Паёми имсолаи Раҳмонов ҳеҷ паёме надошт. Балке талош мекард фаъолияти яксоли худро тавре вонамуд кунад, ки ҳама чиз хубу нағз ва ҳатто олӣ буд. Ӯ саъй мекард мардумро орому осуда созад, ки ҳама “тенҷай” ё “ҳама гулай”.Вай мехоҳад ба мардум қурси оромбахш хуронад, вай мехоҳад ҳамаро “уколи успокоителний” тазриқ кунад. Барои ҳамин ҳолати реалӣ, вазъияти воқеии кишварро нагуфт. Нагуфт,ки ин ҳама кӯмакҳои хориҷӣ, ки наздик ба ниммиллиард долларро ташкил дод, нагуфт,ки фурӯши сангҳои гаронарзиш ва захоири арзӣ, ки аз миллиард доллар ҳам болотар буд, натавонист ҷойи пулҳои муҳоҷирони кории тоҷикро бигирад. Агарчанде хуб ва саҳеҳ дарк кардааст,ки авзоъ бо тарзу шакле, ки ҳоло вуҷуд дорад, дер давом намеоварад. Панҷаҳои шахшӯли гушнагӣ аз гулӯи мардони хонаводаҳои тоҷик гирифтааст ва ин панҷаҳо он вақт боз хоҳад шуд, ки Русия марзҳои худ барӯйи онҳоро боз кунад. Бардурӯғ омор дода истодааст,ки аз 460.000( чорсаду шаст ҳазор ) муҳоҷири корӣ танҳо 111.000 (яксаду ёздаҳ ҳазор ) дар Русия аст ва ин баёнгари он аст ки ҳамин 350. 000 бозмонда дар кишвар бо кору боре машғул аст ва ин чунин маъноро дорад, ки ман-Эмомалӣ Раҳмонов, тавонистам ба онҳо ҷойи кору пул фароҳам кунам.
Аввал инки инҷо 350.000 неву беш аз як ва ҳатто якуним миллион натавонист биравад. Дар Русия ва давлатҳои муштаракул манофеъ на камтар аз якуним миллион боқӣ мондаанд. Ва ин лашкари бекор дар Тоҷикистон, ҳоло дорад захоири аз солҳои пешин ҷамъоварикардаашро, дурусттараш пасандозҳои доштаашро хӯрда истодааст. Яке мошин, яке гову мол, яке ягон чизи дигарашро нимбаҳо, нимбаҳо фурӯхтаву сарфи рӯзгораш карда истодааст. Инки Раҳмонов ва ҳукумати вай барои ин мардум кадом осониву сабукие дода бошадро касе эҳсос накардааст. Ва, дигар ин аст ки ҳамон қисмати ҳоло дар Русия монда барои ин мардум рӯзирасон шудааст, на кадом корхонаву фабрикаи набуда дар Тоҷикистон. Шояд Раҳмонов мехоҳад бо кам нишон додани шумори воқеии муҳоҷирони корӣ (460.000) иддао кунад, ки боқии мардум дар кишвар соҳиби ҷойи коранд? Аммо, ин як каззобӣ ва мардумфиребии ошкоро аст. Агар даҳ соли пеш падар муҳоҷири корӣ буд, ҳоло ӯ бобо шудаасту бо писар ва ҳатто наберааш дар муҳоҷирати корӣ қарор дорад. Бо пойин нишон додани шумораи муҳоҷирони корӣ ҳеҷ чизе иваз намешавад. Мардум кӯр нест набинад, ки баракс рӯ ба ҳиҷрат овардани мардуми тоҷик хислати сартосарӣ касб кардааст ва имкон надорад, ки коҳиш ёфта бошад. Дар ҳар гузару кучаву деҳаву шаҳру ноҳия, дар ҳар хонавода маълум аст ки шумори муҳоҷирин ду, се баробар афзудааст.
Раҳмонов дар Паёмаш аз он нагуфт, ки дар панҷ соли ахир шумори бозори мардикорзанон дар Тоҷикистон дар ҳама манотиқ зиёд шуда истодааст. Вақте ӯ сифру оморро бо солҳои қаблӣ муқоиса мекунад, онро бо қурби доллар чен намекунад, бар намекашад. Дар ҳоле, ки як линча орд дар соли 2014 аз 90 сомонӣ то 120 арзиш дошт ҳоло нархи он то 260 ва 270 боло рафтааст. Ин “дастовард”-ҳоро намебинад ва воҳима мекунаду худро Ванга ва Нострадамус пиндошта мегӯяд, ки 12 сол пеш гуфта будам, ки барои 2 сол захира кунед. Ана, дидед, ба гапи ман расидед. Воқеан кас дар ҳайрат мемонад, ки ин раиси ҷумҳурӣ аст ва ё Кадушоҳ? Ҳамин ки аз он тексти саропо дурӯғинаш берун омад, сарашро бол кард шурӯъ мекунад ба чирту пирту парту палогӯӣ ва ёвасароӣ. Маълум аст ки бисёр мехоҳӣ мардум ва давлатро бо ҳамин ҳарфҳои дарунхолӣ, бо ҳамин гуна фанду фиреб биоромонӣ.
