(Бахши дуввум)
Хотираҳои қумандони баталёни махсуси вазорати корҳои дохилӣ, иштирокдори Иҷлосияи 16-и Шӯрои Олии Тоҷикистон, маросими “Оши оштӣ”дар Қасри Арбоб дар 28 ноябри соли 1992
Хонандагони гиромӣ дар бахши аввал расида будем ба он ҳангом,ки Раҳмонов намехост ба он созишнома ҳама тарафҳо имзо гузоранд ва сулҳ барқарор гардад ва ҷанги шаҳрванди аланга назанаду яксадупанҷоҳ ҳазор шаҳрванд кушта ва ба хоку хун кашида нашавад. Раҳмонов Осемавор ҳамаро ба берун барои хурдани ош даъват мекард,то бихуранду бинушанд ва ба он санади оштии миллӣ имзо нагузоранд.
Меравем ба идомаи нақли қумондони баталёни ҳукумати муросои миллӣ.
Мо аз дохили қасри Арбоб ба берун, ба саҳни он, ба назди халқ баромадем. Моро хуб истиқбол гирифтанд, ба назди мизҳо даъват намуданд. Мо ба назди мизҳо омадем! Тартиби миз гузорияшон ба мисли мизгузорӣ дар тӯйи шаҳу арӯс буд.Яъне аз боло мизи дароз барои шаҳ ва арӯс, аз поён бошад, аз ду тараф мизҳо ба мисли толори театр паси ҳам қатор. Миёна бошад холӣ, аз барои рафту омад ва рақсу бозӣ. Ман барои чи ин лоиҳаи мизгузориро, шарҳ додам? Барои он ки намояндаҳои Фронти Халқиро, аз боло дар ҷои шаҳ ва арӯс ҷой доданд. Дар бари онҳо Э.Раҳмонов, Р.Набиев ва дигар мансабдорон нишастанд. Моро бошад ба мисли “неприглашонний гости, хуже татарина” шинониданд!
Баъд аз ҷойҳои худро гирифтан ба ман ва Бобои Сангак, аз ҷониби депутатҳо ва соҳибони маърака-хуҷандиҳо як таклиф шуд. Як мӯйсафеде дар Хуҷанд дар кадом вақте раиси колхоз будааст. Ӯ бо дасти худаш як гӯсфанди сафедеро, ки шаш сол бонида будааст ва думбааш ба замин мерасид,ба хотири сулҳ мехостааст қурбонӣ кунад! Аз ҳамин хотир ин мӯйсафед хостааст, ки ман ва Бобои Сангак сари ин гӯсфандро бурем ва бо ҳамин ин хуни охирин рехтаи ҷанги бародаркушӣ шавад ва бошад. Хулас ман бо Бобои Сангак, ба назди гӯсфанд омадем. Як корди калони бадвоҳимаро ба дасти Бобои Сангак доданд то ин ки сари гӯсфандро бурад. Бобои Сангак бошад кордро ба ман дод, то ин ки ман сари гусфандро бурам! Аммо ман кордро аз дасташ гирифта гуфтам,ки дастони мову шумо оғуштаи хуни ноҳақ мебошад. Биёед мову шумо дигар хуни гусфандро ҳам нарезем. Бобои Сангак бо ман розӣ шуд ва ман кордро ба дасти ҳамон мӯйсафеди Оқил додам. Гуфтам,ки бобо биёед ба хотири сулҳ аз дасти табарруки шумо ин гусфанд ба қурбонӣ расад. Муйсафед ҳам хеле хурсанд шуданд, ки мо иззати он касро ба ҷо овардем. Мӯйсафед сари гӯсфандро буриданд ва мо бо Бобои Сангак баргашта дар ҷойҳои худ нишастем. Маърака оғоз ёфт. Ҳама дар фикри хӯрдан. Намояндаҳои Фронти Халқӣ мехӯрданду,ҳай шароб менӯшиданду рақсу бозӣ мекарданд.Тӯй доштанд.Элитаи хуҷандиҳо ҳама дар хизмати Фронти Халқӣ қарор доштанд!
