Тарс ё террори давлатӣ идома дорад

Ислоҳ нет

 

         Имомхатиби масҷиди марказии Нуробод Изомиддин Абдулҳайзода  дар як навори видеоӣ хабарҳо дар бораи манъи намози ҷумъа дар ҳафтаи қабл дар ин масҷид ва бархе дигар аз масоҷиди ин ноҳияро такзиб кардааст. Расонаҳои интернетӣ навиштанд, ки раиси ноҳия шарт гузоштааст, ки баргузории намози ҷумъа то иҷрои нақшаи баҳории даъват ба артиш мамнӯъ хоҳад буд. Сабаби шаҳодати бардуруғи имомхатибро бештари огаҳони авзоъи Тоҷикистон дар татбиқи аъмоли террористӣ ва сиёсатҳои даҳшатафкании Раҳмон ва ҳукумати ӯ бар болои мардуми ин кишвар маънидод мекунанд.Сиёсатҳои террористона ва даҳшатафканонаи ҳукумати Раҳмон, ки пайваста ҷомеа ва мардуми кишварро дар ҳолати тарсу ваҳшат ва воҳима нигоҳ медорад, ҳатто имомхатибон ва кормандони сатҳҳои миёна ва поёнии давлатро водор кардааст, ки дуруғ бигуянд, қонунҳоро нақз бикунанд ва ба чораҳое шадид ва ғайрибашарӣ даст бизананд. Тарсу ваҳшат аз Раҳмон ва мақомоти амниятии он, ки ҳамагӣ аз хешу табор ва ҳамшаҳриҳояш мураккаб аст сархатиби як масҷидро водор кард, ки миёни Раҳмон ва Худо  қарор бигирад ва ба рағми имону эътиқод ва бовару масъулияте, ки дорад, даст ба амале бизанад, ки тамоми умр барои ӯ мояи нанг ва надомат бимонад. Ӯ аз бими ҷон, аз тарс раҳмонро бар Худо тарҷеҳ дод.

 

    Манъи ибодат ва он ҳам намози ҷумъа дар хонаи Худо ва он ҳам бо дастони имомхатиб. Агар инҷо тарсу ҳарос аз Раҳмон ва амнияту милисаи ӯ набуд, фикр мекунед, ин кор шуданӣ буд?Имомхатиб ба хотири наҷоти худ, ба хотири онки имкон дорад барои саркашӣ аз дастур ба ҳабс биравад, маҷбур шудааст, ки кореро бикунад, ки фардо дар пеши Худо  намедонад, ки чӣ бигӯяд. Раҳмон вазъ ва муҳити зиндагии мардумро то ҳадде тоқатшикан ва таҳаммулнопазир сохтааст, ки то нохуни пойи мардум тарсу ваҳшат ҷо шудааст. Чандин сол мешавад,ки  масҷид дар Тоҷикистон ба “чойхонаҳои сурх”-и замони шӯравӣ ва имомону хатибон ба “лекторон”-и ҷамъияти “Дониш” табдил шудааст. Амри маъруфи имомхатибонро ҳам маъмурони давлатӣ менависанд ва таъйин мекунанд. Дар ин қазия на танҳо имомхатиб аст ки аз тарсу ваҳшат ночор ва маҷбур шудааст, ки дуруғ бигуяд.  Масъули шӯъбаи дини ноҳия Эраҷ Зафаров бориши борон ва хавфи селро баҳонаи баргузор нашудани намози ҷумъа дар масҷид гуфтааст. Агарчанде ин масъули ҳукумат дар тафовут аз сархатиб иқрори зимнӣ кардааст,ки намози ҷумъа баргузор нашуд, вале аз онки тарс болояш мисли шамшер овезон аст, талоше кардааст, ки худро аз вазъияти ногувор ва хиҷолатбор ба як шакле берун кашад.Охир махсуми гиромӣ чӣ гуна намозе қабл аз иқомаи он пас аз хутбаи ҷумъа нахондаатро мегуед хондем?Пас аз нашри ин навор ба чашми муқтадиҳоят чӣ гуна нигоҳ мекунед? Наход аз тарси як махлуқ ба ин андоза дурӯғи шохдор гуед, дар ҳоле, ки дастури раиси ноҳия барои манъи намози ҷумъаро худи шумо бо нахондани намози ҷумъа пас аз хутбаи он ба иҷро расонидаед.Аммо мардум чи? Мардум ҳам тарсхӯрда аст.

