“Наҳзат”-и Нурӣ дар роҳ ва кишварро нурафшон мекунад

Ислоҳ нет

 

  Ба ёду хотираи устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, муассиси ҲНИТ бахшида мешавад.Ҳафтодудувумин милоди Нурро ба миллат ва дӯстдорон,шогирдон,ҳаводорони ин устоди зиндаёд шодбош мегӯям.Аллоҳ рӯҳи эшонро шод ва ғариқи раҳмати хеш қарорашон бидиҳад омин.

 

    ҲНИТ- созмони сиёсие, ки Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, раиси Комиссиюни оштии миллии Тоҷикистон -ниҳоди муштараки оппозитсион ва ҳукумат дар солҳои 1997-2000, таъсисаш додааст, бори дуввум аст, ки рӯ ба ҳиҷрат оварда ва дар хориҷ аз кишвар фаъолият мекунад. Ин ташаккули муқтадир ва муътабари динӣ, бо онки дар сатҳи сиёсати ҷаҳонӣ шинохта ва эътироф шудааст, ҳамарӯза аз самт ва сӯи душманони сарсахташ, ки ҳамин ду даҳ солаи қабл бо ӯ канор омада, дасти оштиву созиш фишурда буданд, маврди тавҳин ва тӯҳмат қарор мегирад. Тӯҳмати ноҳақеро бар пояш печониданд, фаъолияташро, манъ ва онро ҳизби террористӣ эълон карданд. Касе ҷуз аз худи онҳо, ба ин тӯҳмат ва дурӯғи бузург, ки ҲНИТ ва раҳбари он, аз наздиктарин ва азизтарин шогирдони шаҳид устод Нурӣ, ду навбат вакил Маҷлиси Намояндагон, устод Муҳиддин Кабирӣ дар ҳамдастӣ ба кудетои сохта ва бофтаи Абдуҳалим Назаров, муовини вазири мудофиаи Тоҷикистон муттаҳам карданд, бовар накард.

 

  Тамоми ин тӯли чаҳор сол ба сад созмону кишвар муроҷиат карданд, ба Интерпол феҳрист супориданд, ки ҲНИТ террорист асту  аъзои террористи он бояд боздошт ва муҷозот шаванд, аммо аз ҳеҷ кадоме садое, ки таскинбахш бошад, шунида нашуд,эътино накарданд. Сипас  на ОБСЕ монду на Иттиҳоди Аврупо, на  созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ ва на кишварҳое чун Эрону Олмону Лаҳистону Амрикову Иттиҳоди Аврупо. Ҳамаро яксара “хоҷагони хориҷӣ”-и Наҳзат хонданд ва Кабирӣ ва ҳамроҳонашро ватанфурӯшу хойин, ки Тоҷикистонро мехоҳанд ноамн ва ноором созанд. Ва мафкурасозони ҳукумат аз дарду алам , пушти даст газида ҳарфҳои бехудонаеро дар “Ховар”- дар “Ҷумҳурият” чоп мекунанд: ”то имрӯз баъзе доираҳои сиёсию ҳуқуқии ғарбӣ аз ТТЭ ҲНИ ба унвони ҳизби «муътадил, ҷабрдида ва пешрафта» ёд мекунанд”, ва ё ” ҳимоят ва пуштибонии моддию маънавии ТТЭ ҲНИ ва саркардагони он аз ҷониби баъзе кишварҳо, созмонҳо, ниҳодҳои сиёсии берунӣ далели худро дорад. Далели аслӣ он аст, ки ниҳоду созмонҳо ва баъзан кишварҳои алоҳида бо наҳзат ҳамкории чандсамта дошта, тавассути ҳамкориҳо ниёзҳои худро дар минтақа бароварда месохтанд ва имрӯз ҳам аз лоиҳаи ба ном «Наҳзат» васеъ истифода мебаранд.Бо эътирофи чанд рӯза қабли корманди ирсол намудаи КДАМ ба Олмон Ҷовидони Ғаюрзодаи Ҳусайн режим бо Наҳзат ончунон дар ҷанг аст,ки ба мисли ҷанги ҷаҳонии дуввум 41-45.Бубинед ва худатон қазоват намоед,ки чӣ гӯна онро мехоҳанд баён намоянд.