Аз гаронии нархҳо, аз бебарқӣ, аз инки мардум рӯзбарӯз афгору забун шуда истодааст, аз коррупсияи сартосарӣ, аз беқонунӣ, аз таназзул ва инқирозу инҳитот нагуфт. Аз инки пойинтарин маош, аз ин ки гаронтарин нархҳо, аз инки гаронтарин дастурхон, аз инки села, села мардум дар пушти мошинҳо дар мардикорбозорҳо медаванд чизе нагуфт. Ҳоло мардум дигар ғуломи ҳалқабаргӯш шудааст. Агар як дона сементблокро пештар барои биноҳои месохтаи Таҳминаву Юсуф Раҳмону Нусратулло Давлатву писараш ва Бег Сабуру дигару дигарҳо як сомонӣ мечинд, ҳоло сӣ дирам шудааст. Баъди тамошои шоуи Раҳмонов бо номи Паём ба Маҷлиси Олӣ кас ба хулосае меояд, ки онҳое, ки барои ӯ ин навиштаро таҳия кардаанд, хуб аҳмақаш кардаанд. Зеро ӯ тавре гап мезанад, ки тамоман ба воқеият ҳамхонӣ ва наздикӣ надорад. Дар ҳақиқат мардуми шарифу зарифи мо беҳуда нагуфтааст, ки “Хари Исоро ҳазор бор Макка барӣ, боз ҳамон хар боқӣ хоҳад монд”.
Ҳоло гуфтаниӣ, ки 12 сол пеш медонистӣ, ки пандемия меояд? Роҳҳо баста мешавад? Пас, чаро он вақт нагуфтӣ, пас чаро он вақт ба тамоми дунё эълон накардӣ? Агар ин тавр булфузул бошӣ ва ин тавр ғайбгӯву оянданигар “прогнозист” бошӣ, чаро ҳамон 12 сол пеш нагуфтӣ, ки коронавирус омада истодаасту роҳҳову марзҳо баста мешавад. Баракс,бар хилофи тамоми дунё хостӣ онро пинҳону панаҳ кунӣ. Ҳамин қадар дар ҳиллаву дуруғгӯӣ хӯ гирифтаву одат кардааст, дурӯғ мегӯяд рангаш дигар намешавад. Ҳамон рӯйҳои ялоққосиву йилтиросӣ, ки упову крем шакида баромад мекунад, гарданаш ба монанди рони фил шудааст аз ғорату чаповулгарӣ,дигар намешавад. Мегӯӣ, ки аз кошонаи ҳусни Мадина, духтари Шарифбеки Давлат, қайсангули Таҳмина омада бошад,аз “салон красоти”. 12 сол пеш гуфта будӣ, ки барои ду сол захира кунед, ки солҳои оянда “вазбин” мешавад. Ҳоло ҳам ҳамин гапро гуфта истодаӣ ва аз қавли муовини муншии СММ ҳам афзудӣ, ки соли 2021 боз ҳам вазбинтар мешавад. Ин афсонаи дусол захира кунедатро, ҳанӯз, ки дар ватан будем борҳо шунавида будем. Ҳой сифла ин мардум зазираи як ҳафтаина надоранд,куҷо расад ба захираи ду сола. Ҳамаро ба мисли худат ва оилаи бекаронат накун. Ин мардум гурусна ва бе маошу бе сарпаноҳ дар дохил мондаанд. Дар хориҷ бошад пароканда ва дар ҳолатҳои сангинтари дигар қарор доранд. Ту боши аз ду сола захира гап мезани.
Ту бигӯ,ки дар захираи дусола чи чизҳоро бояд шомил кард. Феҳристашонро таҳия карда нашр намо:-масалан захираи дусолаи таппак ва ангишту ҳезум, тухми картошка, боқило, наск, нахуд ва махсусан каду. Алафу ему хошок. Ҳоло агар агар барои тапакку ҳезуму ангишт ҷойи нигаҳдорӣ надошта бошем чӣ? Таппак -саргини қоқкарда, гуҳи хушк дар рӯи замин намеистад. Барои захираи дусолаи он ҷойи махсус лозим аст, ки тар нашавад, нам накашад.Чи бояд кард? Ва,дигар инки барои ду соли захираи он зӯри гову гӯсалаи мардум намерасад, чи бояд кунанд? Хуб, бигзарем аз таппак,ки имсол қадру қимматаш хеле боло рафт. Чун нерӯи барқро ба Афғонистон фурӯхтӣ ва дуруст мардум шабона, ки бе светанд, ночор бо таппак гарм мешаванд. Масалан орду биринҷу макарону равғану, картошкаро чи бикунанд? Агар тамоми мардуми Тоҷикистон барои ду сол захира кард,ҳатто ҳамин боқилову капусту горохро, пас, онҳое, ки ин маҳсулотро парвариш ва истеҳсол мекунанду мефурӯшанд барои соли дуввум чи бикунанд? Чун ҳама харида захира кардааст? Маҳсулоти онҳо бехаридор намемонад?Аммо Раҳмонов сарчашмаи пулро намегӯяд. Намегӯяд,ки ин ҳамаро аз кадом маош ва аз кадом пул бояд харида захира кард? Дар як соли коҳиши шумори муҳоҷирон дошт дода натавонист. Роғун тамом капуп-ҳатто коргаронаш моҳҳост,ки маош дарёфт намекунанд, сангҳои қимматбаҳо ба Шветсария фурӯхта шуд.
