Шикояти ҷавонписарон аз ахлоқи ҳамсаронашон!
Мешунавм аз бархе бародарон,ки аз ахлоқи ҳамсаронашон меноланд.Мегуянд ҳамсарам маро гӯш намекунад? Ҳамсарам ахлоқи бад дорад? Ҳамсарам бо модарам ҳамеша дар мухолифати якдигар қарор доранд? Ҳамсарам худашро бароям ончунонеки ман мехоҳам омода намекунад? Ҳамсарам бо ман хело сард муносибат дорад? Албатта он занҳоеки ҳар яки мо ва шумо мехоҳем яъне бо имонро дар ин рӯзҳоеки олам дар авҷи аълои фисқу фуҷур меҷушад хело мушкил аст. Ҷомеъаҳоеки мо басар мебарем ҳама дар пай моддиёт ва ончи барои зиндагонии ин ҳаёти зуд гузар аст дар пеши чашмони ҳама нақш бастааст.Занҳо пур талаб фарзандҳо мехоҳанд бо мудди рӯз зиндагони кунанд ва ҳеҷ камои надошта бошанд.Мардҳо бошанд мехоҳанд ҳама ниёзҳои хонаводаҳояшонро бароварда кунанд дар ҳоле,ки на ҳамаашон муваффақ мегарданд.Солҳо марди бечори тоҷик бори муҳоҷират мекашад боз намедонад ончи бар душаш гузошта шудааст онро метавонад бароварда кунад ё на? Дар ҳоле занҳои рӯзгори Муҳаммад (с) ҳамеша қаноъатманд буданд ва барои шавҳарҳояшон беҳтарин мунисе буданд,ки бо он қаноъату матонаташон ҳама оламро тасхир намуданд.Аз домони он занҳо беҳтарин мардоне зода ва ба олам арза гаштанд,ки аввалин муъаллимашон модаронашон буданд.Ҳатто аз миллати мо тоҷик аз домони ин зани тоҷик яъне модар бузургҳои мо ба олами ислом 124 ҳазор олим, шоъир, нависанда, муфассир, муҳаддис, муаррих, ситорашинос, риёзидон, фаиласуфу дигару дигар арза намудаанд,ки ҳама ақвому миллати олам агар бингари чунин адад ба нудрат вуҷуд дорад ва ё аслан вуҷуд надорад.Ҳоло бошад зану модари тоҷики бечора аз куҷо тарбия шавад то фарзандашро тарбия намояд.Падараш дар муҳоҷират модараш дар фикри хурондани он духтар аст сипас кай он духтар тарбия гардад то мурраби барои фарзандон ва мунис барои шавҳараш гардад?Барои ҳар падари тоҷик мебояд хело дар тарбияи фарзандон кушиш ба харҷ бидиҳанд то зиндагии ояндаи он духтарашон дар оянда хуб ва боз пас аз шавҳар кардан сиёҳ бахт нагарданд.Ин ҳама аз тарбия вобастагии қавӣ дорад.Агар аз хурди омӯзиш парвариши духтарронамонро хуб аҳмият надиҳем фардо ахлоқи нописанди ӯ мояи бадбахти дар оилааш хоҳад гашт,ки дубора зиндагии ӯро бояд мо падарон ба душ гирем. Набояд фаромӯш кард,ки тарбияи духтар ин поя ва асоси ҷомеъа ба тамоми ҷанбаҳояш мебошад! Пас дар тарбияи духтаронамон аз писаронамон зиёдтар кушиш намоем.Расули акрам (с) мефармоянд:قال رسول الله صلى الله عليه وسلم: ((من كانت له ثلات بنات فصبر عليهن وسقاهن وكساهن كن له حجابا من النار) Тарҷума: “Шахсе се духтар дошта бошад сабр кунад бар онҳо бинушонад (яъне онҳоро бихуронад ва бинушонад ва тарбия намояд) ва бипушонад мебошад миёни ( ин мард аз барои ин амалаш) пардае ё садде аз оташи ҷаҳаннам”Боз дар ҳадиси дигаре аз Расули акрам (с) омадааст,ки чунин мефармоянд:عن أنس بن مالك – رضي الله عنه – قال: قال رسول الله – صلى الله عليه وسلم -: ((من عال جاريتين حتى تبلغا جاء يوم القيامة أنا وهو وضم أصابعه)) رواه مسلم برقم(2631 Тарҷума : Аз Анас ибни Молик (р) аз Расули акрам (с) ривоят менамоянд,ки чунин фармуданд: Шахсе тарбия намояд ду духтарашро (яъне маъне:عال Бипушонад бихуронад ҳама ҳоҷати духтаронашро бароварда кунад) то он замонеки ба балоғат бирасанд меояд рӯзи қиёмат (ин падар ё ин марди тарбия кунунда ) ман ва ӯ мисли ин ду ангушт ба ҳамдигар наздик ҳастем”(ҳадиси саҳеҳ ба ривояти Имоми Муслим).Пас эй падари гиромӣ дар тарбияи духтарон набояд саҳлангори кунем.Тарбияи хуб намоемҳам савобу аҷр ва дар наздикии Муҳаммад (с) дар ҷаннат қарор бигиред.Инчунин модарони гиромӣ чун шумо ҳамеша бо духтаронатон ҳастед ва аз мардҳо дида наздиктаред ҳамеша одоб ахлоқ эҳтироми бузургсолон хоссатан шавҳаронашонро бар духтаронатон биомӯзед.Модарони гиромӣ ба духтаронатон хушунат калимоте гуш накун назорат кун шавҳаратро ҳамеша бипурс ӯро чикор мекунадро наомӯзед! Зеро ончи ман то ба имрӯз мешунавам аксари хона вайронии ойлаҳо аз дасти хушдоманҳо сурат гирифта истодааст.Кушиш кунед дар зиндагонии духтаронатон дахолат накунед ҳамеша насиҳатгар бошед ҳамеша зиндагони осудаги надорад.Зиндагони дар худ камойи, норасоӣ, нобасомонӣ чизҳое дорад ғайри мунтазира ҳамеша духтаронатонро ба вуқуъи ҳамаи онҳо хабардор кунед то дар лаҳзаҳои хуби зиндагони гоҳо дар интизорӣ он воқеъаҳо бошанд. Ман барои ҷавононе,ки шикоят аз ҳамсаронашон доранд барои хуб шудани зиндагониашон кушиш намоянд китобе тарҷума намудаам ба номи “Чигӯна ҳамсарат туро дуст дорад” дар ин китоб 52 ҳолатро барои зиёд шудани муҳаббати зан ба мард оварда шудааст ҳатман онро хонед ва амал намоед зеро занҳам мехоҳад он меҳрубоние шумо аз онҳо тавақуъ ё дар интизоред занҳо низ онро аз шумо дар интизоранд.Умедворам бо амали намудани он машваратҳо тағйироте дар зиндагиятон иншоаллоҳ ба вуқуъ мепайвандад.