Масъалаи муносибат ба дину оин ва аз ҷумла масҷиду намоз дар Тоҷикистон дар ин чанд соли ахир ба ҳадде ҳасос ва тарсангез аст, ки тоҷики мусалмон намедонад, фарзу воҷиботи исломиашро ба ҷо оварад ва ё дастур ва мамнуъоти Раҳмонро иҷро кунад. Тоҷики мусалмон дар дуроҳаи сахти интихоб қарор дода шудааст.Тоати Худоро кунад ё итоати Раҳмонро? Ҳамла ва таҷовуз ба ҳарими диниву мазҳабӣ ва эътиқодии  мусалмони тоҷик  аз тарафи Раҳмон пайваста дар ҳоли шиддат гирифтан аст. Аммо танҳо масоили дину диндорӣ нест, балки чуноне гуфтем фазо ва иқлими зисту зиндагонӣ дар кишвар оганда ва печида ба тарсу ҳарос шудааст. Ҳар касе саре бардошт ва ҳарфе бизад ӯ бо шеваҳои  сахттарин муҷозот мешавад. Милисаву прокурору суду амният барои ҳифзи тартибу назм ва амнияту суботи ҷомеа ва мардум хидмат намекунанд, объект ва маҳалли хидмати асосии онҳо Раҳмон ва оилаву авлоди ӯст.

 

Пахши эътирози талаби ҳаққи ҳалол аз “Домод”

 

Боздошти нафароне, ки дар назди ширкати “Фароз”-Шамсуллои домодаш  тазоҳурот карда буданд, далели дигари гуфтаи болст, ки милисаву амният на дар хидмати мардум, на дар фикри анҷоми масъулият ва хидмат, балки бо тамоми ҷон дар ҳифзу ҳимояти Раҳмон ва авлоди ӯ қарор доранд. Милисаву амният мебоист аз домоди Раҳмон мепурсиданд ва ӯро ба шуъба даъват мекарданд, ки чаро пули мардумро кам медиҳӣ ва чаро қарордоди ҳамкориро нақз мекунӣ.Аммо ҳайҳот. Онҳо ин корро накарданд ва намекунанд. Пас, мардум бояд, чи коре бикунад? Рӯзи 29 апрел ба маҳалли таҷаммӯи мардум нирӯҳои милиса фиристода шуданд ва чанд нафар аз эътирозгаронро ҳам дастгир карданд. Вале дар ниҳоят намояндагони “Фароз” ба эътирозгарон ваъда доданд, ки қарордодҳои қаблӣ ба қувваи худ боқӣ мемонанд ва бо гирифтани ин ваъда мардум пароканда шуданд.Пас аз он номардона тақрибан 20 эътирозгарро ба шуъбаҳои корҳои дохила бурда онҳоро бо моддаи 479-и Кодекси маъмурӣ, яъне риоянакардани талаботи қонунии мақомоти умури дохила, парванда боз намуданд. Ин моддаи Кодекси маъмурӣ аз 5 то 15 шабонарӯз ҷазои ҳабси маъмурӣ ваё ҷарима ба маблағи аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳоро пешбинӣ мекунад.Боз аҷибаш дар ин аст,ки аксари ин эътирозгарон аз Рашт ва ё Бадахшон ва ё Суғд набуда балке аз Данғара мебошанд. Қазоватро ба худи хонандаи нуктасанҷу ҳушёр вогузор менамоям.Раҳмон ба ҳамшаҳриҳои худаш раҳм надорад,фикр мекунед ба дигар маҳалҳои кишвар раҳму шафқат дорад?

 

Бозҳам Роғун..

