Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) фармудаанд: «Меҳмоннавозӣ то се рӯз аст ва як шабонарӯз ҷоизаи ӯст. Назди бародараш буду бош кардани ҳеҷ мусалмоне то ҳадди гунаҳкор шуданаш раво нест. Пурсиданд: Эй Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) чӣ гӯна гунаҳкор мешавад? Фармуданд: Истодани меҳмон то ҳадде, ки дар мизбон барои меҳмон чизе барои додан боқӣ намонад”. (Имом Бухорӣ ва Муслим)
Дар ҳадиси фавқ аз мондани меҳмон беш аз се рӯз наҳй шудааст, то меҳмондорро чӣ ба сурати ҳадас ва гумон ё бадгӯйӣ кардан аз вай ва монанди он дучори гуноҳ накунад. Вале дар ин маврид касе, ки мутмаин бошад соҳибхона аз мондани ӯ нороҳат нест ё худ аз вай бихоҳад, ки бештар дар онҷо бимонад аз ин наҳй истисно мебошад. Лекин дар сурати шак кардани соҳибхона беҳтар аст, ки беш аз се рӯз онҷо намонад.
Аз Абӯ Шурайҳ (раз) аз Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ривоят аст, ки фармуданд: “Шахсе, ки ба Аллоҳ ва рӯзи қиёмат имон дорад, пас икром намояд ҳамсояашро. Шахсе ба Аллоҳ ва рӯзи қиёмат имон дорад, пас икром намояд меҳмонашро ба ҷоизааш. Пурсиданд: Ҷоизааш чӣ аст эй Расули Аллоҳ? Фармуданд: як шабона рӯз (меҳмоннавози аст), меҳмондорӣ се рӯз аст. Агар бештар аз он меҳмондорӣ намуд, пас он сададқа ҳисобида мешавад бар меҳмоннавоз. Шахсе имон ба Аллоҳ ва рӯзи қиёмат имон дорад, ҳар гоҳ сухан мекунад бояд сухани нек бигӯяд ва ё хомӯш бошад” (Имом Бухорӣ ва Муслим)
Аз ин ҳадис бармеояд, ҷоизаи меҳмон бар мизбон ин аст, ки як шабона рӯз ҳарчӣ метавонад меҳмонро пазироӣ кунад, ӯро икром намуда, эҳтиромашро ба ҷой оварад. Аммо дар ду рӯзи баъдӣ меҳмон ҳақ дорад бар мизбон ба ҳолати оддӣ ва муқаррарӣ аз ӯ пазироӣ намояд. Агар аз се рӯз бештар меҳмон боқӣ монд, дар ин ҳолат ҳарчӣ меҳмондорӣ мекунад сададқа ҳисоб мешавад ва аҷру подоши онро мегирад.
Хуш омадед гуфтани меҳмон мустаҳаб аст
Аз ибни Аббос (р) ривоят аст, ки мегӯяд: Ҳангоме, ки қабилаи Абдулқайс назди Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) омаданд Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) фармудаанд: «Хӯш омаданд ин гурӯҳ, умедворам аз омаданатон нороҳат ва пушаймон нашавед». (Имом Бухорӣ ва Муслим)
Ҳеҷ шакке нест, ки истиқбол ва хушомад гуфтан аз меҳмонон шодӣ ва улфатро вориди қалби онҳо мекунад.
Одоби меҳмондорӣ
Хуш омад гуфтани меҳмон ва истиқболи ӯ бо чеҳраи кушод ва хандон амали сутуда аст. Саросемагӣ аз шайтон аст, аммо дар панҷ чиз саросема шудан суннат мебошад: Таъом додани меҳмон, кафан кардан ва омода кардани майит, шавҳар додани духтар ,адо намудани қарз, тавба кардан аз гуноҳ.
Мизбон набояд аз меҳмон бипурсад, ки оё хурок мехуред ва ё не, чун аз рӯи ҳаё кардан шояд меҳмон майл ба тановулро пинҳон кунад. Бузургон пурсидани гурусна ё сер будани меҳмонро аломати бахилӣ мешуморанд.
Имом Саврӣ (раҳ) мефармояд: ”Ҳар вақте, ки бародарат меҳмонат шуд, ҳаргиз напурс, ки хурок мехурад ё не, ва напурсад, ки бароят чизе омода кунам, то бихурӣ? Ту ончӣ дорӣ барояш пешкаш ва тақдим намо, агар хурд хело хуб ва агар нахурд онро аз наздаш мегирӣ”
Дастархонатро вақте меҳмон мехурад ҷамъ накун, то ин ки мутмаин гаштӣ, ки ӯ аз тановул даст кашидааст. Пеш аз меҳмонат хурок тановул карданро бас накун, чунки мумкин аст ту сер кунӣ ва ӯ сер нокарда бо ту бас кунад. Агар аз роҳи сафар омада бошад, бисёр суҳбат накун, чун имкони хаста буданаш вуҷуд дорад ва хоҳиши истироҳат карданро дошта бошад. Қабл аз меҳмонат хоб накун, бигузор ӯ бихобад пас аз ӯ бихоб. Дар наздаш аз чизе шикоят накун, то озурдааш насозӣ, барои бароварда сохтани ҳоҷаташ ӯро ҳамроҳӣ кун. Дар хидматаш қарор бигир ҳамчуноне, ки ту хидматгори ӯ бошӣ. Дар гусел намуданаш ҳатман то баромадан аз хонаат ӯро ҳамроҳӣ кун.
Шахси ба меҳмонӣ даъватнашуда бо даъватшудагон ҳамроҳ шавад, чӣ бояд кард?
