30 солагии 16-умин иҷлосия ё ифлосия? №17

Ислоҳ нет

Талошҳои нокоми Акбаршо Искандаров, раиси собиқи Шӯрои Олии Тоҷикистон

 (бахши ҳафтдаҳум)

Имзои қарори даъвати Иҷлосияи 16-и Шӯрои Олии Тоҷикистон дар Хуҷанд барои Акбаршо Искандаров, раиси онрӯзаи Шӯрои Олӣ ва сарпарасти раёсати ҷумҳурӣ тарки саҳна ва қатъи карйераи сиёсиро ифода мекард. Искандаров ба қасри Арбоб бо хоҳиши худ нарафт. Вай таҳти фишор ва зӯроварии Фронти халқӣ дар қароргоҳи дивизияи 201, дар ҳузури генерал Эдуард Воробёв, муовини фармондеҳи неруҳои хушкигарди Русия ва С.Кенҷаев, ки ба Душанбе юриш оварда талаби баргузории ин иҷлосияро мекард, розӣ шуд ва даст монд. Бӯрӣ Карим, муаллифи китоби «Фарёди солҳо» мегӯяд, ки Искандаров дар шароите қарор гирифта буд, ки ҷое барои манёвр ва роҳе барои интихоб надошт:

«Ҳукумати мусолиҳаи Миллӣ, раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери фишори Фронти Халқӣ, намояндагони ИДМ,генералҳои Русия ва ӯзбекистон маҷбур шуд 26 октябри соли 1992 аз истеъфои  худ эълом бидиҳад. А.Искандаров ҳамчунин ҳамзамон ба он шарт ҳам ризо шуд, ки дар рӯзҳои наздик сессияи 16-умро дар Хуҷанд даъват мекунад. Воқеан, дигар илоҷ надошт. Роҳи оҳан, роҳи мошингард, роҳҳои ҳавоӣ аз ҷониби абарқудратҳое, аз вуҷуди эҳтимолии идеологии исломӣ хатар эҳсос карданд, баста шуда буд.

      Пойтахт-Душанбе ҳадафи ҳазорҳо мил силоҳҳои марговар-танк, БТР, БМП, «Град», пулемёт, автомат…. самолет ва вертолетҳои қиркунанда қарор дошт. Ба шаҳр хавфи гуруснагӣ ва вабо таҳдид мекард… Умуман, ҳукумати Тоҷикистон дар таҳти шадидтарин фишор, балки дар ҳалқаи оташ қарор гирифта буд. Бо вуҷуди чунин танг будани ҳалқаҳои оташноки  вақт ҳукумати А.Искандаров барои раҳоӣ аз варта талошҳо мекард, вале ба натиҷаи дилхоҳ расида наметавонист. Бо ибтикори ӯ таъсис кардани Шӯрои давлатӣ ба ҳайати он шомил кардани фармондеҳи дивизияи 201-и Русия М.Ашӯров, намояндаи бонуфузи Хуҷанд А.Абдуллоҷонов аз ҷумлаи талошҳои боз ҳам бенатиҷа ба шумор меравад.

  Хуллас, даъвати сессияи 16-и Шӯрои Олӣ дар Хуҷанд сад дар сад аз роҳи зӯрӣ, силоҳ ва таҳдид ба марг воқеъ гардид.»   Бӯрӣ Карим. «Фарёди солҳо». Москва, «Трансдорнаука».

Акбаршо Искандаров, ки бо гардиши фалак дар маркази ҳаводис қарор гирифта буд, ба ҳеҷ гоҳ барои расидан ба курсӣ ва мансаби болотар талош накардааст. Вай ба сиёсати калон, барои онки раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон буд, ворид шуд. Раиси Шӯрои вакилони ин вилоят тибқи Қонуни асосӣ ҳамзамон муовини раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Вай, ки дар айни авҷи талотуму ошӯбҳо ба ин мақом даст ёфта буд , дар ду, се навбат иҷрокунандаи Раиси Шӯрои Олӣ шуд. Баъди барканории Сафаралӣ Кенҷаев бо пешниҳоди Раҳмон Набиев Акбаршо Искандаров дар иҷлосияи 15-и ин Шӯро дар моҳи августи соли 1992 раис интихоб гардид. Ин интихоб дуруст дар ҳолате сурат гирифта буд, ки ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода бо як муроҷиат ба ӯ он лаҳзаро таърихӣ сохт. Худи ҷаноби Тураҷонзода, ки баъдҳо барои ин ҳолат ва лаҳза на як бору ду бор тавзеҳ додааст, дар ин бора чунин навиштааст:

ЧАШМАК ЗАНИИ ҲОҶӢ АКБАР ТУРАҶОНЗОДА

   «Лекин иҷрокунандаи вазифаи раиси Шӯрои Олӣ Акбаршо Искандаров дар аксар ҳолатҳо ё худро ба нодонӣ мезаданд ё пешниҳодҳоро дарк намекарданд ва ё қасдан аз баррасии пешниҳодҳои ман мегурехтанд, хулоса, пешниҳодҳои маро ба лоиҳаи қарор дохил кардан намехостанд ва ба овоз намегузоштанд. Аз чунин муносибати он кас сахт нороҳат ва асабонӣ шудам, зеро аз як сӯ тибқи регламенти дастури кори Шӯрои Олӣ аъзои Раёсати Шӯрои Олӣ ҳақ доштанд, бидуни навбат суханронӣ кунанд ва пешниҳодҳояшон ҳатман дар мадди аввал баррасӣ ва ба овоз гузошта шавад ва за сӯи дигар ба ҳайси қозии мусулмонон ва ҳамчун шахсияти шинохтаи сиёсиву иҷтимоии кишвар таваққуъ доштам, ки пешниҳодҳоямро ба эътибор мегиранд. Дертар дарк кардам, ки ин таваққуъотам дар он замон ва дар он муҳити Шӯрои Олӣ, ки 95% -и он аъзои ҳизби коммунист буданд ва аслан аз ҳузури ман дар парлумон нороҳат буданд, ноҷо будааст.

   Ана дар чунин як муҳити муташанниҷ ва ноороми сиёсӣ дар Шӯрои Олӣ  ва ҳолати хастагии руҳиву ҷисмонӣ, вақте ки А.Искандаров пешниҳоди навбатиамро ба эътибор нагирифтанд бо асабоният ба эшон хитоб карда чунин гуфтам:

    Акбаршо Искандарович! Айб дар одамон набудааст. Маълум мешавад, ки аз шумо пешгузаштагонатон низ айбе надоштаанд. Ҳама гап дар ҳамин курсӣ будааст, курсии лаънатӣ. Ҳар ки болояш менишинад дар як лаҳза тағйир меёбад. Курсиро иваз кардан лозим будааст, на одамонро…..

 Дар ҳамин ҳолат аз хастагиву ҳаяҷон, бидуни ихтиёр як чашмам нимпӯш шудааст. Дурбинҳои  камера «телевизиони сайфуллоевӣ» гуё, ки маҳз думболи ҳамин лаҳзаҳо буданд. Дар ҳол онро ба навор гирифта ба зудӣ  «устодона» ва иғвогарона монтаж карда ҳамон шаб ба мардум ҳамин саҳнаро давомдору муфассал намоиш доданд. Баъзан душманони инҷониб бо вуҷуди онки дар ҳамон давра бо Искандаров ҳеҷ гуна робитаи шахсӣ ва рафтуомад надоштани маро хуб медонистанд аз намоиши ҳамин саҳна туҳмату буҳтонҳои зиёде бофтанд, сару садоҳо карданд.

Банда бо Искандаров танҳо дар моҳи майи соли 1992 дар нишастҳои Раёсати Шӯрои Олӣ аз наздик шинос шудам».

   Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, «Миёни обу оташ тарҳи сулҳ андохтам,аммо…»

 Искандаров ба вузӯҳ медонист, ки дар Хуҷанд ӯро аз курсӣ ба зер мекашанд. Дуруст аст ки қабл аз шурӯи ин иҷлосия Раёсати Шӯрои олӣ ба раҳбарии вай ва низ аъзои Девони вазирон ба хатти истеъфои худ имзо гузошта буданд. Аммо, инки Искандаровро аз кор мегиранд, дигар коре буд, ки иҷро мешуд. Худи Искандаров мегӯяд, ки рӯзи қабл аз баргузории иҷлосия мушовири Ислом Каримов, раиси ҷумҳурии Узбакистон омад иҷрои чанд шартеро бар ивази боқӣ мондан дар мақом пешниҳод кард, аммо розӣ нашудааст.  Ин мушовири Каримов Исмоил Ҷурабеков ном дошт ва аз тоҷикони Самарқанд буд. Вале, баъид аст ки Фронти халқӣ, ки дигар бо такя ба Русия ва худи Узбакистон Искандаровро дар ҳоли суқут қарор дода буд, бигзорад ,ки вай дар ин мақом бимонад.

