ҚУДС НАСИБИ МУСАЛМОНОН ГАРДИД

Ислоҳ нет

ҚУДС НАСИБИ МУСАЛМОНОН ГАРДИД

                    (Фотеҳи Қудс Умар,озодкунандааш Салоҳуддин ҳоло кӣ?)                               

Имрӯзҳо қазияӣ сиёсии Фаластин (Байтулмуқаддас) дар сархати рақами аввали расонаҳои олам қарор дорад.Ин кишвар ва сарзамини манбати ваҳӣ солиёни зиёд зери ситезаи яҳуди ғосиб қарор дошта ва дар асорат аст. Дар муддати ҳафтодсол коршиносон сиёсатмадорон андешаи хешро бо ҳар таҳлиле иброз доштаанд. Ҳатто сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ дар нишасти фавқулодае дар шаҳри Истамбули Туркия, бо судури як баёния тасмими охири Доналд Трампро дар хусуси эълом намудани Байтулмуқаддас ҳамчун пойтахт Исроил маҳкум намуданд. Васоити ахбори омма, сафаҳоти сайтҳои интернетӣ низ аз вазъи нобасомони Фаластин ва эътирофи президенти Амрико Доналд Трамп шаҳри Байтулмақдисро ҳамчун пойтахти Исроил, тавъам қарори аз Тел-Авив ба Қудс кӯчонидани сафоратхонаи Амрико, ки аксари раҳбарони давлатҳои оламро ором нагузошт ва дар авсоти кишварҳои олам тазоҳуроти густурдае эҷод кард,ки моломоли иттиллоъ буданд.Аҷибаш инҷо буд,ки 191 кишвари узви СММ ин иқдоми Раиси амрикоро ба чолиш кашиданд.Дар райпурсиеки дар ин маҷлис гузашт 128 кишвар мухолифи ин тасмими Амрико буданд.Ҷуз 9 кишвар аз он ҷонибдорӣ ва 35 кишвар раъйи мумтаниъ доданд.Воқеъан СММ ,ки муассисаш худи Амрико ва ё панҷ кишвари абарқудрат мебошанд аввалин маротиба чунин ҳодисаи бе собиқа рух медиҳад,ки дунёро дар ҳайрат гузошт. Пас мо дар ин росто мехоҳем  вуқӯъи ҳаводисе, ки заминаи аслии сар заданаш маҳз ҳамин авомил буд, яъне зиддияту бархурд миёни мусалмонон ва яҳуду насоро, фатҳи ин сарзамин ба дасти мусалмонон дар замони хилофати дуввумин халифаи рошиддин Умар ибни Хаттоб (р)-ро баррасӣ намоем.Агарчӣ мусалмонон ва масеҳиҳо дар ин қазия онқадар боҳам мушкил надоранд.Барои онки аз ин шаҳр маълумоте дошта бошем,мепардозам ба таърихи фатҳи Байтулмуқаддас.Агарчӣ тулонӣ ҳаст аммо аз манфиъат холӣ нест.

Байтулмуқаддас чӣ гӯна фатҳ гардид?

Дар он замон бар Фаластин марди румие маъруф ба Артабон, яъне муовини аввали император Ҳирақл ҳукумат мекард. Ӯ марди ниҳоят ҳилагар ва доно буду лашкари бузурге дар Рамла ва Илиё (Қудс) дошт. (1)

Амр ибни Ос (раз) номае ба амиралмуъминин Умар ибни Хаттоб(раз) навишт ва аз ӯ дар ин бора назархоҳӣ кард. Умар (р) дар ҷавоб, сухани маъруфи худро гуфт, ки мо зирактарин фарди арабро бар зидди зирактарин фарди румӣ барангехтем, то бубинем чӣ мешавад. Албатта, ҷанги Аҷнодайни дуввум дар соли 15 ҳиҷрӣ, ки дар он Амр ибни Ос бар румиён пирӯз шуд, заминаро барои фатҳи Фаластин муҳайё намуда буд ва дар воқеъ амалиёти фатҳи Қудс қабл аз ҷанги Аҷнодайн оғоз шуда буд. Дар он вақт Артабон лашкари бузурге дар Илиё ва Рамла тадорук дид ва фосилаи Рамла то Қудс ҳаждаҳ фарсах буд. Ҳадафи ин лашкари бузург ҷилавгирӣ аз пешравии лашкари ислом ба фармондеҳии Амр ибни Ос ба сӯи муҳимтарин шаҳрҳои Фаластин, Рамла ва Илиё буд. Амири румии Илиё, Артабон баъд аз шикаст дар Аҷнодайн бо лашкари худ ба ин ҷо паноҳ оварда буд. Ва акнун муҳимтарин мароҳиле, ки мусулмонон дар фатҳи Қудс тай карданд, ба шарҳи зер баён менамоям.

Тактикаи  саргарм намудани душман.