 

  Аммо ин кишварҳо  ва ин созмонҳо сари мӯе ҳам хам нахӯрданд. Баракс, Созмони милали муттаҳид аз Ҳукумати Тоҷикистон  талаб кард, ки Муҳаммадалӣ Ҳайит, муовини раиси ҲНИТ ва дигар зиндониёни сиёсии ин ҳизб дар зудтарин фурсат озод шуда барои онҳо ғаромат бупардозад. Ин ба забони оммафаҳм он маъноро ифода мекунад, ки “дуздии таги саргини хар” ошкор шуд. Зеро ба рағми ончики террористаш хондед, ООН на инки онро пазируфт, балки бо як мушти обдор бар даҳанатон куфт ва  гуфт, ғалат мекунед, Муҳаммадалӣ Ҳайит террорист нест, бегуноҳ аст, раҳояш кунед. Ҳоло агар ки ҳарфу рақами шумо мувассақ буд, мебоист ҲНИТ террористӣ ва Ҳайит террорист хонда мешуд. Як фикр мекунед? ООН, ки Эрон нест. Ҳамин тавр не?

 

   Инҷо аз як рафтору кирдору гуфтори булаҷабонаи ҳукумат ва муаллифони мадҳиясарояш мешавад зикр кард: ”бори аввал аз минбари бонуфузи байналмилалӣ- СММ, Эмомалӣ Раҳмон, суханронӣ кард, ташаббусҳои раиси мо аз ҷониби СММ қабул гардид,ва ғайраву ҳоказо, ки мояи ифтихорамон бошад, то бидонем,раиси мо сиёсатмадори сатҳи байналмилалӣ, сатҳи ҷаҳонӣ аст”.

 

 Аммо пешниҳодоти ҳамин СММ, дар робита ба риояти ҳуқуқи башар, аз ҷумла раҳо кардани баъзе аз шахсиятҳои сиёсӣ, ки дуруст бо тӯҳмат зиндонӣ шудаандро қабул надоранд(намунааш ҳамин М. Ҳайит) ва эътирозомез мегӯянд,ки дар умури дохилаи мо мудохала накунед. Дурӯягӣ беш аз ин мешавад?

 

   Гузашта аз ин Найтхарт Хёфер-Виссинг, сафири Олмон дар Тоҷикистон дар сӯҳбат бо нашрияи “Тоҷикистон”  дар моҳи январи соли ҷорӣ бо сароҳат эълом дошт, ки“ман борҳо сари ин масъала бо масъулини вазорати корҳои хориҷӣ ва Прокуратураи генералии Тоҷҷикистон сӯҳбат доштам.Аз онҳо хоҳиш намудам, ки асноди раднопазири террористӣ будани ҳизб ва ашхоси шомили онро пешниҳод кунанд”.

 

 Қабл аз ӯ Петр Ивашкевич -сафири Полша дар Тоҷикистон гуфта буд, ки созмонҳое, ки дар Тоҷикистон мамнуъ ва терроистӣ эълон шудаанд, бар асоси қонунҳои ин кишвари аврупоӣ чунин арзёбӣ намешаванд ва аз ҳамин сабаб аъзои онҳо дар қарамрави Полша қонунӣ ба сар мебаранд.  Барои ҳамин ба ин осонӣ ва ба ин роҳатӣ наметавон ҳизберо, ки то ба сатҳи ООН эътироф ва эҳтиром дорад, як ҳизби кучак ва террористӣ бишиносанд.

