30 солагии 16- умин иҷлосия ё ифлосия? №2

Ислоҳ нет

Чаро Иҷлосияи 16 дар Хуҷанд баргузор шуд?

 (бахши дуввум)

Баргузории Иҷлосияи 16-и Шӯрои Олии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар асл аз тарафи Раҳмон Набиев, раиси ҷумҳурӣ матраҳ ва пешниҳод шуда буд. Гап дар сари он аст ки аз фаъолият ва мавзеъгириҳои Раҳмон Набиев ба ҳайси раиси ҷумҳурӣ на тарафи оппозитсион ва на тарафи Фронти халқӣ розӣ буданд. (Мо дар бораи нақши Раҳмон Набиев дар ҳаводиси соли 1992 дар матолиби баъдӣ муфассал хоҳем гуфт).

Дар иҷлосияи 15-и Шӯрои Олии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе афроди зинуфузи неруҳои оппозитсион талош карданд, ки Набиев аз роҳи қонунӣ, яъне ба воситаи Шӯрои Олӣ аз мақом барканор карда шавад.

Давлат Усмон, ноиби нахуствазир дар Ҳукумати Мусолиҳаи Миллӣ ва муовини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар сӯҳбатҳои расонаияш он лаҳза ва саҳнаро ёдоварӣ карда мегӯяд, ки дигар Набиев аз ӯҳдаи идораи давлат намебаромад:

  «Дар тули се моҳ баъд аз ташкили Ҳукумати Мусолиҳаи Миллӣ собит шуд, ки оқои Набиев наметавонад давлатро контрол ва роҳбарӣ кунад. Ва ин хулосаи оппозитсион буд. Ва, бояд, ки дар иҷлосияи 15 Раҳмон Набиев ба тариқи қонунӣ бо раъйи намояндагони парлумон мерафт ва касеро ҳам ,ки порлумон ба ин (мақом)пешниҳод мекард, ҳукуматро дар даст мегирифту вазъиятро ором мекард, ба сари қудрат меомад. Аммо дар ҲММ афроди ғайриоппозитсион бо оппозитсион як бозӣ доштанд бо ҷараёни муқобили оппозитсион бозии дигар доштанд. Онҳо, он ваъдае,ки дар иҷлосияи 15 карданд иҷро накарданд ва Набиев бо он ҳукумати фалаҷ дар сари қудрат монд. Вазъият вазнин шуд ва ҳукумат маҷбур шуд ба раиси ҷумҳур нобоварии худро эълон кунад. Раиси ҷумҳурӣ баъди ин нобоварӣ, гуфт,ки истеъфои худро эълон мекунад ,аммо ба ин шарт, ки дар Хуҷанд сурат бигирад. Аз ин рӯ дар аввал ибтикор аз ҷониби Раҳмон Набиев буд, ки ҷаласа дар Хуҷанд доир шавад. Мо якҷоя ба фурудгоҳ рафтем ва он иғво, ки яқинан дақиқ тарҳрезишуда буд сурат гирифт. Ин кор авзоъ дар кишварро боз ҳам вахимтар кард».

(Манзури Давлати Усмон аз он «иғво» истеъфои иҷбории Набиев дар фурудгоҳ дар 7сентябр аст, ки дар ин бора низ дар матлаби роҷеъ ба Раҳмон Набиев бештар хоҳем гуфт).

Давлати Усмон дар суҳбати дигараш аз иҷлосияи 15-и Шурои Олии Тоҷикистон ёдовар шуда мегӯяд:

