Паёми табрикотӣ ба муносибати Наврӯз чӣ паёмаде дорад?

Ислоҳ нет

Дар муддати 27 соли истиқлолияти худ Тоҷикистон аз рӯихати кишварҳои қашшоқтарини олам берун нашуд. Балке, баракс дар шохиси радабандии кишварҳои қашшоқтарин ва фасодзадатарин, рутбаи Тоҷикистон сол аз сол рӯ ба заволу рукуд аст. То ба ҳол Тоҷикистон яке аз бист кишвари қашшоқтарини олам маҳсуб меёбад. Тоҷикистон дар байни кишварҳои собиқ Иттиҳоди шуравӣ ягона ҷумҳуриест, ки ягон тоҷираш ба рӯихати сарватмандони дунё ворид нашудааст. Дар омори нишондоди вазъияти иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ҳамеша Тоҷикистон дар охир қарор гирифта, рӯихатро ҷамъбаст мекунад.

Рӯз ба рӯз вазъияти иҷтимоӣ ба ҷои рӯй ба беҳбудӣ овардан, баракс сатҳи бекорӣ афзуда, даромаднокии кормандони қатории буҷавӣ ҳатто ба андозҳо ва пардохти хидматрасониҳои коммуналӣ намерасад. Музди меҳнат дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёна то ба ҳол ба 200$  нарасидааст.

Ҳамасола, теъдоди шахсоне, ки дар кишвар ҷои корӣ наёфта, муҳоҷирати кориро пеша мекунанд, меафзояд. Теъдоди муҳоҷирон агар солҳои 2000 ӯм 150 то 200 ҳазор нафар дониста мешуд, ин ҳисоб дар солҳои 2010-2012 аллакай зиёда аз як млн ва айни ҳол зиёда аз 2 млн тахмин зада мешавад. Ин нишонгари онаст, ки аз чаҳор як ҳиссаи аҳолии кишвар ва ё худ наздик ба 70 дар сади қувваи корӣ берун аз Тоҷикистон қарор доранд. Онҳо барои дарёфти қути лоямут розӣ ҳастанд мушкилтарин, хавфноктарин ва тоқатфарсотарин корҳоро анҷом диҳанд. Аз паи иҷрои корҳои хавфнок, мондан дар сармо, афтодан ба дасти нажодпарастон ва ғайра, ба Тоҷиикистон  ҳар сол зиёда аз ҳазор тобути муҳоҷири тоҷикро меоранд. Ин дар ҳолест, ки ҳазорҳои дигар ҷасади беҷони муҳоҷирон бинобар надоштани масрафи интиқоли тобут ба Ватан, ба хокҳои кишвари бегона гуронида мешаванд. Ҳазорҳо нафар муҳоҷир беному нишон шудаанд, мурда ё зинда буданашон маълум нест.

Агар чунин шароити зиндагӣ барои миллатҳо ва кишварҳои дигар, як мусибати бузург дониста шавад, барои ҳукумати Тоҷикистон боиси ҳеҷ нигароние ҳам нест. Дар кишвар қариб ҳаррӯз ҳукумат ҷашну маросимҳои фарҳангӣ дорад. Ҳар рӯзи Тоҷикистон ид аст. Гӯё, ки ҳеҷ кишваре монанди Тоҷикистон пешрафта ва серу пур нест. Мо иди харбузаву каду ҳам дорем. Ҷашн мегирему маблағҳои ҳангуфт сарф мекунем. Ягон кишвари собиқ Иттиҳоди шӯравӣ мисли Тоҷикистон барои таҷлили идҳои расмиаш маблағ сарф намекунад. Таҷлили иди Наврӯз, иди Ваҳдат ва Истиқлолият аз бошукӯҳтарин идҳое мебошанд, ки барои таҷлили ҳар як аз ин идҳо то 20 млн доллари амрикоӣ ҳукумати Тоҷикистон масраф мекунад. То 50 ҳазор донишҷӯён ва то 16 ҳазор низомиён бо либоси навдухти идона, дар ин идҳо иштирок ва рохпаймоӣ мекунанд. Ҳазорҳо ҷашнгоҳҳо оро дода мешаванд. Хусусан иди Наврӯзро дар Тоҷикистон қариб даҳ рӯз ҷашн мегиранд.    

 

Чунин наҳваи баргузории ҷашнҳои давлатӣ танҳо хоси ҳукуматҳои худкомае аст, ки мехоҳанд ҷонибдории сокинонашро ба намоиш гузоранд. Гузашта аз ин, барои анҷоми чунин маросимҳо маблағҳои калоне ихтисос дода мешаванд.

