Раҳмонов: “Китоб хонед, касал намешавед”

Ислоҳ нет

 

Раҳмонов: “Китоб хонед, касал намешавед”

(ҳарфе чанд дар ҳошияи Паёми Раҳмонов ба Маҷлиси олии кишвар)

 

Аз паёмҳои қаблиаш ин бор тафовут дошт. Хеле ором ва сокит буд. Талош мекард ба мисли як мутафаккири мутабаҳҳир ҳарф бизанад.Тавре вонамуд мекард,ки зуфунуни тамоми соҳа маҳз ӯ ҳаст. Ақлу дониши тамоми дунё дар даруни сари ӯст, боақлтарин одами Тоҷикистон фақат худи ӯст. Тавсияҳо медод. Дар толор, рӯбарӯи чашмонаш Рустаму Озодаро медид ва каме инсутар Ҷамолиддин, каме убартар Шамсулло ва дар рости пешониаш Ҳасанрову боз эҷоду эъҷоз мекард:

“Мо насли ориёӣ,бо насли ориёии худ ифтихор кунем. Мо бояд авлоду аҷдоди худро донем: бобои мо кӣ буд,падари мо кӣ буд, модари мо кӣ буд?”

Мо пештар ҳамин нуктаро барои Раҳмонов таъкид карда, як мақолаи муфассале ҳам навишта будем,ки бояд падари ҳақиқиатро пайдо карда бишиносӣ ва ба мардум ҳам маълумот бидиҳӣ,ки падари биологиат дар асл кӣ аст?

Маълум мешавад,ки ин ҳарфи мо бароят таъсири ҷиддӣ гузоштааст,ки ҳоло дар суроғи падарат пардохтаӣ. Ин чиз ҳам мушаххас шуд,ки аз насли ориёӣ будаӣ. Ин ҳам хуб аст. Аммо нагуфтӣ,ки ориёии мусалмонӣ ё ориёии олмонӣ.Ин муҳим нест. Муҳим ин аст ки аз насли ориёӣ будаӣ.Ва аз он тафохур мекунӣ.Дар ҳоле,ки мардуми Тоҷикистон аз мусулмонии худ ифтихор доранд. Хуб,дигар ин масъалаи хусусӣ аст,зиёд хира намешавем,агарчанде ҳақ дорем дар бораи раиси ҷумҳуриамон бештар маълумот дошта бошем. Вале аҷиб,ки раисии ҷумҳуриамон яке фаромуш кард,ки мутааллиқии ҳамаи Тоҷикистон аст ва гуфт,ки аз ҲХДТ 40 дар сади вакилонро ба Маҷлиси оянда аз ҳисоби занҳо комил хоҳем кард.

Тафовути дигараш дар ин паём он буд,ки хеле худашро таърифу тавсиф кард.Аз кору кирдораш,ки ҳатто дар замони шӯравӣ натавониста буданд,лоф зад.Лофу газофаш ончунон буд,ки гуфт дар давраи роҳбариаш як Тоҷикистони дигар сохт:

“Қариб як Тоҷикистони дигар сохтем дар давраи роҳбарии ман”.

Тақрибан ба ҳамин маъно гуфт.Ин як Тоҷикистони дигарро барои чӣ гуфт? Барои онки шумораи аҳолӣ афзуд ва ё барои онки як кишвари озоду рӯ ба бедориву рӯ ба демократияву рӯ ба ислоҳоту тағйироти мардумиро ба як кишвари худкомаи бастаи мустабид ва ба як диктатура табдил дод, ҳаминро манзур дошт? Ва ё манзураш шояд ин буда бошад,ки як Тоҷикистонеро тоза истиқлол ба даст оварда ва ба ҳамаи мардум мансуб буд, дар даст гирифтаву ҳоло бо писар, духтар ва домод-ҳояш тохта гаштааст.

