Семейка news №22

Ислоҳ нет
Screenshot

   Шумораи 22-юми моҳномаи «Семейканюс» аст, ки бо хабару матолиби ҷолибиу хонданӣ таҳия ва тадвин шудааст.

«Қаҳрамон»-и маркази ин барнома Дишод Саидзода, муовини вазири молия, писари Муроди телехи Раҳмонов ва аз дӯстони наздики бачагии Рустами Эмомалӣ аст.

Тибқи маъмул дар барнома хабарҳоро аз дохили «Семейка» дорем, ки онҳо танҳо ва фақат дар «Ислоҳ» нашр мешаванд. Аз Шамсуллову Фарози вай, шавҳари Рухшонаи духтари Эмомалӣ Раҳмонов, аз Сифатфармаи Парвинаи духтари Эмомалӣ Раҳмонов, аз Муҳибуллои номард бошаму зинда бошами бародари Азизмои газетхонаки зани Раҳмонов ва Мансур Давлатови ҷияни вай, ки Шаҳритусро ба дод овардаанд  хабарҳоеро омода намудаем.

  Чуноне мебинед, ин ҳама хабарҳо дар гирди Раҳмонов-меҳвар, мех ва сутуни қасри «Семейка» тоб мехурад.

Интихоби Дилшод Саидзода ба унвони қаҳрамони марказӣ дар ин маҷалла ҳам мустақиман ба Раҳмонов марбут мешавад. Мурод, падари Дилшод тӯли тамоми ҳукумати Раҳмонов ҷондори шахсии вай буд ва дар ин муддат аз як сержант ё старшина, дарбонаки ҳукумати вилояти собиқи Кулоб то ба рутбаи генералӣ расид. Метавон ҳадс заду пешгӯӣ кард, ки Дилшод низ, агар Рустам ҷойи падараш омад, ба мақоми баландтар аз ончи ки имрӯз дорад, хоҳад расид. Чаро не? Падараш озмудаву содиқ, худаш ҳам сагвор хидмат хоҳад кард. Вале, тибқи хабарҳо, ки дасти мо омад, Дилшод солҳо пеш аз пешниҳоди падараш «барои телехи аввали Рустам шудан омода бишавад», сар боз задааст….

 Ҳоло барномаро шурӯъ мекунем аз реза ахбору хабарҳо.

Ахбори «Семейка»

  Шамсулло, Фароз ва терминалҳои наздимарзии вай

Исми Шамсулло Соҳибов ва Фароз-ширкати ғулпайкари ӯро на фақат дар Тоҷикистон, дар берун аз он ҳам ба хубӣ мешиносанд. Фароз амалан дар тамоми ҷабҳаҳои хоҷагии халқи Тоҷикистон яккатозу монополист аст. Инҷо аз арсаҳое, ки Фароз тасарруф кард, намегӯем, чунки пеш аз ин ҳам гуфта будем ва на танҳо мо, ҳатто расона ва созмонҳову ташкилотҳои хориҷӣ, ки ҳам роҷеъ ба ҷабҳаҳои бисёрпаҳлуи ва зиёд навиштаанд. Аммо дар ҳеҷ яке аз ин нигоштаҳо ҳарфи хубе дар васфи Фароз гуфта нашудааст. Ҳамин буд, ки барои аз ин расвоӣ ва бадномӣ раҳидан панҷ соли пеш Шамсулло эълон кард, ки дигар Фарозе вуҷуд надорад, барҳам додааст.

Аммо манобеи мо мегӯянд, ки дар тамоми нуқоти сарҳадии Тоҷикистон, такрор мекунам дар тамоми нуқоти марзӣ «Фароз» чанд сол бад-ин сӯ ба ном терминалҳое роҳандозӣ кардааст, ки василаи нақлия, чи боркашу чи мусофирбару чи шахсӣ бидуни санади он ба ва аз қаламрави кишвар даробаро карда наметавонанд. Манбаъи мо, ки солҳо дар як КП-контролний пункт-гузаргоҳи марзӣ фаъолият мекунад гуфт:

