Аз номи шаҳрванд Мансурова Иҷобат Сайфуллоевна зодаи шаҳри Душанбе, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ, мутаваллиди 10.03.1954 нафақахӯр, корманди собиқи соҳаи маориф, вакили халқии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, узви комиҷрояи ноҳия, иштирокчии бригадаи байналхалқии интернационалӣ; «Б А П О” дар Афғонистон дар солҳои 1984–1985 дар ҳайати қӯшуни Гатчини дивизияи 201.Чандин маротиба котиби масъули комиссияи интихоботҳои ноҳиявӣ ва ҷумҳуриявӣ.
АРИЗАИ ВОПАСИН
Ман ду солу 6 моҳ мешавад, ки сарсону саргардон ҳастам. Шунидам, ки айни замон танҳо Шумо ҳастед, ки бидуни тамаъ ва холисанлиллоҳ арзу шикояти мардумро ба гӯши мақомоти болоӣ мерасонед. Ман як умр дар кори давлат будам. Вале ҳоло кору кирдори беинсофона ва хилофи қонуни баъзе аз кормандони давлатӣ, бахусус кормандони мақомоти ҳифзу ҳуқуқро дар ҷисму ҷони худам эҳсос карда тамоман ноумед шудам.
Ман соҳиби 5духтару 1писар ҳастам. Писарам Ҳайдаров Тошмурод оиладор аст ва дар маҳалла 33юми Душанбе иҷора мешинад. Писарам тӯли як сол мешуд, ки ба хариду фурӯши кунҷора, сабус ва доруҳои минерали машғул буду савдо мекард. Аз вилояти Суғд кунҷораву сабус ва доруҳои минералӣ меовард, кораш хуб буд.
Тахминан аввалҳои моҳи августи 2018 ба манзили истиқоматии ман ду ҷавон Саидҷаъфар ва Эраҷ (номҳояшонро баъдтар фаҳмидам) бо як арбадаву дашномдиҳиву ҳақорат дохил шуда даъво карданд, ки гӯё писари ман- Ҳайдаров Тошмурод аз онҳо 180 ҳазор доллар қарздор бошад ва мо бояд ин маблағро ба хубӣ баргардонем, вагарна ҳамаи оилаи моро несту нобуд мекунанд. Чунки падари Эраҷ прокурори ноҳия Фархор Тӯраев буда аст ва Саидҷаъфар писари генерал Хайров будааст,ки дар Ваҳдат бозор ва командаи футбол доштааст. Ҳамон генерал Хайрзодаи муовини коррупсияе, ки бо 35 миллион доллари дуздидааш боздошт ва чанде пеш ба озодӣ баромад. Боз бо охранаи Ҷаноб рафту омади наздик доштааст. Ин гапҳоро чанд бор такрор карданд. Он ҷавонҳо бо писари ман чи ҳамкорӣ кардаанд, ман намедонам. Ягон маротиба ин ҷавононро бо писарам надида будам, ки онҳоро шиносам. Лек онҳо ба манзили ман омада худсарона чанд маротиба бе иҷозати мо дохили хона даромада аз хона 233ҳазор сомониро дуздиданд. Эраҷ, писари прокурори Фархор дӯғ зада мегуфт,ки « мана атам иҷозат додагиай, лубойҷои Тоҷикистона кофтанда, атаи ман Тоҷикистона управлят мекуна».
Дар вақти ин ҳодисаҳо писарам дар Хуҷанд буд. Барои дуздии пул ба нозири минтақавӣ муроҷиат намудам вале ягон чора наандешид. Баъд аз чанд рӯз писарам аз Хуҷанд омад. Аз пушти ӯ кормандони милисаи Ҳисор омада дар дасти ӯ ишкел зада бурданд. Ман аз онҳо пурсидам,ки ӯро куҷо мебаред? Гуфтанд ба МВД. Фарзандамро ба мошин шинонида бурданд. Ман ба нозири минтақавӣ Саидзод Валӣ занг зада пурсидам, ки писари маро куҷо бурданд. Гуфт, ки ҳозир муайян мекунем, лек то Валӣ муайян кард, ки шахсе ба ман занг зада гуфт, ки ҳеҷ ҷо занг назан, мо писаратро ҳозир меорем.Аммо ман бовар накарда ба телфони боварии ВКД занг задам. Писарам дар онҷо набуд. Баъд Валӣ занг заду гуфт, ки писарат дар телфонбозори ноҳияи Фирдавсист. Марде ба ман занг заду гуфт, ки биёед бо қарздиҳандаҳо маслиҳат кунеду бачаатонро баред. Саидҷаъфар бо Фирдавс омад. Фирдавс як нафаре аст ки бо писарам чандин маротиба доду гирифт карда буд. Онҳо омада маро ба милисахона бурданд. Вақте ки ман ба дарвозаи милисахона наздик шуда ҳаракати даромадан кардам маро иҷозат надоданд.
