Ёддошти тафоҳуме,ки режимро расво кард

Ислоҳ нет

                                   

 Бори каҷ ба манзил намерасад

     Кӯси русвоии Раҳмон дар ҷанги иттилоотӣ бо Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ин бор бо дастони вазорати умури хориҷиаш кӯфта шуд. Агарки дар мавориди қаблӣ ниҳодҳои амниятиву қудратии ҳукумати Раҳмон ӯро дар мубориза бо ин ҳизб шармандаву русво мекарданд, ин бор як ниҳоди дипломатӣ, идеоложӣ ва мафкуравии ӯ ҳам ба якчунин амали ғайриахлоқӣ  даст зад.

 

   Бале, сухан аз санади ба имзорасида миёни ду давлат меравад, ки аз сӯйи маъмур ё маъмурони идораи сиёсати хориҷии ҳукумати Раҳмон дағалона, нописандона ва беэҳтиромона нисбат ба Ҷумҳурии Исломии Эрон дасткорӣ шуд. Ва инак, баъди сарусадоҳо дар расонаҳои иҷтимоӣ дар мавриди сиҳатӣ ва саҳеҳии он масъулони вазорати хориҷии Тоҷикистон бо ислоҳи иштибоҳи фоҳиши худ иқрор ва эътироф карданд, ки ба раиси худ “хизмати хирсона”, балки беҳтар аст гуфта бишавад “хидмати хугона” кардаанд. Ва, ба ин тартиб, аз матни “Ёддошти тафоҳум” –санади мавриди назар баъди чанд рӯз аз интишори он дар сайти ин вазорат номи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон берун оварда шуд. Чи боис шуд, кӣ водор намояд,ки вазорати хориҷӣ тӯҳмати афзудаи худ ба ин санадро ислоҳ кунад, дигар муҳим нест, муҳим ин аст ки боз ҳам тираш дар муқобили Ҳизби наҳзати исломӣ хок хӯрд ва бо як шармандагии калону русвоиву рӯсиёҳӣ ночор ва маҷбур шуд, иқрор кунад, ки дар ин санад номи Наҳзати исломиро амдан дохил кардаанд,аммо мавқеи Ҷумҳурии Исломии Эрон комилан дигар аст.

 

  Агарки хонандаи ҳушманд мутаваҷҷеҳ шуда буд, пай бурда буд, ки баъди интишори ин санад бархе аз муаллифон аз “фермаи ҷавоб” бо карнайю сурнайнавозӣ даромада бо туфангҳои пур аз тир гуфтанд, ки дигар кори ҲНИТ ва Кабирӣ  тамом ва хоҷаи хориҷиашон,манзур Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳам рӯ тофт. Бахусус мухолифини мухолифинро Худо дод: “конетс Аллоҳу Акбар” навишт якеаш, дигариаш аз фарти шодӣ дар қаду бар нағунҷида табақи оши палавашро намоиш доду гуфт: “мотам дар рӯзи ид”.

 

  Вале дар ин миён бархе аз муаллифон аз “фермаи ҷавоб” бо як навъ хавотирӣ ва дуздак-дуздак ва бо як ишораҳое ба ин маъно, ки ин санад ҳоло ҳеҷ, амали Ҷумҳурии Исломии Эронро хоҳем чизҳое менавиштанд. Ҳоло маълум мешавад, ки дар асл медонистаанд, ки санад ҷаълисту таҷовуз шудааст.  Ва онки дар ин санад номи ҲНИТ-ро даровардаанд як амали ҳисобшуда аст.

 

  Аммо ба ҳар сурат, ин суол пеш меояд, ки кашидани пойи Наҳзат тавассути вазорати хориҷӣ, дар шароите, ки ҳарду давлат аз шурӯъи ҳамкориҳои тоза сӯҳбат мекунанд, бо чӣ ҳадаф сурат гирифтааст. Дар ҳоле, ки яке аз сабабҳои аслии харобии робита миёни ин ду давлат маҳз ҲНИТ шудааст.Ва, дигар инки Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори худ дар равобити харобшуда таҷдиди назар мекунанд ва ё бо таъсири беруна?  

 

  Ба гумони ғолиб, агарки ибтикор аз худи ин ду давлат буд, ниёзе ба дасткории санади расмӣ боқӣ намемонд. Бо ин васила Тоҷикистон хост дигарбора ба Эрон бирасонад ва ё Эронро водор бисозад ва ё Эронро биозмояд, ки то мавқеъашро дар қиболи ҲНИТ аланан эълом бидорад, рӯшан бисозад.Аммо Ҷумҳурии  Исломӣ ба ҳайси як қудрати бузурги минтақаӣ тавре зоҳир кард, ки чизеро надидааст ва эътиборе ҳам надод. Чун чанд рӯз аз сукути маънидори Эрон гузашт ва Раҳмону мафкурасозони дар воқеъ аблаҳаш дарёфтанд, ки аксуламале нахоҳад буд, ҷавоби аҳмақ сукут аст, ноилоҷ иштибоҳи фоҳиши худро ислоҳ карданд. Аммо дар ин миён бурд, бурди Наҳзати исломӣ шуд, ки бо фазли Худо бар ҷойгоҳ ва азаматаш афзуд.

