Аз Айнӣ, Панҷакент ва Душанбе ин бор муҳтавои барнома таҳия ва такмил гардид.
Ин бор номаҳои омада хеле ҳам изтиробангезу ташвишоваранд. Якеаш аз қиморхонаҳо-контораҳои букмекерӣ мегӯяду дигар аз ҳодисаи куштори як курсанти Академия МВД ва дигар дар бораи он аст ки милиса ва падари вай худашон дар қочоқи маводди мухаддир машғуланд.
Муаллиф нома аз Айнӣ аз фаъолияти контораҳои букмекери изҳори норизоият карда аз мақомот талаб кардааст, ки онҳоро бибанданд.
Номаи аз Панҷакент омада дар бораи муовини милисаи шаҳр ва падари вай сӯҳбат мекунад. Бо айни чунин мазмун қаблан ҳам дар бораи замнач ва падари вай нома дарёфт шуда буд, ки чоп карда будем. Ҳарчанд баъзе аз фикрҳову маълумотҳо такроран инҷо омадааст аммо гапу маълумоти нав дорад.
Нафаре, ки аз Душанбе дар бораи ҳодисаи куштори як курсант дар Академияи ВКД аз тарафи ҷияни Рамазон Раҳимзода навиштааст, мегӯяд, ки роҳбарияти ин Академия ва бахусус Пулод Насуриён, сардори ин муассиса аз тарси вазир ҳолати кушторро пинҳон кард.
Айнӣ
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Ин номаро аз ноҳияи Айнӣ бароятон ирсол менамоям. Ман як нафар омӯзгорам, ки ба насли наврас дарс медиҳам. Чанд рӯз пеш дар хабарҳо хондам, ки Ҳукумати Тоҷикистон нархи литсензия ё иҷозатнома барои нуқтаҳои шартбандӣ ё букмекериро чанд баробар зиёд кардааст. Дар хабар гуфта мешавад, ки минбаъд «хироҷи яккарата барои додани парвонаи кор ба нуқтаҳои букмекерӣ аз 3 ҳазор сомонӣ ба 130 ҳазор сомонӣ зиёд шудааст. Ҳамчунин нуқтаҳои букмекерӣ вазифадор шудаанд, ки ҳар сол барои дароз кардани муҳлати ин санад 130 ҳазор сомонӣ пардозанд. То ин вақт ин гуна марказҳо барои тамдиди парвонаи кор 3 ҳазор сомонӣ медоданд».
Рости гап аз ин гуна тағйирот ва боло бурдани нархи контораҳои букмекерӣ, ки ба забони оммфаҳми мрдум бигӯем қиморхонаҳо хеле хурсанд шудам. Чунки ин ба ном «бозиҳо», ки боиси ҷалби таваҷҷӯҳи ҷавонҳо ва ҳатто наврасҳои мактабхон шудаанд, боиси фоҷиаҳо гардидаанд.
Ман, ки гуфтам омӯзгор мебошам, борҳо мушоҳида кардаам, ки талабаҳои ҳатто синфҳои 8,9,10,11 ба ин бозиҳо дода шуда ҳам аз дарс дур мешаванд ва ҳам бо бой додани маблағ ба ин қиморхона дучори бемории афсурдагӣ шуда ва бадбхтона ҳанӯз дар айёми наврасӣ ба васвасаи дарёфти пули осон гирифтор мешаванд ва бехабар аз онки ин идораҳои букмекерӣ амалан дузду ғоратгаранд.
Соли гузашта як донишҷӯи Донишгоҳи миллӣ аз идораи букмекерӣ дар Душанбе қарздор шуда роҳи халосиро дар худкушӣ пайдо кард ва худро аз ҳаёт маҳрум сохту хонаводаашро дар ғаму дард мубтало кард.«Ислоҳ» дар ин бора навишта буд.
