Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №357

Ислоҳ нет

Ин бор аз Кулоб, Левакант, Хуҷанд, Конибодом ва Ҷаббор Расулов номаҳоро бароятон омода кардаем.

Аз Кулоб як нафар собиқ ҷангандаи Фронти халқӣ, ки баъдан солҳо дар яке аз мақомоти қудратии Тоҷикистон кор карда то рутбаи полковникӣ расидааст ва ҳоло бознишаста шудааст номае фиристода даъво мекунад, ки Сӯҳроб Қосимов, яке аз фармондеҳони пешини «Фронти халқи»-ро худи Раҳмонов заҳролуд карда аз байн бурд.

Аз Левакант дар бораи баргузории рейди зидди сатр навиштаанд. Муаллиф изҳори нигаронӣ кардааст, ки мо мардуми тоҷик дигар тамоман беғайрат шудаем ва муллоҳо бошанд дигар ҳама дарборӣ шуда ба сухангӯи Раҳмонов табдил шудаанд.

 Аз Конибодом боз ҳам дар бораи беспределии ГАИҳо навиштаанд. Муаллиф мегӯяд, ки аксарияти ГАИҳо дар ин ноҳия кадрҳои аз дигар маҳал ҳастанд, ки инҷо пулкоркунӣ меоянд.

Муаллифи нома аз ноҳияи Ҷаббор Расулов дар бораи сардори ШВКД-шӯъбаи корҳои дохилӣ  навиштааст, ки ба гуфтаи муаллиф аз рӯи ҳиссиёти миллатчигӣ узбекҳоро дар ин ноҳия таҳқир мекунад. Нависанда гуфтааст, ки бо омадани ин сардори милиса маъракаи зидди фолбин сар шуд ва ин маъракаро сардори милиса василаи кисапуркунӣ қарор додааст. Муаллиф, ки ба назар мерасад худ милитсионер аст боз аз як рафтори ғайримаъмулии сардори милиса гуфтааст.

Номаи Хуҷанд бисёр ҳам ташвишовар ва изтиробангез аст. Дар ин нома сухан аз мавориди зиёди ғасбҳои рейдерӣ аз тарафи домодҳои Раҳмонов меравад, ки дар шаҳри Хуҷанд, маркази шимоли кишвар, аз ҷумла ҳама бозорҳо ва тиҷоратҳоро бо зӯрӣ кашид гирифта истодаанд. Муаллифи нома, чуноне худаш мегӯяд, солҳо ба воридоти селитра, нурии маъданӣ барои соҳаи кишоварзӣ машғул будааст, ки дигар онро ҳам Фароз гирифтааст.

                                          Кулоб

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Ман дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ аъзои Фронти халқӣ будам ва бо хеле аз қумандонҳо ошноӣ ва шину хез доштам. Баъди ҷанг ҳам дар яке аз мақомотҳои қудратӣ кор кардаам. Ман хеле аз сиру асрори Раҳмоновро медонам. Инҷо дар бораи яке аз онҳо мегӯям.

Сабаби заҳр додан ва нобуд кардани яке аз генералҳои Фронти Халқӣ Сӯҳроб Қосимов дар чи буд ва чаро Раҳмонов генерал Сӯҳробро кушт?

  Дар яке аз рузҳо генерал Сӯҳроб Қосимов ба як одами дар бараш буда, шахси бовариаш мегуяд ин Раҳмонови ҳаромӣ тамоми командирҳо ва одамҳои бо нуфузе, ки ӯро сари қудрат оварданд яке паси дигар нобуд карда истода аст. Чи чора ҷӯем, ки Раҳмонов маро хам нобуд накунад?

  Шахси боваринокаш ба ӯ мегуяд:- бубин, генерал бо яке аз қумандонҳои оппозитсия, кадомеаш, ки пурзӯр ва қавӣ аст бо вай якҷо мешавем ва ӯро сарнагӯн мекунем, то ки ӯ моро нобуд накунад.

  Пас, генерал Сӯҳроб ба назди Бобои Раҳмон бо лақаби Раҳмон Гитлер одами худашро равон мекунад ва мегӯяд Бобои Раҳмон  Сӯҳроб Қосимов мехоҳад бо шумо аз наздик шинос шавад ва мехоҳад бо шумо вохурад. Дар ҷавоб Бобои Раҳмон мегӯяд «меҳмон атои Худо аст, мо интизори мехмон ҳастем, марҳамат биёяд».

