Охирон зодрӯзи Рустами Эмомалӣ ба ҳайси шаҳрдор

Ислоҳ нет

                                                                          

    Баргузории ҷашни рӯзи таваллуди Рустами Эмомалӣ, дар мақоми шаҳрдори Душанбе барои охирин бор аст. Агар нақша он тавре ҳаст, пиёда ва татбиқ бишавад, Рустам таҷлил аз зодрӯзи ояндаи худро дар мақоми раёсати ҷумҳурӣ доир хоҳад кард. Худи Эмомалӣ Раҳмонов  аз рӯзи таваллудаш таҷлил ба амал намеовардааст ва ҳатто боре гуфта буд, ки аслан хуш надорад, ки маъракаи мавлуд баргузор намояд.

 

 Аммо Рустам баракси падараш дӯст дорад, ки санаи таваллудашро бо шукӯҳ ва шаҳомати харчи тамом баргузор намояд ва дар ҳалқаи наздикони хос имрӯзро ба ваҷҳи аҳсан ва бар вифқи муродаш бигзаронад. Онҳое, ки маросим ва маъракаҳои ҷашни таваллуди Рустамро пайгирӣ кардаанд, хуб огоҳанд, ки танҳо дар даъвати овозхонҳои машҳур барои ин сана садҳо ҳазор долларро масраф мекунад.Барои мисол дар соли гузашта Рустами Эмомалӣ ҷашни зодрӯзашро бо ҳузури овозхони лулитабори руминӣOtelia ва дар тарабхонаи мавсум ба  “Royal Club”, ки молики он худаш мебошад, баргузор кард. Гуфта мешавад масрафи ин ҷашни пуршукӯҳ ва осмонкаф 200 ҳазор евроро ташкил додааст, ки аз ин маблағ 170 ҳазори он музди чандсоатаинаи овозхон будааст. Харҷи даъвати лӯлии шаҳрошӯб Отилия Буримэ, иҷрокунандаи хитҳои “Bilionera, Prisionera, Diamante” -ро яке аз дӯстони Рустам пардохтааст.

 

Аммо дар ҷашни қаблии рӯзи таваллуди Рустам Симонс Ева Мария, овозхони ҳолландӣ маърака ва табъи соҳибҷашнро хуш доштааст. Ин ҷашн низ дар ҳамин тарабхона ва бо ширкати 100 нафар доир шудааст. Ҷашни зодрӯзи Рустам дар соли 2016, ки он замон раёсати Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияро бар дӯш дошт, боширкати овозхони дигари руминӣ Инна Руминян баргузор шуда буд.

   Бидуни шак дар ҷойи Рустам нафаре дигар аз мансабдорони тоҷик дар клуб ва ё тарбахонае ҷашни зодрӯз доир мекард, тибқи қонуни танзими анъана муҷозот ва аз вазифа озод карда мешуд, аммо Рустам ва хонаводаи вай фароқонунанд. Ин абарқонунии Рустам танҳо бо ҷашни мавлудаш маҳдуд намешавад. Ёдатон бошад маросими ақди никоҳи Рустам дар тобистони соли 2009 баъд аз ду соли татбиқи қонуни танзими анъана ва маросимҳо баргузор шуда буд. Ин тӯйи арӯсӣ бар хилофи тамоми банду аслҳои Қонуни танзими анъана ва дар бӯстонсарои давлатӣ дар Варзоб ва бо ширкати садҳо нафар ва даҳҳо гурӯҳи навозандаву раққосаву овозхонҳои кишвар баргузор гардида буд ва саҳнаҳое ҷолиб аз онро дар як барномаи вижа журналисти тоҷик Додоҷони Атовулло дар шабакаи моҳвораии “К+” ба намоиш бигзошт, ки тӯли чандин муддат ҳарфи сари забонҳои хосу омм буд.Баъдан маълум гардид, ки тамоми масорифи ин тӯйро мудири корхонаи қаннодии “Ширин”-и пойтахт Мустафо Давлатов, амуи завҷаи Рустам пардохтааст. Мустафо Давлатов, чанд соли пеш бар асари бемории саратон даргузашт аз авлодони Шералӣ Гул, вазири собиқи энергетика ва аз қудоҳои Раҳмонов аст. Ҳоло Рустам аз ин издивоҷ ду писар ва як духтар дорад. Писари дуввумаш,ки тобистони соли ҷорӣ бо омадани худ дар шумори оилаи бе ин ҳам калони Раҳмонов нафаре афзуд,бо номи бобояш Эмомалӣ номгузорӣ шудааст.Анӯшервон,ки ҳамагон медонанд,писари калонии Рустам, тобистони соли ҷорӣ ҳамроҳи бобояш дар Хуҷанд футболбозӣ карда дар як бозӣ панҷ гол зад ва шабакаҳои телевизионии кишвар аз ҷараёни ин бозӣ гузоришҳои махсус пахш карданд.

