Тарбияи саҳобагон бо қиссаҳои зебои қуръонӣ
Қиссаҳои қуръонӣ пур аз мавъизаву ҳикмат, тавҷеҳоти ахлоқию тарбиявӣ ва усули ақидавию ибратомӯз аз мардумон ва қавмҳои гузашта аст ва умури таърихие нест, ки танҳо ба суду нафъи таърихнигорон бошаду бас, балки ҳатман, ҳикмату тавҷеҳоти Қуръон болотар ва беҳтар аст. Зиёда аз ин, қиссаҳои қуръонӣ пур аз тавҳиду яктопарастӣ, илму дониш, макорими ахлоқ, далелу ҳуҷҷатҳои ақлӣ ва панду ибратҳо ва баҳсу мунозираҳои ҷолиб аст. Барои бештар равшан шудани ин мазмун қиссаи Юсуф (а) худ як мисолест, ки бар ҷониби ахлоқиёти он бояд тааммул намуд.
Ҳакимон ва олимони ахлоқ мегӯянд: Умури уммат бе пайравӣ аз муслиҳон ва мардони қоим бар аъмол ва фозилону муршидони ҳодӣ муназзам намегардад ва эшонро шурут ва ахлоқи муайян аст. Агар марди қоим бар аъмол набӣ бошад, пас ӯро чил хислати накӯст, ки ҳамаи онҳо одоб ва фазилатҳоест, ки бо онҳо уммати худро сарварӣ менамояд ва агар раиси фозил бошад, пас ӯро баъзе аз ин чил хислат басанда аст. Аммо дар Юсуф (а) камоли мурсалин ва ҷамоли набийин ҷамъ омада буд, ки сирати муборакашро оқилон баҳри сарпарастӣ бар аъмоли муҳим басанда мешуморанд ва эшон соҳиби мулк ва нубувват гашта буданд. Аз сабаби мунқатеъ гаштани нубувват ва хатми рисолати Паёмбари Худо Муҳаммад (с) баҳри мақоми раёсат бар Мадинаи фозила баъзе аз он хислатҳои муҳимро зикр хоҳем намуд, то ибрат ва ёдоварие бар ҷӯяндаи фазл ва фикркунандае дар Қуръон бошад. (1)
Муҳимтарин шартҳое, ки ҳакимон барои соҳиби раёсат бар Мадинаи фозила будан гузоштаанд:
1. Порсо будан аз шаҳват, то бар нафси худ пирӯз гардад:
Чунонки дар каломи поки Худованди бузургу тавоно омадааст:
«Ва ҳамоно, он зан оҳанги ӯ кард. Ва агар на бурҳони Парвар-дигорашро дида буд, ӯ низ оҳанги он зан мекард. Чунин кардем, то бадӣ (хиёнати сайид ё мавло) ва беҳаёиро аз вай бозгардонем. Албатта, ӯ аз бандагони покдили Мо аст.» (Сураи Юсуф, ояти 24)
2. Ҳилм доштан, то дар вақти ғазаб худро ба даст гирад.
Ва дар ин маврид дар каломи поки Худои субҳон омадааст:
Гуфтанд: «Агар ӯ дуздӣ карда, бародараш низ пеш аз ин дуздӣ карда буд». Юсуф ҷавоби он сухан дар дил пинҳон дошт ва ҳеҷ изҳор накарда (дар нафси худ) гуфт: «Шумо дар вазъе бадтар ҳастед ва Худо ба бӯҳтоне, ки мезанед огоҳтар аст». (Сураи Юсуф, ояти 77)
3. Муносиби ҳол нармиш нишон дода осонгир будан ва дуруштӣ нишон дода сахтгир будан.