Овози баланди мусиқиву рақсу бозӣ, хандаҳои овоздори қаҳ қаҳа гӯшамро кар карду ҷонам ба лабам омад. Эраҷу Саидҷаъфар раисони ин маҳфил буданд. Баъди чанде Саидҷаъфару Фирдавс баромаданду гуфтанд, ки акаи телехи Ҷаноби олиро ҳамроҳи ҷияни телех мебиёрем.Чанд лаҳза пас ин шахсонро оварданд, маро даъват карданд даруни кабинети милисахона, ки дар онҷо сардори милиса Саидзода Давлат нишаста будааст. Ҳама баъди рақсу бозӣ сархуш буданд. Вақте ки ман даромадам хеши муҳофизи Ҷаноб тарафи ман гашту гуфт агар пули ин нафаро надиҳӣ оилаатро несту нобуд мекунам. Ин гапро дар назди сардори милисахона Саидзода Давлат гуфт ва дӯғ зад, ки «маро шинохтӣ, ман ҷияни Муроди охранаи призидентум, нобутон мекунем, ҷавобта метиюм».
Худи ҳамон шаби 25 августи 2018 соати 2 Саидҷаъфар бо ҳамроҳии додараш ба Ҷӯйбодом омада хонаи маро кофту коб намуда паспорти духтарамро бо ҳамроҳии қарори заминаш ва низ паспорти писарамро гирифта худашро ба милисахона расонд. Сардори милисахона бо онҳо пичир пичир карда паспорти писарамро бо паспорти духтарам ва қарори заминро ба дасти Эраҷ доду ман ҳайрон шудам. Гуфтам писари маро ҷавоб диҳед. Онҳо гуфтанд, ки имшаб бо писари шумо мо кор мекунем ва ҳама хандиданд. Аз он ҷумла меҳмонашон хеши телехи Ҷаноб. Ман ҳайрону тарсон соати 3-и шаб пиёдаву савора ба хона омадам. Пагоҳ 26 уми август соли 2018 ба ман занг заданд ва даъват карданд. Рафтам бачаамро нашинохтам. Тамоми сару рӯяш сиёҳу кабуд буд. Хуршеди уголовник фарёд карда гуфт, ки 3 ҳазор доллар биёру бачаатро бар. Хун дар сарам зад. Ҳеҷ чиз нагуфта баромада будам, ки пеши роҳамро ҷонишини сардори милисахона Насим Саидов гирифт ва гуфт,ки мо ба бачаат вақт додем, медиҳад. Гуфтам агар бачаи ман қарздор бошад, маҳкам кун. Вай гуфт, ки ҳуқуқ надорад.
“Аммо дар дилам нисбати одамони либоси низомипӯши фурӯхташуда, ки вазифаи онҳо муйро аз хамир ҷудо кардан аст, нафрат пайдо кардам. Дар роҳи калон маро Исмоил,ки уголовники милисахона будааст ба мошини Нексияи кабуд шинонд. Аз даруни он бачаи бе ҳолу бемадори сиёҳу кабудшудаам фаромад, ки қуввати рост истодан надошт.”
