26.07.2018 Хабарҳо: Аз ҳар гӯша як хӯша

Ислоҳ нет

 

Тасмими таҳримҳои Трамп алайҳи Эронро Туркияву Тоҷикистон напазируфтанд

Раҷаб таййиб Эрдуғон, президенти Туркия имрӯз дар Анкара гуфт, ки кишвараш ба ҳеҷ ваҷҳ ба таҳрими Амрико алайҳи Эрон розӣ нахоҳад буд.

“Эрон яке аз муҳимтарин шарикони стратегии Туркия ба ҳисоб меравад ва мо ҳеҷ гоҳ муносибати худро бо ин кишвар бад карданӣ нестем. Амрико моро ба ин тасмимаш розӣ карда наметавонад”. – гуфтааст Раҷаб таййиб Эрдуғон.

Ҷиҳати эълони таҳрими Амрико алайҳи Эрон  сафири Тоҷикистон дар Эрон низ ибрози ақида карда гуфтааст, ки таҳримҳои Амрико наметавонад монеи содироти колоҳои эронӣ шавад ва Тоҷикистон аз таҳримҳое, ки алайҳи Эрон эъмол мешавад, истиқбол намекунад.  

Неъматуллоҳи Имомзода, Сафири Тоҷикистон дар ҷумҳурии исломии Эрон зимни сӯҳбаташ бо расонаҳои эронӣ гуфтааст, ки  колои эронӣ дар ҳама ҳол ва ҳамаҷо муштарии худро дорад ва бобати арзаи ин колоҳо дар нуқоти мухталифи ҷаҳон нигаронии чандоне вуҷуд надорад.

“Тоҷикистон аз рушд ва тавсеаи равобити Эрон бо дигар кишварҳо ҳимоят мекунад”. – афзудааст сафир.

Бояд зикр намуд, ки беш аз 160 санади ҳамкории дуҷониба дар заминаҳои мухталиф байни Тоҷикистон ва ҷумҳурии исломии Эрон ба имзо расида дар ҳоли иҷро қарор дорад.

***

 

Хархашаи ду халабони ироқӣ дар ҳавопаймо

Ду халабони ироқӣ бар фарози осмон бо ҳам занозанӣ карда ҷони мусофиронро ба хатар андохтаанд.

Тибқи иттилоъи Вазорати ҳамлу нақли Ироқ  ин ду халабон, дирӯз, чаҳоршанбе ҳангоми парвоз дар фазо бо ҳавопаймои мусофирбарии Боинг 737 бо ҳам дар кабини халабон ба шиддат даргир шуда ва ҷони ҳамаи 160 нафар мусофирони ин ҳавопайморо дар хатари ҷиддии марг қарор доданд.

Ин ҳавопаймо аз шаҳри Машҳади Эрон ба Ироқ парвоз мекардааст.  

Вазорати ҳамлу нақли Ироқ эълом кардааст, ки ин ду халабон бар асоси ҷурме, ки муртакиб шуданд, бо шадидтарин вазъ танбеҳ ва муҷозот хоҳанд шуд.

***

 

Игор баъди 30 соли гумшавӣ дар Афғонистон бо номи Амриддин пайдо шуд

Антонина Белокуроваи 78-сола аз вилояти Волини Украина, зиёда аз 30 сол мешавад, ки ба вафот кардани писараш Игор Белокуров боварӣ надорад ва ҳамвора раҳ мепояду бозгашти фарзандашро интизор аст.

Дар охири солҳои 80-ум, писараш дар вилояти Қандаҳори Афғонистон ҷангида, ҳамонҷо гум шудааст. Ҳамаи ин солҳо, ин зан боварӣ доштааст, ки писари ӯ зинда аст ва дар баҳори соли равон маълумот пайдо шудааст, ки эҳтимол дорад интизории ин зан беҳуда набудааст.

Дар асоси матлаби  Радио Свобода, як мард дар деҳаи дурдасти Афғонистон пайдо шудааст, ки тибқи ташхиси хун (ДНК) ҳамон марди низомии Украинӣ будааст. Ӯ хотираҳои худро дар ёд надорад ва дар Афғонистон зиндагӣ мекунад. Ӯро дар Афғонистон Амриддин ном мебаранд. Исломро қабул карда, оиладор шудааст ва панҷ фарзанд дорад.

