30 солагии 16-умин иҷлосия ё ифлосия? №10

Ислоҳ нет

Чи гуна Сангак Раҳмоновро сохт ва овард?

 (бахши даҳум)

Танҳо ду ҳафта лозим омад, ки Эмомалӣ Раҳмонов аз курсии раиси колхоз ба мақоми раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон хез кунад. Ин натиҷаи ҷанг ва ғалабаи яке аз тарафҳои даргир буд, вагарна қиёмат қоим ҳам мешуд, офтоб дар замин мешишт, уқёнуси Ором чӯли Ироқ ва куҳҳои Бадахшон биёбонҳои араб ҳам мешуд, ин кор намешуд. Вале, чаро маҳз Эмомалӣ Раҳмонов?

Сангак Сафаров, раиси Фронти халқӣ бо Ҷиёнхон Ризоев, раиси собиқи вилояти Кулоб миёнаи хуб надошт. Сангак як ҷинояткори бо «стаж»-и 23 солаи зиндон наметавонист бо як полковники милиса забон ёбад ва ҳар амалу иқдоми вай ҳатман тафаҳҳус ва сипас қабул ё рад мешуд. Ин ҳам дар ҳоле, ки акнун ҳарфи аввалу охирро дар вилоят Сангак мезад ва ин Сангак буд, ки дар пушташ ҳимояти генералҳои рус ва раиси ҷумҳурии Узбакистонро дошт. (дар ин масала бар хоҳем гашт)

Аз сӯи дигар, вақте Қурбоналӣ Мирзоалиев таҳти фишори гурӯҳе аз афроди дар он вақт таъсиргузори Кулоб Қурбони Зардак, Рустами Абдураҳим, Иброҳими Исмоил ва чандеи дигар, ки ҳар кадоме дар Кулоб нуфуз доштанд, аз мақом барканор ва дар ҷойи он Ҷиёнхон Ризоев, сардори милисаи вилоят оварда шуд, Сангакро огоҳ накарданд, напурсиданд, ҳатто дар ҷараён нагузоштанд. Сангак он вақт дар Қурғонтеппа қарор дошт. Ҷиёнхон Ризоев «кадр»-и Сангак набуд.  Сангак мехост, ки ба ҷойи Қурбоналӣ Мирзоалиев Ҳабибулло Табаровро раиси вилояти Кулоб таъйин кунад. Ҳабибулло Табаров дар яке аз сӯҳбатҳояш он давраро чунин ёдовар мешавад:

«Албатта, замона замонае буд, ки аз ту намепурсиданд. Сангак Сафаров ва Лангарӣ Лангариев – ҳарду қумандонҳои соҳибнуфузи Кӯлобро гуфтам, ки Шумо равед, ман аз қафои Шумо бо мошини худам меравам. Омадем. Дохили Ситоди Горди халқии Кӯлоб шудем, ки дар бинои Кумитаи ҳизбии вилоятӣ воқеъ буд. Тахминан 15 кас менишастанд. Сангак Сафаров гуфт, ки акаи Ҳабибулло ягон савол намедиҳӣ, не намегӯӣ, ҳар чизе, ки мо мегӯем, қабул мекунӣ. Гуфтам, хуб бубинам, ки Шумо чӣ мегӯед. Гуфтанд, ки дар ҷойи Мирзоалиев Шумо раиси облисполком мешавед. Гуфтам, ки дар ин курсӣ як бор нишаста будам, дуюм бор нишастанам он қадар мақбул нест. Сангак ба зарда гуфт, ки акаи Ҳабибулло ман туро огоҳ карда будам, ки савол надеҳ ва гап ҳам назан. Дигар сукут кардаму нишастам, чун ҳама дар даст автомат доштанд. Дигар мисле, ки масъаларо ҳал карда бошанд, ҳар кадоме ҳар сӯ баромад. Сангак супориш дод, ки равед Мирзоалиевро ёфта оваред ва депутатҳоро даъват кунед. То бегоҳӣ онҷо нишастам, ҳеҷ кас наомад. Ман гуфтам, ки як бор дар ин курсӣ нишаста будам дубора нишастан дар онро муносиб намедонам. Маро гуфтанд, ки бишин, гап назан. Дертар ғизо оварданд. Раҳматӣ Лангариев гуфт, ки ака як сад грамм арақ мехӯрӣ? Ман, не гуфтам. Хуллас то бегоҳӣ нишастам. Мирзоалиевро наёфтанд. Сангак худаш боз омад. Наздаш даромадам ва гуфтам маро танҳо қабул кун. Ду кас нишастем. Ман гуфтам акаи Сангак ту аз ман ду ё се ё панҷ сол калонӣ, ба ҳар ҳол калонӣ, лекин як чиз бигӯям, ки барои ман муносиб нест боз биёяму дар ин курсӣ шинам. Як бор ин ҷо нишастаам. Дигар чиз ин аст, ки вазифаҳои Шумо доимӣ нест, муваққатӣ аст. Ҳоло ту маро маҷбур мекунӣ, розӣ мешавам, вале пагоҳ, ки ту аз ин ҷо рафтӣ, маро мегиранду мепарронанд, мегӯянд хеши Сангак аст. Чунки ту ҳам аз Ховалингиву ман ҳам аз он ҷо. Гуфтам ин тарафашро ҳам фикр кун, ки оқибаташ чӣ мешавад. Як каме фикр карду гуфт, хайр, хез бирав хонаат, назди кӯдаконат, лозим шуд, боз даъват мекунем. Бо ҳамин рафтам.»