 

   Садамаи Роғун барои ҷомеаи кишвар пӯшида нигоҳ дошта мешавад ва касе аз мардум ёрои пурсидан намекунад ва аз масъулон ҳам нафаре ҷуръат накардааст, ки то ҳоло ба мардум тавзеҳ бидиҳад. Мардум ҳақ дорад,ки бифаҳмад: ин ҳама маблағҳо ба куҷо масраф шудаанд. Чаро чархаи якум аз истеҳсол бозмонд ва чаро чархаи дуввум кор намекунад? Аммо аз тарсу ҳароси ҳоким дар кишвар сокит ҳама астанд. Ҳарфе гуфта наметавонанд. Агар ҳамин вазъу ҳол дар ҷое дигар масалан  дар Қирғизистони ҳамсоя буд, кайҳои линги тарсдиҳандаҳоро  аз осмон меоварданд ва иоҷза намедоданд, ки то ба ин сатҳ мардум ба патак ва пайтоба бадал бишаванд. Сарнавишти Аскар Акеав ва Қурмонбек Боқиев, ки зану фарзандашонро ҳам ба мудирияти давлат оварда буданд ,бо чӣ анҷомид. Ҳоло ҳардуяшон дар табъиданд. Аммо ин тарси дарун- дарунии тоҷик аст, ки сар боло намекунад.Як қабилаи кучак бо истифода аз иқтидори давлатӣ миллат ва мардумро дар ҳолати шадиди руҳӣ нигоҳ доштааст.

Алӣ ибни Абутолиб (раз) мефармояд: “Бузургтарин гуноҳ тарс аст. Ин аз тарси мардум аст ки интихоботҳоро  ҳар тавре, ки бихоҳанд ҷамъбаст мекунанд.Аз ҷанги бародаркушӣ анқариб сисол комил мешавад, ҳамоно дар ҳар суханрониаш онро хотиррасон мекунад.Танҳо ба хотири  тақвияти тарсу ҳарос дар ҷомеа. Агарчанде худро сулҳофару сулҳовар ҷилва медиҳад аммо паём ва таъкиди асосиаш аз ин ёдовариҳо  он аст ки бигӯяд, мо хунрехтагием, фаромуш накунед, хапу дам шукрона карда гардед. Мардумро метарсонад то пояҳои ҳукумати худро таҳким бахшад.

 

Раҳмон ваҳшатафкани миллат аст

 

 “Барои мо тинҷӣ бошад шуд”, ки ҳамеша дар навишта ва суханрониҳои  чоплусони дарбораш талқин мешавад ҳам як сухани сахт ҳисобшуда аст. Ҳамчуноне, ки ҳар аз гоҳе “бо хун омадан”-и худро гушнишон мекунад. Такрор ҳам шавад, ин ҳама ба хотири дар як фазои тарсу ҳарос нигоҳ доштани мардум аст, ки ҳеҷ гоҳе дар бораи чизҳои дигар фикр накунанд.

   Аммо  танҳо мардум нестанд,ки битарсанд ва дар ҳолати тарсуӣ қарор дошта бошанд. Дар навбати худ Раҳмон ва аҳли хонаводаи ӯ, ки шумораашон хеле ҳам зиёд аст аз мардум сахт ҳарос доранд. Раёсати муҳофизати амният ва милиса онҳоро дар маҳалли кор, ҳаракат дар роҳ ва дар хона ба шиддат ҳимоят мекунад. “Охрана” ва “телех”-и бешумор доранд.Инки дар телевизион нишон медиҳанд, ки Раҳмон ба ин ё он қисмати кишвар сафар мекунад ва дар иҳотаи мардум аст, худнамоишдиҳӣ ё “показуха”-е беш нест.Қабл аз сафари ӯ як моҳ пеш хадамоти амнияти ӯ минтақаи сафарро бо шумори зиёди милисаву амният зери назорат мегирад. Ҳолати казармавӣ ҷорӣ  ва роҳҳо баста мешавад, нақлиёт самти ҳаракатшро иваз мекунад ва чораҳову тадбирҳои дигари шадиди амниятӣ ба кор гирифта мешавад. Зеро ӯ ҳеҷ гоҳ бо мардум набуд ва ҳеҷ гоҳ мардуми тоҷик ӯро ҳамчун раиси ҷумҳурӣ интихоб накардааст ва аз ин ҷиҳат ҳар қадаре ки мардумро дар ҳолати тарсу ваҳшат нигоҳ медорад худаш низ ба ҳамон қадар аз мардуми тоҷик метарсад.

