Як нома аз Хуҷанд, ки дар бораи санади авфи ахир ва усули иҷрои он суҳбат шудааст ва ду номаи дигар аз шаҳри Ваҳдат дорем. Номаи аввали Ваҳдат аз Ромит аст. Барои ҳамин таҳти ҳамин ном-Ромит дар барнома ҷой додем. Дар ин нома аз вазъу ҳоли дараи Ромит маълумотҳои ҷолиб пайдо мекунед.
Нависандаи нома аз шаҳри Ваҳдат мегӯяд, ки мардум набояд аз Раҳмонов битарсад, балки ба ақидаи вай Раҳмонов аз мардум метарсад.
Хуҷанд
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадқибол! То ду се рӯзи дигар аз қабули Қонуни авф як моҳ мегузарад. Аммо масъулони Идораи зиндонҳо барои озод кардани зиндониҳо бениҳоят кашолкорӣ карда истодаанд.
Сабаби асосии ин кашолкорӣ, албатта, барои ҳамаи мову шумо маълум аст. То ҳамин нафарҳои масъул «доля-ҳақ»-и худро нагиранд, бо ҳар баҳона корро дароз мекунанд.
Бадии кор дар ин ҷо аст ки дар Қонуни авф барои иҷрои он ду моҳ муҳлат муқаррар шудааст. Аз ҳамин мӯҳлати думоҳа дар ҳамаи идораҳо, ки ба ин қонун бевосита марбутанд ва дахл доранд, чи идораи зиндонҳо, чи СИЗО (боздоштгоҳи тафтишотӣ, чи ИВС (боздоштгоҳи муваққатӣ) чи дар суду дар прокуратура ҳамин вазъият аст. Дар ҳоле, ки бояд ҳарчи зудтар дар сарнавишти маҳкумину гумонбару зиндониҳо,ки ин қонун ба онҳо дахл кардааст, расидагӣ сурат бигирад. Додани фурсати думоҳа барои раҳосозӣ маънои онро надорад, ки то охирин рӯзи ин фурсат бо баҳонаҳои бардурӯғ бо тақдири инсонҳо бозӣ карда шавад.
Гап дар ин хусус меравад, ки тибқи қонуни авф онҳое, ки бояд озод шаванд ягон муодилаву муаммои душвор ва мураккаб надорад. Қонун ба кадом моддаҳо авф татбиқ карда мешавадро мушаххас кардааст ва ҳамаи ин ниҳоду идораҳо аллакай медонанд, ки киҳо бояд озод шаванд.
Инҷо ҳиҷ зарурат барои кашолкорӣ вуҷуд надорад.
Аслан бигирем ду моҳ муҳлат додан аз тарафи раисиҷумҳур ва Маҷлис худаш як амали шакангез аст. Бар пояи ин қонун беш аз 18000 нафар аз ҷавобагрӣ раҳо ва ё муҳлати адои ҷазояш кам мешавад. Аммо ин тавр нест, ки барои мисол 18 ҳамаи ин 18000 -ро як идора озод кунад. Аз СИЗО, ИВС, суд, прокуратура, зиндонҳо колоннаи сукунатӣ озод мешаванд. Пас, чаро ду моҳ? Барои онки дар ин ду моҳ, ки кашол медиҳанд, нафари озодшаванда (дар ИВС, СИЗО…….) бетоқат мешавад, ки кай ба озодӣ барояд. Ин фурсати тиллоӣ барои пул кандану кор кардан мешавад. Мешавад, ки тамоми раванди қонуни авфро дар як ҳафта буд кард. Зеро, боз ҳам такрор шавад гуфтаниам, ки ин 18000 аз чандин ниҳод вобаста аст, ки дар худи қонун ҳам зикр шудааст: фалон шумора аз зиндонҳо, фалон шумора аз тафтишот, фалон шумора аз колоннаи сукунатӣ, фалон шумора зан аз зиндони Норак.
Бубинед, ки ҳозир ҳама чиз дар компютер ва захираи он сабт шудааст. Яъне инҷо кори дастӣ вуҷуд надорад. Парвандаи шахс бо иттиҳомаш омода аст. Чизе барои кори дастӣ боқӣ намондааст.
