Ин бор барномаамонро номаҳо аз Исфара, Волгоград ва Ваҳдат такмил кардаанд. Аз Исфара як нафар корманди пешини милиса номае навиштааст, ки инҷо як пора аз онро ба унвони чошнӣ пешкашатон мекунем.
Исфара: «Ман худам медидам дар отдели Исфара чи хел корҳо мешуд. Милисаҳо руйи рост бо арусҳояшон дар пеши дигар шаҳрвандон мачакмачак мекарданд. Як началники милиса аз бачаҳакои боло буд, аз пушти рӯзи дароз зинокорӣ ба зани худаш қувваташ намерасид. Баьд баъзе аз зердастонаш бо зани вай зино мекарданд. Он началник худаш медонист ин ҳолатро. Просто «давай сумра бте аз пайи кори худут шав» мегуфт. То ин дараҷа даюс шудагианд.
Муаллифи ромитии мо маълумотҳои ҷолиби дигареро фиристодааст, ки аз матни он ҳам як иқтибосе дар муқаддима овардем.
Хабарнигори ҷамъиятии «Ислоҳ» ин бор масъалаи бисёрзанӣ ва мушкилоти онро дар такя ба як матлаби сомонаи СССР дар миён гузошта ва изҳор доштааст, ки бигзор дар қонунгузорӣ чандҳамсарӣ дар Тоҷикистон иҷозат дода шавад. Аз ин нома ҳам ҳамчун намакчашак тикаеро пешкашатон мекунем.
Волгоград: «Бар замми ин ин занҳову ҳатто духтарҳои ба шавҳарнорасида инҷо беҳад таҳқир мешаванд. Баъзеашон ба роҳҳои бад рафтаанд ва бечораҳо аз ҳамин ҳисоб пул ба хонаводаҳояшон мефиристанд.
Шумори дигари онҳо дар зиндонҳои Русияанд. Аксари онҳо барои «курйерӣ» яъне интиқоли маводди мухаддири гурӯҳҳои қочоқбар зиндонӣ шудаанд».
Ваҳдат: «Паҳнии роҳ бояд 12 метр мешуд.Куҳҳоро канданд. Хуллас бояд раҳ соз мешуд. Вале аз байн 3-4 руз нагузашта азшурӯъи кор ҳамаи техникаҳора бурданд.
50% пулро дар роҳҳои оби Карма сарф карданд. Чаро, ки дар он тараф дачаҳои худи Раҳмонов воқеъ будааст.
50% пулро бошад барои ҳавзҳои моҳиҳо дар Ромит истифода бурданд. Хуб маълум аст, ки ҳавзи моҳиҳои Азизмову Сомону дигару дигараш»
Исфара
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Ман барномаҳои шуморо аз соли 2019 боз тамошо мекунам.
Ва худам аз синфи 7, аз соли 2012 то ба ҳол ин гарданбалони каладамро бад мебинам. Ман дар солҳои 16 -18 дар ВКД хизмат кардагиам. Шабона мегаштем бо ППС. Он ППС (милисаҳои қаторӣ) -ҳо милиса нестанд. Бовар кунед корҳои зишти милисҳоро бо чашми сар дидаам. Милисаҳоро дидам, ки шабона чи тавр бо тарсонидани ноболиғи 14 соларо зинову таҷовуз карданд. Инҳо занҳои шуйдорро низ бо таҳдиду тарсонидан таҷовуз мекарданд.
Як вақт, ки тоза ба кор даромада будам аз пеши хонаи каладами балонигазӣ мегузаштем. Охранаҳо аз муйи сар бисёр, боз кормандони ГАИ-БДА меистанд онҷо. Бародар, хулосаи ман ин аст ки мухолифин, масалан ҳамин ҲНИТ (махсусан сардораш) беҳад сустӣ кард. Ман ҳайронам, ки чаро сустӣ кард. Ба назарам аз пушти моли худашон, моламро кашида нагирад гуфта ҷим (сокит) мегаштанд. Вақташ расид, ки ҳамаи молу мулкашонро кашида гирифтанд ва худашонро овораи ватан карданд.
Ин каладам аз аввал хапаки таги тапак буд. Аз хапакҳо бояд тарсид. Аз аввал пайту фурсат мепойид. Ин ягон вақт сидқан оштӣ ва сулҳ накарда буд.