«Фароз дар тамоми КПҳои Тоҷикистон ҳаст. Фароз, маълум аст ки аз они Рухшонаи духтари Раҳмонов аст. Рухшона сафири Тоҷикистон дар Бритониё аст. Шавҳараш Шамсулло Соҳибов аст. Тамоми Дулан, КамАЗ, Танару умуман дилхоҳ мошин, ки ворид ё хориҷи нуқтаи марзӣ мешавад дар стоянкаҳои КП як рӯзро мегузаронад, маътали дуруст шудани документҳояшон бояд ва ҳатмӣ вориди стоянка-терминали Фароз бишаванд. Ронандаҳои бечора шалпару лакоту хаста ҳазорҳо километрро тай мекунанд, вале инҷо нигоҳашон медоранд».

Дар КП-ҳо дастур дода шудааст, ки «намонед, ки мошинҳо аз соати 8 гузаранд». Мо, аз сардор мепурсем, ки «чида нагзаранд. Хай монем, ки бигзаранд. Мо 24 соатаем, кор мекунем, бигзаранд. Соат 10-11 –и шаб шуд брем хов кнем, онҳо ҳам бираванд».

Не, мегӯянд, мумкин нест. Бигӯед дар стоянка биистанд.

Охир, барои чӣ биистанд?

Барои он ин мошинҳо меистанд, ки дар терминали Фароз шабона истироҳат аст. Ин мошинҳои борбар бояд сари ҳар мошин аз 400 то 600 сомонӣ бипардозанд. Дар як шаб ба камиаш 70-80 мошин инҷо ҷамъ мешавад. Вале боз рӯзҳое мешавад, ки то 140-150 мошин ҷамъ ва дар навбат меистад. Ҳар рӯз. Ва бояд ин пулро пардохт намоянд ва сипас гузаргоҳи марзӣ шлагбаумро мебардорад ва баъд гумрук асноди онҳоро ба расмиёт медарорад.

 Як бор пеши худатон ҳисоб кунед, ки инҷо дар як шаб чи қадар пули ронандаҳоро «Фароз» мегирад ва онро дар 365 рӯзи як сол зарб занед ва инро ҳам ба ҳисоб гиред, ки дар Тоҷикистон чи қадар гузаргоҳҳои марзӣ вуҷуд дорад. Ва, ҳамаи ин пул ба ҷайби Фарози Шамсуллои домоди Раҳмонов ва Рухшонаи духтари вай ворез мешавад.

«Ман ҳайронум, чаро барои убури КП-ҳо, ки аз они давлат аст, пости сарҳади Тоҷикистон аст ба «Фароз»  пул медиҳӣ ва бар ивази чӣ? «Фароз» бар ивази пули мегирифтааш чи кор мекунад? Ман ҳайронум».

  Дар гумрук пул медиҳанд, барои рентген пул медиҳанд, дар ҷойе, ки назорат-осмотр мекунанд пул медиҳанд, просто так мошинро осмотро кардем мегӯянду сӣ-чил сомонӣ мегиранд, просто номерашро қайд мегиранд, барои печат задан ба бораш пул мегиранд, барои растаможкаи бор пул мегиранд.

«Ман ҳайронум, ки да ҳамаи чи ки медрояд пул метан: дар шлагбаум истодагӣ шлагбаумро ҳуй мекунад даҳ сомонӣ, мошин меояд сарҳад як осмотр мекунад 20 сомонӣ, печаташ мезанад бордораш 150 бебораш 60-70 сомонӣ. Кас намефаҳмад, ки ба хотири чи пул медиҳанд. Ман даҳҳо бор гуфтумшон пул натийен. Началник КП-и он чен будагӣ полковник Бобораҷабов, ҳозир дар Фотеҳобод началник КП аст, гуфт «э, ту кордор нашав  ҳақта бги хап кун».

Валлоҳӣ, аз дари даромади Тоҷикистон, ки ғоратгарӣ сар мешавад то охир. Вале, то ҳамин ҳоло нафаҳмидам, ки чаро «Фароз»  аз сари ҳар мошин ин қадр пул мегирад?

Агар «Фароз» аз они Шамсуллои домоду Рухшонаи духтари Ҷаноб набуд, метавонист, ҳақ дошт, ки сари ҳар мошин дар сарсаҳд пул бигирад? Пас, маълум мешавад, ки дар ин ғорату тороҷи мардум худи Раҳмонов шарик аст.