Абдулмаҷид Достиев, яке аз депутатҳои марбут ба Фронти халқӣ ёдовар мешавад, ки чи гуна вакилони ҷонибдори ин ҷабҳа нагузоштанд, ки Акбаршо Искандаров, ки раиси қонунии Шӯрои Олӣ аст кори онро пеш барад:

      «Яке аз ноҷӯриҳои аввали кори Иҷлосия  ин буд, ки вакилон Акбаршо Искандаров-раиси Шӯрои Олиро аз раисӣ кардан ба маҷлис барканор намуданд. Онҳо мегуфтанд, ки «ӯ бетараф нест ва бояд раисӣ накунад, ин вазифа ба зиммаи яке аз вакилони куҳансол гузошта шавад» ва ҳоказо. Ман ҳам, аз ҷумла, ба тарафдории ҳамин пешниҳод, ҳамчун вакил, овоз дода будам. Аксарият, овоз дод, А. Искандаров сарпечӣ накарда, дар толор нишаст.» А.Достиев «Ситораи ғолиб».Душанбе «Матбуот»2006

Акбаршо Искандаров, дар воқеъ як инсони бо табиати нарм ва як сиёсатмадори миёнарав буд. Вай, парвардаи номенклатураи комунистӣ буд ва зарбу шасти Маскав болои ҷамоҳири шӯравиро возеҳу рӯшан дарк мекард. Аммо, ба унвони як раҳбар ва як тоҷики барои ватанаш дилсӯз тамоми талошашро барои пешгирӣ аз ҷанги бародаркуш ба харҷ дод.

Бо ибтикор ва зери раҳбарии Акбаршо Искандаров дар Хоруғ нишасти тарафҳои ҷанги дохилӣ, ки аллакай ҳазорҳо куштаву садҳо хонаву корхонаро ба коми худ кашид, баргузор гардид. Устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, Тоҳири Абдуҷаббор, Давлати Усмон, Шодмон Юсуф, Сангак Сафаров, Шодӣ Шабдолов, Сайид Салим, Иброҳими Исмоил дар маҷмуъ наздики 90 тан шахсиятҳои соҳибэҳтироми кишвар дар ин нишаст, ки бо номи «Сулҳи Хоруғ» маъруф аст, ширкат карданд.

Муаррихи тоҷик Нуралии Давлат дар як матлаби таҳлилӣ дар бораи Акбаршо Искандаров менависад, ки Искандаров аз камтарин сиёсатмадорони кишвар буд, ки мавқеи мутафовит дошт ва тамоми талошаш ба ин равона шуда буд, ки тарафҳо аз хунрезӣ ва ҷанг фориғ шаванд. Ӯро тарафи Фронти халқӣ одами оппозитсия мешуморид ва тарафи оппозитсия бошад, баракс ба вай машкук буд. Вале вай сидқан мехост, ки нишасти Хоруғ поёни ҷанг бошад:

  «Раҳбарии гуфтушунидро дар шаҳри Хоруғ бо дастури президент Акбаршоҳ Искандаров ба уҳда дошт. Дар ибтидо идораи музокирот хеле мушкил буд. Ва яке аз масъалаҳои муҳимтарини гуфтушуниди Хоруғ масъалаи халъи силоҳ буд. Бархе аз музокиракунандагон иброз доштанд, ки ҷонибҳо ба ҳамдигар бовар надоранд, бинобар ин халъи силоҳ дар вазъияти ба амал омада номумкин мебошад.