Тоҷикистон тинҷ аст мегӯянд, ягон тинҷ нест.
Ман худам медидам дар отдели Исфара чи хел корҳо мешуд. Милисаҳо руйи рост бо арусҳояшон дар пеши дигар шаҳрвандон мачакмачак мекарданд. Як началники милиса аз бачаҳакои боло буд, аз пушти рӯзи дароз зинокорӣ ба зани худаш қувваташ намерасид. Баьд баъзе аз зердастонаш бо зани вай зино мекарданд. Он началник худаш медонист ин ҳолатро. Просто «давай сумра бте аз пайи кори худут шав» мегуфт. То ин дараҷа даюс шудагианд.
Бародар Муҳаммадиқбол, хеле гапҳоро медонам. Оҳиста-оҳиста менависам.
Волгоград
Ассалому алайкум устод Муҳаммадиқболи Садриддин! Ман дигар корманди доимии «Ислоҳ» шудам ва ҳар вақте «Номаҳо аз ноҳияҳо» нашр мешавад, зуд мебинам, ки номаи маро ҳам ҷой додаед ё не? Ин бор низ аз сайти нашрия як навиштаеро интихоб намуда барои хонандагони «Ислоҳ» пешкаш мекунам. Мутмаинам, ки дар ин масъала бисёриҳо чӣ зан ва чӣ мард ҳатман таваҷӯҳ мекунанд. Чунки ин як масъалаи актуалӣ ва рӯзмарра дар зиндагии ҳамаи мову шумо аст. Масъалае, ки дар борааи гуфтаниам «чандҳамсарӣ» ё ба гуфтаи мардумӣ «бисёрзанӣ» аст. Дар сайти ССС аз 24уми июл як матлабе зери сарлавҳаи «Зани дуюм-суннат ё ҷабр ба зани якум?» бо қалами Моҳинав Қурбонзода, аз Ҷалолиддини Балхӣ ва махсус барои СССР навиштааст, ба чоп расидааст. Ин мақола ҳамин масъалаи «чандҳамсарӣ»-ро ба баррасӣ гирифтааст.
Ман дар аввал ин матлабро, агарчи як каме тулонӣ аст пурра инҷо пешниҳоди аудиторияи калони «Ислоҳ» мекунам ва сипас дар бораи он фикру андешаҳои шахсии худро баён медорам:
«1 дӯстам нақл мекунад, ки замони наварӯсиям ҳар бор, ки сари дастархон менишастам, хонаводаи шавҳарам дар мавриди зани дуюм, савобҳо ва суннати Пайғомбар будани он ҳарф мезаданд ва дар идома ба ман суол медоданд, ки оё мехоҳӣ шавҳарат зани дуюм дошта бошад? Албатта ҷавоби ман қотеъона не буд, аммо дар қиболи ин шӯхиҳои таҳдоре, ба монанди ин ки ту суннати Пайғомбарро рад мекунӣ, ту бар зидди қонунҳои ислом ҳастӣ ва ғайра мешунидам…
Дар муддати ду моҳи арусиям чунон аз ин мавзуъ хаста шудам, ки дигар дар сари дастархон бо ин хонавода ҳамроҳ нишастан барои ман 1 даҳшатро мемонд. Хастагии ман то ҳадде расид, ки ниҳоят қарор додам, ба кор бароям. Аммо «Аз борон гурехта, зери барф мондам». Ҳар ҷо менишастам, мавзуи дузанагӣ буд. Миёни кормандон, берун аз коргоҳ, дар меҳмониҳо. Шояд бовар накунед, аммо ман он маҳаллу он шаҳрро куллан тарк кардам. Воқеан мушкили ман дузанагӣ набуд. Ман танҳо бо он зеҳнҳои хароб, бо он фикрҳои носолиму носозгор канор омада натавонистам. Чунки ҳар кас, ки ин мавзуро дар миён мегузошт аз суннати Пайғомбар ёд меовард ва ҳамчунон сухан мекард, ки гӯё ҳамин ҳоло назди яке аз саҳобаҳои Пайғомбар ё аҳли суннат нишастаӣ. Онҳо ҳатто 1 суннатро риоят намекарданд, аммо тамоми шавқу майли ишон руйи ҳамин суннати дузанагию сезанагӣ равона гардида буд.