Ман дерест, ки мехостам дар ҳамин бора бинависам, ки чаро давлат ҳамин гуна корхонаҳоеро, ки ошкоро ва бераҳмона мардумро фиреб медиҳанд, иҷозати фаъолият медиҳад. Дар ҳоле, ки маълум аст ва хуб ҳам медонад, ки чунин корхонаҳо халқро ғорат мекунанд. Ин масъаларо бо чанде аз шиносҳоям ҳам суҳбат кардам. Яке аз чунин аввалин контораҳои букмекуриро дар Душанбе ва чанд шаҳрҳои дигар ҳамшаҳриҳои ман ташкил карда буданд бо номи «Рахш». Ман дидам, ки чи гуна дар як муддати кутоҳ онҳо бою сарватманд шуданд. Мутаассифона онҳо фарзандони яке аз шоирони халқии Тоҷикистон буданд, ки бигзор номашро инҷо ифшо насозам. Ҳамчунин нафарони огоҳ гуфтанд ва низ аз навиштаҳои «Ислоҳ» ҳам хондам, ки калонтарин корхонаи букмекерӣ ба рафиқони Рустами Эмомалӣ Дилшод ва Даврон Ҷураевҳо тааллуқ доштааст. Баъзеҳо гуфтанд, ки ин бародарон Ҷураевҳо, ки ҳатто якеашон мансаби давлатӣ ҳам дорад, дар асл ширкати “Formula 55”, аш аз они худи Рустам аст ва корхонаҳои дигари қиморбозӣ бо номҳои «Komyob» ва «Tennisi» ҳам аз они ҳаминҳо аст. Ду соли пеш қиморхонаи «Рахш»-и ҳамшаҳриҳои манро бастанд ва чанде аз онҳоро ба зиндон андохтанд. Ман бисёр ҳам хурсанд шудам, ки як қиморхона кам гардид. Аммо дар ҷараёни ҷустуҷӯ маълум гардид, ки ҳоло ҳам беш аз 50 чунин ширкатҳои фиребгари мардум дар кишвар амал мекардаанд.
Ин масъаларо чанде пеш «Ҷумҳурият» нашрияи расмии ҳукумати Тоҷикистон дар як мақолаи алоҳида ба нашр расонд. Ин мақола таҳти унвони «НОГУФТАҲОЕ, КИ БОЯД ГУФТ!» дар таърихи 9 июн чоп шудааст. Бинобар ин навишта иҷозаи фаъолияти кори ширкатҳи букмекериро вазорати адлия медодааст ва ин ширкатҳо аз ҳисоби даромади худ ба бюҷети маҳалли фаъолияташон андоз месупоридаанд. Ҳоло як иқтибос аз ин навишта: «…дар доираи Тартиби татбиқи лоиҳаи озмоишӣ дар соҳаи фаъолияти букмекерӣ фаъолияти мазкур таҳти назорати доимии Маркази идоракунии пардохтҳои Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қарор дошта, тавассути он маблағи иштирокчиёни бозиҳо ба суратҳисоби субъекти соҳибкории фаъолияти букмекерӣ гузаронда мешавад. Дар ҳамин ҳол, субъектҳои дорандаи иҷозатномаи фаъолияти букмекерӣ ҳамасола барои нигоҳ доштани амали иҷозатномаи худ ба буҷети давлатӣ 3000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо пардохт намуда, дар доираи низоми содакардашудаи андозбандӣ ба андозаи 5000 нишондиҳанда дар як сол андоз месупоранд. Барои сомонаи бизнеси бозӣ ва ҳармоҳа барои ҳар як нуқта, андози мазкур аз ҷониби маҷлиси вакилони халқи шаҳру ноҳияҳо муайян гардида, ба буҷет пардохт карда мешавад».