 

  Мафкурасозони  Раҳмон, бахусус ,подабони пир, ки як замоне дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳам ифои вазифа дошт, то ҳамин акнун ин кишварро нашинохтаанд. Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки бар мабнои ҳуввияти миллӣ хоссатан дар қиболи мо тоҷикон дар гузашта ва имрӯзам мушаххас буд ва ҳаст. Ин кишвар давлати мо тоҷиконро  пуштибонӣ, дастгирӣ дар авлавияти сиёсатҳои худ қарор дода ва дар ин амр то ҳадде, ки тавонистааст дареғ надоштааст, чӣ расад ба Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, як ташаккули эътирофшуда дар сатҳи ҷаҳонӣ ва як ташкилоти сиёсии динӣ,ки бо низомаш,то ҷое созгор аст чун давлати динӣ мебошад.Мо намунаҳои зиёде барои ин сухан дорем,ки дар соли 2006 солеки муносиботи мо бо узбекистон тира буд ва зимистони сахт ва аз бе барқи ранҷ мебурдем Эрон бо як баёния чӣ кор кард. Тарҳҳое дар кишвар амалӣ гашта ва НБО и Сангтуда ва нақби Истиқлол намунаҳои боризи ин гуфтаҳоянд. На танҳо Ҷумҳурии Исломии Эрон, балки ҳеҷ кишваре дар дунё Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро ташкилоти террористӣ намешиносад, чун кадом далеле мавҷуд нест. Дар ҳоле ки муносибат ва бархурд бо ин ҳизб дар сатҳи ҷомеаи байналмилалӣ ба ваҷҳи шоиста ва боиста идома дорад, чи тавр мешудааст, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон ба рағми тамоми давлатҳои дунё онро террористӣ бихонад.

 

  Дигар инки дар замони муқовиматҳои дохилӣ Ҷумҳурии Исломии Эрон ошкоро аз ин ташкилот ва мақомоти раҳбарии он дар баробари Раҳмон ва Фронти халқӣ ва хоҷагони хориҷиаш пуштибонӣ кардааст ва ин асрору рози пӯшида ҳам нест. Ҷумҳурии Исломӣ, Наҳзати исломиро як тарафи сулҳи тоҷикон мешиносад ва дақиқан воқиф аст ки айбу иттиҳоми ворида ба ин ҳизб беасос аст ва танҳо ва танҳо ангеза ва аҳдофи сиёсӣ дорад. Аз инҷост, ки сари мӯе ҳам ба ҷаълкории “Ёдошти тафоҳум” аз тарафи Раҳмон эътибор надод ва мижааш ҳам хам нахӯрд ва ба ин амали кӯдаконаву ноҷавонмардонаи давлатномардони ҳамзабону ҳамтаъриху ҳамфарҳанги худ чашм пӯшид. 

 

Ҳоло, бубинем, ки ангезаи обшавии яхи робитаҳо миёни ин ду давлат чӣ ва ё кӣ будааст? Соҳибназарону таҳлилгарон ончиро ки дар андеша доштанд, гуфтанд.Ҳам аз Шонгҳой гуфтанд ва ҳам аз Русия ва ҳам аз ҳамкориҳои минтақаӣ ва ҳам аз ниёзи Тоҷикистон ба сармояи Эрон. Ин сару садоҳое ҳам ба гӯш меомад, ки як далели сафари вазири хориҷии Тоҷикистон куштори эшони Сайидқиёмиддин Ғозӣ аст ва далели дигараш ҳам сӯизанни Раҳмон бар Эрон дар робита ба бурузи ихтилоф бо Туркманистон аст. Раҳмон ва ҳукумати вай дар ин авқоти ахир мавонеи роҳу интиқоли тронзити молу коло аз қаламрави Туркманистонро аз Эрон мебинанд. Инро ҳам бояд тазаккур дод,ки коҳиши муҳлати ҷазои шаҳид Сайид Қиёмиддини Ғозӣ аз сӯи Раҳмон ва гузашта аз ин омодагии Раҳмон барои афви ӯ шояд аз шурути ҷониби Ҷумҳурии Исломӣ барои азсаргирии равобит бошад,чун барои Эрон уламои исломие назири эшони марҳум ҷойгоҳи хосе доранд. Ҷудо аз мухолифини мухолифин, ки гуфтем аз санади қалбакии  Раҳмон ба ваҷду шодӣ омада буданд, як коршиноси тоҷик гуфтааст, ки дар равобити Тоҷикистону Эрон  Наҳзат як масъалаи кӯчак ва ночиз аст. Ин “таҳлил” саҳеҳ буд, агарки ба Ҷумҳурии Исломии Эрон иттиҳоми сарпарасти кудетои Ҳоҷӣ Ҳалим ва ҲНИ алайҳи Раҳмон  зада намешуд. Мо наметавонем  ниёзи Эрон ба узвият дар Созмони ҳамкориҳои Шонгҳойро бахусус дар шароити феълӣ, ки таҳримҳои Амрико болои Эрон шадидтар мешавад, нодида бигирем. Ба истиснои Тоҷикистон боқии аъзои ин созмон барои узвияти Эрон розианд.Пазируфта шудани Эрон барои ин кишвар танҳо як  дастгирии сиёсӣ хоҳад шуд, на бештар аз ин. Чун ҳар яке аз ин кишварҳо дар алоҳидагӣ мавқеи худро бо Эрон дар робита ба таҳримҳои Амрико барвақт рӯшан кардаанд.Барои Русия ҳам инки муносибати Тоҷикистон бо Эрон дар кадом сатҳу шароите қарор хоҳад дошт, кадом аҳамияти хосе надорад, магар инки бо пазируфтани Эрон дар ҳайати созмони Шонгҳой қаламрав ва салобати ин созмонро бузургтар ба ҷилва диҳад.  