Дузанагӣ мавзуи №1
Воқеан ҳоло мавзуи дузанагӣ ё бисёрзанӣ мавзуест, ки дар хона, роҳ, кӯча, бозор, нақлиёти мусофиркаш бо он во мехӯрем ва миcли ин дӯсти мо ҳатто агар безор ҳам бошем боз ҳам дар борааш мешунавем. Яке аз зани дуюм доштани шавҳараш шиква дораду яке аз иҷозат надодани ҳамсараш барои зани дуюм ва он яке аз ҳам аз зани дуюм буданаш ифтихор. Оё воқеан мардони дузана ё бисёрзана хушбахтанд? Ва оё воқеан онҳо зани дуюмро бо риояи суннатҳои паёмбарӣ мегиранд? Аҳволи занони аввалии онҳо чӣ гуна аст? Мо посухҳоро аз ҳаёти воқеии чанде аз одамон ҷуё шудем.
Шодмон Шодиев (ном иваз шудааст) марди 65 солае, мегӯяд дар тули умраш бо 5 зан никоҳи исломӣ карда зиндагӣ кардааст. Ба нақли ӯ замони соҳибтиҷорат будан марди хушбахте буд, ки занон гирдаш ҷавлон мезаданд. Аммо баробари аз даст додани тиҷорату мол, занҳо ӯро тарк карданду тани танҳо монд. Ӯ ҳоло бо 1 зани аз худаш чанд сол ҷавон зиндагӣ дораду ахирӣ талаби чиз мекунад, на зиндагии ободу ором:
“ Ҳатто бар ивази қарзҳои зиёд ман барои ӯ хона кардам ва ҷиҳози лозимӣ харидам, аммо ҳанӯз ҳам барояш кофӣ нест. Дар ин сину сол қарзи зиёде ба гарданам бор асту оромиш надорам. Ҳамчун шахси рузгордида, мегӯям, ки Худо ҳеҷ кас аз оилаи аввалаш намонад!”
Зани 1 ё 2…
Гулмоҳ Қурбонова зане, ки шавҳараш зани дуюм гирифтаст, мегӯяд:
“Суннат гуфта, зани дуюм мегиранд, аммо аз ҳаққи зани аввал ба таври комил мегузаранд. Ман инро аз ҳаёти шахсии худам мегӯям. Шавҳарам ба Душанбе барои кор рафт, дар он ҷо зани дуюм гирифт. Робитааш аз ману фарзандон тамоман канда шуд. Вақте ки ман пул надоштам, то ба фарзанди беморам дору бихарам ӯ бо зани ҷавони пурнозу адояш дар тарабхонаи барҳавое хуроки пеши пешро нӯши ҷон мекард: мешавад инро суннат гуфт? Магар суннати Пайғамбар ҳамин аст, ки якеро дар авҷ бирасонӣ якеро дар фарш?”
Ҳатто ҳолатҳое ҳам ҳаст, ки мардон ба зан мегӯянд, агар ба зан гирифтани ман иҷозат диҳӣ, ба биҳишт меравӣ. Баъзеи ҳамин таҳдидгарон ҳадди ақал китоби Қуръонро ба даст нагирифтаанду қасам мехӯранд, ки бисёрзанӣ суннат асту ҳуқуқи мардон бамаротиб аз занон боло. Ислом аз кай боз дини азоб шудаасту манбаи таҳдид ба зан?
Оё воқеан бисёрзанӣ суннат аст?
Чанде пеш дар сомонаҳои интернетӣ маводеро мутолиа кардам, ки дар он 1 руҳонии тоҷик гуфтааст:
“Бисёрзанӣ дар ислом суннат нест, вале одамоне, ҳастанд, ки ояи 3-юми сураи “Нисо”-и Қуръонро нодуруст мефаҳманд. Бисёрзанӣ дар ислом суннат не, мубоҳ (раво) аст. Ислом иҷозат медиҳад, ки мард зиёда аз 1 зан гирад, вале ин ҳаргиз суннат нест. Ҳар коре, ки Паёмбар кардаанд, суннат ҳисобида намешавад. Паёмбар хоб кардаанд, хурок хурдаанд… ин суннат нест.”