Вақте ин сатрҳоро мехондам мақоли халқии «Гӯр сӯзду дег ҷӯшад» ба хотирам омад. Чунки инҷо дар ҳақиқат ин ширкатҳо гӯри мардумро барои деги худро ҷушонидан месӯзанд. Садҳо, шояд ҳазорҳо нафарро хонасалоту қарздор ва ҳатто аз ҳаёт маҳрум карданд. Ман ҳайронам, ки чаро ҳукумати Тоҷикистон дидаву дониста чунин аъмоли хилофи анънаву суннати моро қонунӣ мекунад ва ин қаллобон бо додани чор танга барои литсензи ва андоз халқи бечораро ғорат мекунанд? Мо, набояд ин гуна урфу одатҳоро иҷозт бидиҳем, ки ахлоқи ҳамидаи моро фосид карда боиси хонахаробии мардум шавад. Охир, ин дуздӣ ва ғоратгарии рӯирост аст ки бадахтона таҳти ҳимояти ҳукумат амал мекунад. Магар ҳукумат муҳтоҷ ва зори андози ҳаминҳо аст, дар ҳоле, ки ин пулҳоро аз роҳи фиреб аз ҷайби мардум меситонанд.
Инҷо боз як иқтибоси дигар аз ҳамин навиштаи боло меоварам: «Таҳқиқоти рӯзноманигорӣ нишон медиҳад, ки ин бозиҳо дар байни ҷавонону донишҷӯён дар баъзе мавридҳо ҳолатҳои ниҳоят нигаронкунандаро ба вуҷуд овардааст. Баъзан вақт онҳо маблағи шартномаи таҳсили худро ба умеди бурдҳои хаёлӣ сарф намуда, ба бунбаст меафтанд. Ҳодисаи нохуши даст ба худкушӣ задани донишҷӯйи соли дуюми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар хобгоҳ, ки чанде пеш маҳз дар заминаи бохт дар шартбандии варзишӣ (букмекерӣ) сар задааст, ҳушдор барои ҷомеа аст. Ин фоҷиа танҳо як мисоли одӣ набуд, балки андуҳи он ба оилаҳои дигар низ соя меафканад. Намунаи аёни ин мусибат доғи рӯзгори яке аз наздикони инҷониб аст, ки дар пайи вобастагӣ ба ин бозиҳо ва зери бори қарзҳои гарон мондан, аз беилоҷӣ ягона роҳи халосиро дар ин амали нангину ҷонсӯз дида, ба зиндагии худ хотима бахшид. Ҳарчанд аз ин ҳодиса ду сол сипарӣ мешавад, аммо волидони ғамдидаву маъюс то ҳол зери бори гарони пардохти қарзҳои фарзанди худ қарор доранд, ки боиси нигаронист».
Дар ҳақиқат ин матлаби «Ҷумҳурият» як бонги хатар ва изтироб аст. Он донишҷӯи худро ҳалқовез карда як донишҷӯи фаъол ва босавод будааст, ки мутаассифона ба ҳамин роҳ лағжиду худро аз ҳаёт маҳрум сохт.
Бародар Муҳаммадиқбол! Аз шумо хоҳиш менамоям, ки ин номаи маро дар барномтон ҷой диҳед ва муроҷиати ман ба ҳукуматдорони Тоҷҷикистон ва махсусан ба Рустами Эмомалӣ ин аст ки контораи «Формула 55»-и рафиқонашро бубандад ва дигарҳояшонро ҳам маҳкам кунад ва ба унвони раиси Маҷлиси Миллӣ, органи олии қонунгузор ҳамин гуна фаъолиятҳоро қонунӣ дар қаламрави кишвар мамнӯъ эълон намояд.
Панҷакент
Ассалому алейкум Муҳаммадиқболи Садриддин. Умедворам, ки хуб ҳастед. Худованд забони буррову умри дароз диҳад. Ман аз шаҳри Панҷакент мебошам.
