Аз «Шоҳномаи Раҳмонӣ»-и Давлат Сафар то достонҳои талхи Рӯдакӣ

Ислоҳ нет

Номаи маро алоҳида нашр кунед №59

 Як номаи ҷолибе аз ноҳияи Рӯдакӣ ба почтаи Ислоҳ ворид шудааст. Муаллиф дар бораи худ ва кору бори худ чизе нагуфтааст. Фақат гуфтааст, ки навиштаи ӯ посух ба «Шоҳномаи Раҳмонӣ» аст ки Давлат Сафар, муовини вазири фарҳанг, навиштаасту бахшида ба 35 солагии истиқлоли давлатӣ нашр мешудааст.

Ба гуфтаи муаллиф «Инҳо дар ҳақиқат мехоҳанд, ки Раҳмонов шоҳ бошад». Ҳеҷ сабабу иллат ва ангезае нест,ба ҷуз аз маҳал. Фарзи мисол агар Раҳмонов аз Ҳисор, аз Ғарм ва ё аз Исфара буд, ҳеҷ гоҳ ӯро Шоҳ намегуфт Давлат Сафар. Албатта, Раҳмонов Давлат Сафарро ба лабаш як бурда нон расонд ва ҷоҳу ҷалолаш дод. Вале ангезаи асосӣ ҳамоно маҳал аст».

Ҳоло Давлат Сафар Муъмин Қаноати достонсаро асту Муҳаммад Ғоиб Лоиқи ғазалнавис. Ин қабила ва қавм масалан ҳамин Давлат Сафар намедонанд, ки чи бигӯянд,чи бикунанд. Илоҷашон бошад пӯсти кун, думбаҳои дусад кг-ии Раҳмоновро барои худ телпак дузонида мепӯшанд ва пашми мояшро ҷамъ карда ва агар нарасад аз Азизморо ҳам қуш карда лӯлаву таксарӣ мекунанд

Ин гадогушна худашро дошта наметавонад. Бояд чуқуртарашро, пушидатарашро билесад: 

«Эй,бинед моро аз куҷо то куҷо овард? Мо кӣ будем, ба куҷо расидем. Чаро ман бояд васф накунам? Ман хам шуда мояву халтаашро дар гарданам нагирам, зубонамро буроварда налесам, нафуҷам кам аст.

Мо куҷо будем? Куҷо омадем? Ман ноиби вазир! Агар хуҷандӣ ё қаротегинӣ мебуд ба ман мерасид? Асадулло мушовири президент мешид?»

Давлат Сафар, муовини вазири фарҳанги ҷумҳурӣ ба мисли хук дам кардаӣ. Чоплусӣ то ба ин дараҷа набудагист.

Чоплусӣ яъне-чоплус — [چاپلوس] хушомадгӯи фиребгар, тамаллуқкор, забонбози фиребгар.

 Ту акнун худатро Фирдавсӣ тасаввур мекунӣ? Ба Фирдавсӣ баробар кардаӣ худатро? Хиҷолат бикаш, шарму ҳаё кун. Як колхозники петеушники  заошник куҷову Шоҳ куҷо? Барои чор танга шуда ба назарам ҳозирӣ, ки тамоми модаҳои хонаатро авлодатро ба ин Шоҳ тортуқ кунӣ.

«ФАРЁДИ РӮДАКӢ АЗ ПАСИ ПАРДАИ “ШОҲНОМА”»

Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародар Муҳаммадиқбол! Дар пасманзари ин ҳама лофу газофи «Шоҳнома»-и Раҳмонии Давлат Сафар ман низ хостам каме аз «корномаҳо»-и Раҳмоновро бинависам. Бале, дар бораи ҳамин Раҳмонов, ки бо имзо ва фармони худаш худро Асосгузори сулҳу ваҳдат ва Пешвои миллат эълон кардааст. Аммо достони ман он қадар душворфаҳм нест, балки аз рӯзгори ҳаррӯза гирифта шуда ва бо наср аст. Ман гуфтам, ки натиҷаи сиёсатҳои Раҳмонов аст ки тоҷикро дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун ғулом ва ҳамчун  террорист мешиносанд.

Раҳмонов номи миллатро бо номи терорист дар арсаи байналмилалӣ тавъам кард. Раҳмонов асосгузори фабрикаи ғуломбарорӣ аст.