  Баъди чанде генерал Сӯҳроб Қосимов ба дидори Бобои Раҳмон ба Тепаи самарқандӣ ба хонаи Бобои Раҳмон бо шаш мошин шабона ба меҳмонӣ омад ва дар хонаи Бобои Раҳмон шишта сӯҳбат карданд, то қариби субҳ. Генерал Сӯҳроб Қосимов аз Бобои Раҳмон миннатдорӣ кард, ки ӯро пазируфт ва меҳмон дорӣ кард. Генерал бо умеди дидор гуфт ва аз ин пас дусти байни Сӯҳроб ва Бобои Раҳмон оғоз шуд.

  Сӯҳроб Қосимов бо Бобои Раҳмон то дами  маргашон дӯст буданд. Як рӯз дар части Сӯҳроб дар Қулписта бо ҳам шишта буданд.

Сӯҳроб Қосимов мегуяд ба бобои Раҳмон, ки ин ҳароми Эмомалӣ Шарипович ҳамаро аз ду тараф нобуд кард: ҳам тарафдорони худаш ва ҳам аз тарафдорони оппозитсияро. Сӯҳроб Косимов ба бобои Раҳмон мегӯяд, ки биё ҳарду якҷо шавем ва ин ҳаромиро аз байн бибарем, то ки ин ману туро ҳам нобуд накунад. Бобои Раҳмон дар ҷавоб гуфт Сӯҳробҷон ман ин гуфтаи туро бо бачаҳоям суҳбат мекунам ва ҷавоби туро медиҳам. Сӯҳроб интизори ҷавоби ту мешавам, мегӯяд.

  Раҳмон  дар Тепаи самарқандӣ бо қумандонҳояш вомехурад ва мегуяд Сӯҳроб Қосимов мехоҳад якҷо шавем ва Раҳмонови ҳаромиро сарнагӯн кунем, шумо чи мегуед бачаҳо? Бачаҳо розӣ шуданд, ки бо Сӯҳроб Қосимов якҷо шаванд.   Ҳатто генерал Сӯҳроб Қосимов нақшаи сарнагӯнии Раҳмоновро ба Бобои Раҳмон дод ва гуфт нақша бикаш, ман тайёрам. Сӯҳроб Қосимов гуфт он қадар ба бобои Раҳмон бовари дорам, ки агар якҷо шавем хоки Эмомалӣ  Шариповичро мебезем

  Аз ин нақшакашии ду қумандон Эмомалӣ Шарипович Раҳмонов бо хабар шуд ва бар зидди инҳо нақшаи худро кашид. Як руз «сагҳо»-и бовафои Эмомалӣ Шарипович ба 9 ум километр меоянду ду солдати бобои Раҳмонро бурда мезананду мешикананд ва паси панҷара мекашанд.

 Дере нагузашта бобои Раҳмон бо шербачаҳояш ба ДОК омада аз пости ДОК, ки онҷо милисаҳо буданд 9 нафарро гаравгон гирифта ба Тепаи самарқандӣ мебаранд. Дар миёни ин 9 нафар ҷияни Маҳмадсаид Убайдуллоев низ буд. Аммо бобои Раҳмон дарак надошт, ки ин нақшаи Эмомалӣ Шарипович бар зидди вай буд, токи Раҳмонро аз байн бибарад.

  Дере нагузашта ба назди Бобои Раҳмон қозӣ Тураҷонзодаро равон карданд, токи Бобои Раҳмон милисаҳоро бар гардонад, то ба вай ҳамла накунанд. Дар ҷавоб бобои Раҳмон гуфт солдатҳои маро баргардонед, пас ман инҳоро раҳо мекунам   Тураҷонзода гуфт як милисаашро мегираму меравам. Бобои Раҳмон пурсид, ки чаро? Қозӣ гуфт чунки вай ҷияни Маҳмадсаид Убайдуллоев мебошад. Бобои Раҳмон он қадар мард буд, ки гуфт бигир бар ҷияни Убайдулоевро. Лекин бобои Раҳмон дарк накард, ки ин дасиса барои аз байн бурдани вай аст.

