Ин навбат аз Конибодому Исфара, ду ноҳия дар шимоли кишвар ва як номаи муфассал аз мухбири махсусамон, аз Волгогради Русия дорем.
Номаи аз Конибодом дар бораи дар ҳар кӯчаву паскӯча мисли боевикҳои замони ҷанги шаҳрвандӣ пост ташкил карда даст ба порагирӣ задани кормандони ГАИ-и Конибодом сӯҳбат мекунад.
Масъалаи дигари ин убури корвони бузурги мошинҳои Қофлонбой-Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд аст ки он ҳам барои ронандаҳо як дарди сари нав дуруст кардааст.
Ҳамкори ҳамешагии мо аз Волгоград дар бораи масъалаи обуна ба нашрияҳои даврии Тоҷикистон, ки СССР дар ин маврид як матлаби муфассал нашр кардааст, навиштааст. Инҷо муаллифи мо таъкид кардааст, ки тамоми масъулини навоҳӣ ҳатман медузданд ва Почтаи Шаҳритус истисно буда наметавонад ва аз тарафи дигар изҳори тааҷҷуб кардааст, ки нашрияи хусусии СССР чаро дар феҳристи нашрияҳои расмӣ ворид карда шудааст?
Нависандаи номаи Исфара аз ҳодисаҳои куштори ҷавонони тоҷик дар ҷанги Русия бар зидди Украина навишта ва аз он изҳори ташвиш кардааст, ки дар ин кор, дар фиристодани ҷавонҳо ба ин ҷанг баъзе аз занҳои руси худи ин ҷавонони тоҷик даст доранд.
Конибодом
Ассалому алейкум бародари ватандӯст Муҳаммадиқболи Садриддин!
Ман як шаҳрванди Тоҷикистон аз шаҳри Конибодом ҳастам. Илтимос номаи маро дар барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» чоп кунед ва агар хатоӣ бошад пешакӣ маъзарат мехоҳам. Номамро намегӯям, бигзор махфӣ монад. Ман бисёр шикоят дорам.
Якум шикояти ман аз кормандони ГАИ-БДА аст. Ин гаишникҳо моро аз ҷон безор кардаанд. Ҳар рӯз дар ҳама ҷои роҳҳо истода аз ронандагони бечора хусусан аз камбағалон пул мегиранд. Барои чи инҳоро коррупсия тафтиш намекунад?
Як нафар ГАИ ҳаст, ки ҳар рӯз рейд гузарнида пул мегирад. Номаш Фирӯз,бо лақаби Фирӯзи сиёҳ. Мерседеси сечкаи объёмныйи сиёҳ дорад. Рақами қайди давлатиаш 2888.
Номи дуюмашро намедонам. Мошинаш опел -астраҷии хокистарранг, рақамҳои қайди давлатиаш 9000.
Сеюмаш Сӯҳроб ном дорад. Мошинаш опел-астра ҷии серебристый, оинаҳояш сиёҳ 0777 номераш, регионаш 02.
Аз роҳбарияти ГАИи Конибодом ва вилояти Суғд хоҳиш мекунем,ки инҳоро назорат кунед.Чунки ҳаррӯз мардуми бечораву камбағалро ғорат мекунанд, хусусан таксиронҳои шаҳри Конибодом ва Газелчиҳоро. Бигзор онҳоро коррупсияи шаҳри Душанбе тафтиш кунад. То ки онҳо ҳаромхуриро бас кунанд.
Дар бозори шаҳри Конибодом, назди чойхонаи «Мавҷ» мошинро мегузорӣ, омада рақамҳои давлатиашро гирифта мераванд ва бар ивази 150 сомонӣ рақамҳояшонро бармегардонанд
Ба ҷуз инҳо боз аз Хуҷанд ҳам бисёр гаишникҳои областной ба Конибодом омада пул «кор» мекунанд. Гӯё инҷо ҷои пулкоркунии онҳо бошад. Инҷо меоянд, гӯё ва мисле, ки хонаҳояшон меомада бошанд, ҳар ҳафта меоянд.