Ман мехоҳам каме ҳам бошад дар номаам ин баъзе аз мушоҳидаҳоямро  ҷой диҳам ва шояд аз ин номаи ман дар навиштани китобе бо унвони «Шоҳномаи Раҳмонӣ « истифода шавад ва заррае ҳам бошад кумаки худро расонам.

Бо ташаббуси Раҳмонов миллат дар ғарибиҳо хору зор аст. Дар натиҷаи хизматҳои шоёни Раҳмонов 27 сол аст барқ ба кишварҳои ҳамсоя фурӯхта мешавад ва мардум бе барқ умр ба сар мебаранд. Пиру кампире, ки фарзанд надоранд, бо фонарҳои хитоӣ ба қазои ҳоҷат мебароянд. Ман, мутаинам, ки агар Раҳмонов барқу оби мардумро ба худи мардум диҳад, нархи онро боло набардорад ва ҳар сол налогро зиёд накунад мардум роҳи зиндагишро меёбад. Бо ташаббуси Раҳмонов ҳамасола даҳҳо аскари ҷавон дар артиш кушта мешавад ва ҷасадашро меоранду ба падару модараш медиҳанд.

Ин чизҳое гуфтам қатра аз баҳр аст. Давлати Сафар муовини вазири фарҳанг мисли хук дам карда аз ҷояш ҷумбида наметавонад.

  Раҳмонов худаш, ки хокзани моҳир ҳаст, мақомоташро хокзанӣ омузондааст.

Бовар мекунед бародар  Муҳаммадиқбол, ду шинос донишгоҳи олиро тамом карда ва ҳар дуяшон дар ниҳодҳои ҳукуматӣ кор мекунанд. Он тарафашро нагуям. Онҳо мегӯянд ягон даромаде нест, ҳатто маошамон ба бензинпулиамон намерасад. Даромад фақат ба хешони Раҳмонов ҳаст. Гуфтанд, ки агар дар маҳаллае, дар роҳраве қум ё шағал биёранду резанд, чандкарата аз ҳукумат пул ҷудо мекунанд ва нимаш ба кисаҳояшон меравад. Боз он қуму шағал ҳафтаҳо дар роҳ меистад ва боз пул аз ҳукумат ҷудо мекунанд ва боз нимашро ба кисаҳои худ зада ва баъд барои ҳамвор кардан техника заказ мекунанд.

 Ва якчанд дуздиҳои он хешони Раҳмоновро сарсарӣ гуфтанд. Азбаски медонанд,  ман дар роҳи мубориза ҳастам, боз хомуш шуданд. Бародар, гапро зиёд намекунам,инҳо худашон шуморо гуш мекунанд. Ва медонанд, ки Раҳмонов аз тамоми кору бори ин ҳаромхурон бохабар аст.

 Раҳмонов ту ҳамон гадочашмӣ! Ту бо пушти кӯз дар назди Каримов ва Ельцин хокзанӣ карда вазифаро гирифтӣ беш аз се даҳа аст ки дар қунат суперклей кардаӣ. Ва вазифаро ба касе, даже  Рустам ҳам намедиҳӣ.

Ту ҳама олиму донишмадони миллатро зинда намондӣ ва зиндони кардӣ.

Аз дасти ту ва авлоди касофатат дар ягон ҷойи Тоҷикистон, дар корхонаву муассисаҳо, колхозу савхозҳо ободӣ намонд.

Авлоди ту ҳатто кумур-ангиштро ғасб карда барои мактабҳо ҳам мефурӯшад. Ту бояд ба мактабҳо ройгон диҳӣ.

Ҳатто дар мактабҳо лӯлаҳои обигармдиҳӣ намондааст. Кӣ ҳамон котелниҳои даврони шуравиро фурухт? Дар асри 21 дар мактабҳо печкаҳои бобоӣ истифода мебаранд.

Акнун ба баён достонҳо мегузарем. Давлат Сафар, муовини вазири фарҳанг бубин ин достонҳоро ва рӯбардор кун ва дар Шоҳномаат ҷой деҳ!

Достони маҷлиси волидайн дар мактаб

Дар мактаб гимназияи (пешина мактаби миёнаи рақами 203 ба номи Муқим Султонов)-и ноҳияи Рудакӣ ягон даҳ сол пеш дар толори консертии мактаб, ки дар дуюм ошёна ҷойгир аст, маҷлисе баргузор шуда буд. Ин толор пур аз одам буд.

Мардум нишаста буданд ва ман низ дар қатори нишастагон будам. 