  Чунонки мебинед баъдан ба Тепаи самарқандӣ бар болои бобои Раҳмон ва ҳамрзмонш ҳуҷум шуд ва ҷанги сахт дар миён омад. Бисёр ҷавонҳо ҳалок шуданд. Бобои Раҳмон ба болои Тепаи самарқандӣ баромада ба сӯйи Олучадара равон шуд. Аз пеш генерал Сӯҳроб Қосимов баромад. Бобои Раҳмон гуфт Сӯҳроб бар зидди ман ин дасиса шуд, ту маро фурӯхтӣ? Дар ҷавоб Сӯҳроб Қосимов гуфт қасам ба Худо ман ин корро накардам. Бобои Раҳмон агар бовар накунӣ маро парон дар ҳаминҷо.

  Бобои Раҳмон гуфт касе Моро фурухт, паноҳат бар Худо. Пас, Сӯҳроб Қосимов гуфт аз ин роҳ бирав. Ман баъди ду соат аз пасат тир мепаронам ва Раҳмон бо ҳамроҳонаш ба тарафи Олучадара раҳсипор шуданд. Баъди ду соат Сӯҳроб Қосимов тир ба тарафи ҳаво паронданро сар кард ва ба ратсия баромада ба Маҳмадсаид Убайдуллоев гуфт, ки дер кардем, Раҳмон ба тарафи Олуча дара рафта аст.

 Шоҳиди ин воқеа мегуяд дар Олучадара ҷамъ омадем 73 нафар будем. Бо чархбол моро ҳамла карданд. Ҳама пароканда шудем, ба ҳар тараф, кадоме куҷое равад. Баъзе бачаҳо онҷо дар Олучадара шаҳид шуданд. Баъдан яке паси дигаре кушта шуданд. Мансур бо Исломи личакӣ, бобои Раҳмон, Сафари даҳмарда, хуллас, ҳамаро куштанд. Баъзе паси панҷара ба муддати 25 сол, баъзе ҳукми қатл гирифтанд. Писари домулло Ҷумъа, Марах ҳукми қатл гирифтанд. Худо раҳматашон кунад ин ҷавонони боғайратро.

 Баъдан Сӯҳроб Қосимовро аз кор гирифтанд ва Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон монданд. Дертар барои Рустами писараш шуда Сӯҳробро аз ин вазифа ҳам дур кард. Ҳатто дар ҷаласаи аз коргирии генерал Сӯҳроб Рустами Эмомлӣ ӯро таҳқиру дашном ҳам мекунад. Ҳамин тавр оҳиста оҳиста ӯро аз байн бурданд.

  Як наздики генерал Суҳроб ба ман гуфт, ки ӯро аз тарафи як генерали рус дар Душанбе буда, ки дар 201 дивизия кор мекард, заҳр доданд. Ба стакани коняки Сӯҳроб заҳр рехта ӯро заҳролуд карданд. Сӯҳроб шаш моҳ табобат кард. Лекин дар Русия ҷон бохт. Баъд ба Душанбе оварда ба хок супурданд. Пеш аз марг генерал Сӯҳроб Қосимов ба ҳамин нафари наздикаш гуфтааст ин ҳаромӣ корашро кард, ҳамаро аз байн бурд. Хело ба шакли вахим ҷон дод.

                                        Левакант

Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол. Аз Левакант ҳастам, кӯтоҳ менависам.

 Як ду рӯз пеш дар шаҳри Сарбанд Левакант рейд баргузор шуд. Сатри занҳоро аз сарҳояшон гирифтанд. Як бародар сӯҳбат кард, гуфт бо мошин тарафи Қурған мерафтем. Дар роҳ як занро чанд нафар руймолашро аз сараш бо зӯр гирифта истода буданд. Мегӯяд, бовар кун, ҳамин қадар сарам вайрон шуд, ки гиряам омад. Барои онки аз дастам ҳеҷ кор наомад. Ҳатто дар беморхона намемонанд сатр кардан.

Хитоби  ман ба мардуми беғайрати аз дин дуршудаи тоҷик ин аст ки ин муллоҳои дарборӣ ва ин ҳукумати зидди дину зиди оину анъанаамон шуморо гумроҳ кардаанд. Ҳамин ҳоҷӣ Мирзо дар ҳаёти сараш дар бораи тавҳид сухан ва мавъиза кардагӣ нест. Агар бовар накунед дар шабакаи Ютуб худатон бинед, ку як дарс аз вай меёбед ё не?

 Имрӯз, сад ҳайф, ки мардуми мо аз дин дур ва беғайрат шудааст.

