Пешниҳоди номзадии Бузургмеҳр Ёров барои Ҷоизаи муътабари ба номи Ватслав Ҳавел як силли муҳкам бар рухи Раҳмон ва режими ӯст.
Дар листи довталабҳо барои дарёфти Ҷоизаи Маҷмаи парлумонии Шӯрои Урупо ба номи Ватслав Ҳавел (дигарандеш ва раиси ҷумҳури собиқи Ҷумҳурии Чех) сабт шудани исми Бузургмеҳр Ёров-адвокати зиндонии тоҷик аз сӯи созмонҳои байналмилалӣ, маҳофили мудофеи ҳуқуқи башар, рушанфикрон ва соири шахсиятҳои озодихоҳ бо истиқболи гарму самимӣ рӯбарӯ шуд. Аммо ин хабар барои Раҳмону дору даста ва ба хусус “фермаи ҷавоб”-аш баробар ба хабари як таъзия буд. Ҳоло “фермаи ҷавоб” дар мотам нишастааст,азо гирифтааст.
Дар ин як моҳи ахир бар муқобили Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Урупо (САҲА) ҷабҳа дуруст карда ҳай менавишту менавишт, маосу баос мезад:-ҲНИТ ташкилоти террористӣ аст, чаро дар ҷаласаи САҲА иштирок мекунад, САҲА аз ҲНИТ пуштибонӣ мекунад, САҲА ҲНИТ-ро сарпараст мекунад ва ғайраву ҳоказоҳо,бармеояд,ки тамоми талошу ҷонканданҳояш бефоида ва бидуни натиҷа ба анҷом расиданд. Зеро ҲНИТ ба рағми ин ҳама навиштаҳову ҳатто дуғу пуписаҳо,ки дафтари САҲА дар Душанберо мебандем,ҳамкорӣ бо САҲА-ро қатъ мекунем на танҳо дар ҷаласаи навбатии САҲА,ки қарор аст дар моҳи сентябр дар Лаҳистон доир бишавад ширкат ва ҳузур хоҳад дошт, балки баракс ва бадтар аз ин адвокати ҲНИТ аз сӯи Шӯрои парлумони Иттиҳоди Урупо ба баландтарин Ҷоизаи ин ташкилоти бонуфузи ҷаҳонӣ пешбарӣ шудааст. Ва он ҳам дар остонаи ҳамин нишаст.
Як нуктаро инҷо бояд гушрас намоям,ки шумо дафтари САҲА ва Иттиҳоди Урупоро баста наметавонед,чун суратҳисобҳои оффшории хонаводаи Раҳмон дар ин кишварҳо аст ва ҳар лаҳза имкон дорад,ки ошкор бишавад.
Ва,аммо идомаи ҳарфи Бузургмеҳр.Бале, Бузургмеҳрро Шумо барои онки дар додгоҳ аз ҲНИТ ва аъзои баландмартабаи он ҳимояти ҳуқуқӣ кард, зиндонӣ кардед. Тамоми пайдову пинҳон ва паҳлуҳои ин парванда аз тарафи бозрасони байналмилалӣ ҳам дар сатҳи САҲА ҳам дар сатҳи Созмони милали муттаҳид(СММ) мушикофона тадқиқ ва муҳокима шуда ва ин созмонҳо ва ҳамчунин Амрико ва Иттиҳоди Урупо ба таври мукаррар талабу дархост карданд, ки ин вакили дифоъ бояд фавран озод бишавад ва давлати Тоҷикистон бояд ҷуброн ва хисороти расонида ба ӯро бипардозад. Тамоми созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар дар саросари дунё аз Раҳмон ва режими ситамкори ӯ ин хоҳишро карданд. Аммо масъулини режим ҳар бор посух доданд, ки Бузургмеҳр барои ҷиноёти мушаххас зиндонӣ шудааст, на барои ҳимояти ҳуқуқии ҲНИТ. Додситони кулли Тоҷикистон дар нишасти Кумитаи ҳуқуқи башари СММ ҳам,ки аввали ҳамин моҳ доир шуд,боз ҳам таъкид кард,ки Бузургмеҳр озод нахоҳад шуд,чун ӯ муртакиби ҷиноят аст. Хуллас,то ҳамин имрӯз, ки хабари номзадии Бузургмеҳр барои дарёфти Ҷоизаи байналмилалии вобаста ба ҳуқуқи башар расонаӣ шуд, шумо дар ҳамин мавқеъ пофишорӣ доштед. Акнун,ки дигар ҳама дурӯғу туҳматҳоятон дорад дар сатҳи байналмилалӣ ошкор мешавад, дигар натавонистед худро контрол кунед ва “фермаи