 

   Аммо,ба рағми ночиз ва кӯчак ҳисобидани ҷойгоҳи ҲНИТ дар равобити Тоҷикистон ва Эрон, ки коршиноси тоҷик пиндоштааст, гумони ғолиб ин аст ки маҳз масъалаи Наҳзат ва интихоботи қарибулвуқӯи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонро водор кардааст, ки бо Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамкорӣ ва робитаро аз сар бигирад.Вагарна Раҳмон ва хадамоти амниятиаш, ки ошкоро Эронро бар талоши сарнагунии ӯ дар канори ҲНИТ муттаҳам  карда буданд, ба ин зудӣ дар пайи оштишавӣ намеафтоданд. Раҳмон ва ҳукумати ӯ бими он доранд, ки ҲНИТ интихоботи раёсати ҷумҳурии ояндаро, ки қасд дорад Рустамро президент бисозад, ба ҳам мезанад. Чун барои Раҳмон ва дору дастааш пинҳон нест, ки ҲНИТ ҳамчунин имкон ва қудратро дорад. Вагарна Раҳмон маҷбур намешуд, ки ба рӯяш чарми каркаданро кашида дар санади миёни ду давлат аз Наҳзат ёдовар шавад. Чаро аз Анҷумани неруҳои созанда ва аз Ватандор ва гурӯҳи дигаре чизе намегӯяд?  Аз ин хотир суроғи Ҷумҳурии Исломиро  гирифтааст.

 

Шаке нест, ки русҳо ҳам бо Раҳмон масоили марбут ба  интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон  ва ба хусус  шароити баргузории онро дар миён гузошта бошанд. Русҳо низ аз бурузи ҳар гуна нооромӣ ва бесуботӣ дар манотиқи таҳти нуфузашон, ки Тоҷикистон ҳам шомили он дониста мешавад, эҳсоси бим доранд.Бахусус, ки имкони бар сари қудрат омадани Толибон дар Афғонистон бештар мешавад,бим ва занни онки таҳаррукот ва ташаккулоти исломӣ ба кӯмаки ҳам хоҳанд шитофт,русҳоро водор кардааст, дар мавриди сулҳу суботи сарҳадоти ҷанубии худ бештар таваҷҷӯҳ бикунанд. Раҳмон ҳам бо инки дар пеш интихобот дорад, табиист,ки мехоҳад орому осуда баргузор кунад. Аммо новобаста аз онки ҲНИТ  дар хориҷ аз кишвар аст ҳамоно барои Раҳмон ва барномаи интихоботии ӯ таҳдиди ҷиддӣ шумор меояд. Оштии Раҳмон бо Эрон  барои интихобот аст. Моҷарои “Ёддошти тафоҳум”  дар ҳоле иттифоқ меуфтад,  ки Ҳасани Руҳонӣ,раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ҳадафи ширкат дар конфаронси байналмилалии “Таомул ва эътимодсозӣ дар Осиё” (СИКО) рӯзҳои 14 ва 15-и ҳамин моҳ вориди Тоҷикистон хоҳад шуд.  Ба эҳтимоли зиёд масъалаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар мулоқоти ҷаноби Руҳонӣ ва Раҳмон мавриди гуфтугӯ қарор хоҳад гирифт. Ва, шояд як ҳадафи дигари тақаллуб дар“Ёддошти тафоҳум”ҳам  ба суҳбати Рӯҳонӣ кашонидани масъалаи ҲНИТ бошад. Аммо маҳоли маҳол аст, ки раиси Ҷумҳурии Исломӣ ҳатто ба хотири ризоияти Тоҷикистон барои қабули ин кишвар ба ҳайати Созмони Шонгҳой усули аслӣ ва меҳварии ин давлат-ҳифз ва ҳимояти ислом,ки низоми асосии кишвараш аст ва ё бо ибораи дигар мусалмононро ба савдо бигузорад.

 

Share This Article