Сангак, ки барои аз байн бурдани Ҷиёнхон Ризоев фурсат мепойид, ҳуҷуми Сафаралӣ Кенҷаев ва ихтилофи назари ӯ бо Ҷиёнхон Ризоев дар мавриди ҳамроҳ шудан ба ин юриш, боис шуд, ки Сангак рӯзи 26 октябр бо тири туфанг Ҷиёнхон Ризоевро ба шаҳодат бирасонад. Сангак сипас тавассути телевизиони Кулоб суханронӣ ва ошкоро эълон кард, ки вай Ҷиёнхон Ризоевро кушт, чунки ба гуфтаи Сангак Ҷиёнхон Ризоев хиёнат кардааст. Ҷиёнхон Ризоев ҳеҷ хиёнате накарда буд. Баракс, фармони Сангакро итоат кард ва ба кумаки Кенҷаев ба Душанбе нарафт. Ба ин тартиб роҳ барои овардани Эмомалӣ Раҳмонов ба курсии раёсати вилояти Кулоб боз шуд. Албатта, барои Сангак, ки акнун бо Ислом Каримов, раиси ҷумҳурии Узбакистон ва генералҳову вазирони ҳукумати Русия ба мисли Андрей Козирев, вазири хориҷӣ ва Павел Грачев, вазири мудофиа мустақиман дар бораи ояндаи давлати Тоҷикистон суҳбат мекард, равшан шуда буд, ки раиси вилояти Кулоб, ба унвони намояндаи Фронти Халқӣ, ки якҷоя бо русҳову узбакҳо муқобили ҳукумати исломиҳо (Ҳукумати Мусолиҳаи Миллиро ҳамин тавр шинохта буданд) меҷангиданд, раиси ояндаи давлати Тоҷикистон мешавад. Аз тарафи дигар ин эҳтимолро наметавон истисно кард, ки Сангак аз Эмомалӣ Раҳмонов, ки раиси совхоз ва депутат ҳам буд ва бисёр гапгир метофт дар назараш, ҳамаро хуб мегуфт дастҳо пеши бар. Сангак роҳро барои овардани Раҳмонов ба мақоми раиси вилояти Кулоб ва ҳамин тавр Шӯрои Олӣ ҳамвор кард. Гуфта мешавад, ки Сангак дар яке аз мулоқотҳояш бо Андрей Козирев Раҳмоновро махсус бо худ бурдааст ва ингор Козирев ӯро «хуш» карда бошад.

Ҳоло инҷо, чун мавридаш омад, як иқтибоси нисбатан тулониеро аз ҷилди саввуми китоби Сафаралӣ Кенҷаев пешкашатон мекунем, то бароятон комилан манзара рӯшан бишавад, ки Сангаку Эмомалӣ Раҳмонов на танҳо байни ҳам, балки дар доираҳои бонуфузи Русия ва Узбакистон ҳам тангаву тилло дода будаанд. Иқтибос аз сӯҳбати байни Сафаралӣ Кенҷаев ва Зафар Икромов, ки он вақт ҷонишини сардори Раёсати корҳои дохилии вилояти Ленинобод( Суғд) буд:

  « Аз рӯи ахборе, ки ба ман аз сарчашмаҳои хеле дақиқ расид, раиси комиҷроияи вилояти Ленинобод Абдуҷалил Ҳомидов бо ҳамроҳии чанд ашхоси дигар, ки рӯзи ҷангу муборизаҳо зери буттае пинҳон шуда нигаҳбони он буданд, ки кай Фронти Халқӣ палангро беҷон мегардонаду онҳо ба хомталошаш сари қанор меоянд, рӯзи гузашта ба воситаи чархбол парвоз карда, ба шаҳри Қурғонтеппа, назди Бобои Сангак Сафаров рафта буданд. Дар онҷо маслиҳатро пазонда пӯсти палангро тақсим карданд. Барои онҳо Шумо барин одами сахтгиру серталаб ва луқмаҳалол лозим нест, то ки нонашон нимта нагардад. Биноан, бо шумо дигар касе маслиҳат, ака,ҳам, намекунад»!

“Охир курсинишинони вилояти Ленинободро бисёр хуб омухтаам,баъзе аз онҳо барои ба мақсад ноил гардидан ба ҳар гуна пастиҳо қадам мегузоранд….

 Аз баҳри Шумо кайҳо баромадаанд. Ҳа-ҳа, баромадаанд! Ба ман бовар намоед, ба шахсони лозимии давлати ҳамсоя Шуморо хеле хубу маккорона сиёҳ кардаанд. Ба ин далел дорам…Дар ҷойҳои лозими бо мақсади аз бозӣ баровардани шумо доллар тилло ҳам додаанд…Ҳама кургиреҳҳоро зару сим метавонад ба хуби бикушояд ва бибандад. Ба гуфтаи халқ «Ба пулдор кабобу ба бепул дуди кабоб,ака!»….