Масалан дар колоннаи сукунатӣ, ки чандин нафар корманд дорад. Метавонанд парвандаҳоро ҳамакаса бубинанд ва асноди лозимро барои муҳру имзо омода созанд ва ин корро мешавад дар ду ҳадди ақал се рӯз иҷро кад. Айни ҳамин усули корро дар СИЗО ва зиндонҳо, масалан низоми умумӣ, низоми пурзӯр ва ё сангин иҷро кард ва нафарони қонун ба онҳо татбиқшудро ҳадди аксар-максимум дар як ҳафта ҷавоб дод.
Як мисол меоварам. Соли гузашта Раҳмонов беш аз 850 нафарро авф кард. Ин авф ба муносибати Наврӯз буд, ки 20уми март фармон содир шуд ва аллакай 21 март ин нафарҳо озод шуданд. Яъне баъди як шаб ва чанд соат. Пас, маълум мегардад, ки мешудааст. Аммо, акнун чаро бояд ду моҳ тӯл диҳанд? Инҷо ҳеҷ чизи номафҳум ва номушаххас вуҷуд надорад, инҷо ҳеҷ гуна тафтишоту муҳокима ҳам намешавад, инҷо адвокату баҳси додгоҳие зарурат надорад. Чунки моддаҳое, ки бар тибқи онҳо шаҳрванди бандӣ озод гардад мушаххас аст ва парвандаи ин нафар ҳам мушаххас аст.
Фикр мекунам, ки бояд ин масъаларо ҷиддӣ бигиранд ва дар оянда фурсати мушаххассозӣ ё муҳлати иҷрои қонуни авфро кам кунанд. Бо ин васила аз порахӯрии сартосарӣ пешгирӣ карда мешавад. Чунки на ҳама шароит ва тавони додани пораро дорад. Вале он нафари бечора, ки мебоист пеш аз ҳама мебаромад, ба маҳзи надодани пора аз ҳама охир, вақти анҷоми муҳлати думоҳа раҳо мешавад, ки ин беҳад ҷабр ва ситам аст.
Мехоҳам дар бораи як масъалаи дигари марбут ба ҳамин авфи ахир бигӯям. Ин авф, ки баъди панҷ сол аз авфи қаблӣ (соли 2021)қабул гардид, бовар кунед, ки ҳиҷ тафовут надорад. Ман матни қонунҳои ҳарду авфи ахирро муқоиса кардам, ки 99% як чизанд.
Ин авф на ба журналистон расид ва на ба зиндониҳои сиёсӣ. Масалан нависанда Абдуқодири Рустам аз 4уним соли ҳукм 3 солашро шишт, аз нисф зиёди срокашро матат кард, аммо вай озод намешавад. Наход ба як муҳаррири китоб ҳамин гуна бархурд сурат бигирад? Ин нависанда дар остонаи 70 аст. Аз инҷо маълум мешавад, ки қонунҳои давлати мо бисёр ҳам сахт аст ва ҳиҷ ҷанбаи гуманитарӣ надорад.
Дар қонун гуфта мешавад, ки шахсони аз 55 боло озод мешаванд, аммо боз бо моддаи дигар ин талаб рад карда мешавад. Яъне агар хиёнат карда бошанд, қасди табаддулот дошта бошанд… ва амсоли ҳамин иттиҳомот шомили авф намешаванд.
Баракс, бояд ва аз рӯи мантиқ ҳамин нафарон мавриди авфу бахшиши ҳоким ва ҳукумат бояд қарор бигиранд. Ба ин маъно, ки ту мехостӣ ҳукумати маро сарнагун созӣ, ту бар муқобили ҳукумат кудето карданӣ будӣ, боз ҳам ман инсоният ба харҷ додаму аз гуноҳат гузаштам ва туро озод намудам. Кореро, ки Садир Жапаров, раиси ҷумҳурии Қирғизистон бо Қамчибек Тошиев ва ҳамроҳонаш кард. Гуфта шуд, ки ҳоло нақшаи онҳо дар сатҳи ҳарфу сухан буд, на амал.
Магар ҳамин корро намешавад бо Акбаршо Искандаров, Ҳамрохон Зарифӣ ва ҳамроҳонаш, ки агарки нақшаи табаддулот доштанд, ҳанӯз дар сатҳи гап буд, кард ва онҳоро озод намуд? Инҳо, ки аз 55 не аз 70 болоанд?
Бори дигар мегӯям, ки қонунҳои мо, маълум мешавад, ки беҳад суровиянд-сахту золимонанд. Ин тавр набояд бошад.
