ЭЪЛОН: Рӯзи Ошуро қабл аз ифтор дар дуъои дастаҷамъӣ ширкат намоед!

Ислоҳ нет

 

Ғанимат дон баҳори умр, эй ҷон,

Хазон ёбад наёбӣ лаззати он.

Ба хубӣ медонем, ки моҳи Муҳаррам аввалин моҳи ҳиҷрӣ- қамарӣ аст ва яке аз моҳҳои ҳаром ва моҳест ба рӯза доштани рӯзи тосуъо-нӯҳум,ки ин нияти кардаи Расули Акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) аст, ки мо онро ба ҷо меорем ва бо рӯза гирифтани рӯзи Ошуро-даҳуми Муҳаррам бошад, яксола гуноҳони сағираи худро маҳв месозем. Дар ин фурсати хубе, ки дар ихтиёри мо қарор дорад, ба ҳама ононе, ки тавони рӯза гирфтанро доранд, рӯзи чоршанбе, 19-уми сентябр, тосуъо ва рӯзи панҷшанбе 20-уми сентябр, Ошуроро маслиҳат медиҳем. Рӯзи нӯҳум ҳангоми ифтор дуъоҳои холисонаи худро анҷом медиҳем ва рӯзи даҳум, панҷшанбе 20-уми сентябр, рӯзи Ошуро дуъоҳои дастаҷамъӣ анҷом медиҳем. Агар Аллоҳ бароям имкон диҳад рӯзи Ошуро қабл аз ифтор чанд дақиқа дар пахши мустақим бо ҳам  дуъо мекунем. Ҳама бо ҳам аз Аллоҳ иҷобати онро хоҳонем, то аз мову шумо бипазирад. Мекӯшем як дуъои комил ва шомиле бо ҳам дар он рӯз анҷом диҳем, ва дасти ҷамъ омин бигӯем. Мо дарду ранҷи зиёд дорем, ки танҳо ба доди мухлисонаи мо мазлумони муваҳҳид Аллоҳи Раҳмон мерасад, ҷуз Ӯ дигар ҳеҷ додрасе надорем. Танҳо ин парешониҳо ва ранҷу мушаққатҳои моро Ӯ метавонад рафъ намояд!

Макони баргузории дуъо дар пахши мустақим, гурӯҳи фейсбукии“Қуръон чӣ мегӯяд”

Дар Тоҷикистон азони намози шом, рӯзи Ошуро соати 18:38 аст ва барои ин мо вақти дуъоро:

-ба вақти Душанбе 18:00

-ба вақти Олмон 15:00

-ба вақти Москов 16:00- муайян мекунем.

Ба ҳама бародарону хоҳарон расонед, то дар ин соату фурсати хуби ин рӯз ва дар ин ҷамъи пурфайз ширкат намоянд.

Муҳаммадиқболи САДРИДДИН

Share This Article