  Ба як ҷуфт чашмони чароғи мардонаи Зафар Икромов нигариста андешида гуфтам: «Шуморо нафаҳмида истодаам, Зафар Икромов! Агар кас имонашро фурӯхта, ба каси дигар пора диҳаду соҳиби курсии мансаб гардад, ҳаволааш ба худо!».

Албатта, нафароне, ки як каме огоҳ аз он шароит буданд, пай бурданд, ки Сафаралӣ Кенҷаев ва Зафар Икромов дар мавриди мансаби раиси Шӯрои олӣ ва генералҳои русу раиси ҷумҳурии Узбакистон гап зада истодаанд, ки дигар тамоми маслиҳату машваратро бо «дед»-Бобо Сангак мекарданд ва табъан,ки «дед» аз фурсати мусоид истифода карда Раҳмоновро ба ин мақом овард.

Генерали марҳум Сайиданвар Камолов, раиси собиқи КДАМ-и Тоҷикистон дар китобаш «Ситораи умед»,ки соли 2012 нашриёти «Адиб» чоп кардааст, менависад барои ишғоли курсии раиси вилояти собиқи Кулоб бозиҳои пасипардаӣ оғоз шуд. Ҷаноби Камолов аз чигунагии бозӣ ва бозигарони паси парда чизе намегуяд. Танҳо мегӯяд, ки ин бозиҳо Сангакро водор кард, ки барои овардани Эмомалӣ Раҳмонов мудохила кунад:

  « Бозиҳои пасисаҳнавӣ барои курсии раиси Комиҷроияи вилояти Кӯлоб аз нав ривоҷ ёфт ва Сангак Сафаровро маҷбур сохт ба рафти ин бозиҳо дахл кунад. Дар худи собиқ вилояти Кӯлоб одамонро ба соҳили росту чап тақсим мекардагиҳо пайдо шуданд. Аммо то ҳол маълум нест, ки онҳо дар ин тақсимот кадом рӯдро ба асос гирифта буданд. Дар чунин вазъият зарур дониста мешуд одамеро ёбанд, ки на аз ин соҳил бошаду на аз он соҳил. Интихоб ба сари Президенти феълӣ ва он вақт директори савхози ба номи В.И. Ленини ноҳияи Данғара Эмомалӣ Раҳмон афтид. Он замон Эмомалӣ Раҳмонро, баъди баромадаш дар сессияи Шӯрои Олӣ нисбати мухолифин, ҳамчун инсони ҷасур на танҳо дар вилояти Кӯлоб, балки берун аз ҳудуди он, дар тамоми ҷумҳурӣ мешинохтанд. Аз 2.11.1992 ба вазифаи раиси Комиҷроияи вилояти Кӯлоб интихоб гардидани Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи Тоҷикистон саҳифаи нав кушода шуд».

Инки Сангак сабаб, восита ва асос шуд, ки Эмомалӣ Раҳмонов ба сари курсии вилояти Кулоб оядро ҳамаи сиёсатмадорон ва мансабдорони он рӯзи Кулоб тасдиқ кардаанд.

Абдумаҷид Достиев, раиси кумитаи иҷроияи ноҳияи Бохтар дар он солҳо дар китобаш бо номи «Ситораи ғолиб» (Душанбе, «Матбуот» -2006» менависад, ин Фронти халқӣ (Сангак Сафаров) барои интихоб ва таъйини Эмомалӣ Раҳмонов ба ҷойи Ҷиёнхон Ризоев розӣ шуд: 

 «Масъала ба миён омад, ки роҳбарии Фронти халқиро, ки дар вазъияти ҳамонрӯзаи ҷомеа ҳамчун як посанги асосӣ ба шумор рафта, фаъолияти он аз роҳбарияти вилояти Кӯлоб, махусус аз раиси он вобастагӣ дошт, ба дӯши кӣ вогузоранд? Аз сабаби онки дар иҷлосияҳои чанд соли ахири Шӯрои Олӣ яке аз шахсони фаъолу боҷасорат, депутати ҷавон аз ноҳияи Данғара Эмомалӣ Раҳмонов буд. Дар вазъияти ниҳоят душвори вилояти Кӯлоб роҳбариро бар дӯш гирифт. Дар ин ҳолат ҷумҳурӣ аллакай ба минтақҳо ҷудо шуда буд ва ҳар минтақа «княз»-ҳои худ,роҳбарҳои худро дошт. Депутатҳои вилояти Кӯлоб дар чунин вазъияти ногувор Эмомалӣ Раҳмоновро раиси худ интихоб карданд. Ин интихоби онҳоро тамоми мардум ва Фронти халқии кишвр пазируфтанд».