Муҳиби додарарӯси Ҷаноб, ҷияни вай ва духтарони Шаҳритус

На фақат Шамсуллои домоди Раҳмонов, Муҳибуллои номард бошаму зинда бошами додари Азизмои газетхонаки зани Эмомалӣ Раҳмонов ҳам сарҳад ва гузаргоҳҳои онро мисли дари оғилаш истифода мебарад.

Муҳиб дар тамоми гузаргоҳҳои марзии вилояти Хатлон як, ду нафар одамҳои худро дорад.

Воридоти молҳое ки мамнӯъ аст, аз ҷумла сигарети ЕSSЕ ченҷ барои вай иҷозат ва раво аст. Аммо Муҳибулло аз сарҳади Панҷи поён бо Дулану фураҳо мегузаронад.

 Вақте мегӯӣ, ки э, бача ин мошинҳо чӣ дорад?

 Генерале, ки онҷо нишастааст: «проверкашон накнен, печатшон назанен» мегӯяд.

Мегӯем, чаро охир гранитса- сарҳади давлатиро убур карда истодааст, рафиқ генерал. Генерал мегӯяд, ки «кордор наша, мошинои уян, мошини иян». Чизаш гуфта метавонӣ? Не, проверкааш мекунам мегӯӣ? Тамом фармонатро мебарорад:-«гумша бра аз сари вазифа мега». Дигар як даст дар даҳан, як даст ба пушт, чашмҳо пӯшида, гӯшҳо ношунавӣ, хап мекунӣ.

«Ҳама чизҳояшонро мебинем ҳар рӯз. Сигарети воридоташ мамнӯъро бо фура мезаданду мебаранд. Мо, ки як блок мегирифтем, ягон ронанда муҳаббат мекард барои истифодаи худамон контразведкааш а ису меомад уш а усу, э ту сигарет бизнес мекунӣ ва меканд 1500-2000 сомонӣ. То10000 сомонии бачаҳоро гирифтагӣ ҳастанд. Меканданду мегирифтанд, лавомон кашол, меистодем. Чи кор мекардем. Ойлика ждат мекардем ва ё боз кадом камазистҳои шиносомон, ки биёя (бисёр буданд) меомаданд якчи нимчи медоданд, барои бачаҳоятон гуфта, дастгирӣ мекарданд.

Бовар кунед, ки Тоҷикистон рӯи ободиро намебинад. Ин Раҳмонову оилааш ҳануз аз сарҳад бор дохил нашуда ба ғорату дуздӣ машғуланд, то растаи мағозаву бозорҳо.

 Муҳибулло дар Шаҳритус бозори як нафарро, ки «Ином» ном дошт, заду гирифт. Як духтари синфи 8-ро таҷовуз кард. Рӯирост хонаи он духтар меомаду бо вай дар рӯзи равшан зино мекард. Очаашро гуфт, ки гап занӣ туро ҳам фалон мекунам.

 «Ҳозир власт дар Шаҳритус полний дар дасти Муҳибу Мансур Давлатов аст. Ягон кас ягон хел ход, ягон хел бизнес карда наметавонад. Мегӯӣ ягон хел себ, ягон хел мевагӣ бизнес кунам, ё ягон точкаи нормалний мекунӣ, тамом «иша роӣ мекунан, уша роӣ мекунан, зиндагӣ шумут мешавад. 50 фоизи Шаҳритус аз Муҳиб аст. Даштҳои калон ва заминҳои обии чандсадгектарӣ гирифтааст, ки аз пахтаву шолӣ сар карда то ҷаву гандум мекорад. Мепурсӣ ин шолӣ ай кияй? Ай Муҳиб! Чилучорчашма ай кияй? Ай Муҳиб».

Аз як инсони камбағал- як ҳоҷӣ буд, Муҳиб гирифт:-«ма ира итарӣ мекнум утарӣ мекунам гуфт, ҳиҷчиш накард. Панҷ сол гузашт, ҳиҷчи накард.

Дараҳо, чарогоҳҳо, талу теппаҳо, сойҳо, кӯҳу пуштаҳо, заминҳои асосии пахта ҳама аз они Муҳиб.