 

  Ва дигар дар ин самт хидматҳои тасхиркунанда ва ҷонфидоёнаи раиси дар воқеъ фидоии ҳизб беназир аст ки имрӯз ба рағми душманони дохилӣ ва бархе ба ном “мухолифин” –и бо нерӯҳои солим ва собити оппозитсионӣ эътилоферо бо номи Паймони миллии Тоҷикистон ташкил дода бидуни хастагӣ фаъолият дорад. Ҳамон тавре, ки устоди шаҳид-Нурӣ, ки равонаш шод бод, ба ҳангоми муқовамат созмонҳоеро  дар канори ташаккули худаш қарор дода ва Иттиҳоди оппозитсиони тоҷикро таъсис дод, ки боиси  бо сари баланд баргаштан ба ватан шуд.

 

  Ҳанӯз ҳам, ки бехудона ва бидуни кадом андеша ҷиғу фарёд мекашед,ки “ ҳуҷҷат, аснод, шавоҳид ва далоили шайъие вобаста ба кирдори хашину тавтеасозии наҳзатиҳо рӯйи дасти мақомоти тафтишотӣ қарор доранд”. Ин қадр гуфтеду мегӯед, хуб, киро ба ин тӯҳмат бовар кунонидед. Як мақоле ҳаст дар байни мардум, ки мегӯяд: “дурӯғе гӯ, ки думаша гирифта хезад”.  Худатон медонед, ки дурӯғ аст. Пас ин дурӯғ барои дигарҳо чи тавр рост бишавад?

 

  Кабирӣ ва ҲНИ дар ниҳояти амр исбот карданд, балки ин худ як факти исботшуда аст, ки ҳеҷ гоҳ террорист набуданд ва кадом аъмоли бадеро ҳам анҷом надодаанд. Боз ҳам ба сафаҳот ва корномаи ҲНИТ ва раиси фақиди он устод Нурӣ рӯ оваред, ки ӯро чӣ дар шарқ ва чи дар ғарб ба унвони як сиёсатмадори динмеҳвари мӯътадил эҳтиром ва эътироф кардаанд.Шумо чи тавр метавонед, бидуни кадом санаду мадраки мувассақ ва далелу бурҳон ин созмони сиёсии мӯътадилро, ки  шинохт ва таҷрибаи ҳамкорӣ бо Русия, Амрико, Иттиҳоди Аврупо, кишварҳои Осиёи Марказӣ, Покистон, Эрон, Афғонистон дорад, бигиреду террорист эълон кунед. Бо кадом як кудетои сохта. Ин тарҳ, ин нақша ва ин лоиҳаи ниҳоят хому сарсарӣ ҳам шумо ва ҳам ҳокимияти шуморо сахт шарманда кардааст.

 

   Устод Нурӣ ин қудрат ва имкониятро дошт, ки ҳукумати шуморо аз беху бун барканад.Шарқи кишвар, водии Қаротегин ва ВМКБ, навоҳии тобеи ҷумҳурӣ, то Ҳисору Турсунзода ва то остонаҳои пойтахти кишвар зери итоати  размандагонаш буданд. Фазо ва муҳити сиёсии кишвар, бахусус мардум дар Хуҷанду манотиқи дигар дар орзуи наҷот аз ҷабру зулми “ҳукумати ба ном конститутсионӣ” буд, аммо ба хотири сулҳ ва осоиши мардум гузашт кард. Дар асл ин шумо будед, ки бо анҷоми амалиётҳои террористӣ ва ҷанги ошкоро, албатта, бо пуштибонии қудратҳои беруна, ҳукумати қонунии вақтро дар тирамоҳи соли 1992  сарнагун кардед. Ва бо шумо санади сулҳро имзо кард. ҲНИ ҳам дубора ба фаъолият пардохт. Ва боз ҳам ба хотири сулҳ дар интихоботи соли 1999, барои онки вакууми сиёсӣ дар кишвар ба вуҷуд наояд, машрӯияти Раҳмон ва интихоботаш  таҳти хатар қарор нагирад, розӣ шуд исми Давлат Усмон, аз наздиктарин ёрону ёварони худро, ки қатъан нахост ширкат варзад, дар варақаи раъй бинависанд. Ҳоло, имрӯз он ҳама зориву лобаҳо, то соати 11-12 шаб, тавалло карданҳо фаромуш шуд. Ин магар шумо набудед, ки ба аёдати устод Нурӣ, дар замони бемориаш рафтед ва сафорати Тоҷикистон дар Олмонро муваззаф кардед, ки бари тадовии устоди равоншод аз номи давлат кӯмак кунад. Ва ин шумо набудед, ки ба устоди марҳум ордени давлатӣ тақдим кардед. Имрӯз ин ҳамаро пушти по зада изҳор медоред, ки бо ҲНИТ сулҳ накардаед. Ин тарзи баёни шумо нишона аст ки даруни  пур аз кудурат ва кинаву адоват доред ва ҳеҷ гоҳ сидқан оштӣ накарда будаед. Зери санади сулҳ имзои танҳо раиси ҲНИТ нест, имзои шумо ҳам ҳаст.  

