Суннат сарчашмаи дуввуми ислом

Ислоҳ нет

 

(чӣ гӯна ин сарчашмаи муҳим ташаккул, тадвин,тадрис ва тасниф шуд?)

 

Суннат яке аз муҳимтарин ва пас аз Қуръони карим дуввумин сарчашма ва манбаъи маъхазҳои исломӣ мебошад. Дар Қуръони карим он чӣ мавриди ниёзи ҷомеъаи башарӣ аст вуҷуд дорад. Қуръон комилан сухани Аллоҳ буда, бар Муҳаммад (саллалоҳу алайҳи васаллам) тавассути Ҷабраили амин фурӯд омадааст.

Таърифи суннат:

Суннат назди уламои ҳадис:

Ҳама он чӣ аз  Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам) аз суханон, амалҳо, тақрир, сират, сифатҳои он ҳазрат ва сифатҳои ахлоқияшон ривоят шуда аст  суннат номида мешаванд. Муҳим нест, ки ин ҳама пеш аз биъсат бошад ва ё пас аз он.

Суннат назди уламои усули фиқҳ:

Суннат дуввумин сарчашмаи шариъати исломӣ дар умум буда, манзур аз суннат аҳодиси Расули акрам (саллалоҳу алайҳи васаллам)мебошад. Инчунин дуввумин асл дар ташреъи аҳкоми шаръӣ буда, аз нигоҳи ҳукмӣ бошад, ҳукми таклифии суннатро ифода мекунад на фарзиро.

Суннат назди уламои мусталаҳ-ул-ҳадис:

Ҳама он чӣ нисбат дода шавад ба Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам) аз сухан, кирдор ва тақрир суннат аст.

Суннат назди уламои ақида:

Суннат – ин фармудаҳо ва роҳнамудҳои Муҳаммад (саллалоҳу алайҳи васаллам) дар усули дин аст. Чӣ  он сухан, амал ё роҳнамуду иршодот бошад. Он чизеро, ки дар муқобили бидъату зуҳуроти нав пайдошуда дар дин машрӯъият қарор додааст ё лозим шумурдааст. Инчунин метавонем бигӯем суннат яъне ҳамаи дин.

Чун дар таърифоти боло ҳангоми муаррифии суннат ба се чиз ишорат шуд, мехоҳам суннатҳои қавлӣ, феълӣ ва тақририро каме шарҳ диҳам, то хонанда аз онҳо огоҳӣ дошта бошад.

Суннати қавлӣ:

Суннати қавлӣ он суннатеро мегӯянд, ки аз фармудаҳои Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам), ривоят шудааст. Суннати қавлӣ болотарин дараҷаи суннат ба шумор меравад, аз ин сабаб,ки бо ин навъ ҳадис мешавад ҳуҷҷат овард. Аз нигоҳи субут, возеҳу ошкор ва қуввати ибораҳояш, чун сухани гуфта шудаи он ҳазрат(с) аст.

Суннати Феълӣ:

Суннати феълӣ он суннатеро мегӯянд, ки ҳар он чизе ки аз феъл ё амалҳое, ба ҳукмҳои шаръӣ ишорат мекунад, аз Расули акрам (саллалоҳу алайҳи васаллам) ривоят шудааст. Ин намуди суннат пас аз суннати қавлӣ дар дараҷаи дуввум меистад.

Суннати тақрирӣ:

Суннати тақрирӣ суннатеро мегӯянд, ки Расули акрам (саллалоҳу алайҳи васаллам) мебинад амалеро аз як саҳоба ё ҷамоъате аз асҳобаш, ки он марбути аҳкоми шариъат аст. Он амали саҳоба ё гурӯҳи асҳобашро рад намекунад ё сукут мекунаду чизе намегӯяд. Ё ин ки мешунавад сухани онҳоро, ки марбут ба аҳкоми шаръӣ мебошад, чизе намегӯяд ё он суханро таъйид мекунад. Суннати тақрирӣ ҳуҷҷат ва далел мешавад, аммо дар дараҷа аз суннати қавлӣ ва феълӣ дар мартабаи севвум қарор мегирад.