Мо, мардуми тоҷик магар даррандаву ваҳшием, ки бо қонуну ҷазои сахт зиндагӣ бикунем?
Дар замони истиқлолият дар ин солҳо қонуни авф қабул шуда будааст:
1991 Авфи аввалин пас аз истиқлолият
1994 Ба муносибати қабули Конститутсия
1997 Баъди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ
1999 Авфи навбатӣ
2001 Ба муносибати 10-солагии истиқлол
2003 Авфи умумӣ
2006 Ба муносибати 15-солагии истиқлол
2009 Ба муносибати 15-солагии Конститутсия ва Соли Имоми Аъзам
2011 Ба муносибати 20-солагии истиқлол
2014 Ба муносибати 20-солагии Конститутсия
2016 Ба муносибати 25-солагии истиқлол
2019 Авфи навбатӣ барои ҳазорҳо маҳкумшуда
2021 Ба муносибати 30-солагии истиқлол
2026 Ба муносибати 35-солагии истиқлол.
Дар авфи соли 2021 16 000 нафар, авфи соли 2019-7000 дар авфи соли 2016 – 12 000 нафар дар соли 2014 бошад наздики 10 000 нафар ва дар соли 2011 беш аз 15000 нафар озод шуданд. Чунон маълум мегардад дар ҳақиқат барои бори аввал беш аз 18000 кас шомили авф мешавад. Аммо, шумо ба руихати авфҳо таваҷҷуҳ кунед, мебинед, ки авфи имсола баъди панҷ сол қабул шудааст ва табиист, ки ба афроди бештар татбиқ мешавад. Раҳмонов ҳаргиз ба ин миллат на раҳм кардаасту на бар маҳкумкардаҳояш афву созише кардааст. Агар созиш ва афе ҳам карда бошад дар он афву созишаш ҳатман итнрига ва хиёнате нуҳуфта аст.
Ваҳдат
Салом бародари роҳи ҳақ Муҳаммадиқболи Садриддин. Ман як нафар аз сокинони шаҳри Ваҳдат ҳастам, ки ба шумо номаҳои зиёде ирсол кардам ва шукри Худо, ки шумо ҳамаи онҳоро дар «Номаҳо аз ноҳияҳо» ва «Номаи маро алоҳида нашр кунед» нашр кардед. Ман аз шумо миннатдорам. Барои хизматҳои шабонарӯзии шумо ва барои ба мардуми камбағал дасти ёрӣ дароз кардани шумо, ки ин қадар вақти худро дареғ намедореду ба халқу миллати худ бедареғ хизмат мекунед ва дарди миллатро ба ҷаҳониён мерасонед, ташаккур мегӯям. Чунки мақомотҳои мо, ки имрӯз бояд хизматгори миллату халқ бошанд вале ба ҷои ба халқи худ хизмат кардан аз мансабдори одӣ сар карда то мансабдори баландпоя мардумро ғорату таҳқир мекунанд ва қонунро зери пой гузоштаанду амалан ба мақсади пул кор кардан (бо ҳар роҳе набошад) амал мекунанд.Мардум дигар ҷои арз кардан надоранд ва онҳо рӯ ба шумо меоранд, гарчанде шуморо ин ҳукумат мухолиф ва душмани миллат мешуморад. Вале мардум дарк кардаанд, ки гарчанде мухолиф ҳам бошед лекин ҳақ шумо ҳастед ва сафи ҳақталабон рӯз ба рӯз зиёд гашта истодааст ва мардум нисбат ба ҳукумат бадбиниаш аз рӯи ноадолатӣ зиёд гашта истодааст ва ман, ки аз мардуми одӣ ҳастам дар байни мардум мегардам муқоиса мекунам. Мардум дигар ба ин давлат бовариаш намондааст. Чунки аз сухани дурӯғ оғози кор мекунанду бо ғоратгарӣ ё аз кор ронда мешанд ё то охир ҳамчун хари дар гулмех баста хизмат мекунанд- то охири умр.
