Вазъияти сиёсии Ироқ

Ислоҳ нет

 Чанд бародар аз ман хоҳиш намуданд, ки дар бораи ҳолати сиёсии кунунии давлати Ироқ барояшон маълумот диҳем.

Бояд гуфт, ки аз ҳеҷ манобеъе дар мавриди ҳолати сиёсии ин кишвар маълумоти мувассақе натавонистем пайдо кунем. Хабаргузориҳои русӣ ончӣ ба муроди худашон ҳаст онро менависанд.

Ба ҳар ҳол кӯшиш мекунем бо шакли  фишурда вазъияти сиёсии давлати ҷангзадаи Ироқ пас аз истилои Амрикоро бо таври иститоъат пешкаши хонандагон гардонем.

 

Баъди ҳодисаи бар асари зарби ҳавопаймо 11 сентябри соли 2001 ба замин фурӯ рехтани ду бинои 110 ошёнаи маркази савдо дар Амрико Ироқи гул-гулшукуфону мутараққӣ ба хоку хун оғушта шуд. Ёдаш ба хайр.

 

Интихоботи порлумоние, ки панҷмоҳ қабл дар Ироқ гузашт ва намояндагон ба порлумон роҳ ёфтанд, вакилон пас аз чор моҳ Одил Абдулмаҳдиро Сарвазири ин кишвар интихоб намуданд. Яъне аз торихи 12-уми май то 3-уми октябр баҳсҳо барои интихоби сарвазир идома доштанду ниҳоят Одил Абдулмаҳдӣ сарвазир интихоб шуд.

 

Пас аз интихоби сарвазир ӯ бояд кобинаи худро ташкил менамуд ва ба порлумони ин кишвар рӯихатро тақдим мекард. Аз 22 вазире, ки рӯихаташонро сарвазир ба порлумон тақдим намуда буд, намояндагони порлумони Ироқ танҳо пас аз баҳсҳои 21 рӯза 14 вазирро тасдиқ карданд. Дар мавриди 8 вазири калидии дигар то ба ҳол ба мувофақа наомада истоданд, ки муҳимтарин вазирони баҳсбарангез ду нафар мебошанд. Яке вазири дифоъ ва дигаре вазири дохилаи кишвар. 

 

Пешниҳоди сарвазир ба мақоми вазири мудофиа генарал Файсал Ҳарборо  собиқ лётчик- халабон) порлумон намепазирад. Дар интихоби Файсал Ҳарбо,  Муқтадо Ал-Садр пофишорӣ дорад, ки ӯ собиқ халабони шахсии Садом Ҳусайн будааст ва дар ин мақом наметавонад кор кунад.

 

Инчунин номзад ба мақоми вазири умури дохила шахсе бо номи Фолеҳ Ал-Файёзро боз ҳам Муқтадо Ал-Садр намепазирад, чун ӯ дар солҳои 2014-2018 дар вазифаи мушовири Амни қавмӣ (совет безопасности) кор карда буду ба ноуҳдабароӣ ном баровардааст. Ироқ феълан на вазири дохила ва на мудофиа дорад! Ҳоло ҷуз ин ду вазорат шаш вазорати дигар ҳам бе вазир мебошанд. Мисли: Вазорати Адлия,таълим ва тарбияи олӣ, тахтит, ҳиҷрат ва ду вазорати дигар, ки номҳояшон зикр нашуда аст.

 

Ҳафтаи гузашта музоҳараҳои мардумӣ дар Ироқ барои беҳбуд ёфтани вазъияти маъишӣ сурат гирифта буд. Мардум аз фасоди идорӣ, бекорӣ ва мушкилоти бебарқӣ шикоят мекарданд, ки Эрон чанд моҳ аст барқро ба манотиқи марказии ин кишвар ва ҷануби он қатъ карда аст. Назари коршиносон бар ин аст, ки ҳукумати ташкилшаванда бояд тибқи мурод ва хоҳиши Эрон бошад вагарна мушкилоти дигари зиёде ҳам домангири ин кишвар мегардад.

 

Муҳалиллон дар ин росто ба ин назаранд, ки сарвазири интихобгаштаи Ироқ Одил Абдулмаҳдӣ як шахсияте мебошад, ки комилан аз сарвазирҳои қаблӣ фарқ мекунад. Ӯ аз рахти кашидаи ду фраксяи қавии порлумон намебарояд. Ҳоло дар порлумони Ироқ ихтилофот миёни шиъа ва суннӣ нест, балки миёни шиъа ва шиъа мебошад.