Мо бошад дар як кунҷ, ба мисли сағераҳои бесоҳиби кадом сағерахона, касе ба мо аҳамият намедиҳад. Ҳар чизе ки дар болои миз буд, бачаҳо мехурданд. Мақсуд Икромов, собиқ мэри Душанбе омада дар назди ман нишастанд, мо аз давраи ҷавонӣ, якдигарро мешинохтем. М. Икромов оҳистаяк ба гӯши ман гуфтанд,ки илтимос ягон илоҷ карда маро бо худ баред ва гар на маро дар инҷо зинда намемонанд, мекушанд.
Ман гуфтам хуб шудааст, зиқ нашавед, ман шуморо бо худ мебарам. Ҳарқадар,ки вақт мегузашт маро хиҷолат зӯроварӣ мекард. Об аз гулӯям намегузашт. Инҷо тамоман фаҳмидам,ки фронти халқиҳо бо дар хуҷанд ҷамъшудаҳо ғалабаро ҷашн гирифта истодаанд. Ман ба бачаҳо, муроҷиат карда гуфтам: Шумо номус доред, як чашмонатонро кушода бинед, чи корҳо шуда истодааст вa чи гап гузашта истодааст. Хӯрданро хотима диҳед, мо ба Душанбе бар мегардем!
Бачаҳо дастҳояшонро пок карданд. Ман ба як нафаре, ки хизмат мекард, Абдуллоҷоновро нишон додам ва илтимос кардам,ки ба назди ман даъват кунад. Вақте Абдуллоҷонов ба тарафи ман нигоҳ мекард,ман ба ӯ даст гардондам ва ӯ ба наздам омад:Лабай, чи хизмат? Гуфт. Ман гуфтам раисро ба назди ман даъват кунед. Абдуллоҷонов ба назди Э. Раҳмонов рафтанд, ки ӯ ҳамон лаҳза дар кайфи рақс буд, мерақсид. Вақте Э. Раҳмонов ба назди ман омад,ман ба ӯ гуфтам, ғалаба муборак. Ӯ гуфт нафахмидам? Ман гуфтам, шумоён, оштӣ накардед, шумоён ғалабаро ҷашн гирифта истодаед.Ман гуфтам,агар шумо оштӣ мекардед, мо ҳама бо шумо, бояд дар якҷоягӣ менишастем ва сулҳро ҷашн мегирифтем. Мутаассифона, шумо бозингари хуб будаед. Ман гуфтам мо ба Душанбе бармегардем ва ман М. Икромовро ҳамроҳи худ мебарам, чунки Душанбе бе соҳиб мондааст.Эмомалӣ Раҳмонов ба ман мегӯяд: “ а бача ҳоли гӯсфанди қурбония имшаб бо ҳам мехурем, баъд ба шумо ҷавоб. Ман гуфтам не, мо инҷо хӯрданӣ наомадаем. Биёед, Протоколро имзо мекунем ва сипас мо бар мегардем.Ӯ маро ҳарчанд илтимос ва исрор кард, ман не гуфтам! Чунки аллакай фаҳмида будам, ки ҳамаи ин бозиҳои дурӯғин будааст. Раҳмонов дигар ҳеҷ илоҷе надошт, ки мо онҷо монем ва ба ман гуфт Икромов бояд ин ҷо бошад, ӯ Вакил аст. Ман гуфтам Икромов дар Душанбе заруртар мебошад. Ман боз такрор кардам,биёед Протоколи оштиро имзо кунем, агарчанде фаҳмида будам,ки аслан ин Протокол дигар ҳеҷ қурбе надорад. Аммо барои мо ва Суди Байналмилалӣ бисёр як ҳуҷҷати зарурӣ буд.