  Дар маҷлис суҳбат оиди таъмири капиталии синфхонаҳо ва даҳлезу спортзали мактаб мерафт. Ман худ хатмкунандаи ин мактаб мебошам. (Дар ҳамон вақт барқ набуд, зимистон буд, маҷлис бе микрофон гузашт). Ҳама аз ҳар тараф ҳар хел гапҳо мегуфтанд. Мақсад- бояд аз волидайнҳо пул гиранд. Шахсе хесту  дар байни зиёда аз ҳазор одам, гуфт:

«Ин сумҷамъкуниатон бефоида аст. Вақте ки отопления кор намекунад, штукатур мекунӣ зимистон боз хунук мезанад, мерезад».

Чунки трубаҳои обигармдиҳии мактабро фурухтаанд. Ва он территория ва иншоотеро, ки котелнияи мактаб дар онҷо қарор дошт, заминашро фурӯхтаанд.   Котелний дар таги канал ҷойгир мебошад, ки дар чунин ҷой хонасозӣ мумкин нест. Зеро чандин куба об мегузараду агар об занад тамом.

Бо шарофати режими Раҳмонов каналҳо тоза нестанд, об дар канал пачти нест..

Ҳамин сол рузи 13- уми июл обро сар доданд. Бовар мекунед, бародар, ҳамин мактаб ду ҳоҷатхонаи калон дошт. Якеашро фурӯхтанд барои замини наздиҳавлигӣ. Аз ҳамон котелнии мактаб, аз канал он тараф, насоси обкашӣ кор мекард, ки ба маҳаллаҳои боло хизмат мекард. Замини ҳамин насосро низ фурӯхтаанд. Чунки дар ҳукумронии Раҳмонов аз ояндаи давлату миллат фикр намекунанд. Фақат ҳамин рӯзро мебинанд. Як рӯз бошу хурӯс бош! Тамом, пагоҳе даркор нест.

Достони беморхонаи руҳи РКПБ-1 Куктоши Рудакӣ 

Дар  беморхонаи руҳии ноҳия бошад, боғҳояшро, ки пешвақтҳо мева доштанд- он ду боги калонро тикаву пора карда ба мардум 4,8 сотихӣ фурӯхтанд. Дар даврони шуравӣ беморҳоро ба тамошои боғ ва кори боғ машғул мекарданд.

Ҳатто замини гаражи беморхонаро, ки мошинҳои хизматии беморхона меистоданд,   4 сотиха карда фурухтанд. Ва ҳатто замини як хел отделенияҳо-шуъбаҳоро, ки барои прогулка-сайру гашти беморон фурухтанд. Ҳудуд ва замини шуъбаи дандонпизишкии беморхонаро низ фурӯхтанд. Танҳо як роҳраве барои даромади ин бунгоҳ мондаанду тамом. Боқимондаи заминашро фурухтанд.

 Склад-амбори калоне дошт ин беморхона. Дар замони шуравӣ катҳои куҳнаву навро дар он ҷобаҷо мекарданд ва як хел беморҳоро дар онҷо ҳамчун сваршик машғул мекарданд. Ҳоло дар ҷои ин склад се ҳавлии 8 сотиха қомат рост кардааст

Дар ҳудуди ҳамин беморхона боғҳои дигаре низ буд, ки табдил ба замини наздиҳавлигӣ карда фурухтанд. Аҷаб, ки ин қадар пулҳо ба куҷо рафта бошад?

Ин аст ободгарии Раҳмонов?

Достони каналҳои табдилшуда ба ҷӯйбор

Чанд сол аст ки дар каналҳо об гуё нест. Танҳо дирӯз 13-июл хабар карданд, ки дар ҷуйҳои маҳаллаҳо об омад. Тобистон нима шуд, об нав меояд. Вале Раҳмонов аз мардуми деҳқон налогу пахта меситонанд.

 Мегуянд ин авлоди ҶДММ-Раҳмонов аз дарёҳо сангу шағал гирифта истодааст. Барои ҳамин сатҳи оби дарё аз насоси главний паст шудааст. Ва обёрӣ карда намешавад. 

Бинед, мардум, ин авлоди гушнаи баднафс дар хонаҳои боҳашамат зиндагӣ мекунанд ва мошинҳои дакаданг доранд. Вале обе, ки ба халқ дода мешуд ва онро дар замони шӯравӣ мардум сохта буданд, хароб карданд.