 

    Дар урфият мегӯянд, ки “кӯр асояшро як бор гум мекунад” ё  ҳадисе дорем,ки мафҳумаш чунин аст : “мусалмони закиро аз як сурохи  мор дубор намегазад”. Аммо шуморо, ё ки шояд худи шумо инро мехостед, муҳим нест, ба доме, ба чоҳи жарфе кашониданд, андохтанд, гӯл заданд. Ҳамин ҳодисаи ахири ба сари муовини раиси ПМТ омадаро хуб таҳлил кунед. Хуб, бигзор, ки ҳизбро бастеду аз фаъолият боздоштед. Аммо террористӣ хондан чаро? Ҳолатонро бубинед, ки имрӯз бо “Гурӯҳи 24” вориди музокара ва муомала шудан мехоҳед. Мегӯед  номи афроди ин гурӯҳ аз листи пулиси байналмилал ҳазф шуд. Номашон, ки таҳти таъқиб набошад, пас  бояст худи ин созмон ҳам аз феҳристӣ худатон берун шавад. Феҳристи, ки барои хуш доштани дили худ, барои таскини дили худ сохтаеду касе ҳам ба эътибор намегирад. Имрӯз не, фардо бо ҲНИ ҳам маҷбур хоҳед шуд, чунин муомила кунед. Мутмаин бошед. Дер ҳам бишавад. Мефаҳмед, ки иштибоҳ кардаед. Иштибоҳи сахту ҷонгудози сиёсӣ.

 

 

Аммо роҳи дурустро равед ва тавсия ҳам ин аст ки ҳарчи зудтар вориди амал бишавед. Худ иқрорӣ ҳатман ба эътибор гирифта хоҳад шуд. Эътироф кунед

(то ҷое шунидем дар  ҷаласае ба бархе аз аъзои кобина ба хашм ва песонида нигариста  эътироз кардаед, ки “ҳамин ҳизби наҳзат чи кор карда буд, ки аз пушти вай имрӯз на инвеститсия ҳасту на ягон мамлакат рафта метонем), ки хато кардаем ва дар садади ислоҳаш ҳастем.

 

Бароятон боз ҳам як фактро меоварам, ки  на кадом наҳзатӣ ва на кадом эронӣ, балки як урус, як ғайридин Алексей Малашенко,доктори илм ва коршинос, аз маркази Корнегӣ бар зарурати фаъолият ва амали созмонҳои сиёсии динии мӯътадил дар мамолики мусалмонӣ ва аз ҷумла Осиёи Марказӣ таъкид карда ва онро як раванд ва амри табиӣ хондааст ва аз онки ҲНИТ баста шуда сахт таассуф кардааст. Барои онки нагӯед, ки инро бофтаам ҳарфашро бо забони худаш меоварам:  “ Партия исламского возрождения (ПИВТ) это был, я считаю, позитивний эксперимент, и то, что партия была раздавлена и запрешена-это не самий лучший выход, потому что, настроения осталась, и следующеее поколение может мыслит боле радикално. Я считаю , такая умеренная исламская оппозитсия необходима”. Cabar.asia.04.03.2019

