Иллати сукути Эрон бар иттиҳомоти Тоҷикистон чист?

Ислоҳ нет

 

Мутафаккирони фурӯмоя ва мубаллиғони бадгуҳари Раҳмон ҳаводиси ахир дар Эронро як баҳона ва далеле барои анҷоми ҳамлаҳои лафзӣ,таҳқиру тавҳин  алайҳи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ва Муҳиддин Кабирӣ,раиси он карданд. Даст дар гиребону по дар гулӯ гузошта, бакаррот ин суолро матраҳ мекарданд,ки чаро дар бораи ин ҳаводис  Паймони миллӣ ва раҳбарияти он сокит аст ва инки Хоманаӣ халқи бегуноҳро ба куштан додааст, ҳуқуқи башар дар ин кишвар поймол шудааст, чизе намегӯянд.Ва, ҳамин тавр бо ҷорӣ кардани алфози қабеҳ  интиқоди Ҷумҳурии Исломии Эрон аз тарафи доираҳои наздик ва ходим ба Раҳмон дигарбора шиддат ва суръати бештар касб кард. Барои он “дигарбора”-ро махсус овардам ва гуфтам,ки бо Эрон иртиботи Тоҷикистон  ба дунболи баста шудани ҲНИТ ва ширкати раиси он дар як ҳамоиши байналмилалӣ дар Теҳрон ва дидору мулоқотҳои ӯ ба мақомоти раҳбарӣ, ва ба вижа Раҳбари Инқилоби Исломии Эрон Оятулло Алии Хоманаӣ ба сарди гароид ва то ҳамин чанд моҳи пеш дастгоҳи таблиғотии Раҳмон алайҳи ин кишвар маъракаи сияҳ ва бадномсозиро ба ҳадде роҳандозӣ кард,ки ҳоло  дар чеҳраи як эронӣ мардуми авом як террористро мебинад.

 

Борони таъну лаън болои Эрон ба ҳадде бориду боронида шуд ва то ба ҳамин ҳоло ҳам идома дорад, аммо воқиан Эрон сокит аст. Эрон тамоми ин ҳама таҳқиру тавҳинҳоеро,ки ҳам катбӣ, ҳам савтӣ, ҳам тасвир сурат гирифт,оромона ва бо сукути мутлақ посух дод. Эронро мақомоти тоҷик, ба хусус “фермаи ҷавоб» -и (гурӯҳи чандсаднафараи таблиғотии ҳукумат, ки вазифааш коштани дуруғ ва туҳмат да раснаҳо ва шабакаҳо мебошад), Кумитаи давлатии амнияти миллӣ баъд аз иттифоқоти маълуми соли 2015 ба ҳадде таҳти фишор ва ҳамлаҳои расонаӣ қарор дода, дар куштору қатл, рухдодҳои солҳои 90-и Тоҷикистон муттаҳам кард, аммо Эрон боз ҳам хомӯшӣ ихтиёр кард. Хуб,ки сукути  Кабирӣ дар баробари Эрон маълум аст ва тавҷеҳи мантиқиву қонуниву инсонӣ дорад. Ва хуб медонад, ки ӯ роҳбари як эътилофи опозитсионии Тоҷикистон аст, на роҳбари опозитсияи тамоми олам. Ва рақибони ӯ ҳам талош мекунанд бо ингуна фишор овардан ӯро маҷбур кунанд, то вориди баҳсҳои минтақави ва хориҷи Точикистон шавад, мушкилиҳои бе ин ҳам зиеде  ӯ ва мухолифинро бештар созанд. Ва ин фурсатро аз даст нахоханд дод. Аммо, Кабирӣ комилан дарк мекунад, ки ворид шудан ба қазияҳои фаротар аз Тоҷикистон ҷуз душвор кардани вазъияти муборизини тоҷик чизи дигаре дар пай нахоҳад дошт. То хол надидем, ки дар бораи сиёсатҳо ва вазъи дохилии кишварҳои дигари минтақа, мисли Русия, Чин, Туркия ва Саъуди танкиде карда бошад.   Агарчанде Кабирӣ низ мавзеъ ва амалкарди мақомоти Эронро дар мавриди сулҳи тоҷикон ва инки Эрон ба унвони як кишвари кафил беэътиноӣ зоҳир кард, борҳо накуҳиш карда аст,ки инсофан ин ҳақро ҳам дорад.

 

Аммо саволи мо инҷо дигар аст, ки чаро Ҷумуҳрии Исломӣ  ин ҳама тавҳину таҳқири Тоҷикистонро тоқат мекунад ва тоб меоварад ва сокит меистад? Фишорҳои мубаллиғони Раҳмонов,ки чаро Кабирӣ дар мавриди ҳаводиси ахири Эрон ҳарфе намезанад дар зеҳни ман ҳамин пурсиши ҷавобиро бедор кард,ки воқиан чаро Эрон ин ҳама муддат дар баробари ин ҳама тӯҳмат,тавҳин ва иҳонату буҳтонҳои Тоҷикистон сокит аст? Ду,рӯзи пештар бо ҳамин савол дар шабакаи Фейсбук ба корбарон муроҷиат кардам:

Воқиан ин пурсиш вокунишҳои мухталиферо ба бор овард. Аз ҷумла инки Эрон интиқоди Раҳмоновро мисли ъафъафи килоб (ҷакидани сагҳо ) қабул карду худро корвон гуморд, ва ё инки Эрон поси хотири Русияро карду ба Тоҷикистон бархурди муносиб анҷом надод ва ё инки Эрон як кишвари бузурги форсӣ (форсзабон) нахост ки як бародари кӯчаки худро барои ҳамчунин ноаҳлӣ ва беадабӣ танбеҳ бидиҳад вагарна…..

 

  Аммо ин ҳама табсира ва тафсираҳо қаноат надод ва ҳоло ҳам шакку гумонҳо пойи андеша ва хиёламро занҷир задааст,ки чаро? Чаро Эрон бо он ҳама азамат ва бузургӣ ин ҳама тӯҳмату таҳқирро бидуни посух гузоштааст? Таҳқиру тавҳине, ва иттиҳому айбҳое,ки ҳатто дар сатҳи ниҳодҳои давлатӣ файсала ва ба барномаи вижа табдил шуда ва аз тариқи шабака ва расонаҳои давлати Раҳмон ва шабакаҳои сершумори интернетӣ нашру пахш шуданд ва Эронро ба ҷурму ҷиноёти гӯшношунид муттаҳам сохта ва филмҳо таҳия карда ва бо кисватгарӣ ба забонҳои мухталифи олам паҳну парешон сохтанд?? Эроне,ки барои хурдтарин иттиҳом дар дурдасттарин гӯшаҳои олам сареъан бархурд мекард, вокуниши оҷил нишон медод, бар фарзе як ронандаи токсӣ дар Канада ва як тамизкори хиёбони Телавив ва ё як ҷамозасавори Саудӣ ва ё як сиёсатмадор дар Амрико нақде мекард, зери дашнаи гарданрези нависандаҳо ( ва сиёсатмадорони)  Эрон қарор мегирифт. Чаро барои як ҳарфу ҳиҷое, ки кадом як камтарин, ночизтарин, ношиностарин яҳудӣ ё амрикоӣ бигӯяд, вазорати хориҷӣ, то мақомоти раҳбарӣ посух медиҳанд, аммо дар баробари ҳақорату дашномҳои Тоҷикистон Эрон хомуш аст,лаб во намекунад??. Инҷо раиси ҷумҳурӣ, вазорати хориҷӣ ва мақоми раҳбарӣ танқиду тӯҳмат мешунаванд, инҷо Эрон ва ниҳоду мақомоти эронӣ ба таври ошкоро дар дастгирӣ аз терроризму террористон гунаҳкор дониста мешавад,аммо дар ҷавоб ҳарфе нест? Воқиан нофаҳмо аст,магар не? Инҷо кадом сиру асроре ниҳуфта аст,инҷо чи чизе аст ки ба табиат ва сиёсати Эрон ҳатто  наздикӣ надорад? 

 

Бо онки дар баробари ин ҳама ҳамлаву таҳоҷум,бо онки дар баробари ин ҳама рад ва мункиршавиҳои ҳамкориву дастгириҳо,сармоягузориҳо Эрон дар даҳон об гирифтааст,чи интизорӣ дорад? 

 

  Ҳоло саволҳои ман ба ҷониби давлати Эрон аз инҳо иборат аст:

 

Чаро Эрон ба унвони кафили сулҳи тоҷикон ва воқиан ҳам пуштибони мухолифони тоҷик дар раванди сулҳ ва музокирот хиёнати Раҳмонро маҳкум накард? Ва ба кафилии худ дар ин сулҳ содиқ намонд? Мо аз дигар кишварҳои тазминкунандаи сулҳ гила надорем,аммо ҷойи Эрон,кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг ва давлате бо низоми исломӣ дигар аст.

Саволи ман ин аст ки чаро Раҳмонов пайваста шароити сулҳро нақз кард ва аҳди миёни тарафҳоро якҷониба шикаст, шумо бо ин вуҷуд ки медонистед,огоҳ будед ҳеҷ садое набаровардед.Шумо беҳтар медонед,ки барои барқарори сулҳ дар Тоҷикистон чи қадар ҷонҳо қурбон шуданд? Агар Эрон бигуяд, ки хабар надоштанд, воқеъият надорад.

 

«Чун роҳбарияти ҲНИТ ҳанӯз моҳи июли 2015 ба унвони роҳбарони кишварҳои кафили сулҳ номаи ошкор равон кард, ки Раҳмон аҳдшиканиро ба болотарин сатҳ расонидааст ва ҳанӯз ки дер нашудааст, чорае бияндешанд. Аммо, аз Русияи тарафдори Фронти Халқи  ҷавоб омаду аз Эрони исломӣ не».

 

Магар дар ниҳодҳои давлатии Эрон аз он солҳо касе боқӣ намондааст, ки давлатдорони имрӯзаи ин кишварро аз раванди музокирот ва мусолаҳа байни Раҳмонов ва ИНОТ хотиррасон кунанд? Ва аз он, ки нерӯҳои мусаллаҳи ИНОТ соли 1996 алакай дар шарқи пойтахт ҷой доштанд ва маҳз бо машварату кафолати мақомоти онвактаи Эрон ИНОТ силоҳро ба замин гузошт? Раиси ҷумҳурии вақт марҳум Рафсанчони нест ва ҷаноби Руҳонӣ шояд далел биеварад, ки ман он замон Раиси ҷумҳур набудам , ки албатта , чунин далел кабул ҳам нахоҳад шуд, чун Эрон ҳамчун кишвар кафил буд, на кадом шахсе. Аммо ҷаноби Вилояти ки чанд даври музокирот зери сарпарастии ишон гузашт, имзои ӯ зери санади байналмиллалӣ вуҷуд дорад ва ҳанӯз сари кор аст ва чи буду чи гузаштро хуб медонад. Чаро ӯ хомуш аст? 

 

Чаро Эрон аз соли 2015 бад-ин сӯ,ки Раҳмон ва режими нобакори ӯ  ҲНИТро террористӣ мехонад ва Эронро пуштибони он ҳарфе дар миён наовард?

 

Шумо ба унвони кафил ва ҳомии як ҷониби сулҳ коре накардед ва режим ба ҳамин роҳатӣ ва осонӣ моро кушт,зиндонӣ кард, водошт,ки дигарбора овора ва муҳоҷир бишавем,тарки ватан намоем,аммо шумо ҳатто сарпаноҳ доданро ба мо раво надонистед. Урупо моро пазируфт ва бархурдӣ инсонӣ кард, ҳамият ва шарофати инсониамонро ҳимоя намуд? Чаро шумо худро канор кашидед?

 

Раҳмонов чун дид,ки шумо хомушед беш аз пеш гуфт Эрон ҲНИТро пуштибонӣ мекард ва мекунад ва дар қаламраваш, ҳатто мавзеъҳои алоҳидаи Эронро тазаккур дод,гурӯҳҳои террористӣ омода мекунад ва ба Тоҷикистон мефиристад, шумо,ки медонед тӯҳмату бӯҳтон аст,дурӯғ мегӯяд вале хомӯш будед ва то ба ҳол хомӯшед,чаро?

 

Маҳз Раҳмонов буд,ки барои узвияти Эрон ба Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой мухолафат кард ва Эрон шомил нашуд,вале шумо ҳарфе назадед,лолу гунг мондед,чаро?

 

Ин ҳам бар ивази садҳо миллион доллари кумаку сармоя, ин ҳам дар ивази сохтмони нақби Истиқлол, ин ҳам дар баробари Сангтӯда-2 ва ин ҳам дар баробари онки Кумитаи Имдоди Имом Хумайнӣ дар солҳои душвори ҷанги бародаркуш ба даҳҳо миллион доллар ба қишри фақиру нодор ва умдатан навоҳии вилояти собиқи Кулоб хайр садақа кард. Ин ҳам дар баробари онки давлати Эрон ошкоро аз Тоҷикистон дар баробари фишорҳои Ислом Каримов қад алам кард ва воҳидҳои ҷангии Эрон дар Душанбе барои нишон додани ҷоннисорӣ ва пуштибонӣ ба ҳамзабонони худ режаи низомӣ рафтанд. Ҳоло бошад бо нашри наворҳои бардурӯғ аз Эрон ва эронӣ дар азҳон ва афкори авом ва иҷтимоӣ тоҷик сурат ва симои террористро тарсим ва таҷассум карда истодаанд. Аммо шумо сокит ҳастед,чаро?

 

  Беш аз дуюним миллиард пули нафти Эронро баъди ҳабси Бобаки Занҷонӣ Раҳмонов ва тими табаҳкори вай комилан мункир шуда ҳатто як сентеро ҳам аз он пас надоданд ва Эронро бо ин вуҷуд,ки ҳама мадорик ва аснодро ироа дошт дар дурӯғгӯӣ муттаҳам карданд,аммо шумо боз ҳам сокитед, чаро?

 

Охир инҷо чи сару савдое аст,ки бо ҳама иттиҳомот Эрон ҳарфе ба забон намеоварад?

 

Агар пиндоратон ин аст ки Русия бо Раҳмонов хуб аст ва намехоҳед Русияро аз даст бидиҳед,инчунон ҳам нест.Русия аз рӯи Раҳмон дар ин авохир безор шудааст.Аз инҷост,ки думболи Хитойро гирифтааст.

 

 Ман воқиан дар ҳайратам,ки Раҳмонов бо чи тарзу тариқ лоббиҳои худро дар Эрон ҷобаҷогузорӣ ва ё…кардааст. Ё бо кадом роҳу равише забонкутоҳ ва муттаҳам кардааст,ки онҳо дар хидмати Раҳмонов камар бастаанд ва қудрати ин чанд фардаке аз қудрати мақоми раҳбарӣ, риёсати ҷумҳурӣ, вазорати хориҷӣ ва иттилоот болотар ва қавитар аст? Инҷо чи пинҳоне,чи розе,чи сире аст,ки ҳамаро бо ин хомӯшӣ гаранг ва моту мабҳут кардаед?

 

 Савол ва муроҷаити ман ин аст ки:-Давлатмардони эронӣ Шумо аз як хоине,ки ба наздиктарин афрод,ки ӯро бо ҳокимият оварданд раҳм накард, аз ӯ чи таваққӯъ доред?Фикр мекунед бо шумо метавонад хуб бишавад?Шумо,ки даст ба сина мезанед,ки лозим бишавад Кохи сафедро чапа мекунед,ину он мекунед,наход як Раҳмонови динситез, форси ва ирониситез душмани дину мазҳаб,ки ҳоло дар сангинтарин шароит қарор дорад аз ӯ тарс дошта бошед?

 

 Ӯ бар муқобили киҳо дар миёни шумо “компромат” дорад,ки бо ин ҳама тавҳину таҳқир бо ин ҳама обрӯрезӣ худро ба карӣ ва гунгӣ задаед? Ин гумон аст вале афроде дар миёни шумо,ки ба Раҳмонов лоббигарӣ мекунанд,маълумоти носаҳеҳ мерасонанд.Ҳоло тавре кардаанд,ки ДОИШ дар Тоҷикистон ин ҳамин Эрон аст. КДАМ ва васоити ахбори Раҳмон шуморо ҳамин тавр муаррифӣ ва шиносонида истодаанд.

 

Дар ҳар сурат чеҳраи эронӣ дар Тоҷикистон хеле бад карда шудааст,тавре Эронро муаррифӣ кардаанд,ки ин кишвар фақат ва фақат дар фикри анҷоми амалҳои террористӣ аст.Аммо воқиан суол ин аст ки Тоҷикистон ва Рахмонов чи касе  чи давлате аст ки ин ҳама иттиҳомотро ба пойи шумо мебандад, вале шумо вокуниш намекунед. 

 

  Ҷойи пойи Эрон дар ҳеҷ давру замон то ин андоза танг нашуда буд. Сиёҳсозӣ ва бадномсозии Эрон ба як амал ва кори доимии КДАМ ва расонаҳои давлатӣ мубаддал шудааст. Чеҳраи Эрон ҳеҷ гоҳ доғдор набуд ва Эрон барои тоҷик ва тоҷикистонӣ як орзу, ватани дуюм ва як ҳаваси баланд буд.

 

   Аммо бар ивази ин ҳама тавассути афроде назири Шабистарӣ ва Шеърдӯст сафирони собиқи Эрон дар Тоҷикистон бо ҷалби Ҳаддоди Одил,раиси асбақи Маҷлис баргузории маросими рӯнамоии китоби Раҳмон дар Теҳронро ташкил мекунанд. Раҳмонов,ки дар тамоми умраш як китоб нахондааст, чи тавр метавонад муаллифи китоб бишавад? Рӯнамоии китоби Раҳмон,шахсе, ки аслан намедонад,ки дохили ин китоб чи ҳарфест, Раҳмоне,ки аз вожаи форсӣ безор аст ва онро аз Қонуни асосӣ ҳазф кардааст,чи тавр метавонад китоб ва он ҳам бо исми забони форсӣ бинависад?

 

Магар Шабистарӣ ва Шеърдӯст ба ҳадде зинуфузанд,ки сохтор,давлат, низом мақоми раҳбарӣ мавриди иҳонат ва туҳмат қарор мегирад аммо забон дар даҳон даҳоб гирифтаанд. Шубҳаангез аст.

 

Бо ҳама ончи гуфтем пас аз соате рӯнамоии китоби Раҳмонов дар майдони Валиасри Теҳрон оғоз мегардаду дар он бо шумули лоббиҳои Раҳмон дигар зиёиёни эронӣ иштирок мекунанд,хело мутаассифам.

 

Ин расми рӯнамоии китоб не, ин нишасти бахшида ба маснаднишин ва паҳну густариш пайдо кардани дурӯғ аст.Ин таҳқирномаи забони форсӣ аз як тараф ва аз тарафи дигар Эрон аст. Метавон онро дурӯғе бузург,ки аз Тоҷикистон гирифта то ба Эрон рафтааст.

 

 

Share This Article