Имрӯз ман як барномаи пешинаи шуморо тамошо кардам, ки дар онҷо гап дар бораи як участковый бо номи Мумин рафта истода буд. Суханроние, ки шумо дар барнома доштед сад дар сад рост ва ҳақ аст. Аммо болои ин ҳама дигар кас меистод. Гап дар бораи ҳамонвақта началники милитсия шӯъбачаи шаҳраки Колхозчиён наркобарони рақами 1 дар шаҳри Панҷакент Наҷмиддинзода Чеҳрон меравад. Агар дар ёд дошта бошед як журналисти деҳаи Колхозчиён дар радиои Озодӣ баромад карда гуфта буд, ки бародарашро бо баҳонаи лайк мондан ба шуъбаи милитсияи Колхозчиен оварда сӣ ҳазор сомониашро гирифтаанд. Дар ҳамон вақт ин барига Наҷмиддинзода Чеҳрон дар отдели Колхозчиён кор мекард ва ҳама корро ҳамин карда буд. Вале ҳангоми аз дигар мақомот оиди ин ҳолатҳо санҷиш омадан пул дода халос шуд. Ҳоло бошад ба ҳайси муовини Сардори милитсия шаҳри Панҷакент кор карда истодааст.
Оиди ин Наҷмиддинзода Чеҳрон мехоҳам маълумоти бештар диҳам. Нажмиддинзода Чехрон худ зодаи шаҳри Панҷакент мебошад. Падараш мардум хамчун Нажми барига, нашьаманд, наркабизнес мешиносанд. Барои Чи Ман ва бародаронам ин додамро гуфта истодаам ки Раҳим Рамазон ва Эмомали Рахмон донад ки киро ба ба вазифа монда истодаанд. Бовар кунед ин лаьнатихо пулро гирифта инахаминхел одамонро ба вазифахо монда истодаанд. Нажмиддинзода Чеҳрон бо ҳамроҳии падараш Наҷмии баригаи нашъаманд тамоми ҷавонони Панҷакент ҳатто духтарҳоро нашъаманд карда истодаанд. На ман дурӯғ мегуям ва на Муҳаммадиқбол Садриддин! Бигзор як бор ин вазири дохилӣ Рамазон Раҳимзода омада аз халқ оиди Наҷмӣ ва писараш пурсон шавад. Тамоми аҳолии шаҳр медонад, ки Наҷмӣ бо ҳамроҳи бачааш Чеҳрон ба чи кор машғуланд. На ба мусулмонӣ мувофиқ меояд ва на ба дигараш. Соли 2014 Наҷмӣ барои пешравии кораш,ки мақомот барои фурӯши наркотика кораш нагиранд, духтари бероҳаи худро ба онвақта Сардори милитсия Давлатзода Раҳмоналӣ туғрӣ карда буд. Давлатзода ҳар саҳар дар чойхонаи Наҷмӣ ношто мекрд ва аз тарафи бегоҳ духтари Наҷмиро бурда роҳат мекард. Бовар кунед, ки ин ҳолро сокинони шаҳри Панҷакент медонистанд.
Давлатзода Раҳмоналӣ амаки зани Рустами Эмомалӣ яъне қудои президент Раҳмонов буд. Он вақт вай Сардори милитсия шаҳри Панҷакент буд.
Айнизамон дар дохили шаҳри Панҷакент Нажмиддинзода Чехрон ва падараш нажми даюс ба фуруши Ханка ва Кристал (шиша) машгул мебошад. Хакикати кор хамин хаст ки худашон мардумро нашъаманд карда истодаанд ва писараш нашьамандонро ба милитсия оварда аз онҳо пул мегирад. Дар таги пои бачааш 80000 доллар мошини киммат падарашхам хаминхел.
Ин шахсон барои корашон пеш равад ҳатто коргари КГБ Далер ном шахсро ба гуруҳи худ гирифтаанд. Далер ҳоло дар КГБ шаҳри Панҷакент кор карда истодааст ва дар квартираи Наҷмӣ тули 4 сол бе пул шиштааст. Бовар кунед Панҷакент ҳамчун солҳои 90ум,ки рэкету муштамзӯрҳо ҳоким буданд,шуда истодааст. Қонун барои камбағалон шуда истодааст.