Боз нав як видеоро дидам. Як торти калон кардаанду дар қафои портер монда дар шаҳр ба мардум тақсим доранд- барои 9 май. Дар ин ватан ба ғайр аз иди Рамазон ва иди Қурбон дигар ҳама идҳо қадр дорад. Кори ин тоҷик фақат дар комментҳои узбекҳо навистан: плов таджикский ё ки Бухоро ва ё Самарканд наше. О, агар ин Самарқанду Бухоро ин қадар қадр медошт дар мактаб чаро таърихи имом Бухориро дар ҳамон китобҳоятон ҷой намедиҳед, намехонед? Дар адабиёт ҳади ақал тарҷумаи ҳолашро камтар мемонданд.

Ин халқи тоҷики мо кай худшинос мешавад, кай ба худ меояд, намедонам. Ғайрату шуҷоату ҷасорат аз мо рафтааст.

Боз як наворро дидам духтару бача дар даруни шаҳр дастобадаст. Дар зери навор ягон ҷавонмард сухан накардаст. Боз ҳама хандаву ҳазл, гуё ин кори хуб аст. Бовар кунед, агар як духтару як писар дар тарафи Кавказ дастбадаст кунанд он писар то хонаашон соқу саломат намеравад. Мутаассифона дар мардуми мо тарс дар ҷои аввал меистад. Аҳсан ба мардуми Бадахшон, ки бо ғайрат ҳастанд.

 Бародари азиз, имрӯз дар эфир ҳамин суханони маро хонед ва ба мардум каме бошад ҳам ба ғайрат шуданро фаҳмонед. Саломат бошед!

                                       Хуҷанд

Ассалому алейкум устод Муҳаммадиқболи Садриддин. Аллоҳ ба умри шумо ва касбу коратон баракат бидиҳад. Ман аз шаҳри Хуҷанд ҳастам. Инҷо дар бораи бозорҳои шаҳр менависам, ки онҳоро аз дасти мардуми таҳҷоӣ ва бумӣ сойкелдиҳо кашида гирифтанд.

 Бозори Якшанбебозор (мошинбозор) ба Асади бившый рэкет тааллуқ дошт. Вайро гуфтанд бозорро бидеҳ, аммо пули кам гуфтанд. Асад розӣ нашуд,надод.Вале ба зӯр зада гирифтанд.

 Бозори Атуш, маъруф ба Атушбозорро ҳам аз дасти Рустам гирифтанд. Вале Рустами рэкет бозорро бидуни баҳсу даъвою ҷанг ва бепул дод.  

Бозори Баракат, ҷойи фуруши масолеҳи сохтмонӣ-строителный буд, ки инро ҳам гирифтанд.

Сомонбозорро ҳам гирифтаанд. Дар Хуҷанд ягон бозор намонд. Ҳамаашро кашиданду бо зӯр захват карданд. Рости гап намедонам ин хабарҳо ба шумо даркор буд, чоп мекунед ё не, аммо навиштам. Чунки, ман бовар дорам, ки дар дигарҷо навиштан ва чоп кардан намешавад.

Шумо хуб медонед, ки Панҷшанбебозор, бозори овозадори Хуҷандро чанд соли пеш Ҳасан Асадуллозодаи додарзани Эмомалӣ Раҳмонов гирифта буд.

Солҳои пеш гандумро бачаҳои Хуҷанду Истаравшан ворид мекарданд. Касе мехост ворид мекарду мефурӯхт. Ҳозир бошад фурӯши гандумро «Се ганҷ» монополия карда гирифт. Ин Сеганҷ аз они Шамсулло Соҳибови домоди Эмомалӣ Раҳмонов аст.

 Селитраро пештар ҳар касе мехост ворид мекард, меовард дар бозор савдо мекард. Бизнеси хуб буд. Худи ман бо ин кор мшғул будам. То ба Афғонистон мебурдам. Аммо бозори селитраро ҳам дар Хуҷанд ширкати Фароз пурра гирифт. Ширкати Фароз ба ҳамин Шамсулло Соҳибов тааллуқ дорад.

Ҳоло бе иҷозати Фароз ворид карда наметавонед. Шумо поставшики селитраро меёбед, гапзанон мекунед аммо пулро ба Фароз месупоред. Фароз дар болои он фоиз-протсенти худашро мемонд, сипас харида оварда медиҳад. Яъне ҳаминхел не за что дар бизнес қӯш мешавад ва муҳимтар аз ҳама нархро муқаррар ва контрол мекунад.