Дар Шаҳритус то соли 2015 ҷоеву маконе бо номи дискотека набуд, вуҷуд надошт. Мардум намедонистанд. Лекин Мансур омад, ғавғоро роҳ андохт. Ҳама тарсид, «дискотекара ҳуй кард ва ҳамара фасодхона кард. Ҳамаи мардуми Шаҳритуза ай раҳ зад».

  Мардуми Шаҳритус носкаш, сигареткаш, арақхур ва бангӣ набуд. То солҳои 2013-14 ин гапҳо тамоман набуд, занҳо ҳама румол дошт. Ҳозир аз куҷо? Соат 8-9-и шаб шуд, ҳама куҷо? Хуфтанро мехонанд ё нохонда «боғ тамошо брем», дар даруни боғ дискотека. Аз инаш мебароянду боз ба дискотекаи Қабодиёнаш мераванд.

Чаро инҷо таблетка бизнес меоянд?

«Рӯбарӯ, пеши дискотекаи «Марҳабо»-и Шаҳритус омад, бор ай қафо гуфт. Чандто гуфта пурсид? 350 дона

Гуфт «бгирш бдроруш, да ту ҷавоб». Ҳиҷ кас чиз намегуяд. Рӯшод дар Шаҳриутс дар Душанбе ё дар Қабодиён рӯшод карда истодаанд.

« Мансур Давлатов любойша бурда фалон дорад ва инро ҳама медонанд. Муҳиб духтарои хонара бурда ….,як кас гапаш намезна. Ай пеши муаллимо, ай друни мактаб мегира мерава дхтарора. Чандин арӯсҳои ҷавона, ки шавҳарошон да муҳоҷиратай буғуз кадан. Як духтари ҳамсояи мо нав шу кард. Шавҳаруш рафт Русия. Ин арӯс баъди се моҳ як вақт бачадор шид. Маълум шид, ки ай  Муҳиб бдай. Хабар дар шавҳаруш расидай. Ай ҳамунҷо талоқуш дод».

Ин аруси бечораро Мансур Давлатов ба зурӣ мебурдааст.

Ягон кас ба милиса, прокурору амният гап занад, ҷавобашон фақат як хел: «тамом, мо мебинем, дида мебароем мегӯянд». Вале ҳиҷчи. Боз мисли пешина. Прокуратура ва амният дар Шаҳритус, Қубодиён ва Н.Хусрав аслан шикояти мардумро дар мавриди Муҳиб ва Мансур Давлатов ва ҳатто ҳамроҳони инҳо қабул намекунанд. «Тамом, мо мебинем, мо дела кардестем, ҳоле тул мекашад, мо аз пуштуш далел ҷамъ кадестем».  Ва бо ҳамин тамом.

Ҳамин хел як моҳ пас ҷамъбаст мешавд. Ин бечораи камбағал аз рафтану омадан дар байни мардум бадном мешаваду  духтараш оқибат бераҳа мешавад, дискотека меравад, дастбадаст, ҳаромӣ мекунад, номаш мебарояд ва дигар тамом, касод. Аммо прокуратура ва амният ҳоло ҳам дида истодаанд.

Мансур, ҷияни Муҳиб дар Шаҳритуз меравал любой духтаре, ки маъқулаш аст мегирад зино мекунад. ГАИро ба сари руяш ҳай мекунад. Фалонат мекунам мегуяд. Нагло ҳақорату дашном мекунад. Муҳиб бошад дар односторони мегузарад, меравад. Вақте ки аз қафояш як мошини дигар ки гузашт, тамом дар бало зад. Началник ГАИ супориш мекунад. Началник мегӯяд: «ура бгрен биёен, ин односторониро гузаштаст иқа сум бте». Мегуяд чаро он мошини пешинаро гап назадӣ?

 Началник мегӯяд, ки «э,ту кори худта кун, у ба худша ҳастай» Ҳамин гапро нагло мезанад.

Парвина, Сифатфарма ва метамфетамин

Агар Муҳиби номард бошаму зинда бошам ба қочоқи сигарет тавассути Панҷи поён аз Афғонистон машғул бошад, узви дигари ин хонавода-Парвина, раиси ширкати дорусозии Сифатфарма баракс ба экспорт ё содироти қочоқии дору ба Афғонистон «ном» баровардааст. Тиҷорати марги сафед.