ҷавоб”, ки то ба ҳол дар ин маврид ҳарфе барои гуфтан намеёбад, ки бинависад, чун воқиан ин як навиди руҳиябахш ва энержиафзо то ба ҳадде сархурда ва навмед кардааст,суқут додааст,ки мисли қабр гунгед. “Фермаи ҷавоб”,ки бо тамоми ҳастӣ алайҳи САҲА мезад, ки “бо террористони наҳзатӣ канор омадааст” ва “Кабириро ба оғуш гирифтааст” ҳоло ба худ наомада,ки дар бораи Ёров чи нависад. Ба назар мерасад,ки мудири ферма фермачиҳоро “селекторний совешаний” нагузаронида ва нуқтаҳои асосӣ ва таъкидшаванда дар навиштаҳои онҳоро нафаҳмонидааст. Танҳо як нафарашон бо номи Рустам Холов дар як навиштае зери сарлавҳаи “Б.Ёров,ҳадафи навбатии наҳзатиҳо” эътироф кард,ки Бузургро ба шарофати ҲНИТ зиндонӣ кардаем:
“Ин ҳуқуқшинос ва вакили мудофеъ сад дар сад бо “шарофат”-и наҳзатиҳо зиндонӣ шудааст….. ба ҷойи онки роҳи халосии ӯро аз зиндон ёбанд баракс ӯро чуқуртар зиндонӣ намуданианд”…..ба ҷомеи ҷаҳонӣ нишон доданӣ мешаванд,ки Бузургмеҳр Ёров,яке аз шарикон ва ҳаммаслакони онҳо қурбонии сиёсати дохилии ҳукумати Тоҷикистон гардидааст”. Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон.
Ҳоло на танҳо иқрор ва эътироф мекунед,ки Ёровро барои ҲНИТ “турма” кардаед, вақту соаташ мерасад,ки асли қазияи “госпереворот”-и Ҳоҷӣ Ҳалим ва иллати бастани фаъолияти ҲНИТ-ро ҳам бо забони худиқрорӣ баён месозед.
Ҳайфи шумо, ки як давлатро ба ивази нафси баду бетаги худ дар ақсои олам шарманда ва шармсор мекунед. Одамҳои ката-ката, масъулони баландмақом муқобили озодшавии Бузургмеҳр дар назди қароргоҳи САҲА дар Душанбе тазоҳурот кардед ва ҳатто дарвозаи ин ташкилотро сангшапак кардед. Шиору транспорант болои сар бардоштед, ки Ёров қаллоб аст, пулҳои моро диҳад,аммо худаш озод нашавад. Бо ин ҳама ҳукумату қудрат оҷизии худро, лолу гунгуии худро, бечорагии худро ба намоиш бигзоштед. Дар баробари як адвокат митинг ташкил кардед. Яъне, ки ба ООН ва ОБСЕ ҷавоби демократӣ додед. Ҳоло чӣ шуд?Дигар Парлумони Урупо ӯро шоиста ва сазовор ба тақдир ва подош донист. Шумо бо тамоми неруву талош аз номи давлат ва бо мӯҳри давлат бар зидди Созмони милали муттаҳид ва Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо навишта истодаед ва ин созмонҳои бонуфузи ҷаҳониро дар ҳамкорӣ, ҳамдастӣ ва шарикӣ ва сарпарсатӣ ва боз кадом як иттиҳомоти дигар -сарпаноҳдиҳӣ ба ҲНИТ-танҳо як ҳизб, ки он ҳам дар ҳоли фирор ва дар ҳиҷрату паноҳандагӣ аст, муттаҳам мекунед, аммо обе аз осиёбе намеуфтад, хаси масҷид намеҷунбад, ҳарфи шумо мисли лойи хушк ба девор намечаспад, эътибор намедиҳанд вале Маҷмаи Шӯрои Маҷлиси Иттиҳодияи Урупо кореро мекунад,ки шуморо бе корд куштааст, дар гарданатон ҳалқаи дор задааст. Дар вориди шорт-листи ин Ҷоизаи муътабари байналмилалӣ шудани Бузургмеҳр як зарба ва шаппотии муҳкам бар рухи Раҳмон ва дору дастааш буд. Зеро ин бор ҳам ҳарф ҳарфи ҲНИТ аст. Нафаре ба ҷоизаи муътабари ҷаҳонӣ пешниҳод мешавад,ки вакили дифои ҲНИТ буд ва маҳз ҳамон қисмате аз кори ӯ,ки марбут ба ҲНИТ аст варо номзад ва дебютанти ин ҷоиза кардааст.
