Дирӯз, зимни баргузории нишасти рӯзи аввали САҲА дар Варшава, муовини раиси Маҷлиси миллии Ӯзбекистон, Светлана Ортиқова ҳини суханронияш гуфт, кишвараш сиёсатеро пеша кардааст, ки бояд ҳукумат дар хидмати мардум бошад, на мардум дар хидмати ҳукумат.
“Ба ҳеҷ кас пӯшида нест, ки кишвари ман солҳои охир босуръат рушд карда истодааст. Айни ҳол кишварам бо огоҳии комил, рӯ ба ислоҳоти судманд буда, бо нигоҳи нав даст ба кор аст”.-гуфт Светлана Мирзобековна.
Ӯ афзуд: Мақсади асосии мо ин сохтани як кишвари воқеан дунявӣ ва демократӣ мебошад, ки дар он ҳуқуқи инсон, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муносиботи иқтисодӣ дар мадди назари аввал меистад.
Светлана Ортиқова дар идомаи суханронияш дар бораи низоми пешгирифтаи кишвараш маълумот дода гуфт: “Мо мехоҳем низомеро пиёда созем, ки дар он ҳукумат бо таври ошкор ва шаффоф аз фаолиятҳои худ гузоришдаҳанда ба мардум бошад. Дар ин ҷода мо аллакай қадамҳои устувори худро гузошта истодаем”. Ортиқова мегӯяд, ҳукуматро мебояд дар хидмати мардум бошад, на баракс.
“Иродаи сиёсии Ҳукумати Ӯзбекистон ва ҳам шиори мо ин шудааст, ки ҳукумат бояд дар хидмати мардум бошад на мардум дар хидмати ҳукумат. Мо барои дар амал пиёда намудани ин шиор кӯшишҳои худро карда истодаем ва масъулон доранд, худро одат медиҳанд, ки ба арзу шикоятҳои мардум гӯш диҳанд”.-таъкид кард вай.
Ин сенати парлумони Ӯзбекистон дар идомаи суханронияш аз он меболид, ки бино ба қавли худаш аллакай баръало дида мешавад, ки дар кишвараш теъдоди аҳзоби сиёсӣ ва созмону ташкилотҳои ғайридавлатӣ, расонаҳои мустақил зиёд шуда истодаанд. Майли мардум нисбат ба сиёсат авҷ мегирад.
Як нуқтаи муҳиме, ки Ортиқова қайд кард, ин буд, ки дар Ӯзбекистон ҳукумат ба эродҳои парлумон гӯш медиҳад ва парлумон ба саволҳое, ки ба мақомоти иҷроия додааст, ҷавоб мегирад.
“Бояд қайд кунам, имрӯзҳо парлумони Ӯзбекистон, ки ман худ онро намояндагӣ мекунам, мустақилияти воқеъии худро ҳамчун яке аз шохаҳои ҳокимият касб карда истодааст. Парлумон алакай аз ҳокимияти иҷроия ба саволҳои худ ҷавоб мепурсад. Ин дар ҳолест, ки ҷавоб додан ба баъзе аз суолҳои вакилони парлумон на он қадар ба ҳукумат хуш меояд. Ба ҳар ҳол мо ба ин ноил шуда истодаем”.- таъкид кард ӯ.
Ин ҳам дар ҳолест, ки ду намояндаи Тоҷикистон дар нишасти САҲА, Низомиддин Зоҳидзода ва Сайфулло Сафаров танҳо аз муносибати хубашон бо САҲА миннат карданду аз роҳ ёфтани мухолифон ба ин нишаст изҳори нигаронӣ ва дигар ҳеҷ. Ақалан гуфта натавонистанд, ки кадоме аз принсипҳои асосии талаботи конститутсионӣ ва арзишҳои инсонӣ дар Тоҷикистон ба инобат гирифта мешавад.
Илова бар ин ақалан яке аз ин ду, ҳатто гуфта натавонист, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон дар Тоҷикистон то чӣ ҳад риоя мешавад.
Аз рафти суханронии ин ду маълум буд, ки зери таъсири муборизаҳои беамони мухолифони сиёсӣ рафтаанд ва суханронии ин ду, гӯёи моту маҳбутии мақомоти Тоҷикистон дар баробари мухолифони сиёсиашон буду тамом.