Барои тақвияти бештари андешаҳо роҷеъ ба ин мавзуъ бо имомхатиби масҷиди Мавлавӣ Муҳаммадҷони ноҳия Мулло Умар ҳамсуҳбат шудем.
“Никоҳ кардан аз суннати ҳамаи Пайғомбарон аст, вале дақиқ гуфта нашудааст, ки бо 2 ё 3 зан никоҳ кардан суннат аст. Ислом ба бисёрзанӣ иҷозат додааст, вале он ҳам бо чанд шарт. Шарти асосии гирфтани зани дуюм аз нигоҳи ислом ин адолат аст, “ва агар наметавонед адолат кардан пас ба як зан никоҳ кунед!”
Дар фиқҳи ҳанафӣ, дар китобҳои никоҳу талоқ сароҳатан баён шудааст, ки бо муҷарради никоҳ, дар зиммаи мард 3-чиз воҷиб мешавад:
Нафақа-хурду хуроки зан
Кисват-сару либос, ҳама авзорҳои пушиданӣ
Сукно-ҷои зисти алоҳидае, ки махсус ба ҳамин зан таалуқ дошта бошад.
Таъкид шудааст, ки агар мард бой бошад, бар зиммааш нафақаи бойӣ, агар камбағал бошад, нафақаи камбағалӣ, агар миёнаҳол бошад, нафақаи миёнаҳолӣ воҷиб мешавад. Ҳама занҳо дар тақсимот баробаранд. Фарқ нест, ки қадима бошад ё зани нав, бева бошад ё душиза, бемор бошад ё тандуруст, яъне адолат шарт аст.
Яъне суннати пайғамбар гуфта, хурду бузург, сарватманду камбағал, шалу калу дал зани 2 ва 3 мегиранду оилаҳои бутунро вайрон мекунанд. Ин дар ҳолест, ки оила ячейкаи аввалини ҷамъиятҳост! Гузашта аз ин, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бисёрникоҳӣ манъ аст, аммо мардон бо никоҳи исломӣ зани дуюму сеюм мегиранд. Ҳеҷ зане намехоҳад нони хонааш 2 тақсим шавад ва шавҳараш зани дуюм бигирад. Аммо ин ҷиҳати масъаларо низ бояд ба назар гирифт, ки ҳастанд духтароне, ки худашон мехоҳанд зани дуюм шаванд…»Дар инҷо ин матлаб хотима ёфт.
Ҳоло назари ман дар ин бора. Садҳо, шояд ҳазорҳо зану духтарони тоҷикро дар ин мулки ғарибӣ мебинам, ки чи қадар корҳои вазнини мардона ва ниҳоят пасту ба шаъни як зан номуносибро иҷро мекунанд. Бахудо, бовар кунед, ки дили инсон решреш мешавад. Ман бо даҳҳо нафар аз ин гуна занҳо, ки мусор тоза мекунанд, кӯча мерӯбанд, дар зимистони қаҳратун барф пок мекунанд, тарбуз мечинанд, хулоса ба корҳое, ки бояд мард машғул бошад, кор мекунанд вохӯрда ҳамроҳашон суҳбатҳо доштам. Онҳо ё аз шавҳар ҷудо шудаанд, ё шавҳар накардаанд, хулоса, ночор шудаанд, ки инҷо дар ғурбат худрову фарзандону падару модарашонро таъмин кунанд. Аксарияти онҳо розианд, ки зани дуввум ва ҳатто севум бошанду аз ин ҳама азияту машаққат наҷот ёбанд.
Бар замми ин ин занҳову ҳатто духтарҳои ба шавҳарнорасида инҷо беҳад таҳқир мешаванд. Баъзеашон ба роҳҳои бад рафтаанд ва бечораҳо аз ҳамин ҳисоб пул ба хонаводаҳояшон мефиристанд.
Шумори дигари онҳо дар зиндонҳои Русияанд. Аксари онҳо барои «курйерӣ» яъне интиқоли маводди мухаддири гурӯҳҳои қочоқбар зиндонӣ шудаанд.
Ин ҳама азобу уқубатро дида мехоҳам бигӯям, ки бигзор дар қонунгузории мо барои чандҳамсарӣ иҷозат диҳанд. Ин масъала чанд маротиба дар парлумони Қирғизистон бардошта шуда буд.