Тибқи нақшаи Умар ибни Хаттоб (р)  бояд румиҳоро дар Фаластин саргарм намуд, то Амр ибни Ос дар Аҷнодайн бар онон пирӯз гардад ва баъд аз он мусулмонон барои фатҳи Қудс ва дигар шаҳрҳои Шом иқдом намоянд. Бинобар ин, ба Муъовия (р)  дастур дод, то бо саворони худ ба Қайсория биравад ва нерӯҳои онҷоро аз имдодрасонӣ ба нерӯҳояшон дар муқобили Амр ибни Ос  машғул бидорад. Ва худи Амр низ бар асоси нақшаи халифа, гурӯҳеро ба саркардагии Алқама ибни Ҳакими Фаросӣ ва Масруқ ибни Фаълони Маккӣ ҷиҳати саргарм намудани нерӯҳои румии сокин дар Қудс сафарбар намуд. (2) Гурӯҳи дигареро ба саркардагии Абӯаюби Моликӣ ҷиҳати машғул сохтани нерӯҳои румии сокин дар Рамла фиристод ва мукаррар назди онҳо нерӯи тоза нафас ва кумакӣ мефиристод ва худ дар Аҷнодайн мунтазири набарди шадиде бо Артабон буд. Билохира набарди сахте оғоз шуд ва ба қавли Табарӣ: Мусулмонон ва румиҳо вориди набарди сахте шуданд монанди набарди Ярмук ва афроди зиёде ба қатл расид ва саранҷом Амр ибни Ос Артабонро шикаст дод ва ӯ бо нерӯҳои худ ба сӯи шаҳри Мақдис по ба фирор гузошт, то дар пушти деворҳо ва қалъаҳои он дар амон бимонад. Мусулмонон низ роҳи онҳоро ба сӯи шаҳри Мақдис боз гузоштанд, то ин ки вориди шаҳр шуданд. (3) Табарӣ меафзояд, ки Алқама, Масруқ, Муҳаммад ибни Амр ва Абӯаюб бо нерӯҳои таҳти фармонашон ба лашкари Амр пайвастанд ва ҳама якпорча ба сӯи Қудс  ҳаракат карданд. (4)

Мусулмонон ба сарпарастии Амр ибни Ос шаҳри Қудсро сахт муҳосира карданд. Шаҳр он тавр, ки Воқидӣ мегӯяд: Таҳти тадобири амниятии шадиде қарор дошт ва бо деворҳо ва қалъаҳои маҳкам нигаҳдорӣ мешуд. Бар рӯи деворҳои шаҳр силоҳи сангин монанди манҷаниқ ва ғайра насб шуда буд ва нигаҳбонони муҷаҳҳаз ба сангар ва сипар ва тиру шамшер муроқиби авзоъ буданд.

Ҳанӯз се рӯз аз муҳосира нагузашта буд, ки ҷанг оғоз гардид. Мусулмонон ба сӯи деворҳои шаҳр ҳуҷум оварданд ва румиҳо онҳоро тирборон карданд. Мусулмонон сипарҳои худро дар муқобили тирҳои душман қарор доданд ва ҷанг аз субҳ то шом чанд рӯз идома пайдо кард, то ин ки дар рӯзи ёздаҳум Абӯубайда, Холид ва Абдурраҳмон фарзанди Абӯбакр(раз) бо гурӯҳе аз саворон аз роҳ расиданд. Ва ин амр боиси тарсу ваҳшати бештаре дар дили сокинони Қудс гардид. Ба ҳар ҳол муҳосираи шаҳр то чаҳор моҳ тӯл кашид. Ва дар ағлаби рӯзҳо набарди шадиде байни тарафайн дармегирифт ва мусулмонон сардии шадиди ҳамроҳ бо барфу боронро таҳаммул намуданд, то ин ки румиҳо аз идомаи муқовимат ба сутӯҳ омаданд ва бузурги онон Сафрониус ба фикри чораи дигар афтод ва ба Амр ибни Ос номае навишт ва ӯро ба поён додани муҳосира фаро хонд ва фатҳи шаҳрро маҳол қалмдод кард.  (5)

 Таслим шудани румиҳо.

Бузурги румиён ба Амр ибни Ос чунин навишт: Ту дӯст ва ҳаммонанди ман ҳастӣ. Ҷойгоҳи ту назди қавмат шабеҳи ҷойгоҳи ман назди қавмам мебошад. Ба Худо савганд, ки пас аз фатҳи Аҷнодайн тавони фатҳи ҳеҷ бахше аз Фаластинро нахоҳӣ дошт, пас беҳтар аст баргардӣ, вагарна ҳаммонанди дигарон шикаст хоҳӣ хӯрд. (6)

Амр дар ҷавоби номаи бузурги румиён хотирнишон кард, ки ин диёр ба дасти ӯ суқут хоҳад кард. Вақте бузурги румиён номаи Амрро қироат кард хандид ва гуфт: Касе ки Байтулмуқаддасро фатҳ хоҳад кард, марде ба номи Умар аст на Амр. Номарасон ин аксуламали ӯро ба Амр ибни Ос мунтақил кард. Амр фаҳмид, ки манзури Артабон Умар ибни Хаттоб, халифаи мусулмонон аст. Бинобар ин фавран пайке ба сӯи Амиралмуъминин фиристод ва ӯро дар ҷараёни суханони Артабон гузошт ва афзуд, ки ман ин ҷараёнро бо набарди сахте ба поён хоҳам расонид ва шаҳрҳои зиёдеро барои ту тасоҳуб хоҳам намуд, лутфан агар назар ва пешниҳоде дорӣ аз мо дареғ макун. Умар ибни Хаттоб пас аз шӯро ва назарсанҷӣ бо гурӯҳе аз мусулмонон озими диёри Шом шуд ва Алӣ ибни Абӯтолиб(раз)ро ба унвони ҷоншини худ бар Мадина гуморид ва дар маконе ба номи Ҷобия фурӯд омад ва сарони Қудс назди ӯ рафтанд ва бар пардохти ҷизя, сулҳнома имзо карданд ва шаҳрро таслими эшон намуданд. (7)

Ривоятҳои мухталиф дар бораи фатҳи Қудс ва таҳаққӯқе перомуни он.

