Хумс аз куҷо баргирифта ва чӣ тавр тақсим мешавад?

Ислоҳ нет

Хумс аз куҷо баргирифта ва чӣ тавр тақсим мешавад?
(Аҳком, моҳият ва тавзеҳи Хумс № 1)
Хумс дар Қуръони карим дар маҷмуъ дар ду маврид зикр гардидааст. Бояд гуфт, ки Хумс аз закот фарқи зиёд дорад. Дар ҳоле, ки оёти қуръонии зиёде омада,ки ошкоро ба додани закот амр шудааст.
Ояти аввале, ки дар Қуръон омада, дар сураи муборакаи Анфол,ки аз маъракаи Бадри Кубро баён медорад, чунин аст:
1)“Бидонед, ки ҳар гоҳ чизе ба ғанимат гирифтед, аз панҷ як ҳиссаи он аз они Худову паёмбар ва хешовандонва ятимон ва мискинону дар роҳ мондагон аст…”(Сураи Анфол,ояти 41)
Инчунин дар ояти дигар дар шаън дар сураи муборакаи Ҳашр,ки бо зикри Фйи омадааст чунин аст:
2)“Он ғанимате, ки Худо аз мардуми деҳаҳо насиби паёмбараш кардааст, аз они Худост ва паёмбар ва хешовандону ятимон ва мискинону мусофирони дар роҳ монда, то миёни тавонгаронатон даст ба даст нашавад. Ҳар чӣ паёмбар ба шумо дод биситонед ва аз ҳар чӣ шуморо манъ кард, парҳез кунед. Ва аз Худо битарсед, киҳаройна, Худо сахт уқубатаст!”(Сураи Ҳашр,ояти 7)
Пас, хонандаи гиромӣ ҳарду ояте, ки ин ҷо омада, танҳо дар набардҳо омадааст на дар ҳолатҳои оддӣ ва мулкӣ.
Пас, моле, ки ҳангоми набард ба даст меояд миёни размандагон чунин тақсим мешавад:
Он мол чаҳор ҳиссаи аз он панҷ барои ғанимат гирандагон аст ва хумсаш барои дигарон,ки он 20% дарсади он аст.
Он мол ба панҷ тақсим хоҳад шуд яъне 80% моли аз набард ғанимат гирифташуда,ба размандагоне дода мешавад,ки дар он набард ширкат намуданд ва он молро ғанимат гирифтанд. Пас, аз ин он 20% дарсаде, ки боқӣ мондааст боз тақсим мегардад ба панҷ ҳисса чуноне, ки дар ду ояти боло зикри он рафт.Он Хумсе,ки барои Аллоҳ ва паёмбар (с) ихтисос дода шудааст, яъне чаҳоряки он моли аз ғанимати набард ба даст омада. Пас, аз вафоти Расули Акрам (с) оне, ки раёсати мусалмононро бар ўҳда дорад, он маблағро мегирад ва ба манфиъати мусалмонон истифода мебарад(инро гурўҳи панҷум шуморед)
1-) 4% ҳисса барои завилқурбо аст,ки онҳо хешовандони Муҳаммад(с) буданд, занҳо бозмондагони он Ҳазрат (с), зеро ба онҳо закот додан ҳаром аст.
2-) 4% ҳиссаи дигараш барои ятимон дода мешавад.
3-) 4% ҳиссаи дигараш барои мискинон дода мешавад.
4-) 4% ҳиссаи дигараш барои ибни сабил (роҳмондагон мусофирони бехонаву овора)
Барои возеҳ намудани он барои хонанда мехоҳам онро бо чунин формула фаҳмонам, то куллан ин масъала равшан гардад.
Лашкаре аз мусалмонон аз куҷое 10,000 маблағро ба ғанимат гирифтанд, тақсими он бад-ин зайл аст.