  Як нафар аз собиқ корманди баландмақоми вазорати тандурустӣ, ки дар гузашта аз табибони маъруфи кишвар буд (маълум аст ному насабашро зикр намекунем) аз он изҳори таассуф кардааст, ки Тоҷикистонро ба як полигони эксперименталӣ-майдони озмоишӣ барои тиҷорати доруҳои қалбакӣ мубаддал карданд. Вай мегӯяд, ки ин як хиёнати бисёр ҳам нобахшиданӣ аст, ки ҳаёту саломати миллатро ҳам тӯъмаи нафси бадат кунӣ.

Ин табиби бо беш аз ним аср таҷриба ва собиқаи корӣ шароити кунуниро бо замони шӯравӣ муқоиса карда ҳасрати он рӯзҳои пешинаро мехурад. «Дар замони шуравӣ барои онки як дору ба истифода дода шавад, даҳҳо озмоишгоҳ месанҷид, хулоса медод, эксперимент дар мушу каламуш ва харгушҳо гузаронида мешуд. Баъди ин ҳама боз дар табобати баъзе аз бемороне, ки дору ба бемории онҳо нигаронида буд, озмоиш мешуд, ҳамон ҳам бо дозаи хурд. Табиист, ки барои ин ҳама марҳалаҳоро тай кардан вақт ва маблағ ба харҷ дода мешуд.

 Барои ҳамаи ин процессхо ва процедураҳо ва то ба қайд мондани ин ё он   дору маблағи калон, то 15миллион доллар сарф мешуд. Ин ҳам вобаста аз препарат буд».

Аммо ҳоло Парвина Раҳмон, духтари Президент, соҳиби ширкати фарматсевтии «Сифатфарма» ва баъзе аз ширкатҳои доруфурушие, ки бо пуштибонии оила фаъолият мекунанд ин доруҳоро дар беморон ва беморхонаҳои Точикистон эксперимент, карда истодаанд. Яъне, мардуми тоҷикро ба озмоишгоҳ бадал кардаанд.

 Дар вақтҳои ахир ҳар рӯз, дар ҳар як беморхона аз 3 то 5 бемор мемирад. Аз руи мушоҳидаҳо асосан баъди ягон укол-сӯзандору ё дору, ё ягон капел, ки ҳатман аз фирмаҳои хориҷӣ оварда шуда ва бо тавсияи духтурон дода шудааст, саломати беморро вазнин ва боиси марги онҳо шудааст.

  Намояндагони ширкатҳои доруфурушӣ ба шумули «Сифат-фарма» ҳар руз дар беморхонаҳои кишвар гашта, духтуронро ба «ҳамкорӣ» даъват мекунанд. Духтурҳо, ки маоши ночиз доранду сахт муҳтоҷанд, ҳатман барои ин «ҳамкорӣ» розӣ шуда аз ҳар як назначения, ретсепте, ки ба беморон медиҳанд ва дар он препаратҳои фирмаҳоро қайд мекунанд, фоизи хуб мегиранд.

Инҷо чанд мисоли конкретӣ меоварем. Санаи 16.10.2025 се нафар дар беморхонаҳои Медгородок, яке дар поликлиникаи студенческий дуи дигар дар худи Медгородок бади уколҳои фирмавӣ мурдаанд.

 Санаи 17.10.2025 боз 4 нафар дар Медгородок, ки яктоаш дар студенческий поликлиника-дармонгоҳи донишомӯзон ва се нафари дигр дар худи Медгородок фавтидаанд. Ин маълумот танҳо аз як Медгородок аст.

Мо дар бораи вазъияту ҳолатҳои мушобеҳи дигар беморхонаҳои Душанбе ва саросари кишвар хабар надорем. Вале, агарчи ин ҳолатҳои маргумири ғайримаъмулӣ дар ин рӯзҳо дар Медгородок руй дода бошад ҳам кадом санҷишу тафтише аз тарафи ягон ниҳод баргузор нашуд.