Ингуна, бо шаҳомат баргузор кардани идҳои расмӣ дар собиқ Иттиҳоди шуравӣ бахши асосии идеологияи давлатӣ ба ҳисоб мерафт.

Аммо, ин таҷриба баъди пошхурии Иттиҳоди шӯравӣ ба ҷуз Тоҷикистон дар соири кишварҳои ИДМ бо ин ҳад исрофкорӣ ба чашм намехурад. Танҳо дар рӯи замин шабеҳи Тоҷикистон ягона кишвари тоталитарии Кореяи Шимолӣ мебошад, ки баъзе аз таҷлили идҳои худро бо масрафҳои зиёд ва шукуҳу шаҳомат мегузаронад. Имрӯзҳо, ҳатто Чин аз ин таҷриба истифода намекунад, чунки мардум хуб дарк мекунанд, ки хушбахтиро дар зоҳир намоиш дода намешавад. Мутаассифона, ҳукумати Тоҷикистон ба тоталитаризм рӯ оварда, мардумро маҷбур мекунад, ки дар ин ҷашнҳо иштирок кунанд. Хусусан донишҷӯён, ки бахши заъфпазири ҷомеъа ҳастанд, онҳоро бо таҳдиди аз донишгоҳ хориҷ кардан, маҷбур мекунанд, ки ҳатто ба машқҳои пеш аз ҷашнӣ ба таври ҳатмӣ ҳозир шаванд. Онҳо маҷбур розӣ мешаванд ва вақти таҳсилу омӯзиши худро қурбон мекунанд. Дар арафаи се иди асосӣ дар Тоҷикистон ақалан як моҳӣ, се моҳ умри донишҷӯ бо машқи барномаҳои таҷлилии ин идҳо мегузарад. Яъне аз се як ҳиссаи вақти донишҷӯ берун аз омӯзиш сарф мешавад. Танҳо ҳамин далел бас аст, ки барои аз худ кардани барномаи макотиби олии Тоҷикистон 5-сол басандагӣ намекунад. Инаст, ки бидуни аз худ кардани барномаи донишгоҳ, донишҷӯён соҳиби мадраку диплом мешаванд ва дар оянда, аз дасти ингуна донишҷӯён ҳеҷ пешравии чашмрасе ба миён намеояд. Пас аз хатми донишгоҳ рӯ меоранд ба Русия ва дигар кишварҳо, на ҳамчун мутахассиси соҳае, балке як мардикори оддии бе ҳунару бе ихтисос. Аз ин лиҳоз баробари қашшоқӣ, бесаводӣ низ дар ҷомеъа ба шакли васеъ авҷ мегирад.

Ин баёнгари он аст, ки худи ҳукумат аз қишри ҷавони соҳибмаълумоту соҳибандеша метарсад. Аз мардуме, ки талаби ҳаққи худ мекунанд, талаби ҷои кор ва ҳаққ ба зиндагии осоишта мекунанд, ҳукумат ҳарос дорад. Бинобар, ҳукумат мехоҳад, бо роҳе ҳушу ёди мардумро ба ҷои дигар ҷалб намояд ва ҳама ноуҳдабароиву нуқсонҳои худро аз назарҳо дур биандозад. Ана барои ҳамин, мардуми Тоҷикистон як сол-дувоздаҳ моҳ месароянду мерақсанд. Барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ низ, ягон барномаи созанда пешниҳод намекунанд. Аксаран дилхоҳ вақт телевизиону радиои Тоҷикистон таронаву рақсу бозӣ пахш мекунад.Аз рӯзнома ва ҳафтаномаҳо аслан ҳоҷати сухан нест.

Ин назарфиребӣ дар ҳолест, ки изҳори мавқеи интиқодии мардум дар хиёбонҳо ва ҳатто дар расонаву шабакаҳои иҷтимоъӣ манъ шудааст. Садҳо шаҳрвандон танҳо барои “лайк” мондан ба назарҳои интиқодӣ, пушти панҷараи зиндон шудаанд. Дар шабакаҳои телевизионӣ, радиоӣ ва дар умум расонаҳои ватанӣ аз ягон камбудӣ дар кишвар ишора намешавад.