Масалан фраксияи Фатҳ, ки роҳбараш Ҳодӣ Ал-Омирӣ, яке аз шахсиятҳои шинохта ва бонуфузу сарватманд мебошад, шиъаҳои дунявӣ атрофаш ҷамъ омадаанд.

 

Фраксяи Соирун, ки лидери маъруфи шиъа Муқтадо Ал-Садр онро роҳбарӣ мекунад, шахсиятҳои динии шиъа муттаҳид шудаанд.

Мухолифати ин ду кутла ё фраксияи шиъа бо ҳам дар порлумон барои интихоби вазирон кори сарвазирро печидатар намуда аст.

 

Порлумони Ироқ 329 курси дорад:

1.) Ҳизби Соирун наҳвал ислоҳро Муқтадо Ал-Садр роҳбари мекунад ва ин ҳизб 34 курсӣ дорад. Ҳизби Соирун бо ҳизби Аҳрор, ки 21 курсӣ доранд эътилоф кардаанд ва бо ҳамин дар маҷмуъ 54 курсиро Муқтадо Ал-Садр роҳбарӣ мекунад.

 

2.) Ҳизби Фатҳ  дар порлумон 48 курсӣ дорад вале танҳо худаш аст. Раиси ин ҳизб Ҳодӣ Ал-Омирӣ аст ва дар мақоми дуввум дар порлумон аст.

 

3.) Ҳизби Ал-Наср дар порлумон 42 курсӣ дорад ва ин ҳизбро Ҳайдар Ал-Ибодӣ роҳбарӣ мекунад ва ҳизби севвуми қавии порлумонӣ мебошад.

 

4.) Ҳизби Давлатул Қонун ин ҳизб дар порлумон 25 курсӣ дорад ва ин ҳизбро Нурӣ Алмоликӣ роҳбарӣ мекунад.

 

5.) Ҳизби демократии курдистонӣ ин ҳизб 25 курсӣ дорад ва ин ҳизбро Ниҷирфон Боризонӣ роҳбарӣ мекунад.

 

6.) Ҳизби Эътилоф Ал-Ватанӣ ин ҳизб 21 курсӣ дорад ва ин ҳизбро Ийёд Аловӣ роҳбарӣ мекунад.

 

7.) Ҳизби Тайёр Алҳикматул Ватания ин ҳизб 19 курсӣ дорад ва уро Аммор Ал-Ҳаким роҳбарӣ мекунад.

 

8.) Ҳизби Ал- Иттиҳодул Ватанӣ Ал- Курдистонӣ ин ҳизб 18 курсӣ дорад ва ӯро Кусрат Расул Алӣ роҳбарӣ мекунад.

 

9.) Ҳизби Таҳолуф Ал-Қарор ин ҳизб 14 курсӣ дорад ва ӯро Усома Ал-Нуҷейфӣ роҳбарӣ мекунад.

 

Дар Ироқ тибқи омори расми 204 ҳизби сиёсӣ сабти ном шудаанд, ки аз ин ҳама аҳзоб ба интихоботи 12 майи соли ҷорӣ 9 ҳизби сиёсӣ  роҳ ёфтанд.

 

Дар 14-уми август 2018 шаш нафар аз шахсиятҳои маъруфи Аҳли Суннат дар порлумони Ироқ барои нахустин маротиба пас аз истилои Амрико ба Ироқ як эътилоферо бо номи “Ал- Миҳварул Ватания” ташкил намуданд.

 

1.) Усома Ал-Нуҷейфӣ муовини раисҷумҳури собиқи Ироқ ва ҳизби 9-уми порлумонӣ бо 14 курсӣ.

2.) Хамис Ал-Ханҷар раиси машрӯъи Ал-арабӣ фил Ироқ.

 

3.) Ҷамол Ал-Карбулӣ раиси ҳизби Ал-Ҳал

 

4.) Аҳмад Ал-Ҷабурӣ раиси ҳизби Ҷамоҳир Ал-Ватания

 

5.) Фалоҳ Ал-Зайдон вазири собиқи зироати кишвар.

 

6.) Раиси ҳизби Лил Ироқ Муттаҳидун.

 

Ин буд маълумоти мухтасари сиёсии то имрӯзаи давлати Ироқ.

Муҳаммадиқболи Садриддин

Share This Article