На мақомоти тафтишот, на вазорати тандурустӣ ва раёсати тандурустии шахри Душанбе ва на аз Хадамоти давлатии назорат нафаре ҳам наомад ва оиди ин ҳодисаҳо саволу ҷавобе нашуд. Албатта инҷо айб, айби ҳукумат аст, ки умуман санҷиш, тафтиш ва назорат намекунад. На дар беморхонаҳо ва на дар воридоти препаратҳоӣ фирмавӣ.

Баъди таъини духтари президент ба мақоме дар Вазорати тандурустӣ мебоист, ки назорат хубтар мешуд. Аммо ҳеҷ назорат вуҷуд надорад. Чунки ин  доруҳоро апаҷонаш Парвина ва фирмаҳои марбут ба оила медароранд.

Дар марги ин нафарон асосан ҳамин оилаи Раҳмонов муқассир аст».

 Ҳодисаи дигари бисёр ҳам ваҳшатнок ин аст ки бинобар маълумотҳо «Сифат-фарма» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд дар таҳхонае ба истеҳсоли метамфитамин, ки бо номи кристал машҳур машғул мебошад. Ва онро на фақат дар дохил, дар хориҷ аз кишвар ва махсусан ба Афғонистон содир мекунад. Метамфитамини тавлиди Сифатфарма дар Ҳиндустон ошкор шудааст, ки тавассути Афғонистон қочоқ шудааст.

Дар мулоқоте, ки чанд рӯзи пеш СС.Ятимов бо волии Балх дар Душанбе дошт, намояндаи давлати Толибон аз афзоиши қочоқи ин навъи маводи наркотики тоҷикӣ ба Афғонистон ба шиддат нигаронӣ кардааст.

Харидори метамфетамин (Methamphetamine)-и тавлиди

«Сифатфарма» аз он ҷиҳат, ки дар таркибаш ба ҷуз аз химикат, шираи камол ҳам доштаст, зуд таъсир мекардааст. Барои ҳамин талабот ба он бештар будаст. Зимнан, дар ду- се соли ахир наркоманҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кулоб тамоюли бештар ба кристал нишон медоданд. Чунки он дастрас аст. Парвина хаста нашуда бозорро таъмин карда истодааст. Зоир Соҳибов шабакаи фурӯши онро дар кулли кишвар таъмин мекунад бо Исмоили пингвин. Маркази таъминот ва маконе аз онҷо ба ҳамаҷо паҳн менамояд дар Гипрозем қарор дорад.

Дилшод Саидзода, бачаи Муроди телехи №1

Дар Семейкаи пешина (Семейка№21) дар бораи Дилшод як хабари мухтасар дода будем.

Дилшод ҳанӯз, ки 21 сол дошт дар вазорати молия ба кор пардохт. Ду ихтисос иқтисодчӣ ва ҳуқуқшинос дорад. Забонҳои русӣ, англисӣ, туркӣ ва олмонӣ (бо луғат) медонистааст. То соли 2014 дар вазифаҳои гуногуни вазорати молия ва солҳои 2014-2015 ҳамчун нозири калони гурӯҳи пардохтҳои гумрукии Дидбонгоҳи гумрукии Душанбе-2 Раёсати минтақавии гумрукии ш. Душанбе. Ва аз соли 2015 то соли 2024 сардори нозироти давлатии иёргирии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои ҳайати Мушовараи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №454 аз 20 сентябри соли 2022) ва аз майи соли 2024 Муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 майи соли 2024 №274).12 сентябри соли ҷорӣ Саидзода Дилшод раиси Федератсияи куҳнавардии варзишӣ ва шахпаймоӣ«-и Тоҷикистон интихоб гардид. 

 Тӯли ин муддат соҳиби мукофотҳои давлатӣ ва соҳавӣ шудааст. Мукофотҳои давлатӣ ва соҳавӣ: Соли 2021 бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, (Фармони Президенти Тоҷикистон аз 23.07.2021, №213), соли 2015 бо “Ифтихорнома” ва соли 2018 бо медали “Аълочии молияи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” сарфароз гардонида шудааст. Барандаи “Ифтихорнома” ва Ҷоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар соли 2022.