Дар бораи муҳосираи шаҳри Қудс, Табарӣ беш аз як ривоят нақл карда, зикр мекунад, ки Амр ибни Ос онро дар муҳосираи хеш даровард. Ва дар ривояти дигаре гуфтааст: иллати қудуми Умар (р)  ба Шом ин буд, ки Абӯубайда ба Байтулмуқаддас омад. Сокинони он ҷо аз ӯ хостанд, ки бар асоси паймони сулҳ бо дигар шаҳрҳои Шом, бо онон низ мусолаҳа намоянд, вале ба шарте, ки Умар ибни Хаттоб (р)  шахсан мутавалии паймони сулҳ бошад. Абӯубайда дар номае ин матлабро ба самъи халифа расонид. Халифа, Алӣ (р) -ро ҷоншини худ дар Мадина қарор дод ва худ ҳамроҳи нерӯи кумакӣ барои размандагони мусулмони мустақар дар Шом озими он диёр гардид. Ибни Асир низ ду ривояти мушобеҳ бо ривоятҳои фавқи Табарӣ нақл кардааст. (8) Аммо Воқидӣ ҷараёни муҳосираи шаҳри Қудс ва музокира бо Амиралмуъмининро ба Абӯубайда нисбат додааст. Ӯ мегӯяд: Абӯубайда сиюпанҷ ҳазор разманда таҳти сарфармондеҳии ҳафт нафар аз фармондеҳони худ ҷиҳати фатҳи Байтулмуқаддас сафарбар намуд, ки иборат аз Холид ибни Валид, Язид ибни Абӯсуфён, Шураҳбил ибни Ҳасана, Мирқол ибни Ҳошим ибни Абӯваққос, Мусаяб ибни Наҷиҳи Фазозӣ, Қайс ибни Ҳубайраи Муродӣ ва Урва ибни Язид буданд. Дар рикоби ҳар як аз ин фармондеҳон панҷ ҳазор ҷангӣ қарор дошт ва онҳо яке баъд аз дигаре дар ҳафт рӯз сафарбар шуданд ва худ пас аз чанд рӯзи ҷанг бо онҳо пайваст. Ҳамчунин Воқидӣ менависад, ки аҳли Қудс назди Абӯубайда омаданд ва ба ӯ пешниҳоди сулҳ доданд, вале машрут ба ин ки мутаваллии сулҳ халифаи мусулмонон, Умар ибни Хаттоб (р)  бошад. Сипас воқидӣ ривояти мушобеҳе бо ривоятҳои Табарӣ ва Ибни Асир зикр карда, менависад, ки Абӯубайда дар номае ҷараёнро ба халифа навишт ва халифа ба Байтулмуқаддас омад ва дар даромадгоҳи шаҳр бо пешвои қавм мулоқот кард. Ӯ гуфт: Ба Худо савганд, мо аломатҳои ин шахсро ба унвони фотеҳи Байтулмуқаддас дар китобҳои худ хондаем ва тардиде надорем, ки ӯ ҳамон шахс аст. (9) Сипас, назди қавми худ баргашт ва ҷараёнро бо онҳо дар миён гузошт. Онҳо ки аз муҳосира ба танг омада буданд, ба суръат назди Умар ибни Хаттоб (р)  рафтанд ва аз ӯ амон талабиданд ва бар адои ҷизя сулҳ намуданд. (10) Вале ман ин ривояти Воқидиро баъид медонам, зеро замоне, ки Амр ибни Ос, Қудсро муҳосира карда буд, соири фармондеҳони мусулмон пас аз набарди Ярмук ва фатҳи Димишқ ва Фаҳл ва билоди мухталифи Шом бо касби пирӯзӣ ва ғанимат пеш мерафтанд. Чунонки Абӯубайда ва Холид Ҳимс, Ҳимо, Қиннасрин ва Ҳалабро фатҳ карда, роҳи соҳили Шом ба сӯи ҷанубро дар пеш гирифтанд ва бар Антокия, Лазоқия ва Арақа тасаллут ёфтанд. Аз тарафе Язид ибни Абӯсуфён аз соҳили ҷануби Бейрут то Сайдо ва аз ҷониби шимол аз Асқалон то Сурро фатҳ кард. (11) Ва аммо Балозурӣ дар ривояте мегӯяд, ки Амр ибни Ос пас аз фатҳи Рафаҳ, Қудсро дар муҳосираи хеш даровард ва Абӯубайда пас аз фатҳи Қиннасрин ва атрофи он дар ҳоле ба ӯ пайваст, ки шаҳри Қудс, яъне Байтулмуқаддасро муҳосира карда буд. (12) Ва меафзояд, ки сокинони Қудс аз Абӯубайда хостанд, то бар асоси сулҳномаи соири шаҳрҳои Шом бо онон мусолиҳа намояд, машрут бар ин ки худи Умар ибни Хаттоб (р)  мутавваллии қарордоди сулҳ бошад. Абӯубайда ин матлабро дар номае ба иттилои Умар (р)  расонид. Умар (р)  низ пазируфт ва роҳии диёри Шом гардид ва дар ҷобияи Димишқ фурӯд омад ва баъд аз он ба сӯи Қудс рафт ва бо аҳли он мусолиҳа намуд ва ин ҷараён дар сол 17 ҳиҷрӣ иттифоқ афтод. Балозурӣ мафзояд: Дар мавриди фатҳи Қудс ривояти дигаре низ нақл шудааст. (13) Албатта, ман зимни тарҷеҳ додани ривояти нахусти Табарӣ мабнӣ бар ин, ки муҳосираи Қудс ба дасти Амр ибни Ос поён пазируфт ва на ба дасти Абӯубайда, ин матлабро дур аз воқеият намепиндорем, ки Абӯубайда дар Ҷобияи Димишқ ба халифа Умар (р)  бипайвандад ва ба унвони фармондеҳи кулли нерӯҳои низомии Шом бо эшон дар мавриди фатҳи Қудс ба гуфтугӯ бипардозад, чунки Умар ибни Хаттоб (р)  соири фармондеҳони он ноҳияро ба Ҷобия фаро хонд ва дар мавриди фатҳи Қудс бо онон ба мушовара пардохт. (14) Чунонки Абӯубайда ҳамроҳ бо Язид ва Шураҳбил дар ин масъала ҳузур доштанд. (15) Албатта, дар сулҳнома исми эшон ба унвони имзокунанда зикр нашуда, бар хилофи асомии Амр ибни Ос, Муовия ва Холид ибни Валид, ки асомии ин бузургворон қайд шудааст ва ин метавонад далели ин амр бошад, ки Абӯубайда фармондеҳи нерӯҳои муҳосиракунандаи шаҳри Қудсро ба ӯҳда надошта, балки Амр ӯҳдадори ин масъулият будааст. (16)

 Матни сулҳнома.

