояш паррониданд ба колхоз раиси нав омад -Холов гуфтанӣ шахс. Ин Холов бошад аз Сангинов ҳам бадтар гузаронд. Замин ва фурӯши моликияти давлатро ба авҷи аъло расонд. Ва аз ин ҳисоб хело бадавлат ва соҳиби пулу моли зиёд шуд. Ин Холов фоидаи беҳад калон кард. 7-8 сол раисӣ кард. Баъди Холов боз Сангинов Раҷабалӣ раис шуд. Ва, албатта, ки ғорату дуздӣ аз пешина ҳам бештар шуд. Чунки ҳам иштиҳояш калон шуданд ва ҳам таҷрибанок буд. Не замин монду не гаражу не анборҳо. То гаражи колхозро ба Азими домодаш дод. Нисфи гаражро бошад ба Обидов Тошмуроди қудояш дод, ки ҳоло дар он Рустами писари ҳамин Тошмурод зиндагӣ дорад.
Чи хеле гуфтам колхози собиқи Дӯстӣ беҳад колхози калон ва бой буд. Идораву анбору складҳои калон дошт. Ҳозир аз онҳо ҳеҷ чиз намондааст. Ин ҳамаро Сангинов Раҷабалӣ ва Холов ба нестиву нобудӣ расониданд.
Баъд аз Сангинов Раҷабалӣ раиси дигар омад, ки номаш аз ёдам рафтааст, аз маҳаллаи Чинори ҳамин ҷамоати Қаратоғ буд.
Аз колхози пешина 10% ҳам намонда буд. Ин раиси нав агар хато накунам як моҳ ҳам кор накард. Аз гуспандони колхоз 100 сар монда буд, ки ин раиси нав бо нархи як кило гушт ҳар сари онро фурӯхт. Ҳамон вақт килои гушт 20 -25 сомонӣ буд, ки як гуспандро бо ҳамин нархи 20- 25 сомонӣ фурӯхт. Тамоми мардум ба ҳайрат зада буд. Нотарсиро бин, ки то чӣ дараҷа! Ҳамон вақт дар телевизион нишон дод. Раиси ноҳияи Турсунзода, ки соз дар ёд надорам кадомиашон буд: Баракатулло буд, ё ки Бовалӣ Табаров буд ё Сиҷоуддин Саломзода, ки савол дода буд ва дар телевизион дида будем –чи ба гуспандҳоро ин қдар арзон бо нархи як кило гушт фурухтӣ? Мо гуфтем, ки ана акнун ин раиссро маҳкам мекунанд. Аммо пагоҳаш дидем, ки дар кучаҳо гаштааст. Ана адолати ҳукумати пешво.
Бародар, инҷо ман дар бораи як колхози давраи шӯравӣ навиштам, ки чи гуна дар пеши чашмони ман ба нестӣ бурда шуд. Ва ин нобудиву нестии колхоз ба дастони Сангинов Раҷабалӣ ва Холов ба амал омад. Колхозро инҳо ғорат ва хароб карданд.
Аммо бовар кунед, ки на танҳо ин ду нафар, балки тамоми раисони колхози Дӯстии собиқ то ҳануз дуздиву ғорат доранд.
Магар ин ҷаноби Раҳмонов ин ҳама ҷинояту хиёнатро намебинад? Ин дар мантиқ дуруст намегирад. Магар давлату давлатдорӣ чунин аст? Наход роҳбари давлат ин гуна бепарвою холабеғаму бераҳм бошад? Магар мешавад? Ягон роҳбари Давлат чунин намекунад. Виҷдону номус ва ақлаш ба ин беномусӣ роҳ намедиҳад. Агар диктатори дунё ҳам бошӣ бояд чизу чораи давлат ва мардумро ҳифз ва саришта кунӣ. Эй, Раҳмонов ту чи мавҷудот ҳастӣ? Наход то ин ҳад тупой ва бефаросат бошӣ? Каме ба худ биё. Тамоми заминҳои обиро фурӯхта хона рост карда истодаанд, пагоҳ-пагоҳи дигар ҳатто дар деҳот мардум кабудиву бодиринги хориҷӣ мехаранд.
Давлате, ки ҳама чиза аз хориҷа ояд, аз воридот вобаста бошад, чи хоҳад шуд. Хуб, бигзор орду гандуму шакару бензин оварда шавад. Вале бо ин ҳол, бовар кунед, ки пиёзу сабзиву помидору боқилоро ҳам аз хориҷа медарорем. Чандин сол аст ки картошкаро аз Покистону дигар ҷо оварда истодаанд. Ин ҳолат тамоман дуруст нест.
Ҳоло дер шуда бошад ҳам боқии ин заминҳоро ба деҳқонон диҳед.
Дар ноҳияи Турсунзода заминфурушӣ дар авҷи аъло аст. Ин ноҳия метавонад, ки тамоми ҷумҳуриро бо биринҷу гандум таъмин намояд.
Раҳмонов деҳқонони Турсунзодаро ғам надеҳ, болои онҳо зулм накунанд, ин мақомоти гушнаат. Камтар лаҷоми онҳоро каш.
Як бор нофаҳмо карда ба ноҳияи Турсунзода биёву бубин, ки чи гап аст? Ба фермерҳои боқувват ин адирҳои хобидаро бепул деҳ, ё бо нархи арзонтар.
Бахудо аз ягонҷо зарурат барои ворид кардан гандум боқӣ намемонад, баракс мумкин аст содирот кунем.
Заминҳо обиро, ки ғайриқонунӣ фурӯхтанд,баргардону гир, ақалан 30-40% онро баргардону ба дасти деҳқони регарӣ супор. Як бор ба халқи одӣ, ба деҳқонҳо шанс деҳ.
Бовар кунед, ки тамоми ҷумҳуриро бо ғизо худамон таъмин карда метавонем. Баъд, бубин, ки чи тағйирот ба амал меояд. Ман марди солхурдае ҳастам,ки умрамро дар ин ноҳия гузаронидааму медонам чи машварат медиҳам. Дилам месӯзад ба ҳоли ин мардум ва холабеғамии мақомоти ноуҳдабарои таъинкардаат. Тамоман назорат вуҷуд надорад, ҳаркасеро таъин мекунӣ дар фикри заминфурӯшӣ ва пулҷамъкардан аст. Як бор мараторияи бе пул ва кадрҳои кордонро ба вазифаҳо таъин кун ва натиҷаашро мебинӣ!