Мехостам барои ҳарсе як ҳадисӣ ҳамчун мисол биёрам, аммо барои тулонӣ нашудани мақола сарфи назар намудам. Агар хонанда аҳамият диҳад ташхиси ин аҳодис хело осон аст.

 

Суннат дуввумин сарчашмаи ислом

 

Дар мавриди суннати Паёмбар ( саллаллоҳу алайҳи васаллам)  бояд гуфт, ки: Асҳоби киром ба пайравӣ аз Қуръон ва дастури Паёмбар ( саллаллоҳу алайҳи васаллам)  ба аҳаммият ва нақши ҳадис ва суннат дар поягузорӣ ва устувор намудани шариъат ва дини Ислом ба хубӣ огоҳ буданд ва ба яқин медонистанд, ки ҳадис ва суннат дуввумин рукни шариъат аст, бо камоли сабр ва истиқомат ва шавқу ҷиддияту ихлос, ва баҳрагирӣ аз заковату истеъдод ва ҳофизаи фавқуллодае, ки доштанду бисёри вақтҳои худро чи дар сафар ва чи дар ғайри сафар дар ҳузури Паёмбар ( саллаллоҳу алайҳи васаллам)   ва ёдгирии Қуръон ва ҳадис ба сар мебурданд. Шахсоне буданд, монанди Абдуллоҳ ибни Амр ибни Ос (раз), ки тамоми суханони Паёмбар ( саллаллоҳу алайҳи васаллам)-ро менавиштанд, то ҷое, касе ба Абдуллоҳ гуфт:

«Чаро тамоми гуфтаҳои Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) -ро ёддошт менамоӣ?  Шояд Паёмбар  ( саллаллоҳу алайҳи васаллам) ба хости табъи башарие, ки доранд чизе бигўяд, ки набояд навишта шавад».

Аммо Паёмбар ( саллаллоҳу алайҳи васаллам)  ба Абдуллоҳ гуфт:

«Эй Абдуллоҳ ҳар чиро, ки ман мегўям бинавис, қасам  ба Худо ҳеҷ ноҳаққе аз забони ман берун нахоҳад омад».

Аз тарафи дигар, ҷамоъате аз асҳоб, ки ҳеҷ гуна шуғли дунёӣ надоштанд, бо фароғати комил, тамоми вақтҳои худро сарфи ҳифзи ҳарф ба ҳарфи Қуръону ҳадис менамуданд. Паёмбар ( саллаллоҳу алайҳи васаллам)  ба касоне, ки ба ҳузураш мерасиданд, дастур медод, то он чиро, ки аз Ӯ ( саллаллоҳу алайҳи васаллам) мешунаванд, ба касоне, ки ҳузур надоранд, бирасонанд. Гурӯҳҳое аз асҳоб бо ҳам қарор мегузоштанд, то ба навбат ба ҳузури Паёмбар  ( саллаллоҳу алайҳи васаллам) бирасанд ва ба навбат корҳои шахсии худро анҷом диҳанд. Касоне, ки ба ҳузури Паёмбар ( саллаллоҳу алайҳи васаллам) мерафтанд, он чиро ки мешуниданд барои дӯстонашон, ки саргарми кор буданд, бозгӯ мекарданд, аз ҷумла Умар ибни Хаттоб (р)  бо яке аз асҳоб қарор гузошта буданд, ки ҳар рӯз яке аз онон ба ҳузури Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) биравад ва он чиро, ки мешунавад барои дигарӣ бозгӯ намояд.