Манзури ман чи аст? Манзури ман он аст ки мардум ягон 70 фоизаш ин ҳиллаву найрангу дуздиву сохтакориҳои онҳо бохабар гаштаанд. Инро ман аз заҳматҳои шабонарӯзии шумо ва аз натиҷаи кори шумо медонам, ки ба воситаи барномаи дӯстдоштанӣ ва мардумии «Номаҳо аз ноҳияҳо» дарди ҷонкоҳи мардумро нашр кардеду мардум аз корсозиву аз чашми мардум паноҳкории онҳо бохабар гаштанд. Ин як дастоварди бузургест ки шумо кардеду мардумро огоҳу зирак намудед. Гарчанде ҳамаи онҳо аз ҳақи худро талаб кардан метарсанд. Лекин дар даруни сина нисбати ин ҳокимон кинаву адоваташон рӯз аз рӯз зиёд гашта истодааст, ки ин шо Аллоҳ рӯзе мерасад ин аз синаи онҳо бурун меояд.
Рӯз аз рӯз бовари мардум бар шумо зиёд гашта истодааст. Агарчи ҳукумат ҳаракат мекунад, ки сари роҳи онро гирад наметавонад. Чунки ҳақиқатро бо дуруғ пӯшонда намешавад. Ман ба ин ҳама заҳматҳои шабонарӯзии шумо раҳмат мегӯям ва аҳсант мехонам ва дар ҳақатон дуъогӯям, ки Худо шуморо нигаҳбон бошад ва сафи шумо барин шермардони рӯшангарро зиёд гардонад. Ин шо Аллоҳ дар ниҳояти кор пирӯзи ҷониби ҳақиқат аст.
Ин ҳукуматдороне, ки дар рӯи вазифа ҳастанд худоро худойбердӣ медонанду Раҳмоновро –наъузубиллаҳ, худои худ ва дар сояи ӯ чи коре мехоҳанд мекунанд. Намедонанд ки онҳоро он худое ки офаридааст имтиҳон дорад чунки аз дини худ гаштаанд ё динро ҳамчун олот барои пул коркуни истифода бурда истодаанд. Намедонанд, ки оқибат онҳоро чи интизор аст. Онҳо одаму одамгариро кайҳо боз фаромӯш карданд, динашонро иваз карданд ва худро ба дини Раҳмонпараст мубаддал кардаанд ва мехоҳанд, ки мардумро ҳам монанди худ дар ҳамин дин дохил кунанд ва сари мардумро бо ҳар роҳе тоб медиҳанд ва таъқибу таҳқир мекунанд. Лекин мардум огоҳ гаштаанд, агарчи ҳоло низ ба ҳиллаву найранги онҳо мардуми содае, ки онҳоро бовар мекунанду ба ин дини онҳо пайваст мешаванд ҳастанд, аммо ин тоифа шуморашон кам ва камтар шуда истодааст.
Мардуми мо мардуми фаҳмида ҳастанд, ҳеҷ гоҳ инро қабул намекунанд ва ба онҳо дода намешаванд. Чунки ин кор оқибати хуб надорад, чунки мо худ дар ин дунё меҳмонему худованде моро офаридааст ӯ аст якаву ягона. Мо фақат ӯро парастиш мекунем ва ба роҳе, ки ӯ амр кардааст ба воситаи китоби Қуръон амал мекунем. Ин бехабарон ҳамааш муваққатианду раванда, монанди фиръавну дигарон. Ҳеҷ гоҳ мардуми мусалмони ҳақиқӣ роҳи пешгирифтаи Раҳмоновро намераванд ва қабул надоранд. Чунки ин муваққатӣ аст. Мо баъди падруди ин дунё бо холиқи худ во мехӯрем ва пурсида мешавем, он гоҳ чи ҷавоб мегӯем? Худои мо Раҳмонов буд мо амри ӯро иҷро мекардем? Ҳеҷ гоҳ не. Зеро Раҳмонов худ як гунаҳгори ашаддӣ дар назди худованд аст, на беш аз ин. Мо дар он рӯз чи ҷавоб мегӯем? Раҳмонов биё моро мадад кун?! Ӯ худро наҷот дода наметавонад.
Ман ҳамин қадар гуфта метавонам, ки хислати бесавод ин аст ки намехоҳад касе аз ӯ боло бошад, ҳаракат мекунад, ки бо ҳар роҳе набошад ӯро паст ё гап задан намонад ва ҳар роҳу усулро пеша мекунад. Шумо таҷриба кунед инро аз Раҳмонов.
