Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№405

Ислоҳ нет

Ин бор аз шаҳру навоҳии Ваҳдат, Восеъ ва Рудакӣ номаҳои шуморо, ки дар навбати нашр буданд, барои ин шумора омода намудем.

Аз ҷамоати деҳоти Абдулло Абдулвосиеви Ваҳдат номаи расида аз он мегуяд, ки дари масҷиди деҳаи Обидари Даҳанаро баста шарт гузоштанд, ки баъди иҷрои нақшаи даъвати аскарӣ ифтитоҳ мекунанд ва ё барои хариди сарбоз бояд 10.000 сомонӣ мардум ҷамъоварӣ кунанд.

Аз ноҳияи Рудакӣ дар бораи порахӯриҳои Нусратуллло Салимзода, раиси ин ноҳия маълумотҳои мувассақ ироа кардаанд. Ба навиштаи муаллиф дар тули ин чанд муддати раисӣ Нусратулло Салимзода алакай тавонистааст даҳҳо миллион доллар «кор» кунад.

  Номаи расида аз Восеъ бошад маълумотҳои наву ҷолибе дорад. Маълум мешавад, ки Раҳмонов ба ҳар иншоот, ки барои ифтитоҳ мерафтааст, пул мегирифтааст. Ва пули кам ҳам не.

          Ваҳдат

  Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Ин номаи маро дар шумораи навбатии «Номаҳо аз ноҳияҳо» ҷой диҳед.

Деҳае, ки дари масҷидашро маҳкам карданду муҳр заданд Обидараи Даҳана ном дорад. Ин деҳа дар ҷамоати Абдулло Абдулвосиев дохил мешавад. Онҷо боз деҳаҳои Андигон, Дашти беди Калон, Обидараи чингак, Қулбегӣ, Баҳористон, Гулрез, Ганҷина, Даштибеди хурд, Даҳана, Заргар, Суфиён Кабиробод, Кофарниҳон ва чанд деҳаи дигар ҳам ҳаст.

Як бародар аз қишлоқи Қулбегӣ дар Обидараи Даҳана меҳмон мешавад. Вақти намоз мешавад меояд то намозро дар масҷид бихонад. Аммо гуфт, рафтам, ки дари масҷид маҳкам. Мепурсад, ки дари масҷидро кӣ маҳкам кардаст? Як одам мегуяд, ки Саъдӣ аз ҷамоат маҳкам кард ва гуфт, ки 10.000 сомонӣ меоваред баъд дари масҷид боз мешавад. Барои он даҳ ҳазор сомонӣ, ки гуё деҳа нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба аскариро буд накардааст ва барои онки нақша иҷро бишавад бояд ё ду сарбоз бидиҳад ё ҳамин миқдор пулро.

Хуллас, ин бародар мефаҳмад, ки Саъдӣ, корманди ҷамоат аст ва ба гуруҳи деҳа муроҷиат кардааст, ки ҳар кас чени қудрат ва тавоноӣ ба картаи хайроту садақоти деҳа пул бисупорад, то маблағро бидиҳанду дари масҷидро боз кунанд.

Аммо ин корманди ҷамоат боз «илтимос» кардааст, ки «дар ҳама ҷо нагуед, ки мо пул ҷамъ кардем, ин тавр кардем, он тавр кардем. Хайр, акнун ин корҳои шахсӣ аст. Магарам дар байни маҳалла ҳал кунем. Дигар роҳ надорем. Агар шермардони ҳамон қишлоқ мешуд, ки мехест хизмат мерафт, масалан уна бачаи акаи Маҳмадшариф, худо раҳмат кунад падарашро, мана якто рафта истодааст, хеле корамон сабук аст, вагарна мо ҳозир бояд дуто медодем».

Ин корманди ҷамоат  боз гуфтааст, ки «се рӯз шуд дари масҷидамон маҳкам. Мо тоқат кардем, гуфтем ҳастанд одамҳое, ки гуфтем, майлаш хубиаш намерасад дар ҷамъият зарараш нарасад, ки ҳама хапу дам аст. Барои ҳамин бачаҳо биёед дар ҳамон картаи хайру садақот касе чанд суме зӯраш мерасад барои масҷид, барои ҳамин кор биёед партоед, як  солдат бихарем бидиҳем, масҷидро ҳуй кунем. Қишлоқе, ки овози азон набарояд зиндагӣ дар он қишлоқ ҳаром аст, мегуянд,  бачаҳо акнун аз руи як кайк пустинро алов назанем. Охир нашавад чи кор кунем.