Чун хости Худо ба он буд, ки дини Ислом ба унвони поктарин ва қудрадмандтарин  динҳо бар саҳифаи айём собит ва устувор бимонад ва суннати Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам), ки яке аз рукнҳои аслии он аст, аз тағийр ва таҳриф маҳфуз бошад, чи дар асри Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам)  ва асҳоб ва чӣ дар асри Тобеъин ва Табаъа Тобиъин ва чӣ дар асрҳои баъдӣ, гурӯҳи бисёре аз уламои уммат, худро масъули ҳифз ва нигаҳбонӣ аз ҳадис ва суннат медонистанд ва бо камоли садоқату тақво ва ихлос ба таҳқиқ ва баррасию ҷамъоварии суннат ва ҳифзи он дар сина ё сабти он дар саҳифаи коғаз мепардохтанд. Ин бузургворон ба хубӣ огоҳ буданд, ки нисбат додани чизи дурӯғе ба Паёмбар  (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ҷурме аст, нобахшиданӣ. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) дар ин маврид мефармояд:

«Касе, ки қасдан чизеро ба дӯруғ ба ман нисбат диҳад, бояд ҷойи худро дар оташи дӯзах омода намояд».

Бинобар, он бузургворон  бо эҳтиёт ва диққати фаровон ин вазифаро анҷом медоданд. То ин ки дар охирҳои қарни аввал ва аввалҳои қарни дуввум ба дастури халифаи Ислом Умар ибни Абдулазиз (р) ҷамъоварӣ ва навиштани ҳадис ва суннат расман оғоз гардид. Дар он ҳангом Имом Молик(раҳ), ки яке аз муҳаддисини бузург ба шумор меомад дар Масҷидун-набӣ дар Мадина машғули ҷамъоварӣ ва баррасию ривояти ҳадисҳо буд ва донишмандоне ба монанди Авзоъӣ, Саврӣ, ибни Уяйна, Лайс, Шуъба, ибни Муборак, Шофиъӣ ва Абуюсуф  ва дигарҳо дар ҳалқаи дарси Ӯ ҳозир мешуданд. Ӯ китоби муҳими худро ба номи «Алмуватаъ», ки шомили ҳадисҳои Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) аст, дар даҳаи панҷуми қарни дуввуми ҳиҷри қамарӣ ба риштаи таҳрир даровард. Дар ҳамин ҳол иддаи фаровоне аз уламо ва муҳаддисин, ки устод ё шогирд ё ҳамтарози Имом Малик(раҳ) буданд, дар Макка ва Мисру Шом ва Ироқу Яман ва дигар мамолики сарзаминҳои Исломӣ вақтҳои худро вақфи таҳқиқу баррасӣ ва ҷамъоварию ривояти ҳадис ва суннат мекарданд ва бо ташкили ҳавзаҳои бузурги илмӣ, ки ба сурати шабонарӯзӣ фаъол ва дар ҳақиқат донишгоҳҳои илмҳои динӣ буданд, ки ҳар кадом садҳо толиби улуми диниро аз нуқтаҳои дури ҷаҳони Ислом ҷалб намуда, дар кулбаи худ ҷой дода буданд. Дар охирҳои қарни дуввум ва аввалҳои қарни саввуми ҳиҷри қамарӣ ин кӯшиш ва фаъолият ба авҷи аълои худ расид.

Китобҳои бисёре таҳти унвонҳои: Саҳеҳ, Муснад, Муватаъ, Мусаннаф ва ғайраҳо монанди Саҳеҳи Бухорӣ, Саҳеҳи Муслим, муснади Имом Аҳмад ва мусаннафи Абдурраззоқ таълиф шуданд.

Илмул-ҳадис гирдоварӣ шуд ва қоидаҳо ва шароити бисёр дақиқ ва муфиде барои мушаххас намудини ҳадиси саҳеҳ аз ҳадиси мавзӯъ ва заъиф вазъ гардид. Уламо ва муҳаддисин бо ишқу алоқаи васфнопазире тамоми тавони худро ба кор мегирифтанд ва аз ҳеҷ кӯшиш ва фидокорӣ ба манзури ҳифзи суннати Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам)  ва ҷудо намудани он аз каломи дигар шахсҳо, дареғ намекарданд. Бисёр иттифоқ меафтад, ки як муҳаддис барои шунидан ва дарёфти ҳадисе аз як гушае ба дигар гушаи ҷаҳон мерафт ва моҳҳо ранҷ ва машаққати сафарро таҳаммул мекард, вале вақте ки онро мешунид ва ривояткунандаро шиносоӣ мекард, чун шароити лозимро дар ҳадис намедид, аз пазируфтани он худдорӣ мекард.