Наҷмӣ, Далер ва Чеҳрон маводи нашъаоварро акнун фурухта ҳатто ба Узбекистон гузаронида истодаанд. Наҷмӣ ҳамаи наркобизнесҳои шаҳри Панҷакентро бо воситаи Далери КГБ маҳкам кард ва ҳоло бошад худаш Панҷакентро таъмин карда истодааст. Картошка фуруши Панҷакент медонад, ки Наҷмиддинзода Чеҳрон ба Раҳим Рамазон пули калон дода вазифаро гирифт ва ё пеш аз вазифаро додан санҷиш намекунад ба кӣ вазифа дода истодаанд. Як амакашро, ки пеш подабонӣ мекард, ғайриқонунӣ дар сарҳади Тоҷикистону Узбекистон мондааст ва вай дар он ҷо валютчикии ғайриқонунӣ карда дар асл пулҳои маводи мухадирро регулировка мекунад. Бачааш Чеҳрон ҳамчун корманди милитсия кришаватӣ мекунад ва ҳангоме дар Панҷакент ягон баригаи дигар пайдо шавад, ҳатман ӯро ба милитсия даъват намуда лату куб карда пулашро гирифта ҷавоб медиҳад. Аз болои ва чанд бор ариза карданд вале бенатиҷа. Чунки пул дода халос мешад. Ин ҳолатҳоро Ташрифзода,сардори милиса низ медонад ва ҳеҷ кор карда наметавонад. Чунки Чеҳрон дар гирду атрофаш одамони худашро гирифта аз саҳар то шаб мардумро оварда ба отдел маблағ гирифта мегардад. Дар гиду атрофаш гуфтааст, ки началник милиса дар сари ….ампарад, меравам МВД пул дода ҷояшро мегирам.
Ин ҳолатҳоро Рамазон Раҳимзода медониста бошад. Охир любой фурушандаи қади кучаи Панҷакент медонад, ки 70000 доллар дода вазифаро гирифтааст ва пулашро аз мардум чапаю роста гирифта маводи мухадирро ба ҳама тақсим карда истодааст бо ҳамроҳии падари баригааш Наҷмӣ
Аз як ноболиғ, ки ба гандагаштӣ машғул мебошад ними сокинони Панҷакентро даъват карда бо ҳамроҳии прокурор аз сад то дусад ҳазорӣ маблағ ситонида 3 камбағалро дело карданд, мондагиҳоро, ҳаммашонро пул карданд. Яке аз онҳо писари валютчик. Ин ҳолатҳоро низ санҷиш карданд аммо бо сабабҳои номаълум ҳама хап.
Як замон маводи мухаддир дастгир карданд, ки источник дуюм зани кӯри Олим баромад. Ин ҳолатро низ бо маслиҳати прокурори шаҳри Панҷакент маблағи калон аз зани дуюми Олими кур гирифта ҷавоб доданд. Зани дуюми Олими кур аз Саразм мебошад. Чанд вақт пеш низ маводи мухаддир -700 грамм аз деҳаи Ғарибак гирифта аз источникаш 90000 доллар гирифтаанд.
Ҳангоми дар Колхозчиён кор карданаш низ мардум ба дод омада буданд:-на лайк монду на кайк.
Падар даюс, барига, нашъаманд, наркобизнес худ низ ҳаминкора. Ҳангоми дар Колхозчиен кор карданаш коргараш Азаматро бо 12 кг маводи нашъаовар дастгир карданд. Аммо вай аз об соф баромад. Лекин маводи мухадирро худаш бо воситаи Муҳриддин ҳозира сардори милитсияи Колхозчиён мебошад дода буд. Ва пули калонро дода халос шуд. Баъди ин ҳолат боз Рамазон Раҳим ин ду наркобизнес-якеро сардори милитсияи Колхозчиён Муҳриддин дигаре Чеҳронро муовини сардори милитсия шаҳри Панҷакент пулро гирифта таъин кард. Айни замон милисахона ҷои амн барои группировкаи наркобизнесҳо шудааст. Ман ҳайрон, ки чаро Рамазон Раҳимзода то ҳоло ин авзоъро намедониста бошад? Ё ба вай давлату миллат чизе мешавад по**й аст? Ба мардум ҷабр карда истодаанд. Чунки ҳамаро наркоман карда истодаанд.