Як шигифтии эълони номзадии Бузургмеҳр барои дастёбӣ ба Ҷоиза ин аст ки “мухолифини мухолифин” ҳам дар даҳон об гирифтаанд, пакар ва кар шудаанд, сари калоба гум кардаанд. Ин мужда ва ин навиди хурсандиовар на танҳо бар руйҳои пурчарбӣ ва сергушти Раҳмон шаппотиву шапалоқ зада пушти “фермабудагиҳоро” ҳам таёқшап кард, ҳамчунин мухолифини мухолифинро музтар ва шалпар ва куру кар кардааст, чун ба ҳангоми зикри номи Бузургмеҳр аз ҲНИТ ҳам таъкид карда мешавад. Таъкиди онки ҲНИТ қурбонии ҷоҳу мансабхоҳии Раҳмон ва хонаводаи ӯ шудааст, таъкиди он ки номзадии Бузургмеҳр барои ин ҷоиза тантантаи ҳам уст ва ҳам ташкилоте,ки ӯ ҳимояти онро бар душ гирифта буд. Ин ҷоиза вакили дифоъ ва муваккили уст. Ва, ҳамин ҳузури муваккил аст, ки мухолифини мухолифин ноҷавонмардона Бузургро табрик намекунанд, аз ӯ ёд намеоваранд.
Аммо бояд бо сароҳат ва қотеъият зикр бинамоям,ки пешниҳоди номзадии Бузургмеҳр Ёров барои Ҷоизаи байналмилалӣ бори дигар тасбит ва таъкиди ин нукта аст,ки ҳамаи иттиҳомоти ворида ба ӯ ва ҳукми додгоҳ дорои ангезаи сиёсӣ буда кадом аъмоли ҷиноӣ аз тарафи ӯ содир нашудааст. Бархурд ва муносибати режими Раҳмон нисбат ба ин вакили дифоъ ғайриқонунӣ ва бар мабнои ғараз ва ҳадафҳои сиёсӣ сурат гирифтааст.Ҳадафи Раҳмон ва дору дастааш бо ба ҳабс андохтани Бузургмеҳр тарс додани ҷомеаи адвокатҳои Тоҷикистон буд, то аз ин роҳ битавонад адвокатҳоеро,ки аз ҲНИТ ва аъзои он ҳимоят бикунанд, дур бисозад. Бузургмеҳр то замони дастгиршавӣ тавониста буд бо бархе аз аъзои Раёсати олии ҲНИТ дар СИЗО мулоқот кунад,хабарҳоеро ба берун овард,ки барои мақомот сахт нороҳаткунанда буданд.Ӯ аз мавриди зарбу шатми золимона қарор гирифтани онҳо ҷомеаро огоҳ кард ва низ ба огаҳии мардум расонд, ки мақомот талош доранд бархе аз масъулони дастгиршудаи ҲНИТ-ро муқобили ҲНИТ ва роҳбари он истифода кунанд ва ҳатто шарту шароит пешниҳод карда буданд,ки дар ҳолати бадном кардани роҳбари ҲНИТ ва туҳмат задан озодӣ таъмин мешавад ва имкон ҳам вуҷуд дорад,ки масъулиятҳои баланди давлатӣ бигиранд.Бузургмеҳр ҳамчунин навҳаи боздошти бархе аз онҳоро аз забони худи онҳо ташреҳ кард,ки бо баёнияҳои мақомот комилан муғойират дошт.Аз ин ҷо буд,ки ӯро бо роҳи фиребу найранг ба бинои Раёсати мубориза бо ҷароими муташаккилонаи вазорати кишвар даъват карданд ва ӯ ҳам бо пои худаш онҷо рафт вале филҳол боздошт намуданд. Ба ӯ айбҳоеро бастанд,ки комилан бепоя ва асос буданд.Вале асли қазия ин буд,ки Бузургмеҳр пешниҳоди мақомот барои даст кашидан аз ҳимояти ҲНИТва аъзои Раёсати олии онро напазируфт.
