Имом Бухорӣ дар:

Ислоҳ нет

Имом Бухорӣ дар: 2 китобул-имони: 40-Бобу «Адоул- хумуси минал-имони»

.
قال: ابن عباس: إن وفد عبد القيس لما أتوا النبي -صلى الله عليه وسلم- قال:

من القوم أو من الوفد؟ قالوا: ربيعة. قال: مرحبا بالقوم أو بالوفد غير خزايا ولا ندامى، فقالوا: يا رسول الله، إنا لا نستطيع أن نأتيك إلا في الشهر الحرام، وبيننا وبينك هذا الحي من كفار مضر، فمرنا بأمر فصل نخبر به من وراءنا وندخل به الجنة، وسألوه عن الأشربة: فأمرهم بأربع، ونهاهم عن أربع، أمرهم: بالإيمان بالله وحده، قال: أتدرون ما الإيمان بالله وحده؟ قالوا: الله ورسوله أعلم، قال: شهادة أن لا إله إلا الله وأن محمدا رسول الله، وإقام الصلاة، وإيتاء الزكاة، وصيام رمضان، وأن تعطوا من المغنم الخمس. ونهاهم عن أربع: عن الحنتم والدباء والنقير والمزفت. وربما قال: المقير. وقال: احفظوهن وأخبروا بهن من وراءكم

 

 Ибни Аббос (раз) мегўяд: Ҳангоме, ки иддае аз тоифаи Абдулқайс ба назди Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам )   омаданд, Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам )   фармуданд:

«Шумо аз чӣ тоифа ва чӣ касоне ҳастед?» гуфтанд: аз қабилаи Рабиъа ҳастем.

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам )   фармуданд:

«Хуш омадед, шумо ҷамоъате ҳастед, ки бе ҷанг мусалмон шудаед ва сарафканда ва хор ва пушаймон нестед».

Гуфтанд: Эй расули Худо (саллаллоҳу алайҳи васаллам )  !  Мо наметавонем ҳамеша ба назди шумо биёем, магар дар моҳи ҳаром, чунки дар байни мо ва шумо қабилаи куффори Музар қарор дорад ва монеъи омадани мо мешаванд. Бинобар ин дастури қотеъ ва равшане ба мо бидиҳед, то мо онро ба касоне, ки наомадаанд иблоғ (расонидан) кунем ва бо пайравӣ аз он дохили биҳишт шавем ва ин ҷамоъат дар мавриди машрубот (нўшиданиҳо) низ аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам )   суолҳое карданд.

Паёмбар  (саллаллоҳу алайҳи васаллам )  онҳоро ба анҷоми чаҳор амри муҳим маъмур ва мукаллаф намуд ва аз чаҳор чиз онҳоро барҳазар дошт. Ба онҳо дастур дод, то ба Худои ягона имон дошта бошанд ва фармуданд:

«Оё медонед имон ба Худои ягона яъне чӣ?».

Гуфтанд: Худо ва расули Худо (саллаллоҳу алайҳи васаллам )   аз ҳама олимтар мебошанд.

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам )   фармуданд:

«Имон ба Худои ягона он аст, иқрор кунед, ки ҷуз зоти Аллоҳ касе сазовори парастиш нест ва эътироф кунед, ки Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам )   фиристода ва Паёмбари Худост. Намоз ба ҷой оваред ва закот бипардозед, дар моҳи Рамазон рўза бигиред ва як панҷум аз молҳоеро, ки ба унвони ғанимат дар ҷиҳод ба даст меоваред (ба фақирон ё байтул-мол) бидиҳед» ва дар мавриди машрубот онҳоро аз нўшидани шарбатҳое, ки дар чаҳор зарфи махсус ба номҳои: «ҳантам» ва «дуббоа» ва «нақир» ва «музаффат» таҳия мешаванд, барҳазар дошт ва фармуд:

«Аз шарбате, ки дар зарфи «муқир» қирандуд таҳия мегардад, ҳазар кунед».

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам )   фармуданд:

«Ин дастуротро ҳифз кунед ва онҳоро ба касоне, ки бо шумо наёмадаанд иблоғ намоед».

«Хазоё» ҷамъи хазён аст, яъне хор ва бадбахт, ғайри хазоё яъне: саодатманд ва хушбахт. «Надомо» ҷамъи ғайри қиёсии надамон аст, яъне: пушаймон, ғайри надомо яъне: собит дар қавл ва аҳд. «Фасл» ҷудокунандаи ҳақ аз ботил, равшан ва возеҳ.

 «Ҳантам»: сабуе аст сабзранг ва равғанӣ, ки араб ангур ё хурмо ва  асалро дар он қарор медоданд, то шарбати мавриди назарро таҳия кунанд, вале бо таваҷҷуҳ бо хусусиёти ин сабу, хеле зуд шарбати он ба шароб табдил мегардид.

«Дуббоа» кадуе аст, ки масрафи хурокӣ надорад, пас аз ин ки хушк шуд ва пусташ сахт ва муҳкам гардид, миқдоре аз сари онро, ки  борик аст,  бармедоранд ва тухмиҳо ва дигар маводеро, ки дар даруни он аст, берун меоваранд ва ба сурати як зарфи муҳкам дармеояд. Аҳли Тоиф барои таҳияи шарбати ангур аз он истифода мекарданд. Ин зарфи кадуӣ низ ба иллати хусусёте, ки дорад, зуд шарбати ангурро ба шароб табдил мекунад.

«Нақир»: зарфе аст аз  дарахти хурмо, бо кандани байни он ба шеваи махсусе сохта мешавад ва аҳли Ямома барои таҳияи шарбати хурмо аз он истифода менамуданд,зеро шарбати он хеле зуд ба шароб табдил мегардид. «Музаффат»: зарфе аст қирандуд шуда, ки муҳтавиёти шарбати худро ба суръат ба шароб табдил мекунад. Ба ҳамин иллат Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам )   он ҷамоъатро аз таҳияи шарбат дар ин зарфҳо барҳазор дошт, то мабодо ба ҷойи нушидани шарбат дучори шароб шаванд ва ин ки манъи Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам )   бевосита дар баргирандаи худи зарфҳои зикршуда аст на машруботи даруни онҳо, ишора ба ин аст, ки набояд аз ин зарфҳо барои таҳияи шарбат истифода шавад.(Фатҳулбори ҷ 1 саҳ 110)

Share This Article