 

  Хеле дилам намехоҳад, ки инро бигӯям, аммо чун  ба ёди устод ва кору пайкори ӯ ва ҳизби бунёдгузоштаи ӯ навиштам, фикр мекунам,устод аз ин ҳарфи ман нахоҳад ранҷид, ки ӯ як иштибоҳ кард. Устоди марҳум ва ҳамроҳони тасмимгирандаи ӯ тарафи рӯбарӯи худро бовар карданд. Онҳо бо ин бовар, ки сулҳу салоҳамон содиқона аст, мақоли”битарс аз касе, ки натарсад аз худо”-ро ба инобат нагирифтанд.

 

   Иқтидори сиёсӣ ройгон дар ихтиёр ва қабзаи як тараф вогузор шуд,тарафе, ки  на довталабона, балки бозӯрӣ, маҷбурӣ, таҳти фишор ва дили нохоҳам,чун роҳе дигар надошт,сари мизи гуфтушунид нишаста ва ба санади сулҳ имзо гузошт, вале инак маълум шуд, ки тамоми ин солҳо пайт ва фурсат мепоидааст.

 

Ҳамеша ин ҳарфҳои устоди азиз дар гӯшаманд, ки Наҳзати Исломии Тоҷикистон моли мардум аст, мардумӣ аст. Зеро дар ормонҳои мардум реша дорад.Наҳзат як муассисаи мустаҳкам ва маҳками идеологӣ, як девону дафтари сиёсӣ аст ки иртиботи мустақим бо мардуми тоҷик дорад.Ҳизбест, ки дар шароити имрӯз, ҳам дар олами маҷозӣ ва ҳам дар олами воқеӣ дар ҳоли таҳаввул ва тараққӣ аст.Бо иҷбор ва галагалаву тудатуда- аз шумори студенту аспиранту олиму коргари заводу академияву ғайраву ғайра сафи худро пур накардааст. Танҳо режими фаъолияташ дигар шуд, аммо фаъолият қатъ нашудааст.Ҷаҳлу ҷаҳолати имрӯза аз шӯравӣ хеле сахттар аст.Вале ҳамчунон,ки дар шӯравӣ буд пинҳонӣ,макнун зеризаминӣ роҳашро паймудан дорад. Ва дар ҳиҷрат аст. Дар ватан ҳам ҳаст, Ҳамчуноне устод Нурӣ, равонаш шод бод аз ҳиҷрат берун омад ва ба Ватан баргашт, боз ҳам пайравонаш маҳз, ҳамин тавр амал мекунанд. Ва аз инҷост, ки мегӯям: “Наҳзат”-и Нурӣ дар роҳ аст ва ба ватан бо сари баланд бармегардад.

 

PS :Пойгоҳи Ислоҳ бахшида ба ҳафтодудувумин мелоди Нур тасмим гирифтаем агар хотирае,қиссае дошта бошед аз устоди зиндаёд бароямон фиристед,то онро нашр намоем.Агар вақт надоред барои навиштан омодаем бо шумо мусоҳибае анҷом диҳем ва онро нашр намоем.Мо дар муддати як моҳ  бахшҳое аз китоби “Он сӯйи сёсат” порчаҳоеро нашр менамоем ва насиҳатҳо ва иршодоти устоди зиндаёд Сайид Абдуллоҳи Нурӣ (раҳ) ро барои хонандагон тақдим менамоем.Агарчӣ муҳтавои китоб,то соли 1995 ро дарбар мегирад вале ончӣ то он солҳо гуфтабуданд комилан,то имрӯз ҳеҷ фарқе накардааст.Ҳамон Эмомалӣ ва ҳамон даҳшатафкание дар он солҳо дошт режимаш,то ҳол бо он равиши хашин идома дорад.

 

 

 

 

Share This Article