  «Ҳадафи ташкили иҷлосияи 15-уми Шӯрои олии Тоҷикистон барканории Раҳмон Набиев аз сари қудрат буд. Ин кӯшиши охирини неруҳои оппозитсион барои ҷилавгирӣ аз хушунат ва ба танзим даровардани вазъияти кишвар, вале асли ҳадаф барканории оқои Набиев буд. Дар ин замина бо намояндагони шимол дар парлумони Тоҷикистон тақрибан бо ҳамаашон машварат шуда буд. Ва бояд, ки Раҳмон Набиев аз симаташ канор мерафт дар ин иҷлосия Абдулмалик Абдуллоҷонов ба ҳайси нахуствазир интихоб мешуд. Ва он салоҳиятҳое, ки раиси ҷумҳурӣ дошт байни раиси  парлумон ва нахуствазир то баргузории интихоботи навбатии риёсати ҷумҳурӣ тақсим мегардиданд. Чунки аллакай барои ҳама мушахас шуда буд, ки дигар Раҳмон Набиев тавоноии иҷрои вазифаи худашро надорад. Дигар умеди ҳама ба ин буд, ки бо тағйир ёфтан дар сатҳи олии сиёсии кишвар, бо омадани шахси ҷадид имкон дорад пеши роҳи хунрезӣ ва нооромӣ дар кишвар гирифта шавад. Моҳи августи соли 1992 ҷаласаи 15-уми Шӯрои Олӣ доир шуд ва дар ин ҷаласа мебоист масъалаи истеъфои Раҳмон Набиев баррасӣ мекарданд. Қарор буд бо вакилони Шӯрои Олӣ аз Хуҷанд, ки он замон беш аз 50 дарсадро ташкил медоданд, Абдуллоҷонов сӯҳбат ва қазияро баррасӣ кунад ва вақте ҳамаи онҳо ин масъаларо якдилона қабул мекарданд, баъд мо ҷаласаи порлумонро доир мекардем. Абдуллоҷонов пас аз сӯҳбатҳои як моҳ-думоҳа ба мо иттилоъ дод, ки намояндаҳои Хуҷанд омода ҳастанд. Тавассути Акбаршо Искандаров, ки раиси Шӯрои Олӣ буд ва бо оппозитсиюн робитаи бад надошт ва раёсати Шӯрои Олӣ, ки дар онҷо ҷаноби Тӯраҷонзодаву Соҳибназаров узвият доштанд, тавонистем, ки ҷаласаи 15-и Шӯрои Олиро даъват кунем. Дар рафти ҷаласаи 15-и порлумон бо Нарзулло Дӯстов, ки он вақт дигар ноиби президент набуд, сӯҳбат кардам. Ӯ гуфт, дар ҳукумат кор бидиҳед, омода ҳастам, ба Набиев бифаҳмонам, ки ӯ дигар кишварро идора карда наметавонад, бесалоҳият шудааст. Гуфт, ки ин ҳамаро ошкоро дар ҷаласа низ мегӯяд. Дуюм нафаре, ки бояд суханронӣ мекард, марҳум Даврон Ашӯров мебуд ва сипас раиси вилояти Ленинобод (Суғди ҳозира) Ҷӯра Шокиров идома медод. Бесалоҳиятӣ ва бекифоятии раисиҷумҳур дар овоз монда мешуд. Дар натиҷа Раҳмон Набиев бояд ба истеъфо мерафт. Ҷаласаи порлумон шурӯъ ба кор кард ва аввалин шуда Нарзулло Дӯстов сухан кард. Ӯ гуфт, ки Раҳмон Набиев, Шумо дигар салоҳияти идораи кишварро надоред, ҷанг сар шуда истодааст, ба истеъфо равед. Вақте ки Даврон Ашӯров ҳам ба чунин мазмун сухан кард, Раҳмон Набиев, ки раисиҷумҳур буд, албатта, ҳис кард, ки чизе ҳаст дар пушти ин суханрониҳо. Ба раиси порлумон пешниҳод кард, ки бояд дар кори ҷаласа танаффус эълон шавад. Чун пешниҳод аз тарафи раисиҷумҳур матраҳ шуд, раиси порлумон онро қабул кард. Вале ҳамин танаффус басанда шуд, ки дар байни вакилон аз Хуҷанд як тафриқа эҷод кунад, чун баъд аз танаффус дигар порлумон аз масъалаи истеъфои Набиев сарфи назар кард. Раҳмон Набиев баъд аз танаффус тарафи ман бо қаҳр нигоҳ карда, дарафтод, ки “ман медонам Шумо чӣ кор карда истодаед” ва албатта ман худамро хеле дур гирифтам ва гуфтам, ки ҳеҷ дахолат надорам. Ба ин тартиб, порлумон қароре қабул кард, ки ду тараф халъи силоҳ шаванд ва як кумиссюне ташкил шуд, ки маро масъули он интихоб карданд. Аммо ин маънои боз бӯҳронитар шудани вазъиятро дошт. Чун дар ин марҳала ниҳодҳои қудратӣ ба тарафҳо тақсим шуда буданд.»

