Ҳизби ҳоким 4,7% – Пашенян 70,45%
Рӯзи 9-уми декбар дар Арманистон интихоботи ғайри мунтазираи порлумонӣ баргузор шуд. Дар ин интихобот мисли кишвари мо 87% интихобкунандагон иштирок накарданд, балки танҳо 48,63% дарсад интихобкунандагон иштирок намуданду тамом. Ин ҳам дар ҳолест, ки шаҳрвандоне, ки дар Арманистон ҳаққи овоздиҳиро доранд, ададашон ба 2,592 481 нафар мерасад, аммо дар ин интихобот танҳо 1,260 840 шаҳрванди комилҳуқуқ иштирок намудаанд.
Агарчӣ бо ин нишондиҳанда, дар дигар кишварҳо интихоботро баргузоршуда намеҳисобанд, тибқи қонунгузории давлати Арманистон дар интихоботи порлумонӣ барераи мушахассе муқаррар нашудааст, ки адади овоздиҳандагон бояд чӣ миқдоре бошад. Аз ин рӯ Маркази интихоботии давлати Арманистон интихоботро баргузоршуда эълон намуд.
Пас аз шумориши 100% орои овоздиҳандагон аз тарафи Маркази интихоботии ин кишвар, ба порлумони кишвар дар ин давра се ҳизб шомил шуданд.
1.) Блоки “Қадами ман” ки онро Никол Пашинян роҳбарӣ мекунад, бо касби (70,43%) оро шомили порлумони кишвар шуд.
2.) Ҳизби “Арманистони гул-гул шукуфо” бо касби (8,27%)
3.) Ҳизби “Арманистони дурахшон” бо касби (6,37%)
Ҳизби ҷумҳурихоҳон, ки онро Серж Саргасян, собик президент ва собиқ сарвазири Арманистон роҳбарӣ мекунад, ҳатто барераи 5%- ро нагузашт, то шомили порлумони ин кишвар гардад. Ҳизби Серж Саргасян бо касби орои (4,7%) берун аз порлумони кишвар барои ин давра боқӣ монд.
Пас аз пирӯзияш Никол Пашинян дар саҳифаи Фейсбукии худ чунин навишт:
” Бузургӣ, бузургӣ, бузругии мардумам, ман бо шумо ифтихор мекунам ва сари таъзим фурӯд меорам”
Никол Пашинян корро кай шурӯъ мекунад?
Никол Пашинян бо ибтикори худаш порлумони кишварро дар таърихи 1-уми ноябри 2018 пароканда кард, аммо то 31-уми декбар ҳамчун иҷрокунандаи вазифаи Сарвазир фаолият мекард. Дар таърихи 9-уми декабр интихоботи порлумонӣ баргузор гардид ва дар он ба касби аксарияти оро пирӯз гашт.
Аввалин ҷаласаи порлумони ҷадиди кишвар рӯзи 31-уми декабр кори худро оғоз менамояд ва дар он Никол Пашинян корро расман оғоз мекунад.
Назарсанҷиҳо боварии мардумро ба ҳукумати ҷадид чӣ гӯна арзёбӣ мекунанд?
Тибқи гуфтаҳои директори иниститути фалсафа ва назарсанҷону ҳуқуқшиносон, инчунин академияи илмҳои ин кишвар Геворга Погосян бар ин назаранд, ки Никол Пашинян боварӣ ва эътимоди мардумро ба даст оварда аст. Агарчӣ то имрӯз ҳеҷ кори муҳиме аз тарафи Никол Пашинян дар кишвар сурат нагирифтааст, аммо мардум ба блоки ӯ комилан бовар карда овоз додаанд.
Назарсанҷони Аврупоӣ мегӯянд: Мо дар Арманистон миёни мардум назарсанҷиҳои ғайри расмӣ анҷом додем. Ин назарсанҷӣ нишон дод, ки агар дар интихобот Никол Пашинян 70% овоз гирифта бошад, аммо тибқи назарсанҷиҳои мо ҷонибдорони ӯро 72% дарёфтем, ки ин хело аҷиб буд. Дар гузашта ба ҳукуматҳои қаблӣ чунин якдилӣ ва эътимод аслан дар нигоҳи мардум дида намешуд. Аммо ҳоло ба Никол Пашинян ва командаи ӯ дида мешавад.
Никол Пашинян ба ОДКБ ва ЕС наздик аст?
Назарсанҷон дар масъалаи ҳолати имрӯзии Арманистон бар ин назаранд, ки Никол Пашинян тавассути як инқилоби ранга пирӯз гашт ва то интихоботи порлумонӣ аз нигоҳи ҳуқуқӣ инқилоби анҷомдодаашро ҳифз кард ва билохира бори дигар баранда шуда, ҳукуматро бидуни хунрезӣ ва ҳараҷу мараҷ ба даст гирифт.
Никол Пашинян зодаи ормонҳои арманҳост ва бар хилофи ҳукуматҳои имрӯз худро на ҳиким балки ходиму хидматгузори давлат эълон кард.
Аммо Арманистон як кишвари хурдест, ки тағйироти куллии зиёдеро тобовар нест. Яъне, якҷо бо ОДКБ ва ЕС муносиботи дуҷониба бо Русия ва Гурҷистону Эронро дар назар доранд. Инчунин имконияти ба тадриҷ барқарор намудани муносиботи хубе бо ЕС ва ғарб аз нигоҳе имкон дорад, ба шарте агар “Хирси сафед” дар масъалаи Қаробоғи куҳӣ вазъро ноором накунад. Аз як нигоҳ мушкилоти зиёди геополитикӣ Арманистонро дар камин аст.