Ва ин канал, ки бо даруни ноҳия то ба деҳаи Қосимобод меравад, айни замон бо хоку лой пур мебошад, аммо дар фикри тозакунӣ нестанд. Канал то Қосимобод норасида чени ҷуй шудааст.

Ман ба шумо навору сурудҳои каналро фиристода будам, бароред онҳоро. Фақат беовозашро. Чунки дар оянда мо кор дорем боз. Мардум, ку дидаанд, бигзор бинанд ин мақомот.

 Чи қадар зебост зодгоҳам, беҳад дӯсташ медорам.

Достони роҳ ба суи Эсанбой ҳамсарҳади Узбекистон.

Баъди пошхурии шуравӣ роҳҳо валангор шуданд. Ин роҳи мо дар солҳои ҷанги дохилии1992-1997 аз дасти танкаву БТР-ҳо, ки зиёд мегузаштанд, харобу валангор грдид. Аммо аз полигон боло, ҳамаи роҳҳоро сел шуст. Мардум ҳамасола бо ҳашар роҳи селшустаро таъмир мекарданд, аммо қувваи кории бе техника, чи ҷои гап дорад?

Ҳамин аст магар ободӣ? Раҳмонов як бор мард шав, вазифаро ба ман деҳ. Ман ҳамин заминҳои аз ҷамоати Лоҳур то Эсанбойро ба шаҳри зебое табдил медиҳам ва мостҳое созам, ки бо ҳамсоякишвар Узбекистон додугирифт шавад

Раҳмонов ба мисле, ки аз дарё қуму шағал мегирад ҶДММ-Озодаат, аммо як насосро ҷобаҷо карда наметавонад.

 Достони роҳ ба ноҳияи Ёвон.

Раҳмонови шарманда ва ҳукумати авлодии вай дигар аз демократия ва низоми мардумсолорӣ гуфт ҳам наметавонад. Дар фикри ба бачааш додани курсӣ аст.

 Он фураҳое, ки аз Ёвон меоянд ё ба Ёвон мераванд, бигзор ягон ронандаи фураҳо   мард бошаду нависад, ки чи гуна роҳҳоро хароб карда истодаанд. Аксарияти ин фураҳо барои «Мармарӣ»-фермаи Рустами Эмомалӣ бор мебаранд. Барои  инҳо ягон хел «тепловой режим» вуҷуд надорад.

Достони ноҳияи Хуросон

Дар ин ноҳия вақте дар назди бозораш меистӣ, таксиронҳо бо талпа ва мардум, дигар завод ё фабрикае ин давлати монадошта бошад, ки мардум кор кунанд ҳама ба бозор ру овардаги.

 Толпа ба монанди назди бозори хурокаи ноҳияи Рудакӣ мебошад. Аз бари он бозори ноҳияи Хуросон гузашта таг -таги куҳ маҳалла мошинроҳае буд то ба Уялӣ. Ин роҳ  аз он сабаб, ки канал  пур аз лойю гил шудааст валангор мебошад. Ҳар гоҳе сел аз куҳ мефарояд каналро зада роҳро валангор мекунад. Вақте бо ин роҳ меравӣ дар қарибии ин бозор боғи ангуре ҳаст. Ба фикрам Раҳмоновро то ба ин боғ мебаранду дарунтар намебаранд. Аз ин роҳ болову поин заминҳои пахтазор буданд. Ҳозир ҳамаи он заминҳо ба заҳзамин ва ба шуразор табдил шудааст. Як хел деҳқонҳо аз сабаби зулми мақомот пахта мекоранд аммо пахта як ваҷаб мебошад.

 Ҳар сол хонаҳои мардум ва роҳоро сел валангор мекунад. Мардум маслиҳат кардаанд, ки пул ҷамъ мекунанду масъалаи селроҳаро мебинанд. Аммо мақомоти   ноҳия аз ин ният бохабар шуда он маслиҳатгарро ба мақомот мекашанду пулҳои ҷамъшударо мегиранд ва мегуянд,ки «ҳукумати ноҳия» ин масъаларо мебинад. Аммо даҳ сол аст ки ҳиҷ дигаргуние ва пешравие нест.   

 Ва дар бари ин роҳ совхозу колхозҳо буданд, инҳо ҳама несту нобуд шуданд. Як фермаи калон буд, ки он низ нобуд карда шуд.