Бародарҳо пулро 50 000 ограничений монда будем. Ман бо муллои қишлоқ гап задам, акаи Ҳикматулло, пул дар 100 ҳазор хестагӣ. Илтимос, биёед бетарафӣ накунед буд кунем».

Хулоса, ба гуфтаи ин бародар як нафарро меёбанду миёнарав мекунанд ва бо додани 5000 сомонӣ муҳри дар масҷидро меравад мегирад.

Ва ана ин рӯйхати нафарон ва маблағҳои гузаронидаи онҳо ба картаи хайру садақоти деҳа аст ки барои кушодани дари масҷид аз дохил ва аз хориҷ перевод намудаанд.
1) Ҳоҷӣ Насим 2500 рубл
2) Умеди Ваҳоб 100 сомон
3) Илҳоми Иброҳим 1700 рубл
4) Баҳридини Сафар 1000 рубл
5) Ҷаъфари Идибек  300 сомонӣ
6) Ҳоҷӣ Мирзоалӣ 2000 рубл
7) Ҷамоли Раҳмон 120 сомонӣ
8) Фарҳоди Асад 1000 рубл
9) Соҳиби Ҳасан 1000 рубл
10) Ҳоҷӣ Абдусаттор 3000 рубл
11) Зикири Зоир 2000 рубл
12) Нуруллои Бозор 150 сомонӣ
13) Назар Алиев 300 сомонӣ
14) Ғаюри Нуралӣ 2500 рубл
15) Маҳмади Раҷабов 506 сомонӣ+3000 рубл
16) Акрам Исмоилов 1000 рубл
17) Ҳоҷӣ Файзалӣ 10000 рубл
18) Ҳоҷӣ Эмом 2000 рубл
19) Аҳлиддин Эмом 300 сомонӣ
20) Ҳоҷи Абдуҳафиз 200 сомонӣ
21) Ҳоҷӣ Сулаймон 150 сомонӣ
22) Ҳоҷӣ Диловар 3000 рубл
23) Орифи Зариф 216 сомонӣ
24) Обиди Зариф 108 сомонӣ
25) Алиакбари Кассир 1000 рубл
26) Муқими Азизов 1000 рубл
27) Фирдавси Ҳасан 1000 рубл
28)Шӯҳрати ҳоҷӣ Мурод 2000рубл
29) Субҳони Моҷир 2000 рубл
30) Фирдавси Раҳмон 2000 рубл
31) Зиёрати Амиршо 300 сомонӣ
32) Меҳроҷ пасиёлка 3000 рубл
33) Меҳроҷи Ҳикмат 1000 рубл
34) Давлатбег Шарипов 100 сомонӣ
35) Довути Ҳофиз 200 сомонӣ
36) Наъим Азизов 200 сомонӣ
37) Ҳотам Азизов 2000 рубл
38) Тимур Олимов 2000 рубл
39) Иноят Миров 3000 рубл
40) Азам Шарипов 300 сомонӣ
41) Бахтиёри Мурод 100 сомонӣ
42) Хушбахт чашма 100 сомонӣ
43) Меҳроби Мир 1000 рубл
44) Суҳбати Моҷир 4000 рубл
45) Шаҳром Холиқов 1000 рубл
46) Шараф Сайфулоев 2000 рубл
47) Ҳоҷӣ Сафарали 1500 рубл
48) Тағойбек Шарипов 100 сомонӣ
49) Маълим чашма 500 сомонӣ
50) Фарух Олимов 100 сомонӣ
51)Сафарбек Исмоилов 2000рубл

Бародар, гуфтам ҳамин хабарро ба шумо бирасонам ва агар тавонистед дар барнома ҷой диҳед. То ҳама фаҳманд,ки барои сарбоз дари масҷиди мо баста мешавад ва мо бояд барои кушодани дари масҷидамон пора диҳем. Аз ин карда зулм бештар мешавад?

Боқӣ, дар амони худо бошед.