 Ҳабибулло Табаров, ки бо ифтихор мегуяд ҷаласаи раис шудани Раҳмонов дар Хуҷандро ӯ роҳбарӣ кардааст ва  дар дафтарчаи меҳнатии Эмомалӣ Раҳмонов ӯ барои раиси Шӯрои олӣ шуданаш имзо гузоштааст, баъдҳо аз чи гуна ба мақоми раиси вилояти Кулоб омадани вай ин гуна ёдоварӣ мекунад:

“Он вақт Сангак дар Қӯрғонтеппа қарор дошт. Иборат аз даҳ нафар аз ҳисоби вакилони мардум як кумиссюн ташкил карда пеши ӯ фиристоданд, ки розигиашро барои интихоби Эмомалӣ ба вазифаи раиси вилоят бидиҳад. Аъзои кумиссюн рафту омад аз пеши Сангак. Ҳама ҷамъ шудем. Маро ҳам даъват карданд. Дар он ҷо гуфтанд, аз Сангак ва Файзалӣ розигӣ гирифтем, ки Раҳмоновро раис интихоб мекунем. Номзадии Раҳмонов пешниҳод шуд. Айнулло Неъматови раҳматӣ, ки он вақт котиб буд ё чи вазифае дигар дошт, ба ҳар сурат депутати вилоят буд, сухан карда гуфт, ки ӯ намешавад, ҳоло ҷавон аст. Ӯ гуфт, ки дар ин ҷо номзадии Ҳабибулло Табаровичро бояд пешниҳоду дастгирӣ кунем, чун ӯ чанд сол кор кардааст, таҷрибаи корӣ дорад, ақлаш мерасад дар корҳо. Ҳоло Эмомалӣ ҷавон аст, бояд биистад. Фавран бархоста гуфтам, ки ман аз ин кор даст кашидаам, ин вазифаро иҷро карда наметавонам, синну соли ман ба ҷое расидааст. Наметавонам ва афзудам, ки Раҳмонов кадри ҷавону ташкилотчӣ ва боқувват аст. Суханрониҳояш бисёр боақлона аст, ӯро ҷонибдорӣ мекунам. Ҳамин тавр ҳама тарафдорӣ кард ва кумиссюн розигиро дод. Баъд сессияи вилоятӣ баргузор шуд, аввал як нафар номзадии Раҳмоновро пешниҳод кард, сипас боз ҳам ман хеста номзадии ӯро тарафдорӣ кардам. Гуфтам дар сессияҳои ҷумҳурӣ хуб сӯҳбат мекунад, ҷавон аст ва таъриф кардам, чун он вақт расм ҳамин буд, ки бояд таъриф мекардӣ, бе ин намешуд. Ҳамин тавр номзадии ӯро барои раисии вилоят гузаронидем.”

Вале, ин ҳама ҳарфу ҳиҷоҳои Табаров, Достиев ва дигар ҳамкасбону ҳамразмону ҳамсангарҳои Раҳмонов баъд аз онки номзадии Раҳмоновро Сангак бо русҳову Узбакистон мувофақа кард, дуруст меояд. Худи низомиҳои рус баъдҳо хотироти худ дар бораи чигуна ташкил кардани Фронти халқӣ дар Кулоб ва чи гуна як ҷинояткори бо 23 сол собиқи зиндонро дар раъси он гузоштандро навиштанд. Яке аз онҳо Алберт Мусиенко, майори бригадаи 15-и ГРУ-и Русия,ки мегуяд баъди аз байн бурдани ҳукумати исломиҳо дар Тоҷикистон чанд соли дигар ба ҳайси мушовири вазири дохилӣ ҳам кор кардааст, дар бораи он рӯзҳои Раҳмонов, ҳолу авзоъи вай ва инки чи гуна вобаста ва мадюни Сангак буд, чунин ҳикоят мекунад. Барои онки ба умқи суҳбатҳои ӯ бирасем нутқи ӯро айнан меоварем:

  Именно Сангак познакомил меня с «Эмомалишкой» — ныне президентом республики Эмомали Рахмоном. Тогда Рахмон был председателем колхоза. До сих пор стоит перед глазами картина: Рахмон с огромным ляганом (декоративная тарелка. — «РР») плова и бутылкой водки представляется Сангаку по случаю назначения председателем облисполкома. Позднее, после гибели Сафарова, Эмомали из марионетки превратился в местного божка-президента, который уничтожил всех, кто привел его к власти. Кого-то посадили, кого-то закопали”

Устоди марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ низ дар яке аз суханрониҳояш дар солҳои муқовимат ва ҷиҳод дар Афғонистон тасдиқ мекунад, ки Раҳмонов ба Сангак маблағи калон дод, то ки роҳ  барои курсии раиси вилоят ба ӯ боз кунад. Устод ин суҳбатҳоро бо ёдоварӣ аз он лаҳзаҳое мекунад, ки Сангакро дар манзилаш меҳмон кард ва вай ҳам розӣ шуд, ки ҷангро бояд қатъ кунанд. Аммо ин Эмомалӣ Раҳмонов буд, ки дигар мехост ҷанг то ба охир, то ғалаба идома пайдо кунад, то ҳукумат ба дасти онҳо афтад:

  «Раҳмонов ба Сангак бист миллион рубл (он вақт қимати дувист миллион рублро дошт) ба ӯ дод ва бори дигар ба тоҷиккушӣ ташвиқаш кард. Бо фармони Раҳмонов Сангак раиси Комиҷроия дар вилояти Кулоб Ҷаҳонхон Ризоевро кушт. Маълум шуд, ки муҳаррики аслии ин хунрезиҳо  ҳизби коммунист бо сардамдории Имомалӣ раҳмонов аст. Ӯ барои расидан ба мансаб ҳама ҷавонони кулобиро аз байн бурд. Ӯ буд, ки чун ба курсии мансаб расид бо дасиса Сангак ва Файзалиро низ аз сари роҳаш дур кард. Мардуми мусулмони Хатлон бояд бидонанд қадами ин шахс наҳс ва вуҷудаш номуборак аст ва чеҳрааш хуношому хабис аст. То вақте ки ӯ ва амсоли ӯ бар сари қудрат дар Тоҷикистонанд хунрезӣ давом хоҳад кард. Ӯ монандаи гадоён даст ба давлатҳои Шарқ Ғарб дароз карда ва мехоҳад ҳукуматдорӣ кунад. Вале тамоми қувваи Русия ва ҷаҳонро агар даъват кунад, роҳи муборизини мусулмон ва озодихоҳи моро наметавонад бигирад.