Боз як чизи дигарро ба шумо бигӯям, ки бесаводе дар вазифа ҳаракат мекунад вазифааш аз даст наравад бо ҳар роҳе набошад ҳаракати дар вазифа монданро мекунад. Дигар хислати бесавод ин аст ки тарсончак аст ва аз ҳар касе, ки шубҳа дорад аз вай дурӣ меҷӯяд, ё ӯро бо ҳар роҳе набошад саркӯб кунад. Ин ҳама хислатҳо дар Раҳмонов аст ва ӯ мардумро фиреб дода гаштаст. Дар асл фикр кунӣ ӯ на як зӯр, балки як тарсончак аст, бояд мардум инро донанд, ҷои ҳассоси ин бесавод пулҳову бойгарии ӯ аст. Боигариашро гирӣ, ӯ худ тез аз фикр мемурад. Мардуми мо бояд бохабар бошанд ,ки Раҳмонов ҳама вақт дар тарс аст, аз мардум сахт метарсад, аммо дар пеши мардум инро нишон намедиҳад. Лекин ӯ ҳамавақт бо тарс хоб аст, инро бовар кунед мардум. Шумо аз ӯ дигар натарсед, ӯ худ аз шумо метарсад, шумо хап нашинед, ҳақи худ талаб кунед дар кадом корхонае набошад.
Раҳмоновро маҷбур мекунад, ки нисбати шумо на бо зулму таҳқир балки бо муомила рафтор кунад ва ин бедории шумо шуморо ба роҳи ҳақ бурда мерасонад.
Ин буд як фикри ман, ки зиёда ай 60 сол умр дорам ва ин кору рафтори Раҳмоновро таъқиб мекунам, мебинам ва аз шумо ҳам мардуми сарбаланд хоҳиш мекунам, ки ҳар як кори Раҳмоновро таъқиб кунеду муқоиса кунед худатон ҳамаашро мефаҳмед, кӣ душман асту кӣ дӯст.
Бо умеди сарбаландӣ ва пирӯзии шумо.
Ромит
Салому алайкум ва раҳматуллоҳ бародар Муҳаммадиқбол. Баъди аз нашри номаҳо аз Ромит ва суҳбатҳои худи шумо дар «Минбари муҳоҷир» дар бораи навигариҳои дараи мо беш аз ҳама Диловар Солеҳови раиси нави ҷамоа беқарору бетоқат шудааст. Диловар кофта гаштааст. Ҳама дузду бузу қарақчиву ҳаноту масхарабозро ба кофтан водор кардааст. Бигзор бароянд гап зананд ки ҳаминҷои он нома дуруғ аст. Наметавонанд. Чунки ҳамааш рост аст. Диловар Солеҳов гуфтааст, ки аз кор омаданам пушаймонам. Мегӯяд ҷойи пешинаам ҳазор бор соз буд, аз ин ҷои омадаам пушаймонам.
Вай дар аптекаи болнитса буд. Худаш дору меовард бо пули худаш. Баъд худаш дар болояш чи хеле форад монда мефурухт. Соли карантин хело сумҳоро хурда буд. Чунки аз ҳисоби гуманитаркаи доруҳо хеле зиёд сум кор кард. Ягон касро ягон ситрамон надода буд.
Ҳозр ҳам бизнесҳояш созанд. Се Дулан, экскавтор, мехлопата ва коргоҳи блокрезӣ-сементблок дорад. Доходи моҳонаш аз 100 ҳазор сомонӣ боло аст. Боз шинос дорад. Ба воситаи ҳамон генерал Бахтовар аз бонк бефоиз пул мегирад:-як сола дусола якунимсола.
Вале айни замон Диловар сахт кофта истодааст, ки кӣ ин ҳама маълумотҳоро аз Ромит ва шахсан дар бораи худи вай ба «Ислоҳ» нависта бошад. Дунгу девонаву соқу касалро ҳамон рафта кофта истодааст. Дар байни мардум кофта истодаанд. Бахтовар Диловарро сахт ҷангаш кардааст, ки барои чи маблағи пораи додааш ба ӯ барои раиси ҷамоат шуданашро дар Ислоҳ ифшо кардаанд. Беҳад зиқ аст. Диловар Солеҳов гуфтааст, ки то ту омадан ин гуна гапҳоро дар Ислоҳ намегуфтанд. Ҳозир сахт тарсида истодаас, ки пули пораи додаашро ноканда, ноёфта аз кор нагирандаш. Гуфтааст, ки ҳамон заминҳоро фурушам худам месупорам. Инҷо ҷои ман набудааст. Дар ҳақиқат агар он заминро фурӯшад чанд баробар фоида ҳам мекунад.