             Восеъ

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Умедворам солиму тандуруст бошӣ. Ман ҳамон восеъиям, ки дар бораи ноҳияи Восеъ ва бозори Корвони шаҳри Душанбе ба шумо пештар маълумот дода будам. Мехоҳам як маълумоти дигар аз ноҳияи Восеъ ба шумо бигуям.
Якум аз соҳибкорони ноҳия Восеъ оғоз мекунам.

 Даврон Мирзозода, тоҷири калон, ки ба мардум ёрӣ мерасонад, кор эҷод мекунад. Барои мардуми Восеъ меҳмонхона, ресторан ва мактабҳои калон сохту дод. Дар ҳақиқат меҳнат мекунад. Аммо Раҳмонов дар вақти боз кардани иншоотҳои сохтаи ин нафар масалан ҳамин меҳмонхона мактабҳо бояд бошад ва худро нишон диҳад. Дар ҳоле, кӣ ягон ёрдам аз тарафи давлат нашудааст. Баракс аз Мирзозода 300 ҳазор доллар гирифтаанд, ки Пешвои миллат меояд ва ифтитоҳ мекунад ва боз нашармида мегуянд, ки меҳмонхона ё мактаби сохташуда ба ташаббуси Эмомалӣ Раҳмонов аст ва Раҳмоновро дар шабакаҳои телевизионӣ реклама мекунанд.
Раҷабали Мирзозода як соҳибкори дигари восеӣ чанд беморхона сохтааст. Аз ин шахс, ки Худованд хайраш диҳад 500 ҳазор доллар гирифтаанд, ки «ту метавонӣ дар Тоҷикистон сармоягузорӣ кунӣ».

 Нигоҳ кунед, дар дигар давлатҳо тоҷирҳоро давлат зора мекунад, ки сармоягузорӣ кунанд, аз налогу гумрук сабукиҳо медиҳад, аммо ин оилаи гушнаи палиди Раҳмонов сероӣ надорад. Тоҷирҳоро бо зур пулҳошонро мегирад.

 Бовар кунед, ин гуна соҳибкорҳо зиёданд дар ҳар минтақаи Тоҷикистон, ки пулҳояшонро бо ҳамин гуна фанду фиреб гирифтаанд. Ҳатто ба пули мардум сохта шудагӣ биноҳоро Оилаи Раҳмонов гирифта Тоҷикистонро ғасб карда истодааст.
Дар бораи стадиони наве, ки соли пеш дар Восеъ сохтанд. Сохтмони ин стадион 10 сол тул кашид. Майда- майда аз мардум пул ҷамъ карданд. Давлат кори мардуми ноҳияро накарду намекунад. Юсуф Раҳмони гушна аз мардум пул мекашад.

Роҳҳо ҷазиру валангор, хати лулаи обро накашиданд, барои мардум свет нест. Дар рӯз 3 соат свет дорем. Мардум бо хару ароба об мекашанд, мактаби ҳалол надорем. Як муаллим аз се фан дарс медиҳад. Маоши як моҳаи муаллим аз хуроки якрӯзаи сагҳои Рустам камтар аст. Мардуми бечора фарзандонаш муҳоҷир. Вазъияти пулашон беҳад бад.

 Дар деҳаҳо мардум оби ҷушро бо нони қоқи чапотӣ тар мекунанд мехуранд. Ба  Худо қасам мебинамашон ҷигарам месузад. Ҷавонҳо ҳама дар ин ноҳия дар муҳоҷиратанд. Пирҳову кампирҳо пахта мечинанд. Дар замин кор мекунанд, кори миёншикани вазнин, аммо маблағи он ба зиндагиашон аслан намерасонад.
Бозорҳоро маҳкам мекунанд.

Бозори «Ҳулбук» арзонфуруш буданд. Омаданд бастааш карданд. Гуфтанд чаро мардум бояд чизи арзон бахаранд? Ҳатто Ҷумъабозорро ҳам чанд вақт намонданд, ки мардум кор кунанд.

Мебинам, ки ягон кори мардумро ҳал намекунанд, фақат ба кори мардум мушкил меафзоянду тамом.