 Вале,чуноне тазаккур додем дигар Набиев барои ҳарду тараф қобили қабул набуд. Аз инҷо буд, ки дуруст дар охири август, яъне чанд рӯз пас аз иҷлосияи 15 Раёсати Шӯроии Олии Тоҷикистон( 13 нафар) ва Девони вазирон (26 нафар) ба раиси ҷумҳур нобоварӣ изҳор карданданд. Ба эътиқоди онҳо раиси ҷумҳурӣ «дар байни роҳбарони давлатҳои дигар обрӯ ва эътибор надорад», «шахсест бемасъулият, беқудрат ва бегона»  аст ва аз ин ҳам ҳокмияти иҷроия ва ҳам қонунбарор -ду аркони давлат «бо назардошти вазъияти ба амал омада ба раиси ҷумҳур Р.Набиев бо қатъияти тамом нобоварӣ изҳор менамояд»

Аммо, чуноне мову шумо медонем Иҷлосияи 16-и Шӯрои Олӣ дар натиҷаи авомили дигар, фишори Фронти халқӣ ва юриши Сафаралӣ Кенҷаев, раиси собиқи Шӯроии Олии Тоҷикистон дар 24 октябри сои 1992 дар Хуҷанд доир шуд.

Иброҳи Усмонов, муаррихи тоҷик дар китоби «Таърихи сиёсии Тоҷикистони соҳибистиқлол»-аш,ки соли 2003 дар Хуҷанд мунташир шудааст, дар бораи баргузории Иҷлосияи 16-и Шӯрои Олии Тоҷикистон дар ин шаҳри шимоли кишвар чунин менависад:

«Ҳамаи тарафҳо роҳи наҷотро мекофтанд. Аксарият тарафдори дар ягон минтақаи аз ҷанг дури Тоҷикистон доир кардани Иҷлосияи  Шӯрои Олии Тоҷикистон буданд. Дар чунин шароит дар Бишкек бо иштироки тарафҳо машварати сулҳ баргузор гардид. Дар бораи даъват намудани иҷлосия, ташкил намудани Шӯрои давлатӣ сухан рафт. Раиси Шӯрои олии Тоҷикистон пас аз бозгашт аз Бишкек ба Душанбе ба таъсис додани Шӯрои давлатӣ иқдом кард, ки он аз 18 нафар иборат мешуд. Худашро раиси Шӯрои давлатӣ, и.в раиси Шӯрои вазирон ва қумандони артиши Русия дар Тоҷикистонро муовинҳояш эълон намуд ва изҳор дошт, ки иҷлосия 10 ноябр дар Хуҷанд баргузор мешавад. Ин изҳоротро аз ҳарду ҷониб ҳам мухолифат доштанд: оппозитсия даъвати иҷлосияро дар Хуҷанд қабул надошт, Фронти халқӣ чунин шеваи ташкили ҳукумат, Шӯрои давлатиро маъқул накард. 8 ноябр   фармондеҳи артиши Русия дар Тоҷикистон бо сабаби корҳои хоси дохилӣ будани давлатдорӣ аз ҷонишинии раиси Шӯрои давлатӣ даст кашид. Раёсати Шӯрои Олӣ 8 ноябр дар Душанбе ҷамъ омада, дар бораи 16 ноябр дар Хуҷанд даъват кардани иҷлосияи Шӯрои олӣ қарор қабул кард. Ва, барои онки кори иҷлосия пеш равад, Раёсати Шӯрои Олӣ ва Ҳукумати Тоҷикистон ба истеъфо рафт».

Яъне, доир кардани Иҷлосияи 16 дар шаҳри Хуҷанд акнун талабу дархости Фронти Халқӣ ва депутатҳои тарафдори он буд. Онҳо дар ин иҷлосия бо ҳадафи сарнагунии ҲММ, барканории Акбаршо Искандаров аз раёсати Шӯрои Олӣ ва тасаллути ҳукумат меомаданд.