Бигзор ҳукумати мо ва парлумони мо ин масъаларо ба таври иҷддӣ биомӯзанд. Ҳеҷ боке нест, ки марди шароит ва имконият дошта ду зан бигирад. Инро набояд фаромуш кунем, ки бар асари ҷанги бародаркушии 1992-1997 мардҳои зиёд кушта шуданд ва агар қонунан ин кор иҷозат дошта бошад, ҳақу ҳуқуқи занҳои дуввум ё севум ҳифз карда мешавад, масъулияти мард муайян карда мешавад. Муҳим аз ҷангу ҷангҷол ва фурӯпошии оилаҳо ҷилавгирӣ ба амал меояд. Бе ин ҳам мардҳои дузанаву сезана дар мо кам нестанд. Бигзор қонунӣ шавад, чунки дини мо инро иҷозат додааст.
Дар охир, устод Муҳаммадиқболи Садриддин,аз шумо хоҳиш менамоям, ки дар бораи ҳамин масъала назари шариатро иброз доред. Бори дигар мегӯям, ки ин масъала дар ҷомеаи мо бисёр ҳам ҷиддӣ аст ва дар хеле хонаводаҳо боиси ихтилофу низоъ ва аз ҳампошӣ шудааст.
Ваҳдат (Ромит)
Ассалом алейкум устоди меҳрубон Муҳаммадиқбол! Аллоҳ шуморо нигаҳбон бошад. Маълумотҳову хабарҳои дигарро боз аз Ромити пуровоза бароятон мефиристам. Он навиштаҳоро, ки чоп кардед, водор мекунад, ки дигар сокит набошам. Чун медонам дигар ҳар матлабе дар «Ислоҳ» чоп шуд он ҳатман навор мешавад.
Соли 2024 барои таъмиру аз навсозии роҳи Ваҳдат- Ромит 37 миллион доллар ҷудо шуда буд. Бояд корро сар мекарданд. Техникаҳоро оварда дар қарибии Чашма монда буданд. Вале раҳ куҷо шуд? Ҳамон тавре, ки буд истодааст.
Бояд ин роҳ 4 паласа, ду рафт, ду баргашт мешуд. Гуфта буданд, ки дар як километр 1 миллион доллар сарф мешавад:
20 см қум;
20 см шағал:
20 см асфальт.
Паҳнии роҳ бояд 12 метр мешуд. Куҳҳоро канданд. Хуллас бояд раҳ соз мешуд. Вале аз байн 3-4 руз нагузашта аз шурӯъи кор ҳамаи техникаҳора бурданд.
50% пулро дар роҳҳои оби Карма сарф карданд. Чаро, ки дар он тараф дачаҳои худи Раҳмонов воқеъ будааст.
50% пулро бошад барои ҳавзҳои моҳиҳо дар Ромит истифода бурданд. Хуб маълум аст ки ҳавзи моҳиҳои Азизмову Сомону дигару дигараш.
Аз дарвозаи Ромит то ҷамоати Ромит 37 километр роҳ ҳасту аз Ромит дар кони тилои Покрут 70 километр. Бояд ба тарафи Варзоб ва Айнӣ роҳи мошин мешуд, лекин нашуд. Гуфтанд, ки худи Раҳмонов ин нақшаро рад кардааст.
Резаахбори дигар
Заправкаи Ҳаким 777 конкурс доир мекунад. Аз Ҷурабеки соҳиби Зайрон ба 5 миллион сомонӣ зиёдтар харид буд. Ҷурабеки Зайрон аз Данғара аст. Ҳар бегаҳ живая музика, хурданӣ, спиртной, даже намепурсандат, ки чанд солаӣ? Ҳар намуд таблетка ҳам озодона мефушанд.
Духтари Ҷурабеки Зайрон аруси Наврузи Зебӣ буд. Наврузи Зебӣ он вақт дар Амонатбанки Ромит кор мекард. Наврузи зебӣ ин духтарро гирифтанӣ буд. Ҷурабеки зайронӣ Наврузи Зебиро гуфтааст, ки ту не хона, не мошин дорӣ, пошол на три букви: «як бори дига да духтарм наздик меша куни турма ҷотай»
Баъд кормандони СС-и махуф Наврузи Зебиро кофту ков карданд. Чунки пули мардума фиреб карда аз банк дуздида буд. Ду-се сол мешавад, ки дар Русия гаштааст. Вай ба ëрдами генерал Бахтовари хешашон баромада буд. Набошад ба қап мехӯрд.