Чанд вақт пеш президент ин вазиронро таъкид карда буд, оиди мубориза бо маводи мухаддир. Ман ҳайронам, ки дар отдели Панҷҷакент муовин худаш ба тиҷорати наркотик машғул асту кори ӯро дигр мақомот намебинад. Ё об аз боло лой бошад?
Бародари азиз Муҳаммадиқболи Садриддин! Ин номаро ҳатман пахш кунед, чунки мардум наворҳоро мебинанд ва он шахсон, ки ин ҳаромизодаҳоро таъин карданд гумон мекарда бошад, ё аз кирдорашон даст мекашида бошанд. Лекин инҳо гурӯҳи муташаккил ташкил кардаанд, ки ҳеҷ кас кас зураш намерасад. Ман бовар дорам баъди ин навори шумо вазири ВКД Рамазон Раҳим ягон кор мекардагист.
Рақамҳои мошинҳои Чеҳрон 20 20 бо региони 20
Падари баригааш дар чойхонаи Зарафшон кор мекунад.
Духтарашро то ҳол макомоти прокуратура таҷовуз карда истодаанд.
Як маълумоти дигар. Ду ҳафта пеш як сокини шаҳри Панҷакент Шероз ном шахс, ки дар қаҳвахонаи Шоҳрух кор мекунад,Чеҳрон ба шуъбаи милитсия оварда бо гумони нашъамандӣ саволу ҷавоб карда пурсон мешавад, ки нашъаро аз куҷо гирифта истеъмол мекунӣ?Дар ҷавоб Шероз мегуяд, ки аз падарат Наҷмӣ гирифтам. Чеҳрон ғазабнок шуда ӯро лату куб мекунад. Шероз, баъде аз милисахона мебарояд рост ба шаҳри Хуҷанд рафта ба прокуратураи вилоят оиди ин кирдори Чеҳрони барига муроҷиат мекунад.
Ногуфта намонем падари Чеҳрон, яъне Наҷмӣ -ханига рӯзи дароз дар қиморхонаҳои ғайриқонунӣ ба қиморбозӣ машғул мебошад. Вай яке аз лидерони қиморхонаҳо мебошад. Ва вақте ки вай дар бозии он қиморхонаҳо иштирок мекунад, ҳузур дошта бошад, ягон мақомот гап намезананд, ба забони жаргон гӯем «лезит намекунанд». Дар ҳамон қиморхонаҳо, ки ҳар рӯзи шанбеву чоршанбе дар бинои назди «Шоми Панҷакент бозиашон баргузор мешавад соҳиби бино Фариз мебошад. Наҷмӣ дар қиморхона ба қиморбозӣ, фурӯш ва истеъмоли маводи мухаддир машғул мебошад. Вай дар ин қиморхона бисёр ҳам «одами даркорӣ» ба ҳисоб меравад. Чунки қиморбозҳоро бо «кайф» яъне маводи мухаддир таъмин мекунад.
Ман бовар дорам, ки агар мақомот бихоҳанд, масалан прокуратура ва ё КГБ дастгир кардани вай дар сари ҷиноят ва «по наличний» кори дукаратду аст. Аммо аҷиб аст ки гӯё касе хабар надорад. Мо намехоҳем ба Ислоҳ нависем. Аммо медонем ончи навиштам дар мавриди шахсест худаш корманди мақомот аст ва оё навиштан зидди ӯ дар Тоҷикистон имкон дорад? Ҳаргиз не!
Душанбе
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Ман як корманди техникиии Академия ВКД-и Тоҷикистон ҳастам. Маълум аст ки ному насбамро пинҳон медорам.