Рутбаи тахассусӣ: Мушовири хизмати давлатии дараҷаи — 1 (Фармоиши вазири молияи Тоҷикистон таҳти №8 аз 13.01.2021. Узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, узви Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, узви Шӯрои Марказии Ташкилоти Ҷамъиятии Ҷавонон “Созандагони Ватан”, узви раёсати Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон аст.

 Бибии Дилшод 10 сентябри соли 2020 дар 97солагӣ дар Восеъ даргузашт. Муроди падри Дилшод ва модари Мурод гирифтори коронавирус шуданд. Мурод наҷот ёфт аммо кампири 97 сола даргузашт. Аз инҷо буд, ки Дилшод дар он сол хайру садақот кард, то дуъои мардумро барои шифои падар ва бибиаш дарёбад. Он вақт нашрияҳо аз ҷумла Азия плюс навштанд, ки «Писари муҳофизи президент ба душанбегиҳо антисептик ва ниқоб тақсим кард»

 Дилшод Саидзода дирӯз аз ду маҳаллаи аҳолинишини пойтахт боздид карда, ба сокинон маводи антисептикӣ ва ниқоб тақсим кард. Дилшод аз аҳолӣ даъват кард, ки ба овоза ва ҳангомаҳои беасос дар мавриди бемории коронавирус бовар накунанд.

Вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Дилшод Саидзода дар ҳамдастӣ бо фаъолони Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дирӯз(14 майи соли 2020) аз маҳаллаҳои Бадахшон-1 ва Нисормуҳаммади пойтахт боздид кард.  Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз шаҳрдории Душанбе хабар дод.

  Дилшод аз кадрҳои ҳукумати Раҳмонов  хоҳад буд, ки дар ҳукумати Рустам (агар ба он рӯз бирасад) ба эҳтимоли зиёд ё дар Сбербонк ё дар худи ҳамин вазорат курсии асосиро соҳибӣ мекунад.

 Дилшод аз рафиқони наздики Рустам ва дар «круг»-и вай аст. 

Контроли арсаи финанси мамлакатро хоҳад омӯхт ва софу содиқ ва сарсупор ба Рустам мешавад. Чунки каламушҳои оилавӣ, ки дастомӯзони Раҳмонованд имкон дорад, ки баъди Раҳмонов Рустамро фиреб кунанд.

Дилшод, бо онки аз бачагӣ бо Рустам аст аз малейший ҷунбуҷули онҳо бохабар мекунад.

Яке аз муҳофизони пешинаи Президент, ки номаш Рустам буд, қисса кардааст, ки Мурод мехост писараш бо Рустам бошаду дар оянда ҳамчуноне, ки худаш Президентро муҳофизат мекунаду нафари боваринок аст, Дилшод ҳам ба Рустам чунин наздик ва мавриди эътимод бошад. Дилшод вақте ки ҳанӯз дар курси сеюм буд, ин хоҳиши падарашро тавассути модараш рад мекунад. Дилшод ба модараш мегӯяд, ки «мара намефора ранги атам на шав хов бошму на рӯз. Атам хела хизматшон кад. Монен ма ба раҳи хдум брам».

Дилшод дар замони донишҷӯӣ бо як духтар аз славянский ошиқӣ мекард. Он духтар аз Дилшод як курс поён мехонд. Баъди хатми донишгоҳ он духтар аз Дилшод ҳомила мешаваду пинҳонӣ таваллуд мекунад. Писар таваллуд кард. 

Муроди телех ва боз чанд нафар аз нафарони номдор дар офиси Аҳмади колбаса зиёд ҷамъ мешаванд.

  Алишери бухгалтери Аҳмади колбаса нақл мекунад, ки «акаи Мурод миёя соатош қати шеф яъне Аҳмади колбаса мешинан рози дил карда. Дар яке аз чунин нишастҳо Мурод зиёд аз Раҳмонов норозигӣ мекунад, ки «ма иқа сол дар баршм, я бачаи мара натонист я вазифаи соз бта». Ин гапҳо пеш аз муовини вазири моляи таъин шудани писари Мурод буд. Аҳмади колбаса ҳам сахт асабӣ шуда зани Президента ҳақоратҳои сахт мекунад. Аҳмади колбаса мегӯяд: «Муродҷон соф хафа наша. И к@зани Президент ҳози дига гапш да турсикш намегзара, иқа яъаҷуҷу маъҷуҷи дунёра зойдай ай чо ба мора ҷо мемона. И к@зани Раҳмона бояд да ҳаму Хуҷанд ту баъди теракти шидагӣ янимаш мекади. Ҳамуҷа тра предлагат каҳан ту хта фидоӣ гирифтӣ, ана натиҷаш ҳаминаи, аку фандам хурди хап ку сара таги тоқӣ куну гард».