Бузургмеҳр Ёров,фарзанди нависандаи равоншод Равшани Ёрмуҳаммад аст. Хонаводаи онҳо соҳиби иззат ва обру дар тамоми ҷумҳурианд.Номаҳои падари бемори Бузургмеҳр ба Раҳмон таъсир накард, посух надод ва ӯ аз ғами писар дунёро тарк кард. Ситам ва зулм ва ҷаври Раҳмон ва режими ӯ ӯро бо дарду ғам нишонд ва оқибат кушт. Аммо бо зиндонӣ кардани Бузург таъқиби ин хонаводаро қатъ накарданд. Ҷамшед бародари Бузургро ҳам,ки ӯ низ адвокат буд, бо иттиҳоме чанд муддат боздошт карданд. Аммо натавонистанд,ки далелу мадрак дуруст кунанд ва ӯ ҳамроҳ бо хоҳараш Хосият ҳоло ба ҳайси паноҳанда Дар Урупо ба сар мебаранд. Мағозаи ҳамсари Бузургмеҳҳро,ки манбаи рузгузарониашон буд, мусодира карданд.
Ончуноне дар санади пешниҳоди Ҷоиза ҳам зикр ёфтааст, Бузургмеҳр беш аз бист сол ба кори адвокатӣ машғул буд. Ӯ як адвокати ҳирфаӣ ва эътирофшуда дар Тоҷикистон ба шумор меравад, ки танҳо ва танҳо рисолати касбии худро аз рӯи виҷдон ва шарафи касбӣ иҷро кардааст.Вай барои хонаводаи роҳбари Фронти Халқӣ Сангак Сафаров-зану духтараш кумаки ҳуқуқӣ кардааст, барои Ғаффор Мирзоев-Ғаффор седой аз фармондеҳони пешини Фронти халқӣ ҳам адвокат буд ва аз ҳуқуқҳои ӯ дар мурофиа ҳимоят кардааст ва низ дар баҳси додгоҳии Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, аз роҳбарони Иттиҳоди оппозитсиони пешини тоҷик ва Сайидмукаррам Абдуқодирзода,муфтии Тоҷикистон аз аввали ҳимояти ҳуқуқӣ карда аст.
Бузургмеҳр Ёров ва як тоҷири хуҷандӣ Нуриддин Маҳкамов, раиси ширкати “Бахт” дар Хуҷанд беш аз 8 сол муқобили Ҳасан Асадуллозода дар додгоҳ мубориза карда ва дар ниҳояти кор тавонистанд,ки 100 ҳазор доллари Маҳкамовро бирӯёнанд.Шояд боваратон наояд.Аммо онҳо тавонистанд,ки пируз шаванд. Додгоҳ Ҳасанро гунаҳгор кард.Ҳасан беш аз 100 ҳазор долларро баргардонд бо фоизҳояш. Он замон мусоидат кард,ки ин ду ҳаҷ бираванд. Ёдатон бошад Маҳкамов ҳар рӯз аз ин қазия дар фейсбук менавишт ва хуб ёддорам зери ҳар мақолаи ман постҳои худашро мегузошт ва Нуриддин Маҳкамов факултаи ҳуқуқро ғоибона хатм карда адвокат шуд ва ҳарду бо ҳам фаъолият мекарданд. Имрӯз ӯро ҳам барои 21 сол равонаи зиндон карданд. Ӯ ҳам магар узви ҲНИТ буд. Ва, гуноҳаш ҳам ҳамин буд?.
Бо туҳмату буҳтон ба Бузург бистучор сол доданд, дилашон хунук нашуд,чун аслан сар нафаровард:- картсер, утоқи ҷаримвӣ, зарбу шатму лату озор.Чаҳор маротиба суд карда ва дар ахир барои таҳқири президент ҳукми ӯро ба 28 расониданд.
Аммо имрӯз ба рағми ин ҳама ӯро ба баландтарин ва муътабартарин Ҷоиза,ки гуфта мешавад мақому манзалаташ камтар аз ҷоизаи Нобел нест пешбарӣ карданд.Аз худо мехоҳем,ки баранда ва пируз бишавад. Аммо ҳатто агарки пируз ҳам нашуд ,бори дигар мегуям,ки ин як торсакӣ, як шаппотӣ ва як силлии муҳкаму сахте ба лунҷҳои варамидаву овезону лаҳми холӣ аст. Ном набарам ҳам ҳама мефаҳмад,ки хитоб ба кӣ аст ва мухотабам кӣ аст.
Метавонед моро дар дигар шабакахои ичтимои хамрохи намоед.
Facebook: https://www.facebook.com/Muhammadiqbo…
Facebook: https://www.facebook.com/wasatiyat
Instagram: https://www.instagram.com/isloh_tv/
website: http://isloh.net/
Telegrama: https://t.me/islohnet
шумораи,вотсап,вайбер,имо,телеграми мо: +33 7 67 69 67 83