Аз ин ҳодисае, ки ҳикоят мекунам ягон ду -се моҳ сипарӣ мешавад. Ҳодиса аз ин қарор аст:
Он бача ҷияни генерал Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон ,курсанти Академияи ВКД аст. Вай дар Академия шайка ё бандаи худро ташкил кардааст. Онҳо-яъне ин банда худро командаи «ЗЗО»-меноманд. Намедонам чи маъно дорад ва барои чи ин тавр ном мондаанд. Онҳо худашон отеделно мегарданд. Меомаданд курсантҳои камтар вазнину ором ва камбағалбачаи бидуни пушту паноҳ (бетаға ва бекриша)-ро издеватсия мекарданд.
Он курсантеро, ки мекушанд аввал чи коре мефармоянд, чи чизеро бикун мегӯяд. Вале вай ба кала намегирад. Ин ҷияни генерал ду -се кордчааш мезанад.
Сардори ин Академия Пӯлод Насуриён ном дорад. Пӯлод аз ҳодиса бохабар шуда он бачаро хонаашон мураххас мекунад. Беморхона мебарад. Аз беморхона гирифта ба хонашон мебарад. Ва дар хона дар назди модари он бача ваъда медиҳад, ки панҷ соли таҳсилашро бо тамоми хароҷоташ ба кала мегирем, сумашро медиҳем, даркор шавад званий ҳам медиҳем. Бигзоред, ки дигар Академия наояд. Акадамия наояд, мо ҳамчун курсант ҳифзаш мекунем.
Аммо ин бача се рӯз пас Академия меояд. Ҷияни Рамазон Раҳимзода,ки курсанти сеюм курс аст ӯро мебинад ва ту бузӣ гуфта боз мезананд. «Ман кордча задам ту дар Пулод гуфтӣ, бузӣ кардӣ гуфта ҳам Пулоди Насуриёни сардори Академия ва ҳам ин бачаро дашному ҳақорат мекунад».
Нафаре, ки шарикдарси он бача аст воқеаро ин тавр нақл кард:
«Меомаданд патсанакора ғам медоданд. Ҳамонҷо меоянд он бачаро бори аввал кордча мезананд.
Пулод Насуриён, сардори Академия, ки аз Данғара аст ба миён медарояд, ҷойи онки курсанти қотил, ҷияни вазирро ҷазо диҳад, ба мақомот маълумот диҳад, баракс он бачаро таҳдид ва тарс медиҳад, ки сокит бошад, чун он нафари шаллоқ (корд) зада ҷияни вазир аст ва касе туро гӯш намекунад, ба худат проблема мешавад, ҳиҷ ҷо корат намегиранд.
Баъд он бачаро барои чанд рӯз хонаашон равон мекунад. Аммо вай ду ё се рӯз дар хона меистаду боз обратно меояд ба Академия. Аммо ин дафъа мезананд мепартояндаш. Дар болои ҷасад шишаи холии ягуар, алкогол мерезану таблетка ҳуй мекунанд майда мекунанд -мешикананд, гӯё худкушӣ кардаст. Ин банда меомад бачаҳоро ғам медод, мезаданд маъюб мекардаанд
Пулод аз 9 километр аст онҷо зиндагӣ мекунад. Сахт тишина мегардад. Мо 13 -14 сол аст дар 9 умем, ҳама сагу пишаки инҷоро мешиносем. Пулод серпул аст вале як намуд камбағал метобад. Он делоро Пулод тишина кард».
Дуюмбора он бачаро дар беруни Академия мезанад: аввал бо бачаҳои шайкааш ва сипас худаш, ки бача ҷон медиҳад.
Дар тайи самолети куҳна мепартоянд. Дар саҳни бинои Академия як самолети куҳна нигоҳ дошта мешудааст. Вақте онҷоро аз назар мегузаронанд мурдаи он бачаро зери он пйдо мекунанд.