Шояд Лукашенко буд, ки хандид дар талу тепаҳо боғ кардаӣ. Чун ӯ бисёртар аз кору кирдори ту намуна меорад. Беҳуда нагуфтаанд, ки ғар гардани ғар хояд ва ё инки дузд дуздро дар шаби маҳтобӣ мешиносад. Аммо,ин боғи талу тепаҳои бунёд кардаат, ба чи дарде мехурад? Он чи миқдор таъсир дорад?
Вақте мегӯӣ,ки деҳқонро аз андоз барои як сол озод мекунам, инро ҳам бояд мегуфтӣ, ки барои як сол терминалҳои пулчинаки роҳи Душанбе-Хуҷандро ҳам таътил мекунӣ. Чаро инро намегӯӣ? Як бор нагуфтӣ, ки дар ин 11 сол IRS-домодат чи қадар мардумро ғорат кард? Соли 2021 вазбин бошад чаро ин қадар иншоот ва он ҳам аз ҳисоби бахши хусусӣ бояд сохта бишавад? Агар таҳдиду хафве ҳаст ҳадди ақал 70% маблағи ин сохтмонҳоро барои харидории маводди ғизоӣ сарф кунем беҳтар нест. Бояд ҳатмани ҳатман бо харҷи миллионҳо доллар, Парки герб сохта шавад? Агар 12 сол пеш вазъи имрӯзаро медонистӣ, чаро Роғунро аввал моликияти истисноӣ эълон кардиву имрӯз ба як сармогузор зор шуда онро аз “истисноӣ” берун кардӣ?
“Шукрона, ки он бадбахтие, ки бархе кишварҳои Аврупо расидаанд, мо ба он нарасидем. Парвардигоро, ба мардуми тоҷик илоҳо нарасад. Аммо кӣ кафолат дода метавонад? Кӣ? Кӣ киро кӯмак мекунад? Ҳама ба ҳоли худ саргардон”.
Чи қадар пуррӯ ва беҳаёву кӯронамак буд, ки ҳамин тавр бигӯӣ,ки “он бадбахтӣ” ба мо нарасид. Чи тавр нарасид? Садҳо нафар аз инсонҳои шарифро қурбонӣ додем. Садҳо нафарро бо Наврӯзи байналамилалиат ба куштан додӣ. Ин ҳама кӯмаку ёриҳоро аз кишварҳои “балорасида” дарёфт кардӣ. Ин кӯмаку ёриҳои ҳамон кишварҳои балорасида буд, ки мардум аз гушнагӣ намурд. Ҳамин ҳоло ҳам воксин гадоӣ дорӣ. Айб нест магар? Айб нест, ки он кишварҳои балорасида кӯмак карданду кӯмак карда истодаанд, боз ту ”неблагодарни” забон баровардаву мегӯӣ, ки бало ба мо нарасид. Фикр мекунӣ, ки ба хотири ту бало нарасид? Баракс ин ту будӣ, ки боис шудӣ бало ҷони ҳазоронро бигирад. Ҷаласае, ки баргузор кардиву Рустамро раиси Маҷлис мондӣ, ёд дорӣ? Ёд дорӣ, ки баъди он нисфи ҳукумат, нисфи зиёди вакилону аъзои Маҷлис, то раиси Маҷлиси Намояндагону Прокурори генералӣ короно шуданд?
Ҳатто ҳамин 15% афзудани пули нафақӯрҳо ҳам як дурӯғи дигар аст.15% наафзуд, балки 15% аз ҳисоби ҳадди ақали нафақа афзуд, ки он баробар ба 31 сомонӣ аст.
Хуллас, ин паём набуд,ин як баромади нафаре амсоли Кашпировский ва Ҷуна Датишвилӣ буд, ки ҳадафаш мардумро гипноз кардан аст. Аммо ин мардум аз ин ҳама гипнозҳо ва дурӯғғӯиҳо хаста шудааст. Барои ҳамин ҳоло навиштани “истеъфо” дар ҳама шаҳру навоҳии кишвар дар авҷ аст ва ба як ҳаракати сартосарӣ табдил шудааст. Дигар мисли ин хирасар тулонӣ намекунем таҳлили ин паёми бе моҳияту дурӯғашро. Умедворам ба умқи он расидеду гирифтед фишурда ва замирҳои пинҳонии ин паёмро.