Дирӯз Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, машҳур бо лақаби Қофлонбой ва чанде аз одамҳои калоншаванда аз Душанбе ва Хуҷанд ба Конибодом омаданд. Ман худам шоҳидам ва бо чашмонам ин ҳодисаро дидам. Дар назди светофор бо мошин истода будам. ГАИ роҳҳоро баста мошинҳоро манъ кард, то ин ки корвони мошинҳои Қофлонбой гузарад. Дар ҳамонҷо ду бечораи камбағал успет накарданд, ки мошинҳояшонро як бари роҳ гиранд ва кор тавре шуд, ки гӯё онҳо ба мошини Қофлонбой роҳ надод бошанд. Баъди гузаштани мошинҳои Қофлонбой ГАИ назди он ронандаҳои камбағал рафта аз он бечорагон пул гирифт, барои роҳ надоданашон. Оё инро мефаҳмида бошад ҷаноби Қофлончик? Ё худаш фармони чунин корро медода бошад?
Барои чи қонун фақат зидди камбағалон аст? Магар Қофлонбой низ мисли мо инсон нест? Роҳҳои бозори шаҳри Конибодомро ба хотири омадани Қофлонбой бастанд аз ду тараф. Бечора мардуми шаҳри Конибодом сарсон буданд.
Баъд Қофлонбойро дар тарабхонаи Муроду Мақсад зиёфат доданд ва дар толори бинои ҳукумати шаҳри Конибодом маҷлис доир шуда буд. Онҷо низ бисёр гаишникҳову милисаҳо буданд.
Хуллас, гапи ман ин аст ки назорат кунанд гаишникҳои шаҳри Конибодомро ва гапи дигарам ин аст, ки гаиҳои шаҳри Хуҷанд ба Конибодом барои пул кор кардан ба Конибодом наоянд. Назорат кунанд, мо безор шудем аз ин ҳаромхурҳою порахурҳо.
Бародар, номаи маро нашр кунед. Ман боз нома менависам.
Бо баромадҳои шумо дар Ислоҳ.ТВ мо хушҳол мешавем ва тамошо карда лайк мегузорем.
Волгоград
Ассалому алайкум устоди гиромӣ Муҳаммадиқболи Садриддин! Ман чанд вақт дар берун аз Волгоград будам, барои кор рафта будам. Барои ҳамин буд, ки дигар натавонистам ба шумо номае фиристам. Омадам ва сомонаҳои нашрияҳои чопи Душанберо мутолиа карда як матлаберо аз ҳафтаноми СССР ҷудо намуда гирифтам. Маълум аст ки то нашри барнома фурсат мегузарад ва худи матлаб ҳам рӯзи 6 апрел чоп шудааст, шояд як каме дер бишавад. Вале фикр мекунам,ки хонандаҳои «Ислоҳ», ки хеле зиёданд, аз муҳтавои ин мақола ва масълагузории он огоҳ бишаванд, аз манфиат холӣ нест.
Матлаби мазкур таҳти сарлавҳаи «Почтаи Шаҳритус чи гуна пули СССР-ро дуздид???» чоп шудааст. Ин матлаб ба қалами Қосимзода Нуриддин тааллуқ дорад, як каме тӯлонӣ мебошад. Дар ин навишта сухан аз он меравад, ки идораи Почтаи Шаҳритус на ҳама пулҳои барои обуна ба ин нашрия омадаро ба суратҳисоби нашрия гузаронидааст.
Ман инҷо фишурдаи он навиштаро меоварам, яъне бо ихтисор меоварам. Ва сипас, тибқи маъмул баъзе фикру мулоҳизҳоямро дар бораи масъалаи дар миёнгузоштаи он баён медорам.
Почтаи Шаҳритус чигуна пули СССР-ро дуздид???
06.04.2026
Обуна ҳаст, рӯзнома нест
…. 1 хонандаи доимии рӯзномаи мардумии «СССР» Фармонов Расул аз ноҳияи Шаҳритус ба идора занг зада, аз 1 мушкили ҷиддӣ шикоят намуд. Ба гуфтаи ӯ ва даҳҳо сокини дигар, онҳо ҳанӯз аз моҳи октябр ба рӯзномаи мардумӣ обуна шуда, маблағро пурра пардохт кардаанд, аммо то имрӯз ягон шумораи нашрия ба дасташон нарасидааст. Ин мавзуъе шуд, ки чанд ҳафта боз пайгирӣ доштем, то барои ту хонандаи азиз аз вазъияти баамаломада гузориш диҳем. Бо мо бош, зеро Мо метавонем!!!
Боби 2. Обуна ҳаст паҳнкунӣ куҷост?