 

Аммо ин тавр нест ки Раҳмонов ба хотири мурооти қонуни танзим барои табрики писараш ва ташкилӣ дар муҳити хонавода мухолофат бикунад.Раҳмонов ҳанӯз дар соли 2008 барои Рустам,ки ба футбол ишқу алоқа нишон медод, як дастаи футболро бо номи Истиқлол ташкил дода ва ба рӯзи мавлудаш инъом кард. Баъди як сол ин команда хеле машҳур шуд.Аммо дар бозии бо Равшан дар Кулоб ҳайати доварон аз Истиқлол ҷонибдорӣ карда бозиро тавре доварӣ карданд,ки он бо ҷангу хархаша анҷомид. Мухлисони Равшан майдонро ба оташ кашиданд ва ҳатто тарафи мошини Рустам,ки тавассути ҷондорҳояш гурезонданӣ буданд, санг ва баклашка партоб карданд. Воқеият ин аст ки Раҳмонов болои Рустам сахт сармоягузорӣ карда ангушт гузоштааст. Рустам, бо вуҷуди онки дар даруни нозу неъмат ва зару зевар бузург шуд,ба фарқ аз худи Эмомалӣ,ки аз гушнагӣ дар даврони бачагиаш ширу дӯғро омехта карда  як каме ҳам бошад меъдаашро ором месохт, он қадар ҷавонӣ накардааст.Яъне як бозиву машғулиятҳоеро,ки дигар ҳамсинну солонаш доштанд, надоштааст. Дуруст аст, ки овозаҳо аз гирифторӣ ва муътодиаш ба ҳероин ҳам навишта буданд.

 

Аммо гап инҷост, ки ҳанӯз Рустам ба 19 надаромада ва донишгоҳро ба поён набурда ӯро дар вазорати рушди иқтисод ба кор монд. Албатта, на ба хотири онки зиндагиашон сахт буд ва азоби бепулӣ мекашиданд. Барои онки ҳарчи зудтар Рустамро ба кори идорӣ ва роҳбарӣ ҷалб ва ботаҷриба бисозад. Ҳамин буд, ки соле баъд сардори Управления дар Кумитаи амволи давлатӣ, сипас дар Хадамоти гумрук ва аз соли 2013,ҳанӯз,ки 23-24 сола буд, бо як фармон раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон таъйин кард ва рутбаи болои генерал-майёрро дод.Дар ин миён Рустам ,ки тарафдоронаш як вундеркинд ва бадхоҳонаш памперс садояш мезананд, дар соли 2008 Донишгоҳи миллӣ ва  соли 2011 Академияи хадамоти давлатии назди президенти Русия ва соли 2014 Академияи ВКДТ-ро гӯиё хатм кард.Аммо огоҳон қасам мехуранд,ки ҳеҷ яке онҳое, ки аз Рустам ва тарҷумаи ҳолаш воқифанд, ягон маротиба ба курсии донишомӯзӣ нишастани Рустамро надидаанд ва Рустам ҳам ҳеҷ яке аз шарикдарсон ва устодони худро намешиносад.

 

Аммо ончуноне гуфтем, Раҳмонов болои Рустам сахт ангушт гузошта ҷавониҳо ва кӯдакиҳояшро гирифт. Рустам дар асл ба як проект табдил шудааст. Ин проект бисёр ҳам пурхарҷу пурҳазина аст,ки Раҳмонов саховатмандона ва ҳотамона сарфу харҷ карда истодааст. Зеро бо ин сармоягузорӣ ва бо татбиқи ин проект Раҳмонов ояндаи ҳаёту мамоти худ,ояндаи ҳама сарвату боигарии худ ва хонаводаи бузургашро мехоҳад бима, суғурта кунад.Рустам барои Раҳмонов бояд гарант ва кафолати тамоми зиндагии боқимондааш бишавад. Барои ҳамин ҳам кӯдакӣ ва ҳам бачагиҳои Рустамро қурбон кард.

 

Дар ду соли пеш Убайдуллоев, яке аз наздиктарин ва вафодортарин ҳамсангаронашро аз мақоми шаҳрдорӣ канор зад ва Рустамро ба ҷояш нишонд, Дар як соли қабл аз он танҳо ба хотири овардани Рустам ба ҷойи худаш Қонуни асосиро иваз кард ва синни номзади мақоми президентиро аз 35 ба 30 поин овард. Зоҳиран ин ҳамаро барои Рустам мекунад. Аммо дар асл ин ҳамаро барои худаш карда истодааст. Агар аз як тараф ҳадаф ҳифзи курсӣ ва сарватҳои ҷамъовардааш бошад аз тарафи дигар ба даст овардани кафолати зиндагии бидуни ҷавобгарӣ ва муҳокима дар додгоҳҳо аст. Қонуни Асосгузори сулҳу ваҳдат ва пешвои миллат ҳам он вақт татбиқ ва ба кор хоҳад рафт,ки Рустам президент бишавад. Ба воситаи ин қонун Раҳмонов  ҳам Рустам ва ҳам домодҳои аждаҳосифаташро,ки хоҳем нахоҳем бо Рустам даргир хоҳанд шуд идора мекунад. Раҳмонов домодҳои  мултимиллиардер-кашталкандаҳои собиқ  чун худашро дар баробари як шаҳбача,ки акнун Шоҳ шудааст, ҳимоят мекунад ва низ имкон намедиҳад,ки бо Рустам “сану ман” кунанд. Албатта бо иҷрои ин нақша ва бо масрафи ин ҳама сармоя Раҳмонов метавонад, ки аз ҷавобгарӣ барои аъмоли ҷиноияш муоф бишавад, оромиш биёбад,ки боқии умр ба фароғату хушӣ ва истироҳат мегузаронад, аммо  курсии қудрат- хуруҷи ҷин аз кӯза хоҳад буд  ва ҳазорҳо азоимхон наметавонанд Рустамро дубора вориди он кӯза кунанд.

 

Идораи ҳафт домоду хоҳарони табдил ба ҳафт аждаҳошуда ва зери контрол овардани Ҳасана-ака ва тимаш,ки мушкилиҳоро барои Рустам пеш хоҳад овард, Раҳмоновро ҳам дар оқибат ноумед месозад.  Ҳам Рустам,ҳам домоду духтарҳо ва ҳам Ҳасан бидуни мудохила ва контроли Раҳмонов наметавонанд муросо кунанд ва осуда бошанд. Зеро дар ин миён дӯстону тими худи Рустам ҳам ба саҳна хоҳанд омад ва аз таърих огоҳем,ки на ҳама валиаҳдҳо то охир содиқ будаанд. Манофеъ ба ҳам мезанад, иштиҳо ва амбитсияҳо афзоиш меёбад, қудрат валвала ва васваса мекунад ва дигар ҳама аз контрол мебарояд. Рустам дақиқан  Озодаро дар канораш роҳ нахоҳад дод. Озода ва он ҳам бо подармиёнии Раҳмонов ё вазири умури хориҷӣ ва ё ба вазорати молия меравад. Шояд як ё ду сол роҳбари Дастгоҳ бимонад аммо барои солҳои баъдӣ имкон надорад. Рустам ба тафовут аз падараш ҳузури Озодаро таҳаммул карда наметавонад,чун Озода ба ӯ ба чашми як бародар ва он ҳам бародари хурд менигарад.Ин мақом барои Рустам аслан созгор нест.

 

Аммо бо вуҷуди ин ҳама ояндаи матрук ,ки сояи он кишвар ва мардуми тоҷикро боз ҳам бадбахттар ва тирарӯзгортар хоҳад кард, яке аз вазифаи гузошта шуда ба дӯши ду Абдуҷаббор яке Абдуҷаббор Азизов,ки акнун ба курсии муовини аввали раиси ҲХДТ нишаст ва дуввумӣ Абдуҷаббор Раҳмонов, ёрдамчии президент дар умури робита бо ҷомеа ин аст ки барои Рустам дар интихоботи ноябрии соли 2020 рақибони эҳтимолии шаклу шамоилдошта ва шоядам нисбатан ҷавон омода бисозанд. Бо боварӣ метавон гуфт,ки яке аз онҳо Рустам Қудратов аз ҲИИТаст,ки баъди истеъфои Олим Бобоев, раиси ҲИИТ интихоб шуд. Ин тағйирот бори дигар исбот кард,ки ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва ҳизби аграрии Тоҷикистон ду ҳизбеанд,ки дар асл шӯъбаҳои ҲХДТ мебошанд. Дуруст аст,ки Раҳмонов то андозае фотеҳаи Шавкат Мирамоновичро гирифтааст ва аз мазори Ислом Каримов ҳам худи Рустам шафоат хост ва бовар дорад,ки ризоияти падари диктотурҳои Осиёи Марказӣ Нурсултон Назарбоевро ҳам ҳосил мекунад, аммо бояд “добро”-и Путинро бигирад,ки ҳоло проблема шудааст.Раҳмонов барои Рустам ва ба болои он ҳамчун проекти ҳаёту мамот дар оянда ҳам сармоягузорӣ хоҳад кард. Аммо баъид аст ки ба расонаҳои Тоҷикистон чи расмӣ ва чи наздидарборие чун СССР ҷиҳати таблиғи Рустам чизе бидиҳад.Зеро худи онҳо бо тамаллуқу  хушомад ин масъулиятро солҳо пеш бар дӯш гирифта буданд. Барои мисол СССР ҳанӯз дар соли гузашта,ҳоло ,ки як сол аз раисии Рустам дар пойтахт нагузашта буд чунин мадҳу ситоиш кард:

 

 “Рустами Эмомалӣ дар ин муддат коре кард, ки дар тӯли 70-100 соли ахир ягон шаҳрдор кардан натавонист ва ё нахост кардан.Мири Душанбе сазовор аст, ки президенти кишваратон бошад!»,навиштааст муаллифи СССР аз қавли як дӯсти туркманаш,ки аз Душанбе боздид кардааст”

 

   Дар ҳар сурат имрӯз рӯзи таваллуди Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе ва писари раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ва довталаби мақоми раёсати ҷумҳурии  Тоҷикистон аст. Имрӯз дар клуби шахсиаш,ки ҳамасола  шабнишиниҳои  зодрӯзашро доир мекард, ин бор кадом овозхони хориҷӣ даъват мешавад, номаълум аст. Аммо як нукта мусаллам аст ки Рустам ҳоло ба проекти падараш табдил шудааст ва ҳоло наметавон ҳадс зад, ки баъди мақоми олии кишварро гирифтан, боз ҳам проект боқӣ хоҳад монд ва тибқи дастури Асосгузори сулҳу ваҳдат ва Пешвои миллат амал хоҳад кард ва ё мустақил ва мустақим иқдом хоҳад кард?

 

Share This Article