Дар гуфтушуниди Хоруғ бархе аз ҳозирин маъсалаи ширкат накардани президентро ба миён гузоштанд ва гуфтанд, ки оё Раҳмон Набиев натиҷаи ин музокиротро эътироф мекунад ё не? Ин масъала ба он хотир дар музокирот садо дод, ки агар президент мувофиқатномаи сулҳи Хоруғро эътироф накунад, таъмини сулҳу субот дар ҷумҳурӣ номумкин мегардад. Акбаршоҳ Искандаров ба онҳо итминон дод, ки ин масъала бо президент Набиев мувофиқа шудааст. Баъди муҳокимаи банд ба банд, Созишномаи мусолиҳа қабул гардид.»

Акбаршо Искандаров борҳо талош кард, ки мавқеъи роҳбарияти Русияро тағйир ва ба самти дуруст равон кунад. Вай барои дар ихтиёри ҷумҳурӣ гирифтани фирқаи 201 бо Елтсин то ҳадде ба тавофуқ расид. Ва, агарки муваффақ мешуд, метавонист аз идомаи ҷангу хунрезӣ дар кишвар ҷилавгирӣ кунад. Аммо, Сафаралӣ Кенҷаев, ки дар ин миён бо Искандаров ошкоро ба душманӣ бархоста, барои аз байн бурдани вай ба Душанбе ҳамлаи низомӣ ҳам ташкил кард ба унвони раиси ҷумҳурии Русия аз номи Фронти халқӣ нома навишта ва нусхаи онро ба роҳбарони кишварҳои ҳамсояи Осиёи марказӣ равон намуда Искандаровро дар ҳамкорӣ бо исломиҳои сиёсӣ ва ба гуфтаи худаш фундаменталистон айбдор кард ва ҳушдор дод, ки дар сурати ба ихтиёри Тоҷикистон вогузории ин фирқаи ҳарбӣ онро ҳамин қувваҳо истифода мебаранд. Сафаралӣ Кенҷаев интихоб ва раисии Искандаровро ғайриқонунӣ мешуморид ва ӯро дар як саф бо мухолифин қарор медод

« Акбаршо Искандаровров на депутатҳои Шӯрои Олии ҷумҳурӣ ва на халқи ҷумҳурӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб накарда буданд. Мувофиқи Қонуни асосии ҷумҳурии Тоҷикистон раиси ҷумҳурро танҳо халқи ҷумҳурӣ бо роҳи овоздиҳии пинҳонӣ интихоб менамояд. Аз ин рӯ, ӯ ҳаққу ҳуқуқи вазифаи раиси Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба дӯши худ гирифтан ва ба имзо расонидани чунин фармонҳоро надошт ва ин сӯиистеъмоли ҳокимият аз рӯи манфиатдории ғаразнок ва фарох қадамгузорӣ аз ҳадди ҳокимият буд, на чизи дигар! Тарзи дигар гӯям, бо ин амри носавоб аз доираи ҳуқуқу ваколатҳои ба вай додашудаи қонун барои нигоҳ доштани ТАБАДДУЛОТИ ДАВЛАТӢ ошкоро берун баромада, ба манфиатҳои давлату ҷамъият ва ҳуқуқу манфиатҳои бо қонун муҳофизатшавандаи мардум зарари камаршикан расонида, ҷинояти азим содир намуд.»  С.Кенҷаев. «Табаддулоти Тоҷикистон» китоби дуюм

Дар ҷойи дигари ин китоб боз роҷеъ ба Искандаров суҳбат карда ӯро сабабгори тамоми бадбахтиҳои мешуморад:

«Алқисса, дар ҳамаи ҳуҷҷатҳои расмии комиҷроияи шаҳру ноҳияҳои Қурғонтеппа чеҳраи мунофиқонаи Акбаршоҳ Искандаров дар радифи ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, Давлат Исмон,Ҷурабек Аминов, Давлат Худойназаров инъикос ёфта, ӯро чун роҳбари оппозитсия гунаҳкори реша давондани ҷанги бародаркуш дар вилояти Қурғонтеппа, ба қатл расондани ҳазорҳо мардуми бенаво ва ба муҳосираи иқтисодӣ гирифтор намудани вилоятҳои Кулобу Қурғонтеппа ба мардуми ҷумҳурию ҷаҳон муаррифӣ намуда, илтиҷо кардаанд, ки аз сари қудрат дураш созанд.»  С.Кенҷаев. «Табаддулоти Тоҷикистон» китоби дуюм