Дар ёдам ҳаст, ки баъди даҳ соли президентшавиаш Раҳмонов он роҳро гузашта буд. Ва чашмаш ба он ферма мерасад. Баъди он он ферма ду слой шифер дошт, як слояшро мегиранд. Ана ин аст Раҳмонов.

Мо ин достонҳоро агар дар «Ислоҳ» нанависем намешавад, «Ислоҳ»  дилбардори мардум аст, аз дарди мардум мегӯяд. Агар инро мустақим ба худи мақомот нависем, мисли Далери Эмомалӣ моро низ зиндон мекунанд.

Ва раҳмати Аллоҳ ба шумо бародар Муҳаммадиқбол ва тамоми тими «Ислоҳ» ва ба бародароне, ки шуморо дастгирӣ мекунанд.

Ростӣ, агар ватанатро дӯст дорӣ, ҳолати навишташуда дар ин достонҳоро бо чашми сар бинӣ, дилат реш мешавад.

Достонҳо дар бораи Раҳмонов зиёд ҳастанд, нависед бародарон! Дар Файзобод ва Ромит ҳам будам. Вазъу аҳволи роҳҳову заминҳои онҷо низ мисли Рӯдакист. Замини ферма дар Файзободро 5 сотиха карда фурухтаанд.

Раҳмонов мумкин ин достонҳоро бо писари наркоманаш бихонад ва ё наворашро тамошо карда ақлаш сари ҷояш ояду истеъфо диҳад. Вале дар гумон аст. Мо бояд  курсии ин ду падар ва писарро ҷунбонем.

Нависед, натарсед. Ҷонам фидои ин сарзамину ин ватан. Нест бод зулму ситам. Лаънат ба ту эй золим!

Бародарон нависед достонҳоро аз маҳаллаҳоятон, то аз чоп баромадани «Шоҳномаи Раҳмонови пирмеш». Ва «чоплус» Давлати Сафар бубинаду бишнавад.

Эй Давлат Сафар мард барин навис, росташро навис ва бо далелҳо, ки ҳарчи ободие дар ин кишвар шуда истодааст, ин бо пули он раиси колхоз нашуда истодааст, ин бо пули худи халқ шуда истодааст.

 Ва ин буд саҳми баанда барои 35 солагии Истиқлолияти ватан ва ҷавоб ба нависандаи китоби «Шоҳномаи Раҳмонӣ».

Пасгуфтори Ислоҳ: Шоҳнома бо сиёҳӣ навишта мешавад, таърих бо ҳақиқат

Ҷаноби Давлат Сафар!

Шумо дар утоқи гарму ором, пушти мизи мансаб нишаста, барои ҳокими сари қудрат «Шоҳномаи Раҳмонӣ» менависед. Аммо ҳамзамон дар ноҳияи Рӯдакӣ мардуме зиндагӣ мекунанд, ки ба қавли муаллифи ин нома, аз набудани об, барқ, роҳи дуруст, мактаби гарм ва беморхонаи обод шикоят доранд.

Шумо шоҳнома менависед, аммо мардум достони харобиро нақл мекунанд.

Шумо аз «корномаҳои шоҳ» мегӯед, вале мардуми Рӯдакӣ аз мактабҳое мегӯянд, ки низоми гармидиҳиашон аз байн рафтааст; аз каналҳое мегӯянд, ки ба ҷӯйбор табдил ёфтаанд; аз роҳҳое мегӯянд, ки солҳо таъмири дуруст надидаанд; аз заминҳои муассисаҳои давлатӣ мегӯянд, ки пора-пора шудаанд. Ин ҳама даъвоҳо дар номаи мардум омадааст. Агар дурӯғ аст, бо далел рад кунед. Агар рост аст, пас «Шоҳнома»-и шумо ба кадом кишвар бахшида шудааст?

Ба ҳамон Тоҷикистоне, ки мардумаш мебинад, ё ба Тоҷикистоне, ки шумо барои хушомади як нафар дар хаёлатон сохтаед?

Ҷаноби муовини вазир!

Фирдавсӣ «Шоҳнома»-ро барои зинда нигоҳ доштани таърих, забон, номус ва ҳувияти миллат навишт. Шумо мехоҳед номи «Шоҳнома»-ро барои зинат додани чеҳраи як ҳокими зинда истифода баред. Фирдавсӣ ба подшоҳон дарси адолат медод; шумо ба қудратмандон мадҳу сано пешниҳод мекунед. Фирдавсӣ аз золимон ҳушдор медод; шумо мехоҳед даврони як нафарро ба афсона табдил диҳед.