Матни сулҳнома  тавре,  ки Табарӣ нақл мекунад: Бисмиллоҳи-р-раҳмони-р-раҳим. Ин муоҳидае аст, ки бар асоси он бандаи Худо Умар ибни Хаттоб (р)  ба аҳли Қудс амони молӣ ва ҷонӣ додааст. Ҳамчунин ибодатгоҳҳо ва салиби онон бо соири миллатҳояшон дар амон хоҳанд буд ва ба хотири дину оини худ мавриди озор қарор нахоҳанд гирифт. Албатта, набояд бо онҳо дар Қудс ҳеҷ фарди яҳудие зиндагӣ бикунад ва бояд аҳли Қудс ҳаммонанди сокинони соири шаҳрҳо ҷизя пардохт намоянд ва румиён ва дуздонро аз миёни худ берун бикунанд ва ҳар кас аз онҳо, то расидан ба шаҳру диёри худ дар амният басар хоҳад бурд ва агар хостанд дар ин ҷо бимонанд, бояд ҷизя пардохт намоянд. Ва ҳар кас аз аҳли Қудс дӯст дорад ба румиён бипайвандад молу ҷонаш то пайвастан ба онҳо дар амон хоҳад буд ва агар дар ин шаҳр афроде аз сарзамини дигаре қабл аз таърихи ҷанги фалон сукунат гузидаанд, метавонанд бо пардохти ҷизя ҳамчунон дар ин шаҳр бимонанд, вагарна пас бояд бо румиён берун шаванд ва чизе аз сокинони ин шаҳр қабл аз бардошти маҳсул вусул нашавад. Ин нома бар асоси аҳди Худо ва Паёмбари Акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ва хулафо ва соири муъминин навишта мешавад ва бояд бар мафоди (тибқи) он амал шавад. Албатта, ба шарте, ки тарафи муқобил низ тибқи қарордод, ҷизя пардохт  намояд.

Имзокунандгон Холид ибни Валид, Амр ибни Ос, Абдурраҳмон ибни Авф ва Муовия ибни Абӯсуфён буданд (соли 15 ҳиҷрӣ) (17)

Муҳимтарин дарсҳо ва паёмадҳои фатҳи қудс.

Агарчӣ ҳама ончӣ инҷо меорам дар мавриди Қудс нест вале дар сарзамини шом анҷом пазируфтаанд.Корнамоиҳое ҳастанд,ки аз фоида холӣ нестанд,ба мусалмон рӯҳияи хубе мебахшад.

1. Мавзеъгирии фидокоронаи Восила ибни Асқаъ.

Восила мегӯяд: Ман садои боз шудани дарвозаи Ҷобияро шунидам – яке аз дарвозаҳои шаҳри Димишқ – дидам гурӯҳи бузурге аз саворони душман берун шуданд. Миқдоре таъхир кардам ва якбора бо гуфтани такбир бар онон юриш бурдам. Онҳо гумон карданд, ки аз қабл муҳосира шудаанд. Бинобар ин, дубора ба сӯи дарвозаи шаҳр бозгаштанд ва фармондеҳашон таслим шуд. Ман бо сари найзаам ӯро захмӣ кардам ва аз маркаб поён андохтам ва худ савор бар маркабаш шудам. Дар он асно онҳо ба пушти сари худ нигоҳ карданд ва ба сӯи ман баргаштанд. Ман низ бо ҳамла ба онҳо теъдодеро аз пой даровардам ва худро ба Холид ибни Валид расонидам, дар он ҷо дидам, ки бузурги румиён бо илтимос аз Холид барои аҳли Димишқ амон металабад. (18)

Муъоз ибни Ҷабал(раз) сафири мусулмонон назди румиҳо қабл аз вуқуи ҷанги Фаҳл.

Пас аз даргириҳои пароканда миёни мусулмонон ва румиҳо ва қабл аз ҷанги Фаҳл, румиҳо дар паёме аз мусулмонон хостанд, то мардеро ҷиҳати музокира назди онон бифиристад. Абӯубайда бино ба дархости румиҳо, Муъоз ибни Ҷабалро назди онон фиристод. Румиҳо барои истиқболи сафири мусулмонон ташрифоти хосае тадорук диданд ва фаршҳои гаронқимат паҳн карданд ва силоҳҳои бешуморе гирд оварданд, то сафири мусулмононро маръуби қудрат ва шефтаи тазйиноти худ созанд, аммо Муъоз ибни Ҷабал бо тавозуъ ва тақвое, ки дошт ба ҳамаи ин тадорукот ва ташрифот писханд зад ва дар ҳоле ки лаҷоми аспи худро дар даст дошт бо камоли хунсардию виқор пеш мерафт ва аз додани аспаш ба дасти нигаҳбонон ва аз нишастан рӯйи курсиҳо худдорӣ кард ва гуфт: Ман бар ин фаршҳо ва ҷойгоҳе, ки заифони шумо ба он дастрасӣ надоранд, наменишинам ва бар замин нишаст ва гуфт: Ман бандае аз бандагони Худо ҳастам ва бар фарши худодод, ки барои ҳама бандагони Худо дастрас аст менишинам ва худро дар истифода аз ин гуна амвол бар бародарони худ тарҷеҳ намедиҳам. (19) Маъоз бо румиён музокира кард. Онҳо дар мавриди ислом аз ӯ пурсиданд ва ӯ посух дод. Сипас дар мавриди Исо (а) аз ӯ савол карданд. Муъоз ин оятро тиловат кард:

   «Мисоли Исо дар назди Худо чун мисоли Одам аст, ки ӯро аз хок биёфарид ва ба ӯ гуфт:  «Мавҷуд шав». Пас мавҷуд шуд.