Мехоҳам дар бораи як масъалаи дигар гап занам. ГАИҳои Восеъ ҳаромхуртарин ва гушнатарин кормандони давлатанд. Шунидам, ки як хели онҳоро Панҷакент перевод кардаанд. Худо ба доди мардуми Панҷакент бирасад. Албатта, ин ҳама аз «баракат»-и ҳукумати Раҳмонов аст ки ин гуна гушнаҳоро тарбият кардааст. Боз милицияҳояш бошад гушнатар аз ГАИҳояш аст.

Бовар кун бародар, як хел вақтҳо Восеъ меравам мебинамашон, мехоҳам як ягон ҷиноят кунам аз зулме бар сари мардум меоранд. Дар ин ҳад гушнаву ҳаромхуранд.

Дар масъалаи хизмат бошад ҳаминро гуфтаниам, ки ҳамин гуна бархурд ва суҳбат мекунанд, ки гуё инҳо фақат дашном шунида калон шуда бошанд: «фалониоча фалонут кунам». Ҳамин хел пастанд. Ҳамаро ҷамъ мекунанд дар облава: «Рост сарҳади Афғонистон биравед, биравед, ки террористҳо меоянд, Толибон ё Ансорулоҳ, мухолифони давлат меоянд, номусатон дар азоб мемонад».

 Ҳамин хел агитатсия мекунанд, то ки падару модарҳо фарзандонашонро хизмат сарҳад роҳӣ кунанд. Кадом падару модар мехоҳад, ки фарзандаш сарҳад хизмат равад ва барои ҷони Раҳмонов худро қурбон кунад. Мардум худо гуфта истодааст, ки ҷони пешво ҳарчи зудтар барояду нафаси осуда кашанд.

Бовар кунед агар онҳо ҳуҷум кунанд, мо бо онҳо ҳамроҳ мешавем. Чунки 34 сол ҳаст фиреб карда ҳукумат карда истодааст.

              Рӯдакӣ

 Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Аз ноҳияи Рӯдакӣ бароятон менависам. Ин нафаре, ки ба ноҳияи мо раис таъин карданд, Нусратулло Салимзода аз раисони пешина ҳам бадтар ва гушнатар омад. Аз рӯзи таъин шуданаш бовар кунед, ки аждаҳо аст гуем кам аст, сар кард ба пулҷамъкунӣ, махсусан аз домсозҳо. Дар бораи Нусратулло Салимзода дар «Ислоҳ» чандин мақолаҳову номаҳои мардум, аз ҷумла аз Бобоҷон Ғафуров чоп шуда буд, ки онҳоро ман мутолиа карда будам ва мегуфтам, ки шояд муболиға бошад. Аммо корҳое, ки ҳоло ин раис карда истодааст, нишон медиҳад, ки муболиға набудааст, балки хеле ҳам кам мегуфтаанд ва «Ислоҳ» ҳам кам гуфта будааст.

Раиси пешинаи ноҳияи Рудакӣ  генерал Абдуғаффор Ҳикматуллозода, ки муовини аввали Прокурори генералии Тоҷикистон буд, агар гуем, ки ноҳияро тохтутоз карда буд, хато намекунем.

Вале Нусратулло Салимзода аз вай сад чанд гузаронд. Дар ноҳия 600 қарор барои биноҳои баландошёна дода шудааст, ки ҳамаи онҳоро домсозҳо пардохт карда буданд. Салиимзода ҳамаи он қарорҳоро бекор кард ва бо баҳонаи канализатсия барои он 600 қарор аз нав пул ҷамъ кард.

   Якум бор ба баҳонаи пули канализатсия сум ҷамъ кард-300 сомонӣ сари ҳар як блок. Яъне 600 блок мешавад 180000 сомонӣ. Ин дар рӯзи аввали омаданаш ба кор буд.

Дуюм бор бо бахонаи трубаҳои об ҷамъ кард. Ин бор 400 сомонӣ аз ҳамаи 600 блок, яъне 240000 сомонӣ

Бародар ҳамаи ин гуфтаҳо факт аст.

 Барои пул шуда қарорҳоеро, ки соҳибкорҳо бо хуни дил ва садҳо ҳазор доллар гирифта буданд, ин беинсоф 96-тояшро бекор кард ва дубора сари ҳар як қарори бекор кардааш 150 долларӣ гирифту бо имзо худаш баргардонида дод. Бо ин масхрбозиаш аз ин 96 блок 1 35000 доллар( як миллиону сивупанҷҳазор долар) «кор» кард. 