Абдумаҷид Достиев, ки дар Иҷлосияи 16 раёсати Котиботи онро бар уҳда дошт ва муовини аввали Эмомалӣ Раҳмонов ҳам интихоб шуда буд дар бораи интихоби Хуҷанд ба ҳайси макони баргузоии ин иҷлосия чунин ибрози ақида кардааст:

« Дар он рӯзҳо як гурӯҳи хурд талаб мекард, ки Иҷлосия  дар шаҳри Душанбе баргузор шавад. Ҷонибдорони оппозитсия Хоруғро ҳам пешниҳод карданд, вале ба шаҳри Хоруғ бисёриҳо рафта наметавонистанд. Ҷониби Фронти Халқӣ истодагарӣ мекард, ки Иҷлосия бояд дар шаҳри Турсунзода доир гардад. Мо вазъро мефаҳмидем. Воқеан, ҷонибдорони Фронти Халқӣ ба шаҳри Хоруғ, тарафдорони оппозитсия ё бархе бетарафҳо ва ихлосмандони онҳо ба шаҳри Турсунзода рафта наметавонистанд. Пешниҳоди дигар ҳам буд, ки Иҷлосия дар хориҷи кишвар доир гардад. Инро ҳам мо ,намояндагони Фронти Халқӣ қабул надоштем. Аз ин рӯ, мо барои доир намудани Иҷлосия шаҳри Хуҷандро интихоб ва пешниҳод намудем… Баргузории Иҷлосияи 16 дар Хуҷанд ниёзи ҷомиаи Тоҷикистон буд, ки барои бақои миллат ва давлатамон таҳкурсии боэътимод ниҳод. Танҳо бадхоҳон, кӯрдилони хӯрдагир, иғвоангезон ,ки раванди сулҳу оштии миллии мо ба манфиаташон нест, нисбат ба он Иҷлосияи таърихӣ ва сарнавиштсоз ё қарорҳои он эҳсоси норизоиятӣ менамоянд». А.Достиев.«Ситораи ғолиб»-  2006.Душанбе, «Матбуот».

Интихоби Хуҷанд интихоби депутатҳои Шӯрои Олӣ аз вилоятҳои собиқи Кулоб ва Ленинобод (Суғд) буд ва акнун онҳо майдон ва маҷроро мудирият ва контрол мекарданд. Аммо дар бораи чанду чунии интихоби Хуҷанд ба унвони маҳалли амн ва ҷойи мувофиқ баҳсҳои бархоста миёни Сафаралӣ Кенҷаев ва Акбаршо Искандаровро ҳам ёдовар шавем манзара бештар рушан мешавад.

Муҳриддин Ашӯров, фармондеҳи артиши 201-и Русия аз таъйиноташ ба мақоми Шӯрои давлатӣ аз тарафи Акбаршо Искандаров дар аввал розӣ вале баъди нашри фармон норозогӣ мекунад. Албатта, инҷо паси саҳна ҳама корҳо, ҳама иттифоқот ва тамоми раванди ҳодисот аз тарафи Русия назорат ва раҳнамоӣ мешуд. Ташкили Шӯрои Давлатӣ аз тарафи Искандаров бо пешниҳоди Маскав сурат гирифта буд. Ин кор яке аз шурути ба ихтиёри Тоҷикистон вогузории фирқаи 201 буд, ки Искандров аз Елтсин тақозо карда буд. Аммо, азбаски Русия Ҳукумати Муросои Миллиро қабул намекард боз ҳам ҳозир нашуд, ки фирқаи 201-ро ба Тоҷикистон бидиҳад. Акбаршо Искандаров дар яке аз суҳбатҳояш мегуяд, ки Русия ва Елтсин розӣ шуда буданд аммо дар ин васат Ислом Каримов мухолифати шадид нишон дод, ки набояд ин артиш ба ихтиёри «бунёдгароёни исломӣ» дода шавад. (Дар бораи нақши Русия дар ҳаводиси соли 92 ва баргузории Иҷлосияи 16 дар Хуҷанд ҳам дар навиштаҳои баъдӣ ба тафсилтар мегӯем).

Дар ҳар ҳол Муҳриддин Ашӯров, бинобар навиштаи Сафаралӣ Кенҷаев Акбаршо Искандаровро  водор мекунад, ки ба ҷуз аз розӣ шудан ба баргузории иҷлосия дар Хуҷанд роҳи дигар надорад.

  Аммо менависад Кенҷаев:

«Шабона Акбаршоҳ Искандаров ба воситаи телевизиони ҷумҳурӣ аҳдшиканона бо рӯи дигар, пур аз дурӯғ баромад карда, номардона иброз дошт:

Сессияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ дар шаҳри Хуҷанд баргузор намегардад. Дастаи сияҳкор бо роҳбарии С.Кенҷаев Душанбешаҳрро ба хок яксон намуда, аз тарафи қувваҳои ҳукуматӣ ба мағлубият дучор гардиданд». Ҳол он ки бо маслиҳати Искандаров 26-уми октябри соли 1992 маро бо тайёра ба шаҳри Хуҷанд барои дар сессияи Шӯрои Олӣ ширкат варзидан оварданд.»