(Сураи Оли Имрон, ояти 59)

Ва онҳоро бо сароҳат дар ҷараёни хости мусулмонон қарор дод ва ин оятро тиловат намуд:

 «Эй  касоне,  ки  имон  овардаед,  бо  кофироне,  ки  наздики шумоянд, ҷанг кунед, то дар шумо шиддату дуруштӣ ёбанд ва бидонед,  ки Худо бо парҳезгорон аст!» (Сураи Тавба, ояти 123)

 Румиён гуфтанд: Пирӯзии мусулмонон бар эрониён, ба хотири марги подшоҳи Эрон буд, вале чун подшоҳи мо зинда ва дорои лашкари қавие мебошад, шумо пирӯз нахоҳед шуд. Муъоз гуфт: Агар подшоҳи шумо Ҳирақл аст подшоҳи мо Худо аст ва фарде аз миёни худамон саркардаи мо аст. Агар амири мо тибқи Китоби Худо ва Суннати Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи васаллам)  доварӣ кунад, аз ӯ ҳарфшунавӣ мекунем ва дар ғайри ин сурат ӯро аз кор барканор хоҳем кард. Дар миёни мо ва ӯ дарбон ва монеае вуҷуд надорад ва ӯ бар мо фахр намефурӯшад ва худро дар бархурдорӣ аз байтулмол бар мо мустаҳиқтар намебинад. Ва дар посух ба касрати теъдоди онҳо, ин оятро хонд:

 «Чӣ басо, ки гурӯҳи андак ба ёрии Худо бар сипоҳи бузург ғолиб омада ва Худо ҳамроҳи собирон аст».  (Сураи Бақара, ояти 249)

Хонандаи гиромӣ ба суханони дар боло гуфта шудаи  саҳобии ҷалилулқадр Муъозибни Ҷабал(раз) хуб диққат диҳед.Асоси пирӯзӣ айнан ҳамон рӯҳия ва имони қавӣ мебошад.

Пас аз ин ки натавонистанд дар рӯҳияи волои Муъоз ҳеҷ гуна заъф ва таъсире эҷод намоянд, баргаштанд ба асли қазия ва ба ӯ пешниҳоди сулҳ доданд ва гуфтанд: Шаҳри Балқо ва атрофи онро ба мусулмонон хоҳанд дод. Муъоз хотирнишон сохт, ки ҳеҷ роҳи дигаре ҷуз пазируфтани ислом ва ё пардохти ҷизя ва ё ҷанг надоранд. Онҳо бо шунидани посухи Муъоз сахт барошуфтанд ва гуфтанд: Назди ёронат баргард, ба зудӣ дасту пойҳои шуморо бо ресмон хоҳем баст. Муъоз гуфт: Мумкин нест чунин иттифоқе биафтад, аммо яке аз ин ду масъала иттифоқ хоҳад афтод ё мо кушта мешавем ва ё ин ки шуморо бо зиллат аз ин шаҳр берун хоҳем ронд. Инро гуфт ва баргашт.  (20)

Ба ин сурат шахсияти сиёсӣ, низомӣ ва доҳиёнаи Маъоз,ки ин гӯна қавӣ ва устувор буданаш дар вазифае барояш гузошта шуда буданд дида мешуд. Ӯ ба истидлолҳои тарафи муқобил гӯш фаро медиҳад ва бебокона ба онҳо посух медиҳад ва хатоҳо ва ҳавобаландии  ононро гӯшзад мекунад. Аз ҷумла бархурдории фавқулоддаи раиси онон аз байтулмол ва маҳрум гузоштани раият. Сипас таолими исломро барои онҳо шарҳ медиҳад ва ононро ба пазируфтани ислом фаро мехонад. Ҳамчунин дар муқобили ҷанги равонӣ ва таҳдидҳояшон сокит наменишинд, балки қотеона посух медиҳад ва воқеияти ҳол ва омодагии мусулмононро баён медорад ва аз сафорат бармегардад. (21)

2. Мавзеъгирии Убода ибни Сомит дар фатҳи Қайсория.

Убода ибни Сомит (р) дар муҳосираи Қайсория фармондеҳи тарафи рости лашкари мусулмонон буд. Рӯзе ба эроди ваъз пардохт ва нерӯҳои худро ба муҳосибаи нафс ва тавбаву истиғфор фаро хонд ва он гоҳ ба душман ҳамла намуд ва теъдоди зиёде аз румиёнро кушт, вале натавонист комилан ба ҳадафи худ бирасад. Бинобар ин, ба мақарри худ баргашт ва муҷаддадан нерӯҳои худро ташвиқ ба мубориза кард ва аз ин ки натавониста буданд дар ин ҳамла ба ҳадафи худ бирасанд сахт изҳори тааҷҷуб кард ва гуфт: Эй аҳли ислом! Ман аз дер боз дар ҷангҳои ислом будаам ва аҷал ба ман фурсат дод, то бо шумо дар ин ҷанг ширкат бикунам. Ба Худо савганд! Ҳар гоҳ мо бар гурӯҳи аз мушрикин ҳамла кардаем, бар онон пирӯз шудаем. Пас шуморо чӣ шуда, ки наметавонед бар инҳо пирӯз шавед? Ва афзуд, ки ман аз падид омадани ду хислат дар миёни шумо метарсам, яке хиёнат дар моли ғанимат ва дигаре камранг будани ихлос дар амал. Сипас онҳоро ба талаб кардани содиқонаи шаҳодат ташвиқ намуд ва хотирнишон сохт, ки худ дар ҷанг пешопеши онҳо хоҳад буд ва то расидан ба пирӯзӣ ва ё шаҳодат хоҳад ҷангид ва ин бор дасти холӣ барнахоҳад гашт. (22) Ҳангоме, ки ду лашкар рӯбарӯ шуданд ва оташи ҷанг шуълавар гардид, Убода аз аспи худ поён омад ва пиёда ба мубориза идома дод ва чун чашми Умайр ибни Ансорӣ ба ӯ афтод, бо фарёд ин матлабро ба гӯши мусулмонон расонид ва онҳоро ба пайравӣ аз ӯ фаро хонд. Мусулмонон низ бо қаҳрамонии бештар ба ҷанг бо румиён идома доданд то ин ки саранҷом, душман шикаст хӯрд. (23)