Масрафҳои ҳангуфт барои таҷлили идҳо низ ба хотири назарфиребии мардум аст. Яъне танҳо ба хотири машғул доштани ҳушу ёди мардум бо рақсу бозӣ,  бино ба баъзе маълумотҳо дар як сол ҳукумат наздик ба 200млн доллар сарф мекунад. Ин ҳисоб дар даҳ сол 2 млрд доллар аст. Агар ин маблағ барои сохтани коргоҳу корхонаҳо масраф мешуд, айни ҳол Тоҷикистон бо ин маблағ дар муддати 10 соли охир ду ҳазор корхонаҳои хурду миёна, ва ё на кам аз 10 корхонаи бузургро метавонист, ки ба истифода диҳад. Дар натиҷа, 50% муҳоҷирони корӣ соҳиби ҷои кор мешуданд ва тарки муҳоҷират мекарданд. 

 Ҳеҷ не, барои масрафи НБО “Роғун” ниёзе барои гадоӣ ва сар хам кардан ба бегонагон намемонд. Иқтисод пеш мерафт, маориф тараққӣ мекард, қишри зиёди мардум босаводу бениёз мешуданд.

Пас, саволе ба миён меояд, ки чаро чунин намешавад? Ҷавоб оддист. Як оилаи хунхор аз макидани хуни мардум маҳрум мешавад. Масрафи 200млн доллар барои машғул доштани мардум бо рақсу бозӣ тули як сол, аз дарёи дуздиву хуни мардумхурии авлод, як қатра аст. Бинобар, барои як туда, як авлод, имрӯз мардуми Тоҷикистон монанди саге ҳастанд, ки бо устухон қаноат мекунонад ва боқӣ ҳама дору надори ин кишвари пур аз сарватро ин тудаи гурусна,  аз худ мекунад.

Кишварҳои ҳамсоя соҳиби даҳҳо корхонаҳои истеҳсоли автомобилу трактор, техникаҳои аграрӣ, маишӣ ва ғайра шудаанд. Мо бошем то ҳол овораи рақсу бозӣ ҳастем.

Аз ин рӯ, гуфтанӣ ҳастам, ки агар мо хоҳем, ки пешгоҳи ҳамсоякишварҳо дастнигару забонкӯтоҳ,  назди фарзандон ва насли ояндаи худ сархаму шарманда набошем, бояд бо чашми бедор ба олам назар кунем. Аз худфиребӣ даст кашида, воқеъияти ҳолро дар кишвар дарк намоем.

Он  молу колоҳое, ки давлати Ӯзбекистон дар сафари аввалини Шавкат Мирзиёев дар Душанбе ба намоиш гузошт, намунаи боризи ин гуфтаҳои болост. Тоҷикистон аслан сузане надорад, онро ба намоиш гузорад. Аммо куртаи атлас ва чакан дорад ва онро бар тани духтарони ин миллат мепӯшонад ва онҳоро маърази тамошои хосу ом мегардонад. Вой ба ҳоли ин миллати парешону бе роҳбараш.

Хитоб ба ҳама мухолифини тоҷик!

Ман дар мавриди ҳукми шариъат намехоҳам чизе нависам, ки дар мавриди иди Наврӯз ва ё ҷашнҳое, ки дар кишвар баргузор мегарданд чӣ ҳукме доранд.Зеро нуқтаи назари мазҳаби мо – Ҳанафӣ дар ин маврид ошкор ва возеҳ аст ва ҳеҷ нофаҳмие дар он аслан вуҷуд надорад. Инчунин дар мавриди масрафҳои бемаънӣ ва исрофкориҳои мубаззиронаи ҳукумат дар ин маросимҳо Аллоҳ дар Қуръони карим ошкоро ва возеҳ баён дошта аст.

 “Исрофкорон бо шайтонҳо бародаранд ва шайтон нисбат ба Парвардигораш ношукр аст” (Сураи Исро,ояти 28)

Пас дар мавриди иди Наврӯз шуморо ба виҷдону дину мазҳаб мегузорам. Қабл аз ин ки паёмҳои табрикотие менависед ва мисли “Пешво” муасиси ин ҳама исрофкориҳое, ки Аллоҳ дар сухани ошкораш “Бародари шайтон” хитобашон кард, агар нахоҳед қарор дошта бошед, дар ин ҷинояти табзиркоронаи ин шахс худро шарик накунед ва аз Аллоҳ тарсед. Зеро ризоияти мусалмон дар ҳар амале, ки муҷиби бародари шайтон шудан мегардад,  расвоии ошкори дунё ва охират аст.