Ҳабибулло Табаров, вакили Шӯрои олӣ дар Иҷлосияи 16,ки ҷойи Искандаров дар рӯзи аввал кори онро пеш бурд, низ иқрор мекунад, ки вакилони кулобӣ он вақт ба Искандаров бовар надоштанд. Вале сабаби онки дар он иҷлосия вай натавонист кадом мақоме касб кунад, ҳамин Кенҷаев буд:

   «Мо фикр доштем, ки Искандаров аз оппозитсия пуштибонӣ мекунад, ба мо овозаҳое мерасид, ки гӯё ӯ барои халосии Сайфиддин Сангов, муовини раиси вилояти Кулоб, ки ба дасти оппозитсия асир афтода ба қатл расида буд ва ҳам барои аз байн бурдани муҳосираи иқтисодии вилояти Кулоб кори назаррасе анҷом надод. Искандаров он вақт яке аз роҳбарони баландпояи Тоҷикистон буданд. Ба Искандаров вазифаи раиси Кумитаи равобити иқтисоди хориҷӣ пешниҳод шуд,вале Кенҷаев ва боз чанд депутати дигар мухолифат карданд». Ҳабибулло Табаров. «То мард сухан нагуфта бошад…» Душанбе-2009

Айнан ҳамин тасмими пешниҳоди мансаб аз қисме аз депутатҳои вафодор ба Фронти халқӣ дар Иҷлосияи 16 Кенҷаевро ба шиддат ошуфта ва дар хашму ғазаб оварда буд. Зеро, ба назари Кенҷаев Искандаров яке дигар аз роҳбарони оппозитсион буд на кадри «ҳукумат»:

 «Дар байни якчанд рӯзу соати башумор чи тағироте дар вазъи ҷамъиятиву сиёсии ҷумҳурият, дар рафти сессияи Шӯрои Олӣ ё дар ҳаёти Акбаршо Искандаров ба вуҷуд омад?! Чи кори неке А.Искандаров нисбати халқу миллати ҷумҳурӣ дар давоми ду -се рӯз ба анҷом расонд, ки дастони пур аз хуни ӯро шуст? Ё қувваи дохилию беруние буд, ки ба роҳбарони нав интихобгардидаи ҷумҳурӣ, ки умеди ҳама мардуми ҷумҳурӣ ва берун аз он ба онҳо буд, таъсири худро расонду ҳамаро паси сари намуда, ба амалиётҳои Акбаршоҳ Искандаров баҳои сиёсӣ надода бар хилофи ақидаи ҷавонмардони Фронтии халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кулли мардуми ҷумҳурӣ содалавҳона ё ноҷавонмардона боз ӯро вазири робитаҳои иқтисодии хориҷии ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳокимаи сессияи Шӯрои Олӣ пешниҳод намуданд…..аз номи ҷавонмардони ғурамарг гардида ва дар ҳаёт будаи Фронти халқии Тоҷикистон баромад карда иброз намудам, ки Акбаршоҳ Искандаров ҳуқуқи маънавии соҳиби ягон мансаб гардидан надорад ва номзадии ӯ аз муҳокимаи Шӯрои Олӣ бардошта шавад.» С.Кенҷаев. «Табаддулоти Тоҷикистон» ,китоби дуюм.

Аммо, барои мисол шодравон Аслиддини Соҳибназар, муовини вазири кишоварзӣ ва яке аз шахсиятҳои бонуфузи онрӯзаи мухолфин ва Ҳукумати Мусолиҳаи Миллӣ, ки бо Искандаров дар чандин сафарҳо ба музофоту маҳаллоти ҷанг ҳамроҳӣ кардааст, бар ин назар аст ки Искандаров мавқеъи қотеъ надошт ва калаванда буд:

«Борҳо дар ҷаласаҳои Раёсати Шӯрои Олӣ ин ақидаро иброз доштам вале и.в раиси Шӯрои Олӣ А.Искандаров низ мисли раиси ҷумҳурӣ мавқеи муайянро ишғол накарда буд. Вай боварӣ дошт, ки дахолат накардан ба тақдири сарварони вилоятҳо, бетараф истодан ба ӯ дар оянда имконият медиҳад, ки ба курсии раиси Шӯрои Олӣ нишинад. Ин рафтор дар ҳамон лаҳза барои «бачаи хуб» будан дуруст буд. Аммо барои оянда хато.