 Воридоти газу бензин ҳам ҳамин тавр. Пештар касе мехост харида оварда мефурӯхт. Ҳозир лицензия талаб карда мешавад. Аммо нархи летсензия беҳад гарон. Солона аз 1млн боло. Чунки ин тиҷоратро ҳам инҳо гирифтагианд.

Заводи қанду шоколад месозам гӯед иҷозат нест. Иҷозат ҳаст, аммо иҷозатнома нархи миёншикан дорад. Чунки заводи «Амирӣ» ичозат намедиҳад. Монополия карда гирифтааст. Заводи «Амирӣ» аз они Зарифбек Давлатови домоди дигарии Эмомалӣ Раҳмонов, шӯи Тахмини Клеопатра аст. Боз ин зану шавҳар аз Русия ва Украина конфету шоколад  ворид мекунанд. Корхонаи «Амирӣ»-и онҳо барои даҳ сол аз тамоми пардохтҳои андозу гумрук озод аст.

Бинобар баъзе маълумотҳо Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андоз бояд то моҳи сентябр100 корхонаи молу маҳсулот ворид мекардагиро маҳкам кунад. Фирмаҳо, ҶДММҳо-соҳибкорҳоро бо ҳар баҳона аз сояи однодневка баровада ба эҳтимоли зиёд ба «Фароз», «Таҷэро» ва «Авесто груп» супоранд.

Дар ҳоле, ки Узбекистон барои соҳибкорҳо шароити бисёр хуб фароҳам карда истодааст. Барои ҳамин бисёрии соҳибкорҳо бизнесашонро ба Узбекистон гузаронида истодаанд. Чунки дар инҷо дигар тамоми соҳаҳои тиҷорату истеҳсолоти мавҷударо кашида гирифта истодаанд. Ҳатто бозорҳоро кашида гирифтанд.

                                         Конибодом

Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол. Умедворам хубу хуш бошед.  
Бародар номамро фош накунед вале номаи маро дар барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» чоп кунед.

Ман дар бораи як масъала гап заданиам. Дар масъалаи милиса ва ГАИҳо Дар Конибодом шумораи инҳо бисёр шуда истодааст.

 Имрӯз дар назди беморхонаи Конибодом як корманди милиса, ҳамчун корманди ГАИ-БДА бе ягон сабаб як нафар ронандаи опелро омада ҳуҷҷатҳояшро тафтиш кард. Вай милиса аст на корманди ГАИ. Барои ҳамин вай чунин ҳуқуқро надорад. Вай милиса аст на коркуни ГАИ. Мошини ин милиса тамғаи мерседес ва номери қайди давлатиаш 1010, рангаш золотой. Оинаҳояш темнит кардагӣ. Мутаассифона ному насабашро намедонам. Чи тавр корманди давлатие, ки 1000-1500 сомонӣ маош мегирад шишаҳои мошинашро, ки арзиши сиёҳкунӣ дар як сол 5000 сомонӣ мекунад ва боз ӯ зану фарзанд дорад.
Ҳар рӯз ГАИҳо моро безор мекунанд. Дар шаҳр меистанд 1 нафар не, 5 нафарӣ меистанд. Барои чи кору постҳои ғайриқонунии онҳоро намебинанд ва инҳоро тафтиш намекунанд?

 Як корманди ГАИ ҳаст, ки мерседеси хокистаранг дорад. Рақами давлатиаш 0046 регионаш 01, оинаҳояш сиёҳ. Агар инҳо пора нагиранд аз куҷо ҳар сол 5 ҳазор сомонӣ барои оинаи сиёҳ медиҳанд? Чаро мақомоти Душанбе инҳоро тафтиш намекунанд
Рӯзи якшанбе милисаҳо дар бозор савдогаронро савдо кардан намемонанд.

Як нафар милиса Лексуси сиёҳи аз 100 ҳазор доллар зиёд дорад. Аз кадом ҳисоб харидааст? Барои чи коррупция инҳоро тафтиш намекунад? Ин порахурҳоро бояд аз Конибодом дафъ кунанд.

 Милиса ва ГАИҳо аксарияташон аз Конибодом нестанд. Яке аз онҳо Фирӯзи сиёҳ аз Ашт. Дар Конибодом хона ба иҷора гирифта мешинад.
Дар куҷост раиси КДАМ СС. Ятимов? Биё Конибодом тафтиш кун порахурҳои Конибодомро. Ҷеки Чан-вазири дохилӣ ҳам биёяд тафтиш кунад ГАИҳоро. Ин ҳаромхӯрҳо бечора таксистҳоро кор кардан намонда истодаанд.

