Муовини аввали Маркази таҳқиқоти стротегии назди Ҳукумати Тоҷикистон ҷаноби Сайфулло Сафаров дар нахустин вокунишаш нисбат ба таъсиси “ТВ Мигрант” Иззат Амон, фаъоли сиёсӣ ва ҳомии ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Маскав, раҳбари Созмони ҷавонони Тоҷикистон дар Русияро ба ҷонаш таҳдид карда гуфт: “Иззат, иззати худ нигаҳ дор, то дар Амон бошӣ!”
Ҷаноби Сайфулло Сафаров, раиси Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон дар идомаи ин таҳдиди шадидаш кӯтоҳ наомада афзуд: ” Агар аз муҳоҷирон ба нафъи террористон истифода барӣ медонӣ, ки оқибаташ чист!”
Ҷаноби Сайфулло Сафаров дар охир таъкид кард, “Худо ба ту як бор нишон дод, ки аз роҳи хато баргард, агар нафаҳмидӣ аз Ватан дигар шикоят накун, ки ту беватанӣ,
Ва чун торҳои тор танак метанӣ, ва чун торхи бофтаатро худ меканӣ!”
Иззат Амон дар посух ба ин таҳдидҳои стротеги рақами дувуми кишвар гуфт, “Сафаров!!! Як корманди илмӣ ин тавр ҳарф намезанад. Ту ягон подабон нестӣ ку! Дар сатҳи мушовири раиси ҷумҳур ҳисоб мехурӣ. Ба Худо шармам омад.
Ин таҳдидҳои ҷаноби Сайфулло Сафаров аз ҷониби дигар корбарони Фейсбук низ ба вокунишҳои тунде рӯ ба рӯ шуд, аз ҷумла Шоири тавонои миллат Исфандиёри Назар дар матни тӯлоние навишт: “Бадбахтона, Сафаровҳо ҳар кореро, ки Тоҷик хоҳад анҷом диҳад, дар он хатаре ба давлатдорӣ ва “террорисм”-ро мебинанд. Махсусан агар тоҷик майли боз кардани ТВ, Радио, рӯзнома ва амсоли инро дошта бошад.
Кӯшишҳои бисёре аз тоҷикҳо дар ин роҳ аз тарафи ҳамин тоифа хунсо карда шудааст.
Барои Сафаровҳо тоҷик танҳо як иҷозатро дорад: Бояд муҳоҷиру мардикор бошаду пул фиристад! Бояд пулҳои худро дар бонкҳои ҷумҳурӣ ва барои иқтисоди кишвар гузорад!
Тоҷик дигар ҳеч ҳаққи инсоние надорад!
Аммо замона дигар шудаву ин нозанинон ҳамонанд, ки ҳамон.
Дигар бихоҳеду нахоҳед, агар Иззат не, садҳо Иззати дигар ҳатман ТВ, Радио, рӯзномаҳои форсиро берун аз Тоҷикистон ба роҳ хоҳанд андохт ва аз мушкилоти ҷомеа хоҳанд гуфт.
Ҳарос додани тоҷик ҳам ҳадде дораду поёне. Намешавад, ки ҳамеша мардумро таҳдид куниву террорист бихонӣ. Магар 9 млн. тоҷик ҳама ҷинояткоранд?
Рӯзноманигорӣ ва интиқод магар ҷиноят аст?
Тарси доштани ТВ дар Русия чаро?
Рӯзе садҳо тоҷик дар ин кишвари тоҷикбадбин азият мешаванд, пулис мегирадшон, пулис мекушадшон, кӯдакон таҷовуз мешаванд, кушта мешаванд ва ҳар ҳафта дасти кам 5 то 7 ҷанозаи тоҷикистонӣ ба кишвар фиристода мешавад.
Сафаровҳо ин ҳамаро намебинанду намешунаванд.
Ман худ номгӯи садҳо муҳоҷири мурдаро дар рӯзномаҳо ба чоп расонидаам ва ҳеч Сафарове ин далоили мувассақро рад карда наметавонад.
Сафаровҳо намехоҳанд донанд, ки мушкилот бояд гуфта шаванд, ҳукумат бояд интиқодпазир бошад, дар ғайри ин ҳукумати худкома ном бурда мешавад ва зери фишори кишварҳои дигар қарор мегирад.
Кори Сафаровҳо “хидмати хирсона” ба Ҳукумат аст. Захмро пинҳон намедоранд, бояд онро нишон доду муолиҷа намуд.
Иззат ба Шумо иззат мехоҳаму барор.
Бодо, ки ин ТВ барои суҳулати кори муҳоҷирон ва ҳуқуқи инсонии онҳо дар он кишвари ғарқа дар ҷиноят таконе муассир бибахшад.”
Иззат Амон шоми шоми 31 октябр аз Маскав эълом кард, ки ба наздикӣ пойгоҳи телевизиони интернетие бо номи “ТВ Мигрант” ба фаъолият оғоз хоҳад кард ва аз муҳоҷирон барои шурӯъи ин кор “як каф дуо” хост. Аммо ҳанӯз корро сар накарда, Сайфулло Сафров, ба намояндагӣ аз ҳукумат ӯро ба ҷонаш таҳдид кард.
Манбаъ: Саҳифаи фейсбукии Амруллоҳи Низом