   Амалан дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Олӣ, даъвати 15 аз 156 намояндаи мардумӣ 154 овоз гирифта, А. Искандаров ғалаба кард. Вале ин ғалаба аллакай мағлубият буд. Аз чор вилояти ҷумҳурӣ, ки дар якеи он-Бадахшон сарвар буд ва дар дигаре, ки ӯро тарафдорӣ карданд,-Қурғонтеппа ҷанг мерафт ва ду вилояти дигар, ғалаби ӯро рӯирост эътироф намекарданд».

« Гузашта аз ин А. Искандаров ҳамчун раиси Шӯрои Олӣ дар оянда ва пас аз ба истеъфо рафтанаш дар ҷаласаи 16 Шӯрои Олӣ иброз накард, ки шумо «куҳистониён (кулобиҳо) ҳамаи мансабҳои аввалро соҳибӣ кардаед ва ин амали шумо ҳаргиз оромии Тоҷикистонро таъмин нахоҳад кард. Ӯ бовар дошт, ки дар ин ҷаласа бемансаб намемонад. Бинобар ин хомуширо интихоб кардан-як навъ ғалаба аст». Аслиддини Соҳибназар. «Субҳи ситоракуш»Китоби 2

 Давлати Усмон, ноиби сарвазир дар Ҳукумати Мусолиҳаи Миллӣ ва яке аз роҳбарони онрӯзаи оппозитсион низ нуқтаи назари мушобеҳе бо шодравон Соҳибназаров роҷеъ ба Искандаров дорад. Ҷаноби Усмон, ҳамзамон иқрор мекунад, ки онҳо метавонистанд гаҳ-гоҳе тавассути Искандаров бархе аз пешниҳодоташонро вориди масоили ҷаласаҳои Шӯрои Олӣ кунанд:

«Тавассути Акбаршо Искандаров, ки раиси Шӯрои Олӣ буд ва бо оппозитсиюн робитаи бад надошт ва раёсати Шӯрои Олӣ, ки дар онҷо ҷаноби Тӯраҷонзодаву Соҳибназаров узвият доштанд, тавонистем, ки ҷаласаи 15-и Шӯрои Олиро даъват кунем. Дар рафти ҷаласаи 15-и порлумон бо Нарзулло Дӯстов, ки он вақт дигар ноиби президент набуд, сӯҳбат кардам. Ӯ гуфт, дар ҳукумат кор бидиҳед, омода ҳастам, ба Набиев бифаҳмонам, ки ӯ дигар кишварро идора карда наметавонад, бесалоҳият шудааст. Гуфт, ки ин ҳамаро ошкоро дар ҷаласа низ мегӯяд».

Вале нуктаи ҷолибе, ки дар мавриди мавқеи онрӯзаи Искандаров баён шудааст, ба Абдулмаҷид Достиев тааллуқ дорад. Андешаи Достиевро инҷо айнан нақли қавл мекунем:

   «Имрӯз бояд гуфт, ки дар он ҳолат ба ҷои Раиси Шӯрои Олии вақт Акбаршо Искандаров, гумон буд, ки касе аз вай беҳтар роҳбарӣ карда тавонад»

А.Достиев «Ситораи ғолиб». Душанбе «Матбуот»2006

Сухан инҷо дар бораи он меравад, ки Искандаров вақте дар қароргоҳи 201 (дар ҳузури генерали рус ва Кенҷаев дар 25 октябри соли 1992) санад дар бораи даъвати иҷлосияи 16 дар Хуҷандро имзо ва розӣ шуд, ки бо Ҳукумати Мусолиҳаи Миллӣ ва раёсати Шӯрои Олӣ ба истеъфо мераванд, ба эҳтимоли зиёд бидуни маслиҳат бо мухолифин ба ин корҳо розӣ шуд. Ҳамчунин, вақте дар Хуҷанд ӯро имкон надоданд, ки ҷаласаро пеш барад, ҳеҷ муқовимат ва талоше барои онки нагузорад болояш вакилони Фронти халқӣ тасаллут дошта бошанд, аз худ нишон надод. Аммо, дар танаффуси иҷлосия вақте барояш фаҳмониданд, ки бояд дар мақоми доштааш бимонад, ба иҷлосияи баргашту норозигии худро баён кард ва депутатҳои кулобӣ ҳам фаҳмиданд ва курисро аз нав таҳвилаш карданд. Мунтаҳо сукут, мулоимӣ, ва гоҳо амдан худро ба нодонӣ задан ӯро то андозае барои вакилони кулобӣ ҳамназар карда буд. Аз инҷо буд, ки Абдулмаҷид Достиев мегуяд ҳар касе ҳам ҷои Искандаров буд беҳтар аз вай кор намекард:

 « Аммо набояд аз ёд баровард, ки вақте вакилон ба раёсати Шӯрои Олӣ, ба ҳукумат нобоварӣ эълон карданд, Акбаршо Искандаров аз минбар гуфтанд: «модоме сухан дар бораи боварӣ кардану накардан ва аз нав интихоб кардани раёсати Шӯрои Олӣ меравад, мехоҳам,ки раиси Иҷлосияро Ҳабибулло Табаров ба унвони як вакили куҳансол пеш барад». Ин ҳамаро мешавад имрӯз ба осонӣ гуфт. Ман медонам, ки Акбаршо Искандаров он лаҳзаҳо дар зери чи гуна фишору таҳдид қарор дошт. «Ту агар истеъфо медиҳӣ…агар ба хоҳиши худат меравӣ….фалон-фалон корро мекунӣ…кӯдаконатро намебинӣ». Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, вай дурандешӣ зоҳир намуда, ба баҳсу кашмакашҳои байни вакилону раёсат нуқта гузошт.» Абдулмаҷид Достиев. «Ситораи ғолиб»-Душанбе, «Матбуот» -2006

 Инки Достиев Искандаровро тавре менависад, ки таҳти фишори мухолифин қарор дошт ва новобаста аз ин фишор мавқеи дурустро интихоб кард, дурусту дақиқ ба Кенҷаев маъқул набуд. Инҷо бори дигар маълум мешавад, ки Фронти халқӣ ва Сангак Сафаров ва Достиеву Раҳмонов хеле барвақттар болои Кенҷаев хати бутлон кашида буданд ва аз ин сабаб буд, ки вай чун мӯи оташдида месухт:

« Бар хилофи қонунҳои ҷумҳурӣ ва башар бо амри Акбаршоҳ Искандаров раиси Ҷуҳур Раҳмон Набиев аз иҷрои вазифа дур ва ба ҳабси хонагӣ гирифтор гардида буд. Ва «боевикҳо» намегузоштнд, ки ӯ аз хона берун ояд. Ин буд давлати «демократияи исломӣ»- Акбаршоҳ Искандаров, ки боз имрӯз ӯ азизи бисёре аз роҳбарони кунунии ҷумҳурӣ гардидаасту сиёсати давлати Тоҷикистонро дар ҷумҳурии бародарии Туркманистон «садоқтамандона» ва «софдилона» ба амал мебарорад! Ин  хомхаёли зарбулмасали  халқии «Ба касе,ки падаратро куштааст, модаратро бароварда диҳӣ, то ин ки ба биҳишт биравӣ-ро ёдрас мекунад.»  китоби 3

 « Охир, чи гуна, дар асоси кадом қонун бо қарори Раёсати Шӯрои Олӣ, бо имзои А.Искандаров Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Набиев  аз вазифа дур сохта, вазифаи ӯро ба зиммаи раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон А.Искандаров гузошта мешудааст?! Дар асоси кадом конститутсия?! Кадом қонуни ҷумҳурӣ ва башар раиси ҷумҳурро, ки бо роҳи раъйдиҳи умумихалқӣ интихоб гардидааст, намегузоранд, ки баъди маҷбуран имзо кардани коғазпораи беасосу бемояи беномусона ғасб намуда то  сессияи Шӯрои Олӣ ифои вазифа намояд. Ҳол онки банди дуюм ва сеюми қарор бо ҳам мухолифанд. Таваҷҷуҳ фармоед. Дар банди сеюм «Аризаи Р.Набиев дар бораи истеъфо аз вазифаи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳокима гузошта шавад». Яъне президенти ҷумҳурӣ вазифадор аст, ки то ба қувваи қонун даромадани қарори Раёсати Шӯрои Олӣ дар бораи аризаи ба истеъфо баромаданаш ва агар худи ӯ хоҳони хаттӣ бо нишон додани сабабҳои дар Қонуни асосии ҷумҳурӣ ба истеъфо баромадан бошад, вазифаи раиси ҷумҳуриро иҷро намояд». С.Кенҷаев. «Табаддулоти Тоҷикистон». Китоби 2