Ҷияни вазир мехостааст, ки самолетро оташ зананд. Аммо офитсерҳо мебинанд, намемонанд. Баъд мебинанд ҳамон бачаи куштагирову мегиранд мебаранду ба хонагиҳояшон мегӯянд, ки худкушӣ кард. Хонагиҳояшонро намегузоранд гӯраш кунанд. Ду курсанту началникҳо мебаранд гӯраш мекунанд. Ба шустани ҷасад ва кафан кардани он иҷозат намедиҳанд. Худашон гӯраш карданд. Аз аъзои хонавода фақат падару модараш ҳузур доштанд дар вақти дафн. Он бача 19 сола ва курси якум буд.
Хулоса, як бачаи ҷавони бегуноҳро ҷияни Рамазон Раҳимзода зада кушт. Ин ҷияни вазир Толиб ном дорад. Сардори Академияи ВКД Насуриён Пулод аз тамоми моҷаро пурра огоҳ аст. Вале барои пурсишу таҳқиқи ҳодисаи одамкушӣ на додситони низомӣ омад, на аз вазорат, на аз амният ва на аз дигар мақомот.
Дар Дастгоҳи иҷроияи Президент ҳам маълумот расид,вале хомушӣ.
Инҷо, дар Академия ВКД муҳофизони ҳуқуқ, қонун ва адолат тарбият меёбанд, инҷо милисаҳои оянда тарбият меёбанд. Дар пеши чашми онҳо як ҷавонро ҷияни вазир зад, дар аввал нимкушта кард, вале ин бор дигар кушту партофт, аммо касе суроғ накард, муҷозот нашуд. Дар ин ҳолат милисаҳои оянда чи гуна тарбият мешаванд.
Нотарсӣ ва аз худрафтагии ҷияни вазирро бинед, ки ҷасадро дар зери самолет монда дар гирду атрофи он бутилкаи арақ бастаи холии маводди мухаддир мегузоранд, то худкушӣ дониста шавад. Ҳатто мехостаанд, ки самолети куҳнаи дар саҳни Академиро оташ зананд,то он ҷасад ҳам бисӯзад ва хокистар шавад.
Пулод Насуриён ва ҳамроҳонаш ба хонаи курсант омада падару модари ӯро угрожат мекунанд, ки сокит бошанд, дам назананд. Вале ҷияни Рамазон Раҳимзодаро ба дигар давлат мегурезонанд. Гуё командировкаи омӯзишӣ рафта аст.
Аммо иллати марги он бача ин будааст, ки ба ҷияни генерал гапгардонӣ мекунад, кадом супориш ё кори фармудаи вайро иҷро намекунад. Ту боз гап мегардонӣ гуфта мезананд.
Ин бандаи ҷияни генерал Раҳимзода, вазири дохилӣ дар Академия чи коре мехостааст ҳамонро мекардааст. Муаллимҳо ва ягон касро дар Академия писанд намекардааст.
Вале ин нафар, ки моҷарои ин ҳодисаро ҳикоят кард номи курсанти мақтул, маҳалли иқомати вайро нагуфт.
Ҳамчунин нагуфт, ки ҳодиса дақиқан дар кадом рӯзи моҳи апрел иттифоқ афтодааст. Ҳамроҳи ҷияни вазир, ки аз вай Толиб ном бурда мешавад боз киҳо буданд, яъне шарикони ҷурми вай киҳо буданд ва чи гуна як чунин ҷинояти мудҳиш содир мешавад аммо омӯзгорон ва курсантҳои дигар огоҳ нашудаанд?
Ва, аммо ин Насуриён Пулод Асадулло феврли соли 1977 таваллуд шудааст. 2-юми феврали соли 2024 ба вазифаи сардори Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардида, то ҳоло дар ин мақом адои вазифа менамояд. Ин Академия дар Душанбе дар кӯчаи Восеъ, 123 қарор дорад.
Як нафар аз муллимони Академия гуфт, ки Насуриён Пулодро дар ин вазифа Раҳимзода таъин кардааст. Барои ҳамин Насуриён Пулод аз Раҳимзода мисли саг аз чупон метарсад.