Боз ҳамон Хуршеди уголовник, ҳамкурси нозири минтақавии мо –Валӣ Саидзод фаромада аз ман 3 ҳазор доллари амрикоӣ талаб кард. Гуфтам надорам. Аммо ту барои ба ин ҳолат оварда расонидани писарам ҷавоб медиҳӣ. Боз сайдашро – яьне писарамро бо мошин савор карду ба тарафи милисахона мошинашро ронд. Дар шоҳидии Саидҷаъфар, Фирдавс, Аюб ва Эраҷ ман дар як шаб 4ҳазор доллар харҷ дар пом(милеса хона н.Фирдавсӣ) кардам гуфт Саидҷаъфар. Ман дигар гапҳои ин гурӯҳи авбошро гӯш накарда ба хонаам омадам, то ки ба ягон мақомоти инсофдору адолатпарвар занг занам. Лек фурсат нашуд. Саидҷаъфар, Фирдавс, Аюб ва Эраҷ Тошмуроди маро оварданд. Ва бидуни иҷозат ва худсарона то 7-и бегоҳ дар рӯи ҳавлии ман гаштугузор карда чашмашон ба мошини шавҳарам афтод. Он мошинро,ки ҳуҷҷату ваколатномааш ба шавҳарам тааллуқ дошт, Эраҷ ба берун ронда баровард. Эраҷ боз, гӯиё маро миннатдор мекарда бошад гуфт: «шогирдони атам рӯи хотири атам бачаатро ҷавоб доданд».
Соати 9 шаб Эраҷ боз омад. Ин навбат танҳо буд. Тамоми ҳақоратҳое, ки дар дунё ҳаст сари ман карду дар пешониам силоҳ монд. Гуфт забонхат навис, ки бачаат саломат аст. Аз ман забонхат гирифту фармон дод, ки духтаронам тасдиқ карда имзо гузоранд. Аммо духтаронам гурехта дохили манзил шуда дарро маҳкам намуданд, то ин ки ин ҷаллоди писари прокурор ба онҳо зарар нарасонад. Хуллас, ба писари ман вақт доданду маблағи гӯшношунидро ба болояш бор карданд. Ман аз ягона фарзандам пурсидам, ки ту аз ин нафарҳо чи қадар қарздор ҳастӣ? Ӯ ҷавоб дод,ки модарҷон дар асл ман аз инҳо қарздорам. Аз Эраҷ 132ҳазору чорсаду ҳаштод сомонӣ. Аммо он тариқи бонки Эсхата ба Эраҷ равон шуда буд. Лек дар милисахона Хуршеди угаловний розиск бо ҳамроҳии Исмоили уголовник маро дар ошёнаи дуюми милисахона ба қувваи барқ монданд ва дӯғ заданд, ки пули гирифтагии Эраҷро фаромуш кун, «вай «доля»-и як одами калонай». Одами калонашон ҷияни Муроди телехи Ҷаноб. Ман рад кардам.Чунки вай пули дигар кас аст. Аммо маро зада қувваи барқ гузоштанд. Дигар илоҷ надоштам.
Дар даруни милисахона дар назди ҷияни Муроди телехи президент аз ман забонхати маблағи бе ҳисоб 7000ҳазор(?) сомониро гирифтанд, ҷавоб дод ба ман писарам. Аз Саидҷаъфар бошад як мерседеси сечка ва 55ҳазор сомонӣ гирифта будам. Лекин сечкаашро баргардонда додам. Вале ҳуҷҷатҳои сечка дар дастам. Аз Фирдавс 171 ҳазор сомонӣ гирифта будам. Дар асл ман аз онҳо пул намегирифтам. Худашон ба ман медоданду доруҳои минералӣ: селитра, мачавин кунҷораву сабус мегирифтанд, ки санади тасдиқкунанда дорад. Писарам бо тиҷорат машғул мебошад. Ҳатто ронандаҳои мошинҳои КАМАЗ, ки борҳояшро аз Хуҷанд ба Душанбе меоваранд, шоҳидӣ медиҳанд, ки борҳоро Аюб, Фирдавс, Эраҷ ва Саидҷаъфар қабул мекунанд. Ман, ки дар гузашта корманд будаму бо қонунҳои Тоҷикистон ошноям дар фикр фурӯ рафтам, ки барои дуздии як телефони мобилӣ одамҳоро ба ҷавобгарӣ мекашанду барои чи писари маро, ки гӯё қарздор будааст, ба ҷавобгарӣ накашиданд. Ва