«Он сӯи сиёсат», интишороти Кумитаи фарҳангии Наҳзати исломии Тоҷикистон.(1996)

Абдумаҷид Салимович Достиев, ки ӯ низ маҳз дар Иҷлосияи 16  «головокружителний карйера» кард  мегуяд, номзадии Эмомалӣ Раҳмонов барои курсии раиси Шӯрои Олӣ аввал дар Комиссияи депутатӣ-ҳамон комиссияе, ки баъдҳо маълум гардид, ташкили он «идея»-и хадамоти хориҷӣ будааст, матраҳ шуд. Ва, сипас аз тарафи сардори милисаи Шаҳринав, ки яқинан узви Фронти халқӣ буд дар маҷлис пешниҳод карда шуд:

«Вақте масъалаи пешниҳоди номзадии раиси Шӯрои Олӣ ба миён омад, ҳама бедудилагӣ номзадии раиси вилояти Кулобро, ки Эмомалӣ Раҳмонов буд, пешниҳод карданд. Ин пешниҳодро депутатҳо, ба истиснои чанд нафар, дастгирӣ карданд. Ногуфта намонад, ки ин фикр низ бо тавсияи ҳамон Комиссияи созиш пешниҳод шуда буд. Ва, яке аз аъзои ҳамин комиссия депутат Абдувоҳид Мирзоев, сардори шӯъбаи корҳои дохилии Шаҳринв ,аввалин шуда номзадии Эмомалӣ Раҳмоновро пешниҳод кард ва ин пешниҳод аз ҷониби ҳама дастгирӣ ёфт ва ба муқобили номзадии Эмомалӣ Шарифович касе баромад накард». Абдумаҷид Достиев.  «Ситораи ғолиб»-Душанбе, «Матбуот» -2006

Аммо воқеияти интихоби Эмомалӣ Раҳмонов ба мақоми раёсати Шӯрои Олиро ва инки номзадии вай аз қабл,то баргузории Иҷлосияи 16 дар хориҷ аз Тоҷикистон ҳаллу фасл ва тасдиқ шуда будро ҳамин Ҳабибулло Табаров чунин ҳикоя мекунад:

   «Дар Тирмиз, ба назарам ё муовини раиси вилоят ё кадом нафаре дигар аз масъулини ин вилоят, ки ҳоло дақиқ дар ёдам нест, пешвоз гирифт. Он ҷо то бегоҳи рӯз истодем. Тарафи бегоҳ буд, ки гуфтанд ҳавопаймои вазири дифои Узбакистон омадааст ва Шуморо ӯ ба Хуҷанд хоҳад бурд. Мо рафтем ва савори ҳавопаймо шудем. Ин вақт вазир омад. Ахмедов ном дошт. Вазир омад бо мо саломуалейк кард ва аз номи Ислом Абдуғаниевич барои мо хеле суханҳои нек гуфт. Сипас, ман низ дар ҷавоби ӯ сухан карда изҳори миннатдорӣ намудам. Дар ин вақт ба вазир хабар доданд, ки Сангак омадааст. Вазир аз мо узр пурсиду гуфт, ки ба пешвози акаи Сангак хоҳад рафт. Тахминан пас аз 15-20 дақиқа ҳамроҳи Сангак назди мо омаданд. Вазир бо дасташ тарафи ман ишора карда гуфт, ки ҳамаи гапҳоро ба ин нафарон гуфтам. Баъд Сангак ба гап сар кард ва хеле дар бораи ҷангҳо сӯҳбат намуд. Вай дар фароварди суханаш таъкид ва таҳдид кард, ки агар дар ҳамин сафар масъаларо дар Ленинобод ҳал нокарда баргардед, бидонед, ки нафаре аз Шумо зинда нахоҳад монд. Ба тарафи ман гашту гуфт, ки “акаи Ҳабибулло гапи мара фаҳмидӣ?” Ман гуфтам, ки фаҳмидам, масъаларо ҳал мекунем. Гуфтам чунин вазифадор шуда бошем, чаро ҳал накунем.»