Дар ҳар сурат рост мегӯяд,ки дар давраи роҳбариаш як Тоҷикистони дигар сохтааст. Тоҷикистоне,ки дар коми аждаҳои сурх дар ҳоли фурӯ рафтан аст ва Тоҷикистоне,ки вобастаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва мадюни Русия аст. Муҳоҷирое, ки амнияти сиёсӣ,иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ва давлати Раҳмонов аз онҳо вобастагӣ дорад. Аммо дар ҷойи ҷони суҳбаташ, маҳз дар бораи ҳамин омил ва пояи сабот ва амнияти давлаташ маълумот ва омори комилан бардурӯғ ироа кард.Гуфт дар сафари расмиам ба Маскав ҳам гуфта будам ва ҳоло ҳам мегӯям,ки имсол 480.000 кас муҳоҷири корӣ шудааст. Гуфт,ки қуллияи раванди муҳоҷирони меҳнатӣ дар соли 2010 рост меояд,ки 1млну 100 ҳазор кас буд. Воқиан аз ин дурӯғгӯӣ на танҳо аҳли толор,балки тамоми Тоҷикистон дар ҳайрат афтод ва шок шуд. Давоми 9 сол шумораи муҳоҷирони корӣ тақрибан се баробар поин омадааст. Беҳтарин. Вале ин дурӯғро муаллифони ин дурӯғ чи тавр ба даҳани Раҳмонов монда бошанд? Хуб нодону гӯлу гарангаш ёфтаанд. Маънову мазмуни ин гап он аст ки ман тавонистам дар ватан ҷойҳои корӣ ташкил намоям,ки боис шуд беш аз 700ҳазор муҳоҷир берун нараванд ва дар дохил кор кунанд.Аммо ба ин дурӯғи шохдор кӣ бовар мекунад? Беҳтар буд, аз шумора ва теъдоди муҳоҷирони корӣ лаб фурӯ мебаст.

Зеро агар соли 2010 як миллиону садҳазор бошад, ҳоло ин рақам ба камиаш як баробар бештар шудааст. Ин яқин аст.Шояд Раҳмонов ҷойҳои корӣ гуфта ширкату бонку тиҷоратҳои духтарону домодҳояш ва ё мансаби Озодаву Рустамро мадди назар дошта бошад? Инҷо як таърих ба ёдам расид. Солҳое,ки дар Афғонистон муҳоҷират будем Раҳмонов он солҳо ҳам дар бораи шумораи гурезаҳо сифри ба маротиб камро эълон мекард. Бо пӯшонидани шумораи воқеӣ ва кам нишон додани теъдоди онҳо Раҳмонов мехост нишон бидиҳад, ки аз ҷабру ситами вай камтар гурехтаанд.Фарз кардем як миллион муҳоҷири гуреза неву масалан сад, саду панҷоҳ ҳазор. Ва ин сифр пӯшонӣ ва кам нишондиҳӣ як одати Раҳмонов ҳаст ва вай бидуни шарм дурӯғро бебаркаш мегӯяд. Гуфт,ки то 2016, 8 соат барқ дода мешуд. Ин рақамро дар он сол ва ё солҳои пеш ба забон намеовард, балки мегуфт дар шабонарӯз 14 то 16 соат барқ дода мешавад. Ҳоло акнун солҳо гузаштанд, гӯиё зимистон гузашт. Аммо аз он намегӯяд,ки дар ҳамон солҳои танқисӣ ва адами барқ чи қадар зиёну хисороти ҷониву молӣ ба мардуми тоҷик расонд.

Як чизе,ки дар тамоми 27 соли раҳбарии Раҳмонов мушоҳида кардам ин аст ки ҳар бор аз матн сар баргирифту аз худаш илова карданӣ шуд,ҳатман як парту палоҳое аз даҳонаш мебарояд.Соҳаи маорифро таҳлил кард ба заъми худ. Омӯзгор ин тавр бояд бошад он тавр бояд бошад, зеро омӯзгор ин асту он асту ҳамаи мо инҷо нишастаҳо аз омӯзгор ёд гирифтаему ҳоказоҳо. Вақте аз ҳамин гуна ёва ва варсоқиҳо месарояд, фикр мекунад,ки эъҷоз карда истодааст, сухани ноб мегӯяд,фикри бикр. Ана,ин фикри бикрро бинед:

“Китоб хонед асабатон ором мегардад, китоб хонед касал намешавед, кам касал мешавед”.Ва ба ҳозирини толор маслиҳат дод,ки 5 китоб дар як сол хонед. Дар ҳамаҷо китобхона созед. Аз марказ гирифта то ҷамоатҳо”.

Инҷо бояд тазаккур диҳам,ки худи Раҳмонов дар синни сисолагиаш ва он ҳам бо як азоб ва ба таври ғоибона аз донишгоҳ фориғ шудааст. Ва дигараш ҳам ин аст ки шарт мебандам як китоб дар умри сараш нахондааст. Одами хондагӣ ҳамин гапҳои девонагиро мезанад?

“Китоб хонед асабатон ором мегардад, китоб хонед касал намешавед, кам касал мешавед”. ..5 китоб дар як сол хонед”.