аз «боло» одамҳо меоянду боз ба милисахона бурдану мӯҳлат додан, 32 соат нигоҳ доштанд, рақсу бозии шогирдони падари Эраҷ, хешу табори телехи президент қонунӣ буд ё ғайриқонунӣ? Ҳар рӯзу ҳар шаб дар даруни ҳавлии ман ҳозир мешуданд. Гоҳо ҳатто дар набудани қувваи барқ, дар торикии шаб ин гурӯҳ борҳо пушти дари маро гирифта ҳақорату дашномҳо медоданд. Ҳамсояҳо безор шуданд. Ҳар боре меомаданд ҳатман таъкид мекарданд, ки мо одами боқувват дорем. Дар ҳеҷ куҷо арзу доди шуморо гуш намекунанд. Дар Прокуратураи генералӣ -гуфт Эраҷ- ҳамкорони атам. Прокурори Рӯдакӣ ҳамсояамон. Охирин бор, ки бисёр аз ҳад гузаронида таҳдид ба номуси духтарам таҷовуз карданро карданду қулфи дарвозаамро шикастанд Эраҷ бо ҳамроҳии Саидҷаъфар хеши генеарал Хайров омада буданд.Тоқатам тоқ шуду пои лучу сари луч ба Прокуратураи генералӣ раҳсипар шудам, соати 11шаби 24октябри 2018 буд. Аммо посбонҳо гуфтанд, ки дар ин бевақтӣ ҳеҷ кас нест. Суханони Эраҷи писари прокурори Фархор Тураев
« атаи ман республикаро управлят мекунад, ҳозир ба вазири МВД занг мезанад, корпуси МВД-ро ба по мехезонад, ҳавлиро холӣ кунед, дар сари сафедат б..м».
Суханони Саидҷаъфар «одамои мо аз Қурған меоянд,ҳар чизе мо бихоҳем ҳамон мешавад», то ба ҳол дар гӯшам садо медиҳанд. Аз ҳамон шаб ман бо арз дари ҳамаи мақомотро задам. Дар Прокуратураи генералӣ Қурбонзода маро қабул карда аризаи маро тобеияти ноҳияи Рӯдакӣ равон кард. Ариза дар даст, ҷигарҳо аз таҳқири ин бачаҳои қонундон адо ба прокуратураи Рӯдакӣ равон шудем. Аризаи маро дар прокуратураи Рӯдакӣ 27октябри 2018 қабул карданд. Муовини прокурор Раҷабзода Ш.Ҷ қабул кард. Аммо аризаи маро ба тобеияти милитсияи ноҳияи Рӯдакӣ фиристод.
“Ба кормандони милитсия воқеияҳои сабтшударо дар фитаҳо пешниҳод намудем. Баъдан гашта фитаро ба мо нишон доданд, ки дар он ҳамаи он наворҳо ҷой надорад. Қайд мекунам, ки наворҳо аз фита тоза карда шудаанд, дар ҳоле ки дар фитаи мо пешниҳодшуда ҳамаи наворҳо ҷо доштанд. Хуллас ба аризаи ман дар прокуратураи ноҳияи Рӯдакӣ қарори рад содир карданд.”
28 ноябри соли 2018 ба назди нозири минтақавӣ рафта талаб намудам, ки нусхаи ҷавоби ради аризаамро диҳанд. Милиса маро ба прокуратура равон мекунаду прокуратура ба милиса. Гӯё ман духтарчаи 14сола бошам. Мирзоев Қаландар, уголовники минтақавӣ, ки худ хона омада асли воқеаро аз шоҳидон шунида сабти фитаро дида, ҷиноят содир шудааст мегуфт, имрӯз аризаамро рад кард.
Гуфтам рад карда бошед нусхаашро диҳед. Пагоҳу фардо карда баҳона намуду то ба ҳол надод. Ман аз онҳо ҳақиқатро талаб мекардам. Чунки дар доду гирифти писарам бо Саидҷаъфари Мирзораҷаб ва Бекмуродзода Эраҷ ман иштирок накардаам.
Доду гирифт дар Хуҷанд ва тавассути бонк сурат гирифтааст. Дар ҳақиқат ҳам ҳоло чормағзро бар сари мо камбағалҳо шикаста истоданд. Писарони одамони боломақом куҷову зани солхӯрдаву нафақахӯр, ки умраш дар адои касбаш тамом шудааст. Мақомот бояд холисона роҳи ҳалро бинад на тамаъҷӯёна.