Фарқ аз замин то осмон аст.

Магар ҳар касе, ки чанд байт дар васфи соҳибмансаб навишт, Фирдавсӣ мешавад? Магар ҳар мансабдоре, ки беш аз се даҳа ҳукумат кард, шоҳу қаҳрамони миллӣ мешавад? Агар «Шоҳнома» навиштан ҳамин қадар осон мебуд, ҳар дарбор як Фирдавсӣ ва ҳар ҳоким як Рустами Дастон медошт.

Аммо таърих бо фармони вазорат навишта намешавад. Таърихро ҳамоишҳои расмӣ, китобҳои фармоишӣ, унвонҳои пуртантана ва суханрониҳои тамаллуқомез идора карда наметавонанд. Таърих як одати аҷиб дорад: баъди аз байн рафтани мансабҳо пардаро мебардорад ва ҳар касро бо номи аслии амалаш муаррифӣ мекунад.

Он рӯз дигар касе намепурсад, ки Давлат Сафар кадом вазифаро дошт. Мепурсанд: вақте мардум аз дарди худ мегуфтанд, ӯ чӣ гуфт? Вақте мактабу беморхона ва роҳу каналҳо ба таъмир ниёз доштанд, ӯ барои кӣ шоҳнома навишт? Вақте миллат ба сухани рост эҳтиёҷ дошт, ӯ ҳақиқатро гуфт ё назди қудрат сари таъзим фуруд овард?

Шарм кунед аз ин ҳама чоплусӣ!

Шарм кунед, ки номи Фирдавсӣ ва «Шоҳнома»-ро ба василаи хушомадгӯӣ табдил медиҳед. Шарм кунед, ки ранҷи мардумро нодида гирифта, барои ҷашну солгардҳо афсона месозед. Шарм кунед, ки дар замоне, ки мардум посух мехоҳад, шумо мадҳия пешниҳод мекунед.

Миллат шоҳид аст

Модаре, ки фарзандаш дар муҳоҷират аст, шоҳид аст. Пире, ки дар торикӣ зиндагӣ мекунад, шоҳид аст. Омӯзгоре, ки дар синфхонаи сард дарс медиҳад, шоҳид аст. Деҳқоне, ки бе об мондааст, шоҳид аст. Ронандае, ки аз роҳи вайрон мегузарад, шоҳид аст. Ҳатто ҳамон деворҳои фарсуда, каналҳои пур аз лой ва биноҳои вайрон низ шоҳиданд.

Таърих ҳам шоҳид аст

Шояд имрӯз китобатонро дар толорҳои расмӣ муаррифӣ кунанд. Шояд бароятон кафкӯбӣ кунанд, унвон диҳанд ва аз «истеъдоди ватандӯстона»-атон ситоиш намоянд. Аммо кафкӯбиҳои маҷбурӣ умри кӯтоҳ доранд. Мансаб мегузарад. Соҳиби қудрат меравад. Толор холӣ мешавад. Танҳо навишта мемонад ва шарме, ки бо он навишта пайвастааст.

Натарсед, ҷаноби Давлат Сафар, мо намегӯем, ки нанависед. Бинависед! Аммо мардона нависед. Дар бораи обу барқи мардум нависед. Дар бораи мактабҳои сард нависед. Дар бораи каналҳои вайрон, роҳҳои хароб, муҳоҷирати ҷавонон ва ранҷи модарон нависед. Дар бораи он чизе нависед, ки мардум ҳар рӯз бо чашми худ мебинад.

Агар воқеан шоиред, забони миллат бошед, на забони дарбор.

Агар воқеан фарҳангӣ ҳастед, посбони ҳақиқат бошед, на ороишгари чеҳраи қудрат.

Вагарна «Шоҳномаи Раҳмонӣ»-и шумо на шоҳнома, балки санади як давраи чоплусӣ хоҳад шуд. Китобе, ки шумо барои ҷовидона кардани дигарон менависед, метавонад номи худи шуморо ҳамчун намунаи хушомадгӯии дарборӣ дар хотираи мардум боқӣ гузорад.

Шумо бо ин дурӯғиннависӣ қаҳрамони ояндагон намешавед.

Шумо назди ояндагон расво мешавед. Зеро миллат фаромӯш намекунад, ки кӣ дар рӯзи сахтиаш дар паҳлӯяш буд ва кӣ дар ҳамон рӯз барои ҳоким шоҳнома менавишт.

Share This Article