Сухан дар бораи як замини дуввунимгектара меравад.
Ин замин дар дараи Ромит дар тарафи куҳҳои самти Роғун аст. Дар вақташ амаки ҳамин фурухтагӣ. Онҷо хонаҳо ҳам ҳаст, ки документ надорад-дуввуним гектар. Солҳои пеш Зайд дар он Саид бо бачаҳои як мард аз Ромит бо номи Фирдавс оҳанпора- метал бизнес мекарданд. Ҳозир плошадка шудаасту мардум бозӣ мекунанд. Он замину хонаҳоро амакаш фурухта буд. Он нафар дар Барқи тоҷик кор мекард. Бачаи амаки ҳамин духтари он нафари Барқи тоҷикро гирфта буд. Онҷо хонаҳои союзӣ мондагӣ ва лагер буд. Дар сохтмони мағозааш Раҷаби Хайриддин плитаҳои ҳамон хонаҳоро бепул оварда буд, балки ғасб карда буд. Чунки он вақтҳо гапзанҳои ноҳия Хайровҳо будаанд. Инро бояд гӯям, ки ҷойи тамошои барномаҳои шумо ҳамин магазини чорэтажаи Раҷаби Хариддин аст. Барномаҳои шуморо дар Ромит хоҳ тарафдор хоҳ зид, тамошо мекунанд. Дар магазини Раҷаби Хайриддин телевизионро мемонанд тамошо мекунанд. Ҷои тамошояшон ҳаминҷо аст. Ҳар вақте шумо Азизмои газетхонак ё СС-и махуф мегӯед Раҷаби Хайриддин шуморо тамоми ҳақоратро мекунад. Вай як ҳаннот одам аст. Мегӯяд, ки инҳо дуруғ мегуянд. Мо бояд тарафдори ҷаноб бошем. Ин Раҷаби Хайриддин яке аз ҷиянҳои Хайровҳо аст. Сурати Раҳмонов дар пушти кассаи магазин дар болои сарашон овезон кардагӣ аст. Хулоса, нақшаи Диловар ин аст ки ҳамин дуввуним гектар заминро бифурушад. 6 сотих замин дар Ромит аз 10 000 то 15000 доллар нарх дорад ва агар Диловар барои риси ҷамоат шудан 100.000 расход карда бошад бо фурӯши ин замин миллион мегирад. Аммо Диловар Солеҳов ҳамсинфи Бахтовари генерал, ҳоло девона шудаст. Сарашро дар сангҳо зада истодааст, ки ин корро кӣ кард, ки муносибати вайро бо кришааш Бахтовар вайрон кардааст. Бахудо агрномҳоро девона кардаст.
Тамоми одамҳоро кофта истодааст. Номаҳоро аз Ҷовид дидааст вале Ҷовид дар ҷояш шинондааст. Ҷовид писархолаи генерал Бахтовар аст. Вай мебоист раиси ҷамоа мешуд , аммо пулаш камӣ кард.
Диловар Солеҳов мехост, ки заминҳоро бо ёрдами Бахтовар фурӯшад. Ҳоло ҳам дар ҳамин фикр аст.
Ҳоло ду ҷумла аз Хурсанд Мирзоева, раиси собиқи ҷамоати Ромит мегӯем ва сипас дар бораи иллати рондани қорӣ Шоҳасан ва Муллоашӯралӣ хоҳем гуфт.
Хурсанд Мирзоева, агар чи аз вазифа рафта бошад ҳам масъули танзим ва облаваро сезанталоқ қасам медодааст, ки чи қадар пул аз туйдор ва ё падари призивник гирифтаанд. Ҳар кадомеашонро отделно қасам медиҳад.
Чизи дигар ин аст ки Хурсанд Мирзоев наздики 30 нафар тамомкунандаро фиреб карда 10 ҳазорсомонии онҳоро гирифтааст, ки дар болои боло шинос дораду онҳоро дар кадом донишгоҳе мехоҳанд дохил мекунад. Аз баъзеи онҳо ҳатто дуборӣ гирифтааст. Аммо онҳо, ки ба донишгоҳҳо рафтаанд, ки номашон тамоман нест. Ҳамин тавр, ҳоло чандин нафарҳо даъвогаранд, ки Хурсанд аз онҳо пул гирифтааст, ки бар ивази хизмат дар артиш ба онҳо замин дода мешавад, аммо на аз замин пай ҳасту на аз пулашон. Бештар сокинони Чуянгаронро фиреб карда будааст.