3.Умми Ҳаким бинти Ҳорис дар ҷанги Марҷи суфр.

Умми Ҳаким, ҳамсари Икрима ибни Абӯҷаҳл аст. Шавҳараш дар яке аз ҷангҳои мусулмонон дар диёри Шом кушта шуд. Пас аз ин ки иддааш поён ёфт ҳар кадом аз Язид ибни Абӯсуфён ва Холид ибни Саъид ба ӯ пешниҳоди издивоҷ доданд. Саранҷом Умми Ҳаким ба ақди Холид даромад ва ҳангоме ки мусулмонон ба Марҷи суфр расиданд, Холид мехост Умми Ҳакимро ба хонаи бахт бибарад. Аммо Умми Ҳаким гуфт: Бигзор то ҷанг ба поён бирасад. Холид гуфт: ман ба эҳтимоли қавӣ дар ҳамин ҷанг кушта мешавам. Саранҷом Умми Ҳаким мувофиқат намуд. Холид назди пуле, ки баъдан ба пули Умми Ҳаким шӯҳрат ёфт, ба ҳуҷраи Арӯс рафт ва валимае тартиб дод ва ҳамроҳонашро ба сарфи ғизо даъват кард. Онҳо ҳанӯз аз суфраи ғизо фориғ нашуда буданд, ки румиён барои ҷанг саф бастанд. Дар он асно Холид аз хонаи бахт берун шуд ва ҷангид то кушта шуд. Умми Ҳаким низ дар ҳоле, ки осори маводи хушбӯ бар либосҳояш машҳуд буд, либосҳояшро ба худ печид ва бо сутуни хаймае, ки дар он арусӣ карда буданд ба душман ҳамлавар гардид ва теъдодеро ба қатл расонид. Ва чакочаки шамшерҳо дар канори наҳр ба гӯш мерасид ва ҷанги сахте миёни тарафайн дар гирифт. (24)

4. Подшоҳи Рум бо диёри Шом худоҳофизӣ мекунад.

Дар соли 15 ва ё 16 ҳиҷрӣ подшоҳи Рум Ҳирақл ва сарбозонаш ақибнишинӣ карданд ва диёри Шомро ба қасди Рум тарк намуданд. (25) Қабл аз он ҳар гоҳ Ҳирақл барои ҳаҷ ба Байтулмуқаддас меомад, ҳангоми баргаштан мегуфт: Салом бар ту эй Сурия! Саломи касе, ки аз ту сер нашуда ва бархоҳад гашт, аммо ин бор вақте Шомро тарк кард ва ба минтақаи «Раҳо», шаҳре, ки миёни Мавсил ва Шом аст расид ва аз аҳолии он ҷо хост то ба дунболи ӯ ба роҳ биафтанд, онҳо гуфтанд: Мондани мо дар ин ҷо беҳтар аз ҳамроҳӣ бо ту аст ва ҳангоме ки ба шаҳри Шамшот ва бар макони баланде расид, рӯ ба ақиб нигоҳ кард ва гуфт: Салом бар ту эй Сурия! Саломи касе ки дубора ба сӯи ту нахоҳад омад. Сипас ба роҳи худ идома дод, то ин ки ба Қустантиния(истанбули ҳозира) расид ва ҳукумати худро дар он ҷо мустақар кард. Он гоҳ аз яке аз сарбозонаш, ки чанд рӯзе дар дасти мусулмонон асир буд, пурсид: Онҳо чӣ гуна инсонҳое ҳастанд? Ӯ гуфт: Онҳо роҳибони шаб ва саворони рӯз ҳастанд. Аз ҳампаймонони худ чизе намехӯранд, магар қимати онро мепардозанд. Вориди маҷлисе намешаванд, магар салом мекунанд ва душмани худро то кори ӯро яксара накардаанд, раҳо намесозанд. Ҳирақл гуфт: Агар воқеан чунин аст, пас онҳо ҷоеро, ки ман акнун нишастаам, ба тасарруфи худ дархоҳанд овард. (26)

5. Худованд шуморо бо ислом иззат ва сарбаландӣ додаст.

Ҳангоме ки Умар (р) вориди мулки Шом шуд, бар харе савор ва пойҳояш аз як тарафи он овезон буд, Абӯубайда (р) гуфт: эй амиралмуъминин! Ҳозир бузургони қавм ба мулоқоти шумо меоянд. Умар (р) гуфт: Худо шуморо ба василаи ислом иззат ва сарбаландӣ дода ва агар шумо иззатро дар чизи дигаре биҷӯед, Худо шуморо хору залил хоҳад кард. (27)

6. Бахше аз суханронии Умар (р) дар Ҷобия.