С.Кенҷаев. «Табаддулоти Тоҷикистон» .Ҷ.3.Тошканд.

 С. Кенҷаев инҷо аз ҳодисаи ҳамлааш ба Душанбе бо ифтихор ёдовар шуда таъкид мекунад, ки Искандаров ба ҳангоми мулоқот бо ӯ ва Ашуров дар қароргоҳи 201 розӣ шуда буд, ки Иҷлосияи 16  26 октябр маҳз дар Хуҷанд баргузор мешавад. Аммо ҳодисаи қатли Ҷиёнхон Ризоев, раиси вилояти Кулоб дар 27 октябр аз тарафи Сангак Сафаров, ба навиштаи Кенҷаев, Искандаровро аз ин тасмимаш мунсариф кард.

Зимнан Ҳабибулло Табаров ҳам дар як сӯҳбати матбуотиаш мегӯяд, ки онҳо барои гузаронидаи Иҷлосияи 16 ба Хуҷанд тавассути Тирмиз омада буданд, аммо қатли Ҷиёнхон Ризоев сабаб шуд, ки бозгарданд ба Кулоб ва замони баргузории иҷлосия ба таъхир афтад:

«Ин кор ин тавр шуд. Ҳоло Ҷиёнхон Ризоев, раиси вилояти Кӯлоб зинда буд. Як кумиссюни депутатӣ ташкил карданд, ки барои ҳалли баъзе аз масоил бояд ба Ленинобод равад. Мо ҳама депутатҳои Шӯрои олӣ аз вилояти Кӯлобро дар бинои облисполком ҷамъ оварданд. Ҷиёнхон маро он ҷо сардори кумиссюн таъйин кард. Гуфт, ки ҳамаи саволу ҷавобҳо дар иҷлосияи Хуҷанд бар дӯши ҳамин одам аст. Сардори Шумо ҳамин гуфт ва афзуд, бо ӯ меравед. Аз он ҷо оварданд фурудгоҳ ва мо савори чархбол шудем ва чархбол моро ба шаҳри Тирмиз бурд. Он ҷо хӯроки чошт хӯрдем ва то ину он кардем, ки рӯз бегаҳ шуд….. Хуҷанд расидем, моро ба меҳмонхонаҳо ҷо доданд. Саҳар шуд, гуфтанд, ки раиси вилоят даъват кардааст. Мо рафтем назди раиси вилоят, ки гуфт ҳозир тайёра омодааст, бишинед ба Кӯлоб бармегардед, барои он ки раиси вилояти Кӯлоб Ҷиёнхон Ризоевро куштанд. Мо вақте ин хабари ногаҳониро шунидем, дар воҳима афтодем. Хуллас, бо ҳавопаймо ба Кӯлоб баргаштем. Аз фурудгоҳи Кӯлоб рост ба манзили раҳматӣ Ризоев рафтем. Он ҷо ҷанозаро гузаронидем, гапҳои хеле зиёд шуд. Муллоҳайдар доду войи бисёре кард, ки ин навбат навбати ман, маро мепарронанд. Ба ҳар ҳол ӯрову дигарҳоро ором кардем. Хуб, дигарбора вақте ки Эмомалӣ Раҳмон раиси вилоят баргузида шуд ба Хуҷанд ҷиҳати ширкат дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ рафтем.»

Ба ин тартиб Акбаршо Искандаров  ночор мешавад,ки санади қарори Раёсати Шӯрои олӣ барои баргузории Иҷлосияи 16-дар шаҳри Хуҷандро имзо ва амалан таслими курсии худро имзо кунад:

Қарори  Президиуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи даъвати сессияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум 16 ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд даъват карда шавад.

Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон    А.Искандаров.

9 ноябри соли 1992,шаҳри Душанбе.