Маълум аст, ки расонидани рӯзномаҳои даврӣ пеш аз ҳама ба фаъолияти муассисаҳои почта вобаста мебошад. Агар ин занҷир халал ёбад, тамоми низоми обуна маънои худро гум мекунад. Сокинони Шаҳритус мегӯянд, маблағ супурда шудааст, аммо натиҷа нест. Пас савол ба миён меояд, маблағи обуначиён ба куҷо меравад?
Роҳбари почтаи ноҳия Мирзоқулова Дилбар дар суҳбат бо редаксия изҳор доштааст, ки гӯё 40 нафар ба рӯзнома обуна шудаанд ва ҳатто иддао кардааст, ки Фармонов Расул умуман ба «СССР» не, балки ба рӯзномаи Тоҷикистон обуна будааст (ин иддаои апаи Дилбарро ҳатто СССР дар шумораи №8 (907) бо номи «Ба Тоҷикистон обуна шуда, СССР напурсед» нашр ҳам кард). Аммо сокинон ин гуфтаҳоро қатъиян рад мекунанд. Ба таъкиди онҳо, мардум хуб медонад ба кадом нашрия обуна мешавад ва барои чӣ маблағ медиҳад.
Боби 3. Рақамҳо бар зидди воқеият Барои равшан кардани масъала, мо ба почтаи вилоят муроҷиат кардем. Дар он ҷо бланкае пешниҳод гардид, ки тибқи он дар ноҳияи Шаҳритус ба рӯзномаи «СССР» 169 адад обуна сабт шудааст. Аммо тавре роҳбари почтаи тоҷик дар вилоят Бобоев Ш. изҳор дошт, дар асл ягон дона обуна расман ба қайд гирифта нашудааст. Ин танҳо факту рақамҳое ҳаст, ки аз ҷониби намояндаи почтаи ноҳия ирсол гардидааст. Ба забони дигар сардори Почтаи ноҳия, рафиқа Мирзоқулова ба чашми роҳбарияти ноҳия хок пошидаасту бас! Ин ихтилофи ошкор миёни ҳуҷҷат ва воқеият нишон медиҳад, ки дар низоми ҳисобдорӣ ва паҳнкунӣ мушкили ҷиддӣ вуҷуд дорад. Агар обуна дар коғаз ҳасту дар амал нест, ин аллакай нишонаи бетартибӣ, ҳатто қонуншиканист.
Боби 4. Ревизия шуду натиҷа куҷо?Ба гуфтаи роҳбари почтаи ноҳия, замоне, ки рӯзномаи мардумии СССР хост оид ба обуна шудани сокинон ба рӯзномаҳои даврӣ ҳамсуҳбат шавад, он замон дар Идораи почта ревизия ва ҳатто санҷиши прокуратура низ гузаронида истода будаанд. Аммо баъди санҷиш, ки хостем шахсан бо худи намояндаи аввали почта дар ноҳия сӯҳбат анҷом диҳем, аз кор рафтани худро Мирзоқулова Дилбар баён дошт. Аммо саволи асосӣ бетағйир мемонад: Агар санҷиш гузашт, директори почта аз кор гирифта шуд, маблағи обунаи газета чӣ шуд ва чаро газета ба дасти деҳқону коргари одӣ, ки барои он пул пардохтаанд, намерасад? Яъне чаро мушкил ҳал нашуд? Чаро роҳбар аз вазифа рафту масъала боқӣ монд?
Боби 5. 32 ҳазорро кӣ дуздид? Тибқи оморе, ки мо дар даст дорему Почтаи ноҳия ба МИҲД Шаҳритус пешниҳод кардааст мардум аз теъдоди аз раёсати вилояти Хатлон пешниҳодшудаи 200 дона ба 169 адад газетаи СССР обуна шуда, нақшаро 84,5% иҷро кардаанд. Ба арифметикаи оддӣ рӯ меорем:
Х=169х190,9
Х=32262,1 сомонӣ
Пурсида мешавад, рафиқа Дилбар Мирзоқулова беш аз 32000 пули нақди обуначиёни моро куҷо кардааст? Додситонӣ пеш аз оне, ки ин почталёнро парванда кунад, бояд ҳатман пули обуначиёнро баргардонад. Мавзуъро пайгир мемонем. Мо Метавонем!