 Умар (р) дар Ҷобия хутбае эрод намуд ва гуфт: Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи васаллам)  дар ҷойгоҳи мушобеҳе, ки акнун ман истодаам, истод ва фармуд: Бо ёрони ман ва касоне, ки баъд аз онҳо меоянд ва касоне, ки аз баъди онҳо меоянд, ба некӣ рафтор кунед. Сипас, миллате хоҳад омад, ки қабл аз ин ки аз онҳо хоста шавад, савганд мехӯранд ва қабл аз ин ки аз онҳо гувоҳӣ талаб карда шавад, гувоҳӣ медиҳанд. Пас ҳар кас аз шумо дӯст дорад вориди Биҳишт шавад, ҷамоати мусулмононро лозим бигирад, чунки шайтон ҳамроҳи як нафар аст ва аз ду нафар миқдоре дур аст ва ҳеҷ яке аз шумо бо зани бегонае ба хилват наменишинад, магар саввуми онҳо шайтон хоҳад буд. Ва ҳар касе аз шумо, ки бо анҷом додани некӣ хушҳол ва бо иртикоби бадӣ нороҳат мешавад, пас ӯ муъмин аст. (28)

7. Дунё дар ҳамаи мо дигаргунӣ эҷод кард ба ҷуз ту эй Абӯубайда!

Ҳангоме ки Умар (р) ба Шом омад аз Абӯубайда хост, ки ӯро ба манзили худ бибарад. Абӯубайда гуфт: Бо манзили ман чӣ кор дорӣ, оё мехоҳӣ ҳоли маро дида ашк резонӣ? Умар (р) вақте вориди хонаи Абӯубайда шуд, чизе дар он наёфт. Гуфт: Васоили манзилат куҷо аст. Ман ки дар ин ҷо ҷуз зини асп ва як коса ва машки об чизе намеёбам. Ту амири ин шаҳр ҳастӣ, оё ягон чизи хурданӣ назди ту ёфт мешавад? Абӯубайда ба сӯи сабаде, ки дар гӯшае гузошта шуда буд, рафт ва қитъаи нони хушкеро берун овард. Умар (р) бо дидани ин саҳна ба гиря афтод ва гуфт: Эй Абӯубайда! Дунё ҷуз ту ҳамаи моро дигаргун сохт. Заҳабӣ пас аз нақли ин Моҷаро мегӯяд: Ба Худо савганд! Ин ҳамон тазаҳҳуди холис ва воқеӣ аст, на зуҳди касе, ки чизе дар бисот надорад. (29)

Ва дар ривояти Ҳишом ибни Урва ба нақл аз падараш омадааст, ки Умар (р) ба Шом омад ва бо фармондеҳон ва бузургони қавм мулоқот кард ва пурсид: Бародарам куҷо аст? Гуфтанд: Киро мегӯӣ? Фармуд: Абӯубайда ибни Ҷароҳро. Гуфтанд: Ҳозир меояд. Ҳамин вақт Абӯубайда савор бар модашутуре омад ва салом гуфт ва бо Умар (р) аҳволпурсӣ намуд. Сипас Умар (р) ба мардум гуфт: Мутафарриқ шавед ва худ ҳамроҳи Абӯубайда ба хонаи ӯ рафт. Дар онҷо ҷуз шамшери Абӯубайда, зин ва сипараш чизе надид.(30)

8. Чанд сухан бар сулҳномаи Умар (раз) бо сокинони Байтулмуқаддас.

Сулҳномаи Умар (р) ва матолибе, ки дар он дарҷ гардид ва ба имзои тарафайн расид, гувоҳ бар ин матлаб мебошад, ки ислом дини сулҳ ва юахшиш аст, на дини ҷабру ситам. Чунонки мусулмонон бо масеҳиёни Байтулмуқаддас бархурди ғайрмунтазиронае карданд. Дар ҳоле, ки Умари фотеҳ, метавонист ҳар кореро бо онҳо раво дорад, вале аз он ҷо ки ӯ намояндаи ислом буд ва усулан ислом намехоҳад ба иҷбор касеро водор ба пазириши ин дин бикунад, чунин накард. Зеро имон чизе нест, ки мардум ба пазириши он маҷбур карда шаванд, балки имон аз аъмоли қалбҳо аст ва аз даруни қалбҳо фақат Худо хабар дорад на каси дигаре. Чунонки гоҳо зоҳири фарде чунин нишон медиҳад, ки ӯ муъмин аст, дар ҳоле ки чунин нест, балки зарари ӯ барои аҳли имон аз зарари касоне, ки ба сурати ошкор кофир ва бедин ҳастанд, бештар аст. Бинобар ин, мусулмонон ба мардум озодии динии комил доданд, то бидуни ҳеҷ гуна музоҳимате битавонанд дар канори мусулмонон ба умури динӣ ва мазҳабии худ амал намоянд. Албатта, ба хотири ҳифозате, ки аз онон ба амал меомад, маблағи ночизе ба унвони ҷизя пардохт мекарданд ва дере намегузашт, ки онҳо дар сояи ин зиндагии ором ва ҳамсоягии бедағдаға ва адолати исломӣ ба чеҳраи зебо ва адлгустарии ислом пай бурда ва ҳақоиқеро дармеёфтанд, ки қаблан ба хотири дурӣ аз мусулмонон надида ва нашунида буданд ва дар натиҷа, гурӯҳ-гурӯҳ вориди дини ислом мешуданд. Чунонки ин ҷараён дар аксари шаҳрҳое, ки тавассути мусулмонон фатҳ шуда буд, иттифоқ меафтод.(31)

9. Умар (р) дар Масҷиду-л-ақсо намоз мехонад.