28ноябри 2018 баъди саргардониҳо зиёд дар прокуратураю милитсияи Рӯдакӣ ба фишор баландӣ дучор шудам. Ба назди духтури пеши хона рафтам, ки занги телфон шуд. Гуфтанд,ки харидори ҳавлии шумоем, ҳавлии шумо фурушӣ будааст гуфтанд. Ман дар ғазаб шудам. Дар ҳаёти 70солаам ягон маротиба фикри фурӯши манзиламро накардаму ин худобехабарон аз куҷо гирифтаанд, ки ман хона мефурӯшам. Он одам гуфт, ки дар наздихонаатон истодаем. Дар хонаам духтари ба балоғат расидаам танҳо буд. Омадам,ки дар назди дарвозаи ҳавлиам автомашинаи сафеди Камриро бо рақамҳои 7000 серияаш 03 дидам. Дар назди дари хонаам як кас ва ду каси дигар дар даруни ҳавлиам. Чунон девонавор наъра зада ду нафарро аз ҳавлиам берун кардам. Яке аз онҳо гуфт, ки шарм намедорӣ, дод мезанӣ, ҳамсояҳоят чи мегӯянд? Ман ҷавоб додам, ки аз ҳавлиам берун баро! Ба ту ки ҳуқуқ дод, ки ба манзили истиқоматии ман бе иҷозати ман дароӣ, иҷозати суд дорӣ гуфт пурсидам. Ӯ бар ман ҳуҷҷати полковникиаш ва сурати бачаамро, ки дар дасташ буд нишон дода канӣ ин гуфт? Ман ба дасти онҳо чи гуна афтодани суратро пурсидам. Ин суратро дар телефони Эраҷ дар милисахона дида будам. Ба ман полковник ҷавоб надод. Ман фаҳмидам, ки ин кори падари Эраҷ прокурори Фархор аст. Марди дар изтироб афтода гуфт, ки дар Қурған ариза шудааст нисбати писаратон. Ман нусхаи аризаро талаб кардам ва гуфтам дар набудагии ман ба манзилам бе иҷозати суду прокурор даромада гашту гузор кардӣ. Ҳозир ман ба ВКД занг мезанам ва ба ҷавобгарӣ мекашам. Насаби ин полковник Холов буд. Вай маро ором карда асли воқеаро пурсид. Ҳамашро натарсида нақл намудам.Ӯ наворҳову суроғаҳои аризаҳои маро пурсон шуд. Ман ҷавоб надодаму фақат гуфтам прокурор тарафи прокурорро мегирад. Бино бар ин прокуратураи Рӯдакӣ ҷиноятро рӯпуш карда аризаи маро рад кардааст. Баъд аз шунидани ин ҳолати кор Холов ба касе занг зада гуфт, ки
«ака кор дар инҷо дигар хел аст. Мо ҳамаашро дидем. Дар ҳақиқат ин оиларо шикастанду ғайриқонунӣ кор кардаанд. Прокуратураи Рӯдакӣ аризаи инҳоро рад кардааст. Ман намедонам он шахс чи гуфт, ки Холов тарафи ман нигоҳ карда ба апаи Озода (Озода Раҳмон, раҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президент)навису пешаш рав, ман туро дастгирӣ мекунам, гуфт.»
