Кадом як муносиб аст: ҲАШТПО ё ҲЭТ ПОП?

Ислоҳ нет
 
Пас аз соли 2015 ҳамеша дар ВАО ин ҳуруфи муқаттаъаи ТЭТ-ро мехондам ва мегуфтам, чаро чунин шуд? Охир, наход ин ҳама мухолифони бе силоҳ ТЭТ шуданд? Яке якбора чандсад нафар бегуноҳ зиндонӣ; оне, ки тавонист, фирор кард аз кишвар барои ҳифзи ҷон. Аммо шахсоне, ки бо тонку тӯпи ҳамсоякишвар вориди пойтахт шуданд ва миллатро ба қатл расонида ва ҲММ (Ҳукумати Муросои Миллӣ)-ро, ки аз ҳамаи манотиқу ҳизбу гурӯҳҳои кишвар бо ҳам ҳукумат ташкил карда буданд пароканда намуданд.
Имрӯз соҳиби ин ҳукумати бо қатлу террор қудратро ба даст овардааст, ҳукумати “қонунӣ” шуданду он миллати асил ва мазлуми ин сарзамин, зиндонӣ шуданд ва ё ТЭТ.
Гӯё Эмомалӣ ҳамроҳ бо Фронти Халқиаш, ки аз як тӯда авбош ташкил шуда буд, шуданд “қонунӣ” ва наҷотбахши ин миллат ва кишвар. Дигар аз ҷиноятҳои ин мард ва онҳое, ки ӯро сари қудрат оварданд чизе намегӯям. Чун барои ҳамаи миллат он ҳама ҷиноятҳо маълуму ошкоранд.
Намехоҳам муқаддимаи тулонӣ нависам хонандагони гиромӣ. Чанд истилоҳеро пешниҳод менамоям, то дигар ҳангоми навиштанҳо ва сухан гуфтанҳоямон аз номҳо ва унвонҳои дуру дарози ин марди хашину қотилу ваҳшатафкан истифода накунему ҷиноятҳояш пеши рӯямон наоянд ва хобҳои ваҳшатноке бубинем.
Ӯ қабл аз барканор шуданаш бояд шунавад, ки ӯро ва ҳукумате, ки бо резонидани хуни шаҳрвандони ин кишвар соҳиб гаштааст, чӣ мегӯянд; на ин ки мисли Ислом Каримов ва Сафармурод Ниёзов, фақат пас аз марг бурдани номашон ҷиноят шумурда шавад.
Эмомалӣ бояд дар зиндагонияш ин унвонҳое, ки барояш нохушоянд аст шунавад ва бо шунидани инҳо азияти руҳӣ ва равонӣ кашад, агар руҳу равоне дошта бошад.
Танҳо бо ин чанд ҳарф ӯ ва ҳукуматашро унвон менамоем. Боварии комил дорам ин ба ҳама миллат писанд меояд. Барои чӣ ӯ худашро ҳар чӣ хоҳад унвон бидиҳад ва миллат ҳам онҳоро бипазирад? Барои чӣ? Мо миллати озодем ва ҳар касеро бо хислату атвораш, ки хосси ӯст мехонем.
Дар поён ду шакл ё гузинаро тақдими шумо, миллати азизу бошарафам менамоям. Ҳар кадомеро писандидед, ҳамонро мепазирем ва дигар онро дар навиштору гуфторамон менависему мегӯем ва ба шакли васеъ истифода менамоем.
Чунон ки пайравони ӯ пайваста ба миллат ТЭТ мегӯянд, мо низ ин унвонро ба ӯ медиҳем, бигузор барояш қабл аз ҷашни шоҳаншоҳии 16-умин ҷаласаи тақдирсӯзи Шӯрои олӣ ҳамчун ҳадия аз тарафи миллат барояш бошад.
 
1) Ҳукумати Автократӣ-Шовинистӣ-Террористии Пешвои Оила. Шакли кӯтоҳаш: ҲАШТПО;
 
2) Ҳукумати Эктремистӣ-Террористии Пешвои Оилаи Побараҳна. Шакли кӯтоҳаш: ҲЭТ ПОП
 
Ҳар кадом аз ин ду гузина писандатон омад, дар ёддоштҳо ва комментарияҳои худ гузоред. Албатта, агар пешниҳоди дигаре дошта бошед, марҳамат онро нависед, то бубинем.
 
Муҳаммадиқболи Садриддин
Share This Article