 

Аллоҳ дар Сураи муборакаи Раъд чунин мефармояд:

“…Аллоҳ чизеро, ки аз они мардумест, дигаргун накунад, то он мардум худ дигаргун шаванд. Чун Аллоҳ барои мардуме бадӣ хоҳад, ҳеҷ чиз монеъи ӯ натавонад шуд ва онҳоро ҷуз Худо ҳеҷ корсозе нест!

(Сураи Раъд,ҷузъе аз ояти 11)

 

Пас бояд миллати азизу сарбаланди тоҷик бидонанд,ки вазъи мардумро худи мардум ислоҳ хоҳад кард.То худи мардум ба як қароре наояд, ин аҳвол бад-ин минвол идома хоҳад карду ҳеҷ наҷотдиҳандае ҷуз худи мо нест. Мунтазири фурӯдомадани малак аз осмон набояд шуд ва барои тағйири ҳолати имрӯзу фардои хеш бояд талош кунем.

 

Тағйироти ба вуҷудомада натиҷаи кори кӣ?

 

Ахиран шоҳиди як амалкарди ҷадиде аз тарафи мақомот дар мавриди бозкушоӣ ё ба расмият даровардани дарвозаи 590 масоҷид дар кулли кишвар шудаистодаем.Фикр мекунед ин бозкушоии дарвозаҳои масоҷид бо дархости ШУМИТ ва ё имомхатибони кишвар ё талаби мардуми дохил амалӣ шуданист? Ҳаргиз чунин нест ва ин танҳо ба ин амалкардҳои шабонарӯзии бародарони пурталоши дар беруни кишварбудааст,ки ночор ин режимро ба он водоштааст.

 

Хитоб ба муллоҳи дохил

 

Танҳо ҳаминқадар мехоҳем аз шумо “Мулло”ҳои гиромӣ агар имкони ҳимоят аз ин дин ва мазҳабу муқаддасотро надоред лоақал сукут кунед.Ончунонеки дар муқобили ҷанги ошкори Раҳмон бо инҳама муқаддасот дар дохил ҳастед вале сукутро авло медонед ва то ба ҳол донистед.Бар алайҳи моҳам чунин сукут кунед ин бароятон авло ва ба ҳақ наздику дар назди Аллоҳ далеле барои арза ва пешниҳод карданро доред.Чун мегуед мо асир будем ва наметавонистем чизе бигуему коре бикунем дар муқобили ин золими ханҷарбадаст.Аммо бар муқобили мо сухангуфтани шумо, дақиқан бидонед дар ду дунё шуморо русиёҳ ва шармсор мекунад.Суханони шумо бар алайҳи шумо истинод ва шоҳидони онҳо пеш аз мардум ва малоик аъзои баданҳои шумо хоҳад буд ва ниёзе ба бозгӯ кардани оят нестед.

Имомхатиби масҷиди марказии ноҳияи Нуробод, агар аз ин пеш ҳам наворҳои видеӣ медошт, мо мегуфтем, хуб инаш давоми ҳамон пешинааш аст. Ҳамчуноне барномаи “Як ҷинояти Эмомалӣ Раҳмон” ва мақолаҳои дифоъӣ аз дину миллат ба таври силсила аз тарафи банда идома дорад. Аммо яку якбора сару калаи баъзеҳояшон дар интернет пайдо мешавад ва ҳодисаи рухдодаро такзибҳам мекунанд.Охир бо кадом виҷодон ва номусатон инкорро мекунед? Фикр мекунед, кӣ ба он бовар мекунад? Шумо, бародароне ҳастед, ки бо ришу фаш ҳам намудор бишавед, ҳама аҳли интернет ва кишвар кайҳост, ки мешиносадатон, зӯри беҳуда назанед. Ва дигар инки ҳатто ҳамин тарсу ҳарос ҳам ба охир мерасад. Чун роҳу рафтори худи шумо баёнгари он аст ки аз чизе дар ҳарос ҳастед ва чунин ба назар мерсад, ки сахт саросемаед.  Мардуми тоҷик ба кундиву карахтӣ ҳам бошад даври ҳам меояд ва иттифоқ мешавад. Ва ба қавли шайх Саъдӣ

 Мурчагон  гар бикунанд иттифоқ,

Шери жаёнро бидаронанд пуст.

 

 

 

Share This Article