Дар ҳамин як муддати кутоҳи раисиаш боз барои 143 блок қарор ба домсозҳо дод. Сари ҳар як блок 60 ҳазор доллари нақд мегирад. Акнун ҳисоб кунед, зарб занед, ин 60 000 долларро ба 143 қарор, чанд миллион долларшуд? 60000х143= 8 миллиону 580 ҳазор доллар мешавад?

Дар соҳаи кадрҳо бошад ин вазифаҳоро нав кард:

1 муовини соҳаи сохтмон 

2 муовини самти иқтисоду савдо 

3 раиси кумитаи замин 

4 сармеъмори ноҳия

5. Архитектор

6. Сардори раёсати молия

7. Сардори раёсати маориф

8. Сардори шуъбаи иқтисод 

9. Сардори шуъбаи амвол

10. Роҳбари дастгоҳ

11. Сардори шуъбаи кадрҳо

12. Сардори ОКС 

13. Ҳуқуқшиноси ноҳия 

14.  Хоҷагидори ҳукумат

Аз 14 ҷамоати дехот, ки дар ноҳияи Рудакӣ раисони 7 ҷамоатро иваз кард. Дар ҳамаи ин вазифаҳо одамҳои худашро овард ва албатта бепул не. То ҷое маълумоти сареъ гирифтем на камтар аз 2 миллион доллар кор кард.

Магар дар ноҳияи Рудакӣ ягон ҷавонмард нест, ки кор кунад?

 Дорад,аммо ин лошахурҳо кадри худи ноҳияро намемонанд ва ба мардум ҳам имкони кор карднро намедиҳанд. Ин Нусртулло Салимзода аз Данғара аст ва пешинааш ҳам аз ҳамонҷо буд. Инҳо инҷо фақат барои ғорати мардум ва киссапуркунӣ меоянд.   

Аз 145 мактабу боғча 113 мактабу боғча бо супориши Нусратулло Салимзода рохбаронашон иваз шуд.

Роҳбари дастгоҳи овардааш холабачаи Сулаймон Султонзодаи раиси Агентии мубориза бо коррупсия аст ки вай ҳам аз Данғара мебошад. Ин қадар миллионҳо пуле, ки ба дасти ин роҳбари дастгоҳи Нусратулло Салимзода ҷамъ мешавад, Дулан бардошта наметавонад, вале инҳоро коррупсия намебинд.

Як омузгори бечорро барои 100 сомонӣ делои ҷиноятӣ мекунанд, аммо чаро ин ҳаромхури Салимзодаро бо Исозода Зоир Қосимӣ роҳбари дастгоҳаш касе намебинад?.

Ин  Исозода Зоир Қосим ва Нусратулло Салимзода миллионҳоро ҷамъ кард истодаанд. Соҳибкорҳои ноҳия тамом, банкрот шуда истодаанд.

 Барои чи ин данғарагиҳо, Нусртулло Салимзода, раиси ноҳия ва Исозода Зоир Қосимӣ роҳбари дастгоҳаш дело намешаванду бояд муллиму мулло дело шаванд?

Ин холабачаи Сулаймон Султонзодаи раиси Агентии мубориза бо коррупсия одами худи Салимзода Нусратулло аст.

Ҳоло президент ноҳияи Рудакӣ рафт. Баъди рафтанаш боз пулҷамъкунӣ сар шуд.

Мунирахони котибаи раис чунон сиёсат дорад, ки ҳама дигар хокзани Мунирахон.

  Заводи асфалт оварданд аз Хуҷанд ва дар даруни водоканал установка карданд. Ин заводи худи Нусратулло Салимзода аст. Ҳозир ҳамаро водор ва маҷбур карда истодаанд, ки асфалтро аз ҳамин завод гиранд. ДЭУ мурд, тамом, овоз бароварда наметавонад.

Бародар, ин ҳам маълумоти мувассақу мушаххас аст.

Мо боз назорат мекунем ва ҳар фасодкориву ришвахории инҳоро ҳатман ба «Ислоҳ» менависем, ҳой мардум шумо ҳам нависед. Тақрибан 30 барнома аст мебинам дигар аз Рудакӣ номае наменависед? Ё ин ҳама зулму ситам ба шумо маъқул аст?

Share This Article