ХАБАРИ ХУШ

Ислоҳ нет

ХАБАРИ ХУШ

Ситоиш мар Худои меҳрубонро,

Нигаҳдори замину осмонро.

Забон андар сифоташ безабон аст,

Хирад аз дарки зоташ нотавон аст.

Ҳамди беҳад он Малики зулҷалолро, ки моликулмулки оламиён, подшоҳи подшоҳон ва рӯзидеҳи ҷумла бандагонаш аст. Салтанату подшоҳии Ӯ ҷовидон, Он аввале, ки ибтидо надорад, то аз он замон хабар диҳанд ва Он охире, ки интиҳо надорад, то бар он таърих ниҳанд ва сад ҳазорон санову сипоси беҳадду қиёс бар хайрулнос Муҳаммади Мустафо (с), ки хотамуланбиййн ва ҳодии дин аст ва бар аҳли байту хонадонаш бод. Шукри беҳад мар он Худойро, ки дар ин мавсими муборак, дар ихтиёри мо “Сомонаи Ислоҳ”-ро қарор дод. Сомонаи ислоҳ ба фазлу марҳамати Илоҳӣ комилан ба фаъолият шуруъ кард. Агарчӣ дар сомона ҳама мақолоти комил ва китобҳои тарҷумаву таълифшуда қарор надошта бошад ҳам, аммо тақрибан ҳазор мақола ва беш аз бист номгӯи китобҳо ҷой дорад. Ба фазлу марҳамати Аллоҳ мекӯшем, то он чи навиштаам дар ин сомона ҷой бидҳам ва барои ҳаммиллатонам тақдим намоям. Сомона феълан беш аз шасту панҷ бахш дорад, ки барои огаҳӣ ва фаҳму дарки миллати тоҷик чун боду ҳавое, ки метавон аз он нафас гирифт муҳиманду зарур. Сайъ мекунем дар сомона мақолотеро мунташир созем, ки барои ҷомеъаи феълӣ муфид ва дархури аҳамият бошанд. Аз соли 2014 то имрӯз, се сол мешавад, ки минбари ман пас аз масдуд гаштани сомонаи “Васатият”, фесбук ва шабакаи ҳамсинф буд, аммо воридшави ба ин бахшро низ масдуд карданд. Сабаб ин ки сухани ҳақ ба гӯши хонанда нарасад ва аз воқеияту ҳақиқиат огоҳ нагардад. Барои маълумоти бештар ба бахшҳои сомона ворид шавед ва бо мо дар нашри илм ва маъорифи исломӣ саҳим бошед.
Дар фарҷом барои онҳое, ки дар омода намудани ин сомона заҳмат кашидаанд дуъои хайр намоед, то дастгири охират ва маҳви сайиоту волотарин мақоми ҷаннат маъвояшон диҳад. Ҳамзамон онҳое, ки дар нашри мақолоти ин сомона дар оянда камари ҳиммат мебандад ва ба дигарон онро мерасонанд дараҷаи “Ношири илми нофеъ”-е, ки пас марг ҳамчун садақаи ҷория дар номаҳои аъмолашон сабт намояд ва то вақте аз он мақола нафъ мебаранд идома пайдо кунад, омин.

Худовандо, ки ҷон додӣ ту моро,
Қабулу истиҷобат кун дуъоро.
Дари раҳмат ба рӯи халқ бикшо,
Дари меҳнат зи алтофат бубандо.
Биафзо ҳубби поки Мустафоро,
Расулу чор ёри босафоро.

Share This Article