Ва дар ин маврид дар Қуръони карим омадааст:
«Ва чун борҳояшонро (як шутур бор аз таом ва ғалла) муҳайё сохт, гуфт: «Бародари падариятонро низ назди ман биёваред, оё намебинед, ки паймонаро комил адо мекунам ва беҳтарин мизбонам? Пас, агар ӯро назди ман наёваред, паймонае (яъне, таом ва ғалла) назди ман нахоҳед дошт ва ба ман наздик нашавед». (Сураи Юсуф, оёти 59-60)
4. Эътимод доштани бар нафс бо таваккул бар Парвардигор.
Дар Қуръони карим омадааст:
Гуфт: «Маро бар хазинаҳои (хӯрок ва амволи) ин сарзамин муқаррар кун, ҳамоно, ман (хазинаҳоро) муҳофизаткунандаам ва (ба сарфи дурусти он) доноям ». (Сураи Юсуф, ояти 55)
5. Ҳофиза ва хотираи хуб доштан, то битавонад гузаштаи чандсоларо ба ёд орад ва дар сиёсати худ дурусткор буда, аз умури мардум огаҳ бошад.
Қуръони карим ба ин мавзуъ ишора кардааст:
«Ва бародарони Юсуф омаданд ва назди ӯ дохил шуданд, онҳоро шинохт ва онҳо нашинохтандаш». (Сураи Юсуф, ояти 58)
6. Хаёл ва тасаввури нек доштан, то битавонад ҳама умурро ба таври пурра ва равшан бозгӯ намояд:
Ва дар ин маврид дар Қуръон омаадааст:
(Эй паёмбар, ба ёд ор), он гоҳро, ки Юсуф ба падари худ гуфт: «Эй падар, ман дар хоб ёздаҳ ситора ва хуршед ва моҳро дидам. Онҳоро дидам, ки саҷдаам мекунанд». (Сураи Юсуф, ояти 4)
7. Дӯстдори илм будану қобилияти баҳрабардорӣ ва алоқамандӣ ба он доштан.
Тавре дар китоби Худо омадааст:
«Ва ман пайрави дини падаронам Иброҳиму Исҳоқу Яъқуб ҳастам ва моро насазад, ки ҳеҷ чизро шарики Худо қарор диҳем. Ин фазилатест, ки Худо бар мову бар мардуми дигар арзонӣ доштааст, вале бештари мардум ношукрӣ мекунанд». (Сураи Юсуф, ояти 38)
«Эй Парвардигори ман, маро фармонравоӣ додӣ ва маро илми таъбири хоб омӯхтӣ. Эй Офаринандаи осмонҳову замин, Ту дар дунёву охират корсози манӣ. Маро мусалмон бимирон ва қарини шоистагон соз!» (Сураи Юсуф, ояти 101)
8. Шафқату тавозуъ доштан бар нотавонон дар ҳоли қудрату мансаб.
Ҳамчуноне, ки дар Қуръони карим омадааст, ки Юсуф (а) ҳар ду ҷавони бандишударо бо тавозуъ хитоб намуда гуфт:
«Эй ду рафиқи зиндонии ман, оё ибодати худоёни пароканда беҳтар аст ё ибодати Худованди яктои ғолиб бар ҳамагон?» (Сураи Юсуф, ояти 39)
Ва низ Юсуф (а) бо онҳо дар умури дунё ва диниашон гуфтугӯ намуда гуфт:
«Гуфт (Юсуф): « Ба шумо ҳеҷ нав таоме, ки (дар хоб) дода мешавед нахоҳад омад, магар хабардор кунам шуморо ба таъбири он, пеш аз он ки (далели сидқи ин таъбир дар бедорӣ) ба шумо биёяд, чунон, ки Парвардигорам ба ман омӯзонидааст. Ҳамоно, ман дини мардумеро, ки ба Худои якто имон надоранд ва ба рӯзи қиёмат кофиранд, тарк кардаам». (Сураи Юсуф, ояти 37)