Боби 7. Беэҳтиромӣ ба хонанда беэҳтиромӣ ба матбуот аст!!! Обуна дар рӯзномаю маҷаллаҳо дар Тоҷикистон то ҳол яке аз роҳҳои асосии дастгирии матбуоти миллӣ мебошад. Агар хонанда маблағ диҳаду нашрияро нагирад, ин на танҳо поймол шудани ҳуқуқи ӯст, балки зарбаи мустақим ба нуфузи матбуот низ мебошад. Хонанда барои интизорӣ маблағ намедиҳад, ӯ барои дониш, хабар ва фарҳанг пул пардохт мекунад. Рӯзнома дар роҳ гум мешавад ё фиристода намешавад? Саволи калидӣ ҳамин аст. Ҳолдонҳо ва мутахассисон бар назаранд, ки 3 ҳолати эҳтимоли ба дасти хонанда нарасидани рӯзномаю маҷаллаҳо вуҷуд дорад:
-рӯзномаҳо умуман фиристода намешаванд;
-фиристода мешаванд, аммо ба дасти хонанда намерасанд;
-дар ҷараёни паҳнкунӣ «гум» мешаванд.
Ҳар 3 ҳолат масъулияти мустақими сохторҳои алоқа ва паҳнкунии матбуотро нишон медиҳад. Аммо ҳолати ба сари обуначиёни СССР омада, мушкили №4 ва асосиро фош намуд:
-Директорони почтаҳо пули обунаро ба кисачаи худ зада, ба роҳбарият рапорти бардурӯғ медиҳанд. Ҳам роҳбарро фиреб мекунанду ҳам мардумро саргардон.
Хулоса: зарурати таҳлили ҷиддӣ
Ҳолати почтаи Шаҳритус танҳо мушкили 1 ноҳия нест. Он метавонад нишонаи мушкилоти амиқтар дар фаъолияти почтаҳои шаҳру ноҳияҳои кишвар бошад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки санҷиши мустақили фаъолияти почтаҳо гузаронида шавад, шаффофияти ҳисоботи обуна ба назар гирифта шуда, масъулони аслӣ муайян карда шаванд, инчунин барқарор намудани ҳуқуқи обуначиён низ зери таҳқиқ қарор гирад. Агар имрӯз ба чунин ҳолат чашм пӯшида шавад, фардо эътимоди мардум ба тамоми низоми матбуот аз байн меравад. Матбуоти миллӣ бе хонанда зинда намемонад, хонанда бошад дигар ба матбуоти даврӣ обуна намешавад. Масъулият танҳо гирифтани маблағ нест, расонидани иттилоъ низ вазифаи муқаддас аст. Сокинони Шаҳритус ҷавоб мехоҳанд. Обуна ҳаст,пас рӯзнома куҷост? Мавзӯъро пайгирӣ мекунем. Мо метавонем!!!»
Ин буд матлаби СССР.
Чуноне аз муҳтавои он огоҳ шудед, директори почтаи Шаҳритус ва он ҳам як нафар пули обунаи нашрияҳоро ба ҷайби худ задааст.
Мутаассифона дуздии пулу маблағ дар ниҳодҳо давлатии Тоҷикистон ба як амри маъмулӣ ва одати мансабдорон табдил шудааст. Ин раиси ҳамакнун собиқи почтаи Шаҳритус худаш ҳам хуб медонад, бо супориши ҳукумати ноҳия ташкилоту корхона ва ҳатто масҷиду мактабҳоро дар маҳалҳо масъулони идораҳои ҷамоат маҷбур мекунанд, ки ба ин ё он нашрия, ки расмиву давлатианд, обуна шаванд.
Чандин нафарон дар ин бора дар номаҳояшон навишта буданд, ки барои гирифтани иҷозати тӯй онҳоро маҷбуран ба кадом газетае обуна карданд.
Хуб, мо намедонем, ки аз ин шумораи обунашудаҳо чанд нафарашон барои иҷозаи туй шуда ба СССР обуна шудаанд, яъне пул додаанд, аммо чуноне аз навиштаи худи СССР бармеояд бояд Шаҳритус ба 200 нусха обуна мешудааст.
Ман ҳайронам, ки дар қатори нашрияҳои расмӣ чаро СССРу Тоҷикистон ҳам роҳ ёфтаанд? Ва, онҳоро ҳукуматҳои ноҳия дар феҳристи нашрияҳои расмӣ вориди обунаи маҷбурӣ кардаанд.
Ман тоза мефаҳмам, ки барои чи ин қадар СССР ҳукумат, Раҳмонов ва Рустамро таъриф мекардааст?