10,000 тақсими 5 бахш 2,000+2,000+2,000+2,000+2,000 онро ба панҷ қисмат тақисм намудем, 8,000 ҳазораш ҳиссаи размандагон шуд.2,000 ҳазор боқӣмонд,ин 2,000 ҳазорро боз ба панҷ бахш тақсим мекунем, мешавад 400, аз ин маблағро мегирад райси мусалмонон барои масоили умумӣ 400 дода мешавад ба авлоди Расулуллоҳ(с) 400 дода мешавад, ба ятимон 400 дода мешавад, ба мискинон 400 дода мешавад ва ба абнои сабил ҳамон тавре, ки дар боло шарҳаш рафт.
То инҷо хонандаи гиромӣ масъалаи Хумсро бо оддитарин формула ва муодила баён намудам, ки аслан бароят саволе боқӣ нахоҳад монд.
Тавре, ки дар боло зикр намудам ду ояти Қуръонро,ки дар яке аз он исми Хумс омадабуд ва дигараш “Фйи” бояд фарқият миёни Хумс ва Фйиро инҷо зикр намоям,ки ин ду боз аз якдигар фарқ доранд. Хумс молҳои куффор аст,ки ба ғанимати мусалмонон дар ҳолати ҷанг ва пас аз он медарояд.
Фйи ба моле гуфта мешавад,ки дар ихтиёри мусалмонон бидуни ҷанг ва бо роҳҳои гуногун медарояд.Вале дар иҷрои ҳукм ҳарду ба як шевое,ки дар боло зикраш намудам ҳамон тавр тақсим мегардад, агарчӣ номи аввалӣ хумс аст ва номи дуввумӣ Фйи аст.Албатта дар фйи миёни аймаи аҳли суннат ва ҷамоъат ихтилофи кучаке вуҷуд дорад, ки мехоҳам онҳоро низ баён намоям, то ин масъалаҳам ҳал гардад.
Тавре,ки дар оғози сураи муборакаи Анфол омадааст :
“Туро аз ғаниматҳои ҷангӣ мепурсанд, бигӯ: «Ғаниматҳои ҷангӣ аз они Худову паёмбар аст….”(Сураи Анфол,ояти 1)
Дар ҷой дигар омадааст: “Бидонед, ки ҳар гоҳ чизе ба ғанимат гирифтед, аз панҷ як ҳиссаи он аз они Худову паёмбар ва хешовандон ва ятимон ва мискинону дар роҳ мондагон аст…”
(Сураи Анфол,ояти 41)
Боз ҷойи дигар чунин омадааст:”Он ғанимате, ки Худо аз мардуми деҳаҳо насиби паёмбараш кардааст, азони Худост ва паёмбар ва хешовандону ятимон ва мискинону мусофирони дар роҳ монда, то миёни тавонгаронатон даст ба даст нашавад. (Сураи Ҳашр,ояти 7)
Муфассирин Фйиро бо Хумс як меҳисобанд, зеро дар мавриди Бадри Кубро нозил гардидааст ва ғаниматҳо маҳсуб гашта ҳарду дар ҳукм як аст.Пас, дар ин маврид намехоҳам зиёд бинвисам бо зикри ақволи айма ин бахшро ба поён мерасонам.
1.) Имом Молик (раҳ)ва баъзе аз ҳамасронаш мегўянд: Хумс ва Фйи дар ҳукм ва тақсими он яканд. Ончӣ Аллоҳ ва расулаш барои мо фармудаанд онро бояд иҷро кунем, бо он табақае,ки онҳоро ном бурдаанд, зеро ин амалро хулафои рошидин пас аз он Ҳазрат (с) амалӣ мекарданд ва мо низ онро бояд татбиқ намоем.
2.) Имом Шофеъӣ ва Имом Аҳмад(раҳ) Хумсро ба панҷ қисм тақсим менамоянд.Албатта ин ду имомҳам мувофиқанд бо имом Молик, пас иҷмоъ ҳамон аст, агарчӣ имом Абуҳанифа(раҳ) онро ба се бахш тақсим менамояд.
3.) Имом Абуҳанифа(раҳ) Хумсро ба се бахш тақсим менамояд ва ду гурўҳро аз ҳақ хориҷ менамояд.Якум худи Расули Акрам (с) барои онки вафот намуданд ва хешу таборашро низ дохили он намеҳисобанд.