Хуллас, Эмомалӣ Раҳмонов гуфт, шумо инҷо бошед, ман қумандонҳои Фронти Халқиро ба Қасри Арбоб дароварда ҷо ба ҷо мекунам, баъдан мебиёям ва шуморо мебарам. Э. Раҳмонов қумандонҳои Фронти Халқиро аз маърака бароварда бурд. Тахмин як соат пас, дигар кас омада моро ҳам ба Қасри Арбоб бурданд. Мо дар ҳамон зали сессия мегузаштагӣ, тахмин ду соат мунтазир мондем. Баъди қариб ду соат Э. Раҳмонов ба наздамон омада мегӯяд: мебахшед ман онҳоро огоҳ накарда будам,онҳо ба фурудгоҳ рафтаанд.Ман дар ҷавоб гуфтам: о, раис ин маърака барои чи буд? Магар худи онҳо намедонистанд, ки барои чи ба ин ҷо даъват шуда буданд. Боз Э. Раҳмонов мегӯяд,ин айби ман аст ки онҳоро огоҳ накардам. Ман гуфтам, раис шумо, ки як кори андакро саришта карда наметавонед, пас чи тавр шумо як давлати калонро аз уҳдаяш мебароед? Ӯ гапро ба дигар тараф тоб доду, гуфт:
“биёед ҳанӯз,кидер нашудааст, ба фуродгоҳ меравем ва дар ҳамон ҷо, имзо мегузорем. Хуллас, ба фурудгоҳ омадем. Дар онҷо, на пай ҳастуна Ҳайдар.Раҳмонов дар фурудгоҳ ба ман мегӯяд:биёед, шумо имзои худатонро гузоред, ман шахсан ба Кӯлоб рафта, имзои онҳоромегирам. Ман дар бадали ин гапаш, як заҳрханда кардаму гуфтам:-раис ин дар ҳамон вақт документ мешуд, ки мо дар шоҳидии Депутатҳои Халқӣ ва дар ҷараёни кори сессия имзомегузоштем.Ва,халқ ба воситаи телевизион медид ва бовар мекард,ки мо сулҳ кардем. Гуфтамакнун ин як коғази оддӣ шуд, метавонеддар ҳоҷатхонаистифода баред. Ба бачаҳо гуфтам, савор шавед, меравем. Бачаҳо савор шудандва вақте ман хостам савор шавам, ки Абдуллоҷонов ба наздам омада маро ором мекард, чунки ман бисёр дар ғазаб будам, аммо ман ба Абдуллоҷонов, бисёр суханҳои вазнин гуфтамва боз гуфтам, ки ҳамааш айбу ту шуд. Акнун қонунӣ карда ҳукуматро аз дастатон гирифтанд.Ана кафолате, ки ту ба мо дода будӣ!
Ҳамин тариқ коғазҳои дурӯғин дар дасти Раҳмонов монданд. Мо бошад, ба Душанбе баргаштем. Вақте ки мо ба Душанбе баргаштем, бегоҳи рӯз буд ва мо ҳама- қумандонҳои ҷонибдори ҳукумати муросои миллӣ фавран ҷамъ омадем, то он ки масъалаи оштиро бо ҳам ҷиддӣ баррасӣ бикунем. Албатта, қумандонҳо дар Душанбе мунтазири баромад ва суханронии ман буданд, то ин ки ҷамъбасти қарори ОШИ ОШТӢ-ро бифаҳмонам. Ман дар суханронии худам ҳар чизе, ки буду гузашт ошкоро гуфтам:
“Бародарони азиз, ин ОШИ ОШТӢ набуд. Ин як дурӯғи Эмомалӣ Раҳмонов, раиси нави Шӯрои Олӣ буд, ки боз як бори дигар,бо истифода аз раҳмдиливу сулҳу оштихоҳии мо, ҳукуматро бо роҳи фанду фиребба дасти худ гирифтанд ва дигар ҳеҷ гоҳ аз даст нахоҳанддод”.
Хулоса, чи гапу чи коре, ки дар боло зикр кардам, ҳамаашро ҳикоят намудам. Қумандони Ваҳдат, собиқ Орҷоникидзеобод -Ризвон Содиров ба ман муроҷиат кард: ака шумо чи фикр доред? Ман дар ҷавоб гуфтам, ки мо он қадар қуввате надорем, ки бо Армияи Россияву Узбекистон биҷангем. Гуфтам 3 – 4 рӯз фурсат дорем,ки мардуми Бадахшон, Ғарм, Комсомолобод ва дигар тарафдорони оппозитсияро бо мошинҳо, самолётҳо аз Душанбе барорем вагарна халқро қир мекунанд.Дар ҷавоб яке аз қумандонҳо аз ман пурсид,ки чаро 3-4 рӯз ва шумо аз куҷо медонед? Ман гуфтам, ки Худо ба мову шумо ақли расо додааст, ман ҳамаро ба шумо фаҳмондам, шумо бояд худатон ақлатонро кор фармоед. Ман гуфтам,ки онҳо то ҷамъу гирд мешаванд,тайёрӣ мебинанд ва то ба самти Душанбе ба роҳ мебароянд, худаш 3-4 рӯз мегузарад. Мо бояд аз ин вақт ва фурсат истифода барем. Хуллас,қумандонҳо гуфтанд, не,намебароем.Пешниҳоди маро мисле,ки ба назар нагирифтанд. Бовар надоштанд, ки аскарони Россия ва Узбекистон ба Фронти халқӣ кумак мекунад. Вале қумандонҳои ҷонибдори ҳукумати муросои миллӣ хуб медонистанд, ки Фронти Халқӣ ҳеҷ гоҳ рӯ ба рӯ ва ошкоро намеҷангад. Онҳо танҳо шабонаҳо, ба мисли шағоле, ки ба мурғдуздӣ мебарояд, бо истифода аз торикӣ ба қишлоқҳо даромада, халқро ғорат карда, одамҳои бегуноҳро мекуштанд. Танҳо аз ҳамин хотир, қумандонҳои ҳукумати муросои миллӣ фикр мекарданд, ки зӯрашон ба Фронти Халқӣ мерасад. Аммо бовар надоштанд, ки дар пушти онҳо Русия меистаду Узбекистон. Худи ҳамон рӯз, шабона ман бо мошин гирду атрофи Душанберо, ки дар постҳо, аскарони мо меистоданд, ба назораташон рафтам. Дар яке аз Постҳо, ки дар назди Управленияи ГАИ дар роҳи Душанбе-Ҷӯйбодом, Айнӣ воқеъ буд, рафтам.
Баъд аз назорати Постгоҳ, ба утоқи “дежурный част”-и ГАИ даромадам ва дар телевизор дидам, ки Ёқуб Салимовро министри шкурнойи дохилии Тоҷикистон таъин карданд. Аз ҳамон ҷо фаҳмидам, ки қумандонҳои Фронти Халқӣ ба ҳеҷ куҷо нарафта будаанд, дар ҳоле,ки Э. Раҳмонов гуфт, онҳо ҳама ба Кӯлоб баргаштанд ва ман яқин кардам,ки ин гапи Раҳмонов дурӯғи мутлақ будааст. Акнун пурра маълум гашт, ки сессияи 16-и Шӯрои Олӣ ва ОШИ ОШТӢ ҳамааш дурӯғи дурӯғ ва бофта будааст. Ва,мақсад танҳо ҳукуматро ба дасти худ гирифтан будааст. Баъд аз таъини Ёқуб Салимов ба вазифаи Вазири корҳои дохила қумандонҳои оппозитсия гуфтаҳои маро ҷиддӣ ба эътибор гирифтанд. Дар ҳақиқат баъд аз 4 рӯз Фронти Халқӣ аз пушт ва пеш – пеши онҳо армияи Россия ва Узбекистон даромада Душанберо ишғол намуданд, ҳукумати муросои миллиро бошад аз Душанбе берун карданд. Баъд аз ишғол кардани Душанбе Фронти Халқӣ ба амалиёт даст заданро дар пойтахт сар кард. Амалашон асосан аз ғорат кардан, мардуми бегуноҳро куштан, занҳоро таҷовуз кардан, мошинҳо ва хонаҳои сокинони Душанберо забт карда гирифтан,дуздии молу мулки мардум иборат буд.Қаҳрамонии Фронти Халқӣ ана дар ҳамин гуна ҷиноятҳо буд.
Ҳамватанони азиз, ман ин воқеаи таърихиро аз он хотир ба шумо нақл кардам, ки шумо бояд бидонед, ки дар сари қудрат, президент не, балки як фарди фиребгар, дурӯғгӯй, иғвогар,дасисабоз истодааст ва ҳукмронӣ дорад! Худатон бо чашмони худ дида истодаед, ки чи гурӯҳҳоеро дар атрофаш ҷамъ кардааст, ки онҳо бо ҳала- ҳалаи Раҳмонов, чи гуна рафтор мекунанд, чи тӯҳматҳо мебофанд, то ин ки Наҳзатро сияҳ ва бадном карда фаъолияташро бекор кунанд! Ҳатто агар аз намояндагон ва нозирони хориҷӣ бо ҳукумат ягон масъаларо дар миён гузоранд ба назди офиси ҳамон хориҷиҳо ҷамъ омада, митинг ташкил карда дару дарвозаҳояшонро зада пачақу лачақ мекунанд. Агар инҳо аз халқи оддӣ бошанд ва барои даъво аз ҳуқуқи шаҳрвандии худ ба назди ягон идораи давлатӣ раванд онҳоро бурда паси панҷара мешинонанд, ки авлодаш ҳеҷ ӯро пайдо карда наметавонад.
Барои Э. Раҳмон ҳаминро гуфтаниям. Шумо хело ҳам ба Халқу Давлат хиёнат кардед! Аммо дар баробарии хиёнатҳои худатон, як некие ба Халқу Миллати Тоҷикистон кардаед, гар чи худатон тоҷик ҳам набошед. Хубиатон дар ин мебошад, ки ба Ислом Каримов ваъда дода будед, ки вафодортарин хизматгори дарбораш мешавед, мисли саги вафодор,агар роҳбарии Тоҷикистонро ба шумо гирифта диҳад. Каримов подшоҳи ду давлат Узбекистон ва Тоҷикистон мешавад. Шумо бошад, роҳбари автономияи колонозировании Узбекистон (Тоҷикистон) мешавед.
Хушбахтона, нафсатон ғолиб омаду аз ваъдаи додагиатон ба И. Каримов даст кашидед. Албатта хоҷаи русатон ҳам имконият надода буд. Як ҷаҳон миннатдорем.Агар боз як кори хуби дигар мекардед, бо вуҷуди ин ҳама ҷиноятҳои гӯшношунид, халқ гуноҳҳоятонро мебахшид.Шумо бояд ба Истеъфо равед! Режиматонро худатон барҳам диҳед. Ман тарафдори ҷанг нестам. Ман боз медонам, ки дигар ҳеҷ Президенте намеояд, ки халқ нони бепул ёфта хурад. Ё ин ки ҳатман бо ҷои кор таъмин бошад. Ҳаминашро медонам, ки халқ аз режими шумо наҷот меёбад. Дигар мардум, авлоду фарзандҳои онҳо зери фишори зулму азияти структураҳои Давлат намемонад. Халқ озодона нафас мегирад. Бовар кунед, ҳамон лагандбардоронатон, гирду атрофатон, аз шумо безоранд, аммо ҳеҷ илоҷе надоранд. Раҳмонов бовар кунед, ба истеъфо равед, касе ба шумо ва авлодатон кордор намешавад. Вале агар режиматонро давом диҳед, шумо душмани пурзӯртарини пеш аз ҳама авлоду фарзандони худатон мешавед. Умри худатон он қадар намондааст.Аммо ба авлоду фарзандонатон ҷабру ситам мекунед.Ояндаи онҳоро фикр кунед,ки баъди мурдани шумо халқ бо онҳо чи гуна муносибат мекунад. Барои ҳамин беҳтар аст ки истеъфо диҳед.
P.S Хонандаҳои азиз! Ин нақл аз забони нафаре аст ки ҳама чизро бо чашмони худ дидааст ва дар он ҳарфе кам ва афзуда нашудааст.Калимот ва алфозе дар ин нақли қавл истифода шудааст бидуни тасарруф истифода намудем.
Хотираҳои ин марди ватанпараст ва содиқ дар роҳи сулҳу ваҳдат бисёре аз паҳлуҳои торик ва норавшани Иҷлосияи сарнавиштсӯзи миллатро ошкор мекунад,ки албатта,худ бо камоли фаросат дарк намудед.
Бори дигар тасдиқ ва таъкид шуд,ки Раҳмонов бо дастони Русия ва Узбакистон қудрати сиёсӣ дар Тоҷикистонро тасарруф ва ғасб кардааст.Дигар ҳамин аст ҷараёни Иҷлосия аз аввал то ба охир зери назорати комили хадамоти махсуси Узбакистон(СНБ) ва шахсан И. Каримов доир шудааст. Саввум ҳам ин аст ки имзо накардани Протоколи оташбас миёни қумандонҳои ҳарду тарафи ҷанг аз тарафи Эмомалӣ Раҳмонов ва Сангак ба ин маъно аст ки Раҳмонов ва махсусан пуштибонони вай ва ё ҳамон “хоҷаҳои хориҷиаш”– Русия ва Узбакистон ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистонро баъди рӯи кор овардани Раҳмонов алангаи бештар заданд ва ҳадафашон ҳам маҳви физикии роҳбарияти оппозитсион,боздошт ва зиндонӣ кардани шахсиятҳои маъруфи он ва дар умум қишри бедор ва равшанфикри тоҷик буд. Раҳмонов ва Фронти Халқӣ аз ҳамон оғози рӯи кор омадан бо фиребу найранг ва ғиромбозиву дасисакорӣ даст зада, ҷониби дигари ҷанги бародаркуширо бо истифода аз қувват ва мошинҳои ҷангии Узбакистон ва Русия водор карданд, ки тарки кишвар кунанд.Бубинед, чаро фармондеҳони Душанберо даъват карда ба Иҷлосия оварданд аммо агарки холисанлиллоҳ сулҳу оштӣ мехостанд ба Протоколе,ки дар мавриди имзояш ҳарду тараф ба тавофуқ расида буданд,имзо накарданд?Зеро ният ва нақшаи дигар доштанд.Сангак ва Ёқуб Салимов дар зали хурди қасри Арбоб ҳамроҳи қумандонҳои Душанбе тамоман дигар гапу ҳарф мезананд аммо бо толори Иҷлосия ворид шудан тамоман дигар гап.Ёдатон бошад Сангак Тоҳири Абдуҷабборро,ки рамз ва намоди Истиқлолият аст бо тӯҳмат тавҳинҳо карда ҳатто оқипадар хонд.Барои онки узбакҳо ва русҳо нагузоштанд,ки тарафҳо дар он Иҷлосия оштӣ бишаванд.
Барои ҳамин савори танку БТР-ҳои Узбекистон ба Душанбе зада даромаданд.
Дар ҳамон Иҷлосия қасд доштанд,ки вакилони тарафдори Ҳукумати Мусолаҳаи Миллӣ ва оппозитсионро нобуд бикунанд. Ин аз ташвиш ва нигаронии он депутатҳо аз ҷумла М. Икромов,шаҳрдори пойтахт,ки баъдан дар моҳи феврали соли 1993 фирор кард, маълум мешавад. Давлати Усмон,ки муовини сарвазир дар Ҳукумати Мусолаҳаи Миллӣ буд бо кӯмаки Абдуллоҷонов аз Хуҷанд ба Маскав фирор кард. Вагарна ҳам ӯ ва ҳам бақия намояндаҳои оппозитсионро дар як шаб мекуштанд. Аз ин рӯ инки имрӯз худро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ҷилва медиҳад як дурӯғи маҳз аст. Мо дар оянда низ матолиб ва навиштаҳоеро аз ҳаводиси баъд аз истиқлоли кишвар ба нашр расонида саъй хоҳем кард ҳақоиқи пинҳондоштаи Раҳмонов ва шайкаи ӯро барои мардум ва миллати тоҷик намоён бисозем.