Абӯсалама мегӯяд: Абӯсинон аз Убайд ибни Одам нақл мекунад, ки Умар (р) аз Каъб пурсид, ки дар кадом ноҳияи масҷиди Ақсо намоз бихонад? Каъб гуфт: Сахраро пеши рӯйи худ қарор деҳ, онгоҳ ҳамаи Қудс пеши рӯйи ту қарор мегирад. Умар (р) гуфт: Ба яҳудиён мушобеҳ шудаӣ. На, ба Худо, ман дар ҳамон маконе намоз мехонам, ки Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи васаллам)   намоз хондааст. Он гоҳ дар ҷои қиблаи масҷид истод ва намоз хонд ва баъд аз он ридои худро паҳн кард ва ба ҷамъоварии хоку хошок пардохт ва мардум низ бо вай ҳамкорӣ карданд.(32)

Донишманде гуфтааст: Масҷиди Ақсо номи ҳамаи масҷид аст, на он тавр, ки бархе мепиндоранд ва мегӯянд: Масҷид ҳамон қисмати пеш аст, ки Умар (р) онро сохта аст. Рӯзе ки Умар (р) Байтулмуқаддасро фатҳ кард, сахраро партовҳои зиёде пӯшонида буд, чунки масеҳиён ба он муътақид набуданд ва аз ҷониби онон мавриди беэҳтиромӣ қарор мегирифт. Умар (р) дастур ба поксозии он дод ва аз Каъб машварат гирифт, ки дар кадом ноҳия барои мусулмонон ҷойгоҳе барои намоз таъин намояд. Каъб гуфт: Пушти сари сахра. Умар (р) гуфт: Эй фарзанди зани яҳудӣ! Ман дар қисмати назди сахра намоз мехонам, чунки қисмати назди масҷид азони мо аст. (33)

Каъб ҳамон Каъбул Аҳбор аст,ки Умар (раз) роқабл аз шаҳодаташ огоҳ мекунад,ки шумо се рӯз пас ҳалок мегардед. Баъзе муаррихон ӯро дар шаҳодати Умар (раз) ҳамдасти Абулуълуъ фирӯзи маҷусӣ медонанд. Мебинем дар инҷоҳам суханҳое гуфта аст ин марди яҳудӣ.

Ва ин яке дигар аз мавзеъгириҳои муҳим ва бузурги амиралмуъминин Умар ибни Хаттоб аст, ки дар он амалан нишон дод, ки ислом ба соири адёни осмонӣ ва муқаддасоти онҳо эҳтиром мегузорад. Ин сахрае, ки Умар (р) бо дастони худ партовҳои анбошта бар онро бармедошт, макони муққадси яҳудиён ва қиблаи онҳо аст, ки бар асоси эътиқоди онҳо Яъқуб аз фарози он бо Худо сухан гуфтааст.

Оре, Умар (р) ҳамон тавр, ки бо масеҳиён рафтори шоистае намуд, ба онҳо озодии динӣ дод ва ибодатгоҳҳо ва салибҳояшонро дар амн қарор дод, бо яҳудиён низ, ки душманони кинаҷӯи мусулмонон буданд, бархӯрди раъфатомезе кард ва хокҳои сахраро ҷорӯб зад ва онро мавриди эҳтиром қарор дод.(34)

Ин буд таърихи фатҳи қудси шариф,корнамоиҳо ва ҷонбозиҳои Асҳоби киром (раз). Ҳоло мусалмонон аз он даврон бештаранд вале тарсӯ ва хело дӯстдори ин ҳаёти дунё гаштаанд.Дар ҳоле дунёи ободҳам қариб,ки надоранд.Бозҳам мехоҳанд онро обод кунанд ,дар ҳоле …

 Муҳаммадиқболи Садриддин

Маъхазҳои истифодашуда:

  1. Ҳурубу-л-Қудс фи-т-таърихи-л-исломӣ ва-л-арабӣ, д. Ёсин Сувайд, с. 35.
  2.  Ҳурубу-л-Қудс…, с. 35-36.
  3. Таърихи Табарӣ (4/433).
  4. Ҳурубу-л-Қудс…, с.  37.
  5. Ҳурубу-л-Қудс…, с. 38.
  6. Таърихи Табарӣ (4/433).
  7. Таърихи Табарӣ (4/433).
  8. Ҳурубу-л-Қудс…, с. 40.
  9. Футуҳоту-ш-Шом (1/ 213-225).
  10. Ҳурубу-л-Қудс, с. 40.
  11. Ҳурубу-л-Қудс, с. 41.
  12. Футуҳу-л-булдон. (1\188).
  13. Футуҳу-л-булдон (1/188-189).
  14. Таърихи Табарӣ (4/431-436).
  15. Ҳурубу-л-Қудс, с. 41.
  16. Ҳурубу-л-Қудс, с. 42.
  17. Таърихи Табарӣ (4/436).
  18. Сияру аъломи-н-нубало (3/386-387).
  19. Ал-иктифо. Калоъӣ 3/194.
  20. Ал-иктифо. Калоъӣ 3/194.
  21. Ал-ансору фӣ асри-р-рошидӣ, с. 207.
  22. Ал-ансору фӣ асри-р-рошидӣ, с. 209.
  23. Ал-ансору фӣ асри-р-рошидӣ, с. 209.
  24. Ал-истиъоб (4/486).
  25. Таърихи Табарӣ (4/428).
  26. Таърихи Табарӣ (4/429).
  27. Маҳзу-с-савоб (2/590).
  28. Муснади Аҳмад, ш.177 ҳадиси саҳеҳ аст.
  29. Сияру аъломи-н-нубало (1/17).
  30. Маҳзу-с-савоб (2/589-590).
  31. Ҷавлатун фӣ асри-л-хулфои-р-рошидин. Муҳаммад Саид Вакил, с. 200-201.
  32. Ал-бидояту ва-н-ниҳоя (7/57).
  33. Маҷмуъатул расоил- ал-кубро (2/57-58).
  34.  Ҷавлатун фӣ асри-л-хулафои-р-рошидин, с. 203-204.

 

 

Share This Article