Хуб ҳоло аз қорӣ Шоҳасан. Қорӣ Шоҳасан ва Муллоашӯралӣ (роҳбалад) соли гузашта ҳаҷҷи умр рафта буданд. Ҳамроҳи онҳо аз амниятиҳо будаанд. Дар ҳаҷ дар ҳақи ин Раҳмонов дуъо ва амри маъруф кардаанд. Инҳо худашон хабар надоранд, ки дар байнашон одамҳои махуф яъне СС.Ятимов будаанд. Аммо дар онҷо ҳам амри маъруф кардан мумкин набудааст. Барои ҳамин баъде гашта омаданд ҳатто овозҳояшонро суд карданд. Дигар ҳақ надоранд, наметавонанд амри маъруф кунанд ва Шоҳасанро аз имоматӣ гирифтнд.
Дар ҳаҷ дар ҳақи пешво дуъо кардан мумкин аммо амри маъруф кардан номумкин будааст. Инҳо гумон кардаанд, ки мо дуъо мекунем, ҳама чиз барои мо иҷозат аст. Аммо фаромуш кардаанд, ки ин Раҳмонов одамҳоеро, ки ӯро болои вазифа оварда буд раҳм накард, калаашонро канду несту нобуд кард, ба як дуъои ту раҳм мекунад.
Аз ҳаҷ омад тамом. Омад, ки Шоҳасанро аз имоматии масҷид гирифтанд. Шоҳасан дар ҳаҷ дар бораи амокини муқаддас амри маъруф кардааст.
Айни замон Шоҳасан Мирзокаримов ва Муллоашӯралӣ Нарзуллоев дар Русияанд. Шоҳасан аз 40-сола болотар аст. Қоригӣ хондагӣ, дар хонааш ҳам дарс медод.
Ин Шоҳасан бисёр шахси тамаллуқкор аст. Вақте имоми масҷид буд агар дар ҳавзҳои моҳии Азизмо ягон ҳодиса мешуд, масалан сел меомад ва ё моҳиҳо касал мешуд, дар намозҳо, дар намози ҷумъа мардумро маҷбур мекард, ки бираванд барои ҳавзҳои моҳии Азизморо аз мушкил халос кардан кор кунанд.
Яъне, вақте Шоҳасан дар масҷид кор мекард мардумро дар ҳавзҳои моҳиҳои Азизмо ба кор мебурд. Дар намози ҷумъа баромад мекард, ки «ягон кор кунен ягон моҳӣ метантона». Аммо ҳатто моҳиҳои касалшударо ба мардуме, ки кор мекарданд, намедоданд, куҷо расад ба моҳиҳои сиҳат. Он нафари масъули ҳавзи моҳиҳои Азизмо ба Шоҳасан пул медод, масалан 20 000 сомонӣ, ки ба мардуми коромада диҳад, то онҳо ёрдам кунанд. Вале ин Шоҳасан пулро пинҳон мекард, ба кисааш мезаду ба мардум намедод.
Муллои масҷид феълан Муллоҳасан Тағойзода аст. Бачаи хурдии Муллоҳасан азонгӯ-муаззин аст. Хизмат нарафтааст. Ҳар гоҳ мавсими даъват шавад зуд болнитса меравад.
Ва, дар охир як маълумоти дигар. Бо худи ман ин ҳолат рӯй надодааст. Аммо мегӯянд, ки дар бонкҳои Ваҳдат пулҳои фалшивийро мегузаронанд. Гуё ин корро асосан Ориёнбонк мекардааст, бонкҳои дигараш ҳам мекардаанд. Яъне ба кампирҳову пиронсолҳо долларҳои фалшивий медодаанд. Чунки аз сри ҳар 100 доллар ба ин кормандони бонк сад сомонӣ медодаанд. Аз Ромит дигар ҳар маълумоти тозае расид ба Ислоҳ мерасонем. Мо инҷо як ду нафар нестем ва ҳама ҳолатҳоро назорат дорем.
