Фарзанд атои Худованд (қиссаи ҷолиб)

Ислоҳ нет

Истгоҳи ниҳоят серодами ҳудуди бозор.  Кӣ бо харид, кӣ бо фоидаи фурӯш ? Кӣ музтару  кӣ дар хурӯш? Ҳамагон бори зиндагӣ бар душ интизори нақлиёти хатсайраш мувофиқи манзилашон дар истгоҳанд .  Байнашон ҷавонзане бо чашмони аз гиря варамида ва ранги руй паридае бо се нафар кӯдак аст. Маълум, ки борхалтаи пур аз бозорӣ надорад, аммо дили пур аз озоре дорад, ки дар чехрааш ҳувайдост. Духтарчаҳояш  бо гардани каҷ ба атроф назар мекунанду домони модарро қапида меҷунбонанд, гуруснагиашонро бо нигоҳи маъсум мефаҳмонанд, модар сарашро бо аломати инкор меҷунбонад ва оҳиста пичирос мезанад: “Айб аст”

 

Дар дасти модар навзод дигар парпеч аст. Дурусттар нигоҳ кунед ду-серӯза будани навзод  бараъло аён аст.

 

Нақлиёти маҳаллаи Таги Чинор меояд.  Мусофирон як-як савор мешаванд. Ҷавонзан ҳам мебарояд, аммо ҷойҳои нишаст бо пиронсолон ва кӯдакдорон пур шудааст. Кӯдакашро ба дасти мӯйсафеде медиҳаду худ рост меистад. Мӯйсафед аз рӯйпӯши парпеч як назар карда механдад.

 

Ҳа шери бобош, чиллаат набаромада , кӯча баромадӣ?!

 

-Шер мешуд, намебаромадем, Бобои Оқил. Шавҳарам гуфт, ки сеюмаш духтар шавад, рост аз таваллудхона ба хонаи модарат рав. Ду рӯз боз духтурон рухсат додаанд, касе гирифта намебарад. Рост ба хонаи модарам рафта истодаам.

 

Ҷавонзан бо овози гиряолуд нисф-нисфи калимаҳоро фурӯ бурда ҳарф мезад.

 

Бобои Оқил бо таассуф оҳ кашид.

 

Хости Худованд аст, духтарам. Мана ман нуҳ писар дорам. Худораҳматии кампири аввалаам шаш писара калон карду ба кӯчаи орзу надаромада, аз дунё чашм пушид . Дуюм занам ҳам бо як писар омаду ду писари дигар тавлид кард.  Ҳама соҳибхона шуданд. Мана кӣ мегӯяд, ки нуҳ писардорам? Ҳар рӯз аз бозор 3-4 кило пиставу қурут оварда, пушти дари мактаб нишаста мефурӯшам, деги сиёҳам меҷӯшад. Яктоякаш духтар шавад буд, даркушоякам мешуд…

 

Истгоҳҳои дохили шахр ба охир расида, нақлиёти масиргард ба маҳалла ворид мешавад, мусофирон як-як кам мешаванд.  Мӯйсафед ба ду духтарчаи он зан яктоги қурут медиҳаду ба паҳлӯяш мешинонад.

 

-Падаратон  бачагӣ кардааст-дия, духтарро кӣ медиҳаду писарро кӣ медиҳад?! Ин атои Худованд.

 

Ба ҷавонзани хомӯш нигариста, боз насиҳаташро давом медиҳад:   “Гӯш кун духтарам, ту як худатро не, тақдири се духтаратро ҳам фикр кун. Шавҳарат болои ғазаб ҳар чи ба даҳонаш ояд, гуфтан мегирад. Духтарҳоро аз хонаи падарат набурди-ку?!   Имшаб дар хонаи модарат меҳмон шав, ана рав боз як шаби дигар, аммо хуб дарди дилата гуфта гиру боз баромада, ба хонаи худат рав. Шиками танги модарба ғунҷидам, хонаи васеяшба намеғунҷам-ми?  нагуй. Як шаб, ки зери чодари арусӣ даромадӣ, хонаи падарро фаромӯш кун. Ту ин ҷо меҳмон будӣ духтарам, акнун ба хонаи худат рафтӣ. Ин гапро ман гуфтам, ту ба ду гушат ҳалқа карда андоз”

 

Истгоҳи Бобои Оқил ҳам наздик мешавад. Бобо зери лаб ғур-ғуркунон, нон ба як рӯй пазад духтарам  гуён, фаромада меравад.

 

Ҷавонзан ду рӯз ҳам дар хонаи модар намеистад. Нигоҳҳои пурсуолу ҳ айратангези ҳамсояҳо теғ барин мерасад. Чеҳраи андӯҳгини модарашро ҳам дида, ноҳинҷор мешавад, субҳи дигар баромада меравад.

 

Баробари чашм пӯшида кушодан кӯдак ҳам калон шудан мегирифтааст. Духтарчаи сеюм ҳам роҳгардак шуд. Рӯзе аз дасти модар қапида, боз аз ҳамон назди бозор ба нақлиёт савор мешаванд. Лекин ин дафъа падарашон ҳам ҳамроҳ аст.

 

Бобои Оқил ҳам дар мошин аст ва чун одати пешина як халта пистаи хом дорад. Зану шавҳар дертар ворид мешаванду ҷойи нишаст намемонад. Ин навбат кӯдаки парпеч дар дасти падар буд. Кӯдакро ба бағали бобо медиҳанд.  Духтарчаи калонӣ ба бобо нигариста мегӯяд: “Оқил-бобо, модарҷонам писар харид”
Бобо ба ҷавонзан нигоҳ мекунад, ӯ бошад, тасдиқкунон сар меҷунбонад.

 

Бале Бобоҷон, инаш шери бобо, номаш Меҳрубон!

 

Ба зиёфати ақиқаи додарам биёед бобо -гуён аз мошин як-як духтарчаҳои дустрӯяк фаромада мераванд.

Share This Article