Албатта муҳаддисин танҳо ба ҳифз ва ҷамъоварии ҳадисҳои саҳеҳ иктифо намекарданд, балки ҳар ҳадисеро, ки ба Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам)  нисбат дода мешуд ҷамъоварӣ мекарданд. Ҳар кадоми онҳоро ҷудогона мавриди баррасии дақиқ қарор медоданд ва ривояткунандаи ҳар ҳадисро яке баъд аз дигарӣ шиносоӣ мекарданд, то ин ки силсилаи ривоят ба асҳоб ё Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам)  мерасид.

Андозаи диққат ва қудрати ҳифз ва тақвои ҳар якро мушаххас мекарданд, матн ва маънии онро бо дигар ҳадисҳои саҳеҳ ва Қуръон ва ақли солим мутобиқат медоданд ва баъд аз таҷзияву таҳлил ва баррасии ҳамаҷониба ба сиҳҳат ё заъф ё мавзӯъ будани он ҳукм мекарданд. Онон тамоми ин таҳқиқотро дар варақаи шиносоии он ҳадис ёддошт мекарданд ва ин варақаро ба унвони шиносномаи он дар китобҳои худ сабт менамуданд.

Ба коргирии ин равиши илмӣ аст, ки мебинем Имом Бухорӣ (раҳ) дар байни даҳо ҳазор ҳадисе, ки ҳифз ва ҷамъоварӣ намудааст, танҳо дар ҳудуди 2 600 ҳадиси борҳо такрор нашударо дар саҳеҳи худ пазируфтааст. Ҳамин тавр шогирдаш Муслим, дар байни даҳо ҳазор ҳадис дар ҳудуди 3 500 ҳадиси ғайри такроршудаи саҳеҳро ҷамъоварӣ намудааст. Дигар муҳаддисин ҳам бо таваҷҷуҳ ба тафовути шароит ва имконот ва истеъдодҳои Худододӣ аз ҳамин равиши илмӣ пайравӣ кардаанд. Имомони ҳадис чун Насоӣ, Абудовуд, Тирмизӣ ва ибни Моҷа ва  дигар муҳаддисин китобҳои худро бар ҳамин асос ба риштаи таҳрир даровардаанд.

Ба ростӣ бар мо лозим аст, талош ва фидокорӣ ва кӯшишҳои ҳамидаи ин пешвоёни мухлис ва парҳезкори худро бо ҷону дил сипосгузорӣ намоем ва ба унвони гузаштагони ҳақшинос, аҷри фаровонро барои онон аз пешгоҳи Худованд, таманно кунем ва эътироф намоем, ки ин бузургворон чунон ганҷинае аз худ  боқӣ гузоштаанд, ки арзиши он аз қудрати тахмин берун аст, ба сурате, ки вазъияти ҳамаи ҳадисҳо ва суннатҳои нисбат додашуда ба Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам), ки шояд теъдоди онҳо ба садҳо ҳазор ҳадис, чӣ саҳеҳ ва заъиф ва мавзӯъи равшан, ки – ҳар як дорои шиносномаи махсус ба худ мебошад, мерасад. Барои ҳар олим ва муҳаддисе, ки ба китобҳои ҳадис ва риҷол муроҷиат намояд, мушаххас мешавад, ки фалон ҳадис дар чӣ шароите мебошад. Касе наметавонад ҳадисеро муаррифӣ кунад, ки уламо ва муҳаддисин онро мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор надода бошанд. Ҳатто гурӯҳе аз муҳддисин, ҳадисҳои мавзӯъаро ба сурати ҷудогона дар китобҳое ҷамъоварӣ намудаанд, то касоне, ки аҳли фан нестанд ва дар илмҳои ҳадис огоҳии лозимаро надоранд, ба хубӣ ҳадисҳои мавзӯъаро бишиносанд.