 ***

 

Расонаҳои маҳаллӣ мамониатҳои мақомот ба сафари Ҳамзаро рӯйпӯш мекунанд

Шараф Пиров, муовини сардори гузаргоҳи назорати сарҳадии Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД) ба хабаргузории Азия плюс гуфтааст, ки барои ба хориҷи кишвар рафтани Ҳамза Тиллозодаи 4-сола ҳеҷ монеъа ё манъкуние вуҷуд надорад.

“То имрӯз ҳеҷ касе аз наздикони Иброҳим (Ҳамза) Тиллозода, набераи раиси Ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон манъшудаи наҳзати исломӣ Муҳиддин Кабирӣ дар мавриди ба хориҷи кишвар бурдани ӯ ба мо муроҷиат накардаанд. Агар онҳо бо шиноснома ва раводиди дахлдор оянд, ҳеҷ касе ба онҳо гузаштани сарҳад ва берун рафтани аз кишварро манъ намекунад», – қайд кардааст подполковник Пиров.

Ӯ ҳамчунин маълумоти гӯё аз модари кӯдак – Мижгона Зайниддинова гирифтани ҳуҷҷатҳояшро рад намуд.

«Ин маълумот асоси воқеӣ надорад, кормандони гузаргоҳҳои сарҳадӣ ҳеҷ гоҳ ҳуҷҷатҳои шаҳрвандони Тоҷикистонро мусодира намекунанд, аз ҷумла ҳуҷҷатҳои Мижгона Зайниддиноваро. Модари кӯдак дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтааст, ки онҳо ҳуҷҷатҳояшонро гум кардаанд», – изҳор дошт Шараф Пиров.

Аммо Файзинисо Воҳидова, ҳуқуқшиноси маъруфи тоҷик мегӯяд, баъзе аз расонаҳои хабарӣ ба найрангҳои мақомоти Тоҷикистон ҳамроҳ шуда, мамониатҳое, ки барои сафари Ҳамза Тиллозода, мақомоти амниятӣ эҷод кардааст, рӯйпӯш карда истодаанд.

Ин ҳуқуқшиноси тоҷик дар саҳифаи фейсбукии худ бо муроҷиат ба хабарнигорону рӯзноманигорони расонаҳои маҳаллӣ мегӯяд, гузоришҳо аз қазия ғайриҳирфаӣ буда, ҷавобгӯи талабот нест.

“Журналистони муҳтарам! “ …ба худ як суол диҳед, ки магар бе шиноснома имконият ҳаст, ки шахс аз кишвар берун равад? Тули ин чанд рӯз гуфтанд ва мегӯянд, ки шиноснома ва дигар ҳуҷҷатҳои марбут ба шахсияти онҳоро се сол қабл мақомот гирифта, бозпас барнагардондааст. О, шумо журналисти дорои фаросат бошед, мусоҳиба бо масъулини КДАМ, Хадамоти шиносномадиҳӣ, ВКД доир намоед ва бипурсед, ки куҷо шуданд ҳуҷҷати шахсии онҳо ва кадом мақомот гирифта буд.” – мегӯяд Файзинисо Воҳидова.

Ӯ меафзояд: “Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, бо як истилоҳ “пограничник” машғули ҳифзи марзу буми ватанамон мебошанд. Барои пограничник шиноснома пешниҳод намо ва марзро убур кун. Аз ҳамин мусоҳибаву навиштаҳои бемантиқатон шарматон намеояд? Ё зуратон танҳо ба марзбонон расид?”

Мавриди қайд аст, ки дар портали Change.org ба дастгирии Иброҳим (Ҳамза) Тиллозода ҷамъоварии имзоҳо оғоз гардида, дар он гуфта шудаст, ки  кӯдак аз бемории саратон азият мекашад, лекин ӯро барои ба табобат рафтан ба хориҷи кишвар мақомти Тоҷикистон бинобар набераи Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари ҲНИТ буданаш  иҷозат намедиҳанд. Аллакай наздик ба 75 ҳазор нафар бо имзои худ аз роҳбарияти Тоҷикистон талаб кардаанд, ки ҷиҳати табобати кӯдак дар хориҷ барои сафараш иҷоза бидиҳад.

 

 

 

 

 

Share This Article