Ҳоло имрӯзҳост, ки воқеиятҳоро талош мекунанд, ки воруна ва бар хилофи ончики дар ҳақиқат буд, ҷилва диҳанд, тасвир созанд ва таърих созанд. Ҳамин ҷаноби Достиев, бо ин вуҷуд, ки ҳама ҳаводисро бо ҷузъиёташ медонад, боз ҳам шояд ба хотири худширинкуниву тамаллуқ ва шояд барои онки вай ҳам «кулобӣ» аст, дар ҳукумати Раҳмонов буд ва агар Раҳмонов ва Сангак набуд, ӯ ҳам гумон аст ки аз исполкоми ноҳия болотар мерафт хеле дар бораи Раҳмонов воҳима ва иғроқ мекунад:

   «….дар ин Иҷлосия касе худро дар баробари Э.Ш.Раҳмонов «алтернатив» нагузошт. Яъне ӯ худ бозёфт ва интихоби ҷомеа буд! Ягон нафар, ҳатто аз ҷониби мухолифин касе изҳор накард,ки:-биёед як номзади дигарро низ дар паҳлӯи Э.Ш.Раҳмонов ҳамчун довталаб пешниҳод намоем ва онро интихоб кунем. Масъалаи дигар. Вақте ки каме осоишу оромӣ фароҳам омад, бад ёфт шуданд-ку?!Дар интихоботи соли 1994 «алтернатив» ҳам ёфт шуд. Барои ҳамин ман мегӯям, ки ин номзадро, гап дар ному насаб нест, ҳамин хел шахсиятро худи ҷомеа обу тоб дода, ба бахти мардуми мо ба ин мақом расонд. Дигар дар он рӯзҳо касе ба чунин ҷуръате, ки Э.Ш.Раҳмонов дошт, қодир набуд. Ҳарчанд имрӯз «ман» мегуфтагиҳо зиёд шудаанд».

Абдумаҷид Достиев. «Ситораи ғолиб»-Душанбе, «Матбуот» -2006

Албатта, чуноне шоҳид шудед, воқеият на он чизе ва на он таърифу тавсифе аст ки Достиев ба Раҳмонов арзонӣ меорад. Таҳлилгарон ва коршиносон ҳам бар ин ақидаанд,ки он замон дигар маълум буд, ки раиси оянда аз Кулоб мешавад, чун Кулоб тавонист, ки таваҷҷуҳи Русия ва Узбакистонро дар муқобили неруҳои милливу демократӣ ва ислоҳотхоҳу истиқлолталаб ба самти худ бикашад. Нуралии Давлат таърихнависи тоҷик дар ин бора мегуяд:

  «Фарқ надошт, ки Эмомалӣ Раҳмонов, ё Ҷиёнхон Ризоев, ё Қурбоналӣ Мирзоалиев.. . Ман фикр мекунам, ҳар нафаре ки раиси вилояти Кӯлоб мебуд, ин вазифаро мегирифт. Ва Раҳмонов, ки ҳамагӣ се ҳафта ба ҳайси раиси вилоят кор карда буд, дар вақти лозим ва дар ҷойи лозим зуҳур кард. Ва азбаски чун раиси вилоят ва ҳамчун вакили Шӯрои Олӣ ба сиёсат ҳам ворид буд, ба мақоми раёсат расид. Аммо реша аслан дар ҳамон мансаби раиси вилояти Кӯлоб аст ва маълум буд, ки Русияву Узбакистон ба Фронти Халқӣ такя мекунанд, чунки бе розигии Тошканду Маскав ҳалл кардани ин масъала, фикр мекунам, мушкилтар буд».

 Раҳмонов, вақте раиси вилояти Кулоб интихоб шуд, дигар ба намояндагӣ аз Фронти халқӣ ошкоро суҳбат мекард. Вай, ба таври автоматик намоянда ва раҳбари сиёсии Фронти халқӣ шуд. Аз инҷо буд, ки 9-уми ноябри соли 1992, дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон, нишасти сарони кишварҳои муштаракулманофеъ оид ба пайдо кардани роҳи ҳалли қазияи Тоҷикистон, доир гардид, ки ҷониби Фронти халқиро Эмомалӣ Раҳмон намояндагӣ мекард. Даъват ва ширкати Раҳмонов ба унвони як ҷониби ҷанги дохилӣ ба ин маъно буд, ки Ҳукумати Мусолиҳаи Миллӣ ва Акбаршо Искандаров дигар мавриди эътимои сарони ИДМ нестанд ва Русияву Узбакистон интихоби худро дар шахси Эмомалӣ Раҳмонов кардаанд.

Аркадий Дубнов, таҳлилгари масоили кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Маскав, ки иштирокчӣ ва шоҳиди бевосиати баргузори и Иҷлосияи 16-и Шӯрои Олии Тоҷикистон дар қасри Арбоб буд, мегуяд, «такя ба Раҳмон иштибоҳи дастҷамъонаи Русия ва Ӯзбакистон буд:

  “Вазъияти Тоҷикистон дар соли 1992 бисёр фоҷиабор буд. Он вақт ҷустуҷӯҳо сар шуда буданд. Хотираҳои бисёр ҷолиби полковник Квачков, ки дар ҳоли ҳозир барои суиқасд алайҳи Анатолий Чубайс аз озодӣ маҳрум аст, вуҷуд дорад. Ӯ нақл мекунад, ки ба Тоҷикистон бо супориши Сарраёсати ҷосусии (ГРУ) Ситоди кулли Русия барои ҷустуҷӯи номзад ба вазифаи президенти Тоҷикистон эъзом шуда буд. Ба ӯ қумондони саҳроӣ ва ҷинояткори собиқадор Сангак Сафаров ҷавони фаъол ва собиқ директори совхозро пешниҳод кард. Ӯ роҳбари кумитаи иҷроияи вилояти Кӯлоб буд ва ба Сангак Сафаров вафодор буд. Ягона мушкилӣ ин розӣ кунондани Ислом Каримов ба он буд, ки ин одам, Эмомалӣ Раҳмонов, ки ӯро ҷинояткори собиқаи 23-сола дошта тавсия мекунад, метавонад даъвои ҳокимият кунад. Квачков ин вазифаро иҷро карда тавонист ва онҳо тавонистанд Тошкандро мутақоид созанд, ки Эмомалӣ Раҳмонов бачаи сазовор аст. Ҳамин тавр ӯро баъди танаффуси дуҳафтаина ба иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Тоҷикистон оварданд. Ба ҳама фаҳмонда шуд, ки Раҳмонов дастгирии Тошканд ва Москваро дорад ва ҳамин тавр вакилон ӯро интихоб карданд.

Маҳз ҳамин ҳодисаҳоро ман бо чашмони хеш мушоҳида мекардам. Бо дастгирии Тошканд ва Москва Раҳмонов тавонист ба Душанбе танкҳоро дарорад ва мухолифонро аз онҷо берун кунад. Вале дар натиҷа ҷанги тамомаёр ва хунин сар шуд, ҷанг барои берун кардан ва нобуд намудани гурӯҳҳои ба Фронти халқӣ муқобил ва нобуд кардани аҳолии осоиштаи тарафдори ин гурӯҳҳо.”

 Солҳо баъд, Абдумалик Абдуллоҷонов, ки дар ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонов раиси Шӯрои вазирон таъйин вале дар интихоботи соли 1994 рақиби вай барои ишғоли курсии раёсати ҷумҳурӣ шуд, иқрор ва эътироф мекунад, ки онҳо Раҳмоновро болои мардум таҳмил карданд:

«Эмомалӣ Раҳмоновро дар Арбоб ба сари мардуми мо ҳамчун раҳбар таҳмил кардем. На ман, на Акбаршоҳ (Искандаров) аз ин барнома иттилои пурра надоштем. Барканор намудани Раҳмон Набиев, бекор намудани сохти идории президентӣ ва чанде дигар аз қабили қарорҳои ғайриқонунии ҳамон иҷлосия буданд. Барои ҳамин, Раҳмоновро аксари давлатҳо (он замон) ҳамчун раҳбари легитимӣ эътироф намекарданд»

Абдуллоҷонов эътироф мекунад, ки Раҳмонов мебоист барои як муддати кутоҳ дар ин мақом кор мекард:

  «Дақиқан маълум аст, ки бо худи Раҳмонов дар бораи чор-панҷ моҳ вазъиятро ба даст гирифта вазъиятро дар Душанбе ва атрофи он тинҷ гардондан сӯҳбат шуда будааст он вақтҳо. Дар ин бора шоҳидон ва ҳаммаслаконаш гуфта буданд.»

Сафаралӣ Кенҷаев, ки баргузории Иҷлосияи 16 дар қасри Арбобро натиҷаи ҳамлаи худ ба Душанбе медонад, тасдиқ мекунад, ки номзадии Эмомалӣ Раҳмонов аз қабл матраҳ ва мувофақа шуда буд ва ӯ ҳиҷ ихтилофе бо ин шахсият надошт:

  « Ду рӯз пеш аз оғози сессияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ, ки дар Хуҷанд баргузор гардид, ба воситаи телевизион ва ахбори умум ба мардуми ҷумҳурӣ ибрози ақида намудам, ки даъвои ягон мансаб надорам. Ба фикру ақидаи депутатҳои вилояти Кулоб ризо ҳастам ва номзадии  Эмомалӣ Раҳмоновро ба вазифаи Раиси Шӯрои Олӣ ҷонибдорӣ менамоям. Аз ин рӯ, ҳамеша дар ақидаи он будам, ки ҷанги бародаркушӣ ҳар қадар тезтар қатъ гардаду мардуми ҷумҳурӣ озоду осуда. Вале Эмомалӣ Раҳмонов бе маслиҳат амал намуда, оиди ҷобаҷогузори кадрҳо ба хатогиҳои бисёр ҷиддӣ роҳ дод, ки он ба мӯътадил гардидани вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷумҳурӣ зарари хеле ҷиддӣ хоҳад расонд». С.Кенҷаев. «Табаддулоти Тоҷикистон»,ҷ.з-Тошканд,нашриёти Узбекистон.