Онҳо ба Юсуф (а) гуфтанд:
«Ва ду ҷавон низ бо ӯ ба зиндон афтоданд. Яке аз он ду гуфт: «Дар хоб худро дидам, ки ангур мефишорам (то шароб гардад)». Дигаре гуфт: «Худро дидам, ки нон бар сар ниҳода мебарам ва паррандагон аз он мехӯрданд. Моро аз таъбири он огоҳ кун, ки ҳамоно, аз некӯкоронат мебинем (чун ибодати Худоро ба хубӣ анҷом медиҳӣ ва некӯкорӣ)». (Сураи Юсуф, ояти 36)
9. Дар вақти тавоноӣ гузашт кардан:
Тавре дар китоби Худо омадааст:
Гуфт: «Имрӯз шуморо сарзаниш набояд кард. Худо шуморо мебахшояд, ки Ӯ меҳрубонтарини меҳрубонон аст!». (Сураи Юсуф, ояти 92)
10. Мурувват бо хешон:
Тавре дар китоби Худо омадааст: «Ин ҷомаи маро бибаред ва бар рӯи падарам андозед, то бино гардад. Ва ҳамаи касони худро назди ман биёваред». (Сураи Юсуф, ояти 93)
11. Қуввати баён ва фасоҳат дар таъбири хоби подшоҳ ва ҷалб кардани дилҳои ҳокимон ва раъият ва ин сухангуфтанҳои Юсуф (а) худ як фасоҳатест, ки мабнӣ бар ҳикмат ва илми худододӣ аст:
Тавре дар китоби Худо омадааст:
«Ва подшоҳ гуфт: «Ӯро назди ман биёваред, то ҳамнишини хоси худ гардонам». Ва чун бо ӯ дар сухан шуд, гуфт: «Ҳамоно, ту аз имрӯз назди мо соҳибқадр ва амонатдор ҳастӣ». (Сураи Юсуф, ояти 54)
12. Тадбири нек доштан ва аз он истифода кардан.
Тавре дар китоби Худо омадааст:
«Гуфт: «Ҳафт сол пай дар пай бо ҷиддият бикоред ва ҳар чӣ медаравед, ҷуз андаке, ки мехӯред, бо хӯша анбор кунед, (то ки то дер бипояд ва зуд вайрон нашавад)». (Сураи Юсуф, 47)
Пӯшида нест, ки миёни қиссаҳои қуръонӣ ва ахлоқи инсонӣ алоқаи ногусустание вуҷуд дорад, зеро ҳадаф аз зикр намудани қиссаҳои қуръонӣ баён намудани ахлоқи баланд ва воло, ки ҳар фарду ҷамоат ва ҳар давлату миллатро нафъ дорад ва дурию нафрат кардан аз ахлоқи нописанде, ки сабаби ҳалок гаштани мардум ва миллатҳост. Саҳобагони киром аз тарбият ва манҳаҷи Паёмбари Худо (с) ба худ истифода намудаанд, ки он худ порае аз ахлоқи қуръонист, аммо суннат ва роҳнамуди Паёмбари Худо (с) ниёз ба тафсил ва баёни бештаре дорад ва барномаи набавӣ ва қуръонӣ дар мавриди ахлоқ, шеваи беҳамто ва шигифтангез аст, зеро он аз ҷониби Парвардигори олам буда ва бо хусусиёти ягона ва мукаммал медурахшад. Бархе аз вижагиҳои он иборатанд аз:
1. Вуҷуди манбаи мукаммал, яъне Қуръон ва Суннат дар барномаи раббонӣ, зеро Қуръон ва Суннат барои ҳар чӣ ки ситоиш ва ё мазаммат шудааст, ҳадди муайяне гузошта аст.
2. Вуҷуди он чӣ ки маслакро пойдор сохта ва аз илм бармеояд, ки он умед доштан ба подоши Худо ва сарои охират аст.