Каме қабл аз паёмҳои табрикотӣ навиштанатон андеша намоед. Рӯзи 21 март “Пешво” бо паёми табрикотӣ ба муносибати ин рӯз ба миллат хитоб мекунад. Маълум аст, ки он паём саршор аз зеботарин суханон ва ибораҳои массаратбахши пур аз таманниёти пучу холӣ  хоҳад буд. Ин паёмҳоро миллат 27 сол аст мешунавад ва аз онҳо ҳеҷ тағйироте ҳосил нагаштааст. Дар ин рӯз мадуми гурусна ва камбизоати бечораро, ки нони хурдан надоранд ҷамъ менамояд. Духтарони ин миллатро бо либосҳои нимбараҳна ё шаффофи “миллӣ” дар тан ба рақс фаро мехонад. Худаш мисли Фиръавн бо аъзои кабинааш бо нигоҳҳои шаҳватбарангези гургсифатона наззора карда, сархуш аз ҷой мехезад ва рақсу кафкуби ва …. мекунад.  Шумо дар паёмҳои табрикотиатон ин беномусиро ба ин миллат табрику ташвиқ менамоед, ки ин рӯз ба шумо муборак бошад. Ғулом буданатон ва нодориву қашшоқиятон рақси духтаронатон муборак миллати “ғаюр ва бо номусам” Шумо мардон,падарон,бародарон,шавҳарони ин духтарон дар Русия барои як бурда нон равед, Пешво духтарони шуморо бирақсонаду ҳаловат бубарад. Ман ҳамчун як шаҳрванди ғаюр ва бо номӯси аз нохунак берун, имонам виҷдонам оромам намегузорад, ҳатто чунин “паёмҳои табрикотӣ”-ро шунавам ва ё хонам.

Паёме, ки мебояд ҳар муборизи берун аз вата  ба миллат расонад, он тамоман чизи дигаре бояд бошад. Паёми мо ва шумо  мамлуъ аз ғамшарикӣ ва дилбардории мардуми дохили кишваре, ки зери сахттарин фишор, шиканҷа, беэҳтиромӣ ва дар банди асорат қарор доранд, бояд бошад. На танҳо дилбардории рӯякӣ ва аз сари забон, балки ҳақиқӣ ва самимӣ бояд бошад, ки дар амал ҳам собит шуданӣ бошад. Паём бояд рӯҳияи ин миллатро боло ва ба ояндаи нек умедвор кунад. Аммо он чӣ шумо то ба имрӯз навиштаед ва миллатро ба Наврӯз табрик мекунед аз он беҳтарашро “пешвои миллат” аз тариқи садо ва симо ва ҳатто дар он Наврӯзгоҳ мустақиман ҳамасола ба иҷро мерасонад. Шумо вақте худро мухолифи ин режим эълон кардаед, бояд комилан аз ҳама он чӣ ин режим мекунаду мегӯяд, фарқи шохисе дошта бошад. Дар ғайри ин чӣ фарқе аз ин режим доред?

Хуб мешуд, аслан дар ин ҳолате, ки миллат ва кишвари азизамон қарор дорад,  дар паёмҳои худ ҳукуматро аз ин масрафҳои бе маъное, ки мекунад маҳкум намоем. Даъват ба амал оварем то барои чанд соат рақсу бозӣ миллионҳо долари ин миллатро сарф накунад. Агар онҳо пули ин миллатанд, дар ихтиёри ин миллат қарорашон диҳад.

Дар охир инро хотир нишон мекунам, моҳи раҷаб, ки яке аз моҳҳои ҳаром аст оғоз шуд. Қабл аз анҷоми ҳар амале андеша кунед, ки амалҳои нек дар ин моҳҳо хуб ва амалҳое, ки онҳо муғойир бо шариъати ислом бошанд, гуноҳаш дучанд аст.

Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло мефармояд:

“..Дар некӯкорӣ ва парҳезгорӣ ҳамкорӣ кунед, на дар гуноҳу таҷовуз. Ва аз Худой битарсед, ки Ӯ ба сахтӣ уқубат мекунад”(Сураи Мойда,ҷузъи ояти 2)

Умед аст ҳеҷ яке аз бузургворонро озурда накарда бошам ва ончӣ навиштам дарди дилам буд ва онро рӯйи қоғаз овардам. Ба умеди пирӯзии ҳақ бар ботил ва ботил мағлубшаванда аст агар ба ҳақ мойил бошем.

Муҳаммадиқболи Садриддин

 

 

Share This Article