Бо таваҷҷӯҳ ба аҳаммияти мавзӯъ, зарурат дорад, ишораи бисёр мухтасаре ба қисмҳои ҳадис бинамоем, то хонандаи  муҳтарам бо басират ва эҳсоси масъулияти бештаре бо он рӯ ба рӯ шавад. Уламо ва муҳаддисин, аҳодиси Паёмбар (саллалоҳу алайҳи васаллам) -ро ба се қисм,  саҳеҳ, ҳасан ва заъиф тақсим кардаанд. Мавзӯъ ҷузви ҳадис нест ва гузоштани лафзи ҳадис бар он то замоне ҷоиз аст, ки маълум нагардида бошад, ки мавзӯъ аст ва ҳамин, ки мавзӯъ будани он собит шуд, дигар гузоштани лафзи ҳадис бар он дуруст нест.

 

1.)Ҳадиси саҳеҳ, ҳадисе аст, ки тамоми ривояткунандагонаш дар силсилаи ривояти он яке баъд аз дигарӣ- то ин ки ривоят ба Паёмбар ( саллаллоҳу алайҳи васаллам)  ё саҳоба тамом мешавад- зикр ва шиносоӣ шуда бошанд ва якояки онон одил ва дурусткор ва дорои қудрати ҳофизаи фаровон барои забти дақиқи шунидаҳои худ бошад. Ҳадиси саҳеҳ набояд «шоз» ва ё муаллал(дорои иллат) бошад. Ҳадиси «шоз» он аст ки ривояткунандаи он одил ва дорои ҳофизаи (зеҳни) қавӣ аст, вале ривояташ бо ривояти дигар ровиёни одил ва боҳофиза фарқ мекунад. Ҳадиси муаллал ҳадисе аст, ки дорои айб ва эродҳои пинҳонӣ ва махфӣ бошад, ки танҳо уламо ва муҳаддисин онҳоро ташхис медиҳанд. Бинобар ин ҳадиси саҳеҳ ҳадисе аст, ки чӣ аз лиҳози матн ва маънӣ аз ҳар нуқсе ҳифз шуда ва бе айб бошад. Ҳадиси саҳеҳ низ бар ду навъ аст: яке ҳадиси «мутавотир» ва дигарӣ ҳадиси «оҳод». Мутавотир ҳадиси саҳеҳе аст, ки гурӯҳи зиёде онро ривоят карда бошанд ва эҳтимоли ин ки ин гурӯҳ бар дурўғ тавофуқ карда бошанд, вуҷуд надошта бошад. Ин ҳолат бояд дар ҳамаи табақаҳо ҳифз шавад, монанди ҳадиси шафоат ва ҳадиси меъроҷ ва дигарҳо. Ҳадиси мутавотир ифода кунандаи илм ва яқин аст ва дар тамоми масъалаҳои динӣ чӣ аз ақидатӣ ва чӣ аз амалӣ, санад ва ҳуҷҷат аст. Ҳадиси «Оҳод» он аст, ки теъдоди ривояткунандагони он ба марҳалаи «тавотур» нарасидааст, монанди бисёр ҳадисҳои марбути ибодат, муъомилот, ҳудуд, қисос, никоҳ, талоқ ва дигарҳо. Ҳадиси саҳеҳи «Оҳод» ба эътиқоди ҷамъе аз уламо ба таври куллӣ муфиди илм ва яқин мебошанд. Иддаи дигаре аз уламо муътақиданд, ки танҳо ҳадисҳои оҳоди саҳеҳи Бухорӣ ва Муслим муфиди илм ва амал мебошанд ва дигар оҳоди саҳеҳ танҳо муфиди амал ҳастанд. Аммо қавли бартар ин аст, ки ҳадисҳои саҳеҳи оҳод ба таври куллӣ чӣ аз саҳеҳи Бухорӣ ва саҳеҳи  Муслим ва дигар саҳеҳҳо муфиди заннӣ (гумон пиндошт) ҳастанд ва дар масъалаҳои шаръӣ ва амалӣ ҳуҷҷат ва санад мебошад. Тамоми уламо ва муҷтаҳиддони Ислом аз асри асҳоби киром, то ба имрӯз бар ин мавзӯъ иттифоқи назар доштаанд.

