“Обсофкунак”-ҳои Асадулло Раҳмон ва Шералишо Кабиров фош шуданд

Ислоҳ нет
 
 
Таҳқиқи гуруҳи ихтиёриёни “Диссернет.tj” собит кард, ки хабару мақолаҳо ва инчунин нигоштаҳо дар калонтарин гуруҳҳои бахши тоҷикии Фейсбук ва баъзе расонаҳо муташаккилона поккорӣ мешаванд. Нахустин натиҷаҳои таҳқиқ инҳоянд: 
 
1. Гуруҳи “Ахбор барои афкор” – асосгузор ва мудири гуруҳ журналисти шинохта Раҷаби Мирзо,модераторҳо Мадина Карим ва Икромҷон Воҳидов.
Ба ташхис, ки рузи 19 май гузаронда шуд, ҳади аққал се хабар оид ба асардуздӣ дар ин гуруҳ поккорӣ шудааст:
• Ду хабар оид ба “плагиат” айбдор шудани директори “ТАЛКО” Шералишо Кабиров, ки бо тоҷикӣ ва русӣ нашр шуда буданд. Дар ҳамин ҳол, пост ба тарафдорӣ аз Кабиров, ки писарамакаш навиштааст, поккорӣ нашудааст.
• Хабар оиди ба “плагиат” айбдор шудани Ёрдамчии президенти Тоҷикистон Асадулло Раҳмон, ки бо ду забон нашр шуда буд, поккорӣ шудааст. Он хабар аз сербаҳстарин ва серхонандаҳои гуруҳ буд.
 
2. Гуруҳи “Мо тоҷикистонием/Мы таджикистанцы” – мудирон ва модераторҳои гуруҳ: Тахмина Ғафоровна Бобохонова, Kuma Murtazakulova, Азиз Закиряев, Shuhrat Juraev , Siyarsho Hojiev ва Темур Шодмонбеков.
• Аз поварақи хабар оид ба “плагиат” айбдор шудани Шералишо Кабиров кулли нигоштаҳо пок шудааст.
• Хабар оиди ба “плагиат” айбдор шудани муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саидов поккорӣ шудааст.
 
3. Дар сомонаи Аkhbor.com: (асосгузор ва сармуҳаррираш журналисти шинохта Мирзо Салимпур):
• Хабари ба асардуздӣ айбдор шудани ректори Донишгоҳи Хоруғ Ҷонмамадов Шермамад (ҳам ба забони русӣ ва тоҷикӣ) поккорӣ шудааст.
• Хабари ба плагиат айбдор шудани Ёрдамчии президенти Тоҷикистон Асадулло Раҳмон бо забони русӣ ҳаст, аммо ба тоҷикӣ поккорӣ шудааст.
 
Дар умум дар беш аз 10 гуруҳи машуҳур хабару нигоштаҳо оиди се мансабдори рисолаҳои номзадӣ ва докторияшон “ранга”: Асадулло Раҳмон, Шералишо Кабиров ва Давлаталӣ Саидов поккорӣ шудаанд. 
 
Дар вокуниш ба ин фасодкории муҳарриррон, маъмурон ва танзимгарон гуруҳи ихтиёриёни “Диссернет.tj” тасмим гирифт, ки: 
1) Дар кутоҳтарин фурсат намунаҳои барҷастаи асардуздии ин се мансабдорро бо тафсилоти бештар фош мекунад; 
2) Решниҳоди аризаҳо ба ВАК ро ҷиҳати бекор кардани унвонҳои илмии онҳо метезонад; 
3) Феҳристи миллии вайронкунандагони этикаи илмӣ ва Феҳристи миллии “обсофкунакҳои”  рисолаҳои “ранга”- ро таҳия сохта, ному насаб ва фасодкории  онҳоро мунтазам нашр мекунад.
 
Ҳамчунин гуруҳи ихтиёриёни “Диссернет.tj” аз корбарон хоҳиш мекунад, ки дар баробари амалҳои ношоиста ва фасодкорӣ бетараф набошанд, аз масъулони расонаҳо ва мудирони гуруҳҳо ҷиҳати роҳ додан ба фасодкорӣ узри расмӣ талаб кунанд, эҳтироми худро ба ҷо оранд.
Ин таҳқиқ ба эмели мо расид ва поёни он чунин навишта шуда буд
Гуруҳи ихтиёриёни “Диссернет.tj”
Share This Article