Аз ҳазрати Абӯмасъуди Ансорӣ (р) ривоят аст, ки мегӯяд: Марде аз аҳли ансор ба номи Абӯшуъайб ғуломи қассоб дошт. Рӯзе ба ғуломаш гуфт: Хуроки хушмаззае омода кун, зеро мехоҳам Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам)-ро бо чаҳор нафари дигар даъват намоям. Ғуломаш таоми хушмаззаеро омода кард. Марди ансорӣ, Паёмбар (саллаллоҳҳи васау алайллам)-ро бо чаҳор нафари дигар ба меҳмонӣ даъват намуд, аммо шахси дигаре бо онҳо ҳамроҳ шуда, ба хонаи марди ансорӣ омад. Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ба Абӯшуъайб гуфт: “Ту панҷ нафарро даъват намудӣ, вале ин мард низ бо мо ҳамроҳ шуд, пас метавонӣ ба ӯ иҷозат бидиҳӣ ва ё радаш кунӣ”. Абӯшуъайб гуфт: Эй паёмбари акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ба ӯ иҷозат додам». (Имом Бухорӣ ва Муслим)
Омода кардани хурокҳо барои меҳмон бояд чуноне бошад, ки аз исроф ва бухлварзӣ орӣ бошад. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) фармудаанд: «Таъоми як нафар барои ду нафар ва таъоми ду нафар барои чаҳор нафар ва таъоми чаҳор нафар барои ҳашт нафар кифоят мекунад». (Имом Муслим, Тирмизӣ, Аҳмад ва ибни Моҷа)
Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) аз хӯрдани таъоми ду нафари рақобаткунанда бо ҳам (мутабариён), ки ҳар кадом чунон амал менамоянд, то маълум шавад кадом як дар меҳмоннавозиву пазироӣ ва зиёдаравӣ дар омода сохтани навъҳои таъом бар дигаре бартар мебошад, манъ намудааст.
Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло мефармояд: «…магар шуморо ба хӯрдани таъоме фаро хонанд, бе он ки мунтазир биншинед, то таъом ҳозир шавад. Агар шуморо фаро хонданд, дохил шавед ва чун таъом хӯрдед, пароканда гардед. На он ки барои саргармӣ сухан оғоз кунед…» (Сураи Аҳзоб, ояти 53)
Муқадам доштани шахсони бузургсол дар меҳмонӣ
Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) фармудаанд: «Дар хоб дидам, ки мисвок мезанам ва ду нафар наздам омаданд, яке бузургтар буду дигаре хурд. Мисвокро ба шахси хурдсол додам. Ба ман гуфта шуд: Онро ба бузургтар бидеҳ. Онгоҳ мисвокро ба фарди бузургсол додам». (Имом Бухорӣ)
Аз Саҳл ибни Саъд нақл шудааст, ки мегӯяд: “Шарбате барои Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам) оварда шуд ва аз он ошомиданд. Аз тарафи росташон писаре ва аз тарафи чапашон пирамардҳо буданд. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ба тарафи писар фармудаанд: Оё ба ман иҷозат медиҳӣ, ки шарбатро ба эшон (пирамандон) диҳам? Писар гуфт: Эй Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ҳаргиз намегузорам касеро бар насибам, ки аз тарафи шумо ба ман расидааст тарҷеҳ бидиҳам. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) косаи шарбатро дар дасташ гузошт». (Бухорӣ ва Муслим)
Ин ҳадис баёнгари он аст, ки бояд ба фарди самти рост бартарӣ дода шавад, ҳарчанд он шахс хурдсол ҳам бошад.
Меҳмон пас аз тановули таом барои соҳибхона дуо мекунад
Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) назди Саъд ибни Убода (р) рафтанд ва ӯ назди паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) нону равған гузошт. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ба таъом майл намуда, фармдудаанд: «Рӯзадорон бар сурфаатон ифтор кунанд ва аз ғазоятон некӯкорон бихӯранд ва фариштагон бар шумо дуруд фиристанд». (Абӯдовуд, Аҳмад ва ибни Моҷа)
Абдуллоҳ ибни Басрӣ ривоят мекунад, ки падараш таъомеро барои Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) омода сохта, эшонро даъват мекунад. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) даъваташро иҷобат фармуд. Вақте, ки аз хурдани таъом фориғ шуданд,паёмбар чунин дуъо намуд: «Парвардигоро! Онҳоро биомӯрз ва ба онҳо раҳм фармо ва дар ончи рӯзияшон додаӣ фузӯнӣ деҳ». (Имом Муслим, Аҳмад ва Тирмизӣ)
Гусел кардани меҳмон мустаҳаб аст
Абӯубайди Қосим ибни Салом ба дидори имом Аҳмад ибни Ҳамбал рафт. Абӯубайд мегӯяд: вақте, ки хостам бархезам ӯ низ бо ман бархост. Гуфтам: чӣ кор мекунӣ эй Абуабдуллоҳ? Гуфт: Шаъбӣ гуфтааст, ки камоли бархурд бо дидоркунанда дар он аст, ки бо вай то дари хона биравӣ ва дар рикобаш бошӣ.
Волотарин меҳмондор аз инсоният ва рамзи меҳмоннавозони олам ин Иброҳими Халил(а) мебошад. Хонааш чор дарвоза дошт ва сабабаш барои ин буд, ки меҳмон битавонад аз чор дарвоза ба хонааш ворид гардад. Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло дар Қуръони карим, дар Сураҳои Зориёт ва Ҳуд бо беҳтарин шевое баёнаш дошта аст. Аллоҳ моро аз шахсоне бигардон, ки меҳмонҳои худро икром ва эъзоз намоем ва бо ин амал имондор будани худро собит намоем, омин.
Муҳаммадиқболи Садриддин