Исфара
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин.Ман аз Ворухи Исфара ҳастам. Дар аввал дар бораи Сангинов Суҳайлиддин , ки раиси маҳалла мебошад, гуфтаниам.
Сангинов Суҳайлиддин се писар дорад. Писари калониаш дар Русия кор мекунад. Ду писараш студент.
Аммо ин Суҳайлиддин бо амният кор мекунад. Бузи амният аст. Фарзандони мардумро ба амният месупорад ва онҳоро дошта ба хизмати сарбозӣ мебарнд ё пули калон гирифта сар медиҳанд.
Ин раиси маҳалла на бо мардум, балки бо мақомот аст. Дар ҳоле, ки бо ин мардум зиндагӣ мекунад, хоҳад, нахоҳад зиндашарику мурдашарики ҳамин мардум мебошад. Вале фикр намекунад, ки фардо, пасфардо, ки аз дасту по монд бо ин мардум чи ҷавоб медода бошад?.
Бовар кунед, бародар Муҳаммадиқбол, ки ин хабарҳо, ки нақшаи даъватро аввалин шуда Ворух ё Чоркӯҳ буд кард мегӯянд, ин як дурӯғи маҳз аст. Ягон ҷавон худаш довталабона ба хизмати сарбозӣ намеравад. Чунки дар аскарӣ вазъият бад аст. Падару модарҳо метарсанд. Ҳамин як ҳафта пеш якбора хабари ҳалокат ё куштори ду сарбоз дар тамоми Тоҷикистон овоза шуд. Яке онҳоро маҷбурӣ устухон хуронида ба куштан расониданд, дигариаш отпуска омада нахостааст, ки баргашта ба ҷойи хизматаш равад ва дар пеши чашми мардум худро аз болои пул ба дарёи Кофарниҳон андохта куштааст. Шумо худатон фикр кунед, ки ин ҷавонро то чи ҳад азобу шиканҷа додаанд, ки аз ҷони ҷавонаш даст шуста худро ба дарё андохта ғарқ мекунад, то ки дигар сарбоз набошад.
Домулло, ман дар Русия хизмат кардагиам. Вазифаам «сапëр взвод инженерных разведки» буд. Ман шароити хизмат дар аскариро медонам.
Гуфтаниам, ки ягон ҷавони ворухӣ ё чоркӯҳӣ бо пойи худаш комиссариати ҳарбӣ намеравад
Дар ягон артиш, чуноне, ки дар артиши Тоҷикистон ҳаст дедовшина дида намешавад. Дар ҳоле, ки беш аз 90дар 100 қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон тариқи облава пур карда мешавад, бояд контрол ва интизом дар воҳидҳои ҳарбӣ сахт карда шавад.
Домулло, боз як хабари дигар ҳам дорам. Ин хабари нохуш аз Ворух аст ва инҷо гуфтам ба шумо расонам.
Дар миёнаҳои марти имсола дар СВО-ҷанги зидди Украина як зодаи Ворух кушта шуд, ки номаш Сарфароз буду 31сол дошт. Вай аз маҳаллаи маъруф ба посëлка аст. Номи падараш Салоҳиддин мебошад.
Сарфароз яке аз ҷиянҳои муаллими Бафохӯҷа Носиров мебошад. Сарфароз ду ако дорад. Худи вай дар Русия асту зани рус дорад.
Ба шунидаи ман мумкин зани русаш ба СВО равон кардагӣ аст. Чунки чунин ҳолатҳо, ки ҷавонҳои тоҷикро занҳои русашон барои пул шуда ба ҷанг фиристодагианд, кам нестанд. Ҳатто зодаи дигари Ворухро, ки аз маҳаллаи Тидон буд, дар Русия зани русаш бо маводди мухаддир подстава карда ба СВО равон кард.
Ин ҷавони Тидонӣ худаш ятим буд, бепадар калон шуда буд, модараш калон карда буд. Вақте мехоҳад ба Тоҷикистон барои аёдати модараш ояд, бо зани русаш чи баҳсу даъвое мекунанду он зан рус ин ҷавони бечораро бо маводди мухаддир мешинонад ва он ҷавон роҳи наҷот аз зиндонро дар рафтан ба ҷанг мебинад. Ва дар ҷанг кушта мешавад. Бубинед, ки оқибаташ чи шуд?