Хайру хуш карданду рафтанд.Баъди як соат Холов аз милисахонаи ноҳияи Фирдавсӣ занг зад, ки хез оча таксӣ гир, пулашро мо медиҳем. Ба милисахона биёву нишондод деҳ. Ман нарафтам, тарсидам Баъди рафтани ин гурӯҳи полковникҳо 15январи 2019 тахмин соатҳои 16-и рӯз дарамро кӯфтанд. Баромадам Саидҷаъфар бо додараш рост истода таҳдид карда истодааст, ки хонаро холӣ кун. Полковники ба наздат омадагӣ одами мо аст, ту намефаҳмӣ, гуфта қариб маро мезад. Дар ин вақт духтарам баромад, ки маро монда ба духтарам часпид. Гуфт, ки бачаатро аз мактаб гирифта мебарем ва ягон органатро мефурушӣ пули моро медиҳӣ, лек бачаатро намеёбӣ! Духтарам ба ин гапҳо тоб наоварду дар шок афтод. Саидҷаъфар роҳи гурезро пеш гирифт. Мо расми мошини ӯро гирифтем. Ҳамин тавр боз як бори дигар исбот шуд, ки ин гурӯҳ аз Қурған аст. Зуд нозири минтақавиро занг задем ва гуфтем, ки таҳдиди набераамро карда истодаанд. Баъди рафтани онҳо Мирзоев Қаландар,корманди бахши кофтукоби ҷиноии ШКД ба мо гуфт, то бигӯем, ки мо баъди омадани инҳо ба мошини ӯ сӯзишворӣ рехта бошему зуд биё гуфта бошем. Саидҷаъфару полковникҳо моро боз барои баёнотгирӣ ШКВД№ 1ноҳияи Рӯдакӣ фарёд карданд. Аҷобати корро бинед, ки 27 ноябри 2018 аризаи маро рад карданду боз аз нав баёнот мегиранд. Охири моҳи январи 2019 муфаттиши ноҳияи Рӯдакӣ дар кабинети №10 боз баёнот гирифт. Моро роҳ нишон дод, ки маводро аз ман гиреду ба шаҳр баред, чунки ба ман аз боло занг мезананд. Ман бо мазмуни онки маводди тафтишотро аз ШКД№1-и Рӯдакӣ гирифта ба Прокуратураи генералӣ хоҳам дода ба рафиқ Қурбонзода муроҷиат намудам. Ин кор феврали 2019 буд. Аризаи маро Қурбонзода қабул намуда ба Бобур ном шахс, корманди прокуратура вобаста карду бо ҳамин парвандаи маро аз ШВКД-и Рӯдакӣ гирифтанд. Аз 8 феврали 2019 то 12 апрели 2019 дар парвандаи мо Прокуратураи генералӣ беҳаракат истоду боз ба тобеияти прокуратура ноҳияи Рӯдакӣ фиристода шуд. Аммо касе ба доди мани кампири 70-сола нарасид. Ранги туби футбол карданд. Прокуратураи Рӯдакӣ боз корро ба милитсия Рӯдакӣ супориду милитсияи Рӯдакӣ боз рад кард. Дигар нарафтаму аризаамро 19апрели 2019 ба Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон супоридам. Аз КДАМ як нафар занг заду вохурд ва сурату фитаҳоро супоридам. Ба деҳа омаду бо ҳамсояҳо сӯҳбат карду гуфт дар ҳақиқат ҷиноят содир шудааст. Ба манзили шахс даромадан, аз хона пул дуздидан, мошини шахсро гирифта бурдан ин 95фоиз ҷиноят аст.
Аммо КДАМ ҳам ҷавоб надод ба аризаи ман. Гуфтанд,ки ба ВКД ариза навису нисбати мошину паспорт исбати пулдуздиҳояшон бигӯ аммо нисбати даромадан ба манзили шахсӣ нанавис. Ин муамморо намефаҳмам. Магар ба манзили як шаҳрванд зада даромадан, кофтукоб кардан ҷиноят нест? Паспорти духтараму писарамро ва қарори заминро шабона гирифта бурдан ҷиноят нест? Мошини шавҳари 70солаамро бе иҷозат гирифта рафтанашон ҷиноят нест? Бо писари ман доду гирифт кардаанд мегуянд, о, мо дар инҷо чи гуноҳ дорем? Ҳамин қадар пай бурдем, ки прокурор бо писараш қонун будаанд..
Баъди муроҷиатҳои зиёди бесамар ба мақомоти милисаву прокуратураи ноҳиявию марказӣ сахт асабонӣ шуда дигар ба ҳеҷ ҷо муроҷиат накардам. Чунки дарк кардам, ки онҳо одамони боломақоманду ман одами одӣ. Ба гуфтаи Саидҷаъфар пушту паноҳи онҳо ҷураҳои амакаш мебошанд. Онҳо одамони номери 1-и ҷумҳурӣ, набераю домоди Ҷаноб. Аммо ман, ки ҳама чизам рафт ба такдир тан додам. Дар ҳавлие, ки истиқомат мекунам моҳи апрел ҷиянҳоямро даъват карда ба таъмири хона сар кардам.