2.)  Ҳадиси «Ҳасан» он аст, ки ҳамаи ривояткунандагони он дар силсилаи ривоят яке баъд аз дигарӣ то ин, ки ривоят ба Паёмбар       ( саллаллоҳу алайҳи васаллам)  ё саҳоба тамом мешавад, зикр ва шиносоӣ шуда ва ҳама одил ва дурусткор ва дорои ҳофизаи (зеҳни) қавӣ бошанд, вале қудрати ҳофиза ва забти онон ба андозаи қудрати ҳифз ва забти ривояткунандагони ҳадиси саҳеҳ набошад. Ҳадиси «Ҳасан» ҳам набояд  «Шоз» ва ё муалал бошад. Фарқи ҳасан бо саҳеҳ ин аст, ки аввалан қудрати ҳифз ва забт дар ривояткунандагони саҳеҳ бештар аст. Дуввум: ҳадиси «Ҳасан» ҳамеша «Оҳод» аст ва «Мутавотир» надорад. Ҳадиси «Ҳасан» гоҳе бо таваҷҷуҳ ба омилҳои дигаре ба сурати «саҳеҳ» дармеояд, ки ба ин навъ «Ҳасанун лизотиҳи ва саҳеҳун лиғайриҳи» гуфта мешавад. Ҳадиси «Ҳасан» ҳам монанди «Оҳоди саҳеҳ» муфиди амал ва зан(гумон) аст ва дар масъалаҳои фаръӣ ва амалӣ ҳуҷҷат аст. Бояд таваҷҷуҳ дошта бошем, ки ҳадисҳои саҳеҳи оҳод ҳама дар як мартабаи аз сиҳҳат (дурустӣ) қарор надоранд, балки дорои мартабаҳои гуногун буда,  баъзе аз баъзеи дигар саҳеҳтар мебошанд. Аввалин мартаба ва баландтарин дараҷаи ҳадиси саҳеҳ ҳадисҳое ҳастанд, ки Бухорӣ ва Муслим ҳар ду ба ривояти онҳо иттифоқи назар доранд, ки дар истилоҳ ба онҳо гуфта мешавад: муттафақун алайҳ. Саҳеҳи Бухорӣ дар мартабаи дуввум, саҳеҳи Муслим дар мартабаи саввум ва саҳеҳи Абудовуд дар марҳилаи чаҳорум мебошанд. Саҳеҳи Тирмизӣ, Насоӣ ва ибни Моҷа ба тартиб дар марҳилааҳои панҷум, шашум ва ҳафтум қарор доранд. Китобҳои ин шаш муҳаддиси бузург маъруф ба «Сиҳоҳ ва суннани ситтаҳ» ( Китоҳои Суннати шашгона) мебошанд.