Ин гапҳоро Алишери ургутӣ, ки муҳосиби Аҳмади колбаса мебошад, нақл кардааст.

Баъде Дилшодро дар вазорати молия кор монданд, Мурод умед дошт, ки баъди се чор сол вазир мешавад. Дилшод дар вазорати молия зиёд кор кард. Дилшод  баъзе аз нафарони командаи Рустамро сахт бад мебинад. Хусусан Шоҳрухро.

 Дилшод дар вазорати молия чандин растратҳо ва изофанависиҳоро пайдо карда буд ва мехост ба боло гуяд аммо падараш гуфт, ки ту бояд кур бошӣ бачам. Махсусан хеле аз шуримуриҳои духтари Матлубхон Давлатзода, собиқ роҳбари Дастгоҳи иҷроия ва аз хешовандони наздики Раҳмоновро, ки то омадани Дилшод дар ҷойи пешинаи Дилшод инспектори давлатии иёргирӣ-тилло ва дигар маъодини гаронарзиши вазорати молия кор мекард.

Дилшод шартномаҳои калонеро, ки дар он ширкатҳои аъзои Раҳмон шариканд, пайдо кард. Дилшод зиёд нусхабардориҳо карда мондааст, барои рӯзи мабодое. 

Охирсухан

Тоҷикистон имрӯз ба амволи шахсии як хонавода табдил ёфтааст. Дар ҳар гӯшаи кишвар изи «семейка» дида мешавад -аз сарҳад то беморхона, аз гумрук то вазорат. Ҳама чиз ба мол табдил ёфтааст: замин, мол, курсӣ ва ҳатто ҷони инсон.

Шамсулло сарҳадро моликияти худ кардааст, Муҳибу Мансур Давлатов духтарони мардумро, Парвина дору ва саломатиро, Дилшод бошад молияи давлатро. Ҳар кадом бо номи оила ва бо такя ба қудрати Раҳмонов ғорат мекунад. Ва ҳамаи онҳо медонанд, ки қонун барои мардум аст, на барои онҳо.

Дар кишваре ки ҳатто нафас кашидан бе иҷозати «семейка» мешавад, мардум дигар чизеро барои аз даст додан надоранд. Аз ҳамин сабаб, тарс ҳам дер намемонад. Зеро вақте ҳақиқат ба садҳо забон гуфта мешавад, дигар ҳеҷ деворе пеши он намемонад.

«Семейка ньюс» барои он аст, ки мардум бидонанд-номи ҳар як дузд, ҳар як зинокор, ҳар як фурӯшандаи виҷдон сабт мешавад. Ва вақти ҳисобу китоб фаро расад, дигар на сарҳад на гумрук ва на «собиқ домод»-и касе онҳоро наҷот дода наметавонад.

Агарчи ҳақиқат,дер, роҳашро меёбад. Ҳар санад, ҳар акс, ҳар навори кӯтоҳ метавонад ҳалқаи дигари ин гиреҳро боз кунад. Мо ваъда медиҳем: то замоне ки ҳуҷҷату далел ҳаст, ин пардафарозиҳоро идома медиҳем. Агар ту низ шоҳидӣ, санад дорӣ, ба мо бирасон-ҳар қадар тарс пахш шавад, ҳамон қадар далелро бояд баландтар хонд.

Ҳақиқат дер мемонад, вале ҳамеша меояд.
Мо мегӯем, менависем ва боз мегӯем, то рӯзе ки Тоҷикистон дигар моликияти шахсии ягон оила набошад. Тоҷикистон ватани ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ ҳаст ва хоҳад монд. Барои расидан ба он рӯзи бузург мубориза бояд барем!

Share This Article