Нуктаи дигари ҷолибро яке аз шоҳидони он рӯзҳо ҳикоят мекунад, ки бар мабнои он ҳам Раҳмонов ва ҳам Достиев қабл аз рафтан ба Хуҷанд пеши Сангак Қурғонтеппа меоянд.   Эмомалӣ Раҳмонов ва Абдумаҷид Достиев ҷудо аз ҳайати вакилони хатлонӣ Хуҷанд мераванд. Гап дар ин аст, ки он вақт ситоди Сангак дар Қурғонтеппа буд ва Раҳмонов қабл аз сафар рафт ба гирифтани тавсия ва дастурҳо ба назди Сангак. Сангак аз фирқаи 201-и Русия хоҳиш кард, ки ба Раҳмонов чархбол бидиҳад, то ба Хуҷанд равад. Албатта русҳо бепул намедоданд ва ин замоне буд, ки аллакай Сангак 900 миллион рубли бонки Қурғонтеппа ва наздики 200 кило тиллои Шугновро тасарруф карда буд. Ғулом Бобоев сардори собиқи милисаи вилоят, ки ба гуфтаи худаш масъули амнияти депутатҳои кулобӣ буд дар сӯҳбате бо хабарнигори «Миллат»  он давраро чунин ба ёд меоварад:

«  вақте санаи баргузории Иҷлосия муайян шуд, онҳо  ду нафар вакилони хатлонӣ Абдулмаҷид Достиев ва Эмомалӣ Раҳмоновро аз шаҳри Қӯрғонтеппа тариқи чархбол ба Хуҷанд сафарбар намудаанд. Ман, ки он замон коменданти ҳарбии шаҳри Қӯрғонтеппа будам, сафарбаркунии вакилон ва нируҳои ду ҷонибро аз минтақа ба уҳда доштам. Дар рӯзҳои аввали Иҷлосия 193 вакили мардумӣ иштирок доштанд.  Вақте пешниҳод мешавад, ки қумандонҳои ду ҷониб низ ба Иҷлосия даъват шаванд, дар санаи 26-уми ноябр ману Сангак ва Ёқуб аз  қисми ҳарбии дар шаҳри Қӯрғонтеппа будаи Дивизияи 201-уми Русия бо чархбол сӯйи Хуҷанд парвоз кардем».

«Ислоҳ.нет» дар бораи Раҳмонов як матлабу ду матлаб чоп накардааст. Ҳоло инҷо як иқтибосеро аз як навиштаи пешинаамон меоварем, ки дархури ҳаминҷои ин навишта аст:    Воқиан дар ёдамон ҳам ҳаст ки дар Хуҷанд дар 19 ноябр, вақте Узбакистон ва Русия табаддулоти алайҳи давлати ҷавони тоҷиконро бо дастони депутатҳои Шӯрои олии вақт гӯиё ҷомаи қонунӣ пӯшониданд, ҳамин “арӯсак”-и “хоҷаҳои хориҷӣ” ҳам ба ҳадде аз ҳасби ҳолаш гуфт, ки дилу ҷигари депутатҳо барояш сӯхт. Вай гуфт, ки “Дар авлодам як худам диплом дорам. Авлоди мода ҳеҷ каси хондагӣ нест. Як додар дорам, тракторчӣ. Ман як деҳқонбачаам.”

Эҳҳеее. Ҳоло ин гапҳоро ба хотири “Эмомалишка” расону қандатро хур. Ҳатман барои таҳқири Президент зиндон мешавӣ. Ин кас имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои Миллат ҳастанд. Ва, авлодашон ҳам ….чи авлоде? ! Аз кадомаш гӯям? Аз, Рустам, аз Озода, аз Таҳминаву аз Парвина…домодҳои бизнесмену давлатмадорро намегӯӣ, ҷиянҳои милисаву прокурор, холаву холабачаҳои  “министр”-у  “витсепремер”, хуллас варақи ҳатто компютер камӣ мекунад. Авлодда авлод! Ва, дигар нафаре,ки шира бо дӯғ якҷоя карда мехӯрд, ҳоло Президенти якумрӣ ва дар фикри онки писарашро барои ин мардум Президент кунад.

Бо овардани ин ҳама далелу бурҳонҳо, ки Раҳмонов –дастнишонда ва арӯсаки хориҷиҳо ва сохтаву овардаи як ҷинояткори ашадӣ буд, инро мехоҳем ба хонанда бирасонем, ки тӯли ин ҳама муддати сӣ сол дар фаъолияти Раҳмонов ва шахсияти вай чизе иваз нашудааст.  Азбаски вай бо тангаву тилло-пора ва кумаки танку тупи хориҷҳо ба қудрат расид, ҳеҷ гоҳ барои ин миллат ва ин давлат кори муносибе нахоҳад кард ва бо пеш овардану таблиғ кардани шахсияти вай, қаҳрамони миллат, пешвои муаззам ва асосгузори сулҳ ва ҳатто асосгузори давлати тоҷикон чизе иваз нахоҳад шуд. Инки аз таг то болои ҳукумати Раҳмонов бо пораву ришва фаъолият дорад, ба ин маъносот, ки ин худи Раҳмонов аст ки аз курсии раисии колхоз, то ба имрӯз раиси давлат фақат ришвату пора меирад. Раҳмонов барои дастёбӣ ба курсӣ ҳатто ба ҷинояткоре чун Сангак ришвату пора дод ва ин Сангак буд, ки бар ивази пулу пайса ӯро сохту овард.

Поёни бахши даҳуми мо бахши ёздаҳуми ин силсиламатолиби мо “Сангак-табаҳкоре, ки масири истиқлоли давлати Тоҷикистонро харб кард”  мебошад. Ин бахшро интизор бошед ва ҷинояткору табаҳкоре,ки масири истиқлоли кишвари моро барои сӣ сол табоҳу тира кардаро беҳтар шиносед!

Share This Article