Ҳадиси заъиф он аст, ки дорои шароити ҳадиси саҳеҳ ва ҳасан набошад. Ҳадиси заъиф муфиди илм ва амал нест ва дар ҳеҷ як масъалаҳои динӣ санадият надорад. Уламои Ислом  аз санад овардан ба ҳадисҳои заиф худдорӣ намудаанд. Вале иддае муътақиданд, ки ҷоиз аст дар масъалаҳои тарғибу тарҳиб (тарсонидан) ва фазоилу маноқиб (некӯкориҳо) аз онҳо истифода намуд. Бо таваҷҷуҳ ба мартабаҳои боло маълум гардид, ки ҳамаи аҳкоми Ислом ё мубтанӣ бар Қуръон ва ҳадисҳои  саҳеҳ ва ҳасан ё бар асоси иҷмоъ ва қиёс ва истеҳсон мебошад, ки албатта марҷаъи ин се қисми охир низ Қуръон ва ҳадиси саҳеҳ аст. Уламо ҳеҷ ҳукми шаръиеро бар ҳадиси заиф ё мавзӯъ бино наниҳодаанд. Вақте ки ба аҳаммияти ҳадиси саҳеҳ ва суннат огоҳ шудем ва нақши онро ба унвони пояи дуввуми шариат шинохтем, лозим аст бо эҳсоси масъулият ва адаб ва огоҳӣ бо ҳадис рӯ ба рӯ шавем ва аз зиёдаравӣ ва кӯтоҳӣ парҳез кунем. На монанди касоне бошем, ки ҳар чӣ бо завқ ва салиқаашон мувофиқ набошад бепарво онро рад мекунанд, ҳарчанд, ки ҳадиси саҳеҳи Паёмбар            ( саллаллоҳу алайҳи васаллам) ҳам бошад. Дар ин сурат тибқи каломи сареҳ ва ошкори Қуръон чунин касоне бояд мунтазири балои бузург ва азоби шадид бошанд. На монанди касоне бошем, ки ҳар чиро ба номи ҳадис навишта шуда бе ҷудо ё ташхис намудани саҳеҳ аз заъиф ва мавзӯъ мепазиранд ва онро ба Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) нисбат медиҳад. Бинобар ин танҳо аҳли илм ва тақво ҳастанд, ки метавонанд ҳадди миёнаро риоят кунанд ва аз лағзиш дур бошанд. Чун ҳадис ва суннат ҳам монанди Қуръон аз мишкоти ваҳй нурафшонӣ мекунанд ва ниёз ва огоҳӣ бар илмҳои махсус доранд. Чунин нест, ки ҳар касе, ки тавонист чанд матлаб ва ҷумлаи форсӣ ё арабиро маънӣ намояд, битавонад дар барои ҳадис қазоват кунад ва ба он фатво диҳад ё бигӯяд онро қабул надорам. Ин кор ниёзманди тассаллут бар оятҳо ва ҳадисҳои саҳеҳ ва донистани луғати арабӣ ва улуми наҳву сарф ва балоғат ва баён ва усули фиқҳ аст. Илова бар ин муфтӣ ва муҳаддис бояд одил ва муттақӣ ва дорои заковати фаровон ва қудрати истинбот (фаҳмидан ва берун овардани матлаб бо иҷтиҳод) бошанд. Бояд аз адабу ахлоқ ва тақвои гузаштагони бузургамон пайравӣ кунем. Он бузургон, то маҷбур ба фатво ва қазоват намешуданд аз фатво парҳез мекарданд ва танҳо вақте фатво медоданд, ки тасаллут ва огоҳии комил ба мавзӯъ медоштанд ва аз рӯйи ҳавои нафс сухан намегуфтанд. Ҳафтоду чанд суол аз умри  Имом Молик (р.ҳ.) гузашт, дар талаби илм кушишҳои зиёд намуд.Чӣ қадар шогирдони барӯманд ба уммат тақдим намуд дар як ҳалқа Имом Молик (ра) танҳо ба ду суоли онҳо ҷавоб дод ва дар ҷавоби бақия гуфт: «Намедонам». Чун, ки адаб ва тақво бо ӯ иҷоза намедод, ки бе илм ва огоҳӣ чизеро бигӯяд. Умед аст ин асли дуввуми шариъатро каме ҳам бошад огоҳӣ пайдо намудед. Салавот бар Муҳаммад ва хонадону асҳоби поки эшон бод,валлоҳу аъламу биссавоб.

Муҳаммадиқболи Садриддин

Share This Article