“Рӯзи 2 апрели 2020 соати 9:30-и рӯз ногоҳ 3 мошини сабукрав, ки дохилаш пури одамони хилъати сафедпӯш буданд, бо даҳони баста ба хонаи мо ҳуҷум карданд. Аз болои бому девори ҳавлӣ зада даромаданд. Пурсидам, ки шумо кӣ ҳастед? Дар асоси чи ба хонаи ман медароед? Онҳо18 нафар буданд, ки тапончаҳо дар зери бағал доштанд, дастони маро бастанду мавриди кофту коб қарор доданд. Ранги маймунҳо аз тори дарахту деворҳо фаромаданд ва дар рӯи ҳавлию хонаҳои зистам пахн шуданд. Духтарам аз тарс беҳуш шуд. Набераамро гуфтам навор гирад. Худам дод задам. Дастонамро кушоданду ба 212121 телфони боварии ВКД занг задам,касе набардошт. Баъди ҳамаи ҷойро кофтан телефони набераамро гирифтанду наворҳоро кӯр карданд. Якеаш гуфт, ки агар дар интернет партоянд, дар куни мо аз худи боло чӯб мезананд ва сипас баромада рафтанд.”
Дар рӯзи равшан 18 нафар омаданду хонаи моро тохтутоз карданд, касе доди моро намепурсад. Баъди рафтани он роҳзанҳои 18 нафара боз ба телефонии боварии 212121-ВКД занг зада ҳолатро гуфтам. Дар камераи ҳамсоя омадану даромаданашон ба тори дару дарвоза ҳамааш сабт шудагӣ аст. Аз ноҳияи Рӯдакӣ як капитан омаду аризаро гирифт. Аммо дигар на ҷавоб асту на савол, кӣ буд, чӣ буд,касе суроғ намекунад. Нозири минтақа капитан бо номи Фаррух ҷавоби аризаамро имрӯз пагоҳ карда инак 3 моҳ гузашт, надод.Боз рафтам ба назди нозири минтақавӣ, ба назди Фаррух. Гуфт ба ҷонам расондан. Гуфт ба ВКД худат рав, одамони Шоҳрух будаанд, Шоҳрух Саидов, сардори Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД. Муовини сардори Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД бо номи Ҳаким маро даъват кард, рафтам бефоида. Ӯ ҳам тарафи онҳо.
“Муҳаммадиқбол худатон фикр кунед, ки бо зарби задану қувваи барқ мондан дар даруни милисахона забонхат нависонидану гирифтан оё қонунӣ аст? Агар қонунӣ мешуд чаро нотариус нарафтанд ва хаттӣ забонхат нагирифтанд ва ё инки маҳкамаш накарданд? Ин кори мақомоти милиса шубҳаноку ғайриқонунӣ нест ба назари Шумо? Ҳоло як нафари дигар бо номи Мармарзода Бахтиёр занг заду худро муфаттиши УВД шаҳри Душанбе гуфта маро бо духтарам даъват кард. Аммо бовар надорам,ки ҳақро ба ҳақдор мерасонанд.”
Бародари азиз Муҳаммадиқбол!