Ду соли қабл яке аз қумандонҳи оппозитсион, ки дар кори Иҷлосияи 16 ширкат варзида буд, дар як сӯҳбате бо «Ислоҳ.нет» гуфта буд, ки онҳо медонистанд, ки рафтани онҳо ба Хуҷанд ҳеҷ аҳамияте надорад:

 «Дар Хуҷанди бостонӣ дар қасри Арбоб сессияи 16 -и дурӯғин ё ин ки маҷбурӣ идома  дошт. Барои иштирок дар кори сессия вакилони халқӣ -депутатҳоро маҷбуран бурда буданд.То ин квота таъмин бишавад ва ба фоидаи «Фронти Халқӣ”  овоздиҳӣ ё ин ки тарафдорӣ намоянд. Рӯзҳои 24 ё 25-уми ноябр ба Душанбе назди мо ду нафар, яке Абдумалик Абдуллоҷонов ,иҷрокунандаи вазифаи Сарвазири Тоҷикистон ва нафари дуюм- мэри шаҳри Хуҷанд, ки номашро намедонистам ба намояндагӣ аз ин сессия ташриф оварданд. Онҳо ба мақсади даъват ва иштироки мо ба сессияи шонздаҳуми  Шӯрои Олӣ дар Хуҷанд ва ҳузур дар маъракаи Оши оштӣ ва ваҳдати миллии он омада буданд. Шахсан худи ман ва як чанд қумандони штабҳои гирду атрофи шаҳри Душанбе ва Ризвон- қумандони Орҷоникидзеобод (Вахдат) ҷамъ омадем. Сӯҳбат аз Абдумалик Абдуллоҷонов шурӯъ шуд. Он кас моро аз номи депутатҳои Шӯрои олӣ ба Хуҷанд дават намуданд. Ман ба Абдуллоҷонов гуфтам, ки мо сессияи Хуҷандро расмӣ намешуморем ва илова намудам, ки ин сессияро кӣ ташкил кард ва дар кадом асос? Сессия тибқи қонун бояд дар пойтахти Тоҷикистон баргузор шавад, на ин ки дар  вилоят! Ман пешниҳод кардам, ки депутатҳои Шӯрои олӣ  ба Душанбе биёянд. Ҳеҷ хавфу хатаре нест, ки депутатҳои Шӯрои олӣ битарсанд. Ҳарчанд  мо нахостем ба Хуҷанд биравем Абдуллоҷонов бисёр исрор варзиду илтимос кард ва кафолат дод, ки ҳамааш хуб мешавад  ва оташбас ва қатъи ҷанг танхо аз шумоҳо вобаста аст. То шумо ба Хуҷанд наравед, ҷанги бародаркушӣ  хотима намеёбед! Мо ҳамчун тоҷикони бонангу номус, ки дар ватанамон сулҳу оштӣ хоҳад шуд, розӣ шудем, ки ҳатман меравем. Вале рости гап, шахсан ба ман ҳамкоронам, хешовандонам, дӯстонам иҷоза надоданд, ки ба Хуҷанд биравам. Мегуфтанд, ки Шуморо  фиреб медиҳанд ва дар Хуҷанд шумоҳоро ба қатл мерасонанд».

Амалан баргузории ин иҷлосия дар Хуҷанд бо фишори Русия сурат гирифта буд, чун чуноне гуфтем Фронти халқӣ аз тарафи онҳо дастгирӣ ва пуштибонӣ ёфта буд, агарчи акнун неруҳои нав-оппозитсион намехост, ки ҷуз аз Душанбе дар ҷойи дигар ин иҷлосия баргузор шавад. Масъалаи баргузори он ҳатто дар хориҷ аз кишвар дар Бишкеку Тошканд ва ҳатто Вена матраҳ шуда буд.

Поёни бахши дуввуми ин сислсила матолиб

Аммо Иҷлосияи 16 дар Хуҷанд, дар қасри Арбоб чӣ гӯна доир шуд мавзуи матлаби баъдии мо хоҳад буд ва мо аз он хоҳем гуфт дар ин иҷлосия ғолибон-Фронти халқӣ ва депутатҳои он чи гуна ин ҷаласаро ба арсаи дигари ҷанги шаҳрвандӣ бадал карда буданд. Иҷлосияи Хуҷанд тасвир ва инъикоси майдони ҷанг шуда буд ва бозандаҳо дигар ҳеҷ асаре ба кори он надоштанд, танҳо рисолати вакилии худро иҷро мекарданд: даст боло мекарданду бас.

Бахши севвуми мо “Иҷлосияи 16 дар қасри Арбоб чӣ гӯна гузашт?” Бо “Ислоҳ” бошед, то бештар он ҳодисоти муҳимми таърихиро донед!

Share This Article