Ба назари экспрети иниститути ҷаҳонӣ дар масоили амниятӣ бо номи DW ҷаноби Рубен Меграбян “Инқилоб дар умури дохилии кишвар бо худ пайёмади тағйроти мақсад ва ҳадафҳои ҳукуматро дорад ва дар саҳнаи сиёсӣ ба намоиш мегузорад. Инчунин тағйири сиёсати берунии давлат ҳам мадди назар аст ва аз ин ҷойи гурезе нест”
Назари Никол Пашинян дар мавриди Русия
Пашинян ошкоро изҳор дошт, ки муносибати Арманистон бо Русия дар ҳама ҷанбаҳое то имрӯз бо ҳукумати қаблӣ вуҷуд дошт ва боқӣ мемонад.”Арманистони дигаре барои Русия набуд ва нахоҳад буд” – таъкид намуд Пашинян.
Муҳаллилон аз дохили Арманистон бар ин назаранд, ки барқарор намудани муносиботи хуб бо Ғарб барои Арманистон мисли обу ҳаво лозим аст. Меграбян бар ин назар аст, ки Арманистон муносиботи хуб ва стратегияшро бо ҳамсояҳояш мисли Гурҷистон ва Эрон беҳтар мекунад. Инчунин бо давлатҳои севвуми осиёие мисли Ҳиндустон,Чин ва Жопон ҳам хоҳони муносиботи хубтар нисбат ба ҳукумати собиқ аст.
Пашинян пас аз баранда шудан дар интихоботи охир, озодии комили амалкардро барои пешрафти кишвараш ва муносиботи хуб бо дигар кишварҳои ҷаҳонро метавон гуфт ба даст овард. Инчунин дар мавриди вазъияти Қаробоғи кӯҳӣ марҳалаҳои сангине тахмин зада мешавад, аммо бо дахолати кишварҳои дигар метавонад онро ба тадриҷ, ба хубӣ иваз намояд.
Чаро Русия ва ОДКБ Пашинянро ба пирӯзияш табрик накард?
Агарчӣ аз пирӯзии Никол Пашинян як ҳафта гузашт дар ин миён ӯро на Русия ва на Беларус ва на Қазоқистон ба ин пирӯзӣ табрик накарданд. Дар мавриди кишварҳои дигари узви ин созмон сухане барои гуфтан нест.
Дар конфронси хабарие Мария Захарова, дипломат ва мудири департаменти иттилоот ва нашри вазорати хориҷаи Русия ба саволи хабарнигоре, ки аз ӯ дар мавриди чаро ҳукумати Русия Пашинянро ба пирӯзияш табрик накард, чунин посух дод: “Мебахшед, ин ба он монанд аст, ки зане аз шавҳараш пурсад, ки ту маро дӯст медорӣ? Пас аз ин сухан хандиду гуфт масала бароятон маълум шуд?
Бори дигар як хабарнигор аз ӯ ин саволро пурсид. Гуфт: ба ин савол ман дар боло ҷавоб додаам.
Дар ҳоле аксари кишварҳо Никол Пашинянро ба ин пирӯзияш табрик карданд ва барояш муваффақиятро таманно намуданд.
Диктаторҳо аз пирӯзии Пашинян дар ҳаросанд?
Хонандаи гиромӣ! Хуб диққат кунед, масъалаи Пашинянро табрик накардани Русия ва ОДКБ аз назари сиёсӣ хеле суолбарангез ва чолишӣ аст, бинобар ман ҳам онро бароятон навиштам, то аз ин рӯйдод огоҳ гардед.
Бубинед, то имрӯз ҳизби ҳоким ва барандаи Арманистон дар ин интихоботи шаффоф ҳатто барери 5% – ро нагузашт ва натавонист вориди порлумон гардад. Ин дақиқан барои мо ва шумо ҲХДТ- ро мемонад, ки агар интихоботи озод гузарад, Эмомалӣ ва ҳизбаш барери 5% ҷой худаш, 0,0001% ҳам овоз намегирад. Аммо, имрӯзҳо мебинем қуттиҳои сеҳрнок дар интихоботҳои Тоҷикистон ба ҷониби Эмомалӣ 93% овоз барга нишон медиҳад. Намедонам ин овозҳоро ба худашон аз куҷо менависанд, дар ҳоле аксарияти шаҳрвандони овоздиҳанда берӯн аз кишваранд. Онҳое, ки дар кишваранд ва ҳуқуқи овоздиҳӣ доранд аз 25% бештар нестанд ва синашон поён аз сини овоздиҳӣ мебошад ва ё аксар пиронсолон ҳастанд. Вақте диктатороне чун Эмомалӣ, Назарбоев ва Путин пирӯзии Пашинянҳоро мебинанд аслан намехоҳанд, ӯро дар курсии ҳоким бубинанд. Чун курсиҳои худашон зери хатар қарор мегирад. Агар ҳамон Серж Саргасян баранда мешуд, пеш аз эълони натиҷаи интихобот ӯро ба пирӯзияш табрик мекарданд. Аммо Пашиняне, ки ормонҳои миллати Арман тавассути ҷонибдории мардуми худҷуш ва бо интихоботи шаффоф сари қудрат омад, ӯро чашми дидан надоранд. Бале, хонандаги гиромӣ, ҳокимони диктатори ғайри мардумӣ ва ҳизбҳои тақаллубии сохтаашон, ҳамаашон барери 5% – ро намегузаранд вале худашон дар пушти сандуқҳои райдиҳӣ бо силоҳ нишаста натиҷаҳоро тағйир медиҳанд.
Муҳаммадиқболи Садриддин