Ман дар давоми ин ҳама давутозу саргардониҳо як чизро фаҳмидам, ки телефони боварии вазири дохилӣ фақат барои одамҳои тағаву язнадорҳо ва пулдорҳо будааст. Ман сабти садои сӯҳбатҳоям бо ин телефонро ҳифз кардам. Гуфтанд,ки он 18 нафари ба манзили истиқоматии ман даромада авбошон будаанду онҳоро қапиданд. Вале як милисаи дигар гуфт,ки онҳо ҳамаашон одамҳои Шоҳрух Сайид буданд хола бе фоида заҳмат накаш арзу додат ба ҳеҷ куҷо намерасад ва ба тақдират тан деҳ. Аз писари ман дигарҳо қарздоранд, 340.000 доллар қарздоранд. Аммо аз тарси ин одамон намедонем,ки чи кор кунем. Ҳамаи ҳуҷҷатҳояшонро ёфтам аммо аз тарси ин ҷияни Муроди талехи Президент ва писари прокурори Фархор ва писари генерал Хайров аз баҳри пулҳои худаш ҳам гузашту гурехт. Ҳар рӯзи Худо уголовникҳои милиса аз ҳар куҷо омада хонаамро мекобанду мераванд. Ҳатто маро вақти кофтукоб даъват намекунанд. Милисаҳои дайдуи бе кабинет писари маро розиск додаанду аммо қарори розискро ҳатто нишон намедиҳанд. Саволи ман ин аст ки чаро аризаи маро намебинанд. Хонаи ман барои уголовникҳои ноҳияҳои Фирдавсӣ ва Рудакӣ «проходной двор» шудааст. Сардори шӯъбаи корҳои дохили ноҳияи Фирдавсӣ ҷияни Муроди телехи президент, шахсан худаш чанд бор ба ман занг зад. Як навбат писарам ба ҷои пули бор мошин қабул кард, аммо дору қимат шуду мошинро баргардонида ба Сайидҷаъфар дод. Вале ҳуҷҷатҳояш то ҳоло дар дасти мо мебошад. Мошинро гирифанду боз пули онро бо зӯри қувваи барқ дар сари бачаам заданд. Ин забонхатро, ки мебинед ман бо зарби силоҳ навиштаам. Баъди пахши мустақими шумо дар рӯзи 09.01.2021 муфаттиши УВД занг зада мегӯяд, ки «Зариф гуфтанӣ одама мешиносӣ? Омадай назди мо. Бачаатон яксаду чанд ҳазор аз ӯ қарздор будааст».
“Бачаи ман ягон хел забонхат надошт. Ӯро ба отдели ноҳияи Фирдавсӣ бурда бо зарби қувваи барқ дар ҳузури сардори ҳамин милисахона Саидов Давлат, ҷияни Муроди телехи Ҷаноб аз ӯ забонхат гирифтанд.”
Маро ҳар рӯз ба шуъбаи милисаи Рудакӣ даъват карда мебаранд. «Хез биё мегӯянд,меравам. Дар ин хунукӣ назди Ҳакими уголовник. Ба сари ман дод зада маро гӯш намекунад. Ҳатто ба кабинеташ иҷозат намедиҳад. Дар берун ё инки дар ҳавлии милисахонаи Рӯдакӣ гап мезанад: «Бачаат да розискай мегӯяд». Ман бошам қарори розискро талаб мекунам. Ба ҳар баҳона «кор дорам, баромадесам»,гуфта баҳона мекунад. Дар УВД ҳам ҳамин гап. Муфаттиш Мармарзода Бахтиёр. Бовар кунед,инҷо фақат «грузит» рафта истодаасту халос. Ин чи гуна ҳукумату ҳукуматдори аст,ҳарчи фикр мекунам намефаҳмам. Як бандаи мафиозиро мемонад аз ҳукумат ва «давлати ҳуқуқбунёду демократӣ ва озоду ягона»
Ман дигар шабу рӯз дарвозаамро аз дарун маҳкам карда мешинам, аз тарси ҷабру ситами бачаи прокурору бачаи генерал. Э,мардум,Э Ҷаноби Олӣ ман як мӯсафеди 70солаям, тамоми умр кори давлату ҳукуматро кардам. Маро на Прокурор гӯш мекунад, на милиса ва на генерал. Ман алам дорам, нисбати мақомот, махсусан уголовникҳо. Тафтиш накарда, санда ҳуҷҷатҳои банкҳоро набардошта, бо зӯрӣ ва қувваи барқ писари маро қарздор карданд, қарзе,ки дар асл нест. Чаро ӯро маҳкам накарданд? Чаро ӯро рустиву дуздӣ задаву куфтаву барқ монда дар гарданаш қарз «грузит» карданд?
Худо ва халқи худо шоҳид аст, ки ҳамаи ин кору кирдорҳо тӯҳмат аст. Ман ҳамчун модари дар доғи писари ягонааш ҷигараш сӯхта аз ҷонам сер шудам ва охирин аризаамро дар ҳаётам ба шумо «Ислоҳ» равон кардам. Медонам пас аз ин бароям мушкилтар мешавад,аммо бигузор ҳарчи шавад ва ин ноадолатиро дар кишвари мо ҳама донанд,кич и мегузарад дар сари мардуми камбағал.