Дар идомаи қиссаҳои Ромит аз Акрами бачаи ҳоҷӣ Зарин додари Лоиқ мегӯям.
Акрами бачаи ҳоҷӣ ду сол шуд кораш фақат бо ноболиғҳо зино, ҳатто бо талабаҳои мактаб.
Акрам дар деҳаи Калтуч духтур аст, массаж мекунад дар дом отдихи Калтуч. Бо чанде аз талабаҳои мактаб кори қавми Лутро анҷом медиҳад. Аз қишлоқҳо аз тарафи мактаб кор мебаранд. Ин ба духтарҳо аввал пул медиҳад ҳамроҳш отдих мекунад «мега лубой корта ҳал мекунум».
Дар вақти отдих кардан дар телефонаш запс мекунад, баъд тамом таҳдид мекунад, ки амали қавми Лутро бо ман иҷро намо ва инро ҳам дар телефонаш запс мекунад. Вақте хонаи духтардор фаҳмад, мегӯяд худи духтар маро зор кард ва запсро нишон медиҳад.
Ин Акрам кадоме аз кормандони СС-и махуфро массаж мекардааст, ҳамон кришаваташ мекунад. Даже ҳамин роҳи запс карданро ҳамон нишонаш дода будааст. Гуфтааст, ки ҳамин корро кун ҳеҷ кас ҳиҷ корат карда наметавонад.
Барои ин корманди СС-и махуф ҳар гоҳе дамгирӣ биёяд дар дом отдих агар дам гири биëя дом одих Акрами бачаи ҳоҷӣ Зарин гулмоҳӣ, кабг гушти сирка мебарад. Як додараш блогер буд.
Дар Ромит як ҷаноза шуда буд. Эшони Нуриддинҷон омад дар ҷаноза. Ин навор карда дар каналаш монд. Худи ҳамон бегоҳ бурданаш, як соат пас омад. Додараш Фазлиддин, муаллим. Ин ҳам ранги акааш як ҳаром аст. Дар мактаби Ромит бо муаллима Шабнам зино карда мегардад. Аз пушти ҳаминҳо барои эшони Нуриддинҷон хело проблема шуда буд. Ҳадафи Фазлиддин бузӣ буд. Акрами бачаи ҳоҷӣ Зарин, додари Лоиқ аз Ромит аст. Лоиқ язнаи Наврӯзи бузи бачаи Хайрулбашар аст.
Акрами бачаи ҳоҷӣ Зарин дар телефонаш аз он духтарҳо беш аз бист навор дорад. Ҳар вақте бихоҳад онҳоро шантаж мекунад.
Акрами бачаи ҳоҷӣ Зарин даже бо як бача аз Ромит корҳои қавми Лутро мекард.
Номи он бача Шодмон ,ҳамсояашон аст дар Ромит.
Шодмон ҳафт сол тюрма шуд, аммо ин дар озодӣ гаштаст. Шодмонро соли гузашта ҳамин тюрма кард. Чи тавр?
Шодмонро дар Одноклассники бо кадом корманди СС-и махуф шинос кард. Шодмон ҳамроҳаш гап зада буд ба телефон. Шодмон запс карда уро угрожат мекунад, ки 30 ҳазор сомонӣ парто удалить мекунум, агар пул напартоӣ дар интеренет мемонам
Вақти гапзанӣ ҳардуяш бе либос буданд. Пулро дар картаи набераи Амиршои бачаи директори мактаб корманди СС-и махуф партофт. Се соат пас одамҳои махуф омада Шодмонро бурданд.
Даже 200 ҳазор сомонӣ бурданд халос карда натавонистанаш.
Ин корро Акрами бачаи ҳоҷӣ Зарин ташкил кард. Инҳо ҳар бегоҳ ба баҳонаи рафтан ба табобати оби гарми Зайрон корҳои қавми Лутро мекарданд ва аз ин ҳол ҳама бохабаранд.
Акрами бачаи ҳоҷӣ Зарин аз бало халос шуд вале Шодмонро 7 сол тюрма карданд.
Ин ҳодисаро Шоҳасан, вақте хатиби масҷид буд, дар як намози ҷумъа ҳикоят карда буд.