3. Вуҷуди пешвоёни идорӣ, ки он аз асоси тарбияти ахлоқист ва чунончӣ он дар Паёмбари Худо (с) бо тамоми ҷанбаҳояш мушоҳида мешуд. (2) Худованд мефармояд:
«..Ва ҳароина, турост хулқе азим». (Сураи Қалам, ояти 4)
Барномаи набавӣ, ки баргирифта аз китоби Раббу-л-оламин аст, бар ахлоқ аҳаммияти бузург дода ва бо шеваҳои гуногун бар тамассуки бар ахлоқиёт водор сохта ва аз иртикоби разоил ва поймол намудани ахлоқиёт барҳазар доштааст ва нигариши Қуръон ба сӯи ахлоқ аз нигариши он ба ҷаҳон, зиндагӣ ва инсон сарчашма мегирад, зеро ақоид, аркон ва пояҳои бинои бошукӯҳи ҷомеаи исломиро ташкил медиҳанд ва қонунҳои шаръӣ хишти ин бино ва роҳҳои вурудии он шумурда мешаванд. Ахлоқи нек низ шукӯҳ ва равнақро ба ин бинои баланд мебахшад ва ба он рангу таровати зебо медиҳад ва агар ақидаи исломӣ решаи дарахти пуршоху барги Исломро ташкил медиҳад ва шариату қонунҳои исломӣ шохаҳо ва шукуфаҳои он ҳастанд, пас ахлоқ иборат аз меваҳо ва манзараи зебо ва беҳамтои он мебошад. (3)
Паёмбари Худо (с) дар тарбияи саҳобагони киромаш услубҳои таъсирбахш ва қобили пазириш ва илтизомро ба кор бурдааст, то ҳамаро аз доираи назариёт ба сӯи воқеият ва амали татбиқӣ раҳнамун созад ва баробар аст, ки аз рӯи эътиқод бошад (ба монанди муроқабати Худо ва орзӯи охират) ва ё аз рӯи ибодат (ба монанди тазкияи нафс). Бо сабаби пешрафти даъвати исломӣ ва расидани он ба давлати бузург, пешбурдҳои илзомие бар башарият гузошта шуд, ки он иборат аст:
А). Қонунгузорӣ, ки он барои ҳимояти арзишҳои ахлоқиёт гузошта шудааст, ба монанди ташриъи ҳудуд ва қисос, ки фард ва муҷтамаъро аз разоил ва таҷовузи бар дигарон (ба сабаби қатл ва дуздӣ) ва ё ба монанди поймол намудани номуси дигарон (ба сабаби зино ва қазф) ва ё ба таҷовуз бар худ ва рабудани ақл (бо шаробу мускироти гуногун) нигоҳ медорад.
Б). Муҷтамаъдорӣ, ки ин бар асоси он чи, ки Худо (ҷ) воҷиб намудааст, ба монанди амри бар маъруф ва наҳйи аз мункар, насиҳат ба некӣ миёни ҳамдигар ва масъулияти баъзе бар баъзеи дигар ва Худо (ҷ) ин масъулиятро дар радифи закоту намоз ва тоати аз Худо ва Расулаш қарор додааст. Худо мефармояд:
«Мардони муъмин ва занони муъмин дӯстони якдигаранд. Ба некӣ фармон медиҳанд ва аз ношоиста бозмедоранд ва намоз мегузоранд ва закот медиҳанд ва аз Худову паёмбараш фармонбардорӣ мекунанд. Худо инҳоро раҳмат хоҳад кард, Худо пирӯзманду ҳаким аст!» (Сураи Тавба, ояти 71)
Балки онро пояи устувори ин уммат қарор додааст.
Худованд мефармояд:
«Шумо беҳтарин уммате ҳастед аз миёни мардум падид омада, ки амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар мекунед ва ба Худо имон доред. Агар аҳли Китоб низ имон биёваранд, барояшон беҳтар аст. Баъзе аз онҳо муъминанд, вале бештарин табаҳкоронанд». (Сураи Оли Имрон, 110)
В). Давлатдорӣ. Чун ташкили давлати исломӣ ниёзи зарурӣ ба назар мерасид, он бар пояҳои маҳкам ва устувори ахлоқӣ барпо гардид ва дар ин гуна давлат ҳама ҷавониби ахлоқиёт бояд риоят гардад ва ҳама афроди ҷомеа ва муассисот аз он пайрав бошанд ва онро муҳимтарин ва болотарин нуқтаи тамоми ҳастии давлат бояд шумурд. (4)
Ин намунаи баъзе аз роҳҳои бинои ақидавӣ, рӯҳӣ ва ахлоқии даврони маккӣ аст, ки меваи пурбори худро ба самар расонида буд. Беш аз бист саҳобаи киром, аз ҷумлаи панҷоҳ шахсиятҳои сабқаткардагони дар Ислом буданд, ки масъулияти роҳбариро пас аз густариши ислом ва пас аз вафоти Паёмбар (с) ба дӯш доштанд ва онон бузургтарин пешравони уммат ба шумор мераванд. Ва бист саҳобии дигари аз онҳо дар замони Паёмбари Худо (с) ё шаҳид шуданд ва ё чашм аз ҷаҳон пӯшиданд. Ба ин сурат бузургтарин шахсиятҳои ин уммат, аз гурӯҳи панҷоҳ нафараи мусалмонони садри ислом буданд, ки нӯҳ тани аз даҳ нафари ба Биҳишт мужда дода шуда ҳам дар байни онҳо буд. Мусалмонони дастаи аввал баъд аз Паёмбари Худо (с) бартару болотарини афроди уммат ба шумор мераванд ва баъзе аз онон саҳми бузурге дар барпосозии тамаддуни исломӣ гузоштаанд. Монанди Аммор ибни Ёсир, Абдуллоҳ ибни Масъуд, Абӯзар, Ҷаъфар ибни Абӯтолиб (разияллоҳу анҳумо) ва дигарон. Ва дар миёни онҳо бузургтарин зани ин уммат Хадиҷа (р) ва амсоли ӯ монанди Умми Фазл бинти Ҳорис ва Асмоа Зотунатоқайн ва Асмоа бинти Умайс, ки намунаи беҳамтое буданд, низ вуҷуд доштанд, ки таърихи ин уммат шоҳиди саҳмгузории он бузургон аст.
Ва дастаи аввали сабқаткардагони дар исломро чунин фурсат ва сарнавишти нек насиб гардид, то зери дасти мураббии бузурги башар Муҳаммад (с) тарбияи рӯҳӣ, ақлӣ ва ахлоқиро ба даст оранд ва онҳо пешгомони дин ва ҳодиёни уммат гардиданд. (5) Паёмбари Худо (с) ба тазкия ва тарбияи онҳо мепардохт ва ононро аз олудагиҳои замони ҷоҳилият дур месохт. Пас чӣ хушбахт аст он кӣ бо Паёмбари Худо (с) дар зиндагии худ як бор сӯҳбат намуда, ба Ӯ (с) имон оварда бошад. Ҳоло касе, ки зери дасти Паёмбари Худо (с) тарбият ёфта ва дар ҳаёти ҳаррӯзааш аз дидори шарифи он хатми рисолат баҳраманд гашта ва машомаш аз бӯи хушгувор ва муаттари ӯ атрогин мегардид ва аз меваи суханони шаҳдбораш мечашид, ҳолаш чӣ гуна хоҳад буд? (6)
Муҳаммадиқболи САДРИДДИН
ФЕҲРИСТИ МАНОБЕЪ ВА ОСОРИ ТАҲҚИҚОТӢ
1. Тафсири Қосимӣ, 9\310.
2. Алвасатияту фи-л- Қуръони-л-карим, саҳ. 603.
3. Ал-минҳоҷул қуръонию фи-т- ташриъ, саҳ. 425-433.
4. Алминҳоҷу-л-қуръонӣ фи-т-ташриъ», саҳ. 433.
5. Тарбиятул қиёдия. Ғазбон, 1\201.
6. Тарбиятул қиёдия. Ғазбон, 1\202, 203.