Номаи маро дар «Номаҳо…»  чоп кунед. Ман боз менависам аз ин гуна бузу ҳаромхурҳо
Ташаккур барои хизматҳоятон бародари азиз Муҳаммадиқболи Садриддин.

                                     Ҷаббор Расулов    

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Аз ноҳияи Ҷаббор Расулов ҳастам ва ба шумо маълумотҳоро вобаста ба фаъолияти ШВКД –шӯъби вазорати корҳои дохилӣ дар ин ноҳия ирсол менамоям.

Подполковники милитсия Азиззода Аваз, сардори шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ҷаббор Расулов мебошад. Азиззода аз вазифаи сардори ШВКД шаҳри Хучанд ба ин ноҳия ба кор омад. Ин шахсият як инсони ҳаром ва миллатчӣ мебошад. Аксарияти халқи ноҳияи Ҷаббор Расулов узбекҳо мебошанд. Сардори шуъба, масъули ҳифзи қонун ва тартибот ин халқро рӯирост узбак гуфта таҳқир мекунад ва ошкоро мегӯяд, ки «инҳоро г..да,г..да маблағу пулашонро гирифтан даркор» ва боз дашномҳо мекунад.

 Баъди ба ин вазифа таъин гаштани Азиззода Аваз мо кормандон фаҳмидем, ки Азиззода Аваз шогирди раиси вилояти Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода-Қофлонбой дар ВКД будааст ва ба воситаи вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон ҳам ба вазифаи сардори шуъба дар шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Ҷаббор Расулов маҳз хамин раис дастгирӣ намудааст. Аммо Азиззода Авазро муовини аввали вазир, Аламшозода Абдураҳмон (Бузмаков) шум медидааст. Баъди ба ноҳияи Ҷаббор Расулов омадани Азиззода Аваз дар як ҷамъомад дар байни ҳайати шахсӣ гуфт, ки «баъзе муовинои Вазир, худашона дарондан то ай вазифа гиран, лек бо вазифамон додан». Бачаҳо гуфтанд, ки бо ин суханҳояш Аламшозодаро дар назар доштааст. Чунки писар ё ҷияни Аламшозода, сардори шуъбачаи кофтукови ҷиноӣ дар шаҳри Хуҷанд будааст, ки ӯро низ дар ҷамъомад Азиззода Аваз зикр карда буд, ки дар шаҳри Хучанд, сардори шӯъбаи кофтукови ҷиноӣ доштам, маводи «кристал»-ро мезад ва рӯзи дароз дар кабинеташ хоб буд.  

Баъди ба ноҳия омадани Азиззода Аваз маъракаи густурдаи дастгир кардани фолбинҳо оғоз гашт. Вай фолбинҳоро дастгир намуда то 40-50 ҳазор сомони маблағи онҳоро гирифта, ҷаримаи мувофиқро аз руи модда таъин карда, пулҳои изофии калонро ба кисааш зад. Ин сардори шуъба ҳамин қадар гушна аст ки то ҳатто ҳамсараш ва духтаронаш ба ҷои кораш мебиёянд оилавӣ ва дар ҳуҷраи корӣ ё ягон ошхона, хурок истеъмол мекунанд, пули ошхона ва хурокро кормандони милитсия месупоранд. Рости гап ин кор як бор бошд, ду бор бошд, тоқат кардан мумкин. Аммо бовар кунед, ки аз кирдорҳои ин сардор ва аҳли оилааш мо кормандон ба дод омадаем. Чунки хурду хӯроки аҳли оилаш дар ҳудуди ноҳия, харидан ва ирсол намудан ба хонааш ва маводи сӯзишворӣ то автомашинаҳои оилааш ба дӯши мо кормандони милитсия афтидааст. Мо ҳам ба ҷони таксистҳо расонидаем

 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода -Қофлонбой ба Азиззода Аваз супориш медиҳад, ки нисбати Олимбек раиси ноҳия маълумот ҷамъ кунад ва Аваз супориши ӯро бе чуну чаро иҷро намуда маълумотҳои даркориро ба раиси вилояти Суғд пешниҳод менамояд.
 

Share This Article