Аммо худи Акбаршо Искандаров, новобаста ба онки дар Иҷлосияи Хуҷанд аз мансаб ва мақом канор зада шуд, мегуяд, ки баргузории ин иҷлосия дар он замон муҳим буд:

«Ман аз як чиз бисёр нороҳат шудам. Аксарияти он мардуме, ки мо он вақт ҳамроҳашон кор мекардему сӯҳбат мекарданд, фақат дар бораи беҳбуди вазъияти Тоҷикистон ҳарф мезаданд, фақат дар бораи бас кардану пешгирӣ намудани ҷанг сухан мерафт. Мо барои баргузорӣ ва барои дуруст тайёр кардани асноду масъалаҳои иҷлосияи Шӯрои олӣ як комиссияи босалоҳият ташкил кардем. Фикр доштам, бояд як коре кунем, ки ин охирон ҷаласае бошад, ки масъалаи ҷанг ва пешгирӣ кардани ҷангро муҳокима намояд. Зеро он бисёр идома пайдо кард. Ҳама мефаҳмиданд, ки оқибати он чӣ мешавад. Вақте мо ба Хуҷанд рафтем ва вазъиятро камтар омӯхтем, бисёр ҳайрон шудам, ки ҳамин мардуме, ки ҳамроҳи ман буданд, мардуме, ки фақат ба манфиати сулҳу салоҳ гап мезаданд, ҳама чизро мондему фақат ба курситақсимкунӣ сар кардем. Ман дар ҳамон давра ҳам гуфта будам, ки ин курсиҳо аз ҷумла рафтан ва ё нарафтани раиси Шӯрои олӣ фақат дар дасти депутатҳо аст. Кадом вақте хоҳанд метавонанд раиси Шӯрои олиро бозхонд кунанд, зеро ин мақоми президент нест, ки дар ихтиёри мардум бошад.»

Ба ин тартиб дар Иҷлосияи 16-и Хуҷанд Акбаршо Искандаров аз мақом барканор ва бидуни кадом мансабе ба Душанбе баргашт, агарчи сарвазири таъйинкардаи вай Абдуллоҷонов барои ҳукумати нав ҳам мақомашро ҳифз кард. Вале ҳукумати нав ӯро фаромӯш накард ва дар зудтарин фурсат бо пешниҳоди Абдуллоҷонов ва ризоияти Эмомалӣ Раҳмонов вай сафири Тоҷикистон дар Туркманистон таъйин шуд. Аммо, чуноне гуфтем, Искандаров аз аксарияти сиёсатмадорони онрӯза бо мавқеи миёнаравии худ тафовут дошт. Аз инҷо буд, ки солҳо баъд ҳам эътироф мекунад, ки барои пешгирӣ карда натавонистани ҷанги шаҳрвандӣ худро муқассир мешуморад, эътирофе, ки на ҳама роҳбарони онрӯза ва имрӯза ба гардан гирифтаанд:

  Худамро бисёр сарзаниш мекунам, ки ману ҳамкоронам натавонистем пеши роҳи ҷангро гирем. Албатта, ин омилу сабабҳои зиёде дорад, ки барои чӣ мо натавонистем. Ба ҳар ҳол, худамро доимо дар ҳамин масъала гунаҳкор ҳам ҳисоб накунам, фикр мекунам, хубтар бояд кор мекардем ва тамоми чораҳоро меандешидем, то пеши роҳи ҷангро гирем. Албатта, ҳамааш аз ман вобастагӣ надошт. Раисҷумҳур буд, шахсиятҳо дигар буданд. Лекин дар маҷмуъ, фикр мекунам, тамоми мардуме, ки дар сари қудрат буданд, ҳамаамон гунаҳкор будем.”

 Поёни қисмати ҳафтдаҳуми ин силсила матолиби мо ва қисмати ҳаждаҳуми мо бар мегардад ба як қаҳрамони ғурамарги он солҳо. Унвони қисмати ҳаждаҳуми мо : “Чаро Сангак Қадриддин Аслонов, муаллифи Эъломияи Истиқлоли Тоҷикистонро кушт?

Share This Article