Ҳоло баъди ин гапҳо, ки бо шунидану хондани он арақи хиҷолат мекунед, ба Бег Сабур ташаккур гӯед,ки Арбоб-Камолро хондааст. Дар ҳар сурат китоб хонед, касал нашавед.Э.Ш.Раҳмонов.

Гуфтам,ки ҳаминки сарашро аз матн бардошт ҳатман шарманда мекунад ва онҷо қилкаше нест,ки қилашро бикашад.Бубинд чи мегӯяд:

“Рисолаҳои номзадӣ… докторӣ…. академикӣ….Ҳамаша нав кардан даркор”. Ҳайрон мешавӣ, дар тааҷҷуб меафтӣ,ки рисолаи академикӣ,ки бояд ҳимоят бишавад чӣ чи рисолае ва дар куҷо ҳимоя мешавад. Аммо яқин, ки аз “Диссернет” ва сирқати ба ном олимони тоҷик дарак дорад. Зимнан чунин ба назар мерасад,ки аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва махсусан сафҳаи “Озодӣ” дидан мекунад ва ё шояд гуфта бошандаш ва баъд тамошо карда бошад,ки дар бораи як зани маълули восеъӣ ҳарф зад. Дар ҳар сурат ин хуб аст,ки огоҳ мешавад ва ё гоҳ гоҳаке огоҳ карда меистанд.

Дар ҳар сурат ин паёми Раҳмонов хеле бо лаҳни орому сокит ва бо таанниву тамкини ҳарчи тамом ироа шуд.Мебоист,ки вақте дар бораи ҳодисаи задухӯрди 6 ноябр дар ноҳия Рӯдакӣ бо шиддат гап мезад.Ин ҳам дар ҳоле,ки Давлати исломӣ бар дӯш гирифт масъулияти онро.Аммо саросемавор ва бо суръат ва бо як ҷумла дар ин бора гуфт.Бо ин тарзи таҳлилу арзёбӣ бори дигар тасдиқ шуд, ки кадом ҳамлае набудаст ва кадом террористе ҳам даст надорад. Дар сурати ғайр мавзӯи меҳварии паём мешуд ва Раҳмонов гӯши фалакро кар мекард,ки болои мо “теракт” сурат гирифт. Азбаски ин як сенарияи беҳунарона ва дастисохти мақомоти амниятиаш буд ва дар тамоми ҷаҳон мавриди шакку шубҳа қарор гирифт ва ҳатто мазоҳу масхара карданд,хеле ҳам дуздона, нӯг-нӯги по аз паҳлуяш рад шуд.

Барои мисол дар ин паём бо тафовут аз паёмҳои қаблиаш дар бораи сиёсати хориҷии давлат ва ҳамкориҳояш бо созмонҳои байналмилалӣ ва давлатҳои ҷаҳон ҳарфе назад.

Аммо боз ҳам аз зиёд будани шумори масҷидҳо ибрози нигаронӣ кардани ӯ ин шубҳаҳоро эҷод мекунад,ки омори барғалатро ҳам дар дасташ медиҳанд.Албатта,ин оморро амният мерасонад ва Раҳмонов ҳам ба амнияташ бовар дорад. Аммо ин амният ӯро оқибат ба чоҳи бетаг сарнагун мекунад. Манзурам ин аст ки масҷидро бо мактабҳо қиёс карданаш бисёр зишт ва нодуруст аст. Барои сохтмони масҷидҳо дар саросари кишвар маблағи бюҷет сарф намешавад. Аммо барои макотиб маориф сеяки буҷаро мегирад:

“5уним ҳазор масҷид сохта тавонистем барои калонсолон, акнун навбати мактаб.Дар якҷоягӣ дар ду сол бояд бисозем. Намешавад… надорам…. набошад. Ҳаматарафа дастгирӣ мекунед”.

Ин дӯғу пӯписа ба бизнесмеҳо ва мардум аст,ки ана акнун ҳамин миқдор мактаб месозед. Ин ба ин маъно аст ки капаи мардум дуд кард, капаи бизнесменҳо тамоман оташ гирифт. Бояд аз тани давлат мактаб бисозанд.Фикр мекунед акнун мақомоти ноҳия ва ҷамоатҳо мардум ва бизнесменҳоро ба ҳолашон мемонанд. Супориш шуд. Бояд иҷро кунанд.Боз аз ҷайби халқ месозанду сипас Эмомалӣ Раҳмонов қайчиро гирифта лентабурӣ меравад ва ё як арғамчинро мекашад ва ифтитоҳ менамояд. Солҳост,ки ин манзараро мушоҳида мекардем. Баъд аз ин дақиқан,ки бадтар мешаваду беҳтар не .