Пас дар ин масъала иҷмоъ дар миёни чаҳор мазҳаби Аҳли суннат ҳамон қавли се имом шуд ва онро ба панҷ бахш тақсим намуданд.

Ихтилоф миёни аҳли суннат ва миёни шиъаи дувоздаҳ имома дар масъалаи Хумс!
1-)Худованд барои Завилқурбо, яъне авлоди ҳазрати Муҳаммад (с) яъне эшонҳо 4% дарсад муайян намудааст, вале онҳо 20% мегиранд!
2-) Худованд Хумсро аз моли ғанимате аз кофирон дар ҳолати ҷанг ва пас аз он мегиранд, муайян намудааст, вале ин шиъаҳо аз мусалмонон бе ҷанг дар ҳолати осоишта 20% дарсади комил мегиранд!
Хонандаи гиромӣ, ончӣ аз сирати мутаҳҳари ҳазрати Муҳаммад (с) ва хулафои рошидин мехонем дар ҳеҷ ҷое аз он зикр нагардидааст,ки Муҳаммад (с) ягон касеро фиристода бошад, то дар ҳолатҳои осоишта Хумс гиранд.Ягон сират нависе нанавишта, ки он Ҳазрат (с) ба бозорҳои Мадина касеро барои ҷамъоварии Хумс фиристода бошад, ин масъала аслан дар ягон китоб ҳам зикр нагардидааст ва таърихи ислом аз он суроғ надорад.Ҳатто ҳазрати Алӣ (р) низ дар айёми хилофати рошидаашон касеро барои ҷамъоварии Хумс ба ягон минтақае аз манотиқи таҳти роҳбариаш нафиристодааст ва дар ягон китоби таърихие аз он ёд нашудааст?
Зоҳиран ончӣ дар кутуби худи шиъа вақте ҷустуҷӯ менамоӣ масъалаи Хумс аз асри V ҳиҷрӣ маъмул гаштааст, яъне то асри V ҳиҷрӣ дар ягон мақтаъ аз ин Хумс ёд нашудааст.Вақте дар он панҷ аср чизе пайдо нагашт ва нанавиштанд оё мутаъаххирини шиъа инро аз куҷо оварда бошанд?
Масалан: Муҳаммад ибни Ҳасани Тусӣ яке аз бузургони фуқаҳои шиъа ба шумор меравад, ки дар авоили қарни V ҳиҷрӣ умр басар бурдааст ва яке аз муассисони ҳавзаи илмияи Наҷаф низ мебошад. Дар китоби фиқҳии хеш номе аз Хумсро нагирифтааст, дар ҳоле,ки дар китоби бузург ҳаҷми худ ягон масъалаеро нагузоштааст,ки онро зикр намуда набошад, вале аз Хумс дар китобаш ному нишоне нест.
Инчунин баъзе ривоятҳоеро дар кутуби шиъа пайдо намудам,ки бо фикри мазҳаби Аҳли суннат созгор аст, масалан:عن أبي عبد الله جعفر الصادق أنه قال: “ليس الخمس إلا في الغنائم خاصة”. وسائل الشيعة في الجزء التاسع صفحة 485
Аз Абуабдуллоҳ Ҷаъфари Содиқ инки фармудаанд: “Хумс вуҷуд надорад, магар дар ғаниматҳои хосса”(китоби Васоили шиъа дар ҷ. 9 саҳ. 485)
Инчунин фақеҳи мақдиси,ки ӯ назди шиъа ба Ардабилӣ маъруф аст, мегўяд: “Ончӣдар мавриди Хумс мегўянд аслан дар ҳолати оддӣ вуҷуд надорад ва набояд онро гирифт”
Ин фикр ва ақидаро олимони шиъи Сабзаворӣ ва ва Ҳусайни Наҷафӣ таъйид менамоянд дар адами вуҷуди Хумс дар ҳолатҳои ғаири ҷангӣ.
Идома дорад, бо мо бошед!

Share This Article