Ва,аммо як тафовути ин паём он буд, ки дар он масоили хонаводаӣ ҳам матраҳ шуд. Вақте дар бораи бонк ва низоми бонкӣ сӯҳбат мекард як гапи аҷиб зад: “давлат дар даруни давлат”.

Ин гапро ҳам аз рӯи коғаз ва матн нахонад. Бадоҳатан гуфт.Албатта, тасодуфӣ набуд, вале таъкидаш дар ҳузури омм ва барои мардум аҷиб аст.Чун ҳоло низоми бонкии Тоҷикистон аз Бонки миллӣ гирифта то Коммерсбонку Спитаменбонк ,Ориёнбонку Бонки байналмилаии Тоҷикистон дигару дигар хулоса ҳамааш аз они оила-домодҳову духтарҳои худи Раҳмонов аст. Ин гӯшона ва таҳдид барои чӣ ва ба чӣ маъно буд.Таъкиди онки ҳамаатон ба ифоқа оед,ки Рустам ҷаррастотона мебарорад буд ё чӣ? Ҳарчизе ҳам ки набуд, иқрор ва эътироф кард,ки аъзои хонавода давлати дигареро сохтаанд. Аммо баъид аст ки Рустам тоқат ва таҳаммул кунад. Гӯшонаи Раҳмонов ба домодҳову духтарҳо ба назарам ҳамин буд, ки худатонро ҷамъу ҷӯр кунед, ки раиси нав омада истодааст:

“Дар дохили давлат давлати дигар бунёд кардан даркор нест.Бояд ба иқтисодиёти кишвар нигаронида шуда бошад”.

Раиси нав ҳам онҷо нишаста буд. Ва Раҳмонов бо таваҷҷӯҳ ба ӯ аз интихоботи президентии соли 1991гуфт ва гуфт ҳамон интихобот боиси ҷангу хунрезиҳо шуд ва бо ишораҳое таҳтонӣ ва аз хилоли дандонҳо таҳдид ва таъкид кард,ки интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳурӣ бояд орому сокит бигзарад. Вай гуфт,ки ҳама ниятҳои ҳафтсоли ахири президентиашро дар амал татбиқ кард. Шояд ин ишораҳое буд,ки ӯ дигар инони ҳокимиятро ба Рустам супоридааст. Мехоҳад даври пирӣ биронад.

Ба назарам чунин намуд,ки ин паёми охирин ва хайрбодии Раҳмонов дар мақоми раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Бо таваҷҷӯҳ ба онки дар сӯҳбатҳои Раҳмонов ҳамчунин таъбирҳое,”дар даврони роҳбарии ман”, “дар ҳафт соли президентӣ” садо доданд ва бо таваҷҷӯҳ ба онки дар ин ҷаласа чанде аз вакилони Шӯрои олии соли 1990, собиқ ҳамкорни Раҳмонов ҳам даъват шуда буданд, ҳабдаҳумин паёми ӯ ба эҳтимоли зиёд охирин паёмаш ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон хоҳад буд.Зимнан барои Маҳмадсайид Убайдуллоев ва Шукурҷон Зуҳуров, раисони Маҷлиси миллӣ ва намояндагон ҳам ин ҳузур ва иштироки охиринашон дар ҷаласаи Паёми раиси ҷумҳурӣ хоҳад буд. Эпохаи шумо муйсафедон ба поён расид ва

Раҳмонов дар ин суханрониаш чанд бор бо овардани сифру рақамҳо худро ситоиш кард. Воқеият ҳам ин аст ки то ду соли қабл, то ворид кардани тағйирот ба Қонуни асосӣ дар майи соли 2016 Раҳмонов наметавонист, ки дигар иддаои курсии президентӣ бикунад.Ҳоло ин ҳуқуқро мисле,ки ба даст овардааст ва модомулумр метавонад ин курсиро ғасб кунад. Аммо шояд беш аз ин намехоҳад,ки Диктотур садояш кунанд.Аз ин ҷост,ки ин навбат ҳам ҳафтсоли ахир ва ҳам 27 соли роҳбариашро мадҳу ситоиш кард,то дар хотирҳо ҳифз бишавад.Ва дигар ва муҳим он аст ки